joomla
free templates joomla

Қарорҳои шӯрои олимони ҷавон

НИЗОМНОМАИ

Шӯрои олимони ҷавони АИ ҶТ

1. Муқарароти умумӣ

1. Шӯрои олимони ҷавон (ШОҶ) – иттиҳоди ҷамъиятии илмӣ-маърифатӣ буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони ҷавони сохторҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ҷалб менамояд, ба идоракунии саноат, назорат оид ба иҷрои саривақтии ҳуқуқу манфиатҳои илмӣ-техникии ҷавонон, рушди эҷодии илмӣ-техникӣ, иқтисодии ҷавононро таъмин менамояд.

2. ШОҶ корҳои иқтидори илмӣ доштаро ташкил намуда, фаъолияти ҷавонон ва мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсусдоштаи то сини 35-соларо ҳамоҳанг месозад.

3. Ҳамоҳангсози умумӣ ва роҳбарии методии ШОҶ Раёсати АИ ҶТ ба ҳисоб меравад.

Вазифаҳои асосии ШОҶ аз инҳо иборат мебошад: рушди фаъолияти эҷодии ҷавонон, иқтидори интеллектуалии онҳо, рушди ҳирфавӣ ва мадании онҳо ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд барои илм ва истеҳсолот, ёрӣ расонидан ба ҷавонон ҷиҳати идоракунии прогрессивии хоҷагидорӣ, ҷалби онҳо ба шӯроҳои коллективи меҳнатии олимон (илмӣ-техникӣ), дигар шӯроҳо, комиссияҳои аттестатсионӣ, ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон, омӯзиш ҳолати кор бо олимони ҷавон, коркарди пешниҳодот оид ба мукаммал намудани он корҳо, рушди алоқаи эҷодии ҷавонон, ташкилоти илмӣ ва саноатӣ, робитаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷии ҷавонон, фаъолияти мақсаднок бо муассисаҳои олӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба илм, пропагандаи илм миёни ҷавонони ба корҳои илмӣ бандбуда, навгониҳои техникӣ, саноат, малакаи беҳтарин, тарзи ҳаёти солим.

2. Сохтор ва ташкили фаъолияти ШОҶ

1. ШОҶ дар конференсияи намояндаҳои олимони ҷавони институтҳои сохтори АИҶТ барои се сол интихоб карда мешавад.

2. Барои роҳбарии оперативии ШОҶ дар ҳолати зарурӣ бюрои ШОҶ интихоб карда мешавад. Дар дохили шӯро мумкин аст, ки сексияҳо ва комиссияҳо ҷиҳати равандҳои барномавӣ-мақсаднок ташкил карда шавад.

3. Маҷлиси ШОҶ ҳангоми зарурият, аммо на кам аз ду маротиба дар як сол ташкил карда мешавад.

4. Фаъолияти ШОҶ бо олимони ҷавон ва кадрҳои муҳандисию техникро саркотиби АИҶТ роҳбарӣ мекунад.

5. Аъзоёни бюрои ШОҶ ҳангоми иҷро накардани вазифаи бадӯшгирифта дар ҳолати се овоз гирифтан, аз сафи бюро хориҷ карда мешавад ва ШОҶ бюрои нав ташкил мекунад.

6. ШОҶ оид ба фаъолияти худ дар назди конференсияи намояндагони олимони ҷавон (ҷамъомади умумӣ) ҳисобот пешниҳод менамояд.

7. ШОҶ фаъолияти шӯроҳои олимони ҷавони поёниро таҳти роҳбарии методии худ қарор медиҳад.

8. ШОҶ дорои бланк (дар ҳолати зарурӣ муҳр), нишон, нишони сари синагӣ ва дигар атрибутҳои худро мебошад. Аъзои шӯро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дошта метавонанд.

3. Ҳуқуқҳои Шӯрои олимони ҷавон

1. Шӯрои олимони ҷавон чунин ҳуқуқҳоро дорост:

- ба вазорату идораҳо ворид намудани дархосту пешниҳод оид ба баланд бардоштани ҷабҳаҳои меҳнат, фаъолияти эҷодӣ, ҷамъиятӣ, оқилона истифода бурдани иқтидори ҷавонон ва ҳал намудани мушкилоти иҷтимоию некуаҳволии онҳо;

- иштирок дар кору фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба ҳаётоу фаъолияти ҷавонон;

- иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ, экспертӣ ва методӣ ҳангоми коркарди консепсияҳо дар самти кор бо ҷавонон, гузоштани саҳми худ вобаста ба ин масъала дар вазорату идораҳои манфиатдор;

- ворид намудани натиҷаҳои ниҳоии корҳои илмии дар хоҷагӣ истифодашаванда, ки аз ҷониби олимони ҷавон коркард шудаанд, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо;

- гузаронидани назорати иҷтимоӣ оид ба иҷро ва ҳифзи ҳуқуқи олимони ҷавон ва истифода дурусти онҳо;

- ташкили озмунҳо, мактабҳо, конференсияҳо, семинарҳои олимони ҷавон оид ба самтҳои муҳими илмӣ-техникӣ;

- ворид намудани пешниҳодот дар Раёсати АИҶТ, Кумитаи ҷавонон, вазорату идораҳо оид ба самти олимони ҷавон дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ-техникӣ, сафарҳои хидматӣ ва бозомӯзиҳо;

- ташаккули гуруҳ аз ҳисоби олимони ҷавони болаёқат барои саёҳати илмӣ;

- иҷозат додан ба нашр маълумот оид ба фаъолияти ШОҶ тибқи муқарароти ҷорӣ ҳамчунин меҳнати олимони ҷавон;

- омӯзиши ШОҶ-ҳои зертобеъ ва ҷорӣ намудани пешниҳодот оид ба ҷоннок намудани фаъолияти онҳо;

- ба роҳ мондан ва дастури методӣ ба фаъолияти клуби олимони ҷавон.

2. Шӯроҳои олимони ҷавони институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқҳоро доро мебошанд:

- таҳлил намудани ҳолати кори олимони ҷавони институтҳои худ ва пешниҳоди фикру андешаҳо ба сохторҳо ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба рушди фаъолияти ҷавонон;

- амалӣ намудани корҳои экспертӣ, консултативӣ, методологӣ ҳангоми омӯзиши мавзуъоти муҳим;

- гузаронидани назорати иҷтимоӣ оид ба иҷро ва ҳифзи ҳуқуқи олимони ҷавон ва истифода дурусти онҳо;

- ташаккули гуруҳ аз ҳисоби олимони ҷавони болаёқат барои саёҳати илмӣ;

- ташкили озмунҳо, мактабҳо, конференсияҳо, семинарҳои олимони ҷавон оид ба самтҳои муҳими илмӣ-техникӣ;

- пешниҳод намудани натиҷаҳои корҳои илмии ҷавонон ба дарёфти ҷоизаҳои соҳаи илм ва техника, маорифи ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаҳои байналмилалӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, ҷоизаҳои АИҶТ, ҷамъиятҳои илмӣ ва муҳандисӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;

- иштирок дар кори идораҳои роҳбарии ШОҶ;

- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ШОҶ ташкил намудани клуби олимони ҷавон ва мутахассисон;

- ворид намудани дастурҳо оид ба самти олимони ҷавон дар омӯзиш дар аспирантура;

- ворид намудани пешниҳодот  оид ба сафари хидматии олимони ҷавон дар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ бо мақсади рушди ҳирфавӣ ва амиқи илмӣ;

- намояндагӣ дар шӯроҳои илмӣ-техникии вазорату идораҳо бо дороии овоз, ташкили клубҳои соҳавии олимон ва мутахассисони ҷавон;

- ташкили рӯйхати мушкилоти илмӣ-техникӣ, ки бо қувваи ҷавонон ҳалшавандаанд;

- иштирок дар коркарди нақшаҳо оид ба муайян намудани талаботи олимони ҷавон, рушди фаъолнокӣ, иштирок дар аттестатсияҳо, иштирок дар тақсимоти вазифаҳои эҳтиётӣ, пешбурди роҳбарикунанда ва баланд бардоштани музди маоши онҳо;

- пешниҳод ва чораҷӯӣ намудан дар шӯрои коллективонаи меҳнатӣ оид ба истифодаи фондҳои пешбарандаи иқтисодӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани олимон ва мутахассисони ҷавон;

- пешниҳоди манфиати олмиони ҷавон дар ШОҶ-ҳои болоистода, шӯроҳои коллективии меҳнатӣ, ташкилот, муассиса;

- иштирок дар кори шӯрои олимони ҷавон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ;

- пешбурди корҳо ҷиҳати дарёфти ҷоизаҳои беҳтарин дар самти илм ва техника, ташаккули коллективи олимони ҷавон, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон;

- пешбурди корҳо бо иттифоқҳои касаба ҷиҳати дастрасии ҷавонон ба хонаҳои истиқоматӣ;

- дастгирии фарзандони олимони ҷавон ҷиҳати дастрасӣ ба мактабҳои беҳтарин;

3. Барои ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон АИ ҶТ дар Раёсати АИҶТ суратҳисоби махсус кушода мешавад. ШОҶ метавонад аз маблағҳои ҷудонамудаи Раёсати АИ ҶТ ва дигар грантҳо бадастоварда истифода бурда боз ҳам кори худро дар сатҳи зарурӣ иҷро намояд.

Сарфи маблағ дар асоси ҳалномаи ШОҶ ба роҳ монда мешавад.

Ҷавобгӯи сарфи маблағ Раиси ШОҶ маҳсуб меёбад.