Маърифати шаҳрнишинӣ
Душанбе чун шаҳр, чун пойтахти давлате, ки сиёсати «дарҳои кушод» - ро роҳандозӣ менамояд, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ бояд тариқе ва салиқае қарор бигирад то хотири мо, шаҳрвандон аз дидани кӯчаву паскӯчаҳояш, роҳҳову чаҳорбоғҳояш, биноҳои нав сохташудааш, саноеъи меъмориву кандакориҳои билкул мутааллиқи ниёконаш ва билохира муассисоти сатҳи давлатиаш болида гарданд ва бо дидану назар афкандан ба тарабхонаҳову бустонсарову дигар марказҳои фароғатиаш дар дили мо эҳсоси ифтихор пайдо гардад.
Бидуни шак метавон гуфт, ки ҳамаи мо, тоҷикистониён нисбат ба шаҳри Душанбе муҳаббате бас самимӣ дар дилҳо мепарварем ва ободгардии онро ҳамарӯза таманно мекунем, вале суол пайдо мешавад, ки ин шаҳри зебо ва хушманзарро кӣ бояд гуворотар созад?
Маърифати шаҳрнишинӣ иқтизо мекунад, ки кӯшиши дастаҷамъона ободгардонии пойтахт натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард!
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти лоиҳаи тағйирхӯрии муҳити шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар муассисаҳои зертобеъи худ воқеъ дар маҳаллаи нуҳум км. ҷои дарахтони солхӯрда чаҳорбоғҳои нави замонавӣ бунёд намояд, ки дар онҳо дар баробари дарахтони сояафкан боз дарахтони мевадиҳанда низ қомат барафрозанд.
Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ намудҳои гуногуни рустаниҳои ороишӣ парвариш меёбанд, ки бо истифодаи онҳо мо метавонем шаҳреро, ки дар он иҷомат мекунем, ба чаҳорбоғи ҷаҳони муосир мубаддал созем. Агар ҳали мушкилиҳои зуҳургардида аз қабили нақлиёти мусофирбар ва амсолашон бар души масъулини шаҳр вогузор шудааст, аммо ҳамаи мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорем саҳми хештанро дар зебову хуррамгардонии он бигзорем! Фақат тасмим аз ҷониби мову шумо сароғози фаъолияти бунёдкорона хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳи Сессияи зимистонаи Академияи Хурди илмҳо
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Сессияи зимистонаи Академияи Хурди ҶТ баргузор гардид.
Сессияи зимистонаро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ба наврасону ҷавонони толиби илм сухани ифтитоҳӣ намуд. Номбурда иброз кард, ки дарҳои ҳамаи пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ барои толибилмон новобаста аз сину солашон кушода аст ва айни замон дар мамлакат барои тадқиқоти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар маросими кушодашавии Сессияи зимистонаи Академияи Хурди илмҳо ноиби президенти АИ ҶТ А.С.Саидов аз имконоти муосири илми ҷаҳонӣ сухан намуда, қайд кард, ки алҳол олимони ҷавони АИ ҶТ ба ҷоизаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мушарраф мегарданд.
Дар айни замон дар АИ ҶТ пойгоҳҳои таҳқиқотии бештаре ба фаъолияти илмӣ машғуланд ва ҷавонону наврасон пас аз таҳсил ба ин пойгоҳҳо рафта, таҳқиқи гуногунсоҳаи илми муосирро меомӯзанд.
Дар Сессияи зимистонаи Академияи Хурди илмҳо беш аз 1000 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти умумии кишварамон ширкат хоҳанд кард.
ҚАРОРИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020-ро дар ҳудуди маблағгузории ҳарсолаи барои соҳаи илм ҷудошаванда таъмин намояд.
3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳо татбиқи саривақтии Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020-ро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 89
ш. Душанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" феврали соли 2010 № 89
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Муқаддима
Ном:
Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 (минбаъд - Барнома)
Асос барои таҳияи Барнома:
Нақшаи тадбирҳо бо мақсади иҷрои дастуру пешниҳодоте, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаҳои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеоянд, таҳия шудааст.
Фармоишгари давлатии Барнома:
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Иҷрокунандагон:
Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад.
Мўҳлати татбиқи Барнома:
Солҳои 2010-2020
Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома:
Дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерўи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.
Самтҳои асосии Барнома:
Муттамарказонидани иқтидорҳои илмӣ дар татбиқи "Барномаи самтҳои афзалиятдори илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, дастгирии мактабҳои илмии мавҷудаи эътирофи ҷаҳони пайдокарда оид ба самтҳои афзалиятдори таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, ташкили шароити мусоид барои ташаккули мактабҳои илмӣ аз рўйи самтҳои навтарини таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, рушди заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, мустаҳкамкунии заминаи моддию техникии пажўҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти навтарини илмӣ, асбоб, технологияи навин, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ, ҳамгироии институтҳои академӣ ва кафедраҳо, озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили инфраструктура дар заминаи истифодаи технологияи навтарини иттилоотӣ ва коммуникатсия, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ.
Натиҷаҳои ниҳоии Барнома:
Дар заминаи муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар самтҳои афзалиятдори таҳқиқот, кооператсияи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади анҷом додани таҳқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ ва ташаккули инфраструктураи муосири иттилоотӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байиалмилалӣ, такмил ва вусъат додани низоми дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъҳои маблағгузорӣ:
Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола барои соҳаи илм ҷудогардида, инчунин аз ҳисоби ташкилоту фондҳои байналмилаливу хориҷӣ, сарпарастони алоҳида ва дигар манбаъҳо амалӣ карда мешавад.
Низоми назорати иҷрои Барнома:
Назорати иҷрои Барномаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва озмоишгоҳҳои назди мактабҳои олӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Ҷараёни татбиқи тадбирҳои Барнома, арзёбии аҳамияти илмӣ ва самаранокии он аз тарафи Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷониби фармоишгари Барнома қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то якуми феврали баъди соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тадбирҳои иҷрои минбаъдаи Барнома ва самаранокии истифодаи маблағҳои молиявӣ гузориш ирсол менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Боби 1. Асоснокӣ ва зарурати қабули Барнома
Барнома илмҳоеро дар бар мегирад, ки дар заминаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва истифодаи усулҳои табиию риёзӣ, илмҳое, ки мавзўи таҳқиқи онҳо дарк ва маърифати табиат ва қонуниятҳои ҳодисаҳои табиӣ (илмҳои биология, физика, геологияву кимиё ва ғайра) бунёд шудаанд.
Баъди амалӣ гаштани "Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008" таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ чи дар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар сохторҳои таҳсилоти олии касбӣ рушду такомул пайдо кард.
Таҷрибаи фоидаовари ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар ин соҳа андўхта шуд, самтҳои афзалиятдоштаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ муайян гардида, нерўи илмӣ ба ин самтҳо муттамарказ гардонида шуданд.
Дар баробари ин, мушкилоту камбудӣ ва норасоиҳо дар пешравӣ ва сифати амалисозии бандҳои алоҳидаи чорабиниҳои Барнома муайян карда шуданд.
Хусусияти муҳими амалисозии чорабиниҳои Барнома ҳамоҳанг гардидани он бо "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника барои солҳои 2007-2015" (минбаъд - Стратегия) буд, ки имкониятҳои рушди бемайлону маҷмўии илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва таъсири рўзафзуни зиёди онҳоро ба пешрафти илму техникаи Тоҷикистон васеъ менамояд.
Дар баробари ин қисми бештари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишгоҳ ва кафедраҳо ҳоло ҳам фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ карда натавонистаанд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои барпо кардани шаклҳои нави робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷустуҷўи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ ба илм (махсусан илмҳои дақиқ) ташаббус нишон надодаанд.
Аз ин рў, пешрафти минбаъда ва пурзўр намудани таъсири иқтидори илмӣ ба рушди иҷтимоии мамлакат минбаъд ҳам зарурати тағйир додани вазъи баамаломадаро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ ва қабули Барномаи рушди минбаъдаи илмҳои табитшиносӣ ва риёзию техникиро талаб менамояд.
Барнома дар асоси нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои дастуру пешниҳодоте, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаҳои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеояд, таҳия гардидааст.
Боби 2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Мақсади Барнома суръат бахшидан ба низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои Барнома ва ҳалли вазифаҳои дарпешистода пешбинӣ шудааст:
-иҷрои саривақтӣ ва босифати таҳқиқот оид ба коркарди технологияҳое, ки дар "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника барои солҳои 2007-2015" пешбинӣ шудаанд;
-муайян намудани самтҳои афзалиятноки илм ва технология, муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар ин самтҳо;
-ворид намудани тағйироту ислоҳот дар сохтори муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва мувофиқкунонии онҳо бо талаботи давр;
-ташкили шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқот аз рўйи самтҳои навтарини илм;
-рушди пояҳои моддию техникии илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ;
-инкишофи инфраструктураи иттилоотӣ дар заминаи истифодаи технологияи пешқадами иттилоотиву коммуникатсионӣ;
-ривоҷи пояҳои моддию техникӣ барои нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотӣ оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ;
-тайёр кардани технологҳо, муҳандисҳо ва мутахассисон оид ба ахбороти техникӣ;
-васеъ намудани ҳамкориҳои илмии байналмилаливу технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии он;
-истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои риёзию техникӣ ва табиатшиносӣ ҷудо гардидаанд;
-ҷалб намудани манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ.
Боби 3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома
Барнома бояд рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ таъмин намояд. Дар мувофиқа бо ин, самтҳои асосии Барнома ба ҳаллу фасли вазифаи муҳими сиёсати давлатии илмию техникӣ: ташкили низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар заминаи марказонидани иқтидорҳои илмӣ дар соҳаи таҳқиқоти афзалиятдор, ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои миёнаи махсус, мактабҳои олию муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ, таъмини ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбоб, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ, ташкили сохтори муосири итилоотӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмию таҳқиқотие анҷом дода мешаванд, ки мақом ва сохтори ҳуқуқӣ доранд.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Дар кишвар ҳоло ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Сатҳи ҳамкориҳои нерўҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба мақсади тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ ва махсусан мутахассисони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ба талаботи замон ҷавобгў намебошад ва ин ҳолат ба рушди илм, сифати таҳсилот ва ниҳоят ба ташаккули нерўи ақлонии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рў, бе ҳамгироии самараноки илм ва маориф рушди нерўи илмию техникӣ ва кадрии мамлакат имкон надорад.
Ҷиҳати муваффақ гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:
-таъмини дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иҷро карда мешавад;
-қабули чораҳо доир ба рушди заминаи таҷрибавӣ ва иттилоотӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
-ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ;
-дастгирии давлатии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ки он ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағгузорӣ, ташкил кардани таҳқиқот нигаронида шудаанд;
-давра ба давра зиёд намудани андозаи стипендияи аспирантҳо;
-такмили низоми пардохти меҳнати докторон ва номзадҳои илм ҳамчун роҳбарони илмӣ;
-ҷорӣ намудани низоми шартномавии пардохти музди меҳнат дар соҳаи илм;
-ворид намудани тағйирот ба нақша ва барномаҳои таълимии марбут ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии олии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки гузаронидан, инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар кишвар, таҳлили масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин ва дар ташаккулу амалисозии сиёсати давлатии илмию техникӣ иштирок мекунад.
Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 институти илмию таҳқиқотӣ, бахши дар Помир будаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмии Хуҷанд ва Хатлон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дохил мешаванд.
Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ- таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва мактабҳои илмиро, ки ба мавзўъҳои мушаххаси таҳқиқот дар аксари соҳаҳои илм муайян карда шудаанд, дар бар мегирад. Таҷрибаи ҳамгироии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва таҳсилоти олӣ дар гузаронидани таҳқиқоти муштараки бунёдӣ, ба вуҷуд овардан ва татбиқ намудани технология ва маводи нав, доруҳои табобатӣ ва усулҳои самарабахши табобати беморон, офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои нави ҳайвонот андўхта шудааст. Вале таҷрибаи мавҷудаи ҳамгироии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи технологияҳои рақобатпазир ҳоло дар сатҳи зарурӣ ҷавобгўйи талаботи муосири рушди ҷомеа намебошад ва қудрати таъмини гузариш ба роҳи рушди инноватсионии илм ва технологияро надорад.
Дар раванди илмию таҳсилотӣ таваҷҷўҳи махсус ба ҷиҳатҳои инноватсионии рушди илм ва ба вуҷуд овардани технологияҳо ба мақсади тайёр кардани муҳандисон, технологҳо, конструкторҳо, ки метавонанд дар сатҳи баланди касбӣ ба фаъолияти инноватсионию соҳибкорӣ машғул шаванд, дода мешавад. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузаронидани сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогика ва соҳаи таҳсилотӣ, истифодаи таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи илмҳои педагогӣ ва амалия, таҳияи асосҳои илмии шаклҳои фаъоли таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбиро амалӣ месозад. Дар назди Академияи таҳсилот Пажўҳишгоҳи илмию таҳқиқотии педагогӣ ва Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф амал мекунад. Мураттаб ва мувофиқсозии шабакаи муассиса ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ имкон медаҳад, ки захираҳо ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва техника бо мақсади баланд бардоштани самаранокии илм муттамарказ гардонида шаванд.
Дар Барнома тадбирҳои мушаххас бо дарназардошти имкониятҳои воқеӣ ва пешбинишавандаи кишвар, ҳисобу китоби дахлдори хароҷоти иловагии молиявӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳангоми иҷрои низоми тадбирҳои Барномаи рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутаносибан бо ин, барои таҳия ва дар истеҳсолот истифода намудани технологияҳои нав заминаи зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Бо назардошти мақсад ва вазифаҳои нишондодашуда Барнома 7 самти зеринро пешбинӣ менамояд:
1) Муттамарказонидани иқтидорҳои илмӣ дар самтҳои асосии таҳқиқот.
Дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мактабҳои илмии эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда дар чунин самтҳои илм, аз қабили риёзиёт, астрофизика, физика, асосҳои химиявиву технологии истифодаи захираҳои ашёи хом, геология, сейсмология, омўзиши олами ҳайвонот ва захираҳои биологӣ, физиология ва биохимияи растаниҳо, хирургия, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ ва агрохимия таъсис дода шуда буданд.
Вале дар айни замон бо сабаби ҷой доштани масъалаҳои ҷиддие, ки ба имкониятҳои маҳдуди маблағгузорӣ ва фарсудагии заминаи моддиву техникии илм алоқаманд мебошанд ва ҳамчунин бо дарназардошти суръати фавқулодда баланди рушди илми ҷаҳонӣ, рақобати афзоишёбандаи мактабҳои илмӣ ва талаботи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо масъалаи беҳад муҳим ин муайян кардан ва ҷудо намудани самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар ояндаи наздик, муттамарказ гардонидани нерўҳои илмӣ ба ин самтҳо, дастгирии мактабҳои ташаккулёфта ва самаранок фаъолияткунандаи илмӣ ва дар як вақт ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқот доир ба бахшҳои навтарин ва тезрушдкунандаи илм мебошад.
Муайян кардани самтҳои нав ва тез рушд кардаистодаи таҳқиқот имконият медиҳад, ки захираҳои асосӣ ба ин самтҳо равона карда шуда, заминаи моддиву техникии илм ба мақсадҳои муайян таҳким ёбад ва кадрҳои илмӣ тарбия карда шаванд. Ин, дар навбати худ, дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корҳои илмиро таъмин намуда, дар ниҳояти кор дар амал бештар татбиқ ёфтани натиҷаҳои таҳқиқотро суръат мебахшад.
Дар асоси самтҳои ояндадору афзалиятдошта ва нави таҳқиқот барномаҳои маҷмўи ва мақсаднок ташаккул меёбанд, ки дар онҳо мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, иҷрокунандагон, марҳила ва мўҳлатҳои иҷрои кор, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ, натиҷаҳои чашмдошт, тавсияҳои амалӣ, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии таҳқиқоти илмиро барои давраи то соли 2015 қабул кардааст ва дар ин асос бо назардошти ҳолати воқеии рушди илмҳои муосир равандҳои зерини таҳқиқоти илмӣ афзалиятдор шуморида мешаванд:
а) Риёзӣ.
б) Физика. Физикаи ядроӣ, физикаи механикӣ ва усулҳои ченкунии хосиятҳои гармофизикии моддаҳо. Физикаи ҳолатҳои конденсӣ. Оптика ва электроникаи квантӣ. Масъалаҳои физикию техникии энергетикаи алтернативӣ. Физикаи нанотехнология ва омўзиши хосиятҳои физикию химиявии онҳо. Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.
в) Химия. Коркарди такрории маҷмўии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ. Химияи пайвастагиҳои координатсионӣ. Химияи пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол. Геохимияи қабати таҳшинии замин. Металлҳо ва хўлаҳои хосиятҳои махсусдошта. Мавод барои микроэлектроника. Полимерҳо ва композитҳо. Синтези дорувориҳо ва иловаҳои ғизоӣ.
г) Биология. Омўзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи навъҳои гуногуни биологӣ, генофонд, захираҳои биологӣ ва гуногуншаклии биологии марзҳои махсусан ҳифзшавандаи Тоҷикистон. Омўзиши таъсири тағйироти иқлим, омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ ба намудҳои гуногуни биологӣ, системаҳои табиии экологӣ ва зироатҳои кишоварзӣ. Интродуксия ва мутобиқшавии растаниҳо. Такмил додани низоми дастаҷамъии муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.
д) Фотосинтез ва ҳосилнокии растаниҳо. Генетика ва биохимияи фотосинтез. Истифодаи озмунҳои физиологӣ дар селексияи зироатҳои кишоварзӣ.
е) Мутобиқшавии биохимиявӣ ва омилҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда ба таъсири офатҳо. Таъсири радиатсияи ултрабунафш ба фаъолияти растаниҳои баландкўҳ. Физиологияи ҳайвонот.
ё) Асосҳои генетикӣ-физиологии коркарди агротехнологияҳои пурсамар. Истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, парвариши растаниҳо ва истеҳсоли маводи тухмии солим.
ж) Зилзилашиносӣ. Мониторинги (назорати) сейсмологӣ ва баҳодиҳӣ ба хатари сейсмикӣ. Коркарди усулҳои ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, интиқол ва нигоҳ доштани иттилооти сейсмикӣ ва иттилооти дигари геофизикӣ. Назарияи ба зилзила тобоварии бино ва иншоот. Усулҳои таҷрибавии ба зилзила тобоварӣ.
з) Экология. Технологияҳои сарфаи энергия. Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдили онҳо ва захираи энергия (аккумулятсия).
и) Геология. Канданиҳои фоиданок. Маъданҳосилшавӣ ва металлогения. Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия. Тектоника.
к) Астрофизика. Ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаҳои ситорагӣ. Астрономияи берунигалактикӣ.
2) Муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар.
Ба мақсади афзун гардонидани таъсири илм ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, наздик кардани (пайвастани) илм ба эҳтиёҷоти амалӣ, тавсиаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ зарур аст.
Нерўи илмӣ бояд дар чунин самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат истифода шавад:
а) Сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ:
-созмон додани сохтори идоракунии иқтисодиёти миллӣ ва омилҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ки ба принсипҳои иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ бошанд;
-гузаронидани сиёсати фаъоли сохториву саноатӣ, ки ба инкишоф додани истеҳсолоти воридотию рақобатпазир ва корхонаҳои аз ҷиҳати тақсимоти байналмилалии меҳнат ояндадор равона шудааст;
-рушди иқтисодию иҷтимоии комплекси агросаноатӣ;
-таҳкими низоми молиявию бонкӣ;
-такмили сиёсати инноватсионӣ, ки ҷалби маблағҳои асосии хориҷиро ба иқтисодиёт пешбинӣ менамояд;
-такмили низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии демографӣ.
б) Гидроэнергетика, истифодаи маҷмўӣ ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои сарфаи энергия:
-рушди минбаъдаи гидроэнергетика;
-асоснок намудани сиёсати сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;
-истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об;
-истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия (Офтоб, энергияи шамол, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса).
в) Комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, офаридани маводи нав ва технологияҳои муосир:
-истеҳсоли маводи нав, коркард ва дар саноат истифода бурдани технологияҳои муосир;
-таҳияи технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр;
-таҳияи технологияҳои аз нав кор кардани пахта ва навъҳои дигари ашёи хоми кишоварзӣ;
-ба вуҷуд овардан ва истифодаи технологияҳои сарфаи захираҳои кампартов ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи коркарди маҷмўии захираҳои ашёи хоми маъданӣ;
-таҳия ва аз худ кардани технологияҳои коркарди такрории захираҳои пасмонда;
-коркарди технологияҳои масолеҳи сохтмонӣ;
-тавсиаи заминаи ашёи хоми маъданӣ;
-коркарди технологияи ҳосил кардани нанамавод.
г) Устуворӣ ва амнияти экологӣ:
-мониторинги (назорати) муҳити зист, таҳияи чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат;
-коркарди технологияҳои тоза кардани обҳои равон, безараргардонии партовҳо ва бетаъсиргардонии партовҳои корхонаҳои саноатӣ;
-таҳлили таъсири антропогенӣ ва техногенӣ ба тағйироти иқлим, мониторинги (назорати) ҳолати атмосфера ва гидросфера;
-таҳлили тағйироти иқлим, таъсироти антропогенӣ ва техногенӣ ба навъҳои гуногуни биологӣ, низоми табииву экологӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ;
-назорати (мониторинги) навъҳои гуногуни биологӣ ва амнияти биологӣ;
-мониторинги радиатеионӣ ва амнияти радиатсиониис аҳолӣ ва муҳити зист;
-мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, таъмини амнияти сейсмологӣ, истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологӣ.
д) Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ:
-рушд ва таъмини дастрасии инфрасохтори муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба доираи васеи аҳолӣ, дастгирии рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар мамлакат;
-таъмини самаранокии истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаҳои илм, тандурустӣ, маориф.
е) Маориф:
-тарбия ва омода намудани кадрҳои илмиву омўзгории тахассуси олӣ;
-таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
-омода ва нашр кардани китобҳои дарсии силсилаи нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
-тайёр кардани кадрҳои баландихтисос - технологҳо, нанотехнологҳо, муҳандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассисони ахбороти технологӣ.
Дар назар аст, ки доир ба ҳар яке аз самтҳои дар боло нишондодашуда, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд, барномаҳои мақсадноки маҷмўӣ, технологияҳо, тавсияҳои амалӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки ба истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, таҳия карда мешаванд.
3) Таҳкими заминаи моддию техникӣ ва таъмини ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ бо таҷҳизоти илмӣ, асбоб, реактив ва дигар маводи зарурӣ.
Самаранокии таҳқиқоти илмӣ бештар ба ҳолат ва рушди заминаи моддию техникӣ, таъмини кормандони илмӣ бо асбоб ва таҷҳизоти навтарин, навсозӣ ва такмили асбобҳои илмӣ, таъмини реактивҳою таркибҳои химиявӣ ва ғайра вобаста аст. Дар кишварҳои тараққикарда ба ин мақсадҳо маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.
Бо сабабҳои ба ҳама маълум дар Тоҷикистон, дар даҳсолаи охир имконияти зарурии расонидани ёрӣ барои рушди заминаи моддию техникии илм ва навсозии асбобу таҷҳизоти ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ мавҷуд набуд.
Бо назардошти ин вазъият дар Барнома ба тадбирҳое диққати асосӣ дода мешавад, ки ба таҳким ва азнавсозии (модернизатсияи) заминаҳои моддию техникии ташкилоти илмию техникӣ ва таъмини кормандони илм бо асбоб, таҷҳизот, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ равона карда шудаанд.
Ба сифати тадбирҳои аввалиндараҷа таъмир, навсозӣ, таҷдиди (модернизатсияи) чунин объеқтҳои илмӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои маркази расадхонаҳои ситорашиносӣ, пойгоҳҳои зилзилашиносӣ, боғҳои наботот ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз пешбинӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Ба таври назаррас нав кардани асбобу таҷҳизоти илмӣ ба нақша гирифта мешавад, маблағҳо асосан барои харидории асбобҳои барориши силсилавӣ истифода мешаванд.
Ҷудосозии ҳарсолаи маблағҳои иловагӣ барои харидории реактивҳои химиявӣ, асбобҳо, пайвастагиҳои фаъоли биологӣ ва маводи гуногуннавъ, лавозимоти техникӣ, ки барои анҷом додани таҳқиқот заруранд, пешбинӣ карда мешавад.
4) Ҳамкории институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ.
Яке аз вазифаҳои муҳими Барнома таъмини инкишофи ҳамкориҳои институтҳои академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Пешбинӣ мешавад, ки дар асоси Барномаи ҳамгироии илм ва маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, чорабиниҳо таҳия карда мешаванд, ки онҳо ба муттаҳид кардани нерўи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имкон фароҳам оварда, низоми тайёр кардани мутахассисони ҷавонро мақсаднок ва самараноктар мегардонанд.
Дар ин ҷо ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ва кор дар асоси ҳамкориҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, хондани лексияҳо ва роҳбарӣ ба аспирантон, навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар мадди назар аст. Донишҷўён барои ҷалб шудан ба кори илмӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар институтҳои академӣ имкониятҳои бештар ба даст меоранд. Зарур аст, ки шаклҳои хеле гуногуни ҳамгироии бахшҳои академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар илм истифода шаванд. Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба кушодани Институти илмию таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ дар назди ин мактаби олӣ қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар он дар баробари кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонмутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ кор мекунанд ва аспиранту донишҷўёни факултаҳои табиатшиносӣ имкон доранд, ки корҳои илмиро таҳти роҳбарии олимони ҳам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам Академияи илмҳо анҷом диҳанд.
Бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии вазъи моддии мутахассисони ҷавон -хатмкардагони мактабҳои олӣ онҳо дар асоси шартнома ба кор қабул карда мешаванд, аз ҷумла барои иштирок дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳои маҷмўии мақсаднок ва шартномаҳо бо хоҷагиҳо бо муқаррар кардани музди меҳнати мувофиқ пешбинӣ мегарданд.
Андешидани чораҳо ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароити мусои барои таҳсили аспирантҳо, беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ - доктор ва номзадҳои илм зарур аст. Пешниҳод дар бораи дар соли 2010 ташаккул додани шабакаи нави шўроҳои диссертатсионӣ дар кишвар, ҳамчунин такмили тартиби аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омўзгории тахассуси олӣ ва беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омўзгории тахассуси олӣ омода карда мешаванд.
Гузаронидани корҳои муштараки илмию таҳқиқотии кормандони институтҳои академӣ, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рўйи шартномаҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак аз рўи грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз рўйи фармоишҳои вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар асоси бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо пешниҳод мешавад.
Таъмини дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олй иҷро карда мешаванд.
Қабули чораҳо доир ба рушди заминаи таҷрибавӣ ва иттилоотӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ.
Ба вуҷуд овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои ҳамгиросозанда (интегратсионӣ).
Тайёр кардани мутахассисон оид ба технологияҳои навин, муҳандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассис оид ба ахбороти технологӣ дар давлатҳои хориҷии дур ва наздик.
Таваҷҷўҳи махсус ба ҳамкории олимон дар иҷрои барномаҳои маҷмўй ва мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмӣ техникӣ ва чорабиниҳои "Барномаи миллии амалиёти мубориза ва нақшаи амалиёт доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ", "Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим" ва монанди инҳо дода мешаванд. Ташаббус доир ба баргузор намудани конференсияҳои муштараки илмӣ, симпозиум ва семинарҳо, нашри асарҳои илмӣ ва маҷмўаи мақолаҳо дастгирӣ карда мешаванд.
Дар асоси "Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ барои солҳои 2009-2015" чорабиниҳои зарурии тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олии касбӣ ба мақсади бо мутахассисон, хусусан дар соҳаҳои нав ва тезрушдкунандаи илм ва технологияҳо пурра таъмин намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия карда мешаванд.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебояд, ки як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқӣ омода ва қабул карда шаванд, аз ҷумла: дар бораи такмил додани низоми (системаи) пардохти музди меҳнат дар соҳаи илм; дар бораи давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти музди меҳнат; дар бораи шароит ва тартиби пардохти музди меҳнати олимони Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кор мекунанд ва ғайра. Дастгирии давлатии кормандони соҳаи илм, хусусан аспирантҳо ва олимони ҷавон ҷихати беҳтар кардани шароити зиндагонии онҳо зарур аст:
-гузориши (трансформатсияи) мазмуни таҳсилот аз донишмарказонидан, ки натиҷаи ниҳоии масъулият ва салоҳият ба ҳисоб меравад;
-заминаҳои моддию техникӣ, муҳити фаннию маконӣ ва таъминоти таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба шароити муосири иҷтимоию иқтисодӣ, ба талаботи раванди таълимию тарбиявӣ мувофиқ карда шавад;
-маданияти забондонӣ, иттилоотӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии муҳассилин таҳким бахшида шавад;
-такмил бахшидани сохтор ва мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
-таъмини пай дар пайи зинаҳои таҳсилоти касбӣ аз рўйи мазмун ва давомнокии таҳсилот.
5) Ташаккули заминаи иттилоотии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи фаъолияти инноватсионӣ, нуфузи маҳсулоти баландтехнология дар сохтори истеҳсолот ва содирот, рушди инфрасохторӣ аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле қафо мондааст.
Рақобатпазирӣ аз рўи суръати истифодаи навоварии илмиву техникӣ ва ҳавасмандии истеҳсолот ба дастовардҳои илмӣ, самаранокии равандҳои инноватсионӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин, истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккули заминаи илмиву технологӣ яке аз вазифаҳои муҳими умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки қабули тадбирҳои махсус доир ба рушди инноватсионӣ - ба вуҷуд овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Бо андозаи фароҳам омадани шароити зарурӣ инфрасохтори инноватсионӣ низ дар шакли марказҳои инноватсионию технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои трансфери технологияҳо ва монанди инҳо ташаккул меёбанд.
Ба фаъолгардонӣ ва ҳавасмандии фаъолияти ихтироотӣ кўшиш ба харҷ додан зарур аст, зеро патентҳо ба ихтироот яке аз омилҳои муайянкунандаи нерўи инноватсионии мамлакат мебошанд.
Таваҷҷўҳи махсус бояд ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи нанотехнология ва менеҷменти инноватсионӣ равона карда шавад.
Ба қатори самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар мо ва ҳамкориҳои байнидавлатии инноватсионӣ, ки дар асоси онҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия шуда метавонанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: маводи металлии конструксионӣ, технологияҳои энергияи таҷдидпазир, маводи полимерии композитсионӣ, технологияҳои сарфаи энергия, мувофиқсозии кори гидроузелҳо бо истифодаи усулҳои моделсозии математикӣ, технологияи истеҳсоли пектини камметил, технологияҳо дар соҳаи мониторинги муҳити зист ва пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инженерияи генетекӣ ва биотехнологияи генӣ, истифодаи тестҳои физиологӣ дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми растаниҳои маҳаллӣ ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон.
Яке аз сабабҳои муҳимтарине, ки рушди илмҳои табиатшиносиро дар кишвари мо ба таъхир меандозад, ақибмонӣ дар ташкили инфраструктураи иттилоотӣ мебошад, ки ба истифодаи технологияи навтарини иттилоотию коммуникатсионӣ асос ёфтааст. Мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоии миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техника ва технологияи компютерӣ суст муҷаҳҳазанд. Ташкили инфраструктураи иттилоотӣ, ки ҷавобгўи талаботи муосир бошад, дар марҳилаи ибтидоии худ қарор дорад. Дар 5 соли охир бояд шабакаи итилоотии ИНТЕРНЕТ бунёд карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Дар баробари рушди робитаи компютерӣ ва технология зарур аст, ки ба дастгирию таҳкими заминаи анъанавии иттилоотии илм -китобхонаҳои илмӣ диққати зарурӣ дода шавад. Солҳои охир, чунонки маълум аст, ба китобхонаҳои илмӣ ворид шудани адабиёти махсуси илмӣ аз мамлакатҳои дигар якбора коҳиш ёфт. Мубодилаи байналмилалии байни китобхонаҳо дар сатҳи паст қарор дорад, барои такмили китобхонаҳо бо нашрияҳои нави илмӣ маблағи ночиз ҷудо мегардад.
Яке аз ҳалқаҳои нисбатан сусти инфраструктураи илмҳои табиатшиносӣ нашри осори илмӣ мебошад. Аз сабаби кофӣ набудани маблағгузорӣ монографияҳо, маҷмўаҳо, маҷаллаҳои илмӣ, асарҳои илмӣ хеле кам ба нашр мерасанд, конференсияҳои илмӣ оид ба масоили муҳими илмҳои табиатшиносӣ кам баргузор мешаванд. Аз ин сабаб натиҷаҳои таҳқиқот кўҳна мегарданд, тарҳрезиҳои олимони Тоҷикистон ба фазои байналмилалии илмию иттилоотӣ ворид намешаванд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ба тарзи равшан нишон медиҳад, ки бе заминаҳои зарурии иттилоотӣ пешрафти илм, сохтани технологияи нави қобили рақобат ва истифодаи босамари он дар амал имконнопазир аст.
Бо дарназардошти чунин омилҳо дар ин Барнома ба ташкили заминаи иттилоотии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷўҳи асосӣ зоҳир карда мешавад.
Дар солҳои наздик бо мақсади пайваст шудан ба шабакаи байналмилалии интернетии ҳамаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад, тадбирҳо пешбинӣ карда мешаванд. Барои иҷрои ин мақсад зарур аст, ки мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадри кофӣ бо компютер ва техникаи дигари иттилоотӣ таъмин карда шаванд. Дар натиҷа барои гирифтани иттилооти илмӣ аз, маркази илмӣ ва китобхонаҳои ҳар кадом кишвар роҳ кушода мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Ташкили китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ ва хазинаҳои иттилоотии маълумот оид ба самтҳои алоҳидаи илмҳои табиатшиносӣ дар назар аст.
Татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионии марҳилаи нав дар амалияи илмӣ тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар мактабҳои олии касбии мамлакат ва ба роҳ мондани низоми тарбия ва бозомўзии кормандони илм ва мутахассисон дар соҳаи истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсиониро талаб мекунад.
Барнома оид ба дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва мукаммал кардани фондҳои адабиёти илмӣ заминаи гирифтани маълумот аз дигар нашрияҳои пешқадами илмӣ ва маҷаллаҳо, дастгирии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотӣ, воситаҳои таълимӣ оид ба илмҳои табиатшиносиро пешбинӣ мекунад.
6) Дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.
Ояндаи илми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки он то чи андоза тез ва самаранок ба фазои ҷаҳонии илм ворид шуда метавонад. Бо назардошти ин чораҳое андешида мешаванд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва шарикии олимони Тоҷикистон бо олимони давлатҳои дигар равона гардидаанд. Дар Стратегия ба таври назаррас тавсиа бахшидан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо ташкилот ва муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалӣ, фондҳо, ассосиатсияҳо ва монанди инҳо ҳам дар асоси шартномаву созишномаҳои ба имзо расондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои алоҳидаи илмию таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, ҷалби олимон ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар чаҳорчўбаи созишномаву шартномаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), барномаву лоиҳаҳо аз рўи грантҳо, ки аз тарафи марказҳо, фондҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Фонди чаҳонии экологӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии СММ доир ба масъалаҳои тандурустӣ, Ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Ташкилоти давлатҳои исломӣ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалӣ доир ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушкида (ИКАРДА), Маркази байналмилалӣ доир ба беҳтар кардани ҷуворимакка ва гандум (СИММИТ), Институти байналмилалии захираҳои генетикӣ (ИПГРИ) низ пешбинӣ гардидаанд. Тавсиаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байналмилалии илмӣ аз рўи самтҳои Ассотсиатсияи байналмилалии академияи илмҳо (МААН), Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиёи Марказӣ (ААНСЦА), Академияи илмҳо барои ҷаҳони рушдкунанда (ТВАС), Кумитаи доимии ҳамкории илмӣ ва технологии Ташкилоти конференсияи исломӣ (КОМСТЕК) дурнамои хуб дорад.
Таваҷҷўҳи махсус ба тавсиаи имкониятҳои сафари олимон ба марказҳои пешсафи илмию таҳқиқотии ҷаҳон барои кори илмӣ ва барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигари илмӣ равона карда мешавад.
Дастгирӣ ҷиҳати дар кишвари мо баргузор намудани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва монанди инҳо доир ба масъалҳои муҳими илм пешбинӣ мешавад.
Дар натиҷаи амалисозии ин чорабиниҳо имконияти иштироки олимони Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷа аз рўи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи базаи муосири таҷрибавӣ ва асбобии марказҳои илмии хориҷӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси олимони ҷавон ба таври назаррас тавсиа меёбад. Намояндагии васеи олимони Тоҷикистон дар конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва баргузории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридшавии илми мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, таҳкими афзалиятҳои дастовардҳои олимони тоҷик ва ба даст овардани иттилооти зарурӣ доир ба комёбиҳо ва равишҳои рушди илм дар ҷаҳон мусоидат менамояд.
7) Рушди робитаҳои иттилоотиву коммуникатсионии илм.
Зимни таҳияи Барномаи рушди соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ як қатор чорабиниҳое пешбинӣ мегарданд, ки ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ равона шудаанд.
То соли 2010 ташаккул додани шабакаи иттилоотӣ бо пайвастан ба шабакаи байналмилалии иттилоот - ИНТЕРНЕТ ва ворид шудани ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат ба он низ пешбинӣ мегардад. Барои амалӣ кардани ин мақсад бо миқдори кофии компютерҳо ва техникаи дигари иттилоотӣ таъмин намудани институтҳо, озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо зарур аст. Дар натиҷа, ба гирифтани иттилооти илмӣ аз давлатҳои дигар, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва монанди инҳо имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин таъсиси китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ, маҷаллаҳои электронӣ ва хазинаҳои (базаҳои) иттилоотии маълумот доир ба самтҳои алоҳидаи илм дар назар аст.
Бо мусоидати Ассосиатсияи тоҷикистонии истифодакунандагони шабакаҳои компютерӣ, институтҳои академӣ, таҳқиқотӣ ва институтҳои таҳсилотии академӣ ва мактабҳои олии касбӣ ба истифодаи низоми алоқаи оптикию нахии муосир гузаронида мешаванд.
Барои истифодабарӣ аз навтарин технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ, технологҳо, донструкторон дар мактабҳои олии касбӣ ва ба тартиб даровардани системаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ ва мутахассисон дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар назар дошта шудааст.
Стратегия дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва пурра кардани фондҳои адабиёти илмӣ, ба базаи маълумот пайвастани нашриётҳои пешсафи илмӣ ва маҷаллаҳо, дастгирии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ, дастурҳои илмиву методиро пешбинӣ мекунад.
Дар замони муосир ҳамкории байналмилалии илмӣ бо суръати ниҳоят баланд таракқӣ намуда, дар дараҷаи бештар пешрафти илм ва самаранокии истифодаи дастовардҳои илмиро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷомеаи инсонӣ муайян мекунад. Ояндаи илми Тоҷикистон бештар ба ин вобаста хоҳад буд, ки чӣ гуна зуд ва босамар вай метавонад ба фазои илми ҷаҳонӣ ворид шавад, ҳамгироӣ пайдо намояд. Бо назардошти ин, дар Барнома тадбирҳое дохил карда шудаанд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва кооператсияи олимони Тоҷикистон бо олимони мамлакатҳои дигар равона шудаанд.
Барнома ҷалби олимонро ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар доираи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ, барномаю лоиҳаҳо оид ба грантҳо, ки аз тарафи фондҳою ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд, пешбинӣ мекунад. Таваҷҷўҳи асосӣ ба васеъшавии имконияти ба сафари хидматӣ фиристодани олимон ба марказҳои пешқадами илмию таҳқиқотӣ барои кори илмӣ ва иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ равона мегардад. Расонидани кўмак барои дар кишвари мо гузаронидани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиум, семинар ва ғайра оид ба масоили муҳимтарини илмҳои табиатшиносӣ пешбинӣ карда мешавад.
Боби 4. Ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории Барнома
Манбаи асосии таъмини захиравии Барнома ин маблағҳое, ки ҳамасола барои соҳаи илм ҷудо карда мешаванд, ба ҳисоб меравад. Хулоса оид ба мувофиқи мақсад будани маблағгузории ҳар кадом кори илмию таҳқиқотӣ, ҳаҷм ва мўҳлати иҷрои он ба Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ (КИТ) дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ пешниҳод карда мешавад. Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ҳулосаи мувофиқи мақсад будани корҳои илмию таҳқиқотиро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад.
Барои маблағгузории Барнома манбаъҳои ғайрибуҷетие низ истифода мешаванд, ки ба онҳо маблағҳои сармоягузорӣ, маблағҳое, ки фонд ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ барои иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ ҷудо кардаанд, дохил мешаванд.
Ҳаҷми маблағгузории тадбирҳои Барнома аз имконияти буҷети давлатӣ, воридшавии воқеии маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва талаботи табиӣ ба хараҷоти молиявӣ вобаста аст.
Боби 5. Идоракунии татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он
Идоракунии давлатии Барнома Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Иҷрокунандагони асосии Барнома муассисаҳо ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, мактабҳои олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Назорати иҷрои Барномаро Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ анҷом медиҳад. Ҷараёни иҷрои тадбирҳои Барнома, арзёбии аҳамияти илмӣ ва самарабахшии натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқот аз тарафи Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ баррасӣ гардида, аз ҷониби роҳбар бо тартиби муққараршуда қабул карда мешавад.
Идоракунии ҷории Барнома, аз ҷумла, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти мавод оид ба иҷрои тадбирҳо, арзёбии натиҷаҳои бадастомада, таҳлили мушкилоти бамиёномада, тахияи тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва тарҳрезиҳои амалӣ, таҳияи ҳисоботи фосилавӣ ва ҷамъбастӣ аз тарафи бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ва Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Боби 6. Низоми тартиби ҷудо кардани маблағ барои гузаронидани чорабиниҳо
Бо назардошти маблағҳои молиявии аз буҷети давлатӣ ҷудогардида ва аз манбаъҳои дигари воридшуда Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои мақсаднок, аз ҷумла дохил ва хориҷ кардани тадбирҳои ҷудогона, хароҷот оид ба онҳо, ҳайати иҷрокунандагон, механизми иҷрои тадбирҳо тасҳеҳ ворид менамояд.
Ҳар сол то якуми феврал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои Барнома ҳисоботи пурра пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219. Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.2019 с., №1636)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 январи соли 2015, № 1734
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 802
ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - расмиёте, ки дар натиҷаи амалигардонии он мутобиқати фаъолияти субъектҳои соҳаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф карда мешавад;
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ - баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва.сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- дотсент, профессор - унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- коллективи муваққатии илмӣ - иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;
- корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;
- корҳои таҷрибавию конструкторӣ - маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;
- лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ - ҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи илм ва (ё) илму техника амалӣ менамояд;
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор амалӣ менамоянд;
- маърӯзаи миллӣ оид ба илму техника - ҳисоботи ҳарсолае, ки таҳлили ҳолат ва тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ ва миллӣ, пешниҳод оид ба такомули иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосноккунии самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;
- натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;
-номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) ва (ё) илмию техникӣ пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсия) дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636);
- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ (муҳаққиқ), ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ (диссертатсия), лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд ҳимояи ошкори он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636);
- сиёсати давлатӣ оид ба илму техника - интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;
- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;
- таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;
- таҳқиқоти илмии бунёдӣ - фаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷомеа равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- таҳқиқоти илмии амалӣ - таҳқиқоте, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ равона шудаанд;
- ташкилоти илмӣ - шахси ҳуқуқие, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологиро иҷро менамояд ва яке аз мақомоти идоракунандаи он мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ гузаштааст;
- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ - фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техники тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;
- ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Моддаи 3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
- Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии ҳолат ва таҳияи дурнамои рушди илмию техникӣ, бо мақсади ҷалб намудани захираҳои давлатӣ ба таҳқиқоти илмие, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, барои амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи ҷараёнҳои нави технологӣ ва маҳсулоти рақобатпазир муайян карда мешаванд.
- Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ таҳия гардида, бо тартиби муқараргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
- Интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иқтисодии онҳо аз рӯи зарурати амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин аҳамияти самтҳои алоҳидаи рушди илму техника дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат асос меёбад.
- Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз:
Моддаи 4. Мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
- рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар;
- афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;
- таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф;
- рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
- афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
- беҳтар намудани вазъияти экологӣ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
- Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд:
- ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ;
- муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ;
- афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ;
- ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон);
- такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад;
- ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- баробарии ҳама субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар назди қонун;
- озодии интихоби самтҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, усулҳои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ барои субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- кафолати рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ;
- ҳамкории ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;
- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника;
- ҳатмӣ, беғараз ва босалоҳият будани экспертизаи давлатии барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;
- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ тавассути таъсис додани маҷмааи таълимию илмӣ ва паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва ташкили анҷом додани он;
- тасдиқ намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таъсиси мукофотҳо дар соҳаи илм, стипендияи давлатии илмӣ ва тасдиқи тартиби додани онҳо;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
- тасдиқи тартиби ташкил ва анҷомдиҳии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
(Хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби додани унвонҳои илмӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳо) ҳимояшуда; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсии кишвар;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳамоҳангсозии онҳо;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин анҷом додани аккредитатсияи онҳо;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди соҳаи дахлдор;
- иштирок дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи дахлдор;
- ташкили корҳо оид ба таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар соҳаи дахлдор;
- тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестассионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвонҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳо (диссертатсияҳои) ҳимояшуда;
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- гузаронидани нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд;
- таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд;
- таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
БОБИ З. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
- Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд.
- Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд:
- ташкилотҳои илмӣ;
- иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд;
- коллективҳои муваққатии илмӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.
- Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд.
- Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
- Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
- Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
- Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд.
- Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
- Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад:
Моддаи 11. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;
- бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад;
- дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад;
- барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад;
- ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад;
- тахассуси илмиашро такмил диҳад;
- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.
- Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст:
- ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;
- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад;
- ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;
- вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.
Моддаи 12. Ташкилотҳои илмӣ
- Ташкилотҳои илмӣ метавонанд ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла татбиқи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳамчун намуди асосии фаъолият машғул шаванд.
- Ташкилотҳои илмӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд. Тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
- Ташкилотҳои илмӣ аз ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳо (ё муасисаҳо)-и илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, лоиҳавию технологӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонанд, иборат мебошанд.
- Ташкилотҳои илмӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амалӣ менамоянд.
- Ташкилотҳои илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд.
- Ташкилотҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ иштирок кунанд.
- Дар ташкилоти илмӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салоҳияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян мекунанд.
- Ба ваколати шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мансубанд: (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- муайян кардани мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;
- омодасозии тавсияҳо оид ба таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилот бо мақсади таъмини иҷрои корҳо оид ба мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;
- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмии воҳидҳои сохтории ташкилот, коллективҳои муваққатии илмӣ, кормандони алоҳидаи илмии ташкилотҳо ва тасдиқ намудани нақшаи кори илмӣ ва ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилот;
- қабул намудани қарор оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмӣ;
- иҷро намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот.
Моддаи 13. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва инноватсия, таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмии барои гирифтани мукофоти илмӣ пешниҳодшуда, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника, муттаҳидсозии касбии олимон барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
- Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дохил мешаванд.
- Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшударо оинномаи академияҳои илмҳои номбурда муайян мекунад.
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.
- Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро оид ба масъалаҳои муҳимтарини фанҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ анҷом дода, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда иҷро мешаванд, ширкат меварзанд.
- Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда ва натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳисобот медиҳанд.
- Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ки бо истифодаи маблағи буҷети давлатӣ иҷро шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат супорида мешаванд.
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омодасозӣ ва нашри маърӯзаи ҳарсолаи миллӣ оид ба илму техникаро ҳамоҳанг месозад.
- Ба академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илмии онҳо, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
- Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
- Академияҳои ҷамъиятии илмҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома ба имзо расонда, барои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва дар асоси озмун дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иштирок намоянд.
- Коллективи муваққатии илмӣ бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии корҳо оид ба ҳалли мушкилоти минбаъдаи илмию техникӣ ва иҷтимоию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ, ки ба таъсис ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот ва технология, қарорҳои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ равонагардида таъсис дода мешавад.
- Тартиби таъсис додан ва шартҳои фаъолияти коллективҳои муваққатии илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.
- Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони илмии онҳо дорои ҳуқуқи баробари иштирок дар озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва барномаҳои илмию техникие мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
- Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд озмоишгоҳҳои илмӣ, донишкадаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
- Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷумла ташкилотҳои илмию таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.
- Ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи таҳқиқотӣ дода мешавад.
- Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)-ро муайян мекунад:
Моддаи 14. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо
Моддаи 15. Коллективи муваққатии илмӣ
Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
Моддаи 17. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- мавҷудияти таҳсилоти олӣ;
- соҳиб будан ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- мавҷудияти дараҷаи илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд;
- ҳаҷм ва сатҳи корҳои илмии нашршуда, таҳқиқоту корҳои иҷрошуда;
- арзёбии ҷомеаи илмӣ дар соҳаи дахлдори дониш.
- Корманди илмие (муҳаққиқе), ки дараҷа ва унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи машғул шуданро бо таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо кардаанд, амалӣ мегардад.
- Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ инчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ анҷом дода мешавад.
- Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636)
- Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.
- Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ бо Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
- Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд.
- Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
- Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад.
- Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Моддаи 18. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ
Моддаи 19. Дараҷаҳои илмӣ
Моддаи 20. Унвонҳои илмӣ
БОБИ 5. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 21. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:
- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.
Моддаи 22. Меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро танзим менамоянд
Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:
- озодии академӣ ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ;
- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;
- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;
- ҳуҷҷатгузории пурраи натиҷаҳои муҳими илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои арзёбии танқидӣ;
- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;
- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);
- паҳн накардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;
- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;
- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;
- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;
- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.
Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илмӣ
- Ташкилотҳои илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.
- Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян мекунад, асос меёбад.
- Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
- Кодекси намунавии одоби илмӣ ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад:
- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;
- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;
- шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;
- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;
- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;
- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);
- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.
- Ташкилотҳои илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва қабул менамоянд.
- Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
- Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:
Моддаи 24. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;
- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;
- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;
- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;
- таҳдиди терроризм ва омилҳои дигари хатарнок.
- Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.
- Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи тақсимоти вазифаҳои стратегӣ, коршиносӣ ва маъмурии идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд:
БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 25. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва принсипҳои он
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника;
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- шӯрои илмии (илмию техникии) ташкилоти илмӣ.
- Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар асоси мутобиқати принсипҳои танзими давлатӣ ва худидоракунӣ сурат мегирад.
- Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодиёти илмиро маҳдуд намекунад.
- Барои ташкилотҳои илмии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши давлатии иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва корҳои озмоиширо муқаррар менамояд.
- Роҳбарони ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ташкилотҳои илмии академияи соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онҳо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.
- Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- бартарии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади афзун намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
- шаффофият, беғаразӣ ва баробарии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми дарёфти дастгирии давлатӣ;
- самара ва натиҷабахшии иқтисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
- рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- беғаразӣ ва мустақилии экспертизаи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;
- омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- рушди ҳамкории илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки соҳибкорон дар рушди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ.
Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
- Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқи мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ мансуб мебошанд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар соҳаи илму техника, ки ҷамъоварӣ, бақайдгирии давлатӣ, коркарди таҳлилӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илмӣ ва техникиро амалӣ менамоянд, таъмин мекунанд.
- Давлат ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дастрас намудани иттилооти мазкур ва ҳуқуқи ба даст овардани онро кафолат дода, ҳуқуқи ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илму техника таъмин менамояд.
- Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои илмии давлатӣ, ки дар онҳо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амал мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳифзи махзани маълумот ва заминаи иттилотӣ, таҳвили онҳоро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.
- Бо мақсади таъмин намудани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва шароити моддии рушди илм ҳамасола дар доираи имкониятҳои воқеии молиявии буҷети давлатӣ маблағгузории давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ анҷом дода мешавад.
- Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инчунин аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои илмӣ, ташкилотҳои илмӣ, сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Шартнома оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ байни субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ё мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои тамоми мӯҳлати амалисозии онҳо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонда мешавад.
Моддаи 27. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Моддаи 28. Маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- тартиби анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист таҳдид карда метавонанд, муқаррар кунад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи баъзе натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо роҳи ҷорӣ намудани низоми махфият нисбат ба онҳо ва назорати иҷрои он маҳдуд кунад;
- талаботи сертификатсионӣ ва метрологиро нисбат ба баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҷорӣ намояд.
Моддаи 29. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
- Ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:
- донишҳои наве, ки ба таври назариявӣ ё озмоишӣ ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар ҳар шакл изҳор шудаанд ва ё дар ҳар гуна ҳомилҳои моддии иттилоотӣ сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фароҳам меоранд;
- намунаву ҷараёнҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ки дар асоси донишҳои нав таъсис дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ба объекту ҷараёнҳои мазкур.
- Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ва ташкилоти илмӣ ниҳоӣ, фосилавӣ ва иловагӣ буда метавонанд.
- Ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки ҳамчун натиҷаи тадқиқоти илмии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
- Ба натиҷаҳои фосилавии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараёни анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
- Ба натиҷаҳои иловагии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараён ё дар натиҷаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи шартнома ё супориши техникӣ таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ нашудаанд ва танҳо бо мақсадҳое истифода бурда мешаванд, ки аз мақсадҳои дар шартнома ё супориши хизматӣ қайдгардида фарқ мекунанд.
- Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади муқоисаи беғаразонаи ҳаҷми захираҳои сарфшудаи молиявӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва захираҳои дигар, муайян намудани натиҷабахшии илмӣ ва амалии (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, мудофиавӣ) таҳқиқоти иҷрошудаи бунёдӣ ва амалии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегардад. Арзёбии натиҷаи самтҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми муайян намудани ояндадор будани онҳо, қабул намудани қарор оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ, тафриқаи андозаи фонди музди меҳнат, инчунин аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ истифода мешаванд.
- Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз рӯи меъёрҳои навгонӣ, аҳамияти онҳо барои илм ва амалия, беғаразӣ, ва исботшавандагӣ арзёбӣ мегарданд. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
- Ҳангоми қабул намудани натиҷаи корҳои иҷрошудаи илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.
Моддаи 30. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Моддаи 31. Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ" анҷом дода мешавад.
БОБИ 7. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
Моддаи 32. Ҳифзи иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- Музди меҳнати корманди илмӣ (муҳаққиқ)-и ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.
- Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
- Давлат барои корманди илмӣ (муҳаққиқ) шароит муҳайё карда, мақоми сазоворро барои он кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:
- барои корманди илмие (муҳаққиқ), ки дорои дараҷаи илмӣ мебошад ва дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзҳо оид ба иловапулиро барои дараҷаи илмӣ нигоҳ медорад;
- ба корманди илмӣ (муҳаққиқ), ки дар муассисаи давлатӣ фаъолият менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашударо пешниҳод мекунад;
- имтиёзҳои дигарро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Моддаи 33. Ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди илмӣ (муҳаққиқ)-е, ки ба рушди илму техника саҳм гузоштааст, метавонад:
- барои гирифтани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои ҳамасола барои таҳқиқоту корҳои беҳтарини илмӣ, дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илм пешниҳод карда шавад.
- Ба корманди илмӣ (муҳаққиқ) ташкилоти илмии давлатӣ бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои пешқадам, аз ҷумла ташкилотҳои илмии хориҷӣ то муддати як сол рухсатӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ҷойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигоҳдории музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, қ.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 марти соли 2015,
№ 1197
Ҷашни сада гувоҳ аз пешомади Наврӯз
Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) – Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.
Ин устураи мазкур шомили ду рамз аст. Рамзи аввал ҳамон рамзи мори сиёҳ аст, ки аз даҳонаш дуд мебаромад ва он аз оташи ба вуқӯъ пайваста бисӯхт. Дар ин ҷо мори сиёҳ ва дуди даҳони ӯ ба торикию зулмат ишора мекунад, ки он дар суннати ниёгони ориёии мо рамзи бадӣ ва иғтишошу марг аст. Рамзи дуюм оташ аст, ки он намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшноӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ҳаким Фирдавсӣ дар мисоли амали Ҳушанг муборизаи нуру зулмат ва қувваҳои ба ҳам зидро нишон медиҳад, ки ин шаҳриёри пешдодӣ аз ғалабаи оташе, ки ба вуҷуд оварда буд, ба ваҷд меояд ва онро ҳамчун «фурӯғи эзидӣ» саҷдагоҳи худ қарор медиҳад.
…К-ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто фурӯғест ин эзидӣ,
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи ин ҷашни фархунда кард.
Устураи дуюм низ дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду растании баҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шуданд ва аз насли онҳо авлоди башар арзи вуҷуд намуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» вақте микдори аввалин инсонҳо аз авлоди Каюмарс ба 100 (сад) нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ карданд.
Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад…
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад
Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад…
Чуноне ки мулоҳиза мешавад, дар ин шеъри Манучеҳрӣ низ кӯҳу мор тасвир шудааст, ки устураи аввалро тақвият мебахшад. Усулан ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Фаррухӣ низ дар шеъре, ки ба ҷашни Сада бахшидааст, оташ ва Хуршеду Моҳро нурҳое медонад, ки аз тобишу партавафшонии онҳо ба олами гетию миноӣ (сифлию улвӣ) аз ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омадани оламҳои нуронию (муҷарраду) зулмонӣ (моддӣ)-ро таъйид мекунад. Ҳамин масъала минбаъд инкишоф ёфта, дар Авесто аз забони Зардушт чунин садо додааст:
«Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам».
Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгонамон - Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Берунӣ низ ин фикри ӯро дар осораш зикр намуда, хотирмон будани маросими ҷашни Сада дар аҳди Анӯшервони Одилро таъкид карда буд. Дар сарзамини Эрони бузург ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос аз 10-ум ба 11-уми баҳманмоҳ, яъне 30 январ ҳар сол ҳамчун охирин ҷашни ҳошиявии Наврӯзи ҳуҷастапай таҷлил мекарданд.
Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридну в-аз Ҷам ёдгор аст…
Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо (Аджи Даҳак) ё худ Заҳҳоки морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонию иғтишош дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсону инсоният мебошад. Гузинаҳо (вариантҳо)-и гуногуни шарҳу баёни муносибати Фаридуну Заҳҳок дар адабиёти марбут ба ҷашнҳои ҳошиявӣ хеле зиёданд.
Агар ба умқи ин гузинаҳо назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар охирин ҷашни ҳошиявии қабл аз наврӯзӣ бештар муносибати тазодҳои иҷтимоии шадид морон ва Фаридуни тилисмшикан матраҳ шудааст. Яке аз шаҳриёрон бо фиребу найранг ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор диҳад, дуюмӣ ба муқобили он мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон, ки зимоми ҳукуматро дар даст доранд, сурат мегирад. Дар ин ҷо ғалаба бар Заҳҳок тавассути Фаридун намунаи беҳтарини пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ дар таърихи ҳаёти иҷтимоии ниёгони ориёии мо ҷой доштааст. Ин ғалаба дар набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа як ҳодисаи билқувва (потенсионали) ҷойдоштаест, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҳар халқу миллат ҷой дошта метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ғолиб ояд. Маҳз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок пешомади Наврӯзро таъмин карда тавонист.
Одати асосӣ дар ҷашни Сада оташафрӯзӣ ва нӯшидани шароб аст. Нависандаи машҳури муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асараш ҷашни Садаро «садасӯзӣ» ном ниҳода, маросими анҷоми ин ҷашнро дар шаҳру ноҳияҳои Эрон тасвир намуда, хусусиятҳои онро дар образҳои бадеӣ нишон додааст. Аз ҷумла, нависандаи мазкур қайд кардааст, ки ҷашни Сада аҳамияти фалоҳатӣ дорад, чун баъд аз он аввал ҷараёни базрафшонӣ (омода намудани тухмӣ) сурат мегирад, баъд тайёрӣ ба кишту кор шурӯъ мешавад.
Роҷеъ ба ҷашни Сада шоирони классикию муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони эронӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, сӯҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ, равшан гардондани зулмати шаб ва шояд беҳтарин амали он майхӯрӣ ва махмурии аҳли нишаст бошад, ки мо онҳоро дар шеъру қасидаҳои мадеҳасароёнамон ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Манучеҳрӣ дар қасидааш аз ҷумла мегӯяд:
Омад зи сайри аҳрор шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барафрӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе,
Озари Бурзин пайғамбари озор бувад.
Май хур эй аҳрори шаби ҷашни Сада
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад…
Иброҳими Шукурзода дар китоби «Ақоид ва русуми мардуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор дода, маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст. Дар идомаи гуфтаҳои ӯ Ҳошими Разӣ ба оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ишора намуда, аз ҷумла навиштааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ ба гирди он мечархидану мерақсиданд ва ҳама пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд.
Аз нукоти боло пайдост, ки ҷашни мазкур наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин мужда ва огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани анқариби Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар он мардум дар ҷашни Сада чӣ дар маҳалҳои махсус аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, гулхан меафрӯхтанд вадар болои бомшуълаи оташро фурӯзон намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Сармо баъди ҷашни Сада ба эътидол рӯ меовард, бо аввалин нишонаҳои гармо неруҳои аҳриманӣ заифу нотавон мешуданд ва оташе, ки ҷилвагоҳи рамзу киноя аз Ҳурмуз аст, замонро ба сӯи таодули баҳорӣ раҳнамун месохт.
Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид.
Яке аз муҳаққиқони эронӣ Коваи Зарринхома оташро дар фарҳанги авестоӣ намоди зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт, манбаи равшноию гармӣ қаламдод намуда, зимнан таъкид мекунад, ки «ҳар куҷо нуру оташу оташкада бошад, намоду сунбули ойини зардушист», ки дар дини ислом ҳамин масъала дар ояи «Нур» ва дар илми биологияи муосир он бо номи «фотосинтез» (таъсири равшноӣ ба олами набототи табиат) матраҳ гардидааст. Умуман, оташ дар олами моддӣ мазҳари нури аҳуроӣ мебошад. Он (1) поку беолоиш аст ва дигар чизҳоро аз олоиш пок мегардонад; Инсон низ бояд дар зиндагӣ беолоиш бошад ва дигаронро аз олоиш пок гардонад. 2) чун шуълаи оташ ба боло забона мезанад, парастандагони он низ бояд саъй кунанд, то ба сӯи боло, ба маънавият (илоҳиёту рӯҳоният) иртиқо ёбанд; 3) чун шуълаи оташ ба поён ҳаракат намекунад, пайравони он низ бояд маҷзуби хостаҳои пасти нафсонию инсонӣ нашаванд ва ҳавою ҳавасҳои зулмонию кадуратҳои инсониро аз қалби худ дур созанд; 4) чун оташ нопокиҳоро пок месозад ва худаш олуда намешавад, муътақидони ин дин бояд бо бадӣ, зулмат ва дигар олоишҳо биситезанд ва худро бо онҳо олуда накунанд; 5) ҳамон тавре ки аз ҷараққа аланга бармехезад, тавлиди як фикри тоза ва дар андешаи олим ё файласуф ва ё амали неку созандаи накӯкор афкору андеша ва равони афроди бешумореро равшан, неку пок ва муназзаҳ аз бадӣ мегардонад. Пайравони оини зардуштӣ низ пас аз бархурдор шудан аз фурӯғи донишу бениш дигаронро бояд аз он бохабар созанд ва дар зиндагӣ мисли оташ фаъол бошанд.
Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд, он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва маросими оташсӯзии он мазҳари оташи фалаки нуронӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ироа шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин маросими баргузории ҷашни Сада, оростани хони иди Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд.
Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадоё медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:
Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.
Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,
Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…
Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид. Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Урупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

