joomla
free templates joomla

Ба истиқболи Рӯзи модарон

НИҲОДИ ПОКТАРИН ВА САРМОЯИ МАРДОНИ ҶАҲОН
   Дар дунё гиромитар аз модар мавҷуде нест, чунки ҳама рафтору гуфтори ӯ аз меҳрубониҳо то андарзҳою латофати маънавиаш самимӣ ҳастанд ва ягона мавҷуди пок, ки дар табиаташ манфиат намеҷуяд, модар аст. Баъзан фарзандон бо ҳам мунозира мекунанд, ки модар туро беш аз дигарон дӯст медорад, натиҷаи гумон асту бас, чунки модар аст, ки барои фарзанд ормони воҳид дорад ва байни фарзандон тафовут намегузорад. Дар кишвари мо санаи 8 март рӯзи модарон эълон гардидааст ва ҳар намоянда аз ҷинси латиф новобаста аз вазъи хонаводагӣ ин рӯзро дар хушию хушандомӣ ва таваҷҷуҳ аз ҷониби мардони хона мегузаронанд. Васфи модар мавзӯи ҳамагонист ва ҳар кӣ дар илму адаб нақше кучак ё бузургтар гузоштааст, ба тараннуми модар пардохта, пеш аз ҳама табиати хайрхоҳонаи ӯро инъикос намудааст. Башар ҳақиқатро ғолибан дар табиати модар мебинад, чунки ин табиат дар ҳеҷ сурат тағйир намеёбад. Ба ин муносибат, хостем шеъре аз “Модарнома”-и Ниҳониро шарҳ диҳем, ки дар сатҳи олӣ модарро тараннум кардааст. Инак, мисраи аввал аз шеъри “Модари ғамхор” дар таълифи Ниҳонӣ:
Модар, ту маро умре ҷону ҷигарам гуфтӣ,
Шеъру ғазали ширин шаб то саҳарам гуфтӣ.
Яъне, дар модар хушбаёнӣ мушоҳида мешавад ва алорағми дуруштбаёнӣ, ки ба мардон тааллуқ пазируфтааст, модар макони меҳр аст ва муҳаббат ниҳодашро фарогир мебошад. Бинобар ин, ширинсуханӣ дар тарбияи атфол нақши муҳим мебозад. Гузашта аз ин, шоир бо истифода аз ибораи “шеъру ғазали ширин” исбот мекунад, ки дар тарбияи модар рукни маънавӣ мавқеи асосиро дорост, чунки тарбия худ тамоили маънавӣ дорад ва рӯҳан омода кардани инсони хурд яке аз вазифаҳои тарбия аст.
Шинӣ сари гаҳвора, ман гиряву ту зора,
Ором бишав гуфтӣ, эй шери нарам гуфтӣ.
Гаҳвора яке аз муқаддасот аст, ки тавассути он тарбия роҳандозӣ мегардад ва ин калидвожа ҳатто дар осори бузургон василаи раванди инсонсозӣ инъикос шудааст. Аз ҳамин хотир, аксар вақт сари гаҳвора нишаста, модар аз меҳри худ ба тифл ранҷро эҳсос намекунад ва ҳатто омодааст, ки барои сиҳативу саодати кӯдак аз субҳ то шом назди гаҳвора нишинад. Мисраҳои баъдӣ ҳамон меҳрномаи модар аст, ки ба фарзанд нигаронида шуда, барояш эҷод мешавад, аммо бояд мутазаккир шуд, ки чунин меҳрномаро ғайри модар фарде эҷод карда наметавонад. Пас метавон гуфт, ки меҳри модарӣ вижагиҳои махсуси модарон аст, ки аз тинату табиати модар сарчашма мегирад.
Қанду асалам гуфтӣ, зеби бағалам гуфтӣ,
Шаҳду шакарам гуфтӣ, эй тоҷи сарам гуфтӣ.
Вақте модар тифлро дар зери бағал нигаҳ медорад, аз ин амал ҳаловат бурда, аз нав эҳё мегардад ва чунин эҳсоси зиндашавӣ ба ҷуз модар дар ғайри ӯ нест. Масалан, аз доштани кӯдак дигарон чун модар лаззат намебаранд. Бинобар ин, ҳамин эҳсоси модарӣ ӯро водор мекунад, ки тифлро қанду асал гуфта, манзалати ӯро дар болои сар гузорад. Тоҷи сар ба ҳамин маъност ва ҳар як амали тифл барои модар ифтихор аст.
Бо ҷунбиши гаҳвора, бо шири ту овора,
Шав тез калон гуфтӣ, шав болу парам гуфтӣ.
Дар ин байт шоир сухани модарро тақвият бахшида, тазаккур медиҳад, ки модар тифлро бо сухан месозад ва чун ӯ тифлро даъват мекунад, ки чун бузург гаштӣ, болу парам шав, хеле муҳтавои ҷолиб дорад, чунки аз инсони хурд ҳеҷ кас истифода нахоҳад кард, аммо ҳарфи модар ҷиҳати болу пар шудани тифл ба ин маъност, ки агар инсон поквиҷдону ҳақиқатгӯ ва инсондӯсту меҳанпарвар ба воя расад, ҳамагон ӯро падарраҳмату офарин бар модар хоҳанд гуфт, яъне модар аз ин ки фарзанди ӯ дар ҷомеа мавқеъ дорад ва ӯро бо сифатҳои инсонӣ истиқбол мекунанд, хоҳ-нохоҳ болу пар мекушояд ва гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёт барои модар ҳамин лаҳзаҳост, ки фарзанд бо рафтори хеш барояш тақдим медорад.
Бо лаҳни маҳин алла гуфтӣ ҳама шаб, модар,
Зинҳор набин хорӣ, бо чашми тарам гуфтӣ.
Модар зимни хобондани тифли навзод суруди алларо замзама карда, мутафаккир мешавад, ки ҷигаргӯшааш дар зиндагии муталотими оянда ранҷу хориро набинад, чунки фарзанд агар аз беморие азият кашад ва ё худ дар натиҷаи амалҳои нодуруст ранҷ барад, беш аз ӯ модараш азобу ранҷ дида, лоғару рӯҳафтода мегардад, чунки модар агарчи ҷисман аз фарзанди худ ҷудост, аммо рӯҳан бо ӯ пайвандӣ дорад.
Шабҳо бикунам то хоб, афсона-дурри ноёб,
Бедор шавам аз хоб, нақли асарам гуфтӣ.
Модар барои ба хоби ширин рафтани тифли худ афсона эҷод мекунад ва шабҳои бехобии назди гаҳвора онҳоро замзама карда, дар хоби ширин рафтани кӯдак нақш мегузорад, аммо пайваста аз афсона ба асаргӯӣ мегузарад то тифли бараҳнааш беҳтару хуштар ба зиндагӣ омода гардад.
Тифлӣ бигузашт он гаҳ, хурдӣ ба миён омад,
Аслу насабам гуфтӣ, олигуҳарам гуфтӣ.
Чун тифл бузург гашт, модар ба тавзеҳ ва баррасии аркони ҷиддитаре мисли ошно кардани инсони хурд бо аслу насаб мепардозад ва давом додани хӯю хислати аҷдодиро ба кӯдак тавсия медиҳад.
Чун Рустами Дастонат, аҷдоди ниёгонат,
Бонанг бишав гуфтӣ, панди падарам гуфтӣ.
Модар ягона мавҷудест, ки барои аввалин бор ба инсони хурд аз нангу номусу қудрати ҳифзи Ватан ва вижагиҳои ватандорӣ ҳарф мекушояд. Маҳз модар инсонро чун ватандӯст омода мекунад.
Ҳар гоҳ туро дидам, дидам ҳама дунёро,
Аз шодию хурсандӣ шамсу қамарам гуфтӣ.
Модар барои фарзанд новобаста аз айёми тифлӣ ё бузургсолӣ дунёст ва бегуфтугӯ ҷаҳонро инсон дар табиати модар дида, равиши ҷустуҷуро дар вижагиҳои тарбияи модар тасаввур мекунад. Бинобар ин, ҳанӯз аз гаҳвора берун наёмада, кӯдак бо моҳу хуршед ва андуҳу хурсандӣ ошност, ки ин ҳама натиҷаи тарбияи модар маҳсуб мешавад.
Айёми ҷавонӣ шуд, даври ҳамадонӣ шуд,
Мактаб чу равон кардӣ, зере забарам гуфтӣ.
Аз лаҳзаҳои гуворо ҳам барои инсони хурд ва ҳам барои модар давраи ба мактаб рафтан аст, аммо модар дурандеш аст ва қабл ба мактаб рафтани фарзанд ӯро бо хат, ки асоси омӯхтан мебошад, ошно месозад. Ибораи “зеру забарам гуфтӣ” қоидаи имло аст, ки бо фаро гирифтани он ҳар кӯдаке ба навиштану хондан одат мекунад.
Аз мушкилу нодонӣ, аз талхию дармонӣ,
Аз ҷамъи парешонӣ дарси дигарам гуфтӣ.
Зимни парешониҳою дар мушкилиҳо қарор доштан ба инсон пеш аз ҳама модар кумак мекунад ва роҳҳои рафъи мушкилиро тавсиа медиҳад. Биноб таҷриба модарон намехоҳанд, ки фарзандонашон дар мушкил гирифтор бошанд. Ин эҳсос бори дигар исбот мекунад, ки меҳри модар нотакрор аст.
Гуфтанд бувад Ҷаннат зери назарам гуфтӣ,
Ту ҷаннати дунёӣ, арҷи башарам гуфтӣ.
Дар мисраҳои боло ҳамон ҳарфи маъруфро шоир тасвир мекунад, ки ҷаннатро зери қадамҳои модар донистааст, лекин таълифкунанда ин мавҷуди бекинро ба ҷаннати дунё баробар медонад ва омили маъруфияти худро низ аз тарбияи ӯ қаламдод карда, ҳастии модаронро барои фарзандон боз навъи ҷаннате муаррифӣ кардааст.
Модар фарде маҳсуб мешавад, ки ҳам дар ғам ва ҳам дар хурсандӣ ба фарзанд шарик мебошад.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ”

 
   Рушди илм барасӣ ва мубоҳисаи созандаи олимонро талаб мекунад, ки маъмулан дар шакли ҳамоиш, конференсия, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмӣ вобаста ба соҳаҳои илм баргузор мешаванд.
Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста семинарҳои илмӣ доир ба дастовардҳои ҷорӣ ва баррасии онҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла, санаи 24 феврали соли 2023 семинари илмӣ дар мавзуи “Амсиласозии математикии сохторҳои локалишудаи динамикӣ ва топологии муодилаҳои таҳаввулии ғайрихаттӣ” дар чаҳорчӯбаи таҳқиқоти фаъолияти илмии директори институт Ф.Шокир доир гардид. Мавзуи мазкур яке аз равандҳои мавзуи илмии сектори физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институтро ташкил дода, ба таҳқиқ ва амсиласозии сохторҳои локалишудаи топологӣ ва динамикии муодилаҳои ғайрихатии таҳаввулии назарияи квантии майдон бахшида шудааст. Аз ҷониби иҷрокунандаи асосии самти илмии мазкур Ф.Шокир оид ба натиҷаҳои ба дастовардашуда дар ин самт ҳам дар соли ҷорӣ ва ҳам дар даҳсолаи охир маълумот дода шуд. Қайд карда шуд, ки вобаста ба мавзуъ рисолаи илмӣ омода шудааст, ки натиҷаҳои асосии он дар 3 монография, 12 Шаҳодатномаи муаллифӣ ва беш аз 100 мақолаю фишурдаҳои илмӣ инъикос ёфтаанд. Натиҷаҳои бадаст овардашуда хусусияти бунёдӣ дошта, аз ҷумла дар даҳҳо маҷалаҳҳои илмии хориҷӣ ба нашр расидаанд.

ЗАНОН ВА ИЛМ

   Имрӯз дар санаи 24.02.2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ” баргузор шуд. 
Конференсияро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар рушди илмҳои дақиқ нақши занону бонувон қобили қабул мебошад ва мо ифтихор дорем, ки занони олима дар баробари мардон фаъолияти илмии густурдаро анҷом медиҳанд.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни баёни андеша таъкид кард, ки зиёд шудани сафи олимаҳо дар миёни занону бонувони кишвар на фақат рушди илм, балки боз ҳам густариш ёфтани низоми хонаводагӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар ин ҳамоиш иштирок кард.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони ҷинси латиф бо дарназардошти маърӯзаҳои илмии пешниҳодгардида аксар масъалаҳои илми муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дунёи илму техника ва ихтироот дар ин ҳамоиш бо лаҳни гуворо пажӯҳиш гардид. Дар самти илмҳои дақиқ нақш гузоштани занону бонувон, ки боз дар муҳити хонаводагӣ низ рисолати аввалияро татбиқ менамоянд, басе судманд аст. Зани бо илм мусаллаҳ имкон намедиҳад, ки дигарон ҳуқуқҳояшро поймол созанд ва ӯро аз саҳнаи зиндагӣ берун намоянд. Бинобар ин, пайваста нақшгузории занону бонувон дар рушди илми ватанӣ сатҳи фаҳмиш ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи Тоҷикистонро тағйир дода, дар ташаккули афкори дунявӣ хидмат хоҳад кард.
Дар ин ҳамоиш бонувони ҷавон чун Фируза Раҳматуллоева (астрофизик), Мену Маҳмадюсупова (биолог), Муқаддас Қурбонова (кимиёшинос), Нодира Ҳакимова (кимиёшинос) ва дигарон ҷиҳати баррасии вижагиҳои илми муосир суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин, ноби президенти АМИТ, доктори илмҳои астрофизика, профессор, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова суханронӣ намуд.

ТАЪСИРПАЗИРӢ ДАР ҲОЛИ НОМУАЙЯНӢ

  ё худ чаро донишмандони Ғарб бар мо маслаки пайравиро ҷиҳати тақвият ёфтани гурӯҳҳои террористӣ таҳмил намудаанд? Бузургбародарҳо аз мо чӣ мехоҳанд?
Машраби АБДУЛЛОҲ,
пажӯҳишгар
  Ҷомеашиноси фаронсавӣ Морлен Лорюэл зимни баррассии ҳувияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти таҳияи сиёсати хориҷӣ аз гироиши номаҳдуди халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба Туркияву Эрон изҳори андеша намудааст: “Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии худ иддаои Туркияро дар нақши “бародари бузург” шадидан маҳдуд сохтаанд, ки солҳои 90 – уми садаи сипаришуда кӯшиши дар ҳувияти туркӣ муттаҳид сохтани ҳамаи миллатҳои минтақа зуҳур гардид. Дар равобит бо Эрон низ чунин гироиш мушоҳида мешавад”. Алҳол, дар дохили кишвари тоҷикон гироиши аҳли зиё, пеш аз ҳама уламо ба Эрон чун ба кишваре ки бо мо ҳамзабон ва таъриху фарҳанги воҳид доранд, бешумор аст, аммо гиравидан ба ғайри худ дар замони муосир маҳвшавист ва ҳеҷ ҳувияти такмилёфтае гироиш ба чапу ростро қабул надорад. Рӯзноманигор ва узви ҷамъияти файласуфони Амрико Томас Фридман зимни иқомат доштанаш дар Бангалори Ҳинд фикр мекард, ки майдони рақобати ҷаҳонӣ ва марказҳои пажӯҳишӣ ба як шабакаи ҷаҳонии муттасил табдил ёфтаанд. Бавижа, фановарӣ, ниёзмандӣ ва нигариш ба ҳувият ва масоили марбут ба он ба унвони як масъалаи ҳамешагӣ матраҳ хоҳад шуд. Номбурда, бо дарназардошти ин ки бахше аз ҷамъияти Ҳинду Чин дар бозори ҷаҳонӣ кор мекунанд, тағйиротеро мебинад, ки қарор аст ояндаро аз дидгоҳи ҷаҳонишавӣ таъин кунад. Замони дарёфту дастрасии истқлоли давлатӣ бо бархурд ва муноқишаҳои шадиди гурӯҳҳои мухолиф оғоз гардида, оқибат қудрати сиёсӣ неруҳои мутаассиби исломгароро бинобар иштиғол доштан дар интиқоли инқилоби исломӣ ва роҳандозӣ шудани навъҳои мухталифи терроризм мутаҳҳам намуданд. Агар дилхоҳ неруҳои сиёсӣ дар дилхоҳ кишваре бо дарназардошти интиқоли ормонҳои миллии мансуб ба аҷнабӣ фаъолият бинмуда, кӯшиши татбиқ сохтани низоми таҳмилӣ мекунад, дар ҳеҷ сурат муваффақ нахоҳад шуд. Чунин истротужӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар мавриди роҳандозӣ қарор доштаанд ва дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шуравӣ шуруъ аз солҳои 90-уми садаи гузашта сенарияи бо татбиқи роҳҳои мухталиф дахл варзидани аҷнабӣ дар умури дохилии он кишварҳо мушоҳида мешавад. Аммо бо пажӯҳиши ин ки чаро тибқи аҳдофи геополитикӣ ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаллиғини қудратҳои ҷаҳонӣ намунаи инқилобии исломиро интихоб кардаанд, моро аз лавозим аст, ки аввалан, объект ва сониян, субъекти геополитикаи муосирро дастрас намоем. Лозим ба ёдоварист, ки қудрат аз васеъ паҳншавии муслимин бохабар ҳастанд ва хеле хуб дарк менамуданд, ки раванди мазкур сатҳи густариши ҳувияти фарҳангии кишварҳои тавсеаёфтаро ноком мегардонад. Масалан, ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон борҳо гӯшзад мекард, ки ҳувияти ғолиб бар соири ҳувиятҳо, яъне ҳувияти фарҳангии амрикоӣ, ки дар пояи протестантизми бритонӣ ташаккул ёфтааст, дар авоили садаи XXI бинобар нуфуз ёфтани ормонҳои мутааллиқ ба ислом осеб мебинад ва ИМА чун кишваре, ки таҳияи сиёсатҳо ғолибан дар марзи ӯ ба вуқуъ мепайванданд, ҷиҳати ягона усули нигаҳдошти қудрат, ки ҳувияти аҳолии он аст, ба инқирози маънавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҳоле ки маҳз Ҳантингтон бо дарназардошти таҳияи сенарияи ошкорбаёнӣ (плюрализм) зарбаи маънавӣ бар пайкари низоми сусиёлистӣ зада, марги болшевизмро таъмин намуд, аммо дар масъалае, ки хоси мақолаи мост, таҳияи “панисломизм” дар як замон баробар бо “саҳюнизм” ва “сотсиолизм” эҷод шудааст, бештар матраҳ хоҳад шуд. Иқрор мебояд кард, ки ҳануз дар садаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ тавассути афроди илзомшуда (Ризохони Паҳлавӣ, Камол Мустафо Отатурк, Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва дигарон) дар мамлакатҳои мусалмоннишин андешаи бартарӣ доштани исломро аз соири адён ҷойгузин сохта, маҳз бо истифода аз эҷод намудани таассуби динӣ кишварҳоро аз рушд боздоштанд ва муқаддам аз он бинобар таблиғи Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ таҳти унвони “панисломизм” муслимини дунёро бо истротегияҳои номақбуле чун “ваҳҳобия”, “салафия”, “баҳовия”, “ҳизбуттаҳрир”, “ансоруллоҳ”, “ихвонулмуслимин” ва ҳоказо мубтало сохтанд. Бинобар ин, бо дастрас шудани истиқлоли сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инчунин таассуб ва тахрибкорӣ дар рафтору гуфтори пайравони Нурӣ ва соири афроди заҳролудшуда мушоҳида мешуд, чунки мо истиқлолро дар соли 1991 соҳиб гардидем, аммо олиҷанобон аз ҳизби наҳзат ҳануз соли 1986 тазоҳурот ҷиҳати интиқол намудани Инқилоби исломии Эрон дар водии Вахш барпо намуда буданд. Чаро маҳз Эрон, ки он ҷо ба шиаи исноашария мақоми давлатӣ дода шудааст? Бештари мубаллиғини амрикоӣ, ки бо пардаи коршиноси улуми ҷомеашиносӣ ба минбарҳо раҳбарӣ мекунанд, баробар бо таҳияи сиёсати мусоид ҷиҳати гирифтор кардани кишварҳои рӯ ба инкишоф аз иртиботи ирсии аҳолӣ суиистифода мекунанд, ки бобати исботи фикр метавон аз вожаи “бародари бузург” истифода кард. Барои аксар кишварҳои пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон) чунин бародаркалон Туркия аст, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз мавқеъ ва вазъи ин кишвар васеъ истифода мекунанд, аммо барои Тоҷикистон фақат Эрон бародари бузург аст ва ҳамчунин, дар хориҷи кишвар низ хеле хуб дарк кардаанд, ки аҳли зиёи Тоҷикистон аз худ бештар ба Эрон эътимод доранд. Шояд ҳамин омили мутазаккир сабаб шуд, ки солҳои интиқоли инқилоби исломӣ анбуҳи бузурги ҷомеаи Тоҷикистон ҷиҳати пайдо кардани паногоҳи сиёсӣ маҳз Эрон ва шиаи дувоздаҳимомаро интихоб карданд. Вале як нафар ватандӯст ва худогоҳ аз зумраи тоҷикон пайдо шуд, ки ин раванди басе зиёноварро боздошту ҷиҳати баргардон кардани фирориён иқдом намуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳое ба майдони рақобати сиёсӣ ворид шуданд, ки муҳити маҳдуди эътиқодӣ доштанд ва тафовутҳои фарҳангиро дар ҳеҷ сурат қабул намекарданд. Фаъолияти сиёсии ин фирқаҳо фақат дар заминаи таассуби динӣ баррасӣ мегардид. Ҳамзамон, бинобар соҳиб шудан ба қудрат бо роҳҳои зӯроварӣ, онҳо натавонистанд давлатро идора кунанд ва пас аз фирори онҳо бар дӯши кишвар ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил ёфт, ки аксар таърихшиносон ин воқеаҳоро таҳмилӣ арзёбӣ намудаанд. Оқибати таассуб ва эҳсоси бадбинии хос нисбат ба динҳои дигар метавонад дахолати қудратҳои хориҷиро дар ин ё он кишвари рӯ ба инкишоф ба бор оварад. Аммо сарчашмаи таассуб ва тахрибкорӣ ҳувияти такмилёфтаи динӣ нест ва ҳар кӣ бо дин ошност, мутаассиб намешавад, лекин маслаки раҳбоният ба ислом ва муслимин тавассути масеҳият ворид гардида бошад, дар насроният ин падида аз куҷо интиқол ёфтааст? Ҳануз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ андар “Маснавии маънавӣ” гӯшанишиниро падидае аз фарҳанги ақвоми сомӣ баррасӣ намуда, бинобар таассуб ба маслаки Исои масеҳ қавми яҳуд онро ба масеҳият ворид месозад”. Вақте ки кутуби динӣ таҳриф ёфт, пайравони адён бегуфтугӯ ба маслакҳое гироиш пайдо мекунанд, ки оқибат таассуб ва тахрибкорӣ зуҳур менамояд. Махлутшавии адён махсусан, ислом бо масеҳият дар тӯли таърих рух додааст. Бархе даъво пеш овардаанд, ки баъзе фирқаҳои тасаввуфи исломӣ бинобар пазируфтани раҳбоният (ин вожа ба маънии тарки дунё далолат мекунад) исломи масеҳишударо мемонанд. Воқеан, буданд маслакҳое, ки ҷиҳати сангсоршавӣ ва ба маломати дигарон дучор омаданро пешаи худ медонистанд ва дар ин қарина ҳатто абру метарошиданд (фирқаҳои маломатия ва қаландария), аммо ҳақиқати тасаввуфи исломӣ ин даъворо мункир мебошад. Даъват ба тарки дунёро ҳеҷ дине истиқбол накардааст, аммо дар таърихи башар афроде машҳур гардиданд, ки хилватгузинӣ маслаки онҳо буд. Алҳол, навъҳои мухталифи дунёбезорӣ бо дарназардошти тамоили башарбадбинӣ дар татбиқи тахрибкорӣ мушоҳида мешавад, аммо худкӯшиҳои муслимин аслан дахлварзиҳои қудратҳоест, ки намехоҳанд дар замони буҳрони ҳувиятҳо нуфузи ислом дар ҷомеаҳои тавсияёфта назаррас гардад. Аммо печидагиҳои номафҳум дар аҳди постмодернизм, ки билкул анвои раҳбониятро инкор мекунад, ҷиҳати ҳамгироии фарҳангҳо ва тамаддунҳо бо дарназардошти аҳкоми эътиқодӣ осорхонаеро мемонад, ки он ҷо ҳамаи партовҳои маънавии тамаддуни Ғарб интиқол ёфтаанд. “Солиси салоса” ва маслаки руҳбонӣ агар аз зумраи бовариҳои динӣ бошад, пас интихоби гумоштаҳо аз ҷумлаи афроди диндори ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф аз хотири чист? Чаро бузургбародарҳо мутаваҷҷеҳи худ танҳо онҳоеро медонанд, ки ё эҷодкор ҳастанд, ё худ пажӯҳандаи улуми ҷомеашиносӣ, вале муосирсозӣ раванди дигаре маҳсуб мешавад, ки ҷиҳати татбиқи он дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф қудратҳои маҳаллӣ низ талош меварзанд. Барои исботи ин фикр Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида хоҳем кард, ки дар даҳсолаи ахир дар ин кишвар рушди тафаккури техникӣ ва болоравии сатҳи ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандон беш аз дигар мушкилиҳо баррасӣ шуда, таваҷҷуҳ ба навовариҳои сатҳи ҷаҳонӣ афзудааст.
Равоншод Султон Наврӯзов тамоили байнифарҳангиро мақбул намедонад, чунки раванди таҳмилёбии фарҳанги бегона агар дар гузашта иҷборӣ будааст, айни замон тамоили мазкур бо ниқоби бартарӣ доштани фарҳанг ва тамаддуни ғолиб дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф татбиқ мегардад. Номбурда зарфи ду даҳсола аҳволи моро баррасӣ намудааст: “Тоҷикон худ аз лиҳози пайдоиши этникӣ дигару аммо дар онҳо забону фарҳанг ва менталитети дигар ҳукумат мекунад, ҳатто пӯшишҳою дини онҳо, ки ғосибони араб бар онҳо таҳмил намудаанд, арабӣ мебошанд. Гӯё мо мавҷуди этникии мансуб ба дуфарҳангӣ ҳастем. Бинобар ин, муллоҳои камсавод мехоҳанд моро барои дар доми хеш гирифтор карданамон ҳамаи самтҳои ҳаётиро суиистифода карда, дину оин ва фарҳангу пӯшишҳои аҷнабиро барои тоҷикон тавсея менамоянд”.
Рӯ бар бегонагон овардан ва ё бегонагироӣ махсуси ин ё он миллат нест, балки чун нақшаи таҳияшуда аз ҷониби бегонаест, ки мехоҳад ба сарчашмаи асрорҳои оилае роҳ ёбад. Эҳсоси дахл намудан, ки бо таассуб омехта аст, дар ниҳоди ҳамаи инсонҳо мавҷуд аст, аммо бархе аз афрод ин ҳасосиятро амалан татбиқ намуда, ба таври иҷборӣ нуфузи худро дар гардани ашхоси ғайр бор мекунанд.

СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд.
Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд.
Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.
Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.
Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.
Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем.
Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.
Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.
Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем.
Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.
Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд.
Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд.
Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Ҳозирини арҷманд!
Тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ шарти асосии тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.
Дар робита ба ин масъала, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо шумораи зарурии афсарону мутахассисони касбӣ надоштем.
Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис додем, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.
Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбариву фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар боз 1500 нафар ҷавонони мо таҳсил карда истодаанд.
Дар маҷмӯъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.
Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.
Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Вазъи зикршуда, инчунин, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.
Зеро дар замони пурҳаводиси имрӯза танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд.
Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омодагии касбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ вазифаи асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи заруриро тақозо менамояд.
Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.
Вобаста ба ин, мехоҳам масъалаи тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро махсус хотиррасон намоям.
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, солҳои охир дар баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Исфара маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин (ҳатто дар муддати ду – се рӯз) ҷамъбаст карда мешавад.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.
Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад.
Илова бар ин, таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охири ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Ин амри заруриро ҳимояи истиқлолу озодӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, таъмини амнияти давлат ва халқи тоҷик талаб менамояд.
Бо дарназардошти ин зарурат, дар Паёми навбатии Роҳбари давлат махсус таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷати мазкур самтҳои асосии сиёсати мудофиавии мамлакатро муайян карда, дар баробари дигар чорабиниҳо, инчунин, тақвияти иқтидору имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳоро ҷиҳати мутобиқ намудан ба хусусияти таҳдиду хатарҳо ва вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар бар мегирад.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки зикр гардид, Артиши миллии сӣ сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст.
Тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд.
Дар ин давра, умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд.
Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.
Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.
Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!