joomla
free templates joomla

МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   Маълум аст, ки масъалаҳои иҷтимоӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи хеле паст қарор дошт ва вазъияти гурўҳҳои иҷтимоии аҳолии кишвар тоқатфарсо буд. Дар натиҷаи кўшишҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол кишвари Тоҷикистон тавонист ин вазъияти ногуворро паси сар кунад. Маҳз дар Паёми Пешвои миллат ҳама сола ба ин масъалаи ҳаётан муҳим диққати махсус дода мешавад, чунки бе ҳалли самараноки масъалаи иҷтимоӣ, ки ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа таъсиррасон аст, рушди ҷомеаро таъмин кардан ғайри имкон аст. 
  Чи тавре ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, масъалаи таъмини шуғли гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, баланд бардоштани сифати тахассусии ҷавонон, бунёди ҷойҳои нави корӣ, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст. Бояд зикр кард, ки низоми маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ омили асосии пешравии ҷанбаҳои ҳаётан муҳими ҷамъият буда, бе дастгирии самараноки давлат ба муваффақият ноил шуда наметавонад. Аз тарафи дигар, ҳар як омўзгорро, ки дар системаи маориф ба таълиму тадрис машғул аст, водор мекунад, ки мутахассисони касбиеро тайёр намояд, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў бошанд. Аз ин лиҳоз дар Паём ба ниҳоди маориф ҳамчун соҳаи муҳим барои фардҳои алоҳида ва тамоми ҷомеа, аҳамияти махсус дода шудааст. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар давраи соли 2022 беш аз 900 ҳазор, ҷойи кории нав таъсис дод, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, дар муқоиса ба соли 2018 дар соли 2022, 62 фоиз зиёд гардидааст.
Илова ба ин, чи тавре ки дар Паём омадааст, дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Соҳаи тандурустӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, нишондиҳандаи асосии саломатии аҳолӣ ва қобилияти кории онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ нишон медиҳад.
Маълум аст, ки соҳаи илм воситаи асосии пешравии истеҳсолот буда, рушди соҳаи саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба он алоқаи бевосита дорад ва дар Паём ин масъала хеле хуб баррасӣ шудааст. Бинобар ин, ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ин соҳа аҳамияти хоса дорад, зеро он омили асосии рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Умуман Паёми соли ҷорӣ баррасии масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолиро дар бар гирифта, барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи босамар мегузорад.
Қаҳҳоров Ғ.Ғ.
д.и.ф., сарходими Шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ

ТАТБИҚГАРИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ОБУ ЭКОЛОГИЯ

 

 

 

   Соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рўзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология миён омадааст.
Заминаҳои таъсиси институт аз суханронии Президенти кишвар дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ санаи 1 октябри соли 1999 бо пешниҳоди соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ба миён омада, 20 марти соли 2001 зимни мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиёи кишвар, ки ба 50-солагии мазхани илми меҳан – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меомад, комилан равшан гардиданд. Дар ин вохўрӣ Пешвои миллат дар хусуси фаро расидани зарурати ғанигардонии иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва таъсиси муассисаи нави илмӣ дар самти омўзишу пажўҳиши масоили об, иқлим, энергетика ва экология ибрози андеша намуданд. Аз ин рў, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар робита ба он 3 июли соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №279 оид ба аъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул гардид. Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 22 июли соли 2002, №72 дар хусуси таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар заминаи Шуъбаи масъалаҳои об ва экология фармон содир намуд.
Шуъбаи масъалаҳои об ва экология бо мақсади пажўҳиши масоили мубраму ҳалталаби марбут ба об, иқлим, энергетика, экология, зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дастгирии ҳамаҷонибаи нахустин пешниҳоди ҷаҳонии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо фармони Раёсати АМИТ аз 25 декабри соли 2000, №59 ташкил гардида, аввалин мудири он доктори улуми кимиё, узви вобастаи (ҳоло академик) АМИТ Ҳайдар Сафиев буд. Директор-ташкилотчии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бошад, президенти вақти АМИТ, доктори илмҳои кимиё, академик Улмас Мирсаидов буда, на танҳо дар таъсиси Институт, балки дар муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо бо асбобу лавозимоти зарурӣ ва ҷалби кормандони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омўзишу пажўҳиш ва пайдо намудани роҳҳали масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ, иқлимию экологӣ саҳми назарраст гузоштааст.
Пас аз муайян гардидани сохтор ва ба муассисаи мустақил табдил ёфтани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, моҳи ноябри соли 2002 доктори илмҳои кимиё, профессор, баъдан узви вобастаи АМИТ Ином Норматов директори институти мазкур интихоб гардида, то моҳи июни соли 2009 дар ин вазифа фаъолияти пурсамар дошт. Маҳз дар давраи роҳбарии профессор Ином Норматов самтҳои фаъолияти илмии институт муайян ва аввалин лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ коркард гардиданд ва ҳамзамон, нахустин ҳамкориҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо институтҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуданд.
Аз рўзҳои аввали фаъолият, кормандони институт пайи пажўҳиш ва ҳалли масъалаҳои обӣ, энергетикӣ, экологӣ ва иқлимшиносӣ фаъолона ширкат меварзанд. Бинобар ин, аввалин мавзуъҳои илмӣ-тадқиқотие, ки давоми солҳои 2002-2006 мавриди пажўхиш қарор гирифтанд, коркарди технологияи истеҳсоли коагулянтҳо ва флокулянтҳо аз масолеҳи ашёи хоми маҳаллӣ барои тоза намудани об ва омўзиши мушкилоти экологии коркарди партовҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон буданд. Бо назардошти хусусияти мавзуъҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, минҷумла бо Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ҳамкориҳоро оғоз намуда, баъдан пайи татбиқи натиҷаҳои бадастомада гардид. Самараи иқтисодӣ аз татбиқи тарзи аз партовҳои истеҳсоли алюминий ба даст овардани консентрати криолит-глинӣ бо усули сўзондан, 220 000 долларии ИМА-ро ташкил дод. Ҳамчунин, аз ҷониби олимони институт ба Шурои техникии Вазорати саноати (Вазорати саноат ва технологияҳои нав) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи технологияи коркардшудаи истеҳсоли пигментҳо бо мақсади истеҳсоли саноатии он дар Корхонаи нуриҳои азотии Вахш тавсияҳои илман асоснокшуда пешниҳод гардиданд. Зеро дар заминаи ин тадқиқот гурўҳе аз ходимони илмии институт аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон (TJ364) ва Идораи патентии Авруосиё (№003660) 2 патент (шаҳодатномаи ихтироъ), ба даст оварданд.
Марҳилаи комилан нави пешрафти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо директори он таъйин шудани доктори илмҳои техникӣ, профессор, баъдан узви вобастаи АМИТ Зайналобуддин Кобулӣ (моҳи июни соли 2009) оғоз мегардад. Дар давраи роҳбарии устод Зайналобуддин Кобулӣ мутобиқ ба Низомномаи институт диққати асосӣ ба таҳкими неруи институтсионалӣ ва кадрӣ равона гардид. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои ў, ҳамчун директори институти мазкур ва ташаббуси Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Қирғизистон, дар ҳамҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин Шурои диссертатсионии байнидавлатии D.25.14.494 (сентябри соли 2014) таъсис ёфт ва аз соли 2015 профессор Зайналобуддин Кобулӣ ҳамраиси Шуро ва собиқ муовини директор оид ба илм ва таълими Институт, номзади илмҳои техникӣ Наталья Степанова котиби илмии он таъин гардиданд. Маврид ба таъкид аст, ки Шурои D.25.14.494 дар фазои илмии давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин таҷрибае буд, ки дар он ҳимояи рисолаҳо тавассути интернети баландсуръат сурат гирифта, дар Шуро аз соли 2014 то соли 2021 аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия беш аз 8 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 15 рисолаи номзадӣ дифоъ гардид ва аз ин 11 нафар олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бинобар ин, таъсиси Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ пеш аз ҳама ба манфиати меҳани мо буда, дар он як қатор олимони тоҷик, ба монанди Валиев Ш.Ф. (2015), Ғайратов М.Т. (2015), Шарифов Г.В. (2016), Назирова Д.Э. (2017), Давлатов Ф.С. (2017), Андамов Р.Ш. (2017), Сарабеков Н.Ш. (2017) рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро дар он дифоъ карданд. Ҳамзамон, бо оғози фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, ин олими пуртаҷриба бо ҷалби гурўҳи аз олимони соҳа моҳи марти соли 2018 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Шурои диссертатсионии 6D.КОА-041-ро таъсис дод, ки дар он довталабон аз аксар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимии кишвар рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуданд. Далел бар ин сухан он аст, ки танҳо давоми соли 2021 дар Шурои фавқ 31 нафар рисолаҳои номзадии хешро дифоъ карда, ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳои техникӣ ва номзади илмҳои география шарафёб гардиданд.
Таъвам ба омода намудани кадрҳои соҳибунвони ватанӣ, дар ин давра самтҳои асосии тадқиқоти илмии институт ба таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, омўзиши захираҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон, баҳисобгирии захираҳо ва баҳодиҳии имконоти истифодабарӣ аз рўи категорияҳо (аз ҷиҳати техникӣ имконпазир, аз нигоҳи иқтисодӣ мувофиқ ва аз диди иҷтимоӣ зарурӣ), тадқиқи гидроэнергетикаи хурд дар Тоҷикистон: ҳолат, захираҳо, нақшаҳо ва барномаҳои истифода, қонунгузорӣ, сиёсати тарифӣ ва андозӣ, идоракунии сармоягузорӣ дар самти обу энергетика, таҳлили захираҳои обӣ-энергетикӣ ва тағйирёбии онҳо ва ғайра равона гардиданд. Ҳамчунин, дар институт то имрўз тадқиқоти муҳиме, чун таҳлили муқоисавии самарабахшии энергетикии дарёҳои бузурги Тоҷикистон, тадқиқи таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ, таҳияи усулҳои мутобиқнамоии гидроэнергетика ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим, таҳияи амсилаҳо ва усулҳои пешгўии маҷрои об барои гидроэнергетика, таҳияи усулҳои оптимизатсияи кори неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо, таҳияи усулҳои танзими маҷрои об барои гидроэнергетика ва обёрӣ, таҳлили қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои фаромарзӣ, тадқиқи моҳият, сабаб ва рушди муноқишаҳои гидроэнергетикӣ-ирригатсионӣ дар байни кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал ва таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли онҳо, тадқиқот оид ба муносибгардонии тарҳбандии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои бузурги Тоҷикистон, таҳияи меъёри ягонаи иқтисодии рушди гидроэнергетика, таҳлили иқтисодии рушди гидроэнергетика ва таҳияи амсилаҳои математикӣ, таҳияи усулҳои баҳодиҳии арзиши иқтисодии об ҳангоми истифодаи муштарак бо мақсадҳои гидроэнергетикӣ ва обёрӣ гузаронида мешаванд.
Моҳи августи соли 2020 номзади илмҳои техникӣ, ҳоло доктори илмҳои техникӣ, дотсент Ориф Амирзода директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аъйин гардида, то имрўз сарварии онро бар уҳда дорад. Бо роҳбари институт интихоби гардидани устод Ориф Амирзода фаъолият дар тамоми самтҳо густариш ёфта, аз ҷумла, Оинномаи институт аз нав таҳия гардид, сомонаи интернетии он (https://www.imoge.tj/) бо тарҳи комилан нав коркард ва фаъол шуд, нашри китобу монографияҳо миқдоран афзуд, корҳои ихтироотию патентӣ вусъати тозка касб карданд, маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология» таъсис ёфт ва мунтазам интишор мегардад, бо муассисаҳои соҳавии кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи кишоварзии Тошканд ва Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Вазорати хоҷагии оби Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои марбутаи мамолики хориҷӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи Қазоқистону Олмон ва Институти географияи Академияи илмҳои Россия якчанд экспедитсияҳои муштарак ташкил карда шуданд.
Мусаллам аст, ки муҳимтарин самти фаъолияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи соҳаҳои пажўҳишӣ пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти муайян, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, вобаста ба мушкилоти мавҷуда таҳия намудани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз нигоҳи илмӣ пайдони кардани роҳҳали ин мушкилот ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо ба вазорату идораҳои мухталиф мебошад. Маҳз бо ин мақсад, ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз рўзҳои аввали фаъолият лоиҳаҳои илмии зиёдеро таҳия намуда, дар доираи онҳо пажўҳишот анҷом додаанд ва ба натиҷаҳои назарраси илмӣ низ ноил гардиданд. Аз ин рў, муҳимтарин лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки аз ибтидо то имрўз дар институти анҷом пазируфтаанд, лоиҳаҳои зерин мебошанд: «Таҳлили вазъи татбиқи муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи об» (№0105ТД177, муҳлати иҷро – солҳои 2005-2009, роҳбар – номзади илмҳои техникӣ Петров Г.Н.), «Арзёбии вазъи кунунӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба яхбандӣ дар Тоҷикистон» (№0105ТД178, муҳлати иҷро – солҳои 2005-2009, роҳбар – номазди илмҳои география Финаев А.Ф.), «Таҳияи тадбирҳои амалӣ ва тавсияҳо оид ба самаранокии истифодабарии маҷмўии захираҳои обӣ-энергетикии обҳои фаромарзии Тоҷикистон дар шароити номуайянии вуҷуддошта ва тағйироти глобалии иқлим» (№0107ТД676, муҳлати иҷро – солҳои 2007-2011, роҳбар – номзади илмҳои техникӣ Петров Г.Н.), «Тадқиқи таркиби химиявии обҳои равон ва табиии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди усулҳои муосири тозакунӣ» (№0107ТД677, муҳлати иҷро – солҳои 2007-2011, роҳбар – доктори илмҳои кимиё, профессор Норматов И.Ш.) «Коркарди усулҳои муайяннамоии самаранокии иншоотҳои гидротехникӣ» (№0102ТД832, муҳлати иҷро – солҳои 2010-2014, роҳбар – доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулӣ З.В.), «Омўзиши таъсири иқлим ба тавозуни оби ҳавзаи дарёи Варзоб дар давраи мушоҳидаҳои дастгоҳӣ» (№0102ТД833, муҳлати иҷро – солҳои 2010-2014, роҳбар – номзади илмҳои география Финаев А.Ф.), «Истифодаи маҷмўии захираҳои оби дарёҳои фаромарзии ҳавзаи баҳри Арал ба манфиати гидроэнергетика ва ирригатсионӣ» (№0113TJ295, муҳлати иҷро – солҳои 2013-2017, роҳбар – доктори илмҳои техникӣ Петров Г.Н.), «Коркарди методологияи танзими оптималии маҷрои дарёҳо бо истифода аз обанборҳо ва беҳсозии ландшафтҳои об» (№0113TJ296, муҳлати иҷро – солҳои 2013-2017, роҳбар – доктори илмҳои техникӣ Саидов И.И.), «Арзёбии ҳолати обҳои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе бо истифода аз усулҳои гидрологияи изотопӣ» (№0115TJ00480, муҳлати иҷро – солҳои 2015-2019, роҳбар – номзади илмҳои техникӣ Шаймуродов Ф.И.) ва «Динамикаи тавозуни оби ҳавзаи дарёи Кофарниҳон» (№0115TJ00481, муҳлати иҷро – солҳои 2015-2019, роҳбар – номзади илмҳои география Финаев А.Ф.). Айни замон бахши аъзами корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи лоиҳаҳои «Оптимизатсияи алоқамандии об, озуқа, энергия ва экология дар шароити тағйирёбии иқлим барои ҳавзаи дарёи Зарафшон» (№0118TJ00865, муҳлати иҷро – солҳои 2018-2022, роҳбар – доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Пулатов Я.Э.), «Масоили ташаккулёбӣ ва танзими обовардҳои сахт дар объектҳои обии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» (№0120TJ01029, муҳлати иҷро – солҳои 2020-2024, роҳбар – доктори илмҳои техникӣ, дотсент Фазылов А.Р.) ва «Стратегияи рушд ва оптималкунонии мувозинаи захираҳои энергетикӣ. Сенарияи рушди гидроангиштии энергетикии Тоҷикистон» (№0120TJ01028, муҳлати иҷро – солҳои 2020-2024, роҳбар – номзади илмҳои техникӣ Давлатшоев С.Қ.) ба роҳ монда шудаанд.
Дар баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ баҳри татбиқи илмию амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлату ҳукумат дар самти обу энергетика ва иқлиму экология пайваста мусоидат намуда, пас аз як соли фаъолият дар доираи тадбирҳо бахшида ба аввалин иқдоми ҷаҳонии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об – Соли байналмилалии оби тоза, дар соли 2003 якбора ду чорабинии муҳим: Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҳолати имрўзаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои истифодаи оқилонаи онҳо» (13-14.05.2003) ва Коференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Об – асоси ҳаёт ва ҳастии инсоният» (20-22.11.2003) баргузор намуд. Дар маҷмўъ, институт дар давраи фаъолият конференсияҳои зиёди сатҳ байналмилалию ҷумҳуриявӣ доир намудааст, ки Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мониторинги интиқол ва ҷамъшавии радионуклидҳо дар ҷузъҳои экосистемаҳои табиӣ» (5-6.11.2004); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Ҳавасманд-гардонии неруи ҷомеа, илм ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист» (таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, моҳи марти 2011); Семинари байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои ниҳоии Лоиҳаи минтақавии SAICM «Афзоиши иқтидор барои таҳияи баҳисобгирии миллии партобҳо ва интиқоли ифлоскунандаҳо дар ду кишвари дорои иқтисоди гузариш: ҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Белорус, тибқи Конвенсияи Орхус» (03.03.2013); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим» (16-17.10.2015); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Амнияти иншооти гидротехникӣ, истеҳсол ва истифодаи энергия дар шароити рушди устувор» (27-28.05.2016); Конференсияи байналмилалии Системаҳои иттилооти географӣ дар Осиёи Марказӣ «Илмҳои системаи иттилоотии географӣ барои рушди устувор» (28-30.08.2017); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Об барои рушди устувори Осиёи Марказӣ» (23-24.03.2018); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Алоқамандии об, энергетика, хўрокворӣ ва муҳити зист: асоси рушди устувор» (26-28.04.2019); Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Истифодаи маҷмаавии захираҳои обӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим» (3-4.12.2020); Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» (22-23.10.2021) ва Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Комплекси хоҷагии об: муш-килот ва роҳҳои ҳалли онҳо» (5-6.05.2022) аз муҳимтарин чорабиниҳои илмӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаҳои 5-6.10.2022 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ, масоили рушди гидроэнергетикаю манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, муносиботҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва масъалаҳои марбут ба об, омўзиши ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу экология, балки татбиқгари амалии пашниҳодҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Вобаста ба татбиқи амалӣ, натиҷагириҳо аз рафти иҷроиш ва хулосабарориҳои илмӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти он – Душанбешаҳр 10 ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид, ки ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, ҳамчун намояндагони муассисаи илмӣ-тадқиқотии пешбари ин соҳот дар ҳамаи онҳо иштирок фаъол доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи тадбирҳо оид ба иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар чорабиниҳои байналмилалии зерин баргузор гардиданд: Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза (29.08-01.09.2003), Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ (30.05-01.06.2005), Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои марбут ба об (27-29.06.2008), Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба иҷрои ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (8-10.06.2010), Конференсияи байналмилалии омодагӣ «Ба сўйи Конференсияи СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об» (19-20.10.2011), Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (27-29.08.2013), Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҷамъбасти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (9-11.06.2015), Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор – «Таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба об ва беҳдошт» (9-10.08.2016), Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (20-21.06.2018) ва Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзуи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» (6-9.06.2022).
Боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз пас аз 5 моҳи соҳибистиқлолӣ узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, новобаста аз буҳрони сиёсию вазъи дохилӣ, сарвари ҷавони давлати тозаистиқлол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмони бонуфуз тоҷику Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамуданд ва баҳри бартарафнамоии мушкилоти башарӣ иқдомҳои наҷиберо пешниҳод мекарданд. Маврид ба таъкид аст, ки бори нахуст овози Тоҷикистон аз забони Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд аз минбари баланди СММ 29.09.1993 садо дода, минбаъд Пешвои миллат аз ин минбар солҳои 1994, 1995, 1997, 1999, 2001, 2003, 2005, 2008, 2009, 2010, 2012, 2015, 2017 ва 2018 суханронӣ кардаанд, ки бахши аъзами каломи пурмуҳтавои Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли мушкилоти глобалие, чун об, иқлим ва экология мебошанд. Аз ин рў, дар дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ 9 қатънома: 1) Қатъномаи иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 20.12.2000, A/RES/55/196 (Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза), 2) Қатъномаи иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 23.12.2003, A/RES/58/217 (Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»), 3) Қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21.12.2009, A/RES/64/198 (Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»), 4) Қатъномаи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 20.12.2010, A/RES/65/154 (Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об), 5) Қатъномаи иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21.12.2012, A/RES/67/204 (Таҷлили Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи оби тоза, соли 2013), 6) Қатъномаи иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 19.12.2014, A/RES/69/215 (Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва талошҳои минбаъда барои таъмини рушди устувори захираҳои об), 7) Қатъномаи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21.12.2016, A/RES/71/222 (Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»), Қатъномаи иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ аз 11.01.2019, A/RES/73/226 (Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, соли 2018-2028») ва 9) Қатъномаи иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21.12.2020, A/RES/75/212 (Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Баррасии миёнамуҳлат оид ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028») қабул ва амалӣ намудааст.
Аз ин рў, бо мақсади татбиқи амалӣ, таҳлилу баррасии мавзуъҳои дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқшаванда ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инъикоси натиҷаҳои илмии ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, олимони муҳаққиқони дигар идораю муассисаҳо ва муаллифони мустақил ва инчунин, ҷиҳати тақвияти ҳамориҳо бо олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики хориҷи наздик ҳанўз соли 2005 нахустин маҷаллаи минтақавии илмӣ-амалии «Захираҳои обии Осиёи Марказӣ» таъсис ва интишор ёфт. Вале, пас аз муддате маҷалла аз нашр боз монд ва чун институт дар ташкили маҷаллаи минтақавӣ таҷриба дошт, моҳи марти соли 2021 маҷаллаи нави илмӣ-амалии «Захираҳои об, энергетика ва экология»-ро таъсис дода, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№191-МҶ-97) ба қайд гирифт. Маҷаллаи мазкур аз се бахш – захираҳои обӣ, энергетика ва экология иборат буда, дар он натиҷаи нави корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонида мешаванд. Маҳз ба туфайли нашри маҷалла институт ҳамкориҳои илмӣ ва робитаҳои эҷодиро бо олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои хориҷӣ боз ҳам тақвият бахшид.
Дар баробари пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва баргузории ҳамоишҳои мухталифи илмӣ, самти дигаре, ки дар меҳвари фаъолияти институт қарор дорад, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад. Бо ин мақсад дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз рўйи ихтисосҳои 6D060800 – Экология, 6D061000 – Гидрология, 6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ, 6D090200 – Сайёҳӣ, 6D080500 – Захираҳои обӣ ва истифодаи онҳо мутахассисони дараҷаи илмии доктор (PhD) ва аз рўйи тахассусҳои 6D060800 – Экология, 6D061000 – Гидрология, 6D061200 – Meтерология, 6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ, 6D060900 – География, 6D090200 – Сайёҳӣ, 6D080500 – Захираҳои об ва истифодаи онҳо ва 6D072900 – Сохтмон мутахассисони дараҷаи магистр тайёр карда мешаванд. Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисосу соҳибунвони илмӣ бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2022 дар назди институт Шурои диссертатсионии 6D.КОА-059 оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ (PhD) аз рўйи ихтисосҳои 25.00.00 – Илмҳои заминшиносӣ (6D061000 – Гидрология) ва 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ (6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот) ба фаъолият оғоз намуд ва раиси он доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ., муовини раис, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Фазилов А.Р. ва котиби илмӣ, номзади илмҳои техникӣ Қодиров А.С. мебошанд.
Корҳои ихтироотӣ ва патентиву литсензионӣ бошад, давоми солҳои охир хеле вусъат ёфтанд. Агар давоми 20 соли фаъолияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ходимони илмии он 44 патент барои ихтироот ба даст оварда бошанд, аз ин миқдор зиёда аз 20 патент ба се соли охир (2020, 2021 ва 2022) рост меоянд. Фарзи мисол, муҳимтарин дастовардҳои патентии олимони институт, ки давоми солҳои 2021-2022 аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ихтирооти зеринро ташкил медиҳанд: Усули муайян кардани тағйирот дар ҳолати шиддатнокию деформатсионии сохтори оҳану бетонӣ аз таъсири ҷинсҳои кўҳӣ (Патенти № TJ 1139) Усули муайян кардани тағйирот дар ҳолати шиддатнокию деформатсионии сохтори оҳану бетонӣ аз таъсири ҷинсҳои кўҳӣ ва тағйироти ҳарорат (Патенти № TJ 1140), Система барои боздоштани ҷараёнҳои филтратсияи обгузари сарбандҳои сангу заминии фишорбаланд (Патенти № TJ 1149), Усули боздоштани ҷараёнҳои полоиши обгузари сарбандҳои сангу заминии фишорбаланд (Патенти № TJ 1161), Усули сохтмони заҳбур дар хокҳои сероб (Патенти № TJ 1166), Системаи идоранамоии соҳаи обу энергетика (Патенти № TJ 1174), Усули кишти зироат (гидрогел) (Патенти хурди № TJ №1216), Усули автоматии таъмини об (Патенти хурди № TJ 1258), Дастгоҳ барои пешгирии рахнашваии сарбанди ярчӣ (Патенти хурди №TJ 1256) ва Тарзи муътадилгардонӣ ва паст кардани сатҳи оби кўл бо сарбанди кўҳии ярчӣ (Патенти хурди № TJ 1257). Ҳамзамон, барои ба даст овардани патент дар доираи як қатор корҳои ихтироотии дигар ба Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи патентии Авруосиё ариза пешниҳод гардида, аксар аризаҳо хулосаҳои мусбат гирифтаанд.
Тавъам бо корҳои ихтироотию патентӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, китобу монографияҳо ва инчунин, иштироку суханронӣ дар ҳамоишҳои мухталифи илмӣ сол аз сол бештару беҳтар мегардад. Масалан, агар дар соли 2020 ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ 78 кори илмӣ, аз ҷумла, 4 китобу монография, 54 мақола дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, 19 мақола дар ИДМ, 5 мақола дар хориҷи дур нашр намуда ва дар 32 чорабинии илмӣ ширкат варзида бошанд, дар соли 2021 аз тарафи олимони институт 113 маводи илмӣ, минҷумла 10 китобу монография, 84 мақола нашриёти ҷумҳуриявӣ, 18 мақола дар ИДМ, 9 мақола дар хориҷи дур интишор ёфта, дар 40 ҳамоиши мухталифи илмӣ иштирок намудаанд. Дар маҷмўъ, дар таърихи 20-солаи институт 83 китоб, аз ҷумла 50 монография ва 1332 мақола (360 мақола дар хориҷа ба нашр расидааст), ба нашр расида, 44 патент барои ихтироот ба даст оварда шудааст.
Ҳамин тавр, дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ 5 лаборатория: захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ, сифати об ва экология, энергия, захира ва сарфанамоии энергия, иқлимшиносӣ, яхшиносӣ ва моделкунонии захираҳои об, иншооти гидротехникӣ ва инчунин, шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти илмӣ-таълимӣ ва сохтори илмӣ-таълимӣ, ки аз бахшҳои магистратураву докторантура (PhD) ва таҳлилӣ-иттилоотӣ иборат аст, фаъолият менамоянд. Ходимони илмии ҳар як озмоишгоҳ вобаста ба самтҳои тадқиқотӣ корҳои илмию пажўҳиширо ба роҳ монда, дар ин замина ба натиҷаҳои назарраси илмӣ даст меёбанд.
Дар баробари дигар комёбиҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дастоварҳо дар самти гидроэнергетика, ки татбиқи амалии натиҷаҳои пажўҳишотро дар бар мегиранд, мавқеи муҳим доранд. Натиҷаҳои илмие, чун таҳияи усулҳои пешгўйии фаврӣ ва дарозмуддати маҷрои об барои гидроэнергетика, таҳияи усулҳо ва амсилаҳои математикии оптимизатсияи кори НБО бо обанборҳо, таҳияи амсилаи иқтисодии рушди гидроэнергетика, таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилоти ихтилофот байни гидроэнергетика ва ирригатсия дар истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикии дарёҳои фаромарзии ҳавзаи баҳри Арал, идоранамоии системаи обу энергетика дар шароити тағйирёбии иқлим, гузаронидани баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ва таҳлили имконоти истифодаи онҳо дастовардҳои муҳимми ин самти тадиқиқотӣ мебошанд.
Масоили марбут ба тағйирёбии иқлим ва қонунияти тағйирёбии он, таъсироти манфии ин мушиклот ба соҳаҳои фаъолияти инсону захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, пажўҳиши минтақаҳои яхбандии ноҳияҳои кўҳӣ, омўзиши захираҳои обу амсиласозии дурнамои онҳо дар манотиқи ташаккул ва истифодаи об низ аз муҳимтарин мавзуоти пажўҳишии институт маҳсуб мешаванд. Дар замина корҳои тадқиқотии самти мазкур арзёбии тағйирёбии иқлим дар давраи мушоҳидаҳо тавассути асбобҳои метеорологӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд: аз соли 1924 то соли 1990 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар водиҳои ҷануби Тоҷикистон 1,9°С ва дар баландкўҳҳо 0,73°C афзудааст. Ба ҳисоби миёна ҳарорати ҳаво соле ба миқдори 0,039°C боло меравад. Миқдори боришоти солона аз соли 1990 ин ҷониб ба ҳисоби миёна дар ҳамаи шабакаҳои обуҳавосанҷӣ аз меъёри иқлимӣ 18% зиёдтар аст. Ҳамчунин, дарозии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аз 4,2% то 10,7% ва дар гиреҳҳои марказии пиряхҳо 0,9%-2,5% коҳиш ёфтааст. Зимни ин пажўҳишот дар Помири Шарқӣ тағйирёбии назарраси пиряхҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ин натиҷаҳоро ҳангоми пешгўии тағйирот дар захираҳои об ва арзёбии рушди иқтисодӣ истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамчунин, таъсири тағйирёбии бузургиҳои асосии метеорологӣ, аз ҷумла, ҳарорати миёнаи ҳаво ва миқдори боришоти солона ба тавозуни обӣ ва реҷаи гидрологии дарёҳои хурди кўҳӣ, дар мисоли ҳавзаи дарёи Варзоб гузаронида шуд, бо истифода аз системаи иттилоотии географӣ харитаи хусусиятҳои иқлимӣ ва гидрологии минтақаи тадқиқотӣ сохта шуд. Таъсири тағйирёбии иқлим ба тавозуни оби дарёҳое, ки ҳавзаашон ҳам дар ноҳияи кўҳӣ ва ҳам минтақаи ҳамвор воқеъ гардидааст, дар мисоли дарёи Кофарниҳон тадқиқ гардида, зимни пажўҳиш қатори хронологии мушоҳидаҳои асбобӣ ба ду давраи иқлимӣ, ки ҳар кадом 42 сол дорад, ҷудо карда шуд. Хусусиятҳои ҳар қатори хронологӣ ба таври ҷудогона омўхта шуда, барои арзёбии тағйирёбии иқлим хусусияти миёнаи онҳо мавриди муқоиса қарор гирифт. Аз натиҷаҳои бадастомада маълум гардид, ки бузургиҳои метеорологӣ ва гидрологӣ бештар дар давраи дуюми хронологӣ (1970-2010) тағйир ёфтаанд.
Дар самти дигари тадқиқотӣ, ки ба арзёбии ҳолат, таркиби физикию химиявӣ обҳои сатҳӣ ва зеризаминӣ бо истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ марбут аст, тавассути таҷҳизоти нодиру муосир – дастгоҳи таҳлилии лазерии изотопии «Picarro L2110-I», ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад, натиҷаҳои ҷадиду назарраси илмӣ ба даст мешаванд. Зеро гурўҳе аз ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар доираи ҳамкориҳо бо муассисаҳои марбута дар як қатор кишварҳори хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Словакия, Австрия, Британия таҷрибаомўзиҳо гузашта, дониш ва маҳорати хешро дар ин самт хеле сайқал доданд.
Дар ин самт корҳои тадиқотӣ оид ба арзёбии сифати пайдоиш, ташаккул, ҳаракат ва тақсимоти обҳои зеризаминӣ, вақти ба таъхир афтодани онҳо дар қабатҳои обӣ дар минтақаи омўзишӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои изотопҳои устувор ва бузургиҳои физикию химиявӣ гузаронида мешаванд. Зимни яке аз пажўҳишот муайян карда шуд, ки натиҷаи таҳлили изотопҳои устувори δ2Н ва δ18О нишон доданд, ки дарёҳо ва чоҳҳо на танҳо аз боришоти навборида оби сабук мегиранд, балки аз қабатҳои чуқур оби нисбатан куҳнаро низ мегиранд. Мисол, дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел обҳои барф ва боришоти баҳорӣ дар водии Ҳисор то ба чуқурии 45 м мерасанд. Тобистон аз сабаби баланд шудани ҳарорат ва бухоршавии зиёд об дар ҳама чоҳҳо изотопи нисбатан вазнин дорад. Аз ин рў, тибқи натиҷаҳои таҳлили изотопӣ дар тирамоҳу зимистон, тақрибан ҳамаи намунаҳо аз рўйи таркиби изотопӣ якхела мебошанд ва дар изотопҳои вазнин кам мешаванд. Ҳолати мазкур ба сардӣ ва миқдори зиёди боришот вобаста мебошад. Аз намунаҳои дар тадқиқот санҷидашуда оби сабуктарин дар намунаи таркиби изотопии дарёи Кофирниҳон, ки дар баҳор, зимни обшавии пиряхҳо гирифта шуд, ошкор гардид. Ҳамзамон, бо усули полиномҳои маҳаллӣ ва бо истифода аз СИГ интерполятсия гузаронида шуд, ки ҳар кадоми онҳо дар маҳалли муайян бо ҳам мепайвандад.
Дар маҷмўъ, натиҷаҳову комёбиҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар ҳама самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ назаррас буда, айни замон ҳамчун самтҳои ояндадори он вусъат бахшидани корҳои тадқиқотӣ дар самтҳои таҳияи амсилаи консептуалии амнияти обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, омўзиши таъсири гидроэнергетика ва рушди он ба муҳити зист, таҳлили мустаҳками масолеҳи призмаҳои сарбандҳои баланди заминӣ (барои НБО Роғун), таҳлили бехатарии иншооти гидротехникӣ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон, таҳияи назарияи фишурдани конвективӣ-диффузии обҳои зеризаминии шўр дар заминаи сарбанд дар ҷинсҳои ба осонӣ ҳалшаванда (дар мисоли сарбанди баландшиддати НБО Роғун), арзёбии тағйирёбии иқлим дар ташаккули маҷрои дарёҳо дар Тоҷикистон бо истифода аз системаи иттилоотии географӣ ва усулҳои зондкунии фосилавии Замин, мониторинги экологии экосистемаҳои обии Осиёи Марказӣ, омўзиши ҳолати обанборҳо бо истифодаи усулҳои гидрохимиявӣ ва изотопҳо, омўзиши гидроэкологияи дарёҳои Тоҷикистон, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энерия ҳамчун омили коҳиш додани таъсироти иқлим ва рушди устувори экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим муайян карда шудаанд.
Ба ин муваффақияту музаффариятҳо қаноатманд нагашта, ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ таҳти роҳбарии олимони барҷаставу соҳибтаҷриба бо дарназардошти вазифаҳои таъхирнопазири гидроэнергетика, мушкилоти экологӣ, сифати об, тағйирёбии иқлим ва дигар масоили ин соҳот пайваста дар ҷустуҷўи илмӣ-эҷодӣ мебошанд, сиёсати давлату ҳукуматро дар ин самт дастгирию амалан татбиқ менамоянд, дар заминаи пажўҳишоти ҷадиди хеш далелҳои нав пешниҳод мекунанд ва лоиҳаҳои нави байналмилалиро таҳия намуда, илми тоҷикро ба арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Зеро институти мазкур яке аз муассисаҳои илмию тадқиқотие мебошад, ки маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ таъсис ёфта, баҳри ҳалли мушкилоти соҳаҳои захираҳои об, энергетика, экология ва дигар мушкилоти бахшҳои об, иқлим, экология ва рушди устувори Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ
Copyright © 2023 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология. All Rights Reserved.
 
 
 
 
 
 
 
 

 

 

 

МАҚОМИ ЗАН-МОДАР АЗ НИГОҲИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   Мо дар арафаи таҷлили яке аз бузургтарин ҷашнҳои рўи олам – Рўзи Модар қарор дорем. Агар дар бобати бузургии зан-модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гўем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан-модар олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан-модар ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зан-модари зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Гузаштагони хирадманди мо ҳанўз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рўзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурўъ менамуданд».
Дар тамаддуну фарҳанги шашҳазорсолаи мардуми тоҷик зан-модар аҳамияти воло дорад. Дар таърихи миллати мо ҳазорон намунаҳо аз қаҳрамониву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои занони тоҷик сабт шудааст. Занони донишманду шоир, арбобони илму фарҳанг бо осору хидматҳои арзандаашон тамаддуну фарҳанги моро зебу зинат додаанд. Аз ҳама муҳимтар, ҳазорон модарони мушфиқу меҳрубон ба тарбияи насли навраси тоҷик машғуланд. Аз баргузории ҷашнҳо ба ифтихори зан-модар дар тамаддуни ориёӣ нақлу ривоятҳои зиёде боқӣ мондааст. Дар «Авесто» омадааст: «Бигузор, як рӯзи баҳор рӯзи занон бошад».
Бештари ин ҷашнҳо дар ибтидои фарорасии соли нави аҷдодии мо – Наврӯз фаро мерасид. Ин ҷашнҳо аз нимаи дуюми моҳи феврали тақвими ҷории мо оғоз гардида, то ҷашни Наврӯз идома меёфт. Ҳоло ҳам дар байни мардум анъанае бо номи ҷашни сари сол вуҷуд дорад, ки дар оғози моҳи март ё як моҳ қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Дар ҷашни Наврӯз ҳам яке аз ҳамин рӯзҳо, рӯзи панҷуми ҷашн, ки ба рӯзи Исфандормуз мувофиқ меафтад, ҷашни занҳо ҳисоб мешуд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Исфандормузмоҳ, рӯзи панҷуми он «рӯзи Исфандормуз» фариштаи ваколатдор бар замин ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд. То ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (Порт) боқӣ мондааст. Ба форсӣ онро «Муждагирон» мегӯянд». Аз ин бармеояд, ки дар фарҳанги бостонии мо низ рӯзи зан-модар ҷойгоҳи хоса доштааст.
Арҷ гузоштан ба зан, ба модар бо таркибу ибороти «зан-модар мавҷуди муқаддас», «ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд», «шири ҷонбахш», мақоми зан-модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст, ки эътирофи беназир аз шукўҳу азамати модар аст.
Як мақоли хеле машҳур дар забони санскрит вуҷуд дорад: «Мо бо занон зиндагӣ мекунем, мо занонро мепарастем ва ҷаҳон пешрафт мекунад». Дар Чин мегӯянд: «Занҳо нисфи осмони кабудро дар китфҳои худ нигоҳ медоранд».
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагивӯ шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии занони дигар дида метавонем.
Дар замони муосир Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (с.1948) мақому арзиши шахсияти инсонӣ ва баробарии ҳуқуқи марду занро эълон карда, ба ҳуқуқҳои онҳо чунин кафолат додааст: «Марду зане, ки ба синни балоѓат расиданд, ҳақ доранд, бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ издивоч кунанду оила ташкил намоянд. Онҳо барои издивоҷ, дар давраи оиладорӣ ва дар мавриди талоқ баробарҳуқуқанд. Зану мард бояд бо розигӣ ва ихтиёри комили ҳамдигар издивоҷ кунанд. Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият аст, ҳақ дорад, аз пуштибонии ҷомеаю давлат бархурдор бошад».
18 декабри соли 1979 дар роҳи таъмини баробарҳуқуқии зану мард қадами бузург гузошта шуд. Дар ин рўз Маҷмаи Умумии СММ Конвенсия «Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймоли ҳуқуқи зан»-ро қабул кард. Дар конвенсия усулҳо ва тадбирҳое, ки дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар гардидаанд, барои таъмини баробарии ҳуқуқи ҳамаи занон равона карда шудаанд, Баъди ба имзо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон бори аввал дар таърих ҳуқуқи баробарии онҳо бо мардон барои ширкат дар ҳукумат расман эътироф гардида, баробарии ҳуқуқи овоздиҳии занону мардон низ муқаррар гардид.
Тавре Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар иҷлосияи 73-юми СММ қайд кард, дар он ҷое, ки занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона иштирок мекунанд, иқтисод рушд мекунад, субот мустаҳкам мешавад ва некӯаҳволии шаҳрвандон боло меравад. Ин маънои онро дорад, ки дараҷаи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз сатҳи иштироки занон низ вобаста аст.
Мувофиқи маълумоти Институти статистикаи ЮНЕСКО, дар соҳаи илм ва техника дар ҷаҳон чоряки олимон занон мебошанд. Дар Япония 6 %, дар ШМА 27 %, дар Франция 29 %, дар Испания 34 % занон ба муассисаҳои илмӣ роҳбарӣ мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1994), баробарҳуқукии мардон ва занонро бевосита эълон медорад. Ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд. Ҷиҳати соҳиби маълумоти олӣ гардондани бонувон соли 1997 Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки тавассути он 11500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон соҳиби таҳсилоти олии касбӣ шуданд. Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардонии онҳо» (с. 2005), Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва ѓ. баёнгари ѓамхории доимии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мақом ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (с.2022) чунин омадааст: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд».
Ҳамин тавр, таҳлили меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба хулосае меоварад, ки ҷараёни пайдоиш ва рушди ҳар давлат вобаста ба ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Боло бурдани ҳуқуқу озодиҳои зан ба худтакмилёбӣ, худинкишофёбӣ ва баамалбарорории нақши зан дар рушди ҷомеаи мутамаддин мусоидат хоҳад кард.
Ид муборак, бонувони меҳрубон!
Саидумар Раҷабов
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ

ҶОЙГОҲИ ХОСИ МОДАР ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ИНСОН

   Модар – сарчашмаи ҳастӣ аст. Тамоми буду набуди инсон ба он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад. Дар ин маврид гуфта мешавад, ки аввалин мураббии фалсафа ҳам барои инсон модар аст.
Зеро маълумоти аввалинро дар бораи ҳастии беканор ба тифл модар медиҳад.
Чунонки зикр шуд ва ҳамагон инро мушоҳида мекунанд, тифли навзод ин ҷаҳонро аз тариқи суолу ҷавоб дарк мекунад. Модар, воқеан ин рӯҳияии кӯдакро хуб дарк мекунад, ва ба суолҳои ӯ бе дудилагӣ ҷавоб мегардонад. Вале чун кӯдак ба дунёи фарохтар ворид мешавад, манзара каме дигар мешавад: аввал мураббии дабистон ва баъдан муаллим (а)и мактаб ба кӯдак бархурди дигар мекунанд. Баъзе аз ин бархурдҳо созанда, вале дигаре иродатшикананда мебошанд. Илми замони нав собит намудааст, ки парасторон ва устодон бояд кори модарро давом бидҳанд, онҳо набояд рӯҳияи саволдиҳии зиёди кудакро (ки баъзан чолишбарангезанд) саркуб кунанд, балки бояд ба суолҳои ӯ бодиққат гӯш бидиҳанд ва дар пайдо кардани посухи оқилона ӯро роҳнамоӣ кунанд, яъне ба ҳамон тарзе ки то кудак худаш омодаи ҷавоб бишавад ва ба дарки масъалае бирасад. Аз ин ҷост, зарур аст, ки аввал волидайн ва баъдан парасторон ва устодон бояд танҳо ва танҳо нақши роҳнамо ва тасҳилгар (осонсоз)-ро иҷро кунанд. Инчунин набояд аз муҳаббат ва нақши тарбиятии онҳо ғофил буд.
Аз ин ҷост, ки нақши модар дар рушди маҳоратҳои тафаккури кудакон, аз ҷумла тафаккури интиқодӣ ва эҷодӣ бештар аст. Зеро модар барои кудак кӯшиш мекунад, то бидуни ин ки як масъалаи омодашударо ба зеҳни ӯ интиқол диҳад, ба бозсозии дониши кудак, бо истифода аз қувваи ақли худ бипардозад, ҳамчунин тафаккури интиқодии кудакро дар ин ҳолат фаъол созад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муҳаббат ба кудакон ва баровардани ниёзҳои отифии онҳо метавонад пуле миёни кудак ва волидайн ва баъдан ҷомеа эҷод кунад, то онҳо беҳтар битавонанд ба ҳадафҳои тарбиятии худ бирасанд. Барои дарки бештари ин масъала ба таҷрубаи фалсафӣ-тарбиявии Суқрот, файласуфи Юнони қадим муроҷиа бояд кард. Суқрот дар муколамаҳо (диалогҳо)-и худ кори устоди илму фалсафаро ба кори момодоя монанд мекунад, ки барои тавлиди тавли тифли навзод танҳо мусоидат мекунад, зеро зоянда зани дигар аст, ба ӯ танҳо кумаку ёрмандӣ бояд. Дар акси ҳол иродаи зани зоянда барои тавлиди насли минбаъда шикаста мешавад...
Ҷойгоҳи модар дар ояндаи фарзанд бисёр муассир аст. Модар аст, ки метавонад бо офаридани рӯҳияи шикастнопазир аз як фарзанди ноуҳдабаро ва дар ибтидо воқеан ва табиатан кундзеҳн як шахсияти фарҳехта ва бузургеро бисозад. Шояд хонандаи азиз қисса ё достони Эдисон ва модарашро шунида бошед. Ин достон чунин аст: Дар вақти хонандаи мактаб будан Эдисон хатчае оварда ба модараш дод ва гуфт: "Инро аз мактаб доданду гуфтанд, ки танҳо модарат хонад”. Модар ба чашмони пуроб хатчаро ба Эдисон хонд: "Писари шумо нобиға аст. Ин мактаб барои ӯ кифоят намекунад. Аз ин рӯ хоҳишмандем, ӯро ба тарбияи худ гиред."
Солҳо гузаштанду Эдисон воқеан ба нобиғаи аср табдил ёфт. Модараш аз олам гузашт. Рӯзе Эдисон аз хона дар миёни коғазҳо хатчаеро ёфт, ки дар кӯдакияш аз мактаб ба модараш фиристода шуда буд. Бале, ин ҳамон хатчае буд, ки худи Эдисон оварда ба модараш дода буд. Ӯ он варақро кушода, хонду ғайри ихтиёр гиря гулӯгираш, чунки он ҷо чунин навишта шуда буд:
"Писари шумо аҳмақ (яъне аз нигоҳи ақлонӣ комил нест). Мо ба ӯ дигар иҷозаи таҳсил дар ин мактабро намедиҳем."
Эдисон баъд аз гиряи зиёд дар дафтари хотироташ навишт: "Томас Алва Эдисон аҳмақе буд, ки тавассути як модари қаҳрамон ба нобиғаи қарн табдил ёфт!".
Воқеан Эдисон кӣ буд? Томас Алва Эдисон (1847-1931) ихтироъкор ва соҳибкори машхури амрикоист. Ба шумули ихтироъоти ӯ инҳо дохил мешаванд: тавлиди энерҷии барқ, ихтироъи дастгоҳи иртиботи оммавӣ, дастгоҳи сабти садо, ихтироъи хунари филмсозӣ дар кино ва ғ. Ба ин гурӯҳ ихтироъи фонограф, камераи кино ва нусхаҳои аввалини лампаи барқ ва ташкили кори лабратории гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ барои ихтироъот дохил мешаванд, ки имрӯз ҷаҳони муосири саноатӣ бе онҳо кореро карда наметавонад.
Дар ҳақиқат модар як шахсияти бузургест, ки барои инсоният қуваву тавон ва нерӯ мебахшад. Маҳз модар аст, ки тифл тавассути ӯ фикр кардан ва эҷод намуданро меомӯзад. Ҷолиби диққат аст, ки Пешвои миллат дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Зан – модар, офаринандаи ҳаёт, муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад”.
Ин суханон суханони оддӣ нестанд. Ёд дорем, ки ҳангоми яке аз вохӯриҳои худ дар арафаи Рӯзи занону модарон Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз модари азизи худашон ёд карданд ва ҳамзамон манзарае аз айёми наврасии худро ба ёд оварданд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки баъди хатми синфҳои болоии мактаби мутавассита дар дили ман ишқу иродати сахти давом додани таҳсил ва ба даст овардани илму дониши бештар ва касби ихтисос пайдо шуд. Он вақт ин ишқи хондану таҳсил дар донишгоҳ дар дили ман чунон маъво гирифт, ки рӯз ба рӯз қиём мекард. Вале мутаассифона, ин хоҳиши ман аз тарафи атрофиён ба хушӣ истиқбол наёфт. Бисёре аз онҳо таъкид ба он доштанд, ки ман набояд аз назди падару модар, хешу табор ва деҳотиёнам дур равам, балки доимо дар деҳот (колхоз), дар хидмати онҳо қарор дошта бошам. Вале он замон аз миёни ҳамаи ҳозирон овози ширадори модарам баланд шуд: “Рав писарам, дониш бигир, ихтисос бигир, одами баобурӯ шав! Ман ба ту дуои хайр медиҳам!” Ин суханони модар раҳнамои тамоми ҳаёти Президенти ояндаи Тоҷикистон гардиданд.
Ба таври фушурда – ин аст қудрати офаринандагии МОДАР!
Рамазониён А.Б.
корманди илмии Маркази синошиносии ФСҲ и АМИТ

ПАЖӮҲИШИ МАТНИ ҚАДИМ

   Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Семинори байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Кашфи катибаҳои Алмосӣ ва мақоми он дар низоми хатҳои бостонии Осиёи Марказӣ" баргузор шуд.
  Ҳамоиши илмиро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, нақши пажӯҳиши катибаҳои аҳди қадимро дар илми муосир баррасӣ намуд.
Дар ҳамоиш олимони гуногунсоҳа (Бобомулло Бобомуллоев, Шералӣ Хоҷаев, Павел Лурие, Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва дигарон маърӯза карда, масъалаи омӯхтану дастраси аҳолӣ сохтани матнҳои қадимро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Бино бар маълумоти олимон, ҳануз сокини дехаи Шоли шаҳри Хисор Ҳаиталӣ Сангинов хабар дод, ки дар кӯхсор навиштаҷотро дидааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин хабар мо ба ҷустуҷӯи эътимоднокии ин маълумот рафтем. Интизории мо асоснок буд, дар воқеъ, катибаҳои хатти қадима дар рӯйи санг канда шуда буданд.
Санг бо навиштаҷот дар шимолтарин қисми дара дар наздикии шохоби рости дарёи Алмосӣ, дар ҷои кабудизоршудае воқеъ аст, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бо номи Хоҷа Мафраҷ маъруф аст. Ба бостоншиносон муяссар гардид, ки санги дорои навиштаҷот ба кунҷи ҷанубу шарқии иншооти сангии андозааш 120х50м ҳамсоя аст. Дар қисми шимолӣ сеяки майдони дохили иншооти сангиро гӯрхона ишғол мекунад, ки дар он зиёда аз 40 гӯрҳои андозаашон гуногун мавҷуданд. Муҷассама дар баландии 2950 м ҷойгир буда, дар шимол қуллаҳои 4000-4600 метрии қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шарқ ба ғарб тӯл кашидаанд.
Навиштаҳо дар болои кӯҳ нигошта шудаанд. Ба қавли Ҳаиталӣ Сангинов, вақте ки ӯ бори аввал дар ин ҷо буд, навиштаҷот хеле зиёд буд. Мутаассифона, бар асари фаромадани тарма пораҳои дорои навиштаҷот дар поёни кӯҳ афтоданд. Қисми боқимондаи навиштаҷот дар рӯи санги ҳамвор дар се сатр кандакорӣ шудааст, ки дар он 23 ҳарф мавҷуд аст.
Санги дуюми дорои навиштаҷот ёфт шуд, ки дар он матн хеле беҳтар нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷо навиштачот дар се бахш нақш бастааст, ки дар он ҷамъ 36 харфи алоҳида мавчуд аст.
Ба гуфтаи забоншиносон, ки навиштаҳои бостониро мутолиа мекунанд, матни рӯйи санг дар номае нақш бастааст, ки то ҳол ба илм номаълум аст. Қаблан ҳамин навиштаҷот, масалан, дар Дашти Навури Афғонистон сабт шуда буд. Умедворем, ки катибаҳои дар дараи Алмосӣ ёфтшуда ба забоншиносон дар ифшои ин хатти то ҳол номаълум кумак мекунанд ва мо ба маънои аслии матнҳои қадима маълум хоҳем шуд.
Мутаассифона, танҳо як қисми хурди матн то имрӯз боқӣ мондааст.