МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 35-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 35-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ҳозиринро бо 3з-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ табрик кард.
Дар ҷаласа олимони АМИТ, аз ҷумла номзадҳои илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ва Мирзоев Ҷурабек ҷиҳати нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи якпорчагии давлат маърӯза намуданд.
Сипас, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Т. Сангов бобати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба хизмати ҳарбӣ маърӯза намуд.
Тавзеҳот илова шавад
ГУЗОРИШ ҶИҲАТИ ЗИЛЗИЛА
Сӯбҳи имрӯз дар кишвари мо соати 5-у 37 дақиқа зилзила ба қайд гирифта шуд, ки маркази он Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (навоҳии Мурғоб бо дарназардошти Кӯли Сарез) маҳсуб мешавад. Дар минтақа заминларзаи мазкур тахминан беш аз 7 балро дар бар гирифта, се маротиба такрор шудааст. Магнитудаи зилзилаҳои такрорӣ 6, 8 балро ташкил мекард.
Таъсири заминларза дар шаҳри Душанбе байни 2 ва 3 балро фаро гирифтааст.
Сарчашма: Муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ" - и АМИТ.
АРТИШИ МИЛЛӢ - МУҲОФИЗИ ВАТАН ВА ГАРАВИ ҲАЁТИ ОСОИШТА
Артиши миллӣ - муҳофизи Ватан ва гарави ҳаёти осоишта
Бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мафҳум ё вожаи «артиш» ҳаммаънои мафҳуми «армия» мебошад, ки аз забонии лотинӣ ба маънои «мусаллаҳ кардан» ва «яроқнок гардонидан» мебошад. Пеш аз он ки мо ба моҳияти артиш, яъне артиши як давлат сухан ронем, бевосита бояд мафҳуми «давлат»-ро дарк намуд. Давлат аз ҷониби илмҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла таърих, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба таври мухталиф маънидод карда мешавад. Барои мисол давлат аз нигоҳи илми таърих – «ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад»; аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Инчунин давлат ин ташкилоти ҳокимияти ҷамъият буда, дастгоҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дошта, салоҳияити худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар як давлат аз нигоҳи сиёсӣ, ки низоми сиёсӣ ва ҳокимияти сиёсии худро идора мекунад ва барои ҳифзи тартиботи дохилӣ ва ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, манфиатҳои миллӣ дар дохил ва берун ниёз ба як мақомоти низомӣ ва қудратӣ дорад. Ба чунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ аз нигоҳи илми сиёсии муосир - артиш, суд ва полисия дохил мешавад.
Ҳамин тариқ, барои пойдории як давлат мавҷуд будани артиши он зарур ва ҳатмист. Яъне давлат ё давлати соҳибихтиёр бевосита шакли давлатдории худ, сохти давлатдорӣ, мақомҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, низоми молиявӣ ва ҳудудии худро муайян менамояд. Давлати соҳибихтиёр кафили амният дар кишвар аст, дорои артиши миллӣ мебошад, ки ҳимоягари сохти конститутсионӣ ва якпорчагии давлат аст. Хусусияти асосии давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи баромад намудан дар арсаи ҷаҳонӣ ва шомил гардидан ба ташкилотҳо ва созмонҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки дар он бевосита манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишвар ҳимоя карда мешаванд. Имрӯз ду нишонаи асосии давлати соҳибихтиёр маълум аст, ки он - тамомияти арзию ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, артиш низ мақоми давлатиест, ки барои таҳкими ҳокимияти сиёсӣ, амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ, аз он ҷумла ҳифзи тамомияти арзиву ҳудудӣ аст, ки аз қувваҳои мусаллаҳ иборат мебошад. Маҳз ҳамин нукта дар Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад».[3]
Дар навбати худ артиш як институти иҷтимоӣ аст. Танҳо аз дигар институтҳои иҷтимоӣ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки худ мақомоти давлатӣ аст, иқтидори ҳарбӣ дошта, қувваҳои мусаллаҳ дар ихтиёраш мебошад. Вазифаҳои асосии артиши як давлат, таъмини ҳокимияти сиёсӣ, барҳам додани низоъҳои дохиливу хориҷӣ, ки ба пойдории давлат таъсир мерасонанд ва аз ҳама муҳим ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамин тариқ, дар Моддаи 2 қонуни мазкур вазифаҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар зикр гардидаанд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд: «Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
-зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
- ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
- муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
- ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; (қҷт 28.12.05 №141)
-иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд (қҷт 28.12.05 №141).[3]
Имрӯз мо шоҳидем, ки дар баробари ба даст овардани истиқлолият, артиши миллӣ низ таъсис гардид ва тадриҷан пуриқтидор гардида истодааст. Барои тақвият ва рӯҳан қавӣ гардондани артиши миллӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ зарур буд ва мемонад. Хуб аст, ки сурудҳои ҳарбӣ, дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ садо медиҳанд, ҳама гӯё аз ватанпарастӣ ва ифодакунандаи далериву шуҷоатмандӣ аст.
Агар мо назаре ба таърих кунем, пас ин падида баръало намудор будааст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон артиш нақши муҳимро иҷро намудааст. Халқи шарафманди тоҷик ҳамеша бар зидди истилогарони аҷнабӣ истодагарӣ карда, барои нангу номуси миллӣ, ҳифзи шарафу поктинатӣ ва марзу буми кишвараш ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додааст. Дар раванди таърих, тоҷикон ҳамеша чун «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро» буда, дар ҳолати омодабош қарор доштааст, то марзу бум, нангу номус, шараф ва забону фарҳангашро муҳофизат намояд. Гарчанде ки ин миллати куҳанбунёд дар раванди таърих сабақҳои талх гирифтаасту рӯзгор аксар вақт бар муродаш набудааст, аммо аксар бурду бохтҳоро аз сар гузаронида, вуҷудияти худро то ба имрӯз ҳифз намудааст. Ин миллат парчамдорон ва фарзонагони зиёде доштааст, ки барои марзу буми кишвар ҷонбозиҳо намудаанд. Ба қавли Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар корзор баҳри ҳифзи марзу бум ҷон нисор кардан ин қаҳрамонист:
Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин гуфт муъбад ки мурд ба ном,
Беҳ аз зинда душман бар ӯ шодком.
Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,
Чи некӯтар аз марг дар корзор.
Ҳамин тариқ, халқи шарафманди тоҷик таҷрибаи бои давлатдорӣ, ки артиши он яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи ҳар як давлат мебошад дар раванди таърих доштааст. Худ «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, умури маъмурӣ-давлатдории Сомониён далели ин гуфтаҳост. Ҳолатҳое буда, ки чанд нафар мардони кордидаву корозмуда аз ҳазорҳо нафар афзалият доштаанд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Воқеан ҳам вазни шеърие, ки «Шоҳнома» ба он суруда шудааст, гӯё аз набарду пайкор ва талошу кӯшиш баҳри ҳифзи ору номус, шараф, ҷавонмардӣ ва саодатмандист.
Чуноне қайд намудем, баъд аз ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши миллии худро таъсис дод. Албатта дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити буҳронии ҷанги шаҳрвандӣ мушкилиҳои зиёде дар ин самт буданд. Танҳо хирад ва масъулияти бузурги сарвари кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои пуриқтидори замонавӣ табдил гардад. Вобаста ба ин узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин меорад: «Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ аз ҷониби дигар, созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас карда шуд».[1]
Имсол аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар баробари рӯ ба рӯ гардидан бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир зарурат пеш меояд, ки артиши миллии кишвар таҳким ва тақвият ёбад. Дар сурате, ки дар Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд»,[2] пас давлат кафили амнияти шаҳрвандон, таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва марзу бум мебошад.
Аз ин рӯ, мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар асоси хизматҳои шабонарӯзӣ ва сангини артиши миллии кишвар метавонанд осудаҳолона кору зиндагӣ кунанд. Мо бояд хизматҳои шабонарӯзии муҳофизони кишварро қадр намоем ва ба онҳо аҳсан гӯем. Дар баробари ин хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон мебошад.
Зокирзода Н.
номзади илмҳои фалсафа
МУҚОВИМАТ БО НОШОИСТАГИҲО
Имрӯз дар санаи 22.02.2023 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бо иштироки масъулини АМИТ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муфид баргузор шуд. Дар вохӯрии мазкур президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Насриддинзода Қиёмиддин Шовалӣ суханронӣ намуданд.
Воқиф будани кормандони муассисаҳои илмии кишвар аз Стротегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бештари қонуншиканиро пешгирӣ хоҳад кард.
ЗАРУРИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ШОҲАСАРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ – “ТОҶИКОН” БАРОИ ХУДШИНОСӢ ВА МУСТАҲКАМИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ БАЙНИ ТОҶИКОН ВА ТОҶИКИСТОНИЁН
Намоз Ҳотамов – профессор
Шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров-и “Тоҷикон” ойинаест, ки таърихи бойи аҷдодони моро аз замонҳои қадимтарин то сарнагун намудани низоми подшоҳии Русияро дар бар гирифтааст. Барои навиштани ин шоҳасар Бобоҷон Ғафуров сарчашмаҳои зиёди ватанию хориҷиро истифода бурдаанд. Дар натиҷаи мутолиаи ин шоҳасар ҳар як хонанда огоҳ мегардад, ки:
1) Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
2) Мо саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи онҳо баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни юнону мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва Русияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ – «Авесто», бо фарзандони баруманд, ба монанди Абу Ҳанифаю Имом ал-Бухорӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомию Камолиддин Беҳзод, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ном баровардааст.
3) Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳдиду сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри ХХ низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват мегирифт.
4) Миллати мо ба муқобили душман дар баробари сипар, фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.
5) Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар – маҳалгароӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи тоҷикро ҳеҷ нагузошт ва ҳанӯз ҳам намегузорад, то худро миллати ягона ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро намегузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғӯриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор ва ғайра, дигар давлати бузурги мутамарказонидашудаи худро эҳё кунад. Зеро, ин беморӣ дар ҳар гуна ҳолат халқи тоҷикро пароканда нигоҳ медошт. Баръакс он ба халқҳои дигар, аз ҷумла қабилаҳои кӯчиёни аҷнабӣ, ки нисбат ба тоҷикон иттифоқтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барқарор намоянд.
6) Халқи тоҷик ба монанди амир Исмоили Сомонӣ сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати хешро на дар ҷангҳои ғоратгаронаю зулму истибдод, балки дар ақлу заковат, созандагию бунёдкорӣ медид. Вале давлати пойдорнамудаи ӯро бемории дигар - рақобати мансабии ворисони Сомонӣ заиф гардонид ва ниҳоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабҳои асосӣ шуд.
7) Бемории рақобати мансабӣ танҳо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихӣ бисёр давлатҳои ҷаҳонӣ маҳз дар натиҷаи авҷ гирифтани чунин рақобат заиф гардида, ниҳоят мулкашон луқмаи давлатҳои пурқуввати давр гардидааст.
Албатта омӯхтани чунин саҳифаҳои таърихӣ, пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза дар рӯҳияи ватанпарастӣ аҳамияти махсус дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар банди “Сабақҳои таърих ва озмоишгоҳи мактаби истиқлолият” чунин таъкид мекунанд; “Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд. Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳаги миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапараст ба камол мерасанд, ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд. Ин бадбахтии бузург касро хоҳу нохоҳ ба инкори гузашта, ба фироғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба рӯҳи бузурги фарзандони миллат ва ниҳоят бегонапарастию қадр накардани таъриху тамаддуни миллӣ бурда мерасонад”. Дар пешгуфтори ин асар Президенти муҳтарам махсус қайд кардаанд, ки “сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пеш рӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд. Ин гуфтаҳои Президенти мӯҳтарам то ба кадом дараҷа зарур будани омӯхтани фанни таърих, ҳамчун “мактаби худшиносӣ”, махсусан барои ҷавонон, дар замони мавҷуд будани ақида ва ривояҳои гуногун, бори дигар хотиррасон менамояд.