joomla
free templates joomla

Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот

  Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд - Шуъба) ҷузъи таркибии дастгоҳи марказии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) вогузоргардида фаъолият менамояд. Шуъба фаъолияти татбиқи илмро дар ҷумҳурӣ – муассисаҳои илмӣ, илмию таҳқиқотӣ, олимон, ихтирокорон ва дигар сохторҳои соҳаи илмро бо истеҳсолотро ҳамоҳанг месозад. Масъалаҳои ҳамоҳанг намудани корбарии илмӣ-истеҳсолии муассисаҳои илмӣ, илмӣ-истеҳсолии кишвар, олимон ва ихтирокоронро дар якҷоягӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту институтҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар бахши бозомўзӣ, коромӯзӣ, таҳқиқоти илмии муштарак ҳаллу фасл менамояд;

   Бо тартиби муқарраргардида шуъба АМИТ-ро дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ намуда, татбиқи созишнома, шартнома, қарордод ва протоколҳоро оид ба ҳамкорӣ дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар истеҳсолот, ки бо корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ баста шудаанд, дар доираи салоҳияти худ назорат менамояд;

   Ҳангоми амалӣ намудани ҳамкорӣ бо корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ, роҳҳои афзалиятноки робитаҳои муштаракро бо назардошти масоили марбут ба рушди соҳаи илми Тоҷикистон муайян месозад;

   Лоиҳаҳои созишнома, шартнома, қарордод ва протоколҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолотро таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа менамояд ва ҷиҳати баррасиву тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

   Шуъба самтҳои асосии фаъолият дар татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолотро муайян месозад;

   Чорабиниҳои протоколиро амалӣ намуда, мулоқоти роҳбарияти АМИТ-ро аз рўи зарурат бо намояндагони вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти АМИТ таъмин менамояд;

   Дар чорабиниҳо, қабулу маросимҳои расмӣ ва таҷлили ҷашнҳои идонаи марбут ба фаъолияти шуъба, дар мувофиқа бо роҳбарият АМИТ-ро намояндагӣ мекунад;

   Дар доираи салоҳияти шуъба барои беҳбудии татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ба роҳбарияти АМИТ таклифу пешниҳодҳо омода месозад;