joomla
free templates joomla

Озмунҳо

Олимпиадаи донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳо

   Имрӯз дар таърихи 13.03.2021 олимпиадаи донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

  Дар ҳамоиши мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок намуда, сухан гуфтанд.

  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маротибаи 8-ум аст, ки Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор менамояд

   Мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама - ин баланд бардоштани шавқу завқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷўёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

   Тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», олимпиадаи мазкур, ки аз рўи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад, дар он донишҷўёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1–5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.

   Даври якуми Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ моҳи феврал баргузор гардида, 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар таърихи 12-13 марти соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, пешниход карда мешаванд.

Даври ниҳоии Олимпиадаи мазкур дирӯз дар таърихи 12.03.2021 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ баргузор гардид. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки онҳо ба сатҳи донишандўзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабонро баҳогузорӣ намоянд.

  Тибқи Низомномаи Олимпиадаи мазкур барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудааст.

  Ғолибони ҷойи якуми Олимпиада бо «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми Олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд.

  Ба иштирокчиёни фаъоли Олимпиада, ки дар самтҳои мухталифи илм ҷойҳои чорум ва панҷумро соҳиб гардиданд, бо «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

  Аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад.

   Мақсад аз гузаронидани ин озмун тавсеаи фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, муаррифии ихтироот, татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар ва ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи олии баргузории Олимпиадаи донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми АМИТ рушд ва тавсеаи тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб мешавад.