joomla
free templates joomla

ТАДБИРҲОИ НАВ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТҲО

   Имрӯз (06.02.2024) дар маҷлисгоҳи академия вохӯрии нахустини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов доир гардид. Нахуст Президенти Академия профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз ҳисоботи пешниҳоднамудаи роҳбарияти институт натиҷагирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Низомномаи институт ба масъулини институт дастурҳои мушаххас дода таъкид намуданд, ки камбудиҳои ҷой дошта дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шаванд.
  Ҳамзамон зимни суханронӣ масъалаҳои зерин аз ҷониби роҳбарияти академия мавриди баррасӣ қарор дода шуд: Риояи интизоми меҳнат, баромади олимони академия тариқи ВАО оид ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешниҳоди ҳисоботҳои мукаммал аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида, омода намудани мутахассисони ҷавон (номзад), ба танзим даровардани тақсимоти сарбориҳо, мақсаднок истифодаи лоиҳаҳо, нав кардани таҷҳизотҳои корӣ компютер, мизу курсӣ, ҷевон, омода намудани шароит дар утоқҳои корӣ, навиштани мақолаҳои тақризшаванда ва расонаӣ намудани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷоннок намудани кор дар самти магистратура ва докторантура, фаъол намудани шуроҳои дисертатсионӣ дар институт, баргузории конференсияҳо, мизи мудаввар, семинарҳои илмӣ тариқи онлайн, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва тарбиявӣ дар мавзуҳои мубрами рӯз, омода намудани мутахассисони ҷавон барои бозори меҳнат аз ҳисоби магистрантон ва докторантон, баргузории соатҳои сиёсӣ ва маҳфилҳои инфиродӣ барои омӯхтани донишу маҳорати олимон, расонаӣ намудани муваффақиятҳои институт, маблағгузории сафарҳои хизматӣ тибқи қонунҳои муайяншуда, ҷалби профессорон аз хориҷи кишвар, чораҷӯиҳо барои боз ҳам баланд бардоштани илми тоҷик, иштироки фаъолона дар баргузории шанбегиҳо, дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат баҳри тозаву озода ва сабзу хуррамгардонии ватани азизамон, тақвият бахшидани кор дар самти занон.
  Дар интиҳо роҳбарияти институт ва устодону кормандон суханронӣ намуда, барои дар оянда ҷоннок намудани фаъолияти институт ва бартараф намудани камбудиву эродҳои мавҷуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

МАФҲУМИ «ТЕРРОРИЗМ». МАЪНОИ АСОСӢ ВА МОҲИЯТИ ОН ДАҲШАТАФКАНӢ БУДА, МУҚОБИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ МАРДУМ АСТ.

   Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин матлаб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид.

  Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОН дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, доир ба ин мавзуъ чунин изҳори андеша намудааст:
— Дарвоқеъ, вобаста ба пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мо бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва ташвиқотиро аз оила шуруъ намуда, то мактабу дигар ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намоем.
Мафҳуми «терроризм» имрӯз дар фаҳмиши мардум бо шаклҳои гуногун шарҳу баён дода мешавад, аммо маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст, ки бо дигар мафҳумҳои номатлуб ба монанди «террор», «фаъолияти террористӣ» ва «ҳаракати террористӣ» алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, барои муқовимат намудан ба терроризм, пеш аз ҳама, муайян намудани дараҷа ва табиати он заруриат пайдо намудааст. Аз ин ҷо мо бояд дар мадди аввал зуҳуроти терроризмро ҳамчун меготерроризм ё ин ки терроризми умумӣ шиносем, зеро ба меготерроризм боз кибертерроризм, биотерроризм, терроризми равонӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ низ дохил мешаванд.
Дуюм, терроризм дар сатҳи байниминтақавӣ низ мавҷуд аст, ки онро ҳамчун терроризми трансмиллӣ медонанд ва он дар худ терроризми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ, идеологӣ, миллӣ ва ҷиноятиро муттаҳид менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки муайян намудани дараҷа ва табиати терроризм барои пешгирӣ намудан ва баргузор намудани чорабиниҳои мақсадноки муқовимат ба он муҳиммияти хосса дорад. Зеро «террор» ҳамчун методи муборизаи сиёсӣ ва ё истифодаи қувваи зӯрӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, даҳшатангезӣ ба мардум ва шахсиятҳои алоҳида аллакай муайян гардидааст.
Методи зӯроварии террористону экстремистон дар ҳама ҳолат барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ба намояндагони ҷониби мухолиф ё аҳолии осоишта равона мешавад. Барои онҳо оила, миллат, дин, мазҳаб, ахлоқ, раҳму шафқат вуҷуд надорад, чунки мақсадашон бештар дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони худ ҳаллу фасл меёбад.
Барои пешгирӣ намудани амалҳои террористию экстремистӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сафи пеши мубориза қарор дорад ва корҳои зиёдеро ҳам ба анҷом расонидааст.
Инъикоси ин дар натиҷаи амалӣ намудани «Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дарҷ гардида, заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ нибати ин зуҳурроти номатлуб гузошта шудааст.
Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон, санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеа Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст.
Яке аз ташаббусҳои дигари сатҳи ҷаҳонии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар шаҳри Душанбе баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» буд, ки соли 2019 доир шуд.
Дар ин ҳамоиши бузург зиёда аз якуним ҳазор меҳмон ва олимону пажӯҳишгарони мамлакатҳои дуру наздик иштирок намуда буданд.
Мавриди тазаккур аст, ки зуҳуроти терроризм имрӯз як фаъолиятест, ки дар асоси принсипҳои зӯроварӣ ва ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани одамон, даҳшатафканӣ, тарсонидан бо куштор ва қатли умумиро дар бар мегирад, ки аз ҳама хатарноктарин шакли ноустувории сиёсии ҷомеа мебошад. Муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ ин оромӣ ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар вазъияти имрӯза, сабаби асосии рушди терроризмро муҳаққиқони ватанӣ бештар дар идеологияи сиёсӣ-динӣ ва дигар фаҳмишу андешаҳои зӯроварӣ медонанд, ки асоси фаъол гардидани зуҳуроти терористӣ ё амалҳои ҷудогонаи он, ба монанди ташкил намудани ташкилотҳои террористӣ бо таъмини таҷҳизот ва дигар неруҳо аз ҷониби бегонагон мебошад.
Махсусан, мақоми мафкураи сиёсиро ҳамчун унсури маърифатӣ дар ташаккули таҷрибаи сиёсӣ ва сатҳи рушди сиёсии мардум тақвият бахшида, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани терроризм ва экстремизмро дарёфт намоем. Зеро ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои мамлакати мо нуқтаи асосии пайдоиши талабот ҷиҳати ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Дар айни ҳол, фаҳмиши манфиатҳои миллӣ дар байни оммаи мардум ҳамчун ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, идеология, таҳкими демократия муҳиммияти махсус пайдо намудааст. Зеро масъалаи сармояи инсонӣ ва таълиму тарбияи шахси ҳаматарафа ташаккулёфта, ватанпарасту миллатдӯст асоси ҳифзи манфиатҳои миллиро ташкил менамояд. Бубинед, боғу роғ, заводу фабрика, кӯчаву шаҳр ва дигар ҳама чизҳоро сохтан мумкин, аммо инсонро сохтан мушкил аст. Махсусан, таъсири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, равандҳои мағзшуӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба таври манфӣ нишон додани имиҷи ин ё он миллату мамлакат кори ҳаррӯзаи қувваҳои бадхоҳ дар фазои иттилоотӣ шуда истодааст, ки ба рушди ҷомеа беасар монда наметавонад.
Ҷойи баҳс нест, ки хавфу хатар ва таҳдидҳо дар ҷомеа инсонҳоро ба дарки зиндагии якҷоя барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ҳаётан муҳим водор месозанд. Вале пайдо шудани таҳдиду хавфҳои «репутатсионӣ» барои паст задани обрӯ ва имиҷи миллату давлат дар як соли охир дар фазои иттилоотӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки боиси нигаронист.
Баъзе коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи асосӣ терроризми муосирро нишон доданӣ мешаванд ва авҷи онро ба давлатҳои алоҳидаи абарқудрату минтақаи алоҳида ва ё созмону ташкилоти террористӣ нисбат медиҳанд
Аз ин рӯ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва вокуниш ба туҳмату дуруғпардозиҳои ноошноёни миллат дар фазои иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва мақому мартабаи Тоҷикистони азиз зарурати навро пайдо намуда истодааст. Бинобар ин тайёр намудани мутахасисони касбӣ дар самти мубориза ба экстремизму терроризм тавассути шабакаи интернет имрӯз масъалаи хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар ҳамсоямамлакати мо як идеологияи хушунатомезонае нисбати тоҷикон пайдо гардидааст, ки рӯз то рӯз ноошноёни миллати мо кўшиш менамоянд дар ҳама бархўрдҳои даҳшатангез тоҷиконро ба таври манфӣ муаррифӣ намоянд. Ҳатто дар идеология ва фаъолияти онҳо даъвати тоҷикон барои ин ё он амали номатлуб бартарӣ пайдо намудаст.Чунин идеологияи пасипардагӣ, пеш аз ҳама, барои бадном намудани миллат дар арсаи байналмилалӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамин тавр, дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон муқовимат ба терроризм ва экстремизм самти афзалиятноки мафкураи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон масъалаи устуворгардонии мавқеи шахс, мақому манзалати он дар сатҳи маърифатнокӣ, ватанпарварӣ ва худогоҳӣ бояд дар ҳама самтҳо ба инобат гирифта шавад.
Муқовимат ба терроризм ин тадбирест барои таъмину таҳкими амнияти миллӣ, ки аз мафкураи сиёсии давлатӣ ва дастгирии шаҳрвандони мо вобастагӣ дорад. Устувор нигоҳ доштани ин фазо дар шароити соҳибистиқлолӣ бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва пазируфта шавад.

 

 

 

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ “ХИРАДМАНДОН”- И ҲХДТ ДАР АМИТ

   Возможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 3 человека и отдел новостей

  Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

   Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар оғози ҷаласа Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.
   Дар бахши аввал директори институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.
   Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.
   Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.
  Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
 
Возможно, это изображение 8 человек, помост и текст

 

 

 

САЙЁРАИ ҚОҲИРОВА. МУСОҲИБА БО АСТРОФИЗИКЕ, КИ ӮРО ҶАҲОН МЕШИНОСАД

   

  Аз аҳди бостон ахтаршиносӣ қатори кулли илмҳо дар тасаллути мардҳо буд. Ва ин самои пурасрори мардона асрҳои аср дари хеш ба рӯйи зан бо ҳафт қуфл баста медошт. Ҳамин аст, ки дар таърихи ахтаршиносии тоҷик ягон зане ахтаршинос нагузашта, ки ном ба ёдгор гузошта бошад.

  Ва вақте миёнаи солҳои 80-уми қарни гузашта зане аз ин табор даъвои ахтаршиносӣ кард, сараввал ӯро ҳам нописандона рӯйи хуш надоданд, паҳлуи худ дидан нахостанд. Аммо чуноне худ мегӯяд, алорағми эшон устодаш академик Пӯлод Бобоҷонов қуфлкушою раҳнамояш шуд. Ва ӯ беш аз чаҳор даҳсола инҷониб духти содиқи кайҳону кайвон аст. Сайёраи №24533, ки қутраш наздики 10 км буда, миллионҳо сол дар фазои байни Мирриху Юпитер гумном парвоз дошт, бо тасмими Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ феълан номи ӯро дорад. Бешак, на барои чеҳраи зебо.
Зимнан, занҳои сайёрадор (ибораи наве, ки пеши он ранг аз ибораи занҳои миллиондор парад) дар олам басо камшуморанд ва яке аз ин ашхоси камназир — сарвари Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА-ро ба меҳмонии “Истиқлол” хондани мо низ тасодуф нест.
САЙЁРАИ ХУРДИ №24533 НОМДОР ШУД
— Алъон дар сайёраамон теъдоди занҳо ба 4 миллиард дакка мехӯрад. Аз миёни ин шумораи азим ҳамагӣ наздики 5 ҳазор зан дар кайҳон сайёраи хурди номнавис доранд. Аз ҳарду теъдод танҳо як зани тоҷикро чунин бахт насиб гашта, ки он шумоед, Гулчеҳра Исроиловна. Даҳ сол инҷониб сайёраи хурди №24533-ро дар дунё бо номи “Қоҳирова” мешиносанд. Биёед, суҳбатамонро аз ҳамин оғоз намоем. Ин чӣ рақам асту бо чӣ амале метавон соҳиби сайёра шуд?
— Тобистони соли 2014 ман дар симпозиуми байналмилалии “Астероидҳо, кометаҳо, метеорҳо” дар Хелсинки ҳузур доштам ва маърӯзаи муштараки илмӣ бо роҳбарам академик Пӯлод Бобоҷоновро манзур кардам. Баъди анҷоми ҷаласа сарвари Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ қарори созмонро дар бораи номгузории навбатии сайёраҳои хурд хонд ва дар қатори 10 ахтаршиноси дунё номи маро ҳам ба забон овард. Албатта, шод шудам, ки саҳми хоксоронаамро дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ чунин қадрдонӣ карданд. Лекин муҳимтар он аст, ки ба ин васила дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор доштани илми ахтаршиносӣ ва астрофизикаи тоҷик бори дигар эътироф гардид.
— Ин сайёраро шумо ҳамон сол кашф кардед?
— Он умуман кашфи ман нест. Ин кор дар расадхонаи машҳури Ловелови ИМА сурат гирифта буд.
— Ҷирми кайҳонӣ дар як давлат кашф карда мешаваду онро ба намояндаи давлати дигар номнавис мекунанд?
— Биёед, ба шумо тартиби ин корро фаҳмонам. Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (ИБА), ки пажӯҳишгоҳи мо низ узви он аст, сохтори вижа — Маркази сайёраҳои хурд дорад. Он сайёраҳои хурди низоми Офтобро рақамгузорӣ ва ба феҳристи махсус ворид мекунад. Сайёраҳоро олимони кишварҳои мухталиф зимни мушоҳидаи кайҳон ошкор сохта, дар бораашон маълумоти муфассал гирд меоранд ва ба марказ хабар медиҳанд, ки онҳо сайёраи хурди навро дар фалон қисмати кайҳон кашф кардаанд. Чун маълумот тасдиқ шуд, ИБА ба кошиф мактуби расмӣ мефиристад, ки ӯ ҳақ дорад ба он ҳар номе хоҳад, гузорад. Номи худ, ҳамсар ё фарзанд, ё ягон маҳал, ҳамчунин қаҳрамони асотир ё асари бадеиро. Ягона маҳдудият — гузоштани номи сиёсатмадорон ва низомиён мумкин нест. Аксар вақт якбора якчанд сайёра кашф мегардад. Ба яки он номи хостаи муаллифро мегузоранд, ба боқӣ ИБА метавонад номи олимонеро гузорад, ки дар рушди ахтаршиносӣ ва астрофизика саҳми назаррас доранд.
— Фаҳмо. Ин ҳаштумин сайёрае буд, ки ба номи олимони пажӯҳишгоҳи астрофизика гузоштанд?
— Бале. Инчунин ду сайёраи хурди дигаре ҳаст бо номи “Тоҷикистон” ва “ГисАО”, яъне расадхонаи астрономии Ҳисор. Гумон мекунам, барои Тоҷикистони азизи мо дар манзари кишварҳои тавоно 10 сайёраи хурди номнавис доштан дастоварди арзандаи астрофизикаи миллист.
— Қабл аз вохӯриямон як рақами ҷолиб ба назарам афтод. Маркази сайёраҳои хурди ИБА ҳамасола ҳазорҳо сайёраи хурди навро рақам гузошта, интишор медиҳад. Тибқи маълумоти он, то октябри соли гузашта зиёда аз 629 ҳазор сайёраи хурд рақамгузорӣ, яъне кашф шудааст.
— Ҳа, ҳамин тавр. Дар маҷмуъ бошад, шумораи ҷирмҳои хурди мушоҳидашаванда бештар аз1,3 миллионро ташкил медиҳад. Яъне боқимондааш сайёраҳои хурди берақам ва кометаҳоянд.
ШАБАКАИ ШИҲОБИИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА БЕҲАМТО
— Дар тӯли қариб чаҳор даҳсолаи фаъолияти илмӣ шумо усули нодири омӯзиши метеорҳоро ихтироъ ва беш аз 3000 комета, болиду астероидро таҳқиқ кардаед. Воқеан кори бузурги илмӣ. Оё гуфта метавонед, ки аз миёни ин ҳама тадқиқоти густурда кадоме боиси чунин арҷгузории ИБА гашт?
— Яқинан, барои натиҷаи басо хуби шабакаи камераҳои мушоҳидаи шиҳобҳои рахшо (болидҳо). Соли 2006 бо роҳнамоӣ ва дастгирии роҳбару устодам Пӯлод Бобоҷонович ин шабакаро ташкил кардам. Ҷиҳати мушоҳидаи шиҳобҳои рахшо, яъне ҷирмҳои калони наздизаминӣ, ки ба атмосфераи Замин ворид шуда, аснои сӯхтан аз худ изи рахшон мегузоранд. Ду пойгоҳи мушоҳидаамон дар расадхонаҳои Ҳисору Санглохи Данғара буду сеи дигар дар Қӯрғонтеппа, Рашт ва Ховалинг. Ва тӯли ҳашт сол аз ин панҷ пойгоҳ шиҳобҳоро мушоҳида мекардем, меомӯхтем дар шабҳои мусаффо. Дар натиҷа зиёда аз200 шиҳобро сурат гирифтем, тавассути коркарди астрометрӣ ва фотометрӣ хати ҳаракат, суръат, вазн, мадор, хусусияти физикии метеороидҳои шиҳобзо мушаххас шуда, феҳристашонро тартиб додем. Мавриди зикр аст, ки шабакаи шиҳобии мо дар Осиёи Миёна то ҳол назир надорад.
— Ин ҳама маълумоте, ки бо ҳамкорон ҳашт соли дароз ба даст овардед, сирф илмист ё манфиати “заминӣ” ҳам дорад?
— Албатта, ҷанбаи амалӣ низ дорад. Ба ин васила метавон аниқ кард, ки ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин чӣ хатаре пеш меоранд. Аслан ҷирмҳои осмонӣ ё аз сангу оҳананд, ё аз ях. Агар ҷирми сангу оҳанӣ ба атмосфера дарояд, метавонад аз он гузашта, ба Замин бархӯрда, таркад. Бо оқибати бисёр нохуш. Ҷирми яхӣ дар атмосфера метаркаду месӯзад. Дар ҳарду маврид ҳам онҳо хавфноканд. Ва ҳар қадар андозаю вазнашон калону зиёд бошад, хатарашон ба сайёраи мову шумо ҳамон дараҷа меафзояд.
Ғайр аз ин, аснои парвози киштиҳои кайҳонӣ радифу зондҳо бояд дар мадори наздизаминӣ дар куҷо чӣ миқдор ҷой гирифтани ҷирмҳоро ба эътибор гирифт, то ки бархӯрди онҳо ба вуқуъ наояд. Барои ин ҳама маълумоти гирдовардаи мо низ аҳамияти муҳим касб мекунад.
— Оё гуфта метавонед, ки тавассути чунин маълумот чанд бархӯрди хатарнок ба киштиҳои кайҳонӣ ё радифҳои Замин пешгирӣ карда шуд?
— Пажӯҳишгоҳи мо бо пешгирии бархӯрдҳои ҷирмҳои осмонӣ ва амнияти парвози киштиҳои кайҳонӣ сарукор надорад. Ин кори сохторҳои махсуси агентиҳои кайҳонӣ аст. Лекин тавре дар боло гуфтам, ҳам дар давраи шӯравӣ ва ҳоло низ ҳамкоронамон аз муассисаҳои астрономӣ бо ин мақсад маълумоти моро низ истифода мебурданду мебаранд. Худи он ки даҳсолаҳо инҷониб бархӯрди фалокатбори ҷирмҳои осмонӣ бо ягон киштӣ ё радифи маснуъ рӯй надодааст, далели рӯшани ин аст. Лекин мисоли мушаххас оварда наметавонам, зеро агентиҳо ба мо чунин маълумот намедиҳанд, он махфист.
Мо бо омӯзиши шиҳобу метеорҳо ҳанӯз аз давраи шӯравӣ ҷиддан машғул будем. Барои ҳамин дар Иттиҳоди Шӯравӣ пажӯҳишгоҳамон Саридора оид ба таҳияи Стандарти давлатӣ маҳсуб меёфт, ки онро бо сарварии директори пажӯҳишгоҳ академик Пӯлод Бобоҷонов омода мекарданд. Ба он инчунин аз Киев, Одесса ва Қазон маълумот медоданд. Шояд бовар накунед, аммо стандарти давлатӣ бо номи “Моддаи метеорӣ”, кисолҳои 70-80-и асри гузашта дар Душанбе омода карда буданд, то ҳол мавриди амал мебошад, зеро стандарти нав таҳия нашудааст. Дар он муфассал тавзеҳ дода мешавад, ки дар куҷо ҷирмҳои хурду калони кайҳонӣ бисёр асту дар куҷо кам, куҷо хавфнок асту куҷо бехавф барои парвоз. Яъне риояи ин стандарт бехатарии парвозҳои кайҳониро таъмин мекарду ҳоло ҳам мекунад.
СИТОРАЕ АЗ “СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД”
— Дар саволи навбатӣ боз вожаи “нахустин”—ро истифода бурдан рост меояд. Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2008 Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” таъсис доданд, ки ҳамасола арбобони илму адаб ва фарҳангу санъат қадрдонӣмешаванд. Он мукофоти пулӣ ҳам дорад, ки 2 миллион рубли русист. Ҷоизаи мазкур соли 2021 насиби шумо шуд. Агар хато накунам, дар Тоҷикистон нахустин зан — олиме, ки ин ҷоизаро ба даст овард, шумоед?
— Ростӣ, дар гӯшаи хаёлам набуд, ки сазовори ин ҷоиза мешавам. Баъд фаҳмидам, ки номзадии маро Раёсати АМИТ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбарӣ кардааст. Он ҷо ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, ба Москва фиристодаанд.
Ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро ман, пеш аз ҳама, нишони эътирофи комёбиҳои шоистаи илмии кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи ҷумҳурӣ меҳисобам ва аз чунин қадрдонӣ сипосгузорам.
СЕ ПОЙГОҲИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН
— Зимнан, тобистони соли гузашта миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва корпоратсияи давлатии Роскосмос шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Он кадом самтҳоро дар назар дорад?
— Аввал як нуктаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам. Дар ҳудуди кишварамон чанд муассисаи дар дунё воқеан беҳамто барои мониторинги кайҳон мавҷуд аст: расадхонаҳои Ҳисор (дар баландии 730 метр аз сатҳи баҳр), “Санглох” дар ноҳияи Данғара (2300 метр) ва “30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб (4350 метр). Аз ин миён муосиртаринаш расадхонаи “Санглох” аст, ки соли 1977 бунёд гардида, соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар он телескопи оинагии қутраш якметра насб шудааст, ки имкони мушоҳидаи объектҳоро дар масофаи беш аз40 ҳазор километр фароҳам овардааст.
Зимнан, солҳои 90-ум бар асари воқеаҳои маълум расадхонаи “Санглох” қариб ба нобудӣ расида буд. Он солҳои пурошӯб ба расадхона таъсири манфӣ расонида шуд. Хушбахтона, ба асбоби асосии он — телескоп осебе нарасонданд. Ҳамин тавр, 26 сол ин пойгоҳ бекор хобид. Соли 2014, пас аз директори пажӯҳишгоҳи астрофизика таъин шуданам президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ гуфтанд, ки вазифаи аввалиндараҷаам барқарорсозӣ ва таҷдиди техникии расадхонаи “Санглох” аст. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Раёсати АМИТ мо бо мутахассисони хориҷӣ дар ду сол ин кори муҳимро анҷом дода тавонистем. 8-уми июни соли 2016 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расадхонаро расман ифтитоҳ намуданд, ки ҳоло он аз беҳтарин расадхонаҳои дунё ҷиҳати омӯзиши ҷирмҳои хурди осмонӣ гашта.
— Дуи дигар чӣ хусусияти умда доранд?
— Дар расадхонаи Ҳисор асбобҳои нодире насб карда шудаанд, аз ҷумла дастгоҳи фавқулдақиқи ахтаршиносӣ. Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон ҳамагӣ се чунин дастгоҳ ҳаст. Маҳз дар ҳамин ҷо усулиэкспозитсияи лаҳзавӣ ихтироъ шуд, ки сипас дар тамоми ҷаҳон маъмул гардид. Дар ин усул давомнокии экспозитсия камтар аз ҳазоряк сония мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки омилҳои порашавии ҷирмҳои кайҳониро дар атмосфераи Замин ба қайд гирем.
Дар кӯҳҳои Помир, дар баландии қариб 4,5 ҳазор метр расадхонаи Шорбулоқ ҷой гирифта, ки соли 2021 бо қарори Раёсати АМИТ “30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии омӯзиши нурҳои кайҳон “Помир-Чакалтай” ҷой гирифтааст. Он ҳанӯз соли 1947 барои гузаронидони тадқиқоти астрономию астрофизикӣ аз ҷониби ду муассисаи астрономии Федератсияи Россия бунёд ёфта буд ва пас аз Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ қарор дорад. Чунин расадхонаи баландкӯҳ дар дунё бисёр нодир мебошад, бинобар мавҷуд будани шароити беҳамтои астрономӣ барои мушоҳидаи объектҳои кайҳонӣ бо усули радиотелескопӣ. Айни замон мо кӯшиш дорем сармоягузоронро барои барқарорсозии расадхона ҷалб намоем.
Хуллас, Тоҷикистон натанҳо астроиқлими беназир дорад, он ҳамчунин дорои расадхонаҳои ноёбе мебошад. Агар ба ин сатҳи баланди тахассуси кормандони пажӯҳишгоҳи астрофизикаро зам кунем, се омили идеалии пешрафти илми ахтаршиносию астрофизика, кашфиёти пайвастаи кайҳонӣ ба ҳам меояд.
ГАГАРИН БА РАШТ ОМАДА БУД?
— Пас шартномаи номбурда, пеш аз ҳама, бурди Роскосмос мешавад.
— Он бидуни шубҳа манфиати дуҷониба дорад. Ин санад наздики даҳ самти ҳамкориро ҷиҳати тадқиқоти кайҳон бо мақсади осоишта, таҳқиқи фосилавии Замин бо зондро фаро мегирад. Тибқи он неруи тавонои мушоҳидавии расадхонаҳои ҷумҳурӣ барои барномаҳои амалие, ки Роскосмос иҷро мекунад, мавриди истифода қарор мегирад. Хоса дар масъалаи назорати фазои кайҳони наздизаминӣ. Мо мехоҳем ба мониторинги партови кайҳонӣ ҳамроҳ шавем, то ки бо имконияти мавҷудаамон ба таҳияи стратегияи коҳишдиҳии хатарҳои ин партов мусоидат кунем. Зеро бархӯрди он бо киштию дастгоҳҳои кайҳонӣ, ҳамчунин ба Замин рехтани ин партов эҳтимоли зиёд дорад. Олимони мо дар омӯзиши астероидҳо ва метеоритҳо таҷрибаи бой андӯхтаанд ва омодаанд дар кори пешгирии хатари онҳо ба сайёраамон саҳм гузоранд.
Дар аҳднома ҳамчунин рушди технологияҳои кайҳонӣ, омодасозӣ ва парвози киштию радифҳои маснуи муштарак, ташкил ва тақвияти инфрасохтори рӯизаминии кайҳонӣ, парвози кайҳоннавардон дар назар аст.
— Парвози кайҳоннавардон? Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки тавассути муоҳидаи мазкур дар ояндаи начандон дур ниҳоят кайҳоннаварди тоҷик ҳам ба кайҳон парвоз мекунад?
— Чаро не? Шахсан ман ба ин бовар дорам. «Дер ояду шер ояд» гуфтаанд. Боз як нуктаи муҳимро таъкид карданиям. Ҳамчун роҳбару олим бисёр мехоҳам дар заминаи ин шартнома Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи мо бо Роскосмос аҳдномаи бевосита дошта бошад. Дар ин ҳолат мо шарикони баробарҳуқуқ мешавем ва дар бисёр масъалаҳо аз имкониятҳои ҳамдигар хубтар истифода бурда метавонем.
— Чун сухан аз кайҳоннавардон рафт, ба ёдам парвози Юрий Гагарин омад, ҳамчунин аввалин радифҳои маснуи Замин. Шояд аксарият он далели муҳими таърихиро надонанд, ки хизмати астрофизикҳои тоҷик дар парвозҳои нахустин ба кайҳон калон аст. Чун шумо дар ин хусус маълумоти муфассал доред, ба ҳамин масъала рӯшанӣ андозед.
— Бинобар он ки мавқеи баландкӯҳӣ ва осмони софи шабонаи Тоҷикистон барои омӯзиши кайҳон басо мусоид буд, Москва барои рушди астрофизика дар ин ҷумҳурии иттифоқияш ва ба яке аз марказҳои тавоно табдил додани он чизеро дареғ намедошт. Дар натиҷа солҳои 1950-60 расадхонаи астрономии Ҳисор аз лиҳози техникӣ ва пажӯҳиши илмӣ ба маркази сеюми мамлакат табдил ёфт. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки олимони тоҷик дар кори омодасозӣ ва парвози нахустин радифи маснуи Замин 7-уми октябри соли 1957 иштироки бевосита доштанд. Онҳо парвоз ва хати ҳаракати онро мушоҳидаю назорат карда, ба Маркази идоракунии парвоз маълумоти фаврӣ медоданд.
Ғайр аз ин, Москва дар ноҳияи баландкӯҳи Рашт маркази омодасозии кайҳоннаврдонро ташкил карда буд, ки нахустин гурӯҳи кайҳоннавардони шӯравӣ он ҷо дар шароити баландкӯҳ ба парвоз омодагӣ мегирифтанд.
— Гагарин ҳам буд?
— Шояд. Вақте 12-уми апрели соли 1961 бори аввал дар таърихи инсоният Юрий Гагарин ба кайҳон парид, дар Душанбе тамоми муддати парвозаш астрофизикҳои тоҷик онро мушоҳида мекарданд, сурат мегирифтанд, рафти парвози киштии “Восход”-ро назорат мебурданд ва ба Маркази идоракунии парвоз маълумоти фаврии муҳим ирсол мекарданд. Дар муваффақона анҷом ёфтани парвози аввалин кайҳоннаварди сайёра саҳми олимони мо низ бешак арзанда ва боиси ифтихор аст.
70 ҲАЗОР АКСИ ҶИРМҲОИ ОСМОНӢ
— Ба имрӯз бармегардем. Олимони соири кишварҳои ҷаҳон, ки бо омӯзиши кайҳону коинот, ҷирмҳои он машғуланд, дар орзуи шароити афсонавии Тоҷикистони офтобиамон мебошанд. Таври маълум, дар мо соле қариб то 300 шаб бидуни халали туману абр, шамол, барфу борон бемалол метавон кайҳонро мушоҳида кард.
— Дуруст таъкид кардед, ки аксар ҳамтоёни хориҷии мо аз чунин имконияти беназири табиӣ маҳруманд. Ман телескопи якметраамон дар Санглохро таъриф намекунам. Телескопи хуб аст. Аммо дар кишварҳои хориҷӣ телескопи шашметра ҳаст. Бо вуҷуди ин, бисёр олимон ба Тоҷикистон омада, тадқиқот гузаронидан мехоҳанд. Астрофизикҳои хориҷӣ дар расадхонаи мо дар 10-15 шаб он қадар мавод мегиранд, ки бо телескопи 6-метра ду-се сол ҷамъ меоранд.
Ғайр аз Россия мо бо олимони Арманистон, Озарбойҷон, Словакия, Украина, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чину Ҳиндустон иртиботи хуби корӣ дорем. Ҳамасола то50 дарсади тадқиқот ва мақолаҳои илмии мо якҷоя бо ҳамтоёни хориҷӣ сурат мегирад.
— Бо ҳамсояю дӯсти наздиктаринамон Ӯзбекистон чӣ?
— Аз ин хусус алоҳида гуфтанӣ будам. Мо чанд вақт боз бо ҳамкасбони ӯзбек як нақшаи бисёр муҳимро амалӣ карда истодаем: рақамикунии суратмаводҳо. Пажӯҳишгоҳи мо соли 1932 таъсис ёфта, тақрибан аз соли 1935 дар он мушоҳидаи бефосилаи ҷирмҳои кайҳонӣ мебурданд. Дар муддати қариб як аср фототекаи азим бо нодиртарин маълумот ҷамъ омад, ки дар утоқи калон ҷевонҳо пур аз ин пластинаҳо мебошанд. Ҳар пластина ба лифофа андохта, дар руйи он сурати чӣ, кай, дар куҷо, аз ҷониби кӣ аккосӣ шуданаш сабт аст. Миқдораш 70 ҳазор адад! Ана ҳамин миқдори бузургро ҳамагӣ дар як диски боэътимод ҷой хоҳем дод. Ду-се сол пеш ин кор босуръат пеш мерафт. Вақтҳои охир бо баъзе сабабҳои объективӣ каме суст шудааст. Бовар дорам, дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони ӯзбек ин кори ниҳоят муҳимро ҳатман ба охир мерасонем.
— Бародарони ӯзбек ҳам дар таҳқиқи ҷирмҳои хурди кайҳонӣ муваффақанд?
— Ростӣ, дар баҳо додан душворӣ мекашам. Чунки мо бо мушоҳидаи астероиду кометаҳо ва метеороидҳо машғулем, объекти тадқиқоти онҳо бошад, комилан дигар — Офтобу ситораҳо.
ОФТОБРО ШАБ ДИДА МЕШАВАД?
— Гулчеҳра Исроиловна, як саволро ҳеҷ надода наметавонам. Мо, одамони оддӣ, рӯзона офтобро мебинему шабона не. Шумоён, астрофизикҳо, ки тавассути телескоп ва дигар дастгоҳҳои муосир кайҳонро мушоҳида мекунед, оё офтобро шаб ҳам дида метавонед?
— Не, мо низ дида наметавонем, зеро шабона он паси уфуқ меравад. Ҳанӯз дастгоҳе ихтироъ нашуда, ки паси уфуқро дида тавонад. Ин мисли он аст, ки одами пушти девор истодаро аз ин тарафи девор дида наметавонем.
— Дар шабҳои мусаффо худ низ чашм аз телескоп намекандагистед?
— Ҳамчун олим моҳе ба ҳисоби миёна панҷ шаб, яъне соле ду моҳ бо мушоҳидаҳо дар расадхонаи “Санглох”, яъне корҳои эксперименталӣ барои астрономҳо машғул мегардам. Мушоҳидаҳо ҳеҷ вақт кам намешаванд, ҳар гоҳ фурсате ёбам, онро ҳатман барои мушоҳидаҳои астрономӣ сарф мекунам. Мушоҳидаҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки объектҳои нави кайҳонӣ кашф намоем. Мутаассифона, барои тадқиқоти бештари илмӣ фурсат намеёбам.
— Шояд 20-25 сол пеш ба маротиб зиёд имконияти мушоҳида доштед. Даҳ соли охир роҳбари пажӯҳишгоҳед ва ташвишҳои бешумори сарварӣ ҳам вақт талаб мекунанд.
— Бешубҳа. Солҳои пеш корамон чӣ хел буд? Дар расадхонаи Санглох ё Ҳисор ҳама шабҳои мусаффо, яъне 280-300 шаб пайваста осмонро мушоҳида мекардем. Аммо на олимоне чун ман, балки техник ҳар шаб омада, дастгоҳҳоро ба кор медаровард. Субҳ маводи ҷамъшударо ба мо супурда, худ хоб мерафт. Баъди коркарди плёнкаҳо аз ҷониби фотолаборант, дар як утоқи корӣ панҷ лаборантзан ин плёнкаҳоро барои муқаррарсозии шиҳобҳо меомӯхтанд. Танҳо баъди ин кори мо — олимон шуруъ мешуд. Айни замон ин ҳама кор ба дӯши олимон афтодааст: аз мушоҳидаю аксбардорӣ то коркарди мавод ва таҳлилу хулосабарорӣ.
САЙЁРАИ ПЛУТОН КУҶО ШУД?
— Чанде пеш ҳангоми суҳбат бо як кормандатон вақте ман “дар низоми офтобӣ9 сайёра ҳасту инро ба мо ҳанӯз давраи мактабхонӣ таъкид мекарданд” гуфтам, хандид, ки “шумо аз ҳаёт қафо мондаед, 8 сайёра ҳаст”. Ин шӯхӣ буд?
— Не, комилан ҷиддӣ. Соли2006 сайёраи нуҳум Плутонро ба қатори сайёраҳои кӯчак шомил карданд. Плутон дуртарин сайёраи низоми офтобӣ буд ва баръакси дигар сайёраҳо танҳо дар нимаи дуюми қарни гузашта ошкор карда шуд. То охири аср олимон ҳатто дар бораи андозаю вазнаш маълумоте надоштанд. Ва гумон мекарданд, ки аз рӯйи хусусиятҳои физикӣ шабеҳи Замини мост. Аммо тадқиқоти охирин бо техникаи муқтадир ба хулоса овард, ки бо Замин муқоиса карданаш комилан хатост. Як далел. Агар қутри Замин қариб 13 ҳазор км бошад, аз Плутон ҳамагӣ2390 км. Масоҳаташон мутаносибан 510072000 ва 16650000 км мураббаъ. Хуллас, тибқи маълумоти навтарин, он ба талаботи сайёраи комил мувофиқат намекард ва аз ин рӯ, соли2006 дар ассамблеяи 26-уми ИБА аз сафи сайёраҳо хориҷ карда шуд.
“ЧУН ФАРЗАНД ДӮСТАШОН МЕДОШТАМ”
— Дар хатми суҳбатамон аз устодатон шодравон Пӯлод Бобоҷонов ёд кардан накӯ ва айни савоб мешуд.
— Ба хости дили ман гуфтед. Устоди азизам академик Пӯлод Бобоҷонович барҳақ аз поягузорону номбардорони астрофизикаи тоҷиканд. Дастовардҳои илмияшон дар астрономияи метеорӣбеназир мебошад. Аз онҳо ҳамагӣ ду мисол меорам. Мадори беш аз400 метеорро муайян ва зиёда аз20 маҷрои нави метеориро кашф намуданд. Мактабашон доир ба омӯзиши сохтор ва ташаккули ҷараёни метеорҳо, хусусияти тавзеъи мадори ҷирмҳои метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ, ҳамчунин усулҳои нави тадқиқоти ҷирмҳои хурди осмонӣ аз ҷониби астрофизикҳои маъруфи ҷаҳон баҳои баланд гирифтааст. Солҳои зиёд ба пажӯҳишгоҳи астрофизика сарварӣ карданд. Бо мукофоту ҷоизаҳои зиёди давлатию байналмилалӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла сайёраи хурдеро ба номашон гузоштаанд.
Агар муаллими астрономияи мактабамон Наум Абрамович Сейтлин ҳаваси маро ба осмони ҷаззоби пурситора, ба орзуи ахтаршинос шудан табдил дода бошад, пас ба воқеият расидани орзуям шарофати дастгирию раҳнамоии Пӯлод Бобоҷонович аст.
— Бо домулло дар пажӯҳишгоҳи астрофизика шинос шудед?
— Не, вақти донишҷуӣ дар факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Он солҳо ректори донишгоҳ буданду аз астрономия дарс медоданд. Шояд хуб хондану дар дарсҳо фаъол буданам писандашон омад, ки нисбатам сахтгиртар буданд. Адабиёти иловагӣ медоданд, мавзуи корҳои курсиямро муайян мекарданд. Солҳои охири донишҷуӣ ҳамзамон дар Пажӯҳишгоҳи астрофизика ним баст кор мекардам. Аммо аз чӣ бошад, ки «одами худӣ» нашудам ва баъди хатми донишгоҳ бакор гирифтан нахостанд. Устодам маро ба шуъбаи худ оварданд ва сарвари пажӯҳишгоҳ ҷуръати зид баромадан накард. Ҳамин тавр, аз соли 1985 то соли гузашта, қариб 40 сол паҳлуи ҳам будему он кас маслиҳатчӣ ва муттакоям. Ва дар илм агар ба ҷое расида бошам, пеш аз ҳама, аз устодам, падари маънавиям медонам.
Медонед, 15 соли охир аз касрати калонсолӣ қуввати пешинаро надоштанд, чашмашон хира шуд. Лекин ҳамоно шахси бағайрат буданду тоқати хона нишастан надоштанд. Ҳар вақте ба идора меомаданд, ман истиқбол гирифта, ба ҳуҷраи корашон мебурдам. Бегоҳ ҳангоми хонаравӣ бароварда ба мошинашон мешинондам. Ба Академия ё ягон идораи дигар раванд, ҳамроҳӣ мекардам. Маро чун духтарашон нағз медиданду ман ҳам чун фарзанд дӯсташон медоштам, эҳтиёт мекардам. Ҳафт соли охир намедиданд. Шояд бовар накунед, лекин боз идора меомаданд ва ман сояашон мешудам, аниқтараш, асою айнакашон мешудам. Дар зиндагӣ чунин инсонҳои покзамиру фидоӣ каманд. Ва ман хушбахтам, ки то вопасин нафасашон тақдир моро ҳамроҳ дошт. Равонашон шод бод!
Мусоҳиб: Хуршеди ҶОВИД, “Истиқлол”

 

 

 

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДОЛОГӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

   Имрӯз (31.01.2024) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-методологи навбатӣ бахшида ба ҷашни Сада дар байни магистрантон ва докторантони PhD-и муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар дар мавзуи “Сада ҳамчун ҷашни таърихии мардуми ориёӣ” баргузор гардид.
Дар оғози семинари мазкур докторанти PhD-и Институти забон ва адабиёти ба номи А Рӯдакӣ Салимов Санҷар, докторанти PhD-и Институти таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносии ба номи А. Дониш маъруза намуда, доир ба таърихи сада ва ба мерос мондани ин ҷашни тамаддунсоз маълумотҳои мушаххасро мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба ин, дар ҷараёни семинар мудири кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ д.и.ф. Мирзоев Ғ.Ҷ., Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD Азизхонова Р, инчунин ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносии ба номи А. Дониш Шовалиева М. суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро оиди таомҳои миллӣ – мардумӣ дар ҷашни Сада баён намуданд.
Дар ибтидо баҳри болидаруҳии аҳли толор докторанти PhD-и шуъбаи Санъатшиносӣ Шокирова Ё. барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин гардонид. Сипас дар саҳни муассиса, рамзи асосии ҷашни Сада, ки оташ мебошад бо иштироки ҷамъомадагон афрӯхта шуд.