joomla
free templates joomla

ИТТИЛОИЯ

   Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки рўзи 23 майи соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Сармояи инсонӣ омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
Рушди неруи инсонӣ – ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақши неруи инсонӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар Тоҷикистон
Хамкории иҷтимоии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
Омилҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
Нақши маориф ва илм дар ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
Омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ
Сармояи инсонӣ ва масъалаҳои фирори зеҳнҳо дар Тоҷикистон
Масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Ҷавонон ҳамчун неруи меҳварии рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон
Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Макони баргузории конференсия: Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ ва ё ҷузъи маҷаллаи Институт чоп мешавад. Ҳангоми омоданамоии матни мақолаҳои илмӣ бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:
саҳифаи А 4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
таҳриргарҳои MS WORD 2003-2007, ҳарфҳои шакли Times New Roman, Times New Roman Тj, ҳаҷми ҳарфҳо 14 кегл;
фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;
ҳаҷми матни маърўза бо формула, расм, ҷадвал ва рўйхати адабиёт набояд аз 10 саҳифа зиёд бошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаҳоро то 10 майи соли 2023 ба суроғаи зерин ирсол намоед:
734025, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи ба Баҳоваддинови АМИТ (Шоисматуллоев Ш. ва Саидов А.)
Телефон барои тамос: (+992) 93-508-68-78; 93-116-61-85. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Кумитаи тадорукот

Робитаҳои гуманитарӣ ва илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
     Яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир таъмини рушди устувор маҳсуб меёбад. Ин масъала дар қаринаи фазои геополитикӣ мазмун ва моҳияти махсус ба худ касб намуда, ҷавҳари онро таъмини амнияти саросарӣ ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки чунин рушди устувор ва амнияти саросарӣ бидуни робитаҳои густурдаи илмиву фарҳангӣ ғайриимкон мебошад. Ин аст, ки имрӯз мо ба равандҳои густурдаи ҳамгироӣ зарурат дорем. Танҳо аз ҳамин лиҳоз ва бо ҳамин роҳ мо метавонем дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушди устувор ва амнияти саросариро таъмин намоем. Маҳз дар ин замина робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон рӯ ба инкишоф ниҳода, дар беҳтар амалӣ шудани нақшаҳои созандаи ҳамгироӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилан судмандро бо Туркманистон дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстиву бародарӣ ва шарикӣ, инчунин мавқеъгирии якҷоя оид ба масъалаҳои мубрами байналхалқӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда истодааст.
Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Туркманистон тақозо мекунанд.
Роҳбарияти Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо намоиш додааст.
Аз лаҳзаи барқарор гаштани муносибатҳо ва ҳамкориҳои гуногунҷанба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи онҳо дар маркази диққати сарони ҳар ду давлат қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо Туркманистон муносибати худро дар самтҳои гуногун бисёр ривоҷу равнақ дода, ба дастовардҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мушарраф гардида истодааст.
Зикр намудан зарур аст, ки ин авомил боиси он гаштааст, ки сиёсати минтақавии ин ду кишвар бо назардошти ба ҳам монанд будани таҳдидҳо дар ҳифзи манфиатҳои миллии тарафайн ба ҳам наздик аст.
Аз ин ҷост, ки дар аксари чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ ин ду кишвар якдигарро дастгирӣ менамоянд. Ин нишонаи он аст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Туркманистон на танҳо дӯст, балки як шарики муҳим, ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Қобили тазаккур аст, ки дар Туркманистон аз қадимулайём ба адабиёти форсу тоҷик эҳтиром доштанд. Асосгузори адабиёти классикии туркман - Махтумқулӣ асарҳои адибони классикии форсу тоҷик, аз ҷумла шоҳкориҳои Умари Хайёмро на танҳо дақиқкорона омӯхтааст, балки дар эҷодиёти худ истифода намуда, ба бисёр шеърҳои шоирони классикӣ низ назира ҳам гуфтааст. Дар давраи шӯравӣ хонандагони туркман бо осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон тавассути тарҷумаи русии онҳо ошно гардида буданд. Баъдтар повестҳои «Бухоро» ва «Мактаби кӯҳна»-и С.Айнӣ, достони «Ҳасани аробакаш» - и М.Турсунзода, достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и М.Миршакар ва дигарҳо ба забони туркманӣ баргардонида шуданд. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибатҳои кишварҳои тоҷику туркман хусусияти сифатан навро касб намуданд.
Ҳадаф аз доир гардидани сафарҳои мутақобила ин ҳал намудани масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб муфид мебошад.
12 октябри соли 2001 дар шаҳри Ашқобод Маркази фарҳангӣ ва сафоратхонаи Эрон дар якҷоягӣ бо сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон маъракаеро гузарониданд, ки мақсади он аз баргузории чорабинии фарҳангӣ бо номи «Рӯзҳои бузургдошти Ҳофиз» буд. Ба ифтихори ин ҳодисаи муҳимми фарҳангӣ буклети хеле зебо оро дода шуда бо унвони «Ҳофизнома» интишор гардид. Буклет бо маводи рангорангу ғании ёддоштҳои мутафаккирони ҷаҳон дар бораи ин шоири бузурги тоҷик зиннат дода шудааст.
Соли 2003 Маркази фарҳангии Эрон дар Туркманистон асарҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Синоро дар ду ҷилд ба забони русӣ ба табъ расонид. Зикр намудан боиси ифтихор аст, ки ин асарҳоро олими маъруфи тоҷик, профессор, доктори илмҳои филология Саидраҳмон Сулаймонов тарҷума кардааст ва Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба чоп омода намудааст.
Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони сафоратхона ва олимони тоҷик оид ба тарғибу ташвиқи ҳаёт ва эҷодиёти адибону мутафаккирони форсу тоҷик дар Туркманистон кори бузургеро ба анҷом расонданд.
Нахустсафари Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2007 ба вуқуъ пайваста буд, ки дар он масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Воқеан, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон муносибатҳои бародарона доранд. Собиқ президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов зимни баромадҳояш борҳо чунин таъкид намудааст: «Дӯстии мо аз санҷиши вақт бо сари баланд гузашта, бо таҷрибаи муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд ва самаранок дар давраи ташаккулёбӣ ва рушди истиқлолияти кишварҳоямон мустаҳкам гардидааст».
Аз ибтидо пойдевори муносибатҳои дуҷониба бо ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар асос ёфтанд ва имрӯз алоқаи байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва ғ. бомуваффақият густариш меёбад. Хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин ҳузури ҳамешагии рӯҳияи эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии дорои хислати аҳамияти мутақобила мебошад. Маҳз шартномаҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки низоми мураккаби муносибатҳои гуногунҷанба ба танзим дароварда шаванд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.
Барои ҳарчи зудтар муваффақ гардидан ва даст ёфтан ба ин ҳадафҳо, ҳарду ҷонибро мебояд, ки ҳарчи бештар аз пайи иҷрои онҳо шаванд.
Равобити фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор созанда аст. Дар равобити фарҳангӣ ва илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санаду созишномаҳое ба имзо расидаанд. Албатта ҳамаи ин санадҳо гувоҳ аз онанд, ки равобити фарҳангӣ ва илмиву техникии кишварҳои мазкур дар сатҳи олӣ қарор доранд.
Омӯзиши томи ташаккул ва таҳаввули равобити минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон ва Туркманистон дар замони имрӯза собит месозад, ки баъди эълони истиқлолияти ду кишвар дар таърихи тӯлонии равобит ва ҳамкориҳои ду халқи дӯст даврони сифатан нав, даврони барқарории ташаккул ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи давлатҳои соҳибистиқлол оғоз гардид.
Муносибатҳои ду кишвари бо ҳам дӯст ва шарик дар соҳаи фарҳанг дар сатҳи баланд қарор дошта, бо ибтикороти тарафайн рӯзҳои фарҳангии кишварҳо баргузор мегардад.
Соли 2010 Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, худи ҳамон сол рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди таъкид аст, ки моҳи июни соли 2013 дар Ашқобод зимни оғози расмии сохтани роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки теъдоди зиёди донушҷӯёни туркман дар донишгоҳҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки барои рушду равнақи муносибатҳои илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар “Ҷамъияти туркманҳои ҷаҳон” ташкил карда шудааст.
Дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо саҳму азми сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсамтаи тарафайн бо фарогирии манфиатҳои миллии ҷонибҳо мусоидат намуда истодаанд. Мавриди тазаккур аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангир (Дӯстӣ), Қабодиён, Шаҳритус ва Рудакӣ шаҳрвандони туркмантабор зиндагӣ доранд ва якчанд мактабҳои ба забони туркманӣ фаъолиятдошта низ арзи вуҷуд дорад. Хатмкунандагони онҳо дар макотиби олии ҳарду кишвар ҳаққи таҳсилро доранд. Ҳукумати Туркманистон барои туркмантаборони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мактабҳои таҳсилоти миёна сохта, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ таъмин кардааст. Дар донишгоҳҳои кишварамон теъдоди зиёди донишҷӯёни туркман дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ таҳсил мекунанд.
Дар умум метавон гуфт, ки ҳарду кишвар нуктаҳои омӯзишро дар робитаашон ёфтаанд ва чунин ҳамкориҳои судманд низ дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои дутарафаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илм, маориф ва соҳаҳои дигари гуманитарӣ саҳифаҳои нав хоҳад кушод. Дар оянда низ ин ду кишвар ҳамкориро натанҳо дар самти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ ва савдо ба роҳ мемонанд, инчунин муносибатҳоро дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ду кишвар рушду инкишоф хоҳанд дод.

Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ

 

 

 

  Амнияти озуқаворӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки 27.11.2014сол таҳти №1158, қабул карда шуд, самтҳои асосии сиёсати ҶТ-ро дар доираи таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҷузъи бехатарии давлат вобаста ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ба танзим медарорад. Тибқи қонун, дар доираи самтҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва мустақилият инҳоянд:
таъмин намудани истеҳсоли ашёи хоми кишоварзӣ ва ғизои тайёре, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва қоидаҳо ҷавобгӯ мебошанд;
таъмин намудани воридоти бехавф тибқи талаботҳои регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва қоидаҳо;
мониторинги вазъи бозори озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ;
   Бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (таҳти №108 аз 30.11.2015 сол) дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи бехатрии биологӣ» таъсис дода шуд.
Мақсади озмоишгоҳ:
Коркард ва истифодабарии усулҳои нави ташхис барои ошкор намудани агентҳои биологӣ, токсинҳо ва олудакунандагони химиявӣ дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва зироатҳои кишоварзӣ, мониторинги марҳилаи имконпазири сироят дар занҷири истеҳсол бо мақсади ташкили минбаъдаи модели баҳодиҳии экосистемаҳо ва хатарҳо дар ин самт мебошад.
Вазифаҳои озмоишгоҳ:
Таъсиси махзани маълумот ва тавсияҳо оид ба ташкили минбаъдаи моделҳои таҳлили экосистема ва хатарҳо.
Истифодаи технологияҳои таҳияшуда барои ошкор кардани моддаҳои кимиёвӣ ва токсинҳо дар ғизо ва додани маслиҳат ба мақомоти расмии танзимкунанда оид ба чӣ гуна коҳиш додани олудашавии эҳтимолии ғизо бо моддаҳои кимиёвӣ ва токсинҳо;
Кумак намудан ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони маҳаллӣ барои сертификатсия кардани маҳсулоти озуқаи содиротии худ мутобиқи стандартҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ) ва Созмони озуқа ва кишоварзии (СММ).
Ташхисҳое, ки дар озмоишгоҳ гузаронида мешаванд:
Назорат оиди мубориза бар зидди моддаҳои биологӣ ва токсинҳо, ки метавонанд ба зироатҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ таҳдид кунанд, инчунин таҳияи усулҳои экспрессӣ муайян кардани онҳо;
Муайян кардан ва мониторинги агентҳои патогенӣ, ки аз намунаҳои хок ва оби минтақаҳои кишт гирифташудааст;
Таҳлили заҳролудшавии кимиёвии маҳсулоти хӯрокворӣ: муайян кардани ионҳои нитрат ва нитрит дар маҳсулоти гӯштӣ; муайян кардани унсурҳои заҳрноки Zn, Cd, Pb, Cu, Co, As, Fe, Al дар маҳсулоти хӯрокворӣ, об ва ҳаво дар ҷои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ; муайян намудани ифлоскунандаҳои органикии доимӣ (пеститсидҳо ва диоксинҳо) дар маҳсулоти хӯрокворӣ;
Таҳлили ифлоскунандаи биологӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ: муайян кардани микотоксинҳо, антибиотикҳо, гормонҳо ва стимуляторҳо, инчунин муайян кардани аллергенҳо (иммуноглобулин Е);
Баҳодиҳии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз технологияҳои нав ба монанди тағирёбии генетикӣ ба даст омадаанд;
Муайян кардан ва ошкор кардани маҳсулоти ГМО.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Институти тиҷорат ва технологияи Гансу Чин
Донишгоҳи Ланчжоу (Lanzhou University) Чин
Институти генетика ва ситологияи Академии милии илмҳои Ҷумҳурии Беларус
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид — (ФАО)
Созмони умумиҷаҳонии тандурусти (WHO)
Барномаи рушди СММ (ПРООН)
Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)
Донишгоҳи давлатии аграрии ш.Қазон, Россия
Маркази байналмилалии илм ва технология (МБИваТ)
Институти Давлатии Байналмилалии ба номи. А.Д. Сахарова, ш.Минск, Ҷумҳурии Беларус
Созишномаҳои ҳамкорӣ:
Феврали соли 2018 Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни «Институти тиҷорат ва технологияи Гансуи» Ҷумҳурии халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба имзо расид
30 –уми марти 2018 – Ҷаласаи якуми Шӯро байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гашта, созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
11-уми июли соли 2019 – Созишнома дар бораи таъсиси озмоишгоҳи муштараки таҳқиқоти бехатарии маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистону Чин дар пойгоҳи Озмоишгоҳи бехатарии биологии ИБФ ва ГР АМИТ ба имзо расид.

 

 

 

СОХТОРИ ХИРАДИ ИНСОН ТИБҚИ НИГОҲИ АНТРОПОЛОГӢ

Мутаваҷҷеҳ бошед!
   Аввалан, бояд мутазаккир шуд, ки анропологияи фалсафӣ тибқи меъёрҳои фалсафаи постмодернизм чун асоси тамоми илмҳои инсонӣ баррасӣ мешавад.
Аз ин хотир, ҳамоиши илмие, ки дар мавзуи "Нигоҳи антропологӣ ба сохтори хиради инсон" дар санаи 03.05.2023, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад, ба масоили интеллект ва вижагиҳои ҷомеаи истеъмолӣ дахл хоҳад кард.
Дар ҳамоиши мазкур доктори илмҳои фалсафӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ, директори Маркази антропологияи АМИТ, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ маърӯзаи илмӣ пешниҳод менамояд.
Организми зинда худ дар фазо ва вақт ҳаракат намекунад, балки онҳоро ба ҳаракат медарорад ва нуктаи асосӣ таҷрибаи дарки он ва таҷрибаҳои муҳити зист мебошад. Ягонагии ҳаракат ва идрок моҳияти амали биологиро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, падидаи ҳаёт умуман чун як раванди даврӣ қабул мешавад.
Ба назар гирифтани рафтори инсон ногузир суолеро ба миён меорад, ки мағзи сар дар он нақш мебозад. Ҳеҷ яке аз назарияҳои мавҷудаи фаъолияти майна робитаи онро бо ҳаёти равонии инсон шарҳ намедиҳанд. Майна на абзори рафтор, балки муҳаррики ҳаёти фард аст, ки муҳити ҳайвонро ба олами инсон табдил медиҳад. Ба шарофати фаъолияти ҳамаҷонибаи майна одам худро ҳам ҳамчун ҷисм ва ҳам ҳамчун шахс дарк мекунад, метавонад ҳамзамон ҳам дар воқеияти худ ва ҳам дар ҳадди худ зиндагӣ кунад.

ТАШКИЛИ САҲЕҲИ РАВАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ – АСОСИ РУШДИ СОҲА ДАР АСРИ XXI

   Бояд қайд намоем, ки ҷаҳони муосир дар даҳсолаҳои охир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ мекунад ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди саноати кишварҳои ҷаҳон соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонуниятҳои нави хоса ба замони муосир рушд карда истодаанд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонуниятҳои рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбӣ ба даст оварда шаванд. Яъне қонуниятҳои рушди илми муосир аз чунин равандҳои одатшудаи асри гузашта, ки бо услубу коргузории бомаром мешиносем ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Ҳоло бошад, рушди бошитоби технологияҳо ва талаботи ҳамарӯза рушдкунандаи бозори маҳсулоти илмию зеҳнӣ водор менамояд, ки услуб ва сатҳи масъалаҳои ташкили илм низ доимӣ рушд намояд ва ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ бошад. Аз даврони иттиҳоди шуравӣ танҳо сифати таҳқиқотро ҳамчун намунаи сатҳи пажуҳиш қабул намуда, тарзи ташкили равандҳои илмиро ба таври бефосила бо дарназардошти имконияту потенсиали хосиятҳои ҷаҳонишавӣ ба равандҳои таҳқиқоти илмии ҷаҳонӣ мутобиқ намудан самараи хуб хоҳад дод.
Яке аз роҳҳои амалӣ намудани идеяҳои муосири дар боло қайдшуда – ба роҳ мондани ҳамкории саҳеҳи илмӣ бо марказҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин маврид барои рушди илми ватанӣ мусоидат ва равона намудани потенсиали олимони тоҷик низ, ки дар лабораторияҳо ва донишгоҳҳои кишварҳои пешсаф фаъолият мебаранд ба манфиати кор хоҳад буд. Ин буд, ки дар алоқаманди бо физикдонҳои ҷавони тоҷик, ки дар кишарҳои хориҷӣ фаъолият мебаранд аз ҷониби Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови ва марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қатор ташаббусҳо оид ба кишвар ворид намудани технологияҳои муосир амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар соли охир гуфтушунид бо Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи вилояти Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой (CQUPT – Chongqing University of Posts and Telecommunications) дар мавзуи таъсиси маркази байналмилалии коркарди маводҳои нанокомпозитии инноватсионӣ ҷараён дошт. Вобаста ба ин ба донишгоҳи мазкур олимони соҳаи физикаю математика барои баррасии бевоситаи роҳҳои амалигардонии ҳамкории самараноки илмӣ таклиф карда шуданд. Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар мавзуъҳои коркарди додаҳои калон, моделсозии дуҷонибаи омезиши онҳо ва ҳисоббарории когнитивӣ, зеҳни сунъӣ ва идоракунии додаҳои калон дар шароити иттилооти нопурра ва истифодаи ҳисоббарории зеҳнӣ дар маводшиносӣ ва муҳандисӣ баррасӣ гардиданд.