МАЪЛУМОТ оид ба натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқоти лабораторияи физикаи атмосфераи институт вобаста ба чангу ғубори санаи 15.04.2023
Наздик ба ибтидои санаи 15 апрели соли 2023 ба фазои қисми маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе) «хокбориш» аз самти ҷануб ва ғарби кишвар ворид гардид. Тибқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров шурўъ аз 15 апрели соли 2023 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон «хокбориш» ворид гардид. Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рӯзи 16–уми апрели соли 2023 ибтидои масири чанг дар баландии 500м аз кишвари Яман (оғоз аз 8.04.2023) ба мушоҳида мерасад. Ин «хокбориш» фазои баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифт. Баландии «хокбориш» дар шаҳри Душанбе то 6,5 километр ба қайд гирифта шуд.
МАСИРИ
тӯфонҳои чангу ғубор аз рӯйи маълумоти сомонаи HYSPLIT дар таърихи рӯзи 16.04.2023 барои ш.Душанбе
Барои муайян кардани масири баръаксии чангу ғубор тибқи маълумоти системаи HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectory model), лабораторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanic and Atmospheric Administration,) [URL: http:// ready.arl.noaa.gov /HYSPLIT. php] масири чангу ғубор, барои баландиҳои:
500 м – биёбонҳои қитъаи Африқо (кишвари Яман, Саҳрои Кабир) инчунин минтақаҳои биёбонии Эрону (Дашти Кабир ва дашти Лут) ва Афғонистон аст;
1500 м – баҳри Каспий, инчунин баъзе минтақаҳои биёбонии давлатҳои ҳамсоя мисли Туркманистон ва Ӯзбекистон;
2500 м – масир аз Аврупо ибтидо гирифта аз болои биёбонҳои Арабистон мегузарад.
Чӣ тавре, ки дар маълумот инъикос ёфтааст, манбаъҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор навобаста аз он, ки аз куҷо сарчашма мегирад, ҳамон нуқтаҳое, ба ҳисоб меравад, ки дар он масир паст фаромадааст (яъне ба сатҳи Замин фаромадааст) ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меоянд (Расми 1). Графикаҳои Расми 2, ки бо таҷҳизоти таҳқиқоти лазерии атмосфера «Lidar-PollyNet» ҳосил шудааст, маълум мегардад, ки “хокбориш” дар ш.Душанбе баландии то 6,5 км-ро фаро гирифтааст.
Тавзеҳот илова шавад
НАҚШИ ШОИРОНИ БАЛХ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ ДАВРОНИ СОМОНИЁН
Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар даврони Сомониён, ки марзу буми давлати онҳо Мовароаннаҳр ва Хуросон, аз ҷумла дар баробари шаҳри Балх инчунин Марв, Ҳирот, Нишопур ва шаҳрҳои дигарро фаро мегирифт, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эълон гардида, дар асоси он дар ин минтақа адабиёти оламшумул, махсусан назми наве бо саромадии устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941) ташаккул ёфт. Аз ин давра, тибқи маълумоти маъхазҳои асримиёнагӣ ва муҳаққиқони муосир номи 57 шоир маълум аст, ки панҷ нафари онҳо аз Бухоро, панҷ нафари дигар аз шаҳри Балх ва боқӣ аз мавзеъҳои дигари тоҷикнишин будаанд. Дар ин бора шоири асри XI Манучеҳри Домғонӣ (с.ваф. 1040-1041) гуфтааст:
Аз Бухоро панҷу панҷ аз Марву панҷ аз Балху боз
Ҳафт нишопурию се тӯсию се Булҳасан.
Сазовори таъкид аст, ки Сомониёни тамаддунпарвар барои тақвияти фарҳангии давлати худ олимону адибонро аз минтақаҳои гуногуни тоҷикнишин ба пойтахт даъват карда, онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ бо мақсади саҳмгузориашон дар рушди илму адаб ҳамаҷониба дастгирӣ менамуданд. Аз ҷониби дигар, саъю кӯшиши Сомониён барои ҷамъоварии мероси бостонии ориёӣ ва эҳёи он шоирону олимонеро, ки дар тобеияти араб зиста, ғурури миллии худро то ҳол аз даст надода буданд, ба Бухоро раҳсипор менамуд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо, шоирон Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Сонеи Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Маъруфии Балхӣ ва дигарон бо амирони сомонӣ ҳамкорӣ намуда, дар рушди адабиёти тоҷик нақши босазое аз худ боқӣ гузоштанд.
Дар байни шахсиятҳои зикршуда Абулҳасан Шаҳид Ҷуҳудонакии Балхӣ (с.ваф. 937-938) шоир ва мутафаккири бузург буда, бо олимони шинохтае чун Абубакр Закариёи Розӣ (865-925) баҳсу мунозираҳои илмӣ доштааст. Ӯ амирону шахсиятҳои дигари бузурги даврони сомониро дар сатҳи баланде мадҳ гуфтааст. Аз мероси Шаҳиди Балхӣ ҳамагӣ 102 байт то даврони мо расидааст, ки ҳамагӣ гувоҳи истеъдоди баланди ин тоҷики зодаи Балх ва хислатҳои илмпарварии ӯянд. Аз ҷумла, дар бораи илму адаб ва дониш шоир чунин фармудааст:
Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к
Бебаҳоӣ, валекин аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зорвор бо ту равост.
Боадабро адаб сипоҳ бас аст,
Беадаб бо ҳазор кас танҳост.
Ногуфта намонад, ки дар вафоти Шаҳиди Балхӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як марсияи ҷонсӯзе сурудааст.
Абулмуайяди Балхӣ низ аз шоирони машҳури даврони Сомониён ва аз ҳамасрони Рӯдакӣ буда, “Шоҳномаи бузург” (ё “Китоби Гаршосп”), достони “Юсуф ва Зулайхо” ва асари насрие бо номи “Аҷоиб-ул-булдон” таълиф намудааст, вале то замони мо ҳамагӣ 22 байт аз ашъори ӯ боқӣ мондааст. Ин абёти пароканда ба пуррагӣ саршор аз панду ҳикмат аст:
Далере, ки тарсад зи пайкори шер,
Зани зоҷ хонаш, махонаш далер!
***
Рав, зи каҷиҳои дарун соф бош,
Ростгарои раҳи инсоф бош.
Аз шоири дигари даврони Сомониён – Сонеи Балхӣ танҳо як рубоӣ то ба мо расидааст, ки онро муҳаққиқон дар саҳифаҳои “Таърихи Систон” пайдо намудаанд:
Хони ғами ту паст шуда, вайрон бод,
Хони тарабат ҳамеша ободон бод!
Ҳамвора сари кори ту бо некон бод,
Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод!
Миёни шоирони даврони Сомониён тоҷики дигари зодаи Балх – Маъруфии Балхӣ низ, ки Рӯдакиро “Султони шоирон” хондааст, дар рушди илму адаб дар ин замона хизматҳои шоиста намудааст. Ӯ дар эҷодиёти худ мадҳи шахсият ва фаъолияти амири сомонӣ Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ (955-962) намуда, оид ба ин мавзуъ ва масъалаҳои дигар ғазал, қасида ва байтҳои алоҳида сурудааст. Аз Маъруфии Балхӣ то мо 55 байт расидааст, ки дар онҳо мавзуъҳои лирикӣ, пандуахлоқӣ ва амсоли он инъикос ёфтаанд:
Овози ту хуштар ба ҳама рӯй,
Наздики ман, эй луъбати Фархор.
З-овози намози бомдодин
Дар гӯши ғамин марди бемор.
***
Мардумон гӯянд, к-ин ишқ салим аст, оре
Ба забони арабӣ моргазида-ст “салим”.
Бештар аз шоирони дигар аз зумраи тоҷикони Балх Абушакури Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик дар даврони Сомониён саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар ашъори худ на танҳо мадҳи амир Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ намудааст, балки дар пайравӣ аз асари бостонии ниёгони мо “Ҷовидон хирад” андарзномае сурудааст, ки минбаъд асос барои таълифи “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ (1200-1291) ва маснавиҳои дигари пандуахлоқӣ дар адабиёти тоҷик гардид. Ашъори то имрӯз боқимондаи Абушакури Балхӣ аз 429 байт иборат мебошад. Аз ин мерос зиёда аз 300 байти он аз андарзномаи шоир аст, ки бо номи “Офариннома” машҳур аст.
Аз “Офариннома”, ки саросар панду ахлоқ буда, баёнгари он аст, ки дар қатори Дақиқӣ (948/950-978-983) ва Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020) муаллифи он Абушакури Балхӣ яке аз саромадони достонсароӣ дар назми тоҷик ба ҳисоб меравад, чунин бармеояд, ки шоир на танҳо андарзҳо гуфтааст, балки алоқамандии худро ба мероси бостонии ниёгони миллати мо нишон додааст. Ҳама ин гувоҳи саҳми ин тоҷики балхӣ дар гиромидошти таърихи гузашта ва Эҳёи Аҷам мебошад. Байтҳои зерин ин нуктаро ба куллӣ собит месозанд:
Ба доноӣ фармой ҳамвора кор,
Чу хоҳӣ, ки корат бувад нигор.
Ки доно ба ҳар кор бошад тамом,
Ба доно супорад замона лагом.
Чунин хондам аз дафтари Зардиҳишт,
Ки доно бувад, бегумон, дар биҳишт.
Чанд мисоле аз эҷодиёти шоирони балхӣ, ки дар аҳди Сомониён ва замони Рӯдакӣ зистаанд, ҳамчун намуна оварда, бори дигар таъкид месозем, ки ин даврон авҷи Эҳёи Тоҷик ҳисоб мешавад, ки онро муҳаққиқи тоҷик, академик А.Турсунов «аҳди тиллоӣ» номгузорӣ кардааст. Ин олими шинохта таъкид доштаанд, ки давлати сирф миллии тоҷикӣ Сомониён аз миён рафта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангии онҳо ҷовидонӣ боқӣ монданд, зеро барандаву муҳофизатгари он “халқи пуркору пурбардори тоҷик” зинда буд. Хушбахтона, миёни ин тоҷикони пуркору пурбардор мардуми ҳар ду соҳили Омударё, аз ҷумла тоҷикони Балх буданд, ки барои рушди илму адаб ва фарҳанги миллати худ дар аҳди Сомониён хизматҳои шоиста ба анҷом расонида, имрӯз ҳам дастаҷамъона аз пайи ҳифзу нигаҳдошт ва таҳаввулу такомули ин тамададуни оламшумул саъю кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳанд.
Зиёӣ Хуршед Махшулович
доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ГУЛИ ЛОЛА «МАЛИКАИ ТАБИАТ»
Дар фарҳанги тоҷикон гули Лола бо номи «Аруси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир баробари пешрафти диду фаҳм ва муҳаббат нисбати табиату зебоиҳои он метавон онро «Маликаи табиат» номид, ки дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания, Африка мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Озорбойҷон гули Лола нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули Лола Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 хели гули Лола мерӯяд.
Тибқи иттилои гиёҳшиносон, Лола ба ду гуруҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад. Баргҳои Лолаи худрӯ нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои Лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор наъи асосӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, гули нисбатан қадкутоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гуруҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гуруҳи гулҳои Лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас - ба ҳафт гуруҳ тақсим шудааст: 1.Лолаҳои дерраси такпар, ки баръакси гуруҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон ба назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпушида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули Лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули Тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хурдагӣ ва ба Тутӣ монанди дорад; 7. Гули дерраси пурпар; г) гулҳои шаклҳои махсус дошта, ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.
Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои Лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и Лолаи Ҳоландӣ шуруъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гуруҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои Лолаи Ҳоландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳон дорад.
Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули Лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпуш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Мутаассифона, ин гули худрӯи табии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, зеро ки он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахтро дорад. Ин гули «Ороиши саҳро» дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои он бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули Лола гули ишқу муҳаббат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат мебошад ва ӯ ҳаргиз зараре ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад. Дар айни замон он дар беҳбудии ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбии инсон муассир аст. Аз ин ҷо, ин гули латифу ҳассос дар фасли сол як ду моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили кас рушаниву сурур, ишқу муҳаббатро нисбати табиату сарзамини хеш бедор намуда, вуҷуди инсонро пур аз ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ мекунад. Арои инсон басо гуворост, ки дар айёми шукуфтани гули «Арӯси сол» ва ё «Маликаи табиат» ба ин дашту саҳро ва сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии онҳо лаззат бибарад. Махсусан сурхӣ ва рангомезии гули Лола ва гулҳои нозукаки худрӯи бунафшу гулобӣ, зардаку сафедак, кабудчаву суратӣ ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ хеле бо ҳам месозанд ва табиат аз зебоии онҳо ва боди латифи насим меболад. Кудакон бошанд, аз муғчаҳои навшукуфтаи гули лола арӯсак месозанду бо шавқ байни гулу сабзаву гиёҳҳо давутоз мекунанд.
Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои гуногунранг бо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр як нури биҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Он кас бо заҳматҳову истеъдодҳои баланду бомаърифатонаи фарҳангии хеш тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо шаҳрвандон аз Он кас сипосгузорӣ мекунем.
Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон ва махсусан ронандаҳои нақлиёти мусофирбар эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мусофиронро дар истгоҳҳо пиёда кунанд, ки ба меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар кишту кошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкат меварзанд, эҳтиромро ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳои нозаруриро напартоянд ва ҳамчунин мошинҳояшонро нагузоранд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохту созҳо неъмати ӯст.
Махсусан гули Лола, ки мавзӯи баҳси мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиат нозук дораду зуд осебпазир аст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиёти ӯ аз байн меравад. Умедворам, ки хонандаҳои азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як шаҳрванди бомаърифату табиатдӯст нисбати ободиву ҳифзи табиати сарзамини хеш амал кунанд.
Чунонки дар боло гуфтем, гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи гули Лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун таъбиру тасвир ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва ғайра мавриди истифода мешуд. Ҳамчунин гули Лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла, Соиби Табрезӣ фармудаанд:
Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст,
Софу дурди ин чаман чун Лола як паймона.
Бисёр мутафаккирону шоирон барои обу ранг додан ва зебоии сухан гули Лоларо образ додаанд. Чунончи Сайидо навиштааст:
Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,
Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!
Чун барги Лола доғи маро тоза сохтӣ,
Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!
Абуабдуллои Рудакӣ – сардафтари адабиёти классикии тоҷик Лоларо бо забони ширину шево чунин васф намудааст:
Бихандад Лола ба саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост,
Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст.
Дар ҷои дигар омадааст:
Аз ҳасрати лаби ширин ҳануз мебинем,
Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.
Номи «гули Лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.
Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули Лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки тамоми рангҳоро доро мебошанд. Аз ин ҷо, гули Лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафшаӣ, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зард ва рангҳои омехта мебошанд. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули Лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовут ҳастанд. Ин се гул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад.[1] (Аммо дар асл ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.
Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.
Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳал аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои куҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои ранго-ранг мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули Лолаи худрӯи қоматбаланд буд, ки бо номи «Лолагӣ» машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули Лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯи атру тароватҳои табии хеш ба рӯҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии наву тоза ба тоза мебахшад.
Агар нигоҳе ба таърихи гули Лола андозем, нақши гули Лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши Лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули Лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули Лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз сосониҳо боқӣ монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши Лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули Лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.[2]
Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули Лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи Лола бо рангҳои мутафовут вуҷуд дорад. Дарозии қади Лолаи худрӯ бештар аз 20 см мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули Лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ ва ғ.
Гули Лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули Лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.
Навъҳои қадимии Лола аз таркиби ду навъ: Лолаи боғчаӣ ва Лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: Лолаи шинелқирмизӣ; Лолаи импературӣ ва Лолаи нилобӣ.
Ҳамин тариқ, гули Лола танҳо ду-се моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад.
Муродова Тоҷинисо
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1] Hitps://fa.wikipedia.org/wiki/
[2] Ниг.: ҳамон ҷо.
ВОҚЕИЯТИ ТОЛИБОН ДАР ЧИСТ? ИФРОТГАРОӢ Ё ШИНОХТ?
Ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва сепаратизм зуҳуротҳое мебошанд, ки дар қатори терроризм, бешубҳа ба силсилаи таҳдидҳо ба амнияти миллӣ шомил мешаванд. Ин зуҳуротҳои манфӣ ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат таҳдид намуда, миллатро ба нестӣ мерасонанд ва якпорчагии давлатро халалдор месозад.
Масъалаи мубориза ба ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир на танҳо муҳимияти худро аз даст надодааст, балки давлат ва аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда, яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз соли 2020 мафҳуми «ифротгароӣ» муайян карда шуда, гуфта мешавад: ифротгароӣ (экстремизм) - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст [4].
Қайд бояд кард, ки мафҳумҳои ифротгароӣ ва фаъолияти ифротгароӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи муқовимат ба экстремизм» баён ёфтаанд ва фаҳмиши гуногунро доранд: фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд фаҳмида мешавад [4].
Ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан вазъи дар Афғонистони ҳамсоя ба амал омада таҳдиди бештар дорад. Дар ин ҷо ҳаракати Толибон 15 августи соли 2021 пас аз фирори Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳукуматро ғасб намуда, ифротгароиро пеша доранд ва ин пеш аз ҳама ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳдид дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи таъмини мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар мутобиқат бо Конститутсияи мамлакат, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризм, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва як қатор қонунҳову санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигар ба роҳ монда шудаанд.
Чунон ки зикр шуд вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунад. Дар ҳудуди Афғонистон якчанд гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҷой гирифтаанд, ки бевосита ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид доранд. Дар баробари ҳаракати “Толибон”, ҳаракатҳои “Ансоруллоҳ”, “Хуросон”, “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳо диққати ҳукуматдорони на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб сохтаанд. Дар сафи ин ҳаракатҳои ифротгаро дар баробари террористони байналмиллалӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Инҳо намояндагони “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Акрамия”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҷамоати муҷоҳидони Осиёи Марказӣ”, “Тоҷикистони озод”, “Лашкари Тайиба”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати исломии Тоҷикистони Шарқӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки фаъолияти ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, тибқи қонун мамнуъ гардидааст.
Фаъол шудани намояндагони ин ҳаракатҳо дар Афғонистон вобаста аст ба хориҷ шудани Неруҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон, оғоз гардидани амалиётҳои низомии Толибон дар забти қудрат, бад шудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар ва суқут кардани сохтори сиёсии давлатӣ.
Заминаро барои чунин нигаронӣ Толибон фароҳам кардаанд ва ҳифзи посгоҳҳои марзии Афғонистонро дар сарҳади Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷангҷӯёни ҷунбиши “Ансоруллоҳ” супурдаанд ва ин дар ҳоле, ки ин созмон дар Тоҷикистон ҳаракати террористӣ эътироф шудааст.
Ҳарчанд сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин маълумотро рад мекунад, хадамоти махсуси Тоҷикистон таъкид кардааст, ки онҳо наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар канори Толибон меҷанганд, мушаххас кардаанд [1].
Коршиносон дар он ақидаанд, ки аз Афғонистон муҳоҷир шудани ҷанговарон метавонад, боиси муттаҳид шудани онҳо бо иштирокчиёни ҳаракатҳои маҳаллии динӣ-сиёсӣ гардад ва набардҳои алоҳидаи яроқнок характери ҷанги партизаниро гирад, ки инро дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таҷриба кардаанд.
Андрей Казантсев дар як мақолаи худ ба масъалаи “муҳоҷирати террористӣ”-и ҷангҷӯёни минтақа ишора кардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз Шарқи Наздик ба кишварҳои худ баргарданд ё ба Афғонистони ҳамсоя барои ҷанг бираванд.
“Ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Танҳо дар соли 2017 онҳо дар Амрико, Туркия, Шветсия ва Русия чаҳор ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом додаанд. Аз ин рӯ, кишвари мо мисли тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор аст, ки нагузорад ин гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон реша давонанд” [1].
Бояд зикр намуд, ки ифротгароии динӣ барои Точикистон хос мебошад ва дар лаҳзаҳои буҳронии таърихи мамлакат ҷой доштанд. Дар ҳақиқат дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 омили динӣ нақши манфии худро бозидааст, ки оқибатҳои он ҳоло ҳам дар фаъолияти ташкилоти террористии ҳизби манъшудаи наҳзати ислом зуҳур меёбад.
Миллатгароӣ низ сарчашмаи зуҳуроти ифротгароӣ мебошад. Дар як вақт ҳал кардани масъалаи миллӣ ва барқарорсозии иқтисодиёт барои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ниҳоят мушкил буд. Ҳоло берун аз ҳудуди мамлакат (бе баҳисоб гирифтани тоҷикони Тоҷикистон) беш аз 45 млн тоҷикон иқомат доранд.
Ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон ва сиёсати қавмпарастиро пеш гирифтани онҳо вазъи халқу миллатҳои бумии онро муташанниҷ гардонидааст ва дар ин самт давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хомӯширо ихтиёр намуданд. Тоҷикистон мавқеи худро нисбати сарнавишти тоҷикони Афғонистон эълон дошта, вокуниши миллӣ низ анҷом додааст.
Омадани фоҷеаи қавмӣ болои тоҷикони Афғонистон ва арзишҳои миллию таърихию фарҳангии онҳо тақозо мекард, ки Пешвои миллати тоҷикони тамоми дунё, нисбат ба он вокуниши худро дошта бошанд. Зеро ҳамагон ба таври табиӣ интизор доштанд, ки дар ин лаҳзаи фоҷеаи миллӣ болои тоҷикони Афғонистон Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ вокунише хоҳад дошт? Мавқеи қатъию ҷасуронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала ва танҳо нагузоштани тоҷикон дар ин фоҷеа бори дигар ба он мақоми муаззам мазмуни амалӣ бахшид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда мавқеи кишварро вобаста ба вазъи баамаломадаи Афғонистон чунин изҳор намуданд: "Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 дарсади мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.
Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.
Беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад" [5].
Албатта, дар ин масъала тоҷикони Панҷшер, ки ба муқовимат бархостанд, тамоми тоҷикони Афғонистон набуда, ҳамагӣ ҳудуди 1%-и онҳоро ташкил медод. Зеро ҳавзаҳои бисёр бузургтари сукунати тоҷикони Афғонистон дар Кобулу Балху Бадахшон ва Ҳироту Тахору Қундузу Парвон ва бахшҳои дигари Афғонистон мавҷуданд, ки аз онҳо камтар ном бурда шудааст. Аммо дар ин қазия Панҷшер ба рамзи мубориза ва муқовимат табдил шуда, ҳимоят аз он маънои ҳимоят аз тамоми тоҷикони Афғонистонро гирифт [3].
Вале нуктаи муҳимтар ин буд, ки мавқеъгирии расмӣ, масъалагузорӣ ва истодагии қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқу ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон бори аввал ба ин масъала расмияти ҷиддӣ дода, онро ба мавзӯи баҳсҳои калони байналмилалӣ табдил намуд.
Маҳалчигӣ ба ақидаи В.Н. Пластун амалан дар ҳама ҷо нақши на камтар аз исломгароӣ ва миллатчигиро дорад ва яке аз сарчашмаҳои зуҳур ёфтани ифротгароӣ дар Афғонистон ба шумор меравад.
Яке аз шартҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул таъсис дода шавад. Баъди ғасби Афғонистон “Толибон” ваъда дода буданд, ки ин шартро иҷро мекунанд, аммо дар саросари ҳукумат қориву муллову мавлавии қавми паштуро вазиру сарпарасту фармондеҳ ва ҳатто масъули корҳои техникиву хоҷагидорӣ таъйин карданд, ки натиҷаи он фалаҷи идоравӣ чизи дигаре буда наметавонад. Ба ғайр аз ин Толибон дар Афғонистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро манъ карданд, ҷое барои фаъолияти сохторҳои маънавию фарҳангӣ боқӣ намонданд, мактабҳоро бастанд, ба ҷойи муассисаҳои фарҳангӣ тамрингоҳҳои ҷиҳодиву муассисаҳои таҳсилоти низомӣ таъсис доданд. Артиш ва пулиси миллиро комилан аз байн бурданд ва то ҳол аъзои артишу пулиси собиқро мавриди таъқиб қарор додаанд. Ба ҷойи он афроди таълимнодида ва мактабнарафтаро қабул кардаву духтаронро аз рафтан ба мактаб манъ ва кӯдаконро пушти курсиҳои таълими ҷиҳодӣ шинонидаанд. Ҳосили ин сиёсати қавмӣ ин буда, ки Афғонистонро фақру бекории саросарӣ, гуруснагии фалокатбор, заҷру шиканҷаи мардум, таъқиб ва қатли оммавӣ, худсариву беқонунӣ, норизоятӣ ва фирор аз кишвар фаро гирад [2].
Инчунин имрӯзҳо дар фаъолияти толибон унсурҳои ифротгароии динии характери байналхалқӣ дошта мушоҳида мешаванд. Чанде пеш зимни суханронӣ дар назди уламои ислом Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон гуфт, “ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.
Иддае аз коршиносон дар ин андеша буданд, ки Толибон танҳо Афғонистонро мехоҳанд, ба ҳамсояҳои худ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ кор надоранд ботил гардид ва аз изҳороти амири Толибон ҳаминро метавон пай бурд, ки онҳо ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳод доранд.
Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ чунин иброз доштааст: “Ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Моро ба расмият шиносед!”
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Афғонистон бо ишора ба он ки бо гузашти 1 солу 7 моҳ ҳукумати Толибонро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохт, мегӯяд, роҳбари ин гурӯҳ ба қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд, онҳо дар фикри интиқоли ҷиҳод аз марзҳои Афғонистон хоҳанд буд. Ҳамчунин, ӯ ишора намудааст, ки набояд интизори ташкили ҳукумати фарогир шуд. Ҳамин ҳукумате, ки толибон доранд, онро фарогир медонанд ва мехоҳанд бо он ҷомеаи ҷаҳон созиш кунад [6].
Бо дар назардошти вазъ дар Афғонистон ва изҳороти амири Толибон ҷиҳати ҷаҳонӣ кардани ҷиҳод, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки паёми роҳбари Толибонро нодида нагиранд, зеро фаъолияти толибот собит намуда истодааст, ки дар ҳолати комёб гардидани онҳо дар Афғонистон ба Осиёи Марказӣ сар хоҳанд халонд ва аҳдофи худро барои ҷиҳод ва эҷоди Хилофати исломии ҷаҳонӣ пайгирӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки Толибон то ҳол чеҳраи воқеъии худро ба ҷомеа ошкоро нишон надодаанд ва паси парда андешаи ҷаҳонии ҷиҳод ва ташкили “Хилофати исломӣ” доранд. Изҳороти амири толибон яке аз ошкорсозиҳои андешаҳои пасипардагии онҳо дониста мешавад.
Аз ин бармеояд, ки манфиатҳои сиёсии баъзе мамлакатҳо, ташкилотҳои ҷинояткор, террористӣ ва ифротгаро дар ин ҷо бархӯрд мекунанд. Баъзеи онҳоро дар Афғонистон барои рӯзи мабодо нигаҳдорӣ ва идора мекунанд. Ғайр аз ин махфӣ нест, ки баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо “Толибон” ҳамкории фаъол доранд, сари мизи музокирот нишастаанд ва дар интизори шинохти ҳукумати “Толибон” ҳастанд.
Барои идомаи қудрати “Толибон” дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва ин гурӯҳ ба ин нигоҳ накарда кӯшиш доранд қудрати худро нигаҳ доранд. Яке аз мушкилоти асосӣ ба даст овардани қонунияти байналмилалии қудрати “Толибон” дар ҳокимияти Афғонистон аст, яъне эътирофи давлати “Толибон” ба унвони намояндаи ҳукумати Афғонистон аз ҷониби кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. То ҳол ягон ҳукумат ё созмони байналмилалӣ аморати “Толибон”-ро эътироф накардааст. Ҳукуматҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои эътирофи аморати “Толибон” шартҳо пешниҳод кардаанд. Таъсиси ҳукумати фарогир, эҳтироми ҳуқуқи башар ва занон, иҷозаи тарки Афғонистон, қатъи равобит ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа мебошад.
Бо дувумин мушкилоте, ки ҳукумати “Толибон” рӯ ба рӯ аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Афғонистон бо он алоқаманд аст. Иқтисодиёти Афғонистон комилан ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ вобаста аст. Баъди ба қудрат расидани “Толибон”, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Асъор ва аксари кишварҳои аврупоӣ кӯмакҳои худро ба Афғонистон қатъ кардаанд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пулҳои ҳукумати Афғонистонро бастааст. Аз нигоҳи амалӣ, “Толибон” ҳукумати Афғонистонро ташкил медиҳанд ва барои таъмини ниёзҳои аслии мардум масъуланд. Бо гузашти рӯзҳо мардуми Афғонистон фақиртар шуда, “Толибон” барои ҳалли ин мушкил ҳеҷ коре ҳам карда натавонистанд ва интизори фаъол шудани кӯмакҳои байналмилалӣ ва Амрико ҳастанд. Мушкилоти иқтисодии Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки “Толибон” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак бигиранд.
Агар ҳукумати «Толибон» барои эътирофи шартҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа ба миён гузоштааст, иқдомоти ҷиддие биандешанд ва кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон идома ёбад, имкони таъмини сулҳу амнияти нисбии Афғонистон имконпазир аст. Дар акси ҳол, дар баробари талафоти калони инсонӣ, ки бар асари фақру гуруснагӣ ба вуқуъ пайвастааст, эҳтимоли дубора ба лонаи терроризм табдил ёфтани Афғонистон, ишғол шудан ва дучори ҷанги шаҳрвандии дигар гардидани он низ вуҷуд дорад. Ҳоло дар Афғонистон дар қудрат “Толибон” ҳастанд ва аз назари фаъолони дохилӣ ва хориҷӣ интихоб дар дасти “Толибон” аст ва онҳо Афғонистонро ба кадом самт мекашида бошанд, вақт муайян мекунад.
АДАБИЁТ
“Толибон” дар кохи президенти Афғонистон. Сарнавишти "толибони тоҷик" чӣ мешавад? https://www.ozodi.org/a/31411776.html
“Толибон” дар ҳолати омодабоши ҷангӣ бо Тоҷикистон қарор дорад https://www.imruz.tj/tj/articles/27882/
Абдуллоҳи Р. “Мавқеъгирии Тоҷикистон вокуниши табиӣ ва зарурӣ буд” http://javonon.tj/.../abdullo-i-ra-namo-mav-egirii-to.../
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи муқовимат ба экстремизм». ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1655.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд https://mfa.tj/.../prezidenti-jumhurii-tojikiston-emomali...
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад? https://www.asiaplustj.info/.../ushdor-ba-aon-va-tasisi...
Қудратзода Комрон Абдунабӣ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ЗАНОНИ АФҒОНИСТОН АЗ ОДИТАРИН ҲУҚУҚҲО МАҲРУМАНД
Режими Толибон дар Афғонистон занонро аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур мекунад. Ҳоло занони афғон дигар иҷозаи кор дар СММ надоранд. Вазири рушди олмон Шултсе дар бораи зарари «бузург» дар кишвари Афғонистон сухан меронад.
Свеня Шултсе, вазири рушд аз Толибони тундрави исломӣ хостааст, ки мамнуияти кори занони афғон дар Созмони Милалро мавриди баҳс қарор диҳад. Сиёсатмадори SPD ба шабакаи таҳририяи Олмон чунин иброз намуд: "Ҳеҷ гоҳ кишваре кӯшиш накардааст, ки занонро аз Созмони Милали Муттаҳид манъ кунад". "Ин боз як падидаи номуносиб аст." Чунин мамнуият на танҳо ба занҳо, балки ба рушди тамоми кишвар зарар дорад.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки Толибони ҳоким ба занони афғон амр додаанд, ки дигар дар онҳо кор накунанд. Исломгароён аз моҳи декабр ба истиснои бахшҳои беҳдошт, маориф ва ғизо кор кардани занони афғон дар созмонҳои ғайридавлатиро мамнуъ кардаанд. Ин мамнуият боиси вокунишҳои шадиди байналмилалӣ гардид.
Шултсе ба тарафдории он сухан ронда, баён кардааст, ки ба кадри имкон дастгирӣ кардани занону духтарони афғон давом дода шавад. Дар лоиҳаҳои рушд дар Афғонистон бо занон аксар вақт танҳо аз ҷониби занони корманд муроҷиат карда мешавад.
Дар вазорати хориҷаи кишвар гуфта мешавад, ки мамнуият "бо шадидтарин шартҳо" маҳкум хоҳад шуд. Олмон бо шарикони худ амалҳои минбаъдаро ҳамоҳанг мекунад, то барои ғамхории мардум ҳарчи бештар имтиёз дошта бошад.
Интиқод аз тамдиди маҳдудият аз Иттиҳодияи Аврупо низ садо дод. Сухангӯи Комиссия Питер Стано дар Твиттер дар бораи "қарори даҳшатовар" сухан гуфт.
Аз замони ба даст овардани қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, Толибон, пеш аз ҳама, ба далели маҳдуд кардани густурдаи ҳуқуқи занон, таҳти интиқоди байналмилалӣ қарор гирифтанд. Масалан, мактабу донишкадаҳои олии духтарон акнун ба рӯи занҳо бастаанд ва занон дигар касбу хунари зиёде надоранд.
Созмони имдодрасонии Care аз бадтар шудани буҳрони башардӯстона дар кишвар ҳушдор дод. "Табибони бидуни марз" муқаррароти навро як қадами минбаъда "дар кӯшиши муназзам барои хориҷ кардани занон аз тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ" номид.
Вазорати хориҷаи Фаронса ҳамчунин мамнуияти кори занон дар СММ-ро маҳкум кард: "Толибон бо ин мамнуияти нав вазъи мардуми Афғонистонро, ки алакай бо буҳрони бесобиқаи башарӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ аст, бадтар мекунанд."
Ин фоҷеаи нангин дар ягон кишвар дида нашудааст. Аз замони мамнуъ шудани кори занони афғон дар моҳи декабр, бисёре аз созмонҳои имдодрасонӣ кори худро қатъ карданд ва ё танҳо ба миқдори маҳдуд метавонанд корро идома диҳанд. Ба гуфтаи Роза Отунбоева, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Афғонистон, дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид ҳеҷ гоҳ мамнуияти қобили муқоиса барои кори занон вуҷуд надоштааст.
Ба гуфтаи намояндагии СММ дар Афғонистон, ба кормандони мард ва зан дастур дода шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ба кор ҳозир нашаванд. Созмонҳои имдодрасонӣ аз паёмадҳои кӯмакҳои башардӯстона изҳори нигаронӣ карданд.
Сухангӯи “Созмони хйриявии башардӯстона” Симон Потт ба Хадамоти матбуоти Инҷилӣ гуфт, вазъ аллакай шадид аст. Бе коргарзанон ва фаъолияти занону духтарони Афғонистон дигар ба таври бояду шояд кишвар вуҷуд дошта наметавонад.
Ба миллионҳо афғонҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи СММ, Афғонистон бо буҳрони бесобиқаи башардӯстона рӯбарӯ аст. Аз ин рӯ, зиёда аз 28 миллион нафар аз тақрибан 43 миллион аҳолӣ аз дастгирӣ вобастаанд. Шаш миллион нафар одамон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд. Созмонҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз қабили Барномаи ҷаҳонии озуқа дар таъмини мардум нақши муҳим доранд.
Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи федеролӣ, он соли гузашта ба Афғонистон ҳудуди 330 миллион евро кӯмаки башардӯстона ироа кардааст. Кӯмак танҳо тавассути созмонҳои имдодрасонӣ сурат гирифтааст
Воҳидова Санавбарбону,
д.и.т., профессор
мудири шуъбаи
Аврупо ва Амрико