joomla
free templates joomla

Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантура

     Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис дода шудааст. Бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва ҷалби бештари ҷавонон ба илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои моддию техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 №69 дар системаи академии кишвар аз соли таҳсили 2014-2015 зинаи таҳсилоти магистратура ба роҳ монда мешавад.
    Дар шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи АМИТ Низомномаи аспирантура ва докторантура, Низомнома оид ба таҳсили шартномавӣ (қарордодӣ), Низомномаи магистратура ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Айни ҳол дар магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи 43 ихтисос дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 487 нафар магистр таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 208 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар зинаи докторантураи PhD аз рӯйи 23 равияи илм 247 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд. Ҳамасола докторантони беҳтарини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
    Дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои илмии зинаи магистратура ва аспирантура ва докторантура пояи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳамчунин, Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD дар самти таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» фаолият дорад.
Аз соли 2020 инҷониб сарвари раёсати мазкур номзади илмҳои биология Мену Маҳмадюсупова мебошад.
Дар раёсати мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба чун номзади илмҳои педагогика Савринисо Саидмирова ва унвонҷуйи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Рухшона Азизхонова фаъолият мекунанд.
Аз зумраи ҳадафҳои асосӣ барои фаъолгардонии кори ташкилии Раёсат ҷалби бештари истеъдодҳо ба раванди илмомӯзӣ ва густариши тафаккури техникии аҳолӣ, махсусан ҷавонон маҳсуб мешавад.
Ҳамасола барои қабул ба Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ эълон дода мешавад.
Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-33, ошёнаи 1, утоқи 11
Тел: 221-87-64