ЗЕБОИПАРАСТӢ РУКНИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКЗАНОН
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ гаштаву баргашта оид ба зарурияти барпо намудани шароитҳои фароҳам барои ҳаёти пурсамар ва таъмини фаъолияти занони тоҷик дар ҳамаи гӯшаю канори Тоҷикистон таъкид намуда, ба идораҳои дахлдор, ба мансабдорони соҳаҳои гуногун дастурамал медиҳад, ки муассисаҳои хизматӣ-маиширо барои занон таъмин намоянд.
Дар амалӣ намудани ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳми худи занони тоҷик бояд назаррас бошад.
Чӣ хеле ба ҳамагон маълум аст, оила – ин асоси ҷамъият мебошад ва тарбияи зебоипарастӣ бояд ки аз хурдӣ ба кӯдакон, хусусан ба духтарон омӯзонида шавад. Тарбияи зебоипарастӣ аз қадимулайём барои ниёгонамон хос буда, дар шаклҳои гуногун зоҳир мешуданд: хусусан дар тозагии бадан ва манзили зист, сару либос, дар тарзи рафтору гуфтор, муомила бо атрофиён, дар тарбияи ҷисмонии бадан, дар оро додани ҳам манзили зист ва ҳам сару тан ва ғайраҳо ва тарбияи ҳамаи инҳо аз насл ба насл мегузаштанд. Сарчашмаҳои қадим маълумот медиҳанд, ки ниёгони мо пеш аз ба шикор рафтан, ё пеш аз дар ягон муҳорибаи калон баҳри ҳифзи хоку буми ватан иштирок намудан, ҳатман ба ҳаммом рафта, сару рӯи худро ба тартиб медароварданд, баданро тоза мешӯстанд. Дар акси ҳол тибқи хурофоти мардумӣ шикорашон барор намегирифт ва дар муҳориба мағлуб мегардиданд. Бинобар ин, шаҳодати то давраҳои мо боқӣ мондани ин хурофоти мардумӣ дар нимаи дуюми асри Х1Х дар шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Балх мавҷудияти зиёда аз 1000 ҳаммомхонаҳо мебошад.
Шаклҳои дигари зебоипарастӣ дар ниёгони мо ба воситаи тарбияи ҷисмонии бадан ба тариқи бозиҳои гуногун, ба монанди асптозӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ ва ғайраҳо буданд. Давоми ин анъана дар замони муосир – ин машғулиятҳои гуногуни варзишӣ дар майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, ки дар тамоми гӯшаю канори Ҷумҳуриамон сохта ба истифода дода мешаванд, мебошанд.
Дар оила тарбияи зебоипарастӣ аз тарафи волидайн ва калонсолон анъана буда, дар ин равия ҳам писарбачагон ва ҳам духтарбачагон тарбия меёбанд. Вақте ки духтарчаи тоҷик ба синни 5-6 солагӣ мерасад, ӯро ба қабули ҳунари гулдӯзӣ ҳидоят мекунанду ба омӯзонидани ин ҳунар машғул мешаванд. Дар аввал ӯ одатан дар гулдӯзиаш табиати ватанашро инъикос мекунад. Вақте ки духтарак ба синни 12-13-солагӣ қадам мениҳад, куртадӯзиро меомӯзад. Бо дӯхтани куртаҳои шинаму зебо духтаракон зебоипарастиро дар худ такмил менамоянд. Вақте ки духтари ноболиғ кӯшиши оро додани манзили худ (хонаи худ, ҳавлии худ) мекунад, ин ҳам зебоирастӣ ба шумор меравад. Баъди ба сини балоғат расидан, духтари тоҷик дар ба меъёр оро додани худ: пӯшидани либосҳои шинам, пойафзол, истифодаи зару зевар, атру упо, тарзи бастани рӯймол ё ороиши мӯй кӯшиш мекунад, ки бо ин ҳисси зебоипарастии худро баён менамояд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд занони тоҷик табиатан зебоянд, бо истифодабарии бамеъёри зару зевар ва пӯшидани либосҳои шинам боз ҳам зеботар мегарданд.
Мо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри зебои Душанбе зисту зиндагонӣ мекунем. Бинобар ин ҳамчун шаҳрвандони ин шаҳри зебо бояд ба тарзи либоспӯшӣ ва оро намудани худ эътибор дода, либосро чунин дар бар намоем, ки он чашмрас набуда, шинам ва қулай, хос ба халқи тоҷик бошад.
Айни ҳол хушбахтона ҳар як муассисаи давлатӣ либоси расмии худро дорад: бонкҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, ташхисгоҳҳо, ошхонаҳо, сохтмонҳо, муссисаҳои хизмати манзилӣ ва ғайраҳо. Дар муаасисаҳои мазкур кормандон ба тарзи либоспӯшӣ бояд риоя намоянд.
Аксарияти занҳои тоҷик алҳол кадбонуи хона ҳастанд. Ин занҳои хонанишин бояд бо либоси миллии мувофиқи синну сол дӯхташуда, бо рӯймолҳои бо тарзи тоҷикона басташуда, туфлиҳои замонавӣ ба ҷои «иринкаву шлёпка», чунки онҳо пойафзоли хонапӯш ба ҳисоб мераванд, худро оро диҳанд. Солҳои охир куртаи «поплини» аз поён тангдухташуда ва пойҷомаҳои танг, инчунин «заколкаи» ҳаҷмаш баъзан аз сари худи занҳо калон, ки аз болояш рӯймол баста шудааст «муд» аст, ки ба занҳо тамоман намезебанд. Либоси занҳо хоксорона, каме кушод бояд буд, ки ҷуссаи зан аз он натобад. Хуб мешуд, ки занҳо каму беш аз косметика, атрҳои хушбӯй, зару зевар истифода баранд, ки зебогии худро нафисона қайд карда, ба ин тариқ ҳисси зебоипарастии худро нишон диҳанд.
Мо тадқиқотчиён ҳамчунин ҷонибдории худро ба гуфтаҳои Пешвои миллат таъкид намуда илова менамоем, ки дар ин самт, махсусан дар деҳот низ бунёд намудани марказҳои ороишиву кошонаҳои ҳусн барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоӣ-иқтисодии занҳои деҳот, ки саҳмгузори тарбияи арзандаи насли оянда низ ба ҳисоб мераванд, дорои аҳамияти калон шуда метавонанд.
Ходимони илмии Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
Академияи илмҳо
Додхудоева Л.Н., Юсуфбекова З.,
Шовалиева М.С., Маҳмудова М.М.
Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад (Чанд мулоҳиза дар атрофи шармандагии намояндагони ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава)
Имрӯзҳо дар шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи САҲА «Оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ» кори худро идома медиҳад. Дар он ҳудуди 1200 вакил аз 57 кишвар ширкат дошта, ҷанбаҳои гуногуни таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳудуди кишварҳои узви созмонро баррасӣ менамоянд. Роҳбарияти фирории ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош карданд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи ҲНИ аз ин фурсат истифода намуда, баъзе ҳадафҳои нопоки худро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон дар доираи ин ҷаласа амалӣ намоянд. Аммо, дар асл, ин ҷаласа ба саҳнаи шармандагии ин гурӯҳи экстремистию террористӣ ва ҳаммаслакони он табдил шуд.
Дар рӯзи пеш аз оғози ҷаласа, яъне 9-уми сентябр, наҳзатиён ҳамон ҳиллаи қадимии худро ба кор бурданӣ шуда, худашон бо худашон қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ, ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқи нақшаи хоҷагони худ роҳбарияти ҲНИ худашон аз ҳисоби аъзо ва муздурони худашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худашон бо худашон «эътилоф» ташкил карданд. Бинобар ин, огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст.
Баробари оғоз шудани ҷаласа, дар рӯзи 10-уми сентябр, мизбонон эълон намуданд, ки намояндагони кишварҳои узви САҲА ба ин ҷо барои дар фазои ороми корӣ гӯш кардани фикру мулоҳизаҳои ҳамдигар омадаанд ва аз ин рӯ, дар дохил ва атрофи макони баргузории он барпо намудани намоишҳои эътирозӣ ва барҳам додани тартиботи умумӣ манъ мебошад. Ин қоида нишон дод, ки тамоми кишварҳои узв аз ҳузуру назмшикании ин гурӯҳаки авбошу беадаб хаста шудаанд. Зеро солҳои гузашта намояндагони ТЭТ ҲНИ аз фазои озод истифода намуда, бо ташкили эътирозу намоишу сарусадоҳо дар дохили толори маҷлисгоҳ ба кори ин ҷаласаи байналхалқӣ халали ҷиддӣ ворид менамуданд. Аммо имсол, вақте ду намояндаи ин ташкилот талош карданд, ки назми маҷлисро вайрон кунанд, аз тарафи роҳбарияти маҷлис аз толор берун ронда шуданд. Масъулини САҲА намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро огоҳ карданд, ки дар ҳолати такроран халалдор намудан ба кори конференсия, онҳо аз ҳуқуқи ширкати минбаъда дар чорабинӣ пурра маҳрум мегарданд.
Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Бинобар ин, ҳоло ТЭТ ҲНИ қарор кард, ки намоишҳои худро садҳо километр дуртар аз Варшава, дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Латвия баргузор намояд.
Мазмуни суханрониҳои намояндагони ТЭТ ҲНИ ва ташкилотҳои сунъии ҳошияи он низ нишон дод, ки имсол ҳам онҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва ягон сухани нав надоранд. Баръакс, суханрониҳои Варшава баъзе ҳақиқатҳои таърихиро ошкортар намуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи таъсисии «Паймони миллии Тоҷикистон» раиси ҲНИ М.Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-уму 3-юми асри гузашта мебошад. Ӯ ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён дар насли дуюми босмачиён буда, кору равишу ормонҳои онҳоро давом медиҳанд. Ӯ худ ва наҳзатиёни фирорӣ дар Аврупоро насли сеюми босмачиён номид.
Ин ҳақиқат, яъне аз ҳама ҷиҳат идомаи ҳаракати роҳзанию зиддимиллии босмачиён будани наҳзатиёнро муҳаққиқон хуб медонистанд, аммо аз тарафи раиси ҲНИ расман қабул шудани ин ҳақиқат онро хеле рӯшантар намуд. Шояд ин ягона сухани рости М.Кабирӣ дар Варшава буд.
Суханрониҳои намояндагони ҲНИ ва муздуронашон дар доираи худи ҷаласаи солонаи САҲА низ саросар пуч ва бемазмун буданд. М.Кабирӣ хост аз минбари ин ҷаласа истифода намуда, ҳамон шиорҳои умумии худ дар бораи гӯё нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро такрор кунад, аммо ягон чизи мушаххасе гуфта натавонист. Бинобар ин, раисикунанда сухани ӯро қатъ намуда, таъкид кард, ки дар доираи мавзӯи ҷаласа сӯҳбат кунад.
Гадоев Шарофиддин, ки худро намояндаи ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» муаррифӣ http://buyviagraonlinexxx.net/ кард, аз САҲА хоҳиш намуд, ки расонидани кумаку грантҳоро ба Тоҷикистон қатъ намуда, нисбат ба ҳукумати кишвар таҳримҳо қабул гарданд. Хиёнат ба ҷое расид, ки касе, ки бо нону намаки Тоҷикистон бузург шудааст, аз бегонагон хоҳиш кунад, ки ватани ӯ ва халқи ӯро таҳрим кунанд. Бешубҳа, чунин афроди ватанфурӯшу миллатбохта дигар ҳатто ҳуқуқ надоранд, ки калимаҳои муқаддаси «ватан», «Тоҷикистон» ва «тоҷик»-ро ба забон оранд. Зеро, ин мавқеи зиддимиллии Ш.Гадоев нишон дод, ки акнун ӯ аз ин мафҳумҳои барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас пурра ҷудо шудааст.
Собиқ роҳбари бахши ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд Ёқубов Илҳомҷон, ки бо супориши М.Кабирӣ акнун худро роҳбари «Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо» меномад, низ зидди давлату миллати худ суханронӣ намуда, хоҳиш кард, ки зидди Тоҷикистон «рӯйхати Магнитский», яъне таҳримҳои иловагӣ қабул карда шавад.
Баъди суханрониҳои намояндагони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон модератор таъкид кард, ки дар баромадҳои Шумо асосан зиёдаравӣ ҷой дошта, далелҳои мушаххас мавҷуд нест.
Ҳамаи ин бори дигар нишон дод, ки бо вуҷуди моҳҳо тайёрӣ ва ташкили ситоди махсус, наҳзатиҳо ва муздурони онҳо дигар чизе барои гуфтан надоранд. Наворе, ки онҳо дар ҳама ҷо бо як мазмун пахш мекарданд, акнун кӯҳна шудаву аз истифода афтодааст.
Хулоса, чанд рӯзи аввали ҷаласаи Варшава нишон дод, ки дигар аз он нозу эркагии ТЭТ ҲНИ дар оғӯши САҲА ва аз он навозишу ҳимояти ошкори хоҷагони ғарбияш нишоне нест. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз моҳияти воқеии ин гурӯҳаки террористӣ рӯз аз рӯз ба таври амиқтар огоҳ шуда, рӯз аз рӯз аз он фосила мегирад.
Дар тӯли ин ҳамоиш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди он шуд, ки ТЭТ ҲНИ идомаи мантиқӣ ва қисми таркибии ҳаракати байналмилаии террористӣ буда, ягон чизи нав барои гуфтан надорад. Дигар касе дар ин доираҳо ба ҳиллаю найранг, шиору суханрониҳои пуч ва изҳороту баромадҳои онҳо, ки мақсади ягонаи он ба даст овардани маблағу грантҳои навиф кишварҳои иштироккунанда мебошад, аҳаммияте намедиҳад.
Ҳамин тавр, ҷаласаи солонаи САҲА ба саҳнаи шармандагии комили ТЭТ ҲНИ табдил шуда, ин ташкилоти экстремистию террористиро як қадами дигар ба ҳошияи таърих гусел кард.
Дар ниҳоят, ба ифротгароёну террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки давраи аврупоии шумоён ба охир расида истодааст. Бояд дарк кунед, ки босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо ҳаргиз аврупоӣ намешавад. Ба наздикӣ тамоми Аврупо, ки аз моҳияти террористии шумо безор аст, шуморо ба ҷойи лозимӣ хоҳад фиристод. Бинобар ин, беҳтар аст, ҳарчи тезтар ба ҳамон Қуму Теҳрони худ баргардед, ба ҷойе, ки обу нону билету барномаю вазифаҳои шуморо таҳия мекунанд, ба ҷое, ки шумо ҳанӯз истифода доред. Албатта он ҳам муваққатист.
Абдулло Ғафуров,
номзади илмҳои таърих, дотсент
Нуфузи пантуркизм дар байни ходимони ҷунбиши ҷадидия
Ҷараёни сиёсиву фарҳангии пантуркия ҳамчун идомаи мафкураи пешинаи миллатчигии туркизм дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба вуҷуд омад, ки хоҳони ваҳдати фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии тамоми туркзабонҳои олам, ба вежа Туркия, нимҷазираи Балкан, қисмати мусалмоннишини империяи Россия, Кафкоз, Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ буд. Ҷавҳари ин таълимоти миллатчигии доираҳои иртиҷоии туркро дифои миллатҳо ва халқҳои кӯчак аз фишори миллатҳои бузург ва муттаҳид гаштани онҳо таҳти байроқи Туркия дар як империяи бузург ташкил медод.
Бунёдгузор ва назариётчиёни пантуркизм Зиё Гёкалп (1876-1924), Исмоилбек Гаспринский (1851-1914), Юсуф Акчурин (1876-1935) ва дигарон буданд, ки тамоми фаъолияти хешро ба хотири татбиқи ғояҳои ин ҷунбиши миллигарои турк ба харҷ додаанд. Ба андешаи З. Гёкалп як қисми миллатҳо (юнониён, форсҳо ва мисриҳо ё худ арабҳо) аллакай хароб шудаанд, қисми дигар (халқҳои Аврупо) ба интиҳо мерасанд ва сеюмин (худи туркҳо), ки ояндаи дурахшон доранд, инкишоф меёбанд. Ғояи И. Гаспринский роҷеъ ба иттиҳоди маънавии халқҳои туркзабони империяи Россия таҳти шиори «Ваҳдат дар забон, андеша ва амал» асоси туркизми фарҳангӣ-маорифпарвариро ташкил дод. Ю. Акчурин ғояи «ягонагии миллӣ ва давлатӣ»-и халқҳои туркзабони Россияро дар зери ҳимояи Туркияи усмонӣ иброз дошт, ки аслу моҳияти туркизми сиёсӣ маҳсуб меёфт.
Ақидаи пантуркизм махсусан байни миллатчиёни тотори Қрим ва Поволже ҳамовозии зиёд пайдо карда, тавассути онҳо дар Осиёи Миёна паҳн карда мешуд. Таърихнигори тоҷик Намоз Ҳотамов таъкид месозад, ки «ҳаракати ҷадидия ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми давраи фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи авали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ хеле кам буд. Аз ҳамин сабаб ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ хеле кам буд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рӯзномаро ба забони форсӣ-тоҷикӣ ташкил намуданд. Вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол ба сол афзуда, ҷадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи беҳтарини давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷӯҳи зиёде пайдо карда буданд. Гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик, ки шомили ҳаракати ҷадидя буданд, низ ба ақидаи туркпарастӣ заҳролуд шуда, аз ин пас худро турк шумурда, нисбат ба миллату забони худ хиёнат кардаанд» (6, 16).
Н. Ҳотамов дар бораи зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастӣ дар байни ҷадидон андеша ронда, қайд менамояд, ки «дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мавҷудияти на танҳо тоҷиконро, балки ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо,қирғизҳо ва дигар халқҳои туркзабонро низ тамоман ба эътибор намегирифтанд». Бинобар ин, оиди «муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Миёна ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст» (7, 125).
«Мафкураи пантуркизм, – барҳақ навиштааст академик Раҳим Масов, – дар сарнавишти халқи тоҷик нақши хеле манфӣ бозида, бисёр саҳифаҳои фоҷиабори таърихи навини вай бо пайдоиш ва дар амал татбиқ шудани он дар Осиёи Миёна дар чоряки якуми асри ХХ вобастаанд» (2, 416). Вале бо фикри ин муаррихи шинохтаи тоҷик, ки «аксарияти ҷадидони осиёимиёнагӣ ҷонибдори пантуркизм буданд ва онҳо ҷиҳати паҳн намудани ин ҷараён дар тамоми минтақа мусоидат намуданд» наметавон розӣ шуд. Олими файласуф Очил Зоҳидов низ бар он андеша аст, ки «асоси мафкураи ҷадидонро назарияи этнографҳои рус ташкил медод ва бештари онҳо пантуркист буданд» (1, 156).
Ин ҷо бояд як нуктаро хотирнишон сохт, ки солҳои 1909-1914 чанде аз ҷавонони рӯшанфикри бухороӣ дар Туркия таҳсил намуда, зери таъсири ҷавонтуркон ва барномаҳои маърифатии онҳо туркгаро шуданд ва баъди бозгашт ба ватан ақидаи пантуркистиро дар марказҳои тамаддуни тоҷикон – Бухоро, Самарқанд ва ғайра паҳн менамуданд.
Тавре ки дар боло қайд намудем, ҷадидон дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши кишвари тараққикардаи исломиро медиданд. Пиндори ботили пантуркистон – «тоҷикони Бухоро дар асл турканду зери таъсири адабиёту фарҳанги Эрон забону миллати худро гум кардаанд, бояд инҳоро боз турк кунем ва як миллати бузурги турку як давлати муаззами туркро барпо созем» (5, 17) воқеан ба баъзе ҷадидон, масалан Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуррауфи Фитрат, Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Файзулло Хоҷаев, Абдулқодир Муҳиддинов ва дигарон таъсири амиқи худро расонд. Чунончи, А. Муҳиддинов дар мақолаи хеш «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек?», ки соли 1928 дар маҷаллаҳои «Раҳбари дониш» ва «За партию» ба табъ расид, дар бобати ба мафкураи пантуркия гаравиданаш иқрор шуда, навишта буд:
«Мо, ҷадидони Бухоро, ки давраи тарбия ва инкишофи фикрии ибтидоии худро дар доираи инкишофи фикри панисломизм ва пантуркизм дар Осиёи Миёна гирифтем, дер замоне дар таҳти таъсири куллии мафкураи пантуркизм ва панисломизм будем… Дар таҳти таъсири ин мафкура ва барои ба вуҷуд овардани ин мақсадҳо мо душмани забони тоҷикбудем, хизматгор ва тарафдори иттиҳоди турк ва забони туркӣ будем» (5, 17). Муҳаммадҷони Шакурӣ қайд мекунад, ки Абдуқодир Муҳиддинов бо таблиғу ташвиқи устод Айнӣ чашмро аз ғубори пантуркистӣ тоза карда, боз ба хидмати миллат даромад (3, 240).
Яке аз сабабҳои рӯ овардани бархе ҷадидон ба пантуркизм он буд, ки фаъолияти иҷтимоии онҳо якбора ранги сиёсӣ гирифт ва минбаъд дар таблиғоти равшангарии онҳо фикри зӯроварии туркона, ки бар зидди миллатҳои ғайри турк равона гардидааст, бартарӣ ёфт.
Абдуррауфи Фитрат ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Воъизияи шаҳри Стамбули Туркия дар солҳои 1910-1914 аъзои фаъоли созмони толибилмони Бухорою Туркистони Русия бо номи «Ҷамъияти нашри маориф ва ёрмандии Тӯрон» буд, ки шояд мафкураи пантуркистӣ ба ӯ таъсир карда бошад. Лекин дар осори давраи аввали эҷодиёти Фитрат, ҳатто дар ҳамон китобҳое, ки ӯ дар Туркия навишта, ба чоп расонд, аломатҳои гароиши муаллиф ба туркпарастӣ дида намешаванд. Фитрат ва пайравонаш дар он давра ба Туркия на ҳамчун мабдаъи туркигароӣ. Балки ҳамчун ба қавитарину пешрафтатарин давлатҳои исломӣ менигаристанд.
Фитрат тақрибан аз солҳои 1916-1917 то охири солҳои 20-уми қарни гузашта бар хилофи манфиатҳои тоҷикон кору амал намуд. Акнун идеали таърихии Фитрат бо номи Чингиз ва Темури хунхор робита пайдо кард. Дар он вақте, ки ҷадиди исломгаро буд, манфиатҳои ҳама миллатҳои исломӣ, азҷумла мардуми тоҷику ӯзбекро ҳимоя мекард. Вале вақте, ки ба туркпарастию туркгароӣ оғоз кард, моҳиятан халқҳои туркро ба дигар халқҳо, пеш аз ҳама ба тоҷикону эронитаборон зид гузошт. Махсусан дар мансабҳои баланди ҳизбию давлатии Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро тӯли солҳои 1920-1924 бар зидди тоҷикон кору пайкор намуда, дар зӯран ӯзбеконидани тоҷикон саҳм гирифт. Бо фармони Фитрат ҳар касеро, ки дар идораи ӯ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад, панҷ сӯм ҷарима мекарданд. Фаъолияти ӯ дар созмони фарҳангии «Чиғатой гурунгӣ» дар солҳои 1918-1925 низ ба муқобили тоҷикон равона шуда буд.
Фаъолияти собиқ ҷадидон Абдуррауфи Фитрат ва Файзулло Хоҷаев дар солҳои нахустини шӯравӣ ва ҳангоми марзбандии миллию ҳудудӣ, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданду ба қавле «соҳиби хар дар думи хар ҷой надошт», хиёнат ва гуноҳи азим ба миллати хеш буд. Вақте ки ин ду нафар ба пантуркизму панӯзбекизм гаравиданд, дар ҳақиқат аз маорифпарварию ҷадидия дур шуданд. Ин хиёнати миллӣ гуфтан мумкин аст, ки хиёнат ба ормонҳои олии маорифпарварию ҷадидия буд.
Ба андешаи мо, албатта пантуркия ба ҷадидия таъсир дошт, аммо на ба он дараҷае, ки дар замони шӯравӣ ақидаи «ҷадидон ҳама пантуркист буданд» фикри ғолиб буд. Пантуркизми ҷадидҳо асосан баъди инқилоби соли 1917, вақте ки ҳаракати ҷадидия аз саҳнаи таърих зудуда шуд, баъди пайванди собиқ ҷадидҳо бо болшевикон дар шакли амалҳои мушаххас ва эҳтимол дар фарҳангзудоӣ ва тақсимкуниҳои миллии солҳои 20-уми қарни ХХ дар Осиёи Миёна зуҳар кардааст, вагарна, дар гузашта, масалан, дар осори хаттии онҳо чунин аломатҳо ба таври ошкор ба мушоҳида нарасидаанд ва дар адабиёти ҷадидаи тоҷик пантуркия нақши калидӣ надошт.
Адабиёт
1. Зоҳидов О.Ҳ. Таърихи сиёсии тоҷикон: таҳлили назарияҳо.- Хуҷанд: Андеша, 2011.- 224 с.
2. Масов Р. Таджики: история национальной трагедии.- Душанбе: Ирфон, 2008.- 536.
3. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист.- Душанбе, 2006.- 456 с.
4. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон.- Душанбе: Адиб, 2012.- 304 с.
5. Муҳиддинов А. Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек? // Раҳбари дониш.- 1928.- № 8-9 (11-12).- С.15-19.
6. Ҳотамов Н. Назаре ба ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна // Рӯдакӣ.- 2007.- № 16.- С. 9-16.
7. Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (Аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924).- Душанбе, 2000.- 460 с.; Нашри дуюм.- Душанбе, 2007.- 368 с.
8. Шарипов И. Табдили муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон.- Душанбе: Дониш, 1986.- 104 с.
9. Zenkovsky S.A. Pan-Turcism and islam in Russia.- Cambridge, Massachusetts: Harward University Press, 1967.- 348 p.
Нӯъмонҷон Ғаффоров,
корманди Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ,
доктори илмҳои таърих
Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ
Ба муносибати эъломи соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Туризм ё худ сайёҳӣ дар дунёи муосир ба як санъати муҳими даромадзо ва судовар табдил шудааст. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳ ба сайёҳӣ ва бунёди зербиноҳои зарурӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари дунё, бахши аъзами даромади бархе кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Бинобар иттилои Созмони ҷаҳонии туризм мизони даромади кишварҳо аз санъати туризм дар соли 2016 дар маҷмӯъ 1200 млрд доллар будааст. Тоҷикистони азизи мо низ ба хотири доштани табиати бикру зебо, ҳавои пок, кӯҳҳои осмонбӯс, сангҳои гаронбаҳо, дарёву рудхона ва чашмаҳои софу зулол, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тару тоза, хушкборҳои ширину давобахш, манзараҳои афсунгару дилфиреб, дашту дамани сабзу хуррам, мардумони шоду меҳмоннавоз, фарҳанги бостонӣ кишваре бисёр ҷаззоб барои ҷалби сайёҳон аз саросари олам аст.
Аммо дар мақолаи зер муаллиф мекӯшад, ки ҷойгоҳи сайёҳӣ ва аҳамияти ҷаҳонгардиро дар осори Саъдӣ пири ҷаҳонгардони олам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад. Таҳқиқоти адабиётшиносӣ нишон медиҳад, ки тавсифи табиат аз мавзӯоти меҳварии осори шоирони сабки Хуросонӣ будааст. Саромади шоирони табиатгарои аҳди қадим сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Рудакӣ аст. Ба дунболи ӯ шоирони дигаре, ки по ба арсаи адабиёт гузоштаанд ба монанди Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Саъди Салмон ва дигарон, мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои онро бо фасоҳату латофату зебоӣ, тавсиф кардаанд, ки мо дар ин фурсат аз овардани намунаҳои шеърии онҳо худдорӣ менамоем. Дар радифи мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои он, мавзӯи ҷаҳонгардӣ ва сайёҳӣ низ дар адабиёти гузаштаи мо ба таври пурранге инъикос ёфтааст. Ҳаштсаду анде сол пеш Саъдии Шерозӣ сафари тулонии худро дар “ақсои олам” шурӯ кард ва пас аз сӣ сол сайру сайёҳат, осори мондагоре барои мо ба ёдгор гузошт. Ӯ худ дар ибтидои “Бӯстон” мефармояд:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам [2, 13]
Дар ҳақиқат аз хирмани бобаракати Саъдии ширинсухан метавон дар ҳар мавзӯи дилхоҳе хӯшаи пурборе пайдо кард бахусус дар мавзӯи сайёҳӣ ё худ ҷаҳонгардӣ. Аввалин нуктаи ҷолиб дар ин робита вуҷуди вожаҳо ва ё истилоҳоти марбут ба санъати туризм дар осори Саъдӣ аст. Дар “Бӯстон”-у “Гулистон” мо ба роҳати бо вожаҳое монанди сайёҳ, ҷаҳонгард, ҷаҳондида, ҳӯшманд, ҳақоиқшинос, ҷаҳонгашта, донишандӯхта, сафаркарда, суҳбатомӯхта, офоқ ва ақсои олам бармехӯрем, ки далолат бар таваҷҷӯҳи Саъдӣ ба ин мавзӯи муҳим дорад. Саъдӣ дар осори худ ҳар ҷо, ки хоста касеро ба некӣ тавсиф кунад аз ӯ ба унвони ҷаҳондида, сарду гарм чашида, ҳӯшманд ва ғайра ном мебарад:
Ҳақоиқшиноси ҷаҳондидае,
Ҳунарманди офоқгардидае [2, 63].
Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст:
Зи дарёи Аммон баромад касе,
Сафар карда ҳомуну дарё басе.
Араб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.
Ҷаҳонгаштаву донишандӯхта,
Сафаркардаву суҳбатомӯхта [2, 28].
Аз аҷоиботи рӯзгор ин аст, ки бо вуҷуди ин ки дар асрҳои миёна мафҳуми тиҷорат ва мусофирату туризм равнақи чандоне надошт, аммо Саъдии ширинсухан бо пазируфтани тамоми сахтиҳо ва хатарҳои бархоста аз сафар дар тули ҷаҳонгардии беш аз сисолаи хеш, мушоҳидот ва таҷрибаҳои нодире касб карда ва барои ворисони худ ба ёдгор гузоштааст. Гузашта аз ин, бо вуҷуди набуди санъати туризм, созмонҳои сайёҳӣ дар он замон, Саъдӣ дар ин бора чунон қисса мекунад, ки гӯё ҳамасри мо бошад. Бисёре аз хотирот, мушоҳидаҳо, дидгоҳҳо ва дидаю шунидаҳои Саъдӣ, ки ҳосили сафарҳои ӯ ба шаҳру мамолики гуногун аст, бо меёрҳо ва талаботи имрузии санъати сайёҳӣ ҳамхониву созгорӣ дорад.
Саъдӣ 800 сол пеш нақши гардишгарон дар равнақи иқтисодии як мамлакатро дарк карда ба подшоҳони давраи хеш борҳо тавсия додааст, ки эҳтироми мусофирро ба ҷой оранд, зеро сайёҳону мусофирон таблиғгари фарҳангу тамаддуни як кишвар маҳсӯб мешаванд.
Бузургон мусофир ба ҷон парваранд,
Ки номи накӯӣ ба олам баранд.
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,
Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст[2, 25]
Вожаи “ҷаллоб” ҳам истилоҳи иқтисодӣ буда дар қадим ба касе мегуфтаанд, ки бори бозаргононро аз шаҳре ба шаҳре мекашонидааст. Саъдӣ дар ин байт сайёҳон, гардишгарон ва ҷаҳонгардонро ба ҷаллоб ташбеҳ кардааст, ки дар сурати бархӯрди хуб ва муомилаи нек бо онон, онҳо ба мубаллиғи фарҳангу тамаддун ва расму ойини кишвари дигаре табдил мешаванд.
Саъдӣ, ки худ солҳои тулонӣ ва дар шаҳру мамолики гуногун сайру сайёҳат кардааст, аз ҳоли сайёҳу ғарибу мусофир ба хубӣ огоҳ аст. Аз ин рӯ, бо шинохте, ки дорад ба ҳокимон ва мардуми оддӣ мураттаб тавсия мекунад, ки аз назари отифӣ бо сайёҳу ғарибу мусофир муносибати инсонӣ дошта бошанд, зеро мардуми ғариб беш аз дигарон ба лутфу меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ниёз доранд:
Сафаркардагон лоуболӣ зиянд,
Ки парвардаи мулку давлат наянд.
Муҳимтарин ниёзи сайёҳу мусофир дар мулки бегона, ҷойи хоб, хӯроки гарм ва амнияти ҷонӣ мебошад. Аз тарафи дигар, ранҷи дурӣ аз ёру диёр ва хонаводаву хешу табор аз дигар мушкилотест, ки гиребонгири мардуми ғарибу мусофир аст. Бинобар ин, Саъдӣ ёриву ҳимоят аз мусофиронро аз ойинҳои ҷавонмардӣ медонад.
Ба шукри он, ки ту дар хонаиву аҳлат пеш,
Назар дареғ мадор бар мусофиру дарвеш [5, байти 43].
Саъдӣ дар Бӯстон қисса мекунад, ки дар билоди Рум шуниданд, ки марде сахӣ ва хушрафтор зиндагӣ мекунад. Гуруҳе аз сайёҳон, ки Саъдӣ низ дар миёни онҳо будааст ба суроғи он мард мераванд. “Ману чанд сайёҳи саҳронавард, Бирафтем қосид ба дидори мард”. Зоҳиран, марди сахӣ бо чеҳраи боз ва муомилаи нек аз онҳо пазироӣ мекунад, аммо дар поён ба онҳо кумаки даркорӣ намекунад. Саъдӣ дар поёни қисса аз номи як ҳамсафари хушзавқи худ таъкид мекунад, ки барои мардуми ғарибу мусофир аз гапи хӯш дида додани нону ғизо муҳимтар аст:
Ба хидмат манеҳ даст бар риши ман,
Маро нон деҳу кафш бар сар бизан.
Каромат ҷавонмардию нондеҳист,
Мақолоти беҳуда табли тиҳист [2, 106].
Дар ҳикояте дигар Саъдӣ аз ҷавонмарде ситойиш мекунад, ки дари меҳмонсарояш ҳамеша ба рӯи мусофирону ғарибон боз будааст:
Зи дарвеш холӣ набудӣ дараш,
Мусофир ба меҳмонсарой андараш [2, 92].
Имрӯза дар дунё аз ин гурӯҳи мусофирону ғарибон низ зиёд аст, ки акнун ба онҳо муҳоҷири меҳнатӣ мегӯянд ва барои ҳифзу ҳимояи онҳо бархе санадҳои ҳуқуқӣ амал мекунанд ва давлатҳо мулзам ба риояти ин аснод байналмиллалӣ ҳастанд. Саъдӣ бар ин бовар аст, ки ин гурӯҳ аз мусофирон аз назари инсонӣ ба меҳрубонию тараҳҳум ниёз доранд зеро имкон дорад, ки ҳар фарде дар шароити онҳо қарор бигирад.
Магардон ғариб аз дарат бенасиб,
Мабодо, ки гардӣ ба дарҳо ғариб [2, 88].
Пири ҷаҳонгардони олам муътақид аст, ки ранҷи ғарибию мусофират сахттар аз тангдастию бечорагӣ дар Ватан аст. Барои ғариб нӯшидани як қатраи оби Ватан баробари нерӯи нӯшдоруест, ки мурдаро дубора зинда мекунад.
Ғарибе, ки ранҷ орадаш даҳр пеш,
Ба дору диҳанд обаш аз шаҳри хеш [2, 248]
Ин нуктаро набояд фаромӯш кунем, ки сафар кардан дар рӯзгори Саъдӣ кори бисёр сахту саҳмгине будааст. Мушкили таҳияи либосу хӯрок, макони амну гарм, офатҳои табии, набуди роҳҳои васею ҳамвор, таҳдиди роҳзанон ва ғайра аз ҷумла хатарҳое буданд, ки ҳар сайёҳу мусофир бояд дар назар мегирфт.
Шабе хуфта будам ба азми сафар,
Паи корвоне гирифтам саҳар.
Баромад яке саҳмгин боду гард,
Ки бар чашми мардум ҷаҳон тира кард [2, 277].
Бинобар ин сафар кардан ранҷу машаққати зиёде металабид ва ҳар касе низ ҷуръати сафар кардан надошт. Вай дар боби дуввуми “Гулистон” мефармояд: “Тане чанд аз равандагон муттафиқи сайёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофақат кунам. Мувофақат накарданд” [1, 196]. Далели ради пешниҳоди Саъдӣ ин буда, ки дузде дар либоси дарвешон худро шарики онҳо карда ва шабона моли онҳоро ба ғорат бурдааст. Чун Саъдӣ дар он ҷамъ фарди ношинос будааст, онҳо ба далоили амниятӣ, аз ҳамроҳии бегона сар боз задаанд. Дар он рӯзгор сайру сайёҳат ва ҷаҳонгардӣ яке аз одоби муҳими дарвешону суфиён будааст. Аз ҳамин ҷиҳат Саъдӣ сайру сайёҳатро шуғли мардона медонист:
Агар порсое сайёҳат накард,
Сафаркардагонаш нахонанд мард [2, 243].
Ин тавсияҳо бештар барои гуруҳи муҳоҷиронест, ки аз рӯи зарурат ва эҳтиёҷ ба кишварҳои дигар бо мақсади пайдо кардани зиндагии беҳтар, мусофират мекунанд. Ва шарту шароити муносибат бо ин гурӯҳ дар қонунҳои байналмиллалӣ низ ба таври возеҳ зикр шудааст.
Аммо Туризм ё худ сайёҳи падидаи наву дигар аст, ки имрӯзҳо ба як санъати муҳими судовар барои аксари кишварҳо табдил шудааст. Дар ин замина низ Саъдӣ назариёти ҷолибу ихтисосӣ баён кардааст, ки то кунун қобили истифода ҳастанд. Яке аз унсурҳои асосии рушди санъати туризм дар ҷаҳони муосир ҳамин таблиғот (реклама) ба шумор меравад ва Саъдӣ дар ҳамон айём ба хубӣ ин нуктаро дарк карда ва ба ҳокимони даврони хеш риояти онро тавсия кардааст:
Ба некию бадӣ овоза дар басити ҷаҳон,
Се кас баранд расулу ғарибу бозаргон [3, байти 59]
Яке аз самтҳои дигари ҷалби сармоя ва туризм, тазмини амниятӣ ҷонии гардишгарон ва таъмини амнияти сармояи сармоягузорон маҳсӯб мешавад. Ин ҳамон нуктае ҳаст, ки қабл аз сафар ба ҳар кишваре инсон дар бораи он таҳқиқ хоҳад кард. Саъдии бузургвор низ подшоҳону ҳокимони ҳамасри худро дар ин бора ба такрор ҳушдор додааст:
Шаҳаншаҳ, ки бозоргонро бихаст,
Дари хайр бар шаҳру лашкар бибаст.
Накӯ боядат ному некӣ қабул,
Накӯ дор бозоргону расул. [2, 24-25]
Саъдӣ дар идомаи ин мавзӯъ мефармояд, ки дар кишваре, ки амният ва адолати иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, ҳеч бозаргон ва сармоягузори хориҷӣ дар он ҷо сармоягузорӣ намекунад, балки сармоягузорони дохилӣ низ аз он мамлакат фирор хоҳанд кард:
Кай он ҷо дигар ҳӯшмандон раванд,
Чу овозаи расми бад бишнаванд.
Шуниданд бозоргонон хабар,
Ки зулм аст дар буми он бехабар.
Буриданд аз он ҷо хариду фурӯш,
Зироат наёмад, раият бисӯхт [2, 25].
Дар баробари зарурати гиромидошти сайёҳону ҷаҳонгардон, Саъдии ҳақоиқшинос моро ба зиракии сиёсӣ низ даъват кардааст. Зеро эҳтимол дорад дар либоси сайёҳу ҷаҳонгард, фитнагарону ҷосусон низ вориди ҳар кишваре шаванд ва ҳадафи ғаразолуди худро пайгирӣ кунанд. Дар ин маврид Саъдӣ тавсия мекунад, ки масъулони давлатӣ бояд бо зиракию ҳушёрӣ, хубу бадро аз ҳам ҷудо намоянд ва дар ҳар сурат бо онҳо муносибати муносиб намоянд:
Накӯ дор зайфу мусофир азиз,
В-аз осебашон барҳазар бош низ.
Зи бегона парҳез кардан накӯст,
Ки душман тавон буд дар зилли дӯст [2, 25]
Шайх Саъдӣ ба мардуми одди низ тавсия медиҳад, ки ҳангоми муносибату муошират бо мардуми бегона роздору амонатдор буда, сирри кишвари худро ба онҳо фош накунанд, мабодо ҳамнишини онон ҷосус бошад ва аз ин иттилоот дар ҷиҳати табоҳии кишвар истифода кунад:
Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,
Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.
Агар ҷуз ту донад, ки азми ту чист,
Бар он рою дониш бубояд гирист [2, 86].
Дар идома Саъдӣ таъкид мекунад, ки дар сурати ошкор шудан ва ё шиносоии афроди фитнагар дар миёни сайёҳону гардишгарон, масъулони давлатӣ бо онҳо тибқи қонунҳои башарӣ бархӯрд намуда, ин тоифаро бидуни таҳқиру озор аз кишвар ихроҷ (депортатсия) намоянд:
Ғарибе, ки пурфитна бошад сараш,
Маёзору берун кун аз кишвараш.
Ту гар хашм бар вай нагирӣ равост,
Ки худ хӯи бад душманаш дар қафост [2, 25]
Дар ин абёти шайх Саъдӣ ба вузӯҳ ду асли Эъломияи ҳуқуқи башар; асли риояи ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз табъизу хушунат, дида мешавад.
Шайхи Шероз ҳангоми ривояти достонҳои Бӯстону Гулистон ва баёни матолиби ҳакимона, аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур дошта, дар ҳикоёте кӯтоҳ тасвире беназир ва ё панде дилпазир аз хотироту мушоҳидоти хеш дар бораи қавму миллиятҳои мухталиф ва расму ойинҳои онҳо, барои мо ривоят кардааст. Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаву шунидаҳои айнии худи шоир аст, ки дар тули сафари беш аз сӣ солаи хеш ба даст овардааст. Номи шаҳру сарзаминҳое, ки Саъдӣ аз он ҷо боздид карда ва аз мушоҳидоти хеш ҳамчун ҷомеашинос ривоят кардааст, бадин тартиб аст: Бағдод, Басра, Санҷор, Кӯфа, Бакр, Восит, Ҳиҷоз, Сафо, Ҳабаша, Миср, Мағриб (Марокаш), Лубнон, Тароблус (Либия), Ҳалаб, Димишқ, Рум, Исфаҳон, Кеш, Кошғар (Чин), Балхи бомиён ва Суманот (Ҳиндустон). Ҳосили ин се даҳа сайру сайёҳат ин шуд, ки Саъдӣ ба яке аз бузургтарин адибони давру замони хеш табдил шавад. Даврони сафари сӣ солаи Саъдӣ дар замоне иттифоқ афтод, ки пас аз фитнаи муғул дар сарзамини Эрон бозори мазҳабу таассуб ба шиддат гарм буд. Дар замоне, ки дар Эрон баҳсҳои фирқаӣ байни ҳанафиҳо, шофеиҳо, ашоара ва мӯътазила бисёр доғ буд, Саъдӣ бо шаҳомате, ки дошт аз Инҷил матлабе ривоят мекунад: “Ки эй, фарзанди одам агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман, ва агар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёбӣ ва ба ибодати ман кай пардозӣ? “
Дастоварди дигари Саъдӣ аз сафари сисолаи хеш барои ояндагон, омӯзиши хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар баробари дину ақоиди бегонагон аст. Пири ҷаҳонгарди мо дар бобои ҳаштуми “Бӯстон” чунин қисса мекунад:
Буте дидам аз оҷ дар Суманот,
Мурассаъ чу дар ҷоҳилият манот [2, 259]
Ва бутпарастон муратаб ба зиёрати он бут меомаданд ва аз ӯ барои рафъи мушкилоти хеш мадад меҷӯстанд. Саъдӣ бо бараҳмане аз он дайр, ки муддате ҳамҳуҷра низ будаанд, назари худро дар бораи ботил будани ин амал баён кардааст:
Муғеро, ки бо ман сару кор буд,
Накӯгӯю ҳамҳамҳуҷраю ёр буд [2, 259]
Бараҳмани ҳамҳуҷраи Саъдӣ аз ин гуфтори вай хашмгину нороҳат шуда дигар бараҳманонро алайҳи ӯ мешӯронад ва ҷони Саъдӣ дар хатар қарор мегирад. Саъдӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият чорае намебинад магар ин ки аз роҳи мадоро бо онҳо дар гуфтугӯ шавад ва ҳатто бути мавриди парастиши ононро ситойиш кунад:
Фурӯ мондам аз чора ҳамчун ғариқ,
Бурун аз мудоро надидам тариқ [2, 260]
Ба ҳамин тартиб, Саъдии ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро чашида, аз роҳи мадоро ва таҳаммулпазирӣ ҷони худро аз шарри бараҳманон наҷот медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар таърихи адаби форсӣ тоҷикӣ ҳеҷ шоиру нависандае ба андозаи Саъдӣ сайру сайёҳат накарда, агарчи Носири Хусрав ва “Сафарнома”- и ӯ дар ин робита машҳур аст, вале бояд бидонем, ки муддати сайру сайёҳати Носири Хусрав ҳафт сол буда, аммо сафари Саъдӣ беш аз сӣ сол тул кашидааст. Ҷаҳонгардӣ ва сафари тулонӣ Саъдиро ба як донишманд, ҷомеашинос, воизи номдор ва сайёҳи зираку доно табдил мекунад, ки ҳаштсад сол пеш дар замоне, ки ҳеч гуна созмону кумитаи расмӣ барои таблиғи сайёҳӣ вуҷуд надошт, бо такя ба зиракию ҳушёрӣ ва истедоди фитрии хеш ба таҷрибиёт ва дидгоҳҳои арзишманде дар ин замина даст ёфтааст.
Таъсири ҳамин сайру сайёҳат ва маниши озодагии Саъдӣ буд, ки ба дур аз тангназариву таассуб, андешаҳои умумибашариро дар осори худ матраҳ кард ва зимни ошноӣ бо мардумони гуногун ва фарҳангҳои мухталиф фармуд:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд [1, 85]
Дар поёни мақола хати сайри Саъдии ҷаҳонгардро бо абёти “Бӯстон” тартиб додаем, ки шайх шахсан дар ин шаҳру мамолик буда, қиссаву ривоят ва ҳикматҳои пандомӯзе аз ин кишварҳо барои мо ба армуғон овардааст:
- Дар ахбори шоҳони пешина ҳаст,
Ки чун Тукла бар тахти Зангӣ нишаст [2, 44].
- Шунидам, ки бигрист султони Рум,
Бари некмарде зи аҳли улум [2, 45].
- Хирадманд марде дар ақсои Шом,
Гирифт аз ҷаҳон кунҷи ғоре мақом [2, 46].
- Чунон қаҳтсоле шуд андар Димишқ,
Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ [2, 49].
- Шабе дуди халқ оташе барфурӯхт,
Шунидам, ки Бағдод ниме бисӯхт [2, 50].
- Шунидам, ки дар марзе аз Бохтар,
Бародар ду буданд аз як падар [2, 52].
- Шунидам, ки дар Миср мире аҷалл,
Сипаҳ тохт бар рӯзгораш аҷал [2, 62].
- Шунидам, ки аз подшоҳони Ғур,
Яке подшаҳ хар гирифти ба зур [2, 66].
- Шунидам, ки пире ба роҳи Ҳиҷоз,
Ба ҳар хутва кардӣ ду ракъат намоз [2, 96].
- Надонам, ки гуфт ин ҳикоят ба ман,
Ки будаст фармондеҳе дар Яман [2, 108].
- Сар афозад ин хоки фархундабум,
Зи адлат ба иқлими Юнону Рум [2, 112].
- Чу Байтулмуқаддас дарун пурқибоб,
Раҳо карда девори берун хароб [2, 124].
- Яке шоҳиде дар Самарқанд дошт,
Ки гӯӣ ба ҷои самар қанд дошт [2, 130]
- Табибе паричеҳра дар Марв буд,
Ки дар боғи дил қоматаш сарв буд [2, 136].
- Яке хурда бар шоҳи Ғазнин гирифт,
Ки ҳусне надорад Аёз, эй шигифт [2, 138].
- Қазоро ману пире аз Форёб,
Расидем дар хоки Мағриб ба об [2, 139].
- Ба шаҳре-дар аз Шом ғавғо фитод,
Гирифтанд пире муборакниҳод [2, 143].
- Яке подшоҳзода дар Ганҷа буд,
Ки дур аз ту нопоку сарпанҷа буд [2, 160].
- Азизе дар ақсои Табрез буд,
Ки ҳамвора бедору шабхез буд [2, 176].
- Шунидам, ки дар дашти Санъо Ҷунайд,
Саге дид барканда дандони сайд [2, 180].
- Шунидам, ки бигрист донои Вахш,
Ки, ё раб, мар он бандаро тавба бахш [2, 181].
- Маро дар Сипоҳон яке ёр буд,
Ки ҷанговару шӯху айёр буд [2, 188].
- Яке оҳанинпанҷа дар Ардабил,
Ҳаме бигзаронид белак зи бел [2, 191].
- Чӣ овардам аз Басра, донӣ, аҷаб
Ҳадисе, ки ширинтар аст аз рутаб [2, 206].
- Якеро зи мардони равшанзамир,
Амири Хутан дод тоқе ҳарир [2, 208].
- Касе гуфташ: “Эй ёри шуридаранг,
Ту ҳаргиз ғазо кардаӣ дар Фаранг!” [2, 228].
- Шунидам, ки дузде даромад зи дашт,
Ба дарвозаи Систон баргузашт [2, 230].
- Буте дидам аз оҷ дар Суманот,
Мурассаъ чу дар ҷоҳилият Манот [2, 259].
- Ғариб омадам дар саводи Ҳабаш,
Дил аз даҳр фориғ, сар аз айш хваш [2, 287].
- 30. Якеро ба чавгон маҳи Домғон
Бизад, то чу таблаш баромад фиғон [2, 287].
- Ба Санъо-дарам тифле аз сар гузашт,
Чӣ гӯям, к-аз онам чӣ бар сар гузашт [2, 288].
Илова бар номи шаҳру мамолики гуногуне, ки дар боло мисол задем дар “Бӯстон”- у “Гулистон” - и Саъдӣ номҳои уқёнусу баҳр, дарёву рудхона, кӯҳу биёбон, халиҷу бандар ва номи подшоҳону ҳокимон, ҳакимону орифони маъруф, анвои либосу таъом ва расму ойини мардумони мухталиф зикр шудааст, ки маводи муҳиме барои илми таърих, ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ маҳсуб мешаванд.
БеҳрӯзиЗабеҳулло
Ходими илмии
Маркази мероси хаттии АИ ҶТ
Адабиёт:
- “Гулистони”- Саъдӣ. Матни комил ва шарҳи он. –Душанбе: Бебок, 2017. – 591 с.
- Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Бӯстон.Ҷ.4. –Душанбе: адиб, 1990. – 303 с.
- Саъдии Шерозӣ. Мавоиз / Муфрадот. - https://ganjoor.net/saadi/mavaez/mofradat/sh59/
- Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Ҷ.1 / Қасоид, марсия/ -Душанбе: Адиб, 1988. – 432 с.
- Саъдӣ. Мавоиз ва муфрадот. https://ganjoor.net/saadi/mavaez/mofradat/sh43/
Саъдӣ ва ҷаҳонгардӣ
Бо таваҷҷуҳ ба эъломи соли 2018 ба унвони соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ин мақола муаллиф кӯшиш кардааст, ки тавсифи ҷаҳонгардӣ ва корбурди истилоҳоти сайёҳӣ дар осори Саъдии Шерозиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад. Пажӯҳиш нишон медиҳад, ки ҳанӯз беш аз 800 сол пеш ҳангоми анҷоми сафарҳои худ, Саъдӣ ба бархе масоили муҳим дар бахши сайёҳӣ аҳамият дода ва дар осори худ барои риоя ва иҷрои онҳо барои ояндагон тавсияҳои хубу судманде пешниҳод кардааст. Баъзе аз тавсияҳои шоири ҷаҳонгарди мо бо гузашти асрҳо, ҳануз ҳам барои равнақи санъати туризм дар ҷаҳони муосир, муфиду созанда ҳастанд. Дар поёни мақола муҳаққиқ ба воситаи абёти шоир харитаи сафари пири ҷаҳонгардони оламро ба тасвир кашидааст.
Вожаҳоикалидӣ: Саъдӣ, сайёҳӣ, мусофир, муҳоҷир, кишвар.
Саади и туризм
Учитывая объявление 2018 года туризм и народного искусства в Таджикистане, в этой статье автор попытался проанализировать описания туризма и применение некоторых доказательств в работах Саади Ширази. Исследование показывает, что более 800 лет назад, во время своих путешествий, Саади сосредоточился на некоторых важных вопросах в туристическом секторе и предложил полезные рекомендации в своих работах во имя будущего. Некоторые из приключений нашего поэта-туриста полезный и продуктивный способ повысить туристическую индустрию в современном мире. В конце статьи исследователь изображает географию путешествия поэта с помошю его абаятам.
Ключевые слова: Саади, туризм, путешественник, эмигрант, страна.
Saadi and tourism
Given the announcement of 2018 tourism and folk art in Tajikistan, in this article the author tried to analyze tourism descriptions and the use of some evidence in the works of Saadi Shirazi. The study shows that over 800 years ago, during his travels, Saadi focused on some important issues in the tourism sector and suggested useful recommendations in his works for the sake of the future. Some of the adventures of our poet-tourist are a useful and productive way to enhance the tourism industry in the modern world. At the end of the article, the researcher portrays the geography of the poet's journey with the help of his abayats.
Keywords: Saadi, tourism, traveler, emigrant, A country.
Маълумот дар бораи муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло-ходими илмии Маркази мероси хатии АИ ҶТ, тел:.+992 93 759 25 21, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сведения об авторе: Бехруз Забехулло-научный сотрудник Центра письменного наследия АН РТ, тел: +992 93 759 25 21, е-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
About the author: Behruz Zabehullo-Researcher Co-worker of the Centre of Manuscript Heritage of the Academy of Sciences of Tajikistan. Phone:.+992 93 759 25 21. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Вокуниши кормандони Институти забон ва адабиёт
Инак 27 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ дорад ва ин фазои муносиб барои равнақу ривоҷи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум мебошад. Дар ин муддат ба масъалаи сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ аҳамияти махсус дода шуд, ки он сарчашмаи муваффақият ва пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурии азизамон гаштааст. Имрӯз бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани некӯаҳволии халқи Тоҷикистон аҳамияти махсус дода мешавад. Бо ин мақсад барои сохтани мактабҳо, бемористонҳо, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан, иншоотҳои сиёсию маъмурӣ, осоишгоҳҳо, тафриҳгоҳҳо, муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳою марказҳои фарҳангӣ, иншоотҳои энергетикӣ, корхонаҳои саноатии хурду бузург ҳамасола саъю кӯшишҳои зиёд шуда, дастраси мардум мегарданд ва ин ҳол симои Тоҷикистони азизамонро сол то сол ба кулли дигаргун кардаанд, ки ҳамаи инҳо барои беҳбудии рӯзгори мардумони сокини Тоҷикистон хидмат мекунанд. Ин пешравиҳо сокинони ҷумҳуриамонро хушнуд карда, онҳоро дар атрофи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардонидааст. Ин ҳолат душманони миллати тоҷикро ба таҳлука овардааст ва аз бухлу ҳасад худашонро ба ҳар дар зада бо ҳар роҳ мехоҳанд, ба раванди зиндагии осоиштаю пешрафти кишварамон халал ворид кунанд. Махсусан, дар шаҳри Варшава ба ҳам омадани намояндагони ҳизби мамнуъ ва экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешон, Ҳизби ислоҳот ва Ҳизби муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ба маҷлиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) роҳ ёфтани онҳо ва нодида гирифтани дастовардҳои кишвари азизамон Тоҷикистон мо кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Дар конститутсияи ҷумҳуриамон Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократию дунявӣ эълом шудааст ва аз рӯйи ин мо сокинони Тоҷикистон кору фаъолият дорем. Мо аз ҳамкориҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо Тоҷикистон қаноатмандем, вале ба маҷлиси ин созмони бонуфуз роҳ ёфтани ҳизби экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолиятҳои тахрибкоронаи он бо далелҳои муътамад, исбот шуда, мамнуъ эълон гардидааст, моро ба ташвиш овардааст. Озодии сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра ҳукмфармост ва демократитарин кишвари рӯйи олам буданаш ба хосу ом равшан аст. Мо ин арзишҳои бузургро қадр мекунем ва умед дорем аз тарафи дигар созмонҳо ҳам дастгирӣ меёбад.
Ҳайати кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ

