joomla
free templates joomla

Президенти АМ ИТ

 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

ХУШВАХТЗОДА  ҚОБИЛҶОН  ХУШВАХТ

    Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5-уми июни соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1999 ба факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст.   

    Хушвахтзода Қ.Х. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети мазкур (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона (2009-2013), ассистент, муаллими калон, дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018), директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (2019), аз моҳи феврали соли 2019 декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ ва аз 27-уми январи соли 2020 то 16 январи соли 2024 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз 16 январи соли 2024 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ).

   Хушвахтзода Қ.Х. моҳи апрели соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Рақобатпазирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар иқтисодиёти серсохт (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)» - (Конкурентоспособность дехканских (фермерских) хозяйств в условиях многоукладной экономики (на материалах Республики Таджикистан) ва 25 январи соли 2019 рисолаи докториро дар мавзӯи “Конкурентоспособность сельскохозяйственного производства и её учётно-аналитические основы: теория, методология, организация (на материалах Республики Таджикистан)” дар пояи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина ва Донишгоҳи славянии Россияву Қирғизистони шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор» дифоъ кардааст.

Хушвахтзода Қ.Х. муаллифи зиёда аз 270 маводи илмӣ ва 50 дастури таълимию китобҳои дарсӣ буда, дар мавзуъҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст.

  Профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар зиёда аз 80 конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Алма-Ато, Бишкек, Киев, Тошкент, Москва, Лутск, Екатеринбург, Болгария, Молдавия, Қрим ва Санкт-Петербург иштирок ва суханронӣ намудааст.

    Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ.Х. бо «Ифтихорнома»-и ДМТ (солҳои 2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019), Диплом ва Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ) – соли 2012, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2014), Медали ҷашни 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (соли 2021), Ордени Шараф дараҷаи II (соли 2022), ҳамзамон, чандин ифтихорномаву сипосномаҳои сохторҳои илмию таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар қадр гардидаанд.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.