joomla
free templates joomla

Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликият

     Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликият дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоди масъул дар соҳаи молия, моликият ва маркетинг буда, дар ҳамкорӣ бо раёсатҳо ва шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи илм дар асоси шартҳои Созишномаи дуҷониба ва сеҷониба бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом медиҳанд, фаъолияти худро созмон додааст.
    Раёсати мазкур дар таҳияи нақшаи кори солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ саҳм гузошта, буҷети дастгоҳи марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи онро барои ҳар сол ва солҳои минбаъда таҳия мекунад ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, раёсати мазкур назорати доимиро оид ба маоши вазифавии кормандон, иловапулиҳо, маблағҳои сафарҳои хизматӣ пурзӯр намуда, барои сари вақт пардохт намудани онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Назорати истифодаи маблағҳои ҷудогардидаро барои нигоҳдории дастгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурзӯр намуда, самаранок истифодабарии онро таъмин менамояд. Раёсат аз номи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит иштирок менамояд ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети дастгоҳи марказии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи онро тартиб дода, доир ба самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳо ба роҳбарият ахборот пешниҳод менамояд.
   Аз соли 2014 инҷониб раёсати мазкурро коршиноси соҳа Шамсулло Юсуфов сарварӣ менамояд ва дар раёсат гурӯҳи мутахассисон ба фаъолият машғул мебошанд.