joomla
free templates joomla

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

МАЪЛУМОТНОМА ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАЁСАТИ АИ ҶТ

Шуъбаи робитаҳои байналмилаии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтори дастгоҳи Раёсати АИ ҶТ мебошад.

Шуъбаи робитаҳои байналмилаии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи шуъба фаъолият менамояд.

Роҳбарии умумии фаъолияти Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Робита: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , телефон: +992 (372) 2219077,  +992 (372) 2215315,                             

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Шуъбаи робитаҳои байналмилаии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тайёр ва омода намудани лоиҳаи Созишнома ва қарордодҳои байниҳукуматӣ ва байниакадемӣ, ки ба фаъолияти Академияи илмҳо алоқаманд мебошанд;

- арзёбӣ ва тайёр кардани хулоса бо лоиҳаҳои Созишнома ва қарордодҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, ки ба АИ ҶТ дахл доранд;

- пешниҳод намудани таклифу ахборот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- танзими мулоқоти роҳбарияти АИ ҶТ бо олимони хориҷӣ,  намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ;

СОХТОРИ ШУЪБА

  • Ø Мудири шуъба
  • Ø Сармутахассис оид ба танзими сафарҳои хориҷӣ
  • Ø Сармутахассис масъули арзёбии ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Ø Мутахассиси пешбар, вобастаи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимон, муҳаққиқон, доктор, магистр ва  унвонҷӯёни хориҷӣ
  • Ø Мутахассис назорати маводи воридотиву содиротии Шуъба;

Дар Шуъба шаш нафар мутахаассиси самтҳои гуногун фаъолият менамоянд:

       Мирвайсов Маъмур – мудири Шуъба,

  • ташкил, роҳнамоӣ ва назорати кори Шуъба;
  • супориш додан ба кормандони Шуъба оиди омодасозии маводе, ки ба кори Шуъба таалуқ ва дар асоси салоҳияти он мебошанд;
  • бо тартиби муқараршуда аз роҳбарони Шуъбаҳои ташкилотҳои илмӣ ва қисмҳои сохтори АИ ҶТ фиристодани ахбор доир ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, ахбор оиди рафти иҷрои Созишномаҳои байналмилалӣ, қарордодҳо ва барномаҳо, инчунин аз кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳисобот аз сафарҳои хориҷиашон дархост менамояд.
  • бо тартиби муайяншуда дархосткунии мукофотҳо, муқаррар кардани иловапулиҳо ба маошҳои вазифавӣ ба кормандони Шуъба;
  • таъмини ташкили вохӯриҳои роҳбарият бо намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • назорати тартиби гузаронидани вохӯриҳо бо олимони хориҷӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ;
  • бо супориши президенти АИ ҶТ ва Раёсати АИ ҶТ ба анҷом расондани дигар супоришҳои вазифавӣ;
  • 1. Муҳаббати Файзулло – сармутахассис,
  • дар самти танзими сафарҳои хориҷии роҳбарият ва кормандони Раёсати АИ ҶТ, инчунин ходимони илмии сохторҳои зертобеи АИ ҶТ фаъолият менамояд;
  • тайёр кардани ҳуҷҷатҳои кормандони АИ ҶТ барои сафарҳои хориҷӣ;
  • 2. Файзов Шарифхон – сармутахассис, дар асоси Низомномаи Шуъба барои иҷрои вазифаҳои зерин уҳдадор аст:
  • масъули бахши омодасозии ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оиди кори Шуъба;
  • санҷиш ва омодасозии хулоса оиди қисмати лоиҳаҳои созишнома ва қарордодҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, ки ба салоҳияти АИ ҶТ мансубанд;
  • дар асоси супориши сардори Шуъба тайёр намудани лоиҳаҳои Барномаҳои ҳамкории илмӣ-техникӣ бо марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ;
  • бо тартиби муайяншуда равона сохтани ахборот ба вазорату идораҳои ҶТ, сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият менамоянд;
  • омодакунии ҳисоботҳои нимсола ва солонаи Шуъба
  • 3. Гадоев Ҳасан – мутахассиси пешбар, ҷиҳати санҷиш ва омодасозии хулоса оид ба қисмати лоиҳаҳои созишнома ва қарордодҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, ки ба салоҳияти Академияи илмҳо дохил аст;
  • тайёр кардани ҳуҷҷатҳои олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ;
  • мусоидат ҷиҳати гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимон, муҳаққиқон, доктор, магистр ва  унвонҷӯёни хориҷӣ;
  • ба қайд гирифтани олимон, муҳаққиқон, доктор, магистр ва  унвонҷӯёни хориҷӣ дар ХШБ ВКД ҶТ;
  • мусоидат намудан ҷиҳати гирифтани шиносномаи биометрӣ барои кормандони АИ ҶТ;
  • ширкат намудан дар мулоқотҳои кори роҳбарияти АИ ҶТ бо намояндагони илм ва корпуси дипломатии кишварҳои дуру наздик, намояндагони байналмилалӣ ва ташкилотҳо, тайёр намудани протоколҳои вохӯрӣ;
  • 4. Саидҷалилова Сакина – мутахассис,  
  • омодасозӣ ва назорати тайёр кардани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба кори Шуъба;
  • қабул ва ба қайд гирифтани мактубҳои воридотиву содиротии Шуъба;
  • омода намудани протоколҳои вохӯрии роҳбарияти АИ ҶТ бо намояндагони илм ва корпуси дипломатӣ;
  • тарҷума намудани мактубҳо;
  • 5Мирсаидова Нафиса – мутахассис, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои шуъбаҳо ва Институтҳои  АИ ҶТ, масъули масъалаҳои вобаста ба кишварҳои ИДМ, таҳсили муҳаққиқони ҷавон дар хориҷа;