joomla
free templates joomla

Шӯъбаи хоҷагидорӣ ва корҳои ташкилӣ

    Шуъбаи хоҷагидорӣ ва муваззафанд, ки таъмини бехатарии меҳнатро дар раёсати АМИТ татбиқ намоянд. Тибқи дастурамали 4, мудир ва кормандони хољагидорї барои тоза нигоҳ доштани бино ва саҳни ҳавлии муассиса, ҳуљраҳои корию умумї инчунин, таљҳизот ва лавозимоти корї мутасаддї мебошад. Ҳамчунин ашхоси зикргардида барои риояи талаботи бехатарї аз сўхтор, талаботи санитарию гигиенї, тоза нигоҳ доштан ва сари вақт таъмир намудан, тоза нигоњ доштани либосҳои махсуси корї ва воситаҳои ҳифзи инфиродї масъул буда, ҳангоми иҷрои вазифа бояд бо либосу пойафзоли махсуси корӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми истифодаи маҳлули 2,5 фоизаи хлор бо воситаи ҳифзи узвҳои нафаскашӣ, респиратор ва дастпушак таъмин бошад.
    Мудири шӯъба тамоми корҳои шӯъбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои вазифаҳои оинномавии шӯъба, ҳамчунин дигар супориш ва нақшаҳои кориеро, ки аз тарафи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ ва дар назди шӯъба гузошта шудааст, назорат ва таъмин менамояд. Аз соли 2017 инҷониб вазифаи мудири шуъба ба дӯши Нуроншо Сафаров вогузор шудааст.
    Самтҳои асосии фаъолияти шӯъба таъмини чорабиниҳои таъмини ташкилӣ оид ба нақшагирии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, назорати иҷрои нақшаҳо, ҳамчунин омода намудани мавод ва пешниҳодҳои умумигардонидашуда оид ба масъалаҳои таъмин ва ташкилӣ ҷиҳати баррасӣ дар ҷаласаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
    Номгӯйи корҳои шӯъба вобаста ба ин самтҳо аз инҳо иборат аст:
- гузаронидани корҳои техникаи бехатарӣ бо кормандони Раёсати АМИТ;
-дастрас намудани маводҳои хоҷагидорӣ ва коргӯзорӣ бо кормандони Раёсати АМИТ
-омода намудани ҳисобот оид ба ҳарҷи сӯзишворӣ барои автомашинаҳои хизматии Раёсати АМИТ, истифодаи телефонҳои хизматӣ ва химатҳои коммуналӣ (барқ ва об);
- омода намудани маҷлисгоҳи АМИТ барои гузаронидани чорабиниҳо; (дастрас намудани гулҳои тару тоза ва обҳои нушокӣ);
-омода намудани ҷавоб ба супоришу дархостҳои мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дахлдор ба шӯъба;
- омода намудани ҷавоб ба дархостҳои муассисаҳои АМИТ;
- омода намудани лавҳаҳо, банерҳо ва табрикномаҳо бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ;
- ба тавозун гирифтани маводҳои чопи нашриёти <<Дониш>>-и АМИТ ва тақсимоти мақсадноки онҳо;
- мусоидат намудан ба кабудизоркунӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани атрофи бинои раёсати АМИТ;
- омода намудании бинои асосии Раёсати АМИТ ба давраитирамоҳу зимистони ҷорӣ;
- назорат аз болои кори ронандаҳо, фаррошро, дарбонҳо ва боғбон;
- иҷозат гирифтани лимити барқ;
- таъмини чораҳои зидди сӯхтор.