joomla
free templates joomla

Вокуниши Академияи илмҳо ҷиҳати куштори сайёҳони хориҷӣ

    Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳодисаи дар ноҳияи Данғара дар таърихи 29.07.2018 рухдода, ки ба марги сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфтааст, сахт андуҳгин буда, ба наздикони ҷонбохтагон изҳори тассалият менамояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани этибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Баъдан, ДИИШ масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон  ба уҳдаи худ гирифт ва собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳад, роҳандозӣ мекунад.

     Тоҷикон ҳеҷ гоҳ зуровариро дастгирӣ накардаанд ва ба ин ҷараёни ифротии муосир ҳисси нафрат дошта, пайваста онро маҳкум менамоянд, вале амали ваҳшиёнаи рӯзи 29 –уми июли соли равон ба он ҳодисаҳои террористии дар кишварҳои Аврупо барпошуда шабеҳ мебошад. Ҳадафи барпокунандагон аз ин амал танҳо ворид намудани нуқз дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо чун зургӯёну зуроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи Замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок  доранд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.

       Беҳтарин рӯзгор ҳамонест, ки бидуни зуроварӣ бошад. Аммо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо роҳандозӣ намудани амали террористӣ дар Тоҷикистон аз Арупо ба Осиё фирор кард! Ба онҳое нафрат пайдо мешавад, ки бо истифода аз зуроварӣ авзои молиявии худро мехоҳанд беҳтар созанд ва чунин афрод аз миёни ҷавонони бехабар афзудааст. Аз ҳамин хотир, нисбат ба ҷавонон барномае бояд таҳия кард, ки онҳоро аз иртибот доштан бо созмонҳои террористии ҷаҳони муосир ҷилавгирӣ намояд. Иртибот пайдо намудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо созмонҳои террористии муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки майли зуроварӣ ва бо роҳҳои фитнаву иғво нуфуз пайдо кардани онҳо бархе аз шаҳрвандонро  ба амалҳои террористӣ пайвастагӣ водор мекунад. Агар ҳамаи омилҳоро ин ҷо баррасӣ кунем ҳам он аламҳою доғгузориҳое, ки дар зеҳни инсонҳо ҷанобон террористҳо гузоштанд, ҳамаи моро водор хоҳад кард, ки ҷаҳду кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини рушди босуботи кишвар ба инобат гирифта, монеъаҳоро аз роҳҳои таъмини пешрафти ҳамаҷониба бартараф созем. Зуроварон аққалият буданд ва аққалият мемонанд!

 

 

 

Нишасти матбуотии Академияи илмҳо

      Субҳи имрӯз, соати 09:00 дар Маркази матбуотии Ҷумҳуриявии  Амит “Ховар” нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.

1.80.jpg - 169.75 KB

    Дар давраи њисоботї тибқи суханронии Фарҳод Раҳимӣ, аз љониби кормандони муассисањои илмии Академияи илмњои ЉТ беш аз 1120 кори илмї, аз љумла 88 китобу монография, маљмўањои илмї, брошюра, 1030  маќолањои илмї, аз онњо 180 маќола дар маљаллањои кишварњои ИДМ давлатњои хориљи дур ба табъ расиданд. Дар ин давра  аз тарафи олимони Академияи илмњои ЉТ 3 нахустпатенти Љумњурии Тољикистон  ва 1 ќарори мусбат оид ба нахустпатенти Љумњурии Тољикистон ба даст оварда шуд.

   Дар нимсолаи якуми соли 2018 дар  Академияи илмњо њамагї 30 чорабинии илмї, аз љумла 2 конференсияи байналмилалии илмї, 8 конференсияи илмии љумњуриявї, 12  семинар, 3 мизи мудаввар  ва 5 мулоќоти расмї омода ва баргузор карда шуданд. Њамчунин, дар ин давра олимони АИ ЉТ дар кори  дар беш аз 200 чорабинї: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї иштироку суханронї намуданд.

1.81.jpg - 127.46 KB

   То 18 июни соли 2018 дар Љумњурии Тољикистон 22 шўрои дисертатсонї фаъолият намуданд. Дар шаш моњи соли 2018 дар шўроњои диссертатсионии амалкунандаи  Љумњурии Тољикистон 93 рисола, аз љумла 8 рисолаи докторї ва 85 рисолаи номзадї дифоъ карда шуд. Дар 6 шўрои диссертатсионии АИ ЉТ њамагї 23 рисола дифоъ карда шудааст, ки аз онњо 4 рисолаи докторї ва 19 рисолаи номзадї мебошад.

   Дар шаш моњи аввали соли 2018 аз љониби Академияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин аз расмиёти дохили давлатї гузаронида шуда, барои имзо ва иқдомҳои баъдї ба Вазорати корҳои хориљии ЉТ фиристода шуданд: Созишнома оид ба ҳамкории илмї байни Академияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон ва Академияи миллии илмҳои Белорус; Созишномаи ҳамкорї байни Академияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон ва Муассисаи федералии давлатии буљавии таҳсилоти олї «Донишгоҳи давлатии технологии Белгород ба номи В.Г. Шухов»; Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории Донишгоҳи миллии таҳқиқоти ядроии Институти муҳандисї - физикии Москва ҳамчун ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан, такмили ихтисос ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомї бо мақсадҳои осоишта (МИФИ) ва Академияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон; Созишнома оид ба рушди њамкорињои илмї-техникї байни Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва Академияи илмњои Љумњурии Узбекистон.

   Дар ин давра роҳбарияти АИ ЉТ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмї бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои илмии хориљї, корпусҳои дипломатї ва ташкилотҳои хориљии муқими Тољикистон 11 вохўрї доир намуд.

   Дар давраи њисоботї Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон 12 љаласа доир намуд, ки дар онњо 80 ќарор ва 250 амр мансуб ба фаъолияти илмї ва илмиву ташкилї ва корњои молиявиву хољагидории Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ќабул гардиданд.

   Дар ин давра ќарорњои зерини Њукумати Љумњурии Тољикистон нисбат ба илм ва рушди он ба тасвиб расиданд: “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази  омўзиши пиряхњои  Академияи илмњои  Љумњурии Тољикистон» ва “Дар бораи таљлили 550- солагии   мусиќидон,  шоир ва навозандаи  тољик Наљмиддини  Кавкабї (солњои 1468- 1532)    ва  400- солагии   ситоишгари фарњанги шањрдорї, суханвари бузурги  тољик Миробид Сайидои Насафї (солњои 1618-1707)”.

   Дар айни замон, муассисањои илмии АИ ЉТ монанди солњои пешин ба душворињо дучор гардиданд, ки асосан ба кам будани маоши кормандон,  норасоии маблаѓ барои харидани лавозимоти зарурии илмї, таљњизоти техникї, асбобњо, маводи химиявї, китобу маљаллањои илмї, ташкили сафарњои илмї ва ѓайра вобастаанд. Заминаи моддиву техникии муассисањои илмии АИ ЉТ љавобгўи талаботи замон намебошад. Љалби мутахассисони љавон ва хатмкардагони мактабњои олї ба муассисањои АИ ЉТ ва тарбияи кадрњои љавони илмї бо вуљуди он, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 нисбатан бењтар гардид, боз њам бењбудї мехоњад. Камбудии љиддї ин кам будани мањсули илмии  баъзе кормандони илмии муассисањои илмї ва баъзе аъзои АИ ЉТ (яъне навиштани маќолањои илмї, илмии оммавї,  таълифи монографияњо ва ѓайра), њамчунин дар иќтисодиёти кишвар хеле кам татбиќ гардидани коркардњои илмии олимони АИ ЉТ мебошад.

   Вазифањои Раёсати АИ ЉТ, Шуъбањои Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва роњбарони муассисањои илмию тањќиќотии Академияи илмњо  дар нимсолаи дуюми соли 2018 аз инњо иборатдониста мешаванд:

- таъмини иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки дар Паёми навбатї ба Маљлиси Олиии Љумњурии Тољикистон, дар вохўрї бо намояндагони зиёиёни эљодкор (20 марти соли 2018)   ва дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар (12 майи соли 2018) дар назди Академияи илмњо гузошта шудааст;

- мусоидати њаматарафа ба идома додани корњои илмї-тањќиќотии бунёдї ва амалї дар самтњои афзалиятдоштаи тањќиќотњои илмї дар Љумњурии Тољикистон  ва тибќи барномањои давлатии соњавї;

- андешидани чорањои иловагї љињати љалби њарчи бештари  мутахассисони љавон ва хатмкардагони болаёќати муассисањои тањсилоти олии љумњурї ба муассисањои илмї, магистратура ва аспирантураи АИ Љумњурии Тољикистон;

-дарёфти роњњои њарчи бештар љалб  намудани маблаѓњои грантї, инвеститсионї ва бахши хусусї барои пешбурди корњои илмї-тањќиќотї ва љорї намудани дастовардњои илмї дар истењсолоти ватанї;

- таќвияти корњо љињати ба Фењристи мероси ѓайримоддии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгорињои таърихї ва љашну маросимњои миллї;

- дар сатњи баланди илмї ва ташкилї  баргузор намудани наќшањои чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва АИ Љумњурии Тољикистон  дар соли раисии Љумњурии Тољикистон дар ИДМ, њамчунин омодагињо барои дар сатњи зарурии сиёсї, ташкилї ва илмї;

- таљлил намудани 550-солагии   мусиќидон,  шоир ва навозандаи тољик Наљмиддини  Кавкабї,  400-солагии   ситоишгари фарњанги шањрдорї, суханвари бузурги  тољик Миробид Сайидои Насафї ва 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон.

1.82.jpg - 143.93 KB

   Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва мавриди пажуҳиш қарор додани мушкилиҳои глобалӣ чун ивазшавии иқлим ва офатҳои табиӣ мисли заминҷунбиҳо амалҳои густурдаро татбиқ сохта, ҷиҳати пайдо кардани натиҷаҳои дилхоҳ аз экспедитсияҳои илмӣ талош меварзад. Боридани чангу хок, гармшавии фасод ва аз меъёр гузашта ва дигар ходисаҳо, ки ба гармшавии иқлим иртибот доранд, олимони АИ ҶТ – ро водор кардааст паи ин мушкилиҳои табиат ба вуҷудоварда пажуҳиш намоянд. Дар асоси дастури Пешвои миллат дар Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуда, айни замон Марказ на танҳо масъалаҳои камшавии пиряхҳоро, балки обҳои зеризаминӣ ва хусусиятҳои онҳоро низ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

   Бинобар афзоиши рӯзафзуни аҳолии кураи Замин мушкилиҳои пайдарпай пайдо мешаванд ва проблемаи асосии башар дар даҳсолаҳои охир норасоии оби нӯшокист. Ин масъала дар тамоми дунё ҳаргуна баррасӣ мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавзеи аксар захираҳои обии минтақа мебошад, мушкилии номбурда дар сатҳи ҷаҳонӣ ва аз тариқи СММ таҳқиқ мешавад. На танҳо норасоии об, балки дигар маводи истеъмолӣ дар ояндаи наздик аз зумраи мушкилиҳои асосии ҷаҳониён хоҳад буд. Аз ин хотир, барои кишвари мо истеҳсол ва коркарди маҳсулоти табиӣ, ки дар бозори ҷаҳонӣ торафт арзиши онҳо боло мераванд, зарурат дошта, омӯхтани инчунин масъалаҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи олимони АИ ҶТ маҳсуб мешавад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

“Мизи мудаввар” дар мавзӯи “Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ”

   Дар Толори Бузурги Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2018 дар мавзӯи “Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” “Мизи мудаввар” баргузор гардид. Дар кори он зиёда аз 80 нафар олимону мутахассисон, аспирантону унвонҷуёни Академияи илмҳо ва кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон игтирок варзиданд.

  Ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ саркотиби Академияи илмҳо, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров кушод. Ӯ табрикоти президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимиро, ки дар ин замон дар маъракаи ҷашнгирии Иди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, ба ҳозирин расонида, саривақтӣ ва муҳим будани рӯзномаи имрӯзаи “Мизи мудаввар”-ро махсус қайд намуд.

   Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баромад намуда, зикр намуд, ки дар таҳқиқу омӯзиши захираҳои сайёҳии мамлакат нақши олимон ҳалкунанда аст.

   Маърӯзаи аввалин “Зарфияти сайёҳӣ – рекреатсионии сарзамини Тоҷикистон” аз ҷониби мудири шуъбаи географияи Академияи илмҳо, доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Холназар ироа шуд. Маърӯзаи мудири кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сайфуллоев Н.Н. ба ташкилотҳои нақлиётӣ ва нақши он дар рушди сайёҳӣ бахшида шуд. Самиев А.М. – декани факултаи географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои география, дотсент дар мавзӯи “Дурнамои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯзаи Ниёзов А.С. – котиби илмии Шуъба, номзади илмҳои геологияю минералогия, дотсент “Туризми обӣ дар Тоҷикистон: вазъи ҳозира ва оянда” ном дошт. Маърӯзаи ниҳоӣ - “Гиёҳҳои шифобахш ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз ҷониби Назриев А.С. – директори осоишгоҳи табобатии “Сатурн” ироа шуд.

   Баъди маърӯзаҳо муҳокима ва баҳсу мунозираҳои доманадор сурат гирифтанд. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Партоев Қ. сатҳи баланди маърӯзаҳоро қайд намуда, зарурати таҳқиқи

   Шовалиева Мумина – ходими калони илмии Институти таърихи Академияи илмҳо зикр кард, ки маърӯза оиди ташкилотҳои нақлиётӣ хусусияти умумӣ дошт; хубмешуд, ки он мушаххас мебуд. Дар ҳақиқат мушкилот дар ташкилу хизматрасонии сайёҳӣ хело зиёданд. Меҳмонхонаҳои ба талабот ҷавобгӯй каманд. Аз ҷониби ронандаю роҳбаладҳо ва дигар ашхоси бо сайёҳӣ алоқаманд надонистани забони хориҷӣ эҳсос мешавад. Мутаассифона, баъзан кормандони милиса, алалхусус нозирони бозрасии автомобилӣ беасос манъкунӣ ва санҷиши воситаҳои нақлиётии дар он сайёҳон буда, ба назар мерасад. Проблемаи дигар – ин баъзе хусусияти таомҳои миллии мост, ки онҳо одатан серчарбуянд. Майёҳони хориҷӣ инро махсус қайд мекунанд. Ошхонаҳо бояд хусусияти таомҳои аврупоиро донанд ва кӯшанд, ки чунин омода кунанд.

   Доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов қайд намуд, ки “Мизи мудаввар”-и имрӯза маъракаи муҳим ва зарурист. Вале хуб мешуд, ки вай барномаи мушаххас медошт ва дар чанд бахш сурат мегирифт. Ӯ зикр кард, ки мутаассифона, қаламарави Тоҷикистон ба “Шоҳроҳи абрешимӣ” дохил карда нашудааст. Дар баробари ин А.Раҷабов тазаккур дод, ки “Шоҳроҳи абрешимӣ” тавассути ноҳияи Панҷакент, қад-қади дарёи Зарафшон, баъд нақби Шаҳристон - ба ноҳияҳои Шаҳристону Истаравшан ва Спитамену Ғафуров ба Конибодом мегузарад ва ба ҳудуди Қирғизистон мегузарад. “Барои рушди туризм ба мо зарур аст, ки маводи илмии асоснок, инфрасохтори зарурӣ дошта бошем. Кумитаи рушди сайёҳӣ бояд мутахассисонро ҷалб кунад” – қайд намуд доктор А.Раҷабов.

   Академик Хикмат Ҳисориев: Боиси хушнудист, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Академияи илмҳои мо дар чунин мавзӯи муҳим “Мизи мудаввар” оростааст. Ташаббуси воқеан олӣ! Ҳамкориҳои судманд оғоз шуданд, ва умедворем, ки натиҷаҳои хуб медиҳанд. Ба ақидаи ман имкониятҳои объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда: мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, парку ӣоғҳои миллӣ, ёдгориҳои табиии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ истифода нашудаанд. Кӯҳи Хоҷа Мӯъмин, ки андар замон кони азими намак низ ҳаст, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Пиряхи Федченко (Кашолаях) ва дигар объектҳои табиии кишвар – воқеан зарфияти беандоза бузурги сайёҳӣ доранд.

   Сайфуллоев Н.Н. - мудири кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зикр кард, ки теъдоди туристони илмӣ – олимон дар умум зиёд нест. Туризм маблағро металабад, аммо туристони илмӣ чунин маблағҳои калонро надоранд. 

   Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баҳсу мунозара ва муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки домони илм хело васеъ аст. Имрӯз мо шоҳиди он шудем, ки ҳамоҳангии илму амал, Академияи илмҳо ва Кумитаи рушди сайёҳӣ воқеан судманд ва тақозои вақт буда, айни замон хело зарур ва сарвақтӣ аст. Бархӯрди афкор имрӯз хело амиқ эҳсос шуд. Вале, он чизе, ки имрӯз ман мехостам онро бифаҳмам, пурра пайдо накардам, зеро доираи “Мизи мудаввар”, чи хеле маълум аст, одатан аз лиҳози вақт ва фарогирӣ маҳдуд аст. Ширин Шодӣ тазаккур дод, ки “Кори илмии ман оиди туризм, ҷиҳати дастгирии он аз ҷониби сохтори давлатӣ буд. Ман дар Япония чанд сол зиндагию кор кардаам. Маҳз пешниҳоди ман яке аз сабабҳои асосии таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ буд”. Амалия бе назария наметавонад рушд кунад. Солҳои 50-ум дар ҷаҳон ҳамаги 50 ҳазор сайёҳ буд, имрӯз теъдоди онҳо ба 1,32 млрд расидааст. Сайёҳӣ дар давлатҳои гуногун ҳар хел рушд мегирад ва чунин хусусият дорад: 2% дар кишварҳои мутараққӣ, 4% дар кишварҳои рӯ ба рушд.

   Таҳаввулоти туризм аз бисёр омилҳо вобаста аст. Одатан онро зоҳиран чунин “формулагузорӣ” мекунанд: ИКТИШОФ – ИШТИРОК – ИНКИШОФ. Алъон мо дар зинаи Иктишоф қарор дорем ва тадриҷан ба Иштирок ворид шуда истодаем. Дар ин зина нақши олимону мутахассисон хело бузург ва ҳалкунанда маҳсуб меёбад, зеро маҳз онҳо захираю зарфияти сайёҳӣ, таъриху ҷолибияти онҳоро таҳқиқ, маводҳои марбут ба объектҳои сайёҳиро таҳияю матраҳ кунанд.

   Маводҳои таблиғотӣ дар мо воқеан хело каманд, дар ҳолате, ки талабот ба онҳо беандоза зиёд аст. Таҳияи маводи таблиғотиро бояд олимону мутахассисон, алалхусус кормандони Академияи илмҳо амалӣ кунанд.

  Дар марҳилаи кунунӣ мо мутахассиси тахассуси соҳаи гуногуни сайёҳиро надорем.

  Дар умум, мушкилоти сайёҳӣ дар кишвари мо зиёл аст ва мо, чи тавре шоҳид шудем, дар “Мизи мудаввар”-и имрӯза чанде аз онҳоро таҳлил ва роҳҳои ҳалли онҳоро мушаххас кардем. Дар қарори “Мизи мудаввар” доир ба масъалаҳои имрӯз муҳокимашуда пешниҳодҳои мушаххас қайд шуда, ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон ирсол карда шаванд.

  Дар анҷоми кори “Мизи мудаввар”, дар фазои воқеан озоду гуногунандешагӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва қарори марбута қабул карда шуд.

 

Қарори «Мизи мудаввар»
дар мавзӯи «Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ», ш.Душанбе, 26.06.2018

   Иштирокчиёни «Мизи мудаввар» дар мавзӯи «Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминащои нави ҳамкорӣ», дар натиҷаи ироаи маърӯзаҳо ва муҳокимаю мубоҳисаҳои илмӣ ба чунин қарор омаданд:

1. Сайёҳӣ яке аз соҳаи ояндадор ва муҳими бахши иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бояд дар рушди устувори кишвар саҳми арзанда гузорад. Муҳиммияти сайёҳӣ ва зарурати рушди он буда ки, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд.

2. Зарфияти сайёҳӣ дар Тоҷикистон бузург буда, мутаассифона, дар айни замон ба таври бояду шояд истифода намешавад.

3. Бахшҳои сайёҳӣ, шаклу намудҳои он хело гуногун буда, бевосита аз тадқиқотҳои илмии олимони ҷумҳурӣ сарчашма мегиранд ва бояд ба он такя намоянд.

4. Хусусиятҳои нақлиётии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби олимон ва мутахассисони соҳа васеъ таҳқиқ карда шавад.

5. Сайёҳии обӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои воқеӣ ва камхарҷу аз ҷиҳати ташкилӣ камташвишу самаранок маҳсуб ёфта, хусусиятҳои рушди он илман таҳқиқ карда шаванд.

6. Сайёҳии «табобатӣ» самти ояндадори сайёҳии Тоҷикистон ҳисобида шуда, он бояд аз лиҳози илмӣ ва илмию амалӣ, тиббӣ, васеъ ва бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа таҳқиқ шавад. Сайёҳии «табобатӣ» бояд ба зарфияти захираҳои биологӣ, набототӣ, гуногунии биологӣ, фитотерапия ва умуман рекреатсионӣ асос ёбад.

7. Масъалаи тайёркунии кадрҳо, мутахассисон оид ба сайёҳӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо, сатҳи забондонии онҳо самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар кишвар ҳисобида шавад.

8. Дар ҳамкорӣ ва дастгирии бевоситаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи илмҳо курсҳои кутоҳмуддати тайёркунии роҳбаладҳо (гидҳо) ташкил карда шавад.

9. Шуъбаи географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҳия ва чопи маводҳои иттилоотӣ, таблиғотӣ, илмӣ–оммавӣ ва илмиро дошта, бояд ин хизматрасониҳои илмиро пешниҳод намояд.

10. Имконияти дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Пажуҳишгоҳи география ва сайёҳӣ омӯхта, доири ин масъала ақидаю афкори марбута таҳқиқ шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

11. Дар алоқамандӣ бо Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи сайёҳии илмии хориҷиён мушаххас карда шуда, пешниҳодҳо таҳия карда шаванд.

12. Барои рушди сайёҳӣ корҳои таблиғотӣ тақвият дода шаванд. Донистани забонҳои хориҷӣ ҷузъи муҳими ташкилии рушди сайёҳӣ ҳисобида шавад.

13. Ба ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида, алалхусус зарфияту имконияти илмии олимону мутахассисони Академияи илмҳо мавриди истифода қарор дода шавад.

14. Доир ба таъсиси осорхонаи кушоди этнографии Яғноб пешниҳоди мушаххаси илман асоснок таҳия карда шуда, ба сохторҳои марбута ирсол карда шавад.

15. Ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи муосири сайёҳии ҷаҳонӣ сафари хизматии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин соҳа таҷрибадор ташкил карда шавад.

16. Оид ба ташкили факултаи география дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳоди асоснок таҳия карда карда шавад.

Аз нуктаҳои асосии қарори “Мизи мудаввар” чаҳор пешниҳоди мушаххас ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, расман ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

  1. Сайёҳии обӣ ва сайёҳии «табобатӣ» яке аз соҳаҳои воқеӣ ва камхарҷу аз ҷиҳати ташкилӣ камташвишу самаранок арзёбӣ шуда, самтҳои ояндадори сайёҳии ҷумҳурӣ ҳисобида шавад. Ин самтҳо бояд аз лиҳози илмӣ, амалӣ, тиббӣ аз ҷониби олимону мутахассисони соҳавии Академияи илмҳо, бо назардошти зарфияти захираҳои биологӣ, набототӣ, гуногунии биологӣ, фитотерапия ва умуман рекреатсионии самтҳо таҳқиқ шаванд.
  2. Дар ҳамкорӣ ва дастгирии бевоситаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи география курсҳои кутоҳмуддати тайёркунӣ ва такмили ихтисоси роҳбаладҳо (гидҳо) бо ҷалби олимону мутахассисони Академияи илмҳо ва кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ, ташкил карда шавад.
  3. Бо мақсади таҳқиқи илмии зарфияти сайёҳии сарзамини Тоҷикистон, таҳияи роҳномаҳо, тавсифномаҳои мавзеъҳо, объектҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ, омодасозии таърихномаҳои таъинотӣ, харитаю нақшаҳои географии маҳалҳои сайёҳӣ ва таъминоти ниҳоди сайёҳӣ бо маводи илмӣ, илмию амалӣ, илмию методӣ, таблиғотӣ, таъсиси Пажуҳишгоҳи география ва сайёҳӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ва саривақтӣ шуморида шавад.
  4. Бо назардошти ҷолибияти табиию манзаравӣ, аҳамияти фавқулодда нодир ва беназири илмӣ, этнографӣ ва таърихӣ доштан ва, бешубҳа, ҳамзамон ба яке аз объектҳои маъмултарини сайёҳӣ шомил шудани он, таъсиси “Осорхонаи кушоди таърихӣ-этнографии Яғноб” бамавқеъ ҳисобида шавад.

 

 

 

 

 

Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон

                                   “Мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем”.

                                    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари осиёӣ, дар мавқеи муҳими геополитикӣ ҷойгир аст. Дар равандҳон сатҳи минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол карда дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақа низ саҳмгузор мебошад. Дар ин росто муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, қабл аз ҳама бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бештар доранд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ дар таъмини рушди бемайлони иқтисоди кишвар, сулҳу субот ва амнияти минтақа мебошанд, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

   Ба хусус, робитаҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон, ки ҳамчун кишвари сотсиалистӣ ҳисоб мешуд, дорои ҷанбаи фарҳангӣ буда, бо рафтуомадҳои гурӯҳҳои мусиқӣ, ҳунарӣ ва шоирону нависандагони ду кишвар маҳдуд мешуд. Махсусан, пас аз инқилоби Савр дар соли 1978 ва вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон сатҳи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон рушд ёфт. Дар ин давра сафарҳои мутақобилаи ҳунарии овозхонону сарояндагони шинохтаи тоҷику афғон дар шинохт ва наздикии бештари мардуми ду кишвар нақши зиёд бозидааст. Дар солҳои 80-уми асри гузашта маъруфтарин овозхонони хориҷӣ дар Афғонистон сарояндагони тоҷик буданд. Албатта, мавҷудияти муносибатҳои расмии ду кишвар дар замони шӯравӣ заминаи фароҳам шудани падидаҳое буд, ки ҳанӯз мавриди омӯзишу мутолиаи коршиносон қарор нагирифтаанд. Дар он солҳо ҳузури садҳо нафар мушовир, тарҷумон, афсар ва сарбози тоҷик дар сохторҳои мухталиф ва Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, ки ба таври рӯзмарра бо мардуми он тамос доштанд, имкони ошноии лозими тоҷикони муқими Афғонистонро бо ҳамтаборони  ин тарафи дарёи Омӯ ба миён овард. Донистани мавҷудияти ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ва ҳарф задани аҳолии aller sur le site он бо забони тоҷикӣ барои хеле аз сокинони одии Афғонистон падидаи хушҳолкунанда ва ҳувиятдиҳанда буд. Аз сӯи дигар, ҳузури сершумори мутахассисони тоҷик дар Афғонистон низ ба рӯҳияи худшиносии миллии онҳо ва махсусан таваҷҷӯҳ ба асолат ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ таъсири мусбат дошт.

   Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд. Дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек, мулоқоти президентҳои ду кишвар солҳои 1993, 1996, 2001, 2002, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2014 ва 2018 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2005 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни он вохӯриҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо беш аз 50 санад имзо шудааст, ки онҳо барои густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар заминаи устувор гузоштаанд. Ба хотири таҳкиму тавсеаи беҳтари ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ дар ҳарду кишвар намояндагиҳои дипломатию консулӣ фаъолият доранд. Консулгарии Афғонистон дар Душанбе ҳануз соли 1990 кушода шуда, соли 1995 дар заминаи он Сафорат ба кор шурӯъ кард. Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон кушода шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул моҳи январи сои 2002 ба фаъолият оғоз намуд. Дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷонибҳо ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва бехатарӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тундгароии мазҳабӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

    Қобили қайд аст, ки то ба имрӯз дар сарҳади байни ду кишвар 7 пул мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони як пули дигар давом дорад, ки он барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон аҳамияти муҳим доранд. Масъалаи таъсис додани нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон барои васеъ намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати мутақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дӯстонаи байни ду кишвари ҳамсоя нигаронида шуда, ҳам ба манфиати иқтисодиёти кишварҳои ҳаммарз ва ҳам мардуми ин кишварҳо мебошад.

   Дар самти маориф, фарҳанг Тоҷикистон барои рушди захираҳои инсонии Афғонистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ба ин мақсад барои ҷавонон ва донишҷӯёни ин кишвари ҳамсоя бурсия ҷудо намуда, ба хотири бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Афғонистон барномаҳои омӯзишӣ омода месозад. Бар асоси Созишномаи ҳамкории миёни вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Афғонистон дар донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2003 гурӯҳи низомиёни Вазорати дифои миллии Афғонистон таҳсил менамояд. Моҳи феврали соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ барпо шуд ва Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки ин Комиссия имконияти баррасии ҳаматарафаи ҳамкориҳои байни ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам оврдааст.

   Ин таъсир дар солҳои баъдӣ дар расонаҳои ҷамъӣ ва таълифоти адабиву илмӣ бараъло мушоҳида мешуд. Фарҳангиёни тоҷике, ки дар Афғонистон кору фаъолият доштанд, аз тарҷумаи таҳтулафзӣ ва шаклии истилоҳот парҳез карда, ибораву калимаҳои бисёр зиёди барои он давра комилан тозаву ҷаззобро ба гардиш дароварданд. Имрӯз бо забони салису зебоӣ тоҷикӣ сухан гуфтани натанҳо фарҳангиён, балки роҳбарону мансабдорони кишварамон чун як амри табиӣ пазируфта мешавад, вале дар он замон ин падида бисёр арзишманд буд. Бидуни шубҳа, бо истиқлолият ёфтани Тоҷикистон равобити Душанбеву Кобул вориди марҳилаи комилан нав гардид. Аммо, мутаассифона нооромиҳо ва идомаи ҳарҷу марҷи сиёсӣ дар ин кишвар монеаҳо дар рушди  ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар  эчод менаоянд.

   Хуллас, барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ба роҳ мондани рушди бемайлони иқтисодӣ, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ба роҳ монда шавад ва сатҳи иҷтимоии мардумро боло бардоштан муҳим аст.  Бо ёрии силоҳу аслиҳа ҳали буҳрон дар ин кишвар имконнопазир аст. Танҳо мардуми Афғонистон тавоноии таъмини сулҳу оромиро дар кишвари худ доранд.  Барои ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақаро мебояд, то рушди соҳаи инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кӯпрук ва нақбҳо, кашидани хатҳои интиқоли барқро ба роҳ монда, робитаҳои байни кишварҳои минтақа ва Афғонистонро қавӣ гардонад ва кишварро аз буҳронҳо наҷот диҳанд.

 

Адабиёт:

1.     Суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба нахустин таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ. http://www.president.tj.

2.        Эмомалӣ Раҳмон Бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.            

 Душанбе. «Ирфон», 2012, с.117

3.        Муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон // http://mfa.tj/  

4.        Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии. http://www.president.tj/node/17985

      

Корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ   Раҷабалиев Хайрулло

 

 

 

 

Ҷаласаи ҳисоботии АИ ҶТ

   1.76.jpg - 93.71 KB

   Субҳи имрӯз (4.07.2018) дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷумла зикр гардид, ки: Дар нимсолаи якуми соли 2018 олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла  57 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

   Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АИ ҶТ беш аз 1120кори илмӣ, аз ҷумла 88 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 1030  мақо-лаҳои илмӣ, аз онҳо 180 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ, давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Дар ин давра  аз тарафи олимони АИ ҶТ 3 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 1 қарори мусбат оид ба нахустпатенти ҶТ ба даст оварда шуд”.

  Дар нимсолаи якуми соли 2018 дар  Академияи илмҳо ҳамагӣ 30 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалии илмӣ, 8 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 12  семинар, 3 мизи мудаввар  ва 5 мулоқоти расмӣ омода ва баргузор карда шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра олимони АИ ҶТ дар кори беш аз 200 чорабинӣ илмӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.

1.78.jpg - 128.36 KB

   То 18 июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 шӯрои диссертатсонӣ фаъолият намуданд. Дар шаш моҳи соли 2018 дар шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 рисола, аз ҷумла 8 рисолаи докторӣ ва 85 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 6 Шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола дифоъ карда шудааст, ки аз онҳо 4 рисолаи докторӣ ва 19 рисолаи номзадӣ мебошад.

   Ҳамчунин, дар ҷаласа аз камбуду норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои марбут ба илм ишораҳо шуда, барои ислоҳ намудани онҳо супориш дода шуд.

1.77.jpg - 141.24 KB