Ноибони президенти АМИТ
Cаидов Абдусаттор Самадович
Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ.
Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: фауна, систематика, экология ва зоогеографияи ҳайвоноти ширхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот.
Факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ѓафуровро хатм намудааст (с. 1983), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), узви вобастаи АМИТ аз рӯи ихтисоси «зоология» (с. 2017).
Аспиранти Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ (солҳои 1986-1990).
Ходими хурди илмӣ (солҳои 1988-1995), ходими илмӣ (солҳои 1995-1997), котиби илмӣ (солҳои 1997-2002), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии (солҳои 2002-2003) Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ.
Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ (солҳои 2003-2015).
И.в. саркотиби илмии АМИТ (солҳои 2014-2017).
Ноиби Президенти АМИТ, Раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АМИТ (аз соли 2017 то ҳозир).
Муаллифи беш аз 120 корҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография.
Муҳаррири масъули нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми ҳайвонот, 2015, 2017).
Сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб» (аз соли 2017).
Ба медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2011) сарфароз гардонида шудааст; дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи илм ва технология (2017); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2015).

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз
Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби президенти АИ ҶТ, доктори илҳои сиёсӣ , профессор
Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз (Маҳмадов А.Н.), 25 июни соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1984 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии Кӯлобро хатм намуда, соли 1991 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Белорусия дохил шуда, рисолаҳои илмияшро дар ҳамонҷо дифоъ намудааст. Аз ноябри соли 1994 доктори илмҳои сиёсӣ ва аз соли 2006 инҷониб профессор мебошад.
Номбурда дар вазифаҳои коргари оддӣ, муаллими калон, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, сармутахасиси шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муаллими калони Колеҷи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Машваратчии калон, Сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналхалқии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Ҳоло ноиби Президенти АИ ҶТ мебошад.
Самтҳои асосии корҳои илмию таҳқиқотии профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунинанд:
– таҳқиқи мазмуну мундариҷаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоснок намудани манфиатҳои ҳаётан муҳим ва бақодории мамлакат. Натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур дар шакли монографияи илмӣ чоп гардида, барои омӯзиши паҳлуҳои гуногуни манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад;
– таҳқиқу таҳлили истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, риторика ва баҳси сиёсӣ, назарияҳои сиёсии муосир, муқаддимаи идеяи миллӣ, сиёсатшиносии этникӣ. Натиҷаи таҳқиқотҳои мазкур на танҳо барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии донишҷӯён, унвонҷӯён ва аспирантон, балки барои таълими фаннҳои ҷамъиятшиносӣ муҳимияти махсус доранд. Инчунин натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар самти беҳтар гардонидани таълиму тарбияи миллии насли наврас муҳимияти махсус доранд.
– ҳамзамон, натиҷаи таҳқиқоти мазкур барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва таҳқиқотҳои илмӣ арзиши назариявию амалӣ доранд.
Муҳаммад А.Н. аз соли 2008 то соли 2012 раиси Шӯрои диссертатсиони КМ 737.004.04, аз соли 2013 то соли 2016 раиси Шӯрои диссертатсионии Д 737.004.09 ва аз соли 2016 то инҷониб раиси Шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 мебошад. Дар айни ҳол, Раиси Шурои олимон, Сармуҳаррири Ахбори соҳавии АИ ҶТ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 30 нафар унвонҷӯён ва аспирантон рисолаҳои номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ намудаанд.
Муҳаммад А.Н. Президенти Академияи миллии Олимпии Тоҷикистон (2004 то 2017), Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ оид ба гӯштини «Самбо» ва устоди варзиши «гуштинигирӣ» мебошад. Таҳти сарпарастии ӯ 3 нафар устодони варзиш оид ба гуштин тарбия ёфтаанд. Муаллифи китобчаи «Фалсафаи варзиши Ибни Сино» ва дигар дастурҳои илмӣ-методӣ ва варзишӣ низ мебошад.
Дар маҷмуъ, муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, 6 монографияи илмӣ, 10 брошура ва 8 китоби дарсӣ мебошад.
Роҷеъ ба шахсияти Муҳаммад Абдураҳмон ва таълифоти ӯ як китоби шарҳиҳолӣ ду брошура ва зиёда аз 8 мақола навишта шудааст. Дар Индекси иқтибоси илмии Руссия (РИНЦ) 32 маводҳои чопӣ , 150 иқтибос ва индекси хиршаш-5 мебошад).
Муҳаммад А.Н., соли 2011 бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2018 устод ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба илм ва техника мушараф гардидааст.
Телефонҳо барои тамос:
(992 37) 221 69 91
(992 37) 221 61 16
(992 37) 221 32 23