joomla
free templates joomla

МАЪРИФАТИ ИЛМӢ ВА РОҲҲОИ ОММАВИСОЗИИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН

   Ба ҳамагон маълум аст, ки илм ҳамчун яке аз самтҳои фаъолияти эҷодии инсон вазифаи коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои обективӣ оид ба воқеиятро иҷро намуда, онро ҳамчун тарзи махсуси дарёфти донишҳо низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунанда оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ буда, на танҳо ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки ба сифати нишондиҳандаи асосии фарҳанг ва кафолати рушди бемайлони он низ баромад мекунад
   Ба ибораи дигар, илм имрӯз дар тамоми кишварҳои олам мавқеи беш аз пеш болотарро пайдо карда, бе рушди он пешрафти миллату давлатҳои муосирро тасаввур кардан хеле душвор аст. Аз ҷониби дигар, мақом ва моҳияти илм низ дар даврони муосир дар қиёс бо замонҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфта, хусусиятҳои дигарро касб кардааст. Дар ин росто ҷоизи зикри хос аст, ки қарни гузашта ва даврони мо дар таърихи илми ҷаҳонӣ марҳалаи табаддулоту таҳаввулоти куллӣ буда, ба тағйирот дар он вусъати тоза бахшиданд. Имрӯз манзараи илмии олам ва парадигмаҳои илмӣ дар тамоми соҳаҳо дар тафовут аз қарнҳои пешин зудтар тағйир ёфта, ҷаҳони зудтағйирёбанда ба илм низ ҳамин хосиятро бахшидааст. Аз ин рӯ, дастгоҳи категориявии фаҳмиши ашёву зуҳурот дар илмҳо ба куллӣ бозсозӣ гардида, фаҳмишҳои анъанавӣ метавонанд дигар ба марҳалаи кунунии рушди илму техника созгор набошанд. Дар ин замина идеалҳои илмӣ низ тағйир пазируфта, онҳо бештар ба шароити иҷтимоию фарҳангӣ вобастагӣ пайдо кардаанд.
Дар баробари ин, дар илми муосир таҳқиқоти байнифаннӣ тавсеа ёфта, ҳамгирошавӣ ва ё баръакс, таҷзияи илмҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тамоми равандҳои зикршуда, инчунин истифодаи ҳамагонии технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми соҳаи илм ва дигаргуниҳои дигари илмӣ имрӯз масъалаи нақши илмро дар ҳаёти инсон ва нақши инсонро дар рушди илм хеле мубрам гардонида, онро ба мушкилоти ҳаёту мамоти инсоният ва бақои тамаддуни инсонӣ дар рӯи замин мубаддал сохтаанд. Бо ҳамин сабабҳо, дар даврони муосир тамоми мавзуъҳои ба илм дахлдошта ва ё аз он вобастабуда, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба идоракунии илм таваҷҷуҳи хоссаро аз ҷониби давлат, ҷомеаҳои илмӣ ва тамоми аъзои ҷамъият тақозо мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолияти давлатӣ илм ҷойгоҳи хоссаи худро касб намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Пешвои муаззами миллат дар суханронияшон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санаи 1 сентябри соли 2022 иброз намудаанд: “Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем”.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи кишвар бо такя ба илм тақвият мебахшанд ва имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони кишвари мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештаре гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо, на танҳо фаъолсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, балки самарабахш гардонидани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хоссатан оммависозии илм ва дастоврдҳои он низ тақозо карда мешавад.
Таҳти мафҳуми оммависозии илм асосан раванди паҳнсозии донишҳои илмӣ миёни оммаи васеи шахсоне фаҳмида мешавад, ки барои қабули чунин иттилоот омодагӣ дошта, минбаъд ин донишҳоро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода мекунанд ва ё ба дигарон мерасонанд. Оммависозӣ мутобиқ сохтани донишҳои илмиро ба аудиторияи оммавӣ дар назар дошта, ҳадафи он маърифатнок сохтани мардум мебошад. Ба оммаи васеи мардум расонидани донишҳои илмӣ ҳанӯз бо пайдоиши худи илм оғоз шуда бошад ҳам, вале он асосан дар даврони маорифпарварӣ дар Аврупо дар асрҳои XVII-XVIII ва, махсусан, дар асри XIX аҳаммияти бештар касб намудааст. Ҳадафи маорифпарварон аз интишори илм ин мубориза бо хурофот, таассуб ва ҷаҳолат миёни аҳолии кишварҳои онзамонӣ, инчунин бунёди ҷомеаи пешрафта буд.
Дар шароити муосир низ оммависозии илм аҳаммияти худро гум накарда, ҳоло ҳам метавонад дар мубориза бо ҷаҳолат ва тафаккури ғайриилмӣ нақши муҳимро ба иҷро расонад. Аз ҷониби дигар, ба шарофати оммависозии донишҳои илмӣ робитаҳои ҷомеа бо илм густариш ёфта, ин амал таваҷҷуҳи доираи васеи аъзои ҷомеаро ба ҷаҳонбинии илмӣ ҷалб месозад. Дар баробари ин, оммависозии илм ин маънии соддасозии илм ва онро то сатҳи омма паст намуданро надошта, аҳёнан ба таври нодуруст ба роҳ мондани ин раванд метавонад илмро ба дурӯғилмӣ мубаддал созад. Аз ин рӯ, корҳои олимон ва муассисаҳои илмӣ дар самти оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ бояд бо дарназардошти қоидаҳои муайян сурат гиранд.
Яке аз роҳҳои асосии оммависозии илм ин таълифи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ барои тамоми шаклҳои воситаи ахбори омма мебошад. Дар баробари ин, таҳия ва таълифи китобҳои илмӣ-оммавӣ ва хондани лексияҳои илмӣ-оммавӣ доир ба илм дар аудиторияҳои гуногун ба тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва дастовардҳои илмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар шароити муосир истифода аз интернет, нашри мавод дар сомона ва саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ корҳоро дар самти оммависозии илм муассиртар месозанд.
Бо мақсади роҳандозии оммависозии илм истифода аз принсипҳои зеринро тавсия кардан имкон дорад: 1) ҷозибу ҷолиб сохтани шакли интиқоли донишҳои илмӣ ба мардум тавассути пешниҳоди далелҳои аҷиб, шавқовар ва барои амалия аҳаммиятнок; 2) аёният, яъне бо овардани мисолҳо, ҷадвалҳо, расму суратҳо ва амсоли он тақвият бахшидани далелу донишҳои илмии пешниҳодшаванда; 3) дастрасӣ, ё худ бо забони одию фаҳмо расонидани донишҳои илмӣ ба мардум, шарҳу тафсир кардани мафҳумҳои мушкилфаҳм; 4) дар шакли муколама бо аудитория гузаронидани лексияҳои илмӣ-оммавӣ; 5) такя ба донишҳои илмӣ ва ба таҳрифи иттилооту далелҳои илмӣ роҳ надодан, зеро берун рафтан аз доираи ин талабот метавонад боиси пайдо шудани ривояту қиссаҳои бардурӯғ оид ба масъалаҳои илмӣ гардад ва ғайра.
Бояд таъкид намуд, ки дар сурати оммавӣ насохтани илм ва дастовардҳои илмӣ дар дилхоҳ ҷомеа сатҳи саводнокии мардум паст рафта, илмҳои бардурӯғ ва ҷаҳонбинии хурофотию ривоятӣ ривоҷ меёбанд. Аз ин рӯ, ҳанӯз маорифпаварони фаронсавӣ дар асрҳои XVII-XVIII бо навиштани энсиклопедияҳои гуногун кӯшиш мекарданд, ки бо мақсади бунёди ҷомеаи пешрафта дар маърифатноксозии мардум саҳм гузоранд. Дар замони наву навтарин низ донишмандоне чун Айзек Азимов (1919-1992) – олим ва адиби амрикоӣ, Стивен Хоккинг (1942-2018) – физики машҳури англис ва дигарон барои маърифатнок сохтани мардуми муқаррарӣ хизматҳои шоистаеро ба ҷо овардаанд.
Боиси зикр аст, ки оммависозии илм мавҷудияти инфрасохтори муайянро талаб мекунад. Аз чумла, дар даврони шуравӣ ба нашр расидани як қатор маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ, аз қабили «Техникаи ҷавонон» («Техника молодежи»), «Квант» ва ғайра на танҳо ҷавонон, балки кулли мардумро бо дастовардҳои илмӣ шинос мекарданд ва ҷавонон, дар навбати худ, ихтирооту навовариҳои хешро оммавӣ месохтанд. Имрӯз дар Тоҷикистон низ чунин инфрасохтор вуҷуд дорад, ки аз зумраи онҳо нашри маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», пахши шабакаи махсуси телевизионии «Илм ва табиат» ва амсоли онро номбар кардан имкон дорад. Дар баробари ин, дар оянда ба нақша гирифтани иҷрои як қатор тадбирҳои дигар низ дар самти тавсеаи инфорасохтори оммависозии илм мубрам ба назар мерасанд. Аз нигоҳи мо, ташкили барномаҳои махсус дар мавзуъҳои илмӣ дар шабакаҳои радиоӣ, такшили гурӯҳҳои махсуси ташвиқотию тарғиботӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амсоли он метавонанд барои тақвияти оммависозии донишҳои илмӣ мусоидат намоянд.
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкили корҳоро оид ба оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ ба роҳ монда, бояд ба эътибор гирифт, ки ин амал махсусиятҳои худро дошта, соҳиб будан ба малака, маҳорат ва салоҳиятҳои хоссаро талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, оммависозии илмро тавассути мусоҳиба бо рӯзноманигорон роҳандозӣ намуда, бояд ба касбияти онҳо таваҷҷуҳ карда шавад, то дар маҳсули қалами онҳо, яъне дар кори барасмиятдарории мусоҳиба дар шакли мақола, очерк ё жанри дигар таҳрифи ақидаву андешаҳои илмӣ ҷой надошта бошад. Дар маҷмуъ, ходимони илмиро барои кор дар самти оммависозии илм аз ҷиҳати методию методологӣ мунтазам омода кардан зарур аст.
Инҷо инчунин тазаккур бояд дод, ки оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ ҳам ба илмҳои табиатшиносию техникӣ ва ҳам ба илмҳои гуманитарӣ дахл дорад. Аз ин рӯ, масъулияти роҳбарони илмҳои гуманитарӣ дар ин кор имрӯз бештар аз пештар аст. Бо ҳамин сабаб дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бояд ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмию дунявӣ, муқовимат ба паҳншавии таассубу хурофот ва афкори ифротии динӣ, фаҳмонидани таърихи миллат, моҳият ва манфиатҳои давлатдории миллӣ ва масъалаҳои дигари амсоли онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Фарҳод Раҳимӣ
доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АМИТ
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор

ТАНТАНАИ ИЛМИ МУОСИР ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО

 
   Имрӯз дар санаи 17.04.2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ бо иштироки уламо аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқии зертобеъ ва ғайри зертобеи АМИТ Маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Қаблан гурӯҳи академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо сарварии Фарҳод Раҳимӣ ба назди нимпайкараи олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузошта, ба ободу тозакорӣ намудани гирду акнофи гуристон мушарраф гардиданд.
  Аз соати 9:00 пагоҳирӯзӣ академик Фарҳод Раҳимӣ маҷлиси тантанавии бахшида ба Рӯзи илмро ифтитоҳ сохта, ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик табрик гуфт. Номбурда зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар соли 2022 АМИТ қариб дар маблағи 400 ҳазор евро таҷҳизот ворид намудааст.
Пас аз муаррифӣ шудани мундариҷаи Рӯзи илм президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ суханро ба намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Боқизода дод. Мавсуф ҳангоми баёни фикр илмро самти афзалиятноки иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар муаррифӣ намуд. Пасон, сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ сухан карда, табрикоти вазири маориф ва илми ҷумҳуриро барои ҳозирин ироа сохт.
Баъдан, ғолибони озмуни ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста бо дипломҳову мукофотҳо тақдим гардиданд. Чаҳор ҷоизаи ба номи олимони барҷаста дар чаҳор самти илм аслан ҷоизаҳои ба номи академикон Султон Умаров (кимиё), Павловский (биология), Осимӣ (ҷомеашиносӣ) ва Мансуров (тиб) маҳсуб мешаванд.
Дар идомаи ҷашн нафароне, ки беш аз 50 сол дар АМИТ фаъолият мекунанд, медали "50 сол дар АМИТ" тақдим гардид.
Ғайр аз ин, теъдоди муайяни уламои гуногунсоҳа ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Пасон, бахши муайяни маҷлиси тантанавӣ бо унвони солонаи Айнӣ баргузор шуд, ки дар ин бахш ду нафар аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маърӯза пешниҳод намуданд:
1. Аламхон Кучарзода - д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ зимни суханронӣ оғози фаъолияти адабиётшиносии устод Айниро аз Намунаи адабиёти тоҷик ном гирифт. Номбурда зимнан мутазаккир шуд, ки китоби мазкур посухи Айнӣ ба даъвоҳову ғаразҳои сиёсии афроди панисломист, бавижа ду шохаи он: пантуркизм ва паниронизм буд, ки мавҷудияти миллатеро бо номи "тоҷик" инкор менамуданд.
2. Беҳрӯзи Забеҳулло - н.и.ф. ҷиҳати мақолаи Айнӣ таҳти унвони "Сарнавишти як халқ" таваққуф намуда, иброз намуд, ки мақоларо устод дар кӯҳансолӣ навишта ва бешубҳа ин мақола ҷанбаҳои илмӣ-таҳқиқӣ дорад.
Дар анҷоми маҷлис Муҳаммадалии Музаффарӣ - узви вобастаи АМИТ ҷиҳати муаррифии китоби "Чеҳраҳои академӣ" сухан намуда, зикр кард, ки китоби мазкур вижагиҳои тарҷумаиҳолӣ надошта, сабки нигориши хосе дорад ва ба ҳайси пажӯҳиши илмӣ-таҳқиқӣ пазируфта шудааст.

ОСИЁИ ШАРҚӢ: ОМИЛҲОИ АСОСИИ ТАЪСИРРАСОН БА СИЁСАТГУЗОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

   Ба роҳ мондан ва устувор нигоҳ доштани як низоми сиёсӣ-иқтисодии рақобатпазир дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳар кишвари рӯ ба рушд як раванди хеле мураккаб ва зеҳнталаб мебошад. Зоҳиран ҳама ҳукуматҳо барои кишвари хеш рушду пешрафти босуръат ва обрӯву эътибори ҷаҳониро мехоҳад. Мехоҳанд давлати онҳо қавӣ ва сарватманд бошад ва аз ҳама гуна хатар мардуми худро ҳифз намоянд. Барои расидан ба ин сатҳ онҳо зоҳиран кӯшишҳое мекунанд. Ниҳодҳои монанд ба кишварҳои пешрафтаро нусхабардорӣ карда, ҳамчун асоси пиёда кардани сиёсати худ муаррифӣ мекунанд. Вале на ҳама давлатҳо дар ин росто муваффақият ба даст овардаанд. Маълум гашт, ки аксар давлатмардон дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҳадафҳои фарқкунанда аз баёнияҳои худро доштаанд ва низомҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои пешрафтаро зоҳиран ба роҳ монда, тибқи суннатҳои гузаштагони худ дунболи манфиати шахсӣ будаанд. Ё дар ҳолати беҳтар неруи зеҳнии кор бо низомҳои мутаккабро надоштаанд ва ин боиси номуваффақ будани онҳо гаштааст. Ин аст, ки омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодии кишварҳои пешрафта аҳамият пайдо мекунад.
Омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ зиёд ҳастанд, вале ба назар мерасад, ки ду омил нақши асосӣ доштаанд. Яке, хатарҳои вуҷудӣ бархоста аз империализми кишварҳои ғарбӣ барои Ҷопон ва аз Ҷанги Сард барои Корея ва Чин ва дигаре, ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандории қишри ҳукмрон дар ин кишварҳо дар даврони тақдирсоз. Ин ду омил дар ҳамоҳангӣ шароитеро фароҳам оварданд, ки асоси тағйиротҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин кишварҳо шуда, пешравиву муваффақияти онҳоро таъмин кард.
Дар бисёре аз тадқиқотҳои донишмандоне, ки омилҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқиро меомӯзанд, таваҷҷуҳи бештар ба факторҳои истеҳсолӣ ба монанди замин, қувваи корӣ, сармоя ва маҳорати соҳибкорӣ мекунанд. Албатта, ин факторҳо нақши хеле зиёд дар рушди иқтисодӣ дар сатҳи давлат ва корхонаҳо доранд. Вале онҳо танҳо дар шароите самаранок буда метавонанд, ки фазои дурусте ташаккул ёфта бошад. Ин фазои дурусти соҳибкорӣ ва сармоягузориро давлатмардон месозанд ва омилҳои асосии таҳрикдиҳандаи онҳо дигар ҳастанд. Дар мисоли кишварҳои Осиёи Шарқӣ, чи тавре қайд карда шуд, ин хатароти вуҷудӣ ва ҳувийяти милии раҳбарон буд. Омӯхтани роҳу усулҳои истифодаи самараноки замин, қувваи корӣ ва сармоя дар ин кишварҳо муҳим аст. Вале пеш аз он бояд пешзаминаи ба вуҷуд омадани фазои дурусти соҳибкорӣ дар ин кишварҳо омӯхта шавад. Чунки аз тадқиқоти Сандуқи байналмилалии пул аз соли 1997 пайдост, ки мизони сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ аз кишварҳои имрӯз ақибмондаи Африқову Амрикои Ҷанубӣ зиёд набудааст[1]. Вале фарқият дар иродаи сиёсии раҳбарон буд, ки дар ҷойи аввал манфиатҳои давлатро гузошта, захираҳои зеҳниву моддии миллати худро дуруст истифода карданд, ки ин фарқиятеро ба вуҷуд овард, ки мо мебинем.
Барои Ҷопон, ки аз нимаи дуюми асри XIX ба пайроҳаи рушди худ ворид шуда буд, хатарҳои амниятии бархоста аз кишварҳои империалистӣ таҳдид мекард. Ин хатарҳо сиёсатмадорони ин кишварро ба ҳам оварда, барои мубориза ба он басиҷ кард. Онҳо, пеш аз ҳама, эътироф карданд, ки низоми давлатдорӣ ба бунбаст гирифтор шудааст ва бояд ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад. Барои ба кишварҳои ғарбӣ баробар шудан қарор гузоштанд, ки низоми иқтисодӣ-сиёсии кишварҳои пешрафтаи Ғарбро ҷорӣ мекунанд ва кишвари худро аз ояндаи мустамлика шудан раҳо менамоянд. Мебинем, ки элитаи сиёсии Ҷопон худро ҳамчун номусбардори миллат ба намоиш гузошта, ба ҷойи ҳамкорӣ кардан бо намояндагони кишварҳои абарқудрат ва ҷамъоварии сарват, манфиатҳои миллии худро дар мадди аввал гузошта, ватанашонро аз хатари ба мустамлика табдил ёфтан ҳифз карданд. Дар биёре аз кишварҳои ба мустамликаи ғарбиён табдилёфта чунин ҳолатро намебинем. Элитаи сиёсии онҳо бо ғарбиён ҳамкорӣ карда, сарвати миллии худро ба манфиати шахсии худ ва кишварҳои бегона сарф мекарданд. Маълум мешавад, ки дар Ҷопон омили ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандории элитаи сиёсӣ баланд будааст. Маҳз ҳамин омил иродаи сиёсии раҳбарони ин кишварро дар замони тақдирсоз муайян кард ва заминаи асосии ба даст овардани қудрати миллӣ ва иқтисоди рақобатпазир гашт.
Дохил шудани Кореяи Ҷанубӣ ба пайраҳаи рушд ба солҳои шастуми асри гузашта рост омад. Ин дар замони авҷи Ҷанги Сард буд, ки нимҷазираи Кореяро ба ду кишвари дорои низомҳои сиёсии бо ҳам муқобил тақсим карда буд. Баъди ҷанги солҳои 1950-1953 маълум буд, ки хатари такрор шудани он ва аз миён рафтани Кореяи Ҷанубӣ доимо вуҷуд дорад. Ин хатарот, ҳукуматҳои ҳарду Кореяро маҷбур месохт, ки дар пайи қавӣ кардани иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварашон бошанд. То дараҷае, ин омил ба рушди иқтисодии ҳар ду Корея таъсир мегузошт.
Маълум аст, ки рушди иқтисодӣ дар низоми коммунистӣ маҳдуд аст ва бе кушода шудан ба бозори ҷаҳонӣ он ба бунбаст гирифтор мешавад. Кореяи Шимолӣ ба ҳамин тақдир гирифтор шуд ва баъди доштани як рушди муайян ба суқути иқтисодӣ дучор шуд. Вале ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ бо низоми бозории худ тавонист, рушди устувор дошта бошад ва ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардад. Ин ҷо низ ҳувияти миллӣ ва номуси ватандории элитаи сиёсии ин кишвар нақши назарраси худро гузошта буд. Онҳо дигар кишвари худро дар баробари давлатҳои бузург медиданд ва мехостанд таҷрибаи Ҷопонро такрор кунанд. Ин омилҳо буданд, ки ҳадафҳои бузурги элитаи сиёсии Кореяи Ҷанубиро муайян сохтанд ва онҳо тавонистанд фазои муносибе барои рушду пешрафти иқтисодӣ ва технологиро фароҳам созанд. Дар доираи ин ҳадафҳои худ баъдан аз ҷониби онҳо “шӯрои банақшагирии иқтисодӣ, ҳамчун агентии иҷроия ташкил шуда, барномаҳои панҷсола таҳия ва пиёда шуданд. Стратегияи рушд ба рақобатпазирӣ дар содирот, қарзҳои хориҷӣ ва технологияҳои воридшуда мутамарказ шуда буд. Субсидия барои содирот, ҳимоятгароӣ дар воридот, яксонсозии қурби арз ва девалватсияи пул, қарзҳо бо фоизи кам ва ҳавасмандгардонии андозӣ ба роҳ монда шуд”[2]. Яъне иродаву ҳадафҳои онҳо қадамҳои баъдиро муайян карданд, ки натиҷаи корашон мояи ҳасрати кишварҳои рӯ ба рушд гаштааст.
Барои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ хатарҳои бархоста аз Ҷанги Сард хеле ҷиддӣ буданд. Ин кишвар бо доштани низоми коммунистӣ дар баробари давлатҳои пурқудрати ғарбӣ меистод, ки замоне онро ба объекти истисмори худ табдил дода буданд. Барои истодагарӣ кардан дар баробари ин хатароти амниятӣ ин кишвар маҷбур буд, қудрати миллии хешро зиёд кунад. Дар доираи қонуну қоидаҳои иқтисоди нақшавӣ натавонистанд пешравии назаррас дошта бошанд ва қаҳтиву гуруснагии мардум то охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта идома ёфт. Аз соли 1978 элитаи сиёсии Чин даст ба ислоҳот зада, барои боло бурдани ангезаи мардум дар кору эҷодиёту наворварӣ моликияти шахсиро иҷозат дода, элементҳои муҳими иқтисоди бозориро ҷорӣ сохт. Яъне бохти иқтисодии худро дар баробари кишварҳои дорои низоми сармоядорӣ қабул карда натавонистанд ва ин ҳадафу иродаи сиёсии онҳоро муайян сохт, ки дар натиҷа Чин ба иқтисоди дувуми ҷаҳон мубаддал гашт.
Ҳамин тариқ, омилҳои хатароти амниятӣ ва ҳувияту номуси ватандории элитаи сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ таъсири зиёде дар рушду пешрафи онҳо доштааст. Ин минтақа дар асри XIX майдони рақобати кишварҳои мустамликадор буд, ки дар ин замон Ҷопон тавонист қудрати миллии худро боло бурда, ҳамчун якумин кишвари қудратманди қитъаи Осиё шинохта шавад. Дар нимаи дуюми асри XX “Осиёи Шарқӣ яке аз майдонҳои асосии рақобат дар Ҷанги Сард миёни коммунизм ва неруҳои зиддикоммунистӣ”[3] буд, ки дар ин гирудорҳо Кореяи Ҷанубӣ ва баъдан Чин тавонистанд қудрати миллии худро тақвият диҳанд ва ба гурӯҳи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гарданд. Дар воқеъ, ҳама роҳу усулҳо ва технологияҳои лозима барои ворид кардани як кишвар ба пайроҳаи рушди устуворро аз худ кардан ва такрор кардани таҷрибаи хуби кишварҳои Осиёи Шарқӣ имконпазир аст. Фақат шарт ин аст, ки иродаву ҳадафҳои элитаи сиёсӣ мувофиқ бо талаботҳои рушду пешрафт дар ҷаҳони муосир бошанд. Ин иродаи сиёсӣ ва ҳадафҳои лозима дар асоси ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣ ба миён меоянд. Агар элитаи сиёсии як миллат чунин вижагиҳоро дошта бошад, эҳтимолияти муваффақ будани он бамаротиб зиёд мегардад.
Сарчашмаҳо
Michael Sarel. “Growth in East Asia What We Can and What We Cannot Infer”, 1997 International Monetary Fund, https://www.imf.org/external/pubs/ft/issues1/.
Kenichi Ohno. “The East Asian Growth Regime and Political Development”, https://www.grips.ac.jp/forum/DCDA/Chapter02.pdf
Enze Han and Cameron Thies. “External Threats, Internal Challenges, And State Building In East Asia”, Journal of East Asian Studies, №19 (2019). С. 339–360.
ЛУТФУЛЛО БАРОТОВ
ходими калони илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи илм" дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

   Чун анъана ҳар сол "Рӯзи илм" дар АМИТ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз донишмандони собиқадору баландмақом иштирок намуда, ба зиёрати қабрҳои бузургони илму дониш мераванд. Баъд аз гулчамбаргузории мазор ва нимпайкараҳои чанде аз онҳо маҷлиси тантанавӣ баргузор карда мешавад. Дар маҷлис ҷоизаҳову ифтихорномаҳои соҳавӣ ба олимону муҳаққиқон тақдим мегарданд.
Имрӯз (17.04.2023) бо ҳамин равиш дар АМИТ чорабинии бошукӯҳ баргузор карда шуд. Суратгузориш аз рафти он...

БОНГИ ХАТАРИ ЗАНОНИ АФҒОНИСТОН АЗ ҲУҚУҚУ ОЗОДӢ

   Вақте ки мо ба оинаи таърихи тамаддун назар меандозем, мо шоҳиди муборизаҳои занон барои истиқлол, демократия барои ба даст овардани ҳуқуқҳои хеш дар хонавода, сарфи назар аз он маҳдудияҳое, ки мардон барояшон эҷод кардаанд, мешавем. Вақте ки мо ба таърихи Афғонистон назар меандозем, амир Абдураҳмонхон солҳои 80 - уми қарни XIX аз ҳуқуқи занони Афғонистон хело дифоъ карда буд [1, c.278)]. Амсоли маҳдуд кардани никоҳи бармаҳал, дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқи меросгирӣ, инчунин ҳуқуқи занонро барои талоқ дар доираи қоидаи шариати ислом ҷорӣ намуд.
Баъдан ин сиёсати бобобузургашро набераи ӯ амир Амонуллохон дар қарни XX давом дод. Ба занон иҷозат дода шуд, ки фаранҷиро партоянд нахустин маротиба дар Афғонистон макотибу мадрасаҳои занона ташкил шуд. Инчунин занон мустақилона ҳуқуқи интихоб кардани ҳамсарро пайдо карданд. Нахуст Конститутсияи Афғонистон соли 1923 бо ташаббуси амир Амонуллохон (1919-1929) қабул шуда буд ва омӯзиши матнҳои ҳамаи Конститутсияи Афғонистон аз оғозаш (1923) то анҷомаш (2004) дар зери таъсири қонунҳои асосии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ Эрону Туркиё ва зери таъсири қонунҳои аврупоӣ қарор дорад. Қобили қайд аст, ки занони Афғонистон солҳои 50-60 - ум аз ҳуқуқи интихобшавӣ ба Парлумон бархурдор ҳастанд ва дар Конститутсияи соли 2003 баробарҳуқуқии зану мард сабт гардидааст, ки амалӣ шудани ин қонун аз имкон берун аст.
Мишел Бачелет, комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар ҳушдор дод, ки ҳама гуна нақши ҳуқуқи занон дар Афғонистон "хатти сурх" барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд [3].
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачелет аз ҳаракати террористии Толибон дар Афғонистон даъват кард, ки ҳуқуқи занонро эҳтиром кунанд ва гуфтанд, ки ҳама гуна вайронкуниҳо дар ин самт барои ҷомеаи ҷаҳонӣ "хати сурх" хоҳад шуд. Бачелет дар ҷаласаи вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева, ки ба вазъи озодиҳои занон дар Афғонистон бахшида шудааст, суханронӣ кард. Ба ақидаи Бачелет, риояи ҳуқуқҳои занону духтарон ба "озодӣ, ҳаракат, таҳсил, худмуайянкунӣ ва кор" масъалаи асосии ҳамкории минбаъдаи Ғарб бо ҷунбиши радикалӣ мебошад. Ҳамзамон Бачелет изҳори итминон кард, ки Толибон бояд ба "барқарор кардани ваҳдати иҷтимоӣ ва оштӣ" дар ҷомеа шурӯъ кунанд. Комиссари СММ ёдовар шуд, ки пеш аз саршавии Толибон дар соли 1996, 3,5 миллион духтарон дар мактаб таҳсил мекарданд. Ҳамзамон, аллакай дар соли 1999, танҳо тақрибан 9 ҳазор духтарон дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекунанд.
Мишел Бачелет инчунин қайд кард, ки дафтари вай дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои муътамадро дар бораи ҷиноятҳо дар як қатор минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи радикалӣ гирифтааст. Намояндаи Комиссарияти СММ қайд мекунад, ки, аз ҷумла, қатлҳои худсаронаи шаҳрвандон, саркӯбии эътирозҳо ва ҷалби сарбозони кӯдаконро зикр кардааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз дигар давлатҳо талаб кардааст, ки барои гурезаҳо ва муҳоҷирони афғон масирҳои бехатар созанд. Вай гуфт, ки давлатҳо бояд барномаҳои паноҳандагии худро васеъ кунанд. Илова бар ин, онҳо бояд депортатсияи афғонро қатъ кунанд. Ба зудӣ ба даст овардани қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон ва ёди вайронкуниҳои пайи ҳам дар замони режими Толибон боиси тарсу ноумедии бисёр афғонҳо шудааст [2], -S. 20.]
Ба ақидаи гуфтаи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи башар, барои ин асос вуҷуд дорад: кормандони он гузоришҳои мӯътамад дар бораи "нақши даҳшатноки қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ" аз ҷониби ҷонибҳои муноқиша, пеш аз ҳама дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон, мегиранд. Ин куштори ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятии Афғонистонро, ки дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намекунанд, дар бар мегирад. Инҳо маҳдудиятҳои ҳуқуқи занон, аз ҷумла озодии ҳаракат ва таҳсил барои духтарон мебошанд. Ин ҷалби ҷавонони ноболиғ ва саркӯб кардани эътирозҳои осоиштаро дар бар мегирад. Онҳое, ки бо ҳукумат ё созмонҳои байналмилалӣ кор кардаанд, аз ҳуқуқи инсон ва адолат ҳимоят кардаанд, ё танҳо аз тарзи таълими идеологияи Толибон ба таври дигар зиндагӣ ва фикр кардаанд, аз интиқом метарсанд.
Сарнавишти занон, рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ боиси нигаронии хос аст. Мишел Бачелет ваъдаҳои Толибонро дар бораи эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, яъне "эҳтироми ҳуқуқи занон ба кор ва духтарон ба таҳсил, тибқи қонунҳои исломӣ" ёдовар шуд. Онҳо инчунин қавл доданд, ки ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ва афғонҳои марбут ба ҳукумат ва созмонҳои хориҷиро ҳадаф нагиранд.
"Ҳоло масъулияти иҷрои ин ваъдаҳо ба дӯши Толибон аст" ибрози ақида намудааст, Комиссари Олӣ ва аз раҳбарони ҷунбиш даъват кард, ки уҳдадориҳои давлат оид ба ҳуқуқи инсонро риоя кунанд. "Ҳуқуқи байналмилалӣ тағйирнопазир аст" илова намуд Бачелет. "Эҳтироми ҳуқуқи инсон аз он вобаста нест, ки кӣ қаламрави мушаххасро назорат мекунад ё воқеан ҳукуматро намояндагӣ мекунад."
Комиссари олӣ аз Толибон даъват кард, ки меъёрҳои ҳуқуқи инсонро муқаррар кунанд ва барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва оштӣ саъй кунанд. Барои Толибон муносибат ба занону духтарон хоҳад буд, ки бояд ба эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо ба озодиҳо, таҳсил, кор, озодии ҳаракат ва изҳори ақида, ки дар созмонҳои байналмилалӣ қонун муқаррар шудааст, асос ёбад. Коршиносони аврупоӣ инчунин даъват карданл, ки кормандони соҳаи башардӯстона тавонанд ба афғонҳо кӯмаки наҷотбахш расонанд, ки ҳоло нисфи аҳолии кишвар - 18 миллион нафар ба онҳо ниёз доранд. Моҳи июли соли гузашта ин рақам нисфи он буд[4].
Давлатҳое, ки аксарияти аҳолии исломиро доранд, инчунин метавонанд таҷрибаи худро дар бораи ворид кардани қонуни байналмилалии ҳуқуқи инсон ба заминаи фарҳангӣ ва мазҳабии худ мубодила кунанд." Толибон як гурӯҳ тими футболбозони занони Афғонистонро аз ҷумла аъзои тими миллӣ, варзиш дар Афғонистонро манъ кардаанд. Дар ин бора Аҳмадуллоҳ Васик, муовини раҳбари комиссияи Толибон оид ба фарҳанг, дар мусоҳиба бо нашри Австралияи SBS News изҳор дошт [5]. Вай мавқеи худро бо мисоли крикет шарҳ дод. Восик гуфт, ки агар занон ба ин варзиш пазируфта шаванд, чеҳра ва бадани онҳо ба нозирон намоён хоҳад шуд. "Ислом ва Аморати исломӣ ба ин иҷозат намедиҳад", - гуфт манбаъ. Ба гуфтаи ӯ, Толибон розӣ ҳастанд, ки занон ҳақ доранд дар ҳолати зарурӣ сайру гашт кунанд, аммо ба бовари ӯ, варзиш барои аҳолии зан шарт нест. Шӯрои байнулмилалии крикет талаб мекунад, ки ҳамаи аъзои комилҳуқуқи он як тими миллии занона дошта бошанд, ки ин шарти роҳ ёфтани кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Вақте ки дар бораи имкони хориҷ кардани афғонҳо аз озмун дар Австралия пурсида шуд, Васик гуфт, ки Толибон дар ҳар сурат ба созиш нахоҳанд расид.
Дар фарҷоми сухан гуфтанӣ ҳастам, ки занони Афғонистон ҳамеша баробари мардон дар шукуфоии илму маърифат фарҳанг ва зиндагии бошараф дар сафи пеш қарор гиранд ва нақши босазои хешро дар истеҳкоми сулҳу амният дар кишварашон гузоранд [6 c.11-18]. Бояд эътироф кард, ки зани афғон пораи қалби зани тоҷик аст ва мо намехоҳем, онҳо бори дигар барои фарзандонашон, барои азизонашон ашк резанд. Бигузор ҳамеша солиму зебо бошанд, солим будан худ зебоӣ аст. Хонумони Афғонистон шоистаи зиндагии хуб ҳастанд ва барои раванди сулҳу амният саъю талош мекунанд, зеро ҳама зебоӣ, шукуфоӣ ва пешрафти фардо аз сулҳ ва истеҳкоми сулҳу амният аст. Мо умедворем, ки дар кишвари Афғонистон сулҳу амният пойдор мешавад ва занони Афғонистон аз ҳуқуқони хеш бархурдор мегарданд.
Адабиёт:
[1] Воҳидова С. Развитие иранистики и таджиковедения в историографии Европы (ХV - начало XXI вв) // Душанбе, 2014, 504 с. (c.278
[2] Bohnet M. Ralf M. Mohs, Annette Kaiser Wiederautbau eines zerstorten Landes. Der Deutsche Beitrag zum internationalen Programm // E + Zjg. 43, 2002, -S. 20
[6]. Воҳидова С. Занон саҳмгузори раванди Сулҳофаринӣ дар Афғонистон// Маводи илмии конференсияи байналмилалии “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна”; Душанбе, 2021, -c.11-18
Воҳидова Санавбарбону,
д.и.т., профессор
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико