joomla
free templates joomla

ҶАНБАҲОИ ТАБИӢ ВА ИҶТИМОИИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ

   Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд.
   Яке аз ин гуна арзишҳои фарҳангӣ, ки дар мазмуни Наврӯз нуҳуфтаву чун хуршеди дурахшон зимни таҷлили он бозтоб ва муҷалло мешавад, башардӯстӣ мебошад. Ин арзиш мағз андар мағзи фарҳанг ва фалсафаи наврӯзиро фаро гирифта ва тамоми тору пуди зиндагии мардуми ориёитабори бостон бо он бофта шудаанд.
Равшан аст, ки барои дарки дурусти моҳият ва арзиши аслии ин ё он ҷашн, анъана ва умуман дилхоҳ одати миллӣ ё умумибашарӣ таҳқиқ ва ташхиси ҳадафи аслии пайдоишу густариш ва пайомадҳои иҷтимоии он зарур мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мо дар ин мақола кӯшиш мекунем, башардӯстиро ҳамчун арзиши аслии моҳиятии Наврӯзи хуҷастапай аз тариқи таҳқиқу арзёбии ҳадафҳои ин одати неки фарҳангии ниёгон собит ва асоснок кунем.
Яке аз ҳадафҳои Наврӯзи хуҷастапай, мутаваҷҷеҳ ва дилгарм сохтани инсон ба зиндагӣ ва талошу мубориза барои тантанаи некиву адолат дар ҷаҳон мебошад. Ин ҷашн – ҷашни пирӯзии ҳастӣ бар нестӣ, ҳаёт бар марг, нур бар зулмат ва некӣ бар бадӣ мебошад.
Тибқи эътиқоди динӣ ва афкори фалсафии тоисломии мардуми ориёинажод муборизаи байни некӣ ва бадӣ дар чанд сатҳ - дар табиат; дар ҷомеа; дар вуҷуди худи инсон - мунтазам идома меёбад ва пирӯзии некӣ бар бадӣ дар ҳар кадоми ин сатҳҳо низ нишонаҳои хоси худро дорад.
1) Наврӯз ҳамчун ҳодисаи қонунманди табиӣ ё моҳияти табиӣ ва фаробашарии Наврӯз. Тибқи тасаввуроти динию мифологии ориёиҳои бостонӣ, дар олами табиӣ, ки офаридаи Худост, муборизаи байни қувваҳои неки ҳаётофар ва қувваҳои бади марговар бе иштироки инсонҳо ва ба таври стихиявӣ сурат мегирад. Вале, ҳамчун нек ё бад эътироф шудани ин ё он падида, ҳодиса ё қувваи табиӣ аз ҷониби ориёиҳои бостонӣ бо назардошти арзишҳо ва манфиатҳои ҳаётии инсоният, яъне аз мавқеи башардӯстона сурат мегирифт. Ба назари мо, маҳз аз ҳамин мавқеъ ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби мардуми бостонии ориёитабор ҳамчун як падида ё ҳодисаи қонунманду табиӣ ва мабдаи ҳаёт дар рӯйи замин ба таври интуитивӣ эҳсос ва дарк шуда, мавриди эътиқоду бузургдошт ва таҷлилу пешвозгирии онҳо қарор гирифтааст. Яъне, мо гуфтанӣ ҳастем, ки Наврӯз ҳамчун як ҳодисаи муттасили табиӣ воқеан ҳам вуҷуд дорад ва воқеан ҳам «оғози гардиши навбатии чархи фалак», аз хоб бедор шудан ва «рӯзи нав»-и табиати зинда мебошад. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор ул-боқия» дар посухи «чӣ будани Нав­рӯз» чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзе аст аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан». Агар таваҷчуҳ кунем, мушоҳида мекунем, ки ҳатто набототу ҳайвонот, бо ҳамон ақли наботӣ ва ҳайвонии худ, ки доранд, таъсири неку созандаи нерӯи ҳаётбахши айёми наврӯзӣ ва мавсими баҳорро, дарк намуда, омадани онро ба таври худ бо шодиву нишот таҷлил мекунанд. Маҳз дар баҳорон тамоюли ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳамбастагии ҷинсӣ шиддат гирифта, боиси тавлиди насл ва бақои ҳар кадоме аз навъи онҳо мешавад. Шоирону адибони классикиву муосири тоҷик аз шодиву нишоти табиати зинда дар ин айём манзараҳои дилнишинеро дар ашъору осори худ тасвир кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, Наврӯз айёми мавриди таҷлили на танҳо инсонҳо, балки умуман як падида ё ҳодисаи мунтазами мавсими баҳорист, ки онро кулли мавҷудоти табиати зинда ба таври худ «ҷашн» мегиранд.
Ҳамин тавр, Наврӯз дар сатҳи табиат – ин ҳанӯз он ҷашни фархунда ва хуҷастапай нест, ки мо онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва суруру шодмонӣ истиқбол мегирем ва таҷлил мекунем. Балки ҳодиса ё падидаи қонунии табиӣ мебошад, ки ҳамчун муҳаррик табиати зиндаро ба ҳаракат меорад. Ба ибораи дигар, наврӯз – азнавлидкунандаи ҳаёти мавҷудоти зинда (наботот, ҳайвонот ва инсоният), марҳилаест, ки бо оғоз шудани он табиати хуфта аз хоби зимистонӣ бедор мешавад ва як соли навбатии умри худро аз сар мегузаронад. Наврӯз– воқеан ҳам оғози ҳар як гардиш ё чархиши навбатии Замин дар гирди Офтоб аст, ки расо як сол тӯл мекашад. Аз ин нуқтаи назар, яъне дар сатҳи табиат, ҳамчун як ҳодиса ё падидаи қонунманди табиӣ таҳқиқу баррасӣ кардани мазмун ва моҳияти Наврӯзи хуҷастапай барои ошкор кардани бисёр ҷанбаҳои муҳим вале ҳанӯз барои мо норавшану асроромези ин ҷашни бостонӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, мо дарк хоҳем кард, ки маҳз кашфи айёми ба вуқӯъ пайвастани ҳамин ҳодисаи қонунманди табиӣ ба мардуми ориёитабор имкон додааст, ки мавсими барои ҳамл ва бороварӣ мутобиқ шудани заминро ба таври аниқу дақиқ муайян карда, дар байни халқҳои бостонӣ аз авалинҳо шуда ба коркарди замин ва кишту зироат шурӯъ намоянд. Яъне, дар партави кашфи Наврӯз мардуми ориёитабор нахустин шуда ба кишти замин, зироаткориву боғпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ шурӯъ кардаанд. Бо ин восита онҳо тавонистаанд тадриҷан аз вобастагии куллӣ аз табиат раҳо ёфта, аз ҳаёти примитивӣ ва ваҳшиёна ба ҳаёти мутамаддин ва оқилона гузаранд. Пайдоиш ва рушди илмҳои гоҳшуморию тақвимсозӣ ва ситорашиносӣ дар байни мардуми бостонии ориёитабор низ, бо эҳтимоли зиёд, дар партави кашфи Наврӯз ба амал омада буд.
Наврӯз дар сатҳи табиат ҳодисаи қонунманди табиӣ мебошад, ки ҳаёти солонаи табиати зиндаро оғоз мебахшад. Ин ҳодисаи табиӣ ҳар сол такрор меёбад ва рӯҳи табиатро барои ҳаракат нерӯ мебахшад. Ин ҳодисаи хайр ҳам барои кулли табиати зинда ва ҳам барои ҷомеаи инсонӣ, ки дар ибтидо дар оғӯши табиат парвариш ёфта, минбаъд то андозае мустақил шудааст, аҳамият ва арзиши аввалиндарҷаи ҳаётӣ дорад. Наврӯзро мо ба ин манзур ҳодисаи таҷассумгари тантанаи ғалабаи некӣ бар бадӣ ва ҳаёт бар марг дар сатҳи табиати зинда таъбир ва тафсир кардем, ки дар сурати ба вуқӯъ наомадани ин ҳодиса табиати зинда ба истилоҳ «мехобад» ё аз ҳаракат мемонад. Дар натиҷа набзи муқаррарии ҳаёти набототу ҳайвонот халалдор шуда, онҳо бо ҳар гуна мушкилоту хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, дар қутбҳои яхбастаи шимолию ҷанубӣ, ки дар он ҷойҳо айёми наврӯзӣ ва фасли баҳор умуман фаро намерасад, ба ҷуз баъзе навъҳои камшумори ба шароити сармои сахт мутобиқшудаи набототу ҳайвонот, дигар ҳеҷ навъе аз набототу ҳайвонот вуҷуд надорад. Яъне, табиати зинда асосан дар минтақаҳо ё қисматҳои дорои иқлими мусоиди Замин, дар ҷойҳое имконпазир аст, ки дар онҳо Наврӯз – ин ҳодисаи тавлидкунандаи ҳаёт мунтазам ба вуқӯъ меояд. Ва ҳамин ҳодисаи саропо хайрро ававалин шуда аҷдодони мо – мардуми бостонии ориёитабор кашф карда, дар партави ин кашфиёт фарҳанг ва тамаддуни башардӯстонаи наврӯзии худро барпо кардаанд.
2) Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ. Албатта, барои раҳо ёфтани инсон аз қайди табиати ваҳшӣ ва барпо намудани ҳаёти мутамаддини ҷамъиятӣ кашфи асрори ҳастӣ, дарки мазмун ва моҳияти падидаву ҳодисаҳои олами табиӣ нақши муҳим бозидаанд. Бо ҳамин равиш, кашфи Наврӯз ба мардуми ориёитабор имконият додааст, ки зиндагӣ ва фаъолияти муштараки меҳнатии худро мутобиқ бо айём ва моҳҳою фаслҳои сол ба низом дароранд. Бо мурури замон онҳо донистанд, ки дар кадом моҳ ё фасл ин ё он навъи зироатро кишт кардан ва дар кадом моҳ ё фасл ҳосилро ғундоштан мумкин аст. Аз ин рӯ фарорасии айёми наврӯзро ҳамчун оғози мавсими кишту кори баҳорӣ, ҳамчун ибтидои соли нави деҳқонӣ пазируфтаанд ва ба таҷлили он шурӯъ кардаанд.
Мо инҷо шоҳиди бозтоб ва инъикоси ҳодисаи неки табиӣ дар фарҳанги ҷомеаи бостонии мардуми ориёитабор ҳастем, ки таъсири мусбат ва созандаи айёми наврӯзӣ барои ҳаёти табиати зиндаро дуруст дарк намуда, зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатию хоҷагидории худро дар ҳамоҳангӣ ва мутобиқат бо он ба низом даровардаанд.
Акнун дар ин ҷо мо як хулосаи дигари мантиқиро ҳосил мекунем: Наврӯз ҳамчун падида ё ҳодисаи қонунманд ва такрорёбандаи табиӣ, ҳамчун оғози пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин нисбат ба олами набототу ҳайвонот ва ҷомеаи инсонӣ собиқаи хеле тӯлонитари таърихӣ дорад. Вале мардуми ориёитабор пас аз кашфи ин падида ва дарки аҳамияти он дар пайдоиш ва таҳаввули ҳаёти табиӣ, ба таҷлили он шурӯъ карда, ҳар сол фарорасии онро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ арзи вуҷуд кардааст, ки он дар рушду таҳаввули ҳаёти ҷамъиятию иқтисодии ориёиҳои бостонӣ нақши хеле муҳимро мебозид.
Моҳияти башардӯстонаи Наврӯзро ҳар як инсон рӯҳан ва ҷисман эҳсос мекунад. Наврӯз ҳамчун ҳодисаи фараҳбахши табиӣ аз лиҳози равонӣ мояи шодиву нишот ва дилгармии инсон ба зиндагӣ мешавад, ӯро аз ҳолати карахтӣ раҳо карда, ба фаъолият ва меҳнати созанда бармеангезад. Ҳамчуноне ки бо фарорасии айёми наврӯзӣ замин сабзу хуррам мешавад, қалби инсон низ бо фарорасии он аз эҳсосоти нек пур шуда, сурури ботиниаш дар шакли табассуму лабханд дар лабону чеҳрааш зоҳир мешавад.
Ҳамин тавр, ҳарчанде ки мазмуни аслии ин ҷашн баъдан бо мурури замон таҳаввул ёфта, «тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст, вале ягона ҷашни ҷаҳонист, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст».
Фарқияти наврӯз ҳамчун ҳодисаи табиӣ аз Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва меъёри иҷтимоӣ мисли фарқияти қонунҳои табиат аз қонунҳои ҷамъият аст. Якумӣ – тамоми табиати зиндаро фаро мегирад, дуввумӣ – танҳо барои башарият ва танзим ва рушди ҳаёти башарӣ хизмат мекунад. Якумӣ новобаста аз иродаи инсонҳо ба вуқӯъ меояд, вале дуввумӣ вобаста аз иродаи инсонҳо, вазъу шароити ҳаёти ҷомеа ва талаботи давру замон ҳам мазмунан ва ҳам шаклан тағйир ва таҳаввул ёфта, ба он унсурҳои нав ворид мегарданд.
Шоев Зиёвиддин
н.и.ф., ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои
фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ВА ИСТИФОДАИ УСТУВОРИ ОН ДАР ОСИЁ

Ҳисориев Ҳикмат,
академики АМИТ - 18 марти соли 2023,
ш. Урумчӣ, Хитой (ҶХХ)
Иштирок ва маърӯза дар
Симпозиуми байналмилалии “Гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори он дар Осиё”
   18 марти соли 2023, дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзуи "Гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори он дар Осиё" баргузор мегардад. Дар симпозиуми номбурда академики АМИТ Ҳикмат Ҳисориев ҳамчун роҳбари гурӯҳи биологҳои Тоҷикистон (5 нафар), ки дар мавзуи “Гуногунии олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон ва қонуниятҳои экологию ҷуғрофии паҳншавии онҳо дар минтақаи кӯҳсори Помиру Олой ва истифодаи устувори захираҳои табии онҳо” маърӯза хоҳад кард. Платформаи олимони тоҷикро Ҳисориев Ҳикмат (роҳбар), Бобоев Марио Тиллоевич д.и.б., директори Маркази илмии Хатлони АМИТ, Набиев Лоиқ н.и.б., ходими илмии Институти зоология ва паразитоологияи АМИТ, Ошурмамадов Нуҳзар н.иб., ходими илмии Институти биологии Помир, Мирвайсов Маъмурҷон, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилии АМИТ баррасӣ менамоянд.
Олимони тоҷик дар Симпозиуми байналмилалӣ доир ба ҷабҳаҳои гуногуни олами наботот ва ҳайвоноти кишвар, таъсири омилҳои антропогенӣ ва оқибатҳои тағйирёбии саросари иқлим ба сӯи гармшавии ҳарорат ва усулҳои илмии ҳифз ва истифодаи устувори онҳо суханронӣ менамоянд.
Олами набототу ҳайвоноти кишвари кӯҳсорамон Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногуннамудӣ ва гуногуншаклии экосистемаҳои табиӣ ва пайдоишу ташаккулёбии ҷамоаҳои мухталифи биологии онҳо дар байни кишварҳои ҳаммарз ҳамто надорад. Миқдори намудҳои эндемикии (танҳо ба ҳудуди Тоқикистон ва ё Помиру Олой хосбуда) растаниҳо ва ҳайвонот зиёда аз 2000 номгӯйро ташкил медиҳад, ки ин бойгарии бебаҳои табиати зиндаи кишварамон аст.
Олами набототи кишварамон, ки зиёда аз 9 ҳазор намуд растаниҳои дараҷаи паст, замбӯруғҳо (анқариб 5000) ва растаниҳои дараҷаи олиро (зиёда аз 4500) дар бар мегирад, ки дар байни онҳо растаниҳои дараҷаи олӣ (зиёда аз 4500 намуд) садҳо намуд растаниҳои муфиди ғизоӣ ва сервитамин, давоӣ, рангуборӣ, хӯроки чорво, хушбӯю қаннодӣ ва сабзкорӣ мавҷуд аст, ки дар соҳаҳои гуногуни истеъмолотӣ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин олами ҳайвоноти Тоҷикистон зиёда аз 11 ҳазор намудро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо аз ҷиҳати гуногуншаклӣ ҳашаротҳо бартарӣ доранд. Дар ҳудуди кишварамон намудҳои эндемикӣ, нодир ва камёфт, аз ҷумлаи ширхурон, хазандагон, парандагон, хояндагон, моҳиён ва ғ. вомехуранд, ки дар дигар кишварҳои ҳаммарз дида намешаванд.
Маҷмӯи олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон дар бунёд, ташаккул ва танзими даҳҳо экосистемаҳои табиӣ аз ҳамвориҳои ҷануби кишвар сар карда, фарогир то баландкӯҳҳои он нақши бунёдиро мебозад. Мавҷудият, мувозинат ва беҳдошти экосистемаҳои табиӣ ва захираи олами набототу ҳайвонот асоси инкишофи устувори ҳар як давлатро ташкил медиҳад. Устувории экосистемаҳо ба гуногунии олами наботот ва ҳайвонот мутаносиби мусбӣ дорад. Яъне ҳангоми зиёд будани гуногунии намудҳо, устувории экосистемаҳо меафзояд ва баръакс.
Аммо таъсири омили антропогенӣ (пеш аз ҳама фаъолияти номатлуби ҷамъияти инсонӣ), зиёд шудани аҳолӣ, ба кор андохтани заминҳои нав, бунёди шаҳраку деҳот, шоҳроҳҳо, марказҳои саноатию маишӣ оварда ба аз ҳад зиёд шудани ихроҷҳои саноатию хоҷагидорӣ ба кӯлу обанбору дарёҳо, маводи кимиёвию дуду гулхонигиҳо ва омехтаҳои ғализ ба хоку атмосфераи биосфера ба аз байн рафтани садҳо намуд растанию ҳайвонот ва даҳҳо экосистемаҳои нотакрори табиӣ оварда расонид. Пеш аз ҳама ин таъсироти номатлуб дар 100 соли охир дар кишварҳои мутараққӣ ба таври возеҳ аён гардидааст, вале дар зери таъсири гирдгардиши боду ҳавои биосфера, оқибатҳои номатлуби антропогенӣ дар кишвар ва минтақаҳои номуташаккили саноатӣ низ омада расидаанд. Аз инҷост, ки рӯз аз рӯз қатори намудҳои растаниҳо ва ҳайвоноти нодиру камёфт ва дар Китоби Сурх воридшаванда дар кишварҳои Осиё ва Африқо мунтазам зиёд шуда истодааст.
Ҳамчунин тағйирёбии саросарии иқлим ва мунтазам баланд гардидани ҳарорат дар курраи Замин дар 50 соли охир ба хушксолиҳо ва зиёд шудани майдонҳои биёбонию нимбиёбонӣ, аз байн рафтани пиряхҳои хурд, хушк шудани дарёчаю чашмаҳои кӯҳсор ва дар баъзе мавридҳо иваз шудани муҳити зист, ба аз байн рафтани намудҳои зиёди растанӣ ва ҳайвонот ва дар охир ба коста шудани даҳҳо экосистемаҳо оварда расонд. Таъсири оқибатҳои гармшавии иқлим бештар дар мамлакатҳои Осиё ва Африқо, ки майдонҳои васеъи биёбонию нимбиёбонӣ доранд, мушоҳида карда мешавад.
Дар барнома ва рӯзномаи ҷаласаҳои Симпозиуми байналмилӣ чунин мавзӯъҳои экологии мубрами рӯз ва коркарди асосҳои илмии ҳаллу фасли мушкилотҳои номбурда доир ба гуногунии биологию экосистемаҳо ва истифодаи устувори захираҳои онҳо сухан меравад.
Ҳикмат Ҳисориев,
академики АМИТ

НАВРӮЗ ТАРҒИБГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ОИНИ НЕКИ НИЁГОН

  Наврӯз дар фарҳангу тамаддуни мардумони ориёинажод ва бахусус тоҷикон аввалин, ҳумоюнтарин ва воломақомтарини ҷашнҳо ба ҳисоб меравад, ки дар шукуҳу ҷалол ва ҳашамату бузургӣ ҳеҷ ҷашни дигаре ҳамтои он нест. Наврӯз дорои муъҷизаю эъҷози ба худ хосе ҳаст – Наврӯз муждаи пирӯзист, айёми эҳё ва оғози вақту офариниши олам аст. Пайдоишу кашф шудани ин ҷашни бузург мутааллиқ ба тамаддуни бостонии ақвоми эронибатори ориёиасли порсу тоҷик мебошад, ки пойгоҳи аслии Наврӯз мулки     Ориёнвеҷ ва Хуросону Мовароуннаҳр ва ватани аслии барҳаққи имрӯзаи он кишвари Тоҷикистони офтобрӯя аст.
  Дар ин бора дар романи таърихии «Ориёно. Ҳасрати Зардушт» чунин омадааст: ʻʻВатани аслии тамаддуни ориёӣ Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон аст ва муаллифи нахустасари олам «Авесто» Зардушти Спитамон низ зодаю парвардаи ҳамин ватан астʼʼ. Наврӯз аз андешаи поку неки ақвоми Ҳиндуориёи падид омад, ки дар асрори офариниши табиату коинот одаму олам тафаккур мекарданду ҳуввияти волофарҳангсолорию фарҳангӣ ва имлдӯстию донишандӯзӣ доштанд аз ҷумла дар офаридани хат ва алифбои нахустини инсоният. Арзише ки арзиши онро дар матни тамаддуни умумиинсонӣ баҳогузорӣ мушкил аст,ин қадами нахустини инсоният ба ҷаҳони маърифат аст. Ин қадам офаридани алифбо аст. Маъхазҳо дарак медиҳанд, ки офарандагони фарҳанги ориёнӣ-тоҷикӣ чандин алифбо эҷод кардаанд.Кисме аз онҳо ба фаромушхонаи таърих рафтааст.Аз он ҷумла алифбое ба унвони «Шоҳдабира».Ин алифбое будааст,ки онро танҳо шоҳ ва чанд нафаре ки мавриди эътимоди шоҳ буданд медонистанд… ва боз чандин алифбои дигар. Беибо метавон гуфт, ки мардумони атрофии Вароруд, ориёҳои бостонӣ ниёгони Наврӯзанд. Вожаи ориёӣ-дарӣ будани худи истилоҳи Наврӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки тоҷикон дар саргаҳу сароғози фарҳангу таърихи тамаддуни башарӣ қарор доштанд. Фалсафа ё худ ҳикмати Наврӯз; пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. Покӣ, некӣ, ростӣ, баробарӣ, тавозуну эътидол (гармония), эҳё шудан ва пирӯзии некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣ асоси фалсафаи Наврӯзро ташкил медиҳанд. Оинҳои поку неки наврӯзӣ; покӣ, некӣ, ростӣ аз андешаву афкори поку неки ниёгони поктинату несиришт, равшанзамиру рушанрой ва некманишу ваҳдонифитрати мо тоҷикон падид омадаю зуҳур ба олами ҳастӣ намудааст, ки дар худ баландтарин мақом ва поя, ғояҳои олии раиятпарварӣ, ваҳдату ягонагӣ ва мардумсолориро таҷассум мекунад. Ҳикмати Наврӯз дар принсинҳои олии он: покию некӣ, ростӣ, баробарию бародарӣ таҷассум ёфтааст, ки метавон принсипҳои аввалину асосии мардумсолорӣ (демократия) номид. Ниёгони инсондӯсту раиятпарвари мо сар карда аз нахустодам Каюмарс, Афридуну Ҷам, Дорюшу Доро, Кайхусраву Куруши Кабир, Сосониёну Сомониён то ба имрӯз фақат покию некӣ, ростию баробарию бародарӣ – яъне ғояҳои олии гуманистиро оини хеш қарор дода, чун ливои пирӯзии Наврӯз бар афсурдагию парешонӣ ва сардию торикӣ, ҳамеша ҷилвагар доштанду фархундаҳолию фарзонагӣ ва фараҳмандию фаррухрӯзгориро сарсилсилаи оини Наврӯзӣ сохтаанд.
Ҳикмати Наврӯз пеш аз ҳама покию покизагӣ, озодию озодагӣ, соҳибаслу табии будан бо табиату коинот ва қавонини он созгорӣ доштану худро ҷузъи таркибию ҷудоинопазир ва бевоситаи олами ҳастӣ шуморидани инсон аст. Ба таври дигар покии зоҳиру ботин, покӣ дар ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама вақт, дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ, луқмаи ҳалол аз ранҷи заҳмати худ, ростию росткорӣ, ростқавлӣ, сидқ дар аҳду паймон, адлу инсоф, таодул ва мувозинат дар муносибатҳо; оилавӣ, бо мардум,муомилот– доду гирифт, қарз додан, бахшишу сахо кардан, пардохтани ҳаққи хизматчиёну музддурону ранҷбарон ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти инсонӣ мебошад. Ғояи асосии оини наврӯзӣ ин талқини идеяҳои олии гуманистӣ – инсондӯстӣ, даст ёфтан ба ҳаёти бошууронаю бошарафона, амну осоиш ва фараҳ дар зиндагии дунявӣ – дар олами моддӣ мебошад. Меҳвари аслии Наврӯз ин инсон аст, инсони озод, бошараф, инсони комил,озодруҳу озодравон ва озодфитрату некманиш.Дигар паҳлӯи ҳикмати наврӯзӣ ин эътидол аст. Эътидолу тавозун дар ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама вақт. Мувозинату баробарӣ,назму низом, адолат, мутавозинӣ дар корҳо ва амалҳо, асолат ва руҷуъ ба асл кардан, рӯ овардан ба асли хеш, ба назми азалии рӯзи офариниши олам мебошад, ки ҳама чиз дар ҳама ҷо дар мувозинати мутлақ (обсолютная гармония) қарор дошт ва дар муносибати миёни инсону табиат эътидолу мувозинати кулл ҳукмрон буд. Чаҳор унсур ё нахустмабдаи олами ҳастӣ дар муносибати созандаву ҳаётзо қарор доштанд на муносибати инкоркунандаву тахрибкунандаи якдигар. Замоне ки об бо оташ ва хок бо бод ба ҳам меомаданд. (ин ишора ба даврони белоишӣ – артезишн аст). Бо як ҳарф ҷашни Наврӯз, ҷашни эътидолу баробарӣ, мавзунию мувозинат, назму низом ва адолати саросарӣ дар муносибати одаму олам ва кулли коинот буда асли он айёми таҷаллии қудрату ҷалоли офаридгор-зебогии табиату мавҷудот аст. Ҳавзаи тамаддуни ҷашни бостонию оламгири Наврӯз макони баромад ва сарчашмаю сароғози тамаддуни таъриху фарҳанги башарӣ ба ҳисоб меравад ба ин маънӣ ки оғози ибтидои пайдоиши оламро аз замони офариниш шуруъ мекунад. Наврӯз оғози олам аст, зодрӯзи оламу одам ва ҳастист, он як ҷашни оддӣ нест, як фарҳанг аст ва хато нест агар гӯем, ки як тамаддун аст. Наврӯз рамзи покию некӣ ва пирӯзист. Қабл аз ҳама рамзи эҳё ва бедории инсону табиат аст, пайғоми ҳаёти нав, сарабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз ин инсондӯстию таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ, ваҳдату баҳамоӣ, асолат ва руҷуъ кардан ба асл аст. Наврӯз ҷашни инсони комил, ростин, нексирату нексиришт, некандешу некманиш аст, ки дар ҳама ҳол эътидолро риоя мекунад. Ба як ҳарф шиору машъали Наврӯз: «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» аст, ки далели ин гуфтаҳоянд.
Наврӯз тантанаи руҳи мардуми ориёист, руҳи озоду равони пок, сиришти неку, хиради ростин ва роҳи ростон. Ҷавҳари ҷашни Наврӯз аслан ҳикмат аст, ҳикмати зиндагӣ, зиндагии бошарафона ва бархурдорӣ аз одамият, он фалсафаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии ориёнажодон аст, ки дар пояи ахлоқ ва хирад бунёд гардидааст, ки он тарбияи инсони комилро тақозо дорад. Наврӯз фарҳанг ва фалсафаи озодону озодагон, пирӯзии фарзонагон аст ва аз ҳар манзар, ки бингарӣ, ростӣ, покию некӣ ва софию сафост ва аз сиёҳию бади дар ӯ ҳеҷ нишоне нест.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд,доктринаи асосии ахлоқӣ-эстетикии Ориёиҳои бостон, кафолати ҳаёти некро дар дунё ва наҷоти руҳи инсонро дар охират маҳз дар риояи адолат ва эътидол дар умури рузмарраи дунёӣ маънидод мекунад.Чуноне ки қайд кардем Наврӯз оғози оғозҳост, ҷашни офариниши олам аст ва ҳеҷ гуна иртиботу ихтилофе бо ҳеҷ гуна дину мазҳаб ва равияю фирқае надорад, чунки он муқаддамтар аз кулли адён аст ва он замоне зуҳур ба олами ҳастӣ намуд, ки ҳоло масоили дин ва эътиқод дар миён набуд. Инсон нав ба олами моддии ҳасти по гузошта буду дар асрори офариниши олам ва қавонини он акнун ба андеша пардохта буд ва барои худ роҳи дурусти зиндагиро меҷуст ва мекушид, ки бо табиату коинот ҳамсону ҳамрадиф бошад. Азбаски инсон танҳо аз даврони беолоишӣ берун омада буд ҳоло тафаккури ӯ поку тоҳир буд, бо хаёлоти мағшуш олуда нагашта буд, биноан ягона афкори ӯ паймудани роҳи росту ҳақиқат, некию покӣ буд ва ба ҳар сон, ки метавонист аз каҷию торикӣ ва бадӣ, дӯрӣ меҷӯст. Гуё ин ҳарф аз тинати поку сиришти неки ниёгони мо берун меомад: “Эй Аҳуро моро аз душман, хушксолӣ ва дуруғ наҷот деҳ”.
Инчунин ҳамаи 5 китоби Авасто бо ин суханон тамом мешаванд: “Роҳ якест ва он роҳи ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд”. Робиндранат Такур барои чунин хусусиятҳои мардуми ориёӣ ин тавр ибрози назар мекунад: “Онҳо мехостанд бо нерӯи маниши пок ва эътимод ба нафс истиқомати ҷаҳонро обод ва аз неъмати Хурдод баҳраманд шаванд, то дар ҷаҳони дигар низ ба бахшоиши Амрдод комраво гарданд”. Ниёкони мо дуруғгуиро хислати зишттарин медонистанд. Ҳеродот низ инро таъкид кардааст, ки ориёиёни бостон ба фарзандони худ аз овони кудакӣ се чиз меомӯхтанд: “аспсаворӣ, тирандозӣ ва ростгӯӣ”. Гуноҳе, ки дар дини маздоясно нобахшиданист, дуруғ мебошад. Дар Меҳряшт беҳтарин подош барои ростгӯ ва шадидтарин ҷазо барои дурӯғгу муайян шудааст. Мувофиқи он эзиди Меҳр дурӯғгу ва аҳдшиканро ба доғи фарзандонаш менишонад. хонаашро вайрон, хайру баракат аз хонумонаш мебардорад, аз хушиҳои Фзиндагӣ маҳрум менамояд. Тарзе ки аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ягона оини Наврӯз ин ростӣ, покӣ ва некист. Аввалан покӣ дар ҳама ҷо ва ҳама чиз, эътидол дар ҳама корҳо. Некӣ кардан, авфу бахшиши гуноҳон, атову бахшишу саховат кардан, ёрӣ ба ниёзмандону дастгирии дармондагон, дурӣ ҷустан аз аъмоли ношоиставу пайвастан ба накукорон, парҳез аз афкору гуфтори нописанд, муносибати нек бо ҳамсоягону ноошноён, ҳамапазирию таҳаммулгароӣ, ҳамзистии осоишта дар сулҳу ваҳдат, покии манзилу макон, тан, рӯҳ ва ҷону имон. Дурустию ростӣ дар аҳду паймон, пардохтан ба ободкориву созандагӣ ва амсоли инҳо. Ба як сухан боз ҳамон фармуда ё шиори Авасто: “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ё фармудаи аз ҳама ҷолиби он: “Роҳ якест ва он роҳи ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд” ёд меояд. Дар фароварди сухан овардани як нуктаи басе ҷолибу дар айни замон дархурдеро аз китоби гаронмояи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти ҷамъбасти мавзӯъ ба маврид медонем, ки чунин аст: “Он халқ хушбахту ҷовид аст, ки бо ниёкони худ пайванди ногусастанӣ дорад”. Он халқ боз бештар сарбаланду сарфароз аст, ки дар ҳар мавриди сахту осон барои машварат ба ниёкони худ рӯ оварда ва ҳамеша дар пайи он бошад, ки ба хазинаи пурбаҳои андӯхтаи гузаштагонаш аз худ чизе илова намояд.
Холов Ш.А.
мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

НАВРӮЗ ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН

  Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Имрӯз дар бист кишвари ҷаҳон     Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегиранд ва ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон, дар маросими таҷлили сеюмин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ, 20 марти соли 2012, дар шаҳри Душанбе, қайд намуда буданд, ки Халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик ва манотиқи дигар бо омад – омади Наврӯз расму анъанаҳои қадимаи худро ба ҷо меоранд.
Навруз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Аввалин шахсе ки Наврӯзро ҷашн гирифтааст подшоҳи форс Ҷамшед мебошад. Маънои Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамасола 21- уми март ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рӯз ҳудуди шабу рӯз баробар гардида рӯзи аввали баҳор яъне Наврӯз фаро мерасад. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз ин китоби муқаддаси зардӯштиён “Авесто” мебошад. Аввалин қадамгоҳи устувори ҷаҳонишавии Наврӯз ин тахти Ҷамшед гардид, ки бо шукӯҳу шаҳомат дар сатҳи баланди давлатӣ баргузор мегашт. Харобаҳои тахти Ҷамшед, ки шукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзиро дар худ таҷассум намудаанд, ҳамчун тимсоли ақлу хиради нотакрори мардуми ориёӣ дар зери чархи гардун боқӣ монда, тамоми мардуми оламро ба ҳайрат мегузоранд. Ҳангоме ки Ҷамшед тиллои баландсифат тахти шоҳии худро сохт он аввалин тахт дар таърихи башар будааст онро ҳангоми тулӯи офтоб ба қуллаи баландтарини кӯҳ мебарорад тахти тиллои аз шӯлаи офтоб чун офтоб нӯрпоши мекунад. Мардум ин рузро Наврӯз номиданд ва ҳамчун соли нав ҷашн гирифтанд. Чунин шуморида мешавад ки макони пайдоиши иди Наврӯз Эрони қадим мебошад.
Дар ҷашни Наврӯз суманак яке аз хурданиҳои асосӣ ба шумор меравад, ки ҷараёни пухтани он дӯру дароз ва кори мушкиле мебошад. Ин коро аз бегоҳ оғоз мекунанд ва он шаби пеш аз Наврӯзро мегирад. Суманак таъоми оддию муқарари набуда он як таоми муқаддас ба шумор меравад. Баъди пухтани суманак суманакро ба ҳамаи ҳамсоягон, хешовандон ва дӯстон тақсим мекунанд. Пеш аз он ки суманакро мечашанд, се орзуи худро вирди забон мегардонанд ва онҳо дар давоми сол ҷомаи амал мепӯшанд.
Яке аз анъанаҳои Наврӯзи ин ҳафт син мебошад ки ин ҳафт номгуи чизҳоест ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – с (син) сар мешавад. Ба инҳо дохил мешавад:
1.Сир – рамзи саломатӣ
2. Себ – рамзи зебогӣ ва саломатӣ
3. Сабзӣ – рамзи сабзиши табиат
4. Санҷид - рамзи ошиқӣ
5. Сирко – рамзи пуртоқатию хирадмандӣ
6. Суманак – рамзи нерӯмандӣ ва боварӣ
7. Сипанд
Инҳо аз урфу одати ҳар як миллат вобаста мебошад ва ҳар як давлат урфу одати худро дорад аз ин сабаб ба ҷои Ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон мегузоранд.
Ба ғайр аз ҳаф тсин дар руи дастархони Наврӯзи ҳафт шин мегузоранд ки он номгуи чизҳои дастархониест ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо –ш (шин) сар мешавад. Ба инҳо дохил мешавадд:
1. Шакар
2. Шона
3.Шамъ
4. Ширинӣ
5. Шарбат
6. Ширбиринҷ
7. Шир
Ҳар гоҳ, ки мо ёди Наврўз мекунем, орзуҳои нахустини таърихи ниёгонамон ба хотир меоянд. Ин ҳамон паёмест, ки тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдоди деринсоли моро то ба имрўз танида, пуле байни ҳаёти муосиру гузаштаи дури мо сохта, тавассути он бо фарҳанги волою маънавиёти пурғановати таърихи тамаддунамон шинос мешавем ва бо ҷашни Наврўзи фархундапай суннати деринаи худро таҷлил менамоем. Хулоса, бояд гуфт, ки ҷашни Наврўз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштану таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон ба баҳори нав, баҳри таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёист, бо қадамҳои устувору бунёдкор, азму иродаи нав қадам ниҳода, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бигзор Наврўзи хуҷастапай ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдеро ато кунад.
Ходими хурди Шуъбаи география
ва зондикунонии фосилавии АМИТ
Раҳмонова Ф.А.
 
 
 
 

АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ АНДАР НАВРӮЗ ВА ҶАШНҲОИ ПОРСИЁН (ЭРОНИЁН) ВА РӮЗҲОИ БУЗУРГДОШТ ДАР ОИНИ МУҒОН

  Дар ин мақола ба шакли иқтибосҳои баргузида сухан аз бузургдошти ҷашни бостонии Наврӯз чун ҷашни оғози соли нав (баробаршавии шабу рӯз) ва анҷумани бузурги милливу расму русуми марбут ба он дар осори аллома, ҳаким ва донишманди зуфунуни тоҷику форси давраи Сомониён Абурайҳони Берунӣ (Абу́ Рейха́н Муҳаммад ибн Аҳмад ал- Берунӣ - 973-1048), ки осори худро ба забони арабӣ ва форсӣ иншо намудааст, хоҳад рафт. Алалхусус, инҷо асарҳои зерини ӯ - «ал-Осору-л-боқия» ва «Қонуни Масъудӣ» дар назаранд.
  Хоразмиён ба мисли қавмҳои сакоӣ ва суғдиҳои қаламрави Авруосиё, аз қавли Абурайҳони Берунӣ, яке аз шохаҳои бузурги қавми эронии шарқианд ва аз нигоҳи баромади таърихӣ онҳо ба порсиён (аҳди Кайхусрав ва Сиёвуш) қаробат доранд. Ин эрониёни шарқӣ дар кулл дар замони ислом аз тарафи бегонагон ба мисли дигар эрониён ба худ номи умумии «тоҷик» (яъне на арабу на турк)-ро пазируфтанд ва онро касб кардаанд. Бояд гуфт, ки дар Хоразм пеш аз ислом илми ситорашиносӣ хеле зиёд тараққӣ карда буд, ки онро дар инҷо ба унвони «ахтарвеник» (ахтар-ситора) мешинохтанд. Осори фарҳангии хоразмиён (китобу набиштаҳо) дар вақти истилоъи араб аз тарафи сарлашкар Кутайба ибни Муслим (669-715)- волии Хуросони аҳди хилофати Умавиён (с.712) нест карда шуд. Бо вуҷуди ин дар замони Сомониён дар инҷо Академияи Маъмун фаъолият мекард ва Беруниву Ибни Сино аъзои фаъоли он буданд. Ба ин сабаб Абурайҳони Берунӣ - ин лашкаркаши ислом,Ибни Кутайбаро мавриди таънаву мазаммат қарор додааст ва дар ҷавоб ба ӯ дониши ахтаршиносии арабро дар муқоиса ба донишҳои хоразмиён на бештар аз дониши як деҳкони хокпоши хоразмӣ дониста ва баҳогузорӣ кардааст.
Олими зуфунуни хоразмӣ Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Қонуни Масъудӣ» ва китоби «ал-Осору-л-боқия» оид ба ҷашни Наврӯз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди мардуми муқимии тоҷики Хуросону эрониён, суғдиён ва хоразмиён (тоҷикон) ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзӯи Наврӯз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад.
Иқтибосҳо аз китоби «Қонуни Масъудӣ» и Абурайҳони Берунӣ дар бораи Наврӯз:
Агарчи замон муғонро байни даврони яҳудиён ва насрониён қарор додааст, аммо оини онҳо ононро аз назари тақвимӣ (хронологӣ) вопас мебарад, зеро порсиён худро мансуб ба уммати пайғамбаре медонанд, ки дигарон пайғамбарии онро эътироф намекунанд. Порсиён дар ҳеч ҳол аз китобҳои осмонии машҳур пайравӣ намекунанд, ба ҷуз мавридҳое, ки дар осори қадимии онон бозтоб дошта бошад. Мо ( инҷо сухан аз забони Берунӣ аст!) ҳар чи тавонистем дар боби ҷашнҳои муғони Форс ва Хуросон ва рӯзҳое, ки онон бузург медоранд, маълумот гирд овардем ва дар ҷадвале таҳия сохтем, то истифода ва фаро гирифтани он осон гардад.
Ба ҳамин сабаб барои мо дар ин ҷо овардани ҳамаи он чи ки аз тариқи назарпурсӣ дар бораи ин дин ба даст омадааст, мувофиқи мақсад нест, аммо вазифаи мо тақозо мекунад, ки асоси ҳар кадом таълимоти диниро дар шакли ривоят биоварем. Вазифаи мо ин нест, ки аз назари интиқодӣ /ҳар кадом оинро/ баррасӣ ва таҳлил намоем, ки ин корест сахт душвор, ки аз уҳдаи дарку ҳаллу фасли он танҳо касе мебарояд, ки Худованди бузург ӯро ёрӣ ва бо ҳидояташ раҳнамоӣ кунад.
Дар робита ба Наврӯз ҳаминро мегӯем, ки номи он баёнкунандаи аҳамияти он аст, зеро он «Рӯзи нав»-ро ифода мекунад, чун ин рӯз оғозгари сол ва ибтидои давраи солонаи гардиши Хуршед мебошад. Мавқеи он усулан, аз дарозтарин рӯзи сол ба шумор меояд. Ин рӯзро ба ин сифат ба хотири он баргузидаанд, ки барои касоне, ки муайян намудани онро мехоҳанд, бе доштани донишу малакаҳои ситорашиносӣ, аз рӯи сояи ватад дар девор ва гузаштани рушное, ки аз сӯрохӣ ба хона сурат мегирад, осон аст. Ин рӯз оғози гирдоварии хироҷ бинобар расидани ҳосили ғалладонаҳо мебошад. Порсиён ба ин боваранд, ки Ҷамшед дар ин рӯз бар тавсан нишаст ва ба самти ҷануб ба размгоҳи девон худро расонд, ки манзури онҳо аз девон гӯё неруҳои сиёҳ ва зангиёнанд.
Дар мавриди Наврӯзи бузург порсиён чунин мегӯянд, ки дар ин рӯз Ҷамшед бо пирӯзӣ баргашт ва нури Хуршед бар тахти ӯ, ки бо зару ҷавоҳир ороста буд, афтод ва онро дурахшон гардонд. Ва ин рӯзро онон Шид ном карданд, ки маънии «дурах-шид-ан» дорад. Ва дар ин рӯз дар порсиён расме даромад, ки дар он об мепошиданд, зеро он рӯз ба номи фариштае буд, ки молики Об медонистанд. Дар ин рӯз бо бозгаштани Ҷамшед ва ба андоза гирифтани тамомии чизҳо, ки то он замон муайян набуданд, борони раҳмат ва ҳосилхезии /замин/ дубора сурат пазируфт.
Ва он чи ба рӯзи Суруш иртибот дорад, гӯянд, ки ин номи фариштаест нерумандтарин дар муқобили девон, ки ин рӯз дар ҳар кадом моҳ муборак дониста мешавад. Ва номи моҳҳо назди порсиён баргирифта аз номи фариштагон аст. Замзама – ин овозгунае баровардан аст, овозгунае бо димоғ, на бо калимоти қобили фаҳм. Замзамаро ба он манзур истифода мекарданд, то дуову намоз қатъ нагардад ва намоз назди порсиён сипоси Худованд ба ҷо овардан барои ҳар неъмате аст, ки доим ба бандагонаш ато мефармояд. Ба ин хотир аст, ки порсиён ҳангоми тановули таом даҳан ба сухан боз намекунанд, зеро дар ин ҳол шукри беҳтарин неъматеро ба ҷо меоранд, ки Худованд ато фармудааст.
Рӯзи нуздаҳуми Фарвардинмоҳ ба хотири он ҷашн гирифта мешавад, ки номи ин рӯз ба номи моҳ – Фарвардин мувофиқат дорад. Ва ин як расми порсиён аст, ки рӯзе, ки номи он ҳамноми ҳамон моҳ бошад, ҷашн мегиранд ва бузург медоранд. Ба ҳамин манзур рӯзи сеюми урдибиҳиштмоҳро ҷашн мегиранд, ки ин номи фариштаи молики оташ дониста мешавад. Ҳамчунин дар боқимонда моҳҳо низ ҷашнҳо сурат мегиранд.
Он чи гоҳанбор гуфта мешавад, ин аст, ки гоҳанборҳо шаштоанд ва ҳар кадоме аз онҳо шомили панҷ рӯз аст. Гоҳанборонро Зартушти Озарбодагон, ки онро паёмбар медонанд, бунёд гузоштааст ва онҳо дар баробари шаш рӯзе, ки Худованди бузург ҷаҳонро халқ фармудааст, қарор дода мешаванд, ки тафсилоти бештари ин амр дар оғози Таврот баён ёфтааст (ғараз инҷо дар шаш рӯз офарида шудани олам аст!). Ба бовари муғон Худованди бузург осмонро дар гоҳанбори аввал, обро, дар дар гоҳанбори дуюм, Заминро, дар дар гоҳанбори сеюм, гиёҳу рустаниҳоро дар дар гоҳанбори чаҳорум, ҷонваронро дар дар гоҳанбори панҷум, ва бани Одамро дар дар гоҳанбори шашум халқ фармудааст. Гоҳанборҳо ба забоне номгузорӣ шудаанд, ки барои навиштани онҳо лозим омад ва онро забони Авасто гӯянд.
Бо он чи дар боло гуфта омад, бинобар мувофиқ омадани номҳо шашуми Хурдодмоҳ ҷашн дониста мешуд. Ҳамчунин рӯзи ёздаҳуми Тирмоҳ ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз инчунин тир андохтани Ораш ба муносибати сулҳ миёни Манучеҳр ва Афросиёб иттифоқ афтод. Шарти сулҳ ин буд, ки то он нуқтае, ки тири Ораш мерасад, қаламрави Манучеҳр дониста шавад. Порсиён ба ин бовар ҳастанд, ки Ораш аз болои кӯҳи Руёна тир андохт ва тири ӯ ба решаи дарахти чормағзе афтод, ки дар байни Фарғона ва Тохаристон воқеъ буд. Онон рӯзи дигарро пас аз он низ ҷашн мегиранд, ба ин бовар ки дар он рӯз паём дар бораи тири Ораш интишор ёфт. Дар рӯзи Тиргон порсиён обварзӣ мекунанд ва ошхонаву оташдони худро вайрон мекунанд. Ва ин корро ба хотири бузургдошти рӯзе анҷом медиҳанд, ки мардумон аз муҳосираи лашкари Афросиёб берун омаданд ва имкони бозгаштан ба кору бори худ барояшон фароҳам омад. Он чи ба обварзии онон иртибот мегирад, ин аст, ки ба бовари порсиён, Кайхусрав ҳангоми бозгашт аз ҷанг бо Афросиёб назди чашмаи обе фурӯд омад ва дар ҳоле, ки аз лашкар ҷудо буд, аз ғояти хастагӣ беҳуш афтод. Ин вақт писари Гударз – Виҷн назди ӯ расид ва ба рӯйи Кайхусрав об пошид, то замоне, ки ӯ ба ҳуш омад. Аз он ҳангом расми обварзӣ назди порсиён бузург дониста мешавад.
Шаҳриваргонро Озарҷашн меноманд, зеро дар ин рӯз, ки охири рӯзҳои гоҳномаи порсиён аст, ҳаво дигаргун шуда ба сардӣ мегарояд ва мардумон барои гарм кардани хонаҳо ниёзманди сӯзишворӣ мегарданд. Дар моҳи Шаҳривар, дар миёнаи он – рӯзи Меҳр – рӯзи ҷашни тохариён аст, на порсиён, вале он дар айёми мо ба рӯзи аз ҳама бузург /ва барои ҳамаи муғон муштарак/ дониста мешавад ва онро оғози фасли поиз медонанд. Ва ин рӯзро «Ганҷури аввал» гӯянд ва аммо рӯзе, ки баъди понздаҳ рӯзи он фаро мерасад, «Ганҷури дуюм» меноманд. Эҳтимол дорад, ки ин рӯзҳо мутаносибан, ба хоссон ва мардуми авом нисбат дода мешуданд.
Аммо Меҳрагон рӯзест, ки ба бовари порсиён Афридун бар Байварасп, ки бо номи Заҳҳок машҳур аст, пирӯз омад ва ӯро ба асорат гирифт ва дар кӯҳи Дунбованд бандӣ кард. Аммо гуфтаанд, ки ин амр дар рӯзи Ромрӯз иттифоқ афтод ва Зардушт амр бар ин намуд, ки ҳар кадоме аз ин ду рӯз бузург дошта шаванд. Таносуби онҳо чунон аст, ки миёни ду Наврӯз воқеъ гаштааст.
Дар рӯзи Обонгон Зав - писари Таҳмосп обро дар рӯдхонаҳое, ки Афросиёб хокрез карда буд, ҷорӣ сохт. Дар ин рӯз инчунин паёми поён ёфтани ҳукмронии Байворасп ба иқлимҳо расид, ки онҳо ҳамчун қаламрави кишварҳо ҳастанд. Ва ҳар кас ҳокими хонаву хонаводаи худ гашт пас аз он ки замоне ҳеч кас ҳокими хонаву хонавода набуд, ба сабаби миёни одамон тасаллут доштани девони бадхӯ.
Аммо Фарвардингон – ин панҷ рӯз аст, ки порсиён хӯрданиву нӯшиданиҳоро барои арвоҳи даргузаштагони худ арза медоранд, зеро ин рӯзҳо ба темордории арвоҳ ихтисос доранд. Инҳо рӯзҳои охирини Обонмоҳанд. Валекин ҳангоме ки рӯзҳои «дуздидашуда» дар ҳаштумин кабисаи пас аз Зардушт дар поёни Обонмоҳ қарор дода шуданд, замони хотимаи моҳ афзуд ва аз панҷ рӯз бештар гардид. Ба ин сабаб дар нисбати Фарвардингон ихтилофҳо ба миён омад, яъне оё Фарвардингон панҷ рӯзи поёнии Обонмоҳ аст, ё панҷ рӯзи «дуздидашуда».
Аммо Баҳорҷашн – ин оғози баҳор дар гоҳномаи Хусравон буд. Дар ин рӯз дар замонҳои пешин одами кусарише савори маркаб бодбезакро алвонҷ дода аз рафтани сармо ва фаро расидани гармиҳо паём медод, дар айёми мо низ ҷиҳати шодмон сохтани одамон ин маросимро барпо медоранд. Бодбезак ин ҷо рамз ва нишонаи ҷон бохтани сармо мебошад. Дар ин рӯз ба бовари порсиён хуросонхара ба зуҳур омад, ки онҳо рӯбоҳҳои парронанд. Дар замони Каёниён хуросонхара рамзу нишони саодатмандии онҳо буд, ки бо заволи Каёниён инқирз ёфтанд.
Дар рӯзи Озарҷашн порсиён ба оташкадаҳо мерафтанду дар он ҷо қурбониҳо карда садақа медиҳанд.
Он чи ба Аҳурорӯз иртибот мегирад ин аст, ки чун порсиён Даймоҳро моҳи бузургдошти Яздон медонанд, пас рӯзи оғозини ин моҳ ки номи Яздонро дорад, рӯзи фархунда ва хуҷаста дониста мешавад. Ин рӯзро Навадрӯз низ мегӯянд, чун ин шумораи рӯзҳост миёни он ва Наврӯз. Се рӯзе, ки дар таркиби номи ҳар кадом вожаи «дай» мавҷуд аст, бузург дониста мешаванд ва ин ба сабаби мувофиқати онҳо бо номи моҳ мебошад.
Аммо рӯзи Сирсаво он аст, ки дар он рӯз тамоми хӯрданиҳоро бо сирпиёз мехуранд, то аз зиёни девон дар амон бошанд. Порсиён ба ин боваранд, ки девон дар ин рӯз, ки куштори Ҷамшед иттифоқ афтод, бар одамиён пирӯз омаданд. Ва он чи ба рӯзи Пайкон иртибот дорад ин аст, ки порсиён дар ин рӯз аз гил ё хамир пайкари одамӣ сохта дар дами дару дарвозаҳо мегузоштанд. Акнун ин расму анъана канор гузошта шудааст, чун он ба рамзҳое алоқамандӣ дорад, ки ҳамчун нишонаҳои бутпарастӣ ислом манъ кардааст.
Аммо он чи ба шаби Ялдо нисбат медиҳанд, ин аст, ки шаби Ялдо пас аз рӯзи понздаҳум меояд. Дар ин шаб порсиён говҳоро ороста таъзими онҳоро ба ҷо меоранд. Сабаби ин амр ба бовари порсиён он аст, ки пас аз синаи модар боз кардан Фаридун бар пушти гов нишаст ва низ дар ҳамин рӯз буд, ки пас аз муддате, ки Байварасп говонро дар банд медошт ва бо онҳо бархурди бераҳмона мекард, говҳои Асфион – падари Фаридун озод карда шуданд. Ва мардум бинобар муносибати меҳрубононае, ки Асфион нисбат ба говҳои хушхӯ зоҳир намуд, он шабро бузург доштанд ва ҷашн мегирифтанд.
Дар ҷашни Баҳманҷа порсиён дар кӯзаҳо аз тариқи бо ҳам омехтани гиёҳҳои хӯрданӣ, донакҳо, тухмиҳо ва гӯшти ҳар гуна ҷонварон ғизо таҳия месозанд ва дар ин ҷашн онҳо баҳмани сапед ва шири аз ҳама сапедтаринро менӯшанд, ба ин бовар, ки ононро аз чашми бад дар амон медорад.
Барсадак маънии Садаи пешинро дорад, чун он панҷ рӯз пеш аз Сада меояд. Барсадакро Навсада низ мегӯянд. Дар иртибот бо Садак низ гӯянд, ки дар ин рӯз шумораи насл аз Меша ва Мешон ба сад расид ва ин ду ба бовари порсиён нахустодамон буданд. Аз ин рӯ Садаро чунин номгузорӣ кардаанд. Ва низ мегӯянд, ки миёни ин Сада ва Наврӯз сад рӯзу шаб аст, агар ҳар кадом /рузу шаб/ ҷудо шуморида шавад. Ин ном ба номи Навад рӯз мемонад, ба ҳамин хотир калимаи «рӯз» ҳамроҳ бо Сада корбурд надорад.
Дар робита бо он ки дар баландиҳо дар шабе, ки пас аз рӯзи даҳум меояд, оташ равшан мекунанд, ривоят ин аст, ки Азмоил – вазири Байварасп марди некусирате буд ва кӯшиш мекард, ки одамонеро, ки Байварасп амр бар куштани онҳо медод, бештар зинда гузорад. Ӯ одамони наҷотдодаашро дар ҳудуди Думбованд пинҳон нигоҳ медошт. Ва ҳангоме ки Фаридун ба Байварасп пирӯз омад Азмоил, ки ин корро анҷом дода буд хост ба ин васила мулозимати Фаридун кунад. Аммо Фаридун ба ӯ бовар накард ва Азмоилро бо шахсони мӯътамади худ равон кард, то онҳо бо чашми сар наҷотдодагони Азмоилро бибинанд. Дар ҳамон рӯз буд ки шабонгоҳ ба назди наҷотёфтагон расиданд ва Азмоил аз наҷотдодагонаш дархост намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо болои боми худ оташ равшан кунанд. Ва аз оташҳои афрухта осмон равшан гардид. Пас Фаридун Азмоилро ҳокимии Думбованд фармуд ва ба ӯ унвони «Масмоган» арзонӣ дошт.
Аммо дар рӯзи Обрезагон мардум ба ҳамдигар об мепошанд, ба хотири талаби борон дар Ироншаҳр муддати ҳафт сол дар айёми Фирӯз – падарбузурги Анушервон. Он замон Фирӯз ба оташкада рафт, ки Озархурра мегуфтанд ва бо як тавозуъу ихлос дар он қурбонӣ дод. Ба ин васила ҳамзамон бо борон мардум наҷот ёфтанд ва ҳар касе ки борон ба ӯ расид он рӯзро ҷашн мегирифт. Дар Исфаҳон ҷашни ин рӯз расм гардид, чун дар ин рӯз борон ба исфаҳониён расида буд.
Он чи ба рӯзи панҷуми Исфандармазмоҳ иртибот дорад, ин аст, ки номи он номи фариштаест молики замин ва пушту паноҳи бонувони покдоман. Дар гузаштаи дур ин ҷашн махсуси бонувон буда Муждгирон ном доштааст, ба маънии «Тақозои бонувон». Акнун ин рӯз ҳамчун рӯзи навиштани паёмҳо машҳур аст, зеро мардуми авом дар ин рӯз паёмҳо навишта дар девори хонаҳо мебанданд, ки ин ба бовари онҳо зиёни ҳашарот ва ба хусус каждумро аз хонаҳо дур месозад.
Ин буд нахустин сабабҳои ҷашнҳои порсиён, ки ёдовар шудем ва онро мувофиқ бо маълумоте баён намудем, ки аз донандагони он гирдоварӣ кардем. Ва Худованд донотарини доноён аст.
Манбаъ: Абурайхон Беруни. Избранные сочинения. – Ташкент, 1973, том V, часть первая «Канон Мас’уда», книга вторая. – С.236-242. Тарҷумаи Аҳмад Ҳоҷизода
Шарҳи порчаҳо роҷеъ ба Наврӯз аз «ал-Осору-л-боқия»-и Берунӣ:
Аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ чунин меорад, ки :
«Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса (ба истилоҳ – высокосный год) мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва Фарвардинмоҳ аввали тобистон ва Тирмоҳ аввали поиз ва Меҳрмоҳ аввали зимистон ва Даймоҳ аввали баҳор буд. Берунӣ баён медорад, ки бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури маънавию рӯҳонӣ мебошанд. «Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рӯзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони рӯҳ онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дӯстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рӯзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рӯзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми рӯҳониро диноварон ва шоирон аз пешвоёни миллат ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рӯзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рӯзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».
Ниг.: Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с.324.2
Наврӯз дар аҳди Ислом. Гузориши Берунӣ
Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони мо, ки ҷашни Наврӯзро бо тамаддуни ислом муқобил мегузоранд, осори тоисломиро нишонаи ҷоҳилият ва бадавият медонанд, инҷо чанд мисол мезанем. Гап дар сари он аст, ки дар тафовут аз дигар халқу қабоил мардумони ориёии тоҷику эронӣ қабл аз ислом тамаддуни пешрафтае доштанд, ки ҷаҳонро ба ларза дароварда буд, гузашта аз ин он барои дигарон дарси ибрат буд. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврӯз сухан оғоз мекунад. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврӯз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд. Барои собит сохтани дар аҳди бостон фарогиранда будани Наврӯз Берунӣ ду ривоят оид ба Наврӯз ва суннатҳои онро ёдоварӣ менамояд. Яке ин аст, ки:
Сулаймон пайғамбар чун ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт. Ва мурғон бар гирди ӯ гирд омаданд, эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад», яъне рузи тоза биомад. Ва парасту бо минқори хеш қадре об овард ва бар рӯи Сулаймон пошидва як рони малах низ ҳадия овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашҳо ба назди ҳам мефиристанд. Ривояти дигар ба ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (С) иртибот мегирад, ки ровиён онро ба Ибни Аббос нисбат медиҳанд. Нақл кардаанд, ки дар Наврӯз зарфи нуқрагин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар (С) ҳадия оварданд. Ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд. Ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред. Ва мурданд, сипас ононро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онон биборад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шудааст. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва зарфро миёни асҳоби худ қисмат карду гуфт: Кош, ҳар рӯзе барои мо Наврӯз буд!».
Манбаъ: Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377. – 324 с.
Таҳияи Аҳмад Ҳоҷиев
н.и.ф.,ходими пешбари илмии
Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ