joomla
free templates joomla

Симпозиуми байналмилалии илмӣ

КОНСЕПСИЯИ

омодагӣ ва баргузор кардани Симпозиуми  байналмилалии илмӣ дар мавзўи «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо»  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Асос барои баргузории Симпозиум:

 Банди 6 Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 тасдиқ шудааства розигииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №16/1-11 аз о1.02.2021.

 Ташкилкунандагони Симпозиум:

 - Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

- Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазорату идораҳои дигари дахлдор.

 Муҳимияти баргузории Симпозиум:

 Соли 2021 ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, 30 сол пур мешавад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард;

 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тозаистиқлоли собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлолро даҳсолаҳо боздошт ва ба иқтисодиёти кишвар зарари ниҳоят калон расонид. Дар он айёми фоҷиабор беназмиву беқонунӣ ба ҳадде расида буд, ки Шӯрои Олии мамлакат, ҳамчун ягона мақоми қобили кор, натавонист иҷлосияи худро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор созад ва маҷбур гардид, ки бо ташаббуси гурӯҳи вакилон ҷаласаи худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват намояд.

Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини Тоҷикистон  бо номи Иҷлосияи тақдирсози 16-ум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд. Яке аз масъалаҳои муҳимми Иҷлосия муайян кардани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол буд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷик муайян карда шуд, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.  Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати Тоҷикистон роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Аҳамияти таърихии Иҷлосия барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат ниҳоят калон аст;

 Бо соҳибистиқлол гардидани давлати Тоҷикистон  зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимият ба миён омада, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил карда шуданд;

 Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишварро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид.  Ҷиҳати бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва Тоҷикистон танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин кард. Бунёди иншооти энергетикиву нақлиётӣ, яъне нерӯгоҳҳои бузург ва миёнаву хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳо, роҳҳои замонавӣ ва нақбҳо, инфрасохтори иҷтимоӣ-мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои муосири тиббӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда шуд;

 Тибқи стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлати Тоҷикистон  дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин кардани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсул равона мегардад;

 Ба шарофати истиқлолият, инчунин, дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Дар баробари ин, мероси тамаддуни ғайримоддии тоҷикон соҳибӣ карда шуд, санаҳои арзишманди фарҳангиву таърихии миллӣ тавассути баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд таҷлил карда шуд ва садҳо номгӯй асарҳои илмиву оммавӣ ва осори бузургтарин чеҳраҳои адабу фарҳанги гузаштаву имрӯза чоп ва ба мутолиаи миллионҳо нафар хонандагон пешниҳод гардонида шуд;

 Ҳаёти иҷтимоии кишвар дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва ҳалли масъалаҳои ин соҳа яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат буд. Дар ин муддат ҳуҷҷатҳои барномавии зиёде қабул ва амалӣ гардиданд, ки барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим бозиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин барномаҳо сатҳи инкишофи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва шуғли аҳолӣ хеле боло рафт. Истиқлолият дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад;

 Аз рӯзҳои аввали эълон кардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо ҳайси субъекти  мустақили муносибатҳои байналмилалӣ вориди саҳнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Дар ин давра равобиту ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ ва пайгирона густариш дода шуд. Раванди татбиқи амалии сиёсати “дарҳои кушода” дурустии стратегияи интихобкардаи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод. Тайи ин марҳала меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон  аз ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолу амнияти мамлакат ва таъмини рушди устувори он иборат буд, ки имрӯз ҳам аз вазифаҳои умдаи давлат ба шумор мераванд. Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад.

Вобаста ба таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа,  баррасии амиқи масъалаҳои дар боло зикршуда   доир намудани чунин симпозиум муҳим аст, ки он аҳамияти бузурги сиёсӣ ва илмӣ дорад.

 Мақсади баргузории  Симпозиум:

 Мақсади  баргузории симпозиум баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар (бо назардошти ҳамаи мушкилот ва дастовардҳо)  ва  дурнамои рушди он  мебошад.

Иштирокчиёни кори Симпозиум:

- намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- намояндагони муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар;

- намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон,  созмонҳои байналмилалӣ, олимону муҳаққиқони хориҷӣ;

- намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

Қолаб (формат)-ии баргузор кардани Симпозиум: 

Кори Симпозиум аз ҷаласаи  пленарӣ ва ҷаласаҳои бахшӣ (сексионӣ) иборат мебошад.

Дар ҷаласаҳои бахшӣ (сексионӣ)  масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд:

Бахши 1. Нигоҳи нав ба омўзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик;

Бахши 2. Ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ;

Бахши 3. Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ;

Бахши 4. Ташаккули лидери умумимиллӣ: нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ;

Бахши 5. Ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангии рушди Тоҷикистон;

Бахши 6. Иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ: аз барқарорсозӣ ба сўи рушди устувор;

Бахши 7. Маориф ва илм дар даврони истиқлол;

Бахши 8. Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

Бахши 9. Тоҷикистон - субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ: сиёсати хориҷии бисёрқутба ва ташаббусҳои созанда.

Илова: Аз руйи натиҷаи ниҳоии Симпозиум Баёнияи Симпозиум қабул карда мешавад. Мазмун ва муҳтавои Баёния дар доири масъалаҳои дар ҷаласаи пленарӣ ва бахшҳо баррасигардида, таҳия карда мешавад.

 

Макон ва замони баргузории Симпозиум:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 5-6 сентябри соли 2021.

Даъватномаҳо: Пешниҳод мегардад, ки даъватномаҳо ба иштирокчиёни Симпозиум аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ирсол карда шавад (Пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ).

Шартҳои иштирок дар Симпозиум:

 

1) Дархостро ҳамроҳ бо мақолаи илмӣ барои иштирок дар симпозиум тибқи шакли замимагардида  то 31 апрели соли 2021 ба  нишонаи электронии зерин пешниҳод намудан зарур аст: ……….

2) Талаботи умумӣ ба маводҳои илмӣ барои ворид кардан ба маҷмўа чунин аст:

Ҳаҷми мақола бояд то 5-10 саҳифаи компютернавис бошад. Иқтибосҳо дар охири матн оварда мешаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болоии тарафи рости саҳифа баъди номи мақола ҷойгир карда мешаванд. Андозаи майдони чап 30мм, рост – 10 мм, болоӣ -20мм, поёнӣ – 20мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл -14. Шрифт: Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ),  Times New Roman Tj  (бо забони тоҷикӣ). Просессори матнӣ - Word.

Эзоҳ: фишурдаи мақола ба забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод карда шавад.

 

Замима

Дархост

барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзўи «Тоҷикистон дар масири таърих:арзишҳо, истиқлолият, дастовард ва дурнамо» 

Ному насаб

 

 

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ

 

Маълумотномаи мухтасари биографӣ

 

Ҷойи кор, вазифа (номи пурра)

 

Нишони хизматӣ ва рақами телефон (барои хориҷиён ҳатман бо нишон додани код)

 

Суроғаи зист ва рақами телефон (барои хориҷиён ҳатман бо нишон додани код);

 E-mail,

рақами телефони мобилӣ

 

Шакли иштирок дар симпозиум

ҳузур

тариқи онлайн

Зарурат ба меҳмонхона

 

ҳа

не

 

Соҳаи илм

 

 

Мавзўи мақолаи илмӣ барои Маҷмўа

 

 

Мавзўи маърўза дар симпозиум

 

 

Се тезиси асосии маърўза

 

 

Иттилооти иловагӣ