joomla
free templates joomla

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

 ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон имконпазир аст.   
Нерӯмандии Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа ба ҷасорат, худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон вобастагӣ дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 зикр гардид, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем”.
Ҳодисаҳои солҳои охире, ки дар сарҳади Тоҷикистон рӯй доданд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки айни замон Артиши миллии Тоҷикистон хеле тавоно ва замонавӣ гаштааст, ҷавонон ва умуман, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омодаанд, ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд ва ва барои ватани худ ҷони худро дареғ намедоранд. Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст. Ҳамзамон, барои боз ҳам тақвият додани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносию ҳуввияти миллӣ ва ташаккули имкониятҳои дифоии Тоҷикистон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Сабабҳо ва дарёфти роҳҳои имконпазири пешгирии рушди зуҳуроти экстремизм” аксарияти кулли мусоҳибон – 91,2% худро ватандӯст меҳисобанд?
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аксарияти кулли пурсишшавандагон – 93,6% бо ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто дар сурати пешниҳод шудани маблағи калон ҳам хиёнат намекунанд. Ҳамзамон 88,2%-и мусоҳибон омода ҳастанд, ки дар сурати ҳамлаи душман ба хоки кишварамон барои ҳимояи Ватан ҷонашонро дареғ намедоранд. Аксарияти пурсишшавандагон (87,1%) қайд кардаанд, ки нисбат ба ватанфурӯшон нафрати беандоза доранд ва онҳоро хоину душмани миллат мешуморанд.
Яке аз нишонаи ватандӯстии ҷавонон ҳифзи Ватан бо қалам ва сухан мебошад, яъне шахси ватандӯст намегузорад, ки касе ё гурӯҳе нисбати Ватан ва миллаташ суханҳои қабеҳу ноҷо ва душманона гӯяд. Махсусан, имрӯз баъзе аз шахсони ватанфурӯш ва хоини миллат аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нисбати кишварамон ва миллатамон ҳама гуна тӯҳмату суханҳои душманонаро паҳн менамоянд. Натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки аксарияти мусоҳибон (52,3%) дар вақти дар интернет пайдо шудани наворҳо ва ё навиштаҳои зидди Тоҷикистон ҳатман вокуниш нишон медиҳанд, шарҳи худро навишта, Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд. Аммо 9,9% қайд кардаанд, ки ин гуна навору навиштаҳоро тамошо мекунанд ва мехонанд, лекин ягон вокуниш нишон намедиҳанд.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки ҳалли он дар назди мақомоти масъул вазифаи аввалиндараҷа аст – ин боло бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон мебошад. Таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки мусоҳибон барои баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон омилҳои гуногун, мисли ташкил намудани марказҳо ва клубҳои ватандӯстӣ (34,7%), ба роҳ мондани озмунҳо, намоишҳо ва ва фестивалҳои ватандӯстӣ (35,2%), ташкил намудани бозиҳои варзишӣ ва ҳарбӣ (23,9%), ҷашнгирии пуршукуҳи ҷашну идҳои миллӣ (21,6%), тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ (18,3%), нашр ва паҳн намудани адабиёти ватандӯстӣ (15,5%), ташкил намудани сомонаҳои интернетии хусусияти ватандӯстӣ (13,1%, бовар кардан, ки кишвари ман беҳтарин аст (10,4%), вохӯрӣ ва қадрдонии Иштирокчиёни ҶБВ ва Афғонистон (3,9%) ва ғайраҳоро номбар намудаанд.
Хулоса, ҳифзи Ватан ва манфиатҳои миллӣ қарзи виҷдонӣ ва имонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагию ватандӯстӣ, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Ватани азизи худ буда, дар ташаккули ҷавонон ҳамчун неруи созанда нақши ҳалкунанда мебозад. Маҳз таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори миллӣ, содиқ будан ба Ватан ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Шоисматуллоев Ш.
Узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор,
мудири шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ;
Миров Ф.С.
ходими калони илмии шӯъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

САРАТОНИ АСР

 

 

 

  Дар вазъи кунунии ҷаҳон таҳия ва татбиқи терроризм ва дигар навъҳои зӯроварӣ бо манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Саҳеҳтар агар гӯем, сиёсисозии ислом дар замони муосир бидуни шак терроризм аст ва онро қудратҳои ҷаҳонӣ ҳануз дар садаи XIX таҳти унвони “панисломизм” таҳия ва роҳандозӣ намудаанд. Ба ибораи дигар терроризм навъе аз силоҳҳои муосиртарини кишварҳои абарқудрат аст, ки тавассути он мехоҳанд нуфузи доштаи худро боз ҳам комилтар кунанд. Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм дар тарсу ваҳми доимӣ нигаҳ доштани оммаи васеи одамон маҳсуб мешавад ва бар динҳо алоқа надорад, агарчи муҳтавои он аз манбаъҳои диниву мазҳабӣ дастрас шудаанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террор шакли махсуси зӯроварии сиёсие дониста мешавад, ки бераҳмӣ, ҳадафмандона истифода бурдани он ва гӯё самаранок будани он хоси ин зуҳурот мебошанд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Мафҳуми «экстремизм» маънои «канорӣ» дорад ва дар сиёсат экстремист нафареро меноманд, ки аз андеша ва амалҳои канорӣ ҷонибдорӣ мекунад. Воқеъан, бо истифода аз сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда, афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзӯи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В. Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ - фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад. Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст. Дар акси ҳол, ин эътиқод нест. Дар мавриди фарҳангҳо онҳо рақобат намекунанд, балки ҳамкорӣ мекунанд. Ҳатто агар онҳо ҷанг кунанд ҳам, ин мубориза сулҳомез аст”.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардидааст, ки мо бояд алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи муштарак дошта бошем. Дарвоқеъ, гуфтаҳои боло тақвият медиҳанд, ки худи маънои «терроризм» «тарс», «ваҳм» буда, он дар Шарқ ба маънои «даҳшатафканӣ» истифода мешавад, вале дар ин бора то ҳанӯз қоидаи умумие вуҷуд надорад. Баъзе таҳқиқгарон онҳоро ҳамчун аксуламал нисбат ба абарқудратону кишварҳои мазҳабию динситезон муаррифӣ мекунанд. Аммо дар ҳама ҳолат терроризм ва экстремизм бояд маҳкум карда шаванд, зеро онҳо таҳдид ба ҳаёту зиндагии инсонҳо мебошанд. Мавриди зикр аст, ки нафаре, ки муборизаи сиёсии худро бо чунин равандҳои номатлуб ба анҷом мерасонад, ӯ ҷиноятпеша ва муқобили хушбахтии инсон ва ҷомеа мебошад. Соли 2020 низ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб муайян менамояд. Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад, аммо дар муқовимат бо терроризм ҷомеаҳо роҳи интихобкардаи хешро татбиқ менамоянд.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Пеш аз ҳама сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ шаҳрвандонро ба амалҳои террористӣ раҳнамун месозад, чунки инсони ғофил мисли интеллекти маснӯӣ аст, ки ҳар таблиғеро истиқбол мекунад. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муовини Раиси КИИ “Хирадмандон” – и
ҲХДТ дар АМИТ

 

 

 

ДАСТОВАРДЕ АЗ ОЗМУНИ ЭКОЛОГИИ ПАРЛУМОН

   Мусаллам аст, ки моҳи феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мусоидат ба ҳалли масоили экологӣ ва инчунин, ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон намуд ва озмунҳои фавқ аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор гардида, 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.
   Ҷаласа ҷамъбастии озмунҳои мазкурро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҳусни ифтитоҳ намуда, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ғолибони озмуни «Маърифати экологӣ» ва муовини Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромӣ ғолибони озмуни «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ба унвони комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» 57 нафар довталаб ва ба унвони комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» 56 нафар довталаб аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва манотиқи ҷумҳурӣ мавод, асару мақолаҳо ва гузоришу нигоришҳо бо забонҳои давлатӣ, англисӣ, русӣ ва узбекӣ пешниҳод намуданд. Дар озмунҳои мазкур рӯзноманигорони касбӣ, олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла докторону номзадҳои илм, унвонҷӯёну аспирантон, магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд иштирок намуданд.
Боиси ифтихори мо, аҳли кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ширкат варзида, барои силсилаи мақолаҳо дар самти мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва масоили экологӣ бо Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ба унвони комиссияи озмуни мазкур аз ҷониби олими ҷавону сермаҳсул Номвар Қурбон мақолаҳои «Мутобиқшавӣ дар ноҳияҳои кӯҳсор ба раванди афзоиши ҳарорат (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», 2022, №6), «Тағйирёбии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон» (рӯзномаи «Баҳори Аҷам», 12.07.2022, №19-20 (604)), «Арзёбии баробарии гендерӣ ва осебпазирии бонувон (дар раванди тағйирёбии иқлим)» (рӯзномаи «Баҳори Аҷам», 24.05.2022. - №15 (599)), «Роғун – кафили рушди устувори экологӣ ва иқтисодии минтақа» (маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология», 2022, Ҷ.2, №4), «Влияние климатических изменений на сток реки Ванч о данным наземных наблюдений» (Научно-практический журнал «Водные ресурсы, энергетика и экология», 2022, Т.2, №3) ва «Изменения климата бассейна реки Бартанг при глобальном потеплении» (Материалы международной конференции «Гидрометеорологические исследования в условиях изменения климата: актуальные проблемы и пути их решения». - Ташкент, Узбекистан, 3-4.06.2022) пешниҳод гардида буданд.
Номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон воқеан ҳам олими пуркору сермаҳсул ва навҷӯву эҷодкор буда, танҳо давоми соли 2022 1 монография, 3 китоб, 7 мақолаи илмӣ, 8 мақолаи илмӣ-оммавӣ таълиф намуда, дар 5 конференсияи байналмилалӣ маърӯза кардааст ва соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) гардидааст. Мақолаҳое, ки барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» пешниҳод кардааст, баше аз фаъолияти илмию эҷодии муаллиф буда, дар заминаи пажӯҳишҳои ҷадид ва далелҳои муътамади илмӣ навишта шудаанд.
Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муовини директор оид ба илм ва таълим Номвар Қурбонро барои ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзуи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» табрику шодбош намуда, ба устод дар идомаи фаъолияти роҳбарӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ ва омӯзгорию эҷодӣ комёбию бурдбориҳоро таманно менамояд.

БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 
Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат, ки масъалаҳои мубрами ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дахлдоштаро фаро гирифтааст, ҳамчун санади муҳими сиёсию таърихӣ инкишофи таърихию пуршарафи давлатдории тоҷикон, заҳмату талошҳо ва иқдомҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ ва самтҳои ояндаи расидан ба ҳадафҳои муҳимро, ки аз ормонҳои милӣ сарчашма мегиранд дар мундариҷаи худ таҷассум намудааст.
Сарвари давлат дар оғози ироаи Паёми навбатӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон таъсири манфии бархўрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард», вусъат гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ишора намуда, зикр намуданд, ки новобаста аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола рушд намудааст.
Таваҷҷуҳи махсус додан ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллиро таъкид дошта, Пешвои миллат дар ин ҷода пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтиморо иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин росто, Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута барои табиқ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ муваззаф карда шуд.
Пушида нест, ки дар фаъолияти мақомоти мазкур дар раванди хизматрасониҳои давлатӣ баъзан, мушкилоте ба вуҷуд меояд, ки нигаронии субъектони андозсупорандаро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки андешидани тадбирҳои фавқуззикр дар шароити муосири кишвар саривақтӣ буда ба мақсад мувофиқ мебошад.
Қонун ҳамчун маҳсули хиради инсонӣ буда, волоияти он дар давлати демократию ҳуқуқбунёд таъмин гардида, омили субот ва пешрафти ҷомеаи ва давлат мегардад.
Дар Паёми навбатӣ бо ҳамин манзур қайд гардидааст, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.
Дар ин робита, Роҳбари давлат ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Маҷлиси Олӣ ҳамаҷониба тақвият бахшадни фаъолияташро талаб намуда, дар заминаи қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат тақозо гардидани ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ тазаккур додаанд.
Дар Паём ба масъалаи фаъолияти самаранок ва босифтаи судҳо дахл карда шуда, бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо пайваста таҳкиму такмил додани фаъолияти мақомоти судӣ муҳим дониста шудааст.
Марид ба зиур аст, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳоро марбут ба танзими ташкили ҳокимияти судӣ дар худ мустаҳкам намуда, онро шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Дар робита бо ин гуфтаҳо ва вобаста ба татбиқи қонуният, таъмини адолати иҷтимоӣ ва кафолати ҳифзи судӣ ҳамчун маҳаки асосӣ ва муассир ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиати давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии субъектони ҷомеъаи шаҳрванди, нақши суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир мебошад.
Ёдовар шудан бо маврид, аст, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва сиёсии кишвар, Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ (м.1.б.1) эълон дошта, амалигардии ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ (м 9) пешбини намудааст. Муқарароти ин санади меъёрии заминавӣ, яъне Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар ҳифзи «… ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, конунияту адолат…» ва ба амал баровардани адолати судӣ кафил меҳисобад. (м 84).
Бо ин мақсад Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии кишвар барои пиёда намудани тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо вазифадор гардиданд.
Эмомали Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсии пуртаҷриба ва сиёсатмадори эътирофгардидаи арсаи байналмилалӣ бори дигар дар ин Паём таъкид намуданд, ки «гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд». Дар ҳамин робита вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдорро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ муҳим дониста шуда, роҳҳалҳои пешгирӣ намудан ва эмин мондан аз чунин зуҳуроти номатлуб пешбинӣ гардидааст.
Воқеан, метавонем ҳам бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.
Албатта, бартараф намудани дилхоҳ зуҳуроти хатарнок ва оқибатҳои харобиовари он ба маротиб мушкилтару гаронтар аст аз пешгирӣ намудани омилҳои таҳриккунанда ва тақвиятбахшандаи он. Умуман, андешидан ва пиёда намудани дилхоҳ тадбирҳои назариявию амалӣ барои аз байн бурдани ҳама гуна сарчашмаҳои ба тавлиду рушд ва таҳрику такомули зуҳуроти зишт мусоидаткунанда сифатан ҳадафрас буда, яке аз унсурҳои асосии муборизаи қатъӣ бар зидди ин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Бо назрдошти он, ки мушкилоти паҳншавии ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир ба яке аз омилҳои асосии таҳдид ба суботи давлат табдил ёфта аст, зарурияти тақвият бахшидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, мубодилаи фаврии маълумот байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарти муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто, такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, таҳким ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пурзўр намудани мубориза бо маблағгузории терроризми динӣ ва ифротгароӣ, инчунин пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ба сифати тадбирҳои аввалиндараҷаю муҳим нақш мебозанд.
Таваҷҷуҳи ҳаматарафа ба таълиму тарбияи дурусту мақсадноки насли наврас аз мушкилоти иҷтимоӣ зарурӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти миллӣ нақши бориз дошта бошад. Мусаллам аст, ки марҳилаи аввали инкишоф раванди нахустшиносоии ҷиддии шахс бо унсурҳои гуногуни ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамин айём ҷаҳонбинии он барномарезӣ гардида, тасаввуроти он шакл мепазирад. Таваҷҷуҳи махсус ба ин масъала дар самти пешгирии як қатор зуҳуроти номатлуб (аз қабили шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ; ба ҳадди ифрот расидан ва пуштибонии ҷавонон аз ин гуна созмону гурўҳҳо; нашъамандӣ ва ҳамкорӣ бо гурўҳҳои нашъаҷаллоб; даст ба ҳар гуна ғоратгарию одамкушӣ ва дигар амалҳои зишт задан; дур мондан аз фаросати инсонӣ, фарҳанги инсондўстию меҳанпарастӣ ва бе баҳра мондан аз ҳама гуна унсурҳои ахлоқии инсонӣ) тадбири муҳиму аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Ба ин манзур, тарбия ва ташаккул ёфтани насли наврас дар рўҳияи инсондўстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, қадршиносӣ аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва пуштибонӣ аз мероси пурғановати ниёгон дар маркази таваҷҷўҳи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифтааст.
Дар ин росто, бо мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ дар кишвар зарур дониста шуд, ки иқдоми саривақтӣ ва омили муасир дар ин ҷода хоҳад буд.
Бо ҳамин мақсад дар заминаи Паёми навбатӣ Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ вадар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо уҳдадор гардиданд, ки масъалаи таъсиси маркази зикршударо омўхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Ҳаминтавр, дар заминаи нишондодҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат метавон тазаккур дод, ки дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон, марҳилаи сифатан нави инкишофи падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфта аст.
Хулоса, ҳар як фарди солимақли мамлакат бояд дарк намояд, ки дарҷ гардидани чунин нишондодҳо дар Паём воқеияти сиёсати дурусту мақсадноки пешгирифтаи Роҳбари Олии кишварро бозгў менамояд Ҳамчунин, метавон тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати мардумсолор демократукунонии падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор доштани муҳаёсозии зиндагии шоистаи аҳолиро таҷассум намуда, барои ба даввлати иҷтимоии мутарақӣ табдил додани кишвар нигаронида шуда аст.
Сангов Тоҷиддин
ходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ

ОМИЛИ АСЛИИ СОЗАНДАГИИ ҲИЗБӢ АМАЛ АСТ

  Воқеан, чун мо аз фаъолият ва ба вижа, фаъолияти ҳизбӣ ҳарф мезанем, инқилобҳову гирдиҳамоиҳову гуруснанишиниҳо пеши назар меоянд. Қабл аз таълимоти Карл Маркс ва пайравонаш дар кишварҳои Ғарб ҳизбҳое ба фаъолият машғул буданд, ки бо истифода аз оммаи васеи шаҳрвандон ҳадафҳои сиёсиро роҳандозӣ менамуданд ва чун кӯҳнагирову навгиро, ё худ демократу ҷумҳурихоҳ ҷиҳати қудратдорӣ мусобиқа доштанд. Гузашта аз ин, омили дигари фаъолияти ҳизбӣ, ки сирф сиёсӣ маҳсуб мешавад, одамонро дар навъи сиёсати мушаххас ҷамъ оварда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо таъсиси ҳизбро ба миён мегузорад. Ба ибораи дигар, дилхоҳ ҳизби сиёсӣ чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир бидуни амал муваффақ нашудаанд.
  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврае пайдо шуд, ки кишвари мо ҷанги таҳмилиро паси сар мекард ва дар таҳияи стротегияҳои мусоид таҷриба надошт, аммо амал ва торафт дуршавии ҳизбиён аз суханпардозиҳо ин ҳизбро дар муддати кӯтоҳ машҳур сохт, чунки ҳамаи ҳизбҳоро аз рӯзи таъсисёбиаш ташхис менамоянд. Масалан, болшевикон ҳадафи ягонаи худро дар роҳандозӣ намудани инқилобҳо медиданд, ҳизбҳое ки вижагиҳои динӣ доранд, чун "Бародарони муслимин" аз аввали пайдоиши худ террорро асли фаъолият баррасӣ мекунанд, аммо ҲХДТ чун тавлид ёфт, дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки Тоҷикистон бояд бо ҳар навъе набошад, тараққӣ кунад ва тоҷистониҳо дар амнияту осудаҳолӣ зиндагӣ намоянд.
Имрӯз дар санаи 09.02.2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ баргузор шуд. Ҷаласаро Раиси КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар таъини роҳҳои муосири фаъолияти ҳизбӣ Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши боризе гузоштаанд ва мегузоранд. Маҳз бо ҳидоятҳояшон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон айни замон шаҳрвандони аз лиҳози мавқеи иҷтимоӣ гуногунро сарҷамъ намудааст. Далели ин ҳарфҳо иштироки фаъоли раҳбарони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар ҷаласаҳои ҳизбӣ мебошад.
Номбурда дар баробари пешниҳоди ҳисоботи мушаххас ҷиҳати фаъолияти ҳизбии кормандони АМИТ дар соли 2022 илова намуд, ки дар 10 соли ахир нуфузу мавқеи ҳизб дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ чандин маротиб афзуда, сафи онҳо низ хеле зиёд шудааст.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар ҷиҳати фаъолияти сиёсии КИИ "Хирадмандон" дар соли сипаришуда баҳогузорӣ намуда, зимни матраҳ сохтани мушкилиҳои ҳизбӣ нақши босазои аъзои ҳизбро аз Академияи миллии илмҳо тазаккур доданд.
Агар мо вижагиҳои хоси ҲХДТ - ро мавриди таҳқиқ қарор диҳем, пас хулоса хоҳем кард, ки сиёсишавии омма ба манфиати ӯст, чунки инсон новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ танҳо тавассути ҳизбҳо имкон пайдо мекунад, ки дар сиёсати кишвари хеш нақш гузорад. Ба ибораи дигар, сиёсат олуда нест ва фақат инсони худогоҳ метавонад сиёсатро пок созад. Мо чунин абармарди сиёсиро дар симои Раиси ҲХДТ мушоҳида мекунем. Шояд бархе аз хонандагон ба ин фикр розӣ набошанд, аммо фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 1992 то кунун нишон медиҳад, ки номбурда ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳое, ки пешниҳод намудааст, ба нафъи башар мебошанд.
Дар анҷом гурӯҳи мушаххаси олимону кормандони АМИТ, ки аъзои ҲХДТ мебошанд, бо ифтихорномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.