joomla
free templates joomla

ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ

 Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят и в помещении
Имрӯз дар санаи 20.02.2023 дар толори АМИТ бо ибтикори ҲХДТ ва АМИТ Конференсияи илмӣ –назариявӣ дар мавзуи “ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об” баргузор шуд. Дар конференсия аъзои ҲХДТ, масъулин ва олимон иштирок намуданд.
Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати рӯз аз рӯз рӯоварии башар ба масъалаҳои об изҳори ақида намуд. Номбуда ташаббуси камназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати қатъномаи СММ оид ба соли ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 аз дастоварҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.
  Сипас, ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва мушкилоти об директори МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Абдуҳалим Қаюмов маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки пиряхшиносӣ дар замони муосир бояд тахассусӣ бошад ва ихтисосҳое, ки ба омӯхтани он дахлдоранд, бояд дар қатори дигар илмҳо омӯхта шаванд.
Баъдан, дар мавзуи масъалаҳои об ва мушкилоти камобӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ориф Амирзода сухан карда, мушкилоти мавҷудбударо аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ намуд.

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

   23 феврали соли равон аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Имрӯзҳо ин ҷашни муборак ба маънои том ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар қалби ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳсоси ватанпарварӣ, мардӣ, ҷасурию ифтихорро бедор менамояд. Тавре дар моддаи 43-юми Конститутсия муқаррар шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад».
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар кишвар низоъҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи руҳияи баланди ватанпарварӣ, малакаи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт. Ҳамин тариқ, марҳила ба марҳила ва зина ба зина Қувваҳои Мусаллаҳ комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд ва ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи Артиши миллии кишвар аз зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор, ҳифзи фазои ҳавоии давлат, муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ, ташкилу пешбурди мудофиавии ҳудудии давлат ва инчунин аз иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд, иборат мебошад.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки имрӯз сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли баҳсҳои минтақавию байналмилалӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ва дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори ҳамкорию муносибатҳои неки сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ бо ҳамсоягони худ ва ҷаҳон мебошад. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, аз соли 1997 шурӯъ карда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш хеле бамаврид таъкид намуда буданд, ки «Бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон ва ҳифзи суботи сиёсӣ, ҳамчун омили ҳалли баҳсҳои минтақавӣ доим омода мебошанд.
Насруллоев Хайриддин
ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду нумуъ қарор дошта, марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони низомӣ имрўз Артиши миллии Тоҷикистон аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад, ки сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шудааст.
Баъди фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ — сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун бунёдгузори артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонист. Зеро Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишвар қариб ки набуданд. Дар баробари ин, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардида буд. Нахустин кўшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври расмӣ амалан сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ тавонистанд дар як муддати кўтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурўҳҳои муташакили ҷиноӣ аз ҷониби дигар , созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас карда шуд.
Ҳамин тавр, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Инчунин, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву ҷиноӣ рисолати ватандорию шаҳрвандии худро ба таври шоиста иҷро намуда тавонистанд. Мавриди қайд аст, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буданд.
Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро дар самти ҳифзи ватани азизамон амалӣ менамуданд.
Мавриди қайд аст, ки Президенти кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ корҳоеро ба анҷом расонида тавонистанд, ки шоистаи таҳсину офарин мебошад. Мо худ шоҳиди он будем, ки якчанд гурўҳҳои бегона бо ҳамроҳии мухолифини тоҷик дар баъзе минтақаҳои кишвари мо амалиётҳои мухталифи ҷангӣ мебурданд. Онҳо мехостанд, ки аз минтақаи мо ба баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳамла намоянд. Аммо Президенти мамакат ҳама ҷавобгарию вазниниро ба души худ гирифта, нагузоштанд, ки алангаи ҷанг ба ҳамсоякишварҳои мо паҳн гардад.
Пешвои миллат ҳамчун Сарфамондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва кафили сулҳу салоҳ баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии низомиёни кишвар ҳамеша ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки имрўз Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдидаву ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни асосии давлатдории миллӣ шинохта шудааст.
Хусусан, таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло, мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста буда, дар ҳама ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Тоҷикистони азизамонро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намоянд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, мардуми шарафманди кишварамонро ба рўзи Артиши миллӣ таҳният гуфта ба ҳомиёни Ватан интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, рўҳияи баланди ватандўстӣ ҷиҳати ҳифзи зиндагии амну осоиштаи мардуми кишвар , ҳамчунин пирўзиҳои нав ба навро таманно дорам.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Ба ифтихори 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
  Ҳамасола дар таърихи 23-юми феврал рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз Рӯзи Артиши Сурх дар Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. 23 феврали соли 1992 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро имзо кард. Он, ки бо номи Артиши миллии Тоҷикистон низ маъруф аст, феълан аз нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ ва заминӣ ва нерӯҳои сайёр иборат аст, ки тобеъи Вазорати дифоъ ҳастанд. Рӯзи 23 феврал дар Русия, Белорус, Қирғизистон ва ҷумҳуриҳои қисман эътирофшудаи Осетияи Ҷанубӣ ва Приднестровӣ низ ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мо, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар вомехӯрем, ки ашхос нисбат ба ҳамдигар дар куҷо хизмати ҳарбиро адо кардан мепурсанд ва насли кӯҳансоламон аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо як ҳасосияти махсус ҳарф мезананд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1992 бо сабаби набудани мутахассис аз марзи ҳамсоякишвар вазири мудофиаро даъват намуда, Александр Александрович Шишляниковро нахустин вазири мудофиаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъин кард. Номбурда то соли 1995 дар маснади вазири мудофиа ифои вазифа мекард ва ӯро мутахассиси маҳалӣ генерал Шералӣ Хайруллоев иваз намуд, ки ахирӣ муддати нӯздаҳ сол Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз фаъолити ӯ хотироти нек боқӣ мондааст. Пешвои муаззами миллат аксар вақт ин нуктаро ёдоварӣ мекунад, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар майдони холӣ бунёд шудааст, чунки собиқ артиши Шуравӣ бинобар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи таҷҳизоти ҳарбии мансуб ба Қувваҳои Мусаллаҳро бо худ бурданд ва мо дар замони истиқлолият Артиши миллиро аз сифр шуруъ намудем.
Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккули худ расида, бобати ҳифзи марзу буми мо ба як ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Артиши миллӣ дар зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ ва дигар мушаххасоти давлатӣ масъул мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷудбуда ниҳоди ҳарбии давлатист ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад. Бар хилофи солҳои навадуми садаи гузашта, ки таваҷҷуҳ ба артиш ба сатҳи сифр мубаддал гардида буд, айни замон Артиши миллӣ дар миёни шаҳрвандон нуфӯз дошта, хеле корҳои омӯзиширо сайқал ва сатҳи омодагии афсаронро ҷиҳати ҳадафҳои кишвари мутаҷовиз ва душман ба манфиатҳои миллӣ амалан роҳандозӣ намудааст.
Бо талошҳо ва ибтикори пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сатҳи зиндагии афсарон беҳбуд гашта, сатҳи хизмати ҳарбӣ боло рафтааст. Бинобар ин, дар замони муосир ҷавонон ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро анҷом дода, минбаъд ба мутахассиси соҳаи мудофиа табдил меёбанд ва мавқеи худро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо менамоянд. Албатта, инъикоси ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба тарзи мухталиф арзёбӣ мегардад ва ҳар гуна инъикос бе мақсад нест, аммо пояи асосии давлатдории тоҷикон, ки артиш мебошад, марҳила ба марҳила густариш ёфта, айни замон ба нерӯи таконбахше мубаддал гардидааст, чунки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нисбат ба ҳар фарди афсар бетафовут нест ва талошҳояш дар мавриди ба сатҳи кишварҳои мутараққӣ расидани Артиши миллӣ дар амал татбиқ мешаванд.
Дар Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба Қувваҳои Мусаллаҳ мушоҳида мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ номида, ҷиҳати сайқал додану бо таҷҳизоти нав таъмин намудани он чунин мефармояд: “...вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд”.
Ниҳонӣ дар силсилашеърҳои ба Артиши миллӣ бахшидашуда пойдории давлати миллиро дар иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ дониста, раванди таъсиси онро аз зумраи ибтикороти Пешвои муаззами миллат мешуморад ва мутмаин аст, ки Артиши миллӣ қудрату тартибу низом мебошад. Воқеан, ҳеҷ қудрате бе тартибу низоми муайян вуҷуд надорад ва ҳадаф аз мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ низ таъмини амнияту осудаҳолии шаҳрвандон бо дарназардошти нигаҳдории иқтидори мудофиавии мамлакат маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, тибқи таъбири Ниҳонӣ, Рӯзи Артиш “рӯзи мардони Ватан” буда, ҳифзи давлат ба дӯши онҳо вогузор аст. Гузашта аз ин, шоир зимни васф намудани Артиш таъкид менамояд, ки арзиши ҳувияти миллӣ аз қаҳрамониҳои Артиши миллӣ сарчашма мегирад ва ҳар гуна эҳсоси худогоҳӣ ба амалҳое иртибот доранд, ки онҳо дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки Ниҳонӣ дар яке аз силсилашеърҳояш садоқатро асоси низом дониста, зимнан таъкид менамояд, ки:
Аз баҳри Ватан хӯрда чу савганди садоқат,
Ҳаргиз зи адӯ ҳоҷати таълим надорем.
Сар хам нанамоем ба ҳар хасм, Ниҳонӣ,
Дар ҳифзи Ватан мо сари таслим надорем.
Бояд мутазаккир шуд, ки анъанаи ҳифзи Меҳан тавассути садоқат доштан ба он ҳануз садсолаҳо муқаддам дар ашъори мутафаккирони тоҷик муъҷаз баён ёфта, ҳама гуна ҷавонмардӣ дар роҳи ҳифзи Ватан ва якпорчагии он тараннум ёфтааст. Аз зумраи шоҳасарҳое, ки дар он бештар ҳувияти миллӣ ва худогоҳии ҳарбӣ мавриди таҳқиқ қарор мегирад, “Шоҳнома” аст, ки муаллифаш ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дилбохтатарин ватандӯст дар таърих маҳсуб мешавад. Дар ин шоҳасар метавон ин абёти басе содиқонаро мутолиа кард:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корузор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Агар ба “Шоҳнома” чун асари эҳёкунандаи таърихи ниёгон муроҷиат кунем, пас метавон хулоса кард, ки гузаштагони мо аз қадиммулайём мавзеи иқомати худро шоиста дониста, алайҳи ғосибону таҷовузгарони мулки хеш меҷангидаанд, чунки ниёгони тоҷикон чун тамаддунофар ба рушду тараққӣ ва илму хирад алоқа дошта, аҷнабиро истиқбол намекарданд ва дар муқобили ғасбкунандагони мулки худ сипоҳи тахассусӣ доштанд. Ба қавли Фирдавсӣ, мурод аз мисраи зайл, ки “дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор” аст, фалсафае пинҳон шудааст ва дар санъати ҷанг шумора мавқеи аслиро намебозад, балки чунонки гуфтаанд: “Ҷанг ҳила аст” ва Фирдавсӣ низ ташкилу тадбирро дар ҳарб асли ғалаба бар рақиб донистааст. Ҳамин ояндабинӣ омили ҳастии тоҷикон аст, ки дар таърих ҳамеша бо ғасбкориҳои аҷнабӣ рӯ ба рӯ мешуданд ва агар қудратро бохтанд, аммо аз давлатдории миллӣ маҳрум нашуданд, чунки агар пас аз хонадони Сомонӣ аҷнабӣ дар мулки тоҷикон қудратро бо дахолати тоҷик идора менамуд ва ҳамаи одатҳои миллии мо аз қабили девондорӣ то кунун ҳифз гардидааст. Бинобар ин, бидуни қудрати Артиш ва садоқати ҳарбиён дар ҳеҷ ҷомеае ҳувияти миллӣ ба таври бояду шояд густариш намеёбад. Мо бояд анъанаи замони шуравиро идома диҳем. Он замон мардон хизмати ҳарбиро муқаддас дониста, бонувон низ марди хизматкардаро бештар истиқбол менамуданд. Хизмати ҳарбӣ нанги мардонагист ва ҳеҷ вақт ба интиқод сазовор намегардад. Ниҳонӣ низ дар силсилашеърҳояш, ки ба 30-солагии таъсиёбии Артиши миллӣ бахшида шудааст, сипоҳороиро бидуни интизоми қавӣ тасаввур карда наметавонад. Бинобар ин, дар ин маврид менависад:
Интизоми оҳанин, ҳам дар камин,
Рӯзу шаб дар марзу буму сарзамин.
Мо ҳама сарбозу афсар зери амн,
Таҳти парчам, таҳти савгандем, яқин.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ

МУСОҲИБА

  10 феврали соли 2023 дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»: Саҳми занон дар рушди илм бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Занону духтарон дар илм”, мусоҳибаи хабарнигори радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (шаҳри Душанбе) – Манижа Баҳромзода бо ноиби Президенти Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медал ва шаҳодатномаи байналмилалии KIPO ва KWIA дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор "KIWIE-2021" дар Корея, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ, ва ҳамзамон директори Институти тибби Авитсенна ва фармакология – Шарофова Мижгона Умедҷоновна баргузор гардид. 
Дар мусоҳиба дар мавриди Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2023 ироа гардид, шарҳу мулоҳизаҳо баён шуданд.
   Тайи солҳои истиқлол Ҳукумати мамлакат бо ҳадафи дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тадбирҳои судманд амалӣ намуданд. Ҳамакнун аз шумори умумии хидматчиёни давлатӣ 25%, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда наздик ба 20%, дар соҳаи маориф 73%-ро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Воқеан ҳам, имрӯз занону бонувон дар рушди соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, рушди илмҳои дақиқ ва табиатшонисӣ саҳмгузор буда, бо дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд ва дар ҳоле, ки аз соли 2016 ҳамасола 11 феврал ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» қайд мегардад, пайваста дар тӯли моҳҳо дар пажӯҳишҳои илмӣ фаъол ҳастанд. ҳадафи ин рӯзро Маҷмааи умумии СММ дастрасии баробари занону духтарон ба дастовардҳо ва рушди илм, техника ва фановарӣ (инноватсия) ҷамчун гарави таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи мазкур ном бурдааст.
Дар раванди суҳбате, ки дар мавриди саҳми занону духтарон дар рушди илм сурат гирифт, назари хешро изҳор намуд. Ҳамзамон, дар хусуси саҳми Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавондухтарон ва занони фаъолу қавиирода таъкид намуданд. Бахши мазкур платформаест, ки нисбатан ҷавон аст ва 8 марти соли 2020 ташкил ёфта, имконоти зиёдеро барои занон ва ҷавондухтарон дар фаъолиятҳои илмӣ-амалӣ, созмонҳои хайрия, барномаҳои фарҳангию ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ, тарҳибу ташвиқи арзишҳои хонавода ва тарзи ҳаёти солим фароҳам менамояд.
Шарофова Мижгона дар ҷараёни суҳбат иртиботи мустаҳими фаъолияти хешро бо илми тиб доштан ва ангезаҳои рӯй оварданаш ба ин самтро тавзеҳ дода, дар ин росто дар соҳаи фармакология машғули таҳқиқу кор буданро, вазъи фитофармакология ё илмӣ омода сохтани доруҳо аз рустаниҳои шифобахши кишвар таъбир намуд.
Дар бораи ҳамаи заҳматҳо, натиҷаҳо, ихтироот ва дастовардҳои, ки дар муддати фаъолияти илмӣ доштааст, чанде иттилоъ дода шуд. Дар баробари ҳамаи ин натиҷаҷои фаъолият ва муҳимтарин дастовардҳо, чанд китоб ва мақола таълиф гардида, патентҳо ва пешниҳодҳои ихтироъкорӣ дарёфт шудааст, дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмии сатҳи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханрониҳо сурат гирифтааст, ҳамкории фаъол бо ҳамкасбону мутахасисон аз хориҷи дуру наздик роҳандозӣ шудааст.
Мижгона Шарофова ҳамчунин, дар мавриди тавоноии муҳаққиқ будани зан ва ҳамзамон, ҳифзи ҷойгоҳи вай ба унвони кадбону ва нигаҳбони чароғи хонавода мулоҳизаҳои хешро ироа намуд.
Дар фарҷоми барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» ӯ ҳамаи бонувону духтаронро бо «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» табрик гуфта, ба онҳо ва ҳамаи шунавандагон орзуи хушбахтӣ ва хушрӯзӣ изҳор намуд.