joomla
free templates joomla

Кумитаи иттифоқи касабаи раёсати АМИТ

  Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятиву ихтиёрӣ буда, кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон ро муттаҳид менамояд ва тобеи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Фаъолияти иттифоқи касабаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолати фаъолияти онҳо”, “Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ”, «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», “Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илму техника” ва дигар санаду қонунҳои ҷумҳурӣ ва Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  Мақсад ва вазифаҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ  ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба мебошад.

  Мақоми олии роҳбарикунанда ва назораткунандаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  Конференсияи  иттифоқи касаба мебошад.

  Сохтори Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  аз Комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ 5 комиссияи доимоамалкунанда иборат аст:

  1. Комиссияи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
  2. Комиссияи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;
  3. Комиссияи ташкили корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ;
  4. Комиссияи кор бо занон;
  5. Комиссияи  ҳифзи иҷтимоӣ-маишӣ ва ҳуқуқӣ.

  Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  аз 16 ташкилоти ибтидоӣ иборат аст:

  1. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти математикаи АМИТ;
  2. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти астрофизикаи  АМИТ;
  3. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти физикаву техникаи  ба номи С.У. Умарови  АМИТ;
  4. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти химияи  ба номи В.И. Никитини  АМИТ;
  5. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти  геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи  АМИТ;
  6. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика  ва экологияи  АМИТ;
  7. Кумитаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии илмӣ-таҷрибавӣ ва истеҳсолии  АМИТ;
  8. Кумитаи иттифоқи касабаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АМИТ;
  9. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти ботаника, физиология ва  генетикаи растании  АМИТ;
  10. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти зоология ва паразитологияи  ба номи Е.Н. Павловскийи  АМИТ;
  11. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти биологии Помир  ба номи Х.Ю. Юсуфбекови  АМИТ;
  12. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  ба номи Дониши  АМИТ;
  13. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови  АМИТ;
  14. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ  ва мероси хаттии  ба номи Рӯдакии  АМИТ;
  15. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти иқтисодиёт ва демографияи  АМИТ;
  16. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти илмҳои гуманитарии  АМИТ.

 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33. Телефон барои тамос: 223-06-48