joomla
free templates joomla

Амрияздон Алимардонов-муҳаққиқи Рӯдакӣ

      3.39.jpg - 117.62 KB

         Доираи фаъолияти илмии донишманди пухтакору меҳнатдӯст, адбиётшинос шодравон устод А.Алимардонов бисёр васеъ ва доманадор буда, аз таълифи мақолаҳою тасвири дастнависҳою таҳияи феҳристҳо то навиштани асарҳои мукаммали адабиётшиносӣ ва таҳияи матнҳои осори нодири адабиёти форс-тоҷикро фаро мегирад. ӯ дар арзи қариб панҷоҳсолаи фаъолияти бобаракати худ доир маъхазшиносӣ, таърихи адабиёти форсу тоҷику робитаҳои адабӣ ва дигар соҳаҳои ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик алоқаманд бештар аз 400 асару мақолаҳо навишта, дар роҳи таҳқиқи таърихи маданияти халқи мо ва ривоҷу равнақи илми маъхазшиносии тоҷик хизмати бузургеро анҷом додааст.

      Донишманди ҳассосу нуктасанҷ ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба омӯзиши рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ даст задааст. Нахустин мақолоти ӯ доир ба ин мавзуъ дар рӯзномаҳои даврагӣ ба табъ расидаанд.

       А. Алимардонов 13 сентябрии соли 1975 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» мақолае бо унвони «Шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ», 25 ноябри соли 1976 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» мақолаи «Шуҳрати оламгир» дар бораи Рӯдакӣ аз нахустин чакидаҳои илмии А.Алимардонов дар риштаи рӯдакишиносӣ масҳуб мебошанд..

      Мақолаи калони А.Алимардонов бо унвони «Устод Айнӣ – нахустин Рӯдакишиноси советии тоҷик, дар маҷаллаи «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» 34(28), с.1979 ба табъ расидааст. А. Алимардонов устод С.Айниро аз ҷумлаи он арбобони муқтадиру соҳибиқболи тамаддуни башарӣ медонад, ки тамоми фаъолияти бошууронаи адабӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати халқи заҳматкаши худ, бедор намудани ҳиссиёти худшиносиву ифтихори миллӣ ва муҳофизату аз нав зинда кардани маданияту адабиёти бисёр ғаниву қадимаи он равона кардааст, меҳисобад[8:71]. Муҳаққиқ дар бораи «Намунаи адабиёти тоҷик» маълумот дода қайд намудаст, ки устод Айнӣ бо вуҷуди ҳангоми мураттаб сохтани «Намунаи адабиёти тоҷик» мавҷуд набудани китобхонаҳои доимӣ, дар ихтиёр надоштани матнҳои саҳеҳу сарчашмаҳои муътабар, маълум набудани як қатор маъхазҳои муҳимми адабӣ ва инчунин мухтасар, сатҳӣ ва ноқису мухталиф будани ахбороти манбаъҳои дар дастдошта дар асоси ҳаматарафа санҷидану муқоиса намудани сарчашмаҳои дастрасбуда доир ба зодгоҳ, куния насиба ва баъзе лаҳзаҳои ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ маълумоти муҳим медиҳад ва аз мероси боқимондаи ӯ намунаҳо меорад. А.Алимардонов дар ҳамин замина хулосаи овардаи худи устод Айниро дар бораи устод Рӯдакӣ овардааст. Устод Айнӣ бо як ҳисси ифтихор Навиштааст: «Ба ҳар ҳол зуҳури устоде мисли Рӯдакӣ аз Мовароуннаҳр боиси ифтихори тоҷикон аст».

     А.Алимардонов дар мақолаи зикргардида менависад, ки «устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро, ки намунаҳои адабиёти ҳазоролаи тоҷикро дар бар мегирад, бо устод Рӯдакӣ оғоз намуда, бо ин васила бори дигар сардафтар ва асосгузори адабиёти форсу тоҷик будани ӯро таъкид кардааст… сабаби бо номи ӯ шуруъ намудани «Намунаи адабиёти тоҷик» чунин изҳори ақида менамояд: «Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гур, Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншо карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида. Бинобар ҳамин номи Рӯдакӣ ба сардафтари «Намунаи адабиёти тоҷик» гузошт».

      С.Айнӣ ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ,-менависад Алимардонов,-ахбороти доир ба Рудакӣ овардаи тазкиранависон ва баҳои ба эҷодиёти ӯ додаи онҳоро аз нуқтаи назари танқидӣ санҷида, то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик ва беасос будани он маълумотҳоро нишон медиҳад. А.Алимардонов навиштааст, ки баъди таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Айнӣ муттасил ба омӯхтани ҳаёт ва ва осори устод Рӯдакӣ мароқ зоҳир сохта, дар як қатор асару мақолаҳои дигари худ низ борҳо дар бораи Одам-уш-шуаро таваққуф менамояд ва ба ин восита дар роҳи муайян намудани зодгоҳ, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва ҷамъоварӣ кардани мероси адабии ӯ аз маъхазҳои гуногун саҳми муносиб мегузорад. Аз ин нуқтаи назар аз миёни корҳои доир ба устод Рудакӣ анҷомдодаи С.Айнӣ, махсусан ду маколаи мустақилу муҳими ӯ: «Устод Рӯдакӣ» ва «Қабри устод Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдак» дорои аҳамияти калон мебошанд.

         А.Алимардонов баъд аз баррасии мақолоти устод С.Айнӣ ба чуни хулоса омадааст, ки фаъолияти муҳаққиқии С.Айнӣ дар роҳи тадқиқи ҳаёт ва мероси боқимондаи устод Рӯдакӣ танҳо ба таълифи ҳамин ду мақола маҳдуд намегардад. ӯ ба ғайр аз ин ду мақолааш дар як қатор тадқиқоту мақолаҳои дигараш (солҳои 928-1948) ба ин ё он муносибат борҳо устод Рӯдакиро ёдоварӣ намуда, мақому мартабаи баланди ӯро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва саҳми бузурги вайро дар ривоҷу равнақи мусиқии халқи тоҷик таъкид менамояд[10:76].

         Новобаста ба он, ки дар фаъолияти илмии устод А.Алимардонов мавзуҳои дигари адабиётшиносӣ ба нақша гарифта шуда буд, ӯ муттасил ба паҳлуҳои гуногуни омӯзиши Рудакӣ ва осори ӯ пажуҳишҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки ин пажуҳишҳо дар мактаби бузурги Рӯдакишиносии тоҷик саҳоифи нав ба нави илмиро кушудаанд. Мо зарур донистем, ки як чанд мақолаи пурарзиши А,Алимардонов маълумот диҳем, то ин ки ин маълумотнома барои омӯзандагони дигари аҳвол ва осори Рӯдакӣ дастуре шуда тавонад. А.Алимардонов дар бораи «Калила ва Димна» тадқиқоти пурарзишеро анҷом додаст ва мо т анҳо дар бораи як мақолааш дар ин мавзуъ маълумот медиҳем.

         А.Алимардонов дар мақолаи «Дар бораи сарчашмаҳои аслии маснавии «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муносибати устод ба он» чунин навиштаанд, ки «Калила ва Димна» аз ҷумлаи он ёдгориҳои барҷастаю пурарзиши адабии мардуми сарзамини Ҳиндустон мебошад, ки ба таърихи адабиёти форс-тоҷик тавассути тарҷума-таҳрир ворид гардида, дар тӯли қарнҳо аз тарафи устодони каломи бадеӣ вобаста ба талаботи замону муҳити зиндагӣ ва сабку салиқаи дилхоҳи давраҳо борҳо ба тариқи назму наср ба риштаи таҳрир кашида шуда, боиси ба вуҷуд омадани як силсила асарҳои манзуму мансури тоза гардидааст». А.Алимардонов дар зимни ин таъкид намудааст, ки аз миёни таҳрирҳо ва ривоятҳои форсӣ-тоҷикии ин шоҳасари бузурги адабиёти ҷаҳонӣ, қадимтаринашон маснавии «Калила ва Димна» -и қофиласолори адабиёти форсизабон -устод Рӯдакӣ (858-941) мебошад, ки то имрӯз тавассути маъхазҳои мухталиф ҳамагӣ 129 ё 150 байти пароканда омада расидааст. А.Алимардонов қайд мекунад, ки дар сурати маҳфуз намондани матни нисбатан пурраи маснавии «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ (12 ҳазор байт) дар сохт ва услуби нигориши асар то чӣ андоза ба матни ривояти насрии «Калила ва Димна»-и Ибни Муқаффаъ наздикӣ доштан ё надоштан ягон фикри қатъӣ баён кадан имконпазир аст. А. Алимардонов навиштааст, ки аксари муҳаққиқон каму беш дар бораи маснавии устод Рӯдакӣ маълумот дода ба сарчашмаҳои пешин такя намудаанд. А. Алимардонв дар асоси омӯхтани сарчашмаҳои нав дар бораи ин маснавӣ кӯшидааст то андозае манбаъҳои муътабари дигареро мариди омӯзиш қарор диҳад ва ба ин восита ихтилофоти дар ин бора дар илми адабиётштшиносӣ ҷойдоштаро то ҳади имкон бартараф созад. А. Алимардонов менависад, ки дар маъхазҳои гуногун оиди «Калила ва Димна» -и устод Рӯдакӣ ду навъи маълумот вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар «Китоби ғуруру ахбори мулук-ил-фурси ва сияриҳим»-и Абулмаолии Насруллоҳ (асри XII), «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (асриXV) ва муқаддимаи нисбатан ба тарҷумаи тоҷикии «Панчоеиёна»-и Ҳиндӣ таълифнамудаи Мустафо Холиқдод Аббосӣ (асри XVI) навиштаанд, ки «Калила ва Димна» бо сайъ ва кӯшиши Абдуллоҳ ибни Муқафффаъ (асри VIII) аз забони паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида шудани он хотиррасон шуда, баъд ба фармони амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ аз ҷониби устод Рӯдакӣ ба порсии дарӣ ба назм дароварда шудааст. Муҳаққиқ сарчашмаҳои мухталифро номбар намуда, чунин менависад, ки дар ҳеҷ як аз сарчашмаҳо дар бораи аз ривояти қадимии паҳлавӣ сарчашма гирифтан ишорае ба назар намерасад. Назари муаррихи машҳур А.А. Семёновро меорад, ки гӯё дар замони сомоноён дар баробари забонҳои расмии давлатии он рӯзгор – порсӣ(тоҷикӣ) ва арабӣ истифода будани забони паҳлавиро аз ҷониби Рӯдакӣ хотиррасон месозад ва бидуни маъхаз фикрашро тасдиқ мекунад.

      Алиев, менависад, -А.Алимардонов, -доир ба манбаи аслии маснавии Рӯдакӣ маълумоти пур аз ихтилофи фикрӣ ва то андозае номафҳум медиҳад. ӯ аз ахбори «Шоҳнома» чунин хулосаи нодуруст мебарорад: «Аз гуфтаи Фирдавсӣ возеҳ мегардад, ки Рӯдакӣ дар вақти навиштани достони «Калила ва Димна» на аз матни тарҷумаи арабии Ибни Муқаффо(?), балки бевосита аз тарҷумаи паҳлавии он истифода бурдааст». Ин иштибоҳи +.Алиевро муҳаққиқ таъкид намуда нуқтаи назари ду Рӯдакишиноси машҳур: С.Нафисӣ ва акдемик А.Мирзоевро қайд намуда, менависад, ки «…муҳаққиқони дақиқиқназару пухтакори замон, ҳаёт ва осори Рӯдакӣ С.Нафисӣ ва А.Мирзоев ки дар асарҳои мукаммалу пурарзиши ба таҳқиқи рӯзгору мероси адабии ӯ бахшидаашон тамоми пажуҳишҳои доир ба ин устоди барҷастаи назми оламшумули форсизабон дар +арбу Шарқ то замони таълифи китобҳояшон анҷом додашударо ҷамъбаст намуда, сарчашмаҳои зиёдеро мавриди истифода қарор додаанд[3]. А.Алимардонов дар ин замина навиштааст, ки дар вақти ба таҳқиқи «Анъанаи «Калила ва Димна»-нависӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик иштиғол варзидан ва барои анҷоми ин кор аз маъхазҳои гуногун фароҳам овардани ахбороти зарурӣ мо аз манбаҳои дигари аз назари муҳаққиқони мазкур дар канормонда як идда маълумоти дигарро дарёфт намудаем, ки онҳо на ин ки тахминҳои илмии ин донишмандонро дар хусуси маъхази «Калила ва Димна» -и устод Рӯдакӣ ва сарчашмаи порчаҳоии ҷудогонаи ашъори он тасдиқ менамояд, балки онҳоро такмил дода, саҳеҳтару пурратар мегардонад».

      А. Алимардонов муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури Муаммариро (таърихи таълифаш 346 ҳ./957-958-и м.) беҳтарин ва қадимтарин намунаи насри тоҷикии то замони мо омадарасида меҳисобад ва онро нисбат ба маъхазҳое, ки даир ба ин мавзуъ мавриди истифодаи С. Нафисӣ ва А. Мирзоев қарор доштанд, қадимтар медонад. Абӯмансури Муаммарӣ дар оғози «Шоҳнома»-и насрӣ, ки бо супориши Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурразоқ ном ҳоким ва сипаҳбуди давраи Сомоноён мураттаб сохта шуда, дар давраҳои минбаъда бо унвони «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» маъруф гардидааст, доир ба беҳтарин ёдгорӣ дар ҷаҳон будани китоб, дар давраҳои гуногун азизу машҳур будани китоби «Калила ва Димна» ва дар бораи аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума карда шудани ин асар таваққуф намуда менависад: «Пас амири саъид Наср бинни Аҳмад ин сухан бишнид, хуш омадаш, дастури хешро-Хоҷа Балъамӣ бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон андарафтод ва ҳар касе даст бад-ӯ андарзаданд. Ва Рӯдакиро фармуд то ба назм овард ва «Калила ва Димна» андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд[3]. А.Алимардонов аз ин ахбороти пурарзишу мухтасари муқаддимаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» сабтгардида чунин натиҷагирӣ намудааст:

1. Китоби «Калила ва Димна»-и машҳур аввалин маротиба дар замони ҳукмронии амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо фармон худи амир аз забони арабӣ ба забони порсӣ(тоҷиккӣ) ба тариқи наср баргардонида мешавад. Дар роҳи амалӣ гардонидани ин амр вазири донишманду адабдӯсти Наср-Абулфазли Балъамӣ (қатлаш дар соли 329 ҳ. /941 м.) роли бузург бозидааст…

2. Шуҳрати зиёди китоби «Калила ва Димна», ки саропо аз панду андарзҳои ҳакимона, суханҳои ҳикматомези ҳаётию дастурҳои муфиди ахлоқӣ саршор будани он ва ба сухани манзум майли бештар доштани табъро ба эътибор гирифта, амир Насри Сомонӣ барои манзум сохтани ин асари панду ҳикмати ҳаётӣ бузургтарин устоди назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро маъмур месозад.

3. Нуқтаи ҷолиби дигар дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури Муаммарӣ зикрёфта он аст, ки амир Наср мехостааст тавассути дар замони ҳукумронии худ манзум сохтани «Калила ва Димна» дар олам ёдгории шоистае боқӣ гузошта, ном ва хотираи некашро зинда гардонад. А.Алимардонов дар ҳамин замина ақидаи шахсии худро чунин тавзеҳ медиҳад, ки агар гуфтаҳои дар боло зикргардида аз як тараф бошад, аз тарафи дигар «Ба фикри мо сабаби асосии дар ин давраи бедории фикрии халқи мо ба манзум сохтани «Калила ва Димна» маъмур намудани чунин устоди барҷастаи сухани порсии дарӣ-Рӯдакӣ дар он будааст, ки амири Сомонӣ мехост дар муқобили назми ниҳоят суфтаю пухташудаи арабӣ ва шоирони номдору маъруфи араб имкониятҳои назми дарӣ ва иқтидору маҳорати баланди суханварии шуарои порсигӯйро ҷилвагар созад.

4. Мувофиқи нишондоди Абӯмансури Муаммарӣ бад аз тарафи устод Рӯдақи ба таври хеле моҳирона ва дилчасп ба назм дароварда шудан шуҳрати китоби «Калила ва Димна» боз ҳам бештар афзуд ва вай андар забони хурду бузург афтод.

А.Алимардонов дар ин мақола тамоми ҷанбаҳои пурраи ин мавзуро баррасӣ намуда дар хулосаи мақолааш менависад, ки агарчи маснавии «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ аз китоби «Калила ва Димна» пештар сарчашма мегирад, вале устоди бузургон мазмунҳои тайёрро ба талаботи маънавии замон ва хулқу одоби халқи худ моҳирона мувофиқ кунонида, бо камоли маҳорат ва устодӣ ба риштаи назм кашидааст.

      А.Алимардонов қайд мекунад, ки амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба назм даровардани китоби «Калила ва Димна»-ро ба устод Рӯдакӣ фармуда, мехостааст, ки ба воситаи аз тарафи ӯ дар замони ҳукмронии худ манзум сохта шудани ин асар дар ҷаҳон номи неке боқӣ гузорад. Ин мақола бисёр ҷанбаҳои нозукеро равшанӣ андохтааст, ки дар тадқиқотҳои муҳаққиқини дигари осори Рӯдакӣ ба назар намерасад.

        Мақолаи дигари А. Алимардонв «Оё устод Рӯдакиро Ҳаким» хонд равост?» мебошад. Ин мақоларо устод А.Алимардонов бо байти Шаҳиди Балхӣ оғоз намудааст, ки чунин аст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш тилви Нубист.

          А.Алимардонов дар мақолааш навиштааст, ки «Дар зимни маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар манобеи адабву таърихӣ як силсила лақабҳою унвонҳои фахрӣ барои таъкиди бузургии мақому мартабаи суханварии устод Рӯдакӣ аз қабили одам-уш-шуаро, султони шоирон, султон-уш-шуаро, шоири саҳбондастгоҳ, сарҳалқаи асотиди муттақадамин, корвонсолори шуаро, соҳибқирони шоирӣ, наводири фалакӣ ва монанди инҳо истифода ва корбаст гардидаанд, ки бештари онҳо хусусияти тавсифӣ, адои эҳтирому эътирофи истеъдоди баланди гуногунҷанбаи ӯро дошта, аз шуҳрати зиёди ашъори нобу пурмуҳтавои ӯ ва саҳми ниҳоят калони вай дар эҷоди такомулу ривоҷу равнақи анвои назми дарӣ шаҳодат медиҳанд. А.Алимардонов дар мақолаи худ дар сабаби рӯ овардан ба ин мавзуъро дар он шарҳ медиҳад, ки баъзе донишмандон доир ба унвони «ҳаким» доштани устод Рӯдакӣ изҳори шубҳа кардаанд. А.Алимардонов навиштаанд, ки ҳатто муҳаққиқи маъруфу никтасанҷ ва бузургтарин Рӯдакишиноси қарни XX Эрон Саъид Нафисӣ нисбат ба устод Рӯдакӣ раво будани корбасти ин унвонро комилан рад мекунад. А.Алимардонов дар мақолааш қайд кардаст, ки дар асоси омӯхтани таърихи илму адаби асрҳои IX-X С.Нафисӣ ҳеҷ як матлаби ба ҳаёту фаъолияти устод Рӯдакӣ марбутбударо аз мадди назари худ дур нагузоштааст. Бо вҷуди ҷой доштани чунин ҳолат таҳқиқи ҳамаҷонибаю бодиққати маълумоти маъхазҳои дарёфтгардида ва осори боқимондаи адибони он айёму худи устод Рӯдакӣ ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин хулосаи Нафисӣ заминаи воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд.

         А.Алимардонов таъкид намудаанд, ки аввалан бояд тазаккур дод ва эътироф ҳам кард, ки бо лақаби «ҳаким» хондани устод Рӯдаки дар тазкираву манбаъҳои дигари дар давраҳои минбаъда таълифёфта низ дучор меояд. А.Алимардонов манбаҳои зиёд монанди «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммад Афзали Сархуш(таълифаш соли 1682м.), «Риёзу-ш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ(таълифаш соли 1161ҳ.-1748м.), «Мироъоти офтобнамо»-и Наввоб Абдурраҳмонхони Деҳлавӣ, «Наштари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ (таълифаш соли 1845-1846м.) устод Рӯдакироо бо лақаби «ҳаким» ёд мекунанд. Муаллифи «Наштари ишқ» ҳатто устод Рӯдакиро аз бузургтарин ҳакимон дар ҳикмат Арасту номидааст. Дигар дар девони ашъори шоири маъруфи нимаи аввали қарни XX-и форс-тоҷик Манучеҳри Домғонӣ (ваф. с. 432ҳ.-1040 м.), ки дар замони наздик ба зиндагии устод Рӯдаки зистааст, почаи шеъре ҷой дорад, ки дар он устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ ва баъзе шоирони дигари қарни X ба унвони «ҳаким» зикр ёфтаанд. Манучеҳрӣ дар ин қасидааш аз шумию бесуботии айёми худ, беқадрии аҳли илму адаб дар он рӯзгор ва касодии бозори шеъру шоирӣ шикоят намуда, замони мусоиду хуб ва суханпарварии Оли Сомонро баҳасрату надомат ёдоварӣ мекунад:

Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,

Бӯшукури Балхиву Бӯлфатҳи Бӯстӣ ҳаказо?!

Гӯ биёеду бубинед ин «шариф айёмро»,

То кунад ҳар к-аз шуморо шоирӣ кардан киро.

         Чунон ки байтҳои 3 ва 5 қасидаи мазкури Манучеҳрӣ далолат менамоянд ва гувоҳӣ медиҳанд, дар қарни X нисбат ба шоирону донишмандони номӣ истифодаи унвони ифтихории «ҳаким» маъмул будааст ва дар ҳамон рӯзгор устоди барҷастаи назм Рудакиро ба ҳамин лақаб сазовор мехондаанд. Устод А.Алимардонов барои исботи пурраи фикраш ба маъруфтарин ва боэътимодтарину ҷомеътарини фарҳангҳои забони форсӣ «Луғатнома»-и Деҳхудо муроҷиат намуда меависад, ки дар радифи доно, фарзона, хирадманд, файласуф, пизишк, донои илму ҳикмат, росткору дурустгуфтор ва устувор ба маънии шоир истифода шудани мафҳуми «ҳаким» ҳам зикр гардидааст. А.Алимардонов баъд аз овардани мисолу далелҳои зиёд аз ашъори ҳамзамонони устод Рӯдакиву баъди он қайд намудааст, ки мутолиаи мероси адабии боқимондаи устод Рудакӣ нишон медиҳад, ки ӯ ба ҷаҳон, моҳияти ҳастӣ, ҳаёти инсон, аҳамияти таҷрибаву дониш дар зиндагӣ оқилонаву ҳакимона менигарад. Ва онҳоро ҳакимона маънидод менамояд. Мероси адабии шоири тавоно ва соҳибистеъдод, менависад А.Алимардонов, саршор аз панду андарз ва ташвиқу тарғиби ахлоқи ҳамида мебошад. Ҳамчунон муаллифи мақола навиштааст, ки «дар ниҳоят, бар асоси далелҳои дар боло зикрёфта метавон ба чунин хулосаи равшану ҳақиқӣ омад, ки нисбат додани унвони «ҳаким» ба устод Рӯдакӣ ин «ихтирои» муаллифони тазкираҳои баъд аз қарни X набуда, балки ҳақиқати маҳз аст ва бо чунин унвон хондани ӯ ҳанӯз аз замони зинда будани вай шуруъ гардидааст. Дурустии ин фикрро дар баробари далелҳои дар фавқ ёдшуда байти зерини марсияе, ки яке аз шоирони асри Х ба муносибати фавти устоди назми форсӣ… гуфтааст, бори дигар тайиду тасдиқ менамояд:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Май бирезад марезад аз вай бӯй.

         Ба ақидаи А.Алимардонов ба унвони «ҳаким» хондан ё нисбат ба устод Рӯдакӣ дар баробари як идда унвонҳои ифтихории дигар истифода бурдани унвони мазкур аз ибтикору ихтирои муаллифони маъхазҳои қарнҳои охир(баъди асри Х) набуда, аз чумлаи унвонҳои ҳақиқию воқеии устоди барҷастаи каломи мавзуни форсии дарӣ будааст, ки корбасту истифодаи он нисбат ба ӯ ҳанӯз аз замони зиндагиаш маъмул гардидааст ва ривоҷ доштааст.

Мақолаи дигари А. Алимардонов «Рудакӣ аз назари донишмандони Ҳинд» мебошад, ки ин мақола соли 1972 дар маҷаллаи «Рӯдакӣ» ба табъ расидаат. Мақола бо байти Кисоии Марвазӣ, аввали асри ХI шуруъ мешавад:

Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,

Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

         Дар ин мақола А. Алимардонов менависад, ки шуҳрати устод Рӯдакӣ ва назми ашъори ӯ на танҳо дар ватани вай-Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла дар сарзамини Ҳиндустон ҳам ба таври васеъ паҳн гардида буд. Муҳаққиқ таъкид кардааст, ки ашъори Рӯдакӣ дар Ҳиндустон, аз асри ХI сар карда мавриди омӯзиш, пайравию татабуъ, ситоиш ва тавсифи аҳли адаб қарор мегирад. Дар нимҷазирми Ҳинд паҳн гардидани осори Рӯдакӣ ва шуҳрат ёфтани ӯ, -менависад А. Алимардонов, -ба воқеоти сиёсии дар асри ХI ва давраҳои минбаъда руй дода, яъне ба воқеоти аз тарафи сулолаҳои исломӣ забт кардашудани сарзамини Ҳинд ва ҳуҷуми хонумонсӯзи урдуҳои муғул ба Осмёи Миёна ва Хуросон сахт алоқаманд аст. Зеро дар натиҷаи ин воқеаҳо дар баробари ҳазорҳо сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бисёр намояндагони илму адаби ин диёр ба қисматҳои шимолии Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, дар он ҷо доираҳои адабиро ташкил медиҳанд.

         Ҳануз дар эҷодиёти чунин намояндагони барҷастаи адабиёти асри ХI-и форс-тоҷик, -навиштааст муҳаққиқ,-Унсурии Балхӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва Манучеҳрии Домғонӣ, ки дар замони ҳукмронии Султон Маҳмуд(998-1030) ва Султон Маъсуди +азнавӣ (1030-1040) ба қисматҳои шимолии Ҳиндустон рафта, дар мавзӯи Ҳинд ва табиату мардумони он ашъори пуробуранге офаридаанд, порчаҳои шеърие ба назар мерасанд, ки дар онҳо табъи баланду дар намудҳои гуногуни шеърӣ устоди беҳамто будани Рудакӣ ва мартабаи бузурги шоирии ӯ сутуда шудааст. А. Алимардонов дар бараи аввалин тазкираи ба забон форсӣ эҷодгардида «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ маълумот дода, таъкид кардааст, ки чун ин тазкира аз ҳама қадимтар ва муътабартар аст ва дар бораи Рӯдакӣ ва осори ӯ маълумоти муҳиме додаст ва минбаъд тамоми сарчашманигорон аз ин сарчашма пурра истифода кардаанд. Муҳаққиқ дар мақолааш таъкид мекунад, ки азбаски Муҳаммад Авфӣ ва дигар шоироне, ки дар боло зикри номи эшон рафтааст, парваришёфтаи муҳити адабии Ҳинд набуда, танҳо ба ин ё он сабаб ба он ҷо рафтаанд, бинобарон дар хусуси суханони дар ҳаққи устод Рудакӣ баёнкардаи онҳо наистода, танҳо дар бораи намояндагони аҳли адаб ва донишмане, ки онҳо тарбияёфтаи муҳити адабии Ҳиндустон мебошанд, таваққуф намуда, ба ин восита дар нимҷазираи Ҳинд то чӣ андоза шуҳрат ёфтани Рудакӣ ва осори ӯро муайян намудааст.

        А. Алимардонов менависад, ки яке аз шоирони намоёни тоҷикзабони Ҳинд, Масъуди Саъди Салмон(1040-1122) мебошад. ӯ дар яке аз қитъаои худ ҳангоми изҳори фазл ва баёни ифтихория ба мартабаи баланди Рӯдакӣ дар шеъру шоирӣ ишора менамояд[1:800].

         Шоири нимаи асри XVI малик-уш-шуарои давраи ҳукмронии Ҷалолуддин Акбар-Абулфайз Файзӣ(1547-1595) дар яке аз қасидаҳои фахрияаш мақому табъи баланди шоирии худро тавсиф намуда, дар зимни он то он айём машҳур будан ва нуфуз доштани ашъори Рӯдакиро қайд мекунад.[2:57]

А. Алимардонов яке аз муҳақикини варзидаи илми маъхазшиносӣ буд ва ӯ мактаби бузурги А. Мирзоевро маҳз дар шинохти сарчашмаҳо гузаштааст. Ин аст, ки дар ҳамин мақолаи муфассалаш дар бораи қариб тамоми сарчашмаҳое, ки дар сарзамини Ҳинд таълиф шудаанд ба таври муфассал маълумоти қиммати илмӣ додааст ва мо дар ин маврид ба таври хронологӣ он сарчашмаҳори меорем ва барои пурра ошно шудан ба муҳтавои тамоми навиштаҳои устод А. Алимардонов руҷуъ шавад ба маҷмӯаи мақолаҳои ӯ, ки то чӣ андоза устод Рӯдакӣ дар Ҳинд шуҳрат ёфтааст.[3:76]

       Муҳаққиқ менависад, ки донишманди намоёни асри XVI Ҳинд Абулфазл бинни Муборак(1551-1603) дар оғози «Иёри дониш»(соли таълифаш 1587), ки таҳрири тозаи «Анвори Суҳайли»-и Хусейн Воизи Кошифӣ мебошад, аз тарафи устод Рӯдакӣ ба назм дароварда шудани «Калила ва Димна»-ро зикр мекунад.

         Муҳаққиқ менависад, ки «Ҳафт иқлим»(асри асари XVI) –и Амин Аҳмади Розӣ тазкираи дувумин аст, ки дар Ҳиндустон навишта шудааст ва маълумоти «Лубоб-ул-албоб»-ро такроран оварда чунин илова намудааст: «…ҳар гоҳ қулфи забонро дари қироат кушудӣ, қудсиёнро қулуб рабурдӣ ва агар ба калиди тиловат даҳонро ба инфитоҳ пайвастӣ, аъло ва адно ва пиру барно шефтаи вай гардидандӣ. Дар охир ба мутрибӣ афтоду ва барбат биомӯхт ва кораш дар навозандагӣ ба ҷойе расид, ки оби дасташ дар мақоми навохт ҳам хоки малол ба бод додӣ ва ҳам оташ дар ҷигари кудурат задӣ»[5:416]. Муҳаққиқ дар зимни нақли тамоми маълумотҳои Амин Аҳмади Розӣ нуқтаи ҷолиби дигари ин тазкираро дар мақолааш оварда, навиштаи муаллифи «Ҳафт иқлим»-ро дар бораи ашъори зиёди Рӯдакӣ ва то замони муаллифи тазкира аз байн рафтани онро айнан аз забон Амин Аҳмади Розӣ меорад: «Бо ин ки шеъри вай, -менависад, Амин Аҳмади Розӣ,-аз ҳад мутаҷовиз буда, аммо дар вақт бинобар ҳукми қиллат аз ёқути афсар ва кибрити аҳмар азизтар аст. Он чи дар сафинаҳо ва тазкираҳо омада ин абёт аст, ки қатрае аз он саҳоб ва ҷузве аз он китоб аст» [5:417].Аз ин ҷо маълум мегардад, -менависад А.Алимардонов,- маҷмӯаҳои ашъори Рӯдакӣ то асри XVI алакай маҳв гардида буданд.

      Сарчашмаи дигаре, ки дар Ҳинд таълиф шудааст А,Алимардонов тазкираи «Калимот-уш-шуаро»-и Сархуш(соли таълифаш 1682), ном бурдааст, ки шарҳи ҳолу намунаи ашъори шоирони аҳди Ҷахонгир то Оламгири Ҳиндустонро дар бар мегирад. Муҳаққиқ аз муқаддимаи Сархуш порчаеро дар мақолааш овардааст, ки дар Ҳинд низ Рӯдакӣ бо лақаби «ҳаким» машҳур будааст. «Пӯшида намонад, - менависад ӯ, -азизоне, ки ба таълиф ва тартиби тазкираи шуаро пардохтаанд, ибтидо аз аҳвол ва ашъори ҳаким Рӯдакӣ сар карда то ба суханварони аҳди хеш расидаанд».

      Тазкиранависи дигари асри XVII, -менависад А.Алимардонов,-Шерхон Лудӣ доир ба баъзе лаҳзаҳои ҳаёти Рӯдакӣ маълумот медиҳад. Масалан дар бораи дар аҳди Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ба манзум сохтани «Калила ва Димна» пардохтан, аз синни 8-солагӣ ба шеъргӯйӣ пардохтан ва дар шеър «маонӣ ва алфози дақиқ» кор фармудани Рӯдакиро таъкид карда, ӯро нахустин шоири соҳибдевон мешумарад.

        Сарчашмаи дигаре, ки дар бораи он А. Алимардонов маълумот додааст, ин тазкираи «Тазкираи Ҳусайнӣ»(соли хатми таълифаш 1749-50) Мир Ҳусейндӯсти Сабҳалӣ мебошад ва доир ба Рӯдакӣ маълумоти кӯтоҳе дарҷ намуда, ӯро «шоири саҳбондастгоҳ» ва «сарҳалқаи асотиди мутақаддамин» меномад ва миқдори ашъорашро «лак байти мубайн» зикр мекунад.

      Ғуломалихони Озод бошад, -навиштааст А.Алимардонов,- Рӯдакиро ба нисбати Самарқандӣ ва бо унвони «Корвонсолори шуаро» ва «Муқаддамат-ул-ҷайши фусаҳо» ёдоварӣ намудадааст.

         Муҳаққиқ дар бораи тазкираи «Миръоти офтобнома»-и Наввоб Абдурраҳмонхони Деҳлавӣ маълумот дода баҳои муаллифи тазкираро ба устод Рӯдакӣ айнан овардааст, ки соҳиби табъи баланд, завқи саршор, зеҳни тоза ва қувваи ҳофизаи фавқулоддаи устод Рӯдакиро тавсиф карда, менависад, ки дар бистсолагӣ «Қуръон»-ро ҳифз дошт, ҳаким буд шоири «шӯх буд ва дар фанни овозхонӣ чун Дрвуд оҳангҳои зебо медонист».

      А. Алимардонов қайд мекунад, ки муаллифи «Наштари ишқ»(соли таълифаш 1817) Ҳусайқулихони Азимободӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ маълумоти нисбатан муфассале дода, исми шоирро Абдуллоҳ ва кунияашро Абӯҷаъфар ва Абулҳасан зикр карда, ӯро «аз ҳозими ҳукамо ва афозили булағо, Хизри ҷодаи суханврон ва ҳодии маслаки маънипарварон, муваҷҷиди тарзи балоғат, мухтарси равиши фасоҳат ва ғавоси маъниёбӣ мешуморад. Муҳаққиқ чунин тазаккур додааст, ки ба ин навъ унвонҳои ниҳоят баланд ёдоварӣ карда шудани Рӯдакӣ, ки мо онҳоро дар дигар маъхазҳо дучор карда натавонистем, аз қоили мақоми бузурги шоирии Рӯдакӣ ва шуҳрати бемисли ашъори ӯ гувоҳӣ медиҳад.

      Ҳусайналихон, -менависад А.Алимардонов,-дар асоси ахбороти баъзе маъхазҳои пештар таълифгардида миқдори ашъори Рӯдакиро сад дафтар ва ё ҳазор ҳазору сесаду бисту ҳашт байт қайд карда мегӯяд: «Ба сабаби тасорифи айёми каломи балоғатнизоми он нозими иқлими суханпарварӣ(яъне Рудакӣ) барбод рафта ва талаф шуда ва он чи боқист ба сабаби дақоиқи маъонӣ ва борикии мазомину мустаҳлиҳот арбоби замонаи ҳол камтар ба навиштану хондани он майл мекунад ва ҳаз бар медорад».

        Сарчашмаи дигари мавриди истифодаи А.Алимардонов қарордошта, «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»(соли таълифаш 1845-46)-и Воҷудалии Муҷмалӣ мебошад, ки доир ба Рӯдакӣ дар ин маъхаз чунин навишта шудааст: «Ҳаким Муҳаммад Абулҳасан Рӯдакии Самарқандӣ муқтадои шоирон буда ва фанни шоириро ба камол расонида, тарҳи қасида ва ғазал аз ӯст. Пойгоҳи зеҳни расои ӯ ба ҳадде буд, ки …ба умри бистсолагӣ ҳофизу ҳоким ва шоиру базлгӯ шуд ва бо ин ҳама фазлу балоғат илҳони довудӣ дошт ва дар илми мусиқӣ ливои устодӣ меафрошт…ва ба васотати фазлу камол ба мартабаи баланду мадориҷи арҷманд ва давлату ҳашмат нашуда».

        А.Алимардонв менависад, ки ба ғайр аз адибону донишмандони дар боло зикр гардида боз як қатор муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ аз қабили Муллосӯфӣ ва Мирзобеки Хокӣ дар «Бутхона»(соли таълифаш 1601-1602), Абдуллатиф Аббоси Гуҷротӣ дар «Хулосат –уш-(соли таълифаш 1612-13), Муҳаммад Бахтовархон дар «Миръот-ул-олам»(асри XVII), Хушгӯ дар «Сафинаи Хушгӯ»(соли таълифаш 1724-1735), Муртазо Ҳусайни Билгромӣ дар «Ҳадиқат-ул-ақолим»(соли таълифаш 1756-57), Қозӣ Муҳаммад Содиқхони Ахтар дар «Офтоби оламтоб»(соли таълифаш 1852-53) маълумот додаанд.

        Бар зимни ин навъ мабаъҳои адабӣ дар нимҷазираи Ҳинду Покистон, -навиштааст А.Алимардонов,- дар тайи қарнҳои мутаадид як силсила фарҳангҳои тафсирии забони форси таълиф ёфтаанд, ки дар онҳо барои шарҳу тавзеҳи як миқдор калимаҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ намунаҳо оварда мешаванд. Ба монанди «Мадору-л-афозил»-и Мавлоно Аллоҳдод Файзӣ (таълифаш соли 1593), «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҷамолиддин Ҳусайни Инҷу(хатми таълифаш соли 1608-1609), «Фарҳанги Рошидӣ»-и Абдуррашиди Татавӣ(таълифаш соли 1653), «Фарҳанги Онандроҷ»-и Муҳаммад Подшоҳ»(таълифаш 1888)ва амсоли онҳо аз ҷумлаи ин навъ луғатҳо мебошанд, ки аҳамияти баъзе онҳо, махсусан «Мадору-л-афозил» дар масъалаи то замони мо нигоҳ доштани абёти ҷудогонаи осори Рӯдакӣ бисёр бузург аст.

       Дар қисми хотимавии мақолааш А.Алимардонов ба чуни хулоса омада навиштааст, ки осори Рӯдакӣ ҳанӯз аз қарни XI, аз вақти ба Ҳиндустон ворид гаштани забон тоҷикӣ ва инкишоф ёфтани адабиёт ба ин забон сар карда, дар ин сарзамин интишор меёбад ва мавриди таваҷҷуҳи омӯзиши аҳли илму адаб ва донишмандони он диёр қарор мегирад. Сарфи назар аз мақому мартабаи тамоми адибону донишмандони давраҳои гуногуни Ҳиндустон, ки ба ин ё он муносибат дар осори худ аз Рӯдакӣ ном бурдаанд, устоди барҷастаи назм будану ба он низоми махсус бахшидан, дар суханпардозию риояти дақоиқи маънӣ нобиғаи аср будан ва дар соҳаи мусиқӣ маҳорати тамом доштани ӯро қайд намудаанд.

       Мақолаи дигари А.Алимардонов «Тарҳи ғазал дар замони Оли Сомон», ки дар китоби «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии тоҷикӣ» соли 1998 ба табъ расидааст муҳаққиқ дар бораи пайдоиши калимаи ғазал», аввалин маротиба дар абёти кадом шоирон истифода бурда шудани ин вожа маълумот дода, қайд намудааст, ки ин ишораҳо дар миёни осори Шаҳиди Балхӣ ва Рудакӣ ашъори нави ғазал, яъне тавсифи ҳусну ҷамоли маҳбуб, эҳсосоти гуворои ишқӣ, сӯзу гудози ошиқ ба забони ширину дилнишин сароидашуда ҷойи ба назар намоёнро ишғол мекарданд ва онҳо дар доираҳои адабии замони Сомониёну +азнавиён интишор ёфта, мавриди таваҷҷуҳи аҳли завқу адаби он замон қарор гирифта буданд. Шиблии Нуъмонӣ ,- менависад А.Алимардонов,- баъди омӯхтани осори адабии қарни X ва мероси боқимондаи Рӯдакӣ чунин изҳори ақида менамояд, ки ғазал дар он замон ҳанӯз шаклу ҳайсияти хос нагирифта буд ва ташбибу насиби қасидаро ифода менамуд.

        Дар ин гузориши мухтасар мо то ҷое, ки имконият дар даст доштем кӯшиш намудем, ки дар бораи тадқиқотҳое, ки устод А.Алимардонов оиди рӯзгор ва осори бузургтарин суханвари шарқ-Султони шоирони ҷаҳон -Абӯабдулло Рӯдакӣ навитаанд, муште аз хирвор ба хонандагону шунавандагони иззатманд ва дӯстдорони Рӯдакиву шеъри оламшумули ӯ пешкаш кунем. Воқеан ҳангоми мутолиаи осори илмии А.Алимардонов кас аз он муттаҳайир мегардад, ки устод дилбастагии аз ҳама бештар ба маъхазҳову сарчашмаҳои адабӣ доштаанд ва доираи ҷустуҷӯии вай дар ҳамин соҳа хеле васеъ буда мутолеаи зиёд доштаанд. Дар ин фиширда на ҳамаи он сарчашмаҳое, ки Алимардонов аз онҳо истифода намудаву онҳоро дар мақолоташ истифода бурдааст номбар шудаанд. Месазад, ки маҷмӯаи мақолоти пурраи А.Алимардонов то ҷашни 80-солагии зодрӯзаш аз тарфи Ааадемия илмҳо ба табъ расад. Осори илмии А.Алимардонов, хусусан мақолаҳои илмии ӯ, як ганҷинаи бебаҳо ва дастурамали илмӣ барои наслҳои ояндаи олимони тоҷик хизмат карда метавонанд. Руҳаш шод бод!

Ходими пешбари илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ,

Саидхоҷа Ализода

 

 

 

 

 

 

 

ПРЕСС-РЕЛИЗ барои намояндагони Васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҳамоиши таърихӣ дар иртибот бо 70 – солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

   Вақти барпошавӣ: 16.06.2021, соати 09:00

   Ҷои баргузорӣ: маҷлисгоҳи АМИТ
  Дар санаи 16-уми апрели соли 1951 Институти таърих тавлид ёфт ва ҳоло аз таъсисёбии он 70 сол сипарӣ шудааст. Ҳамчунин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли равон 70 - сола мешавад. Гузашта аз ин, дастоварди гаронбаҳои кишвари мо, ки истиқлолияти давлатист, ин сол 30 -солагии хешро қайд менамояд. Аз ҳамин хотир, дар санаи 16.06.2021, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи АМИТ ба ин муносибат Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат" баргузор хоҳад шуд.
   Дар ин ҳамоиш президенти АМИТ, ноиби президенти АМИТ, директори Институти мазкур, кормандони илмӣ ва омӯзгорони фанни таърих дар муассисаҳои илмии кишвар маърӯзаҳои илмии хешро барои мубоҳиса ва муколамаи уламо пешниҳод мекунанд. Маърӯзаҳо гуногунмавзӯъ буда, паҳлӯҳои гуногуни илми муосири таърихиро фарогир мебошанд. Чунончи:
"Нақши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар таҳқиқи таърихи муосири Тоҷикистон", "Рушди фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ", "Карон - кашфи замони истиқлолият", "Рушди сиккашиносӣ дар Осиёи Марказӣ" ва амсолашон.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бисёрсоҳавии илмӣ – тадқиқотӣ, ки ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдии таърих, таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, таърихи назарияи санъат ва илмро ба зимма дорад, 16 апрели соли 1951 дар заминаи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (ташкилёбиаш соли 1941) таъсис ёфт. Ин институт соли 1960 ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.
   Дар назди институт Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст, ки дар толорҳои худ бозёфтҳои дар ним асри охир ёфтшударо гирдоварӣ кардааст. Ҳоло дар осорхона ашёҳои нодири аз объектҳои дар ҷаҳон машҳури Саразм, Тахти Сангин, Аҷина-Теппа, димнаи Панҷакент, Шаҳристон, Куркат, Кофирқалъа ва ғайраҳо кашф шуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Осорхонаи дигаре, ки дар назди Институт фаъолият карда истодааст, Осорхонаи мардумшиносӣ мебошад. Ин осорхона соли 1981 таъсис ёфтааст. Дар он арзишҳои таърихии фарҳанги мероси тоҷикон аз замони қадим то замони нав маҳфузанд. Дар таркиби институт 3 пойгоҳ- пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенту Саразм, Тегузак ва Қубодиён амал кард истодаанд. Дар институт китобхонаи илмии ёдгории А.А. Семенов низ фаъолият мекунад, ки он соли 1959 ташкил ёфтааст. Дар соли 2003 аз ҷониби Бойгонии АМИТ ба он фонди шахсии А.А. Семенов ва М.С. Андреев интиқол дода шудаанд. Фонди китобхона аз ҳисоби нашриёти навбатии Институт мунтазам пурра мешавад.
   Дар Институт 1 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи АМИТ, 20 нафар доктори илм, 23 нафар номзади илм ва 20 нафар корманди илмии беунвон фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар Институт 27 аспирант ва 19 магистр таҳсил мекунанд.
   Аз оғози фаъолияти Институт роҳбарии онро академик Семенов А.А. (1951-1958),
академик Раҷабов З.Ш. (1959-1962),
академик Искандаров Б.И. (1962-1988)
академик Масов Р.М. (1988-2015)
профессор Акрамӣ З. И. (2015-2019)
   Аз 5-уми феврали соли 2019 то ин ҷониб роҳбарии Институтро доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Насрулло Каримзода ба душ дорад.
    Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар институт даҳҳо монография таҳия шудааст, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи муҳими таърих бахшида шудаанд. Дар байни онҳо силсилаи иборат аз се китоби академик Р.М.Масов ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи минтақа – тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти халқи тоҷик дар ин раванд бахшида шудааст: «Таърихи табартақсим» (1991); «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри «комилан махфӣ» (1995); «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилят-сия» (2003) ва ниҳоят дар соли 2008 трилогияи асарҳои мазкур – «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» (2008) чоп гардиданд. Дар соли равон пажӯҳишгоҳи мазкур китоби дуҷилдаи "Этногенези халқи тоҷик" - ро бо забони русӣ мунташир сохт, ки дар фазои таърихии ҷомеаи шаҳрвандӣ навгонии илмӣ маҳсуб мешавад.

 

 

 

КУШОДАШАВИИ СЕССИЯИ БАҲОРИИ АКАДЕМИЯИ ХУРД

      Субҳи имрӯз дар таърихи 13-уми июни соли 2021 дар толори мактаби байналмилалии президентӣ 42 - юмин Сессияи баҳории Академияи хурди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

      Дар Сессия мактаббачагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми манотиқи кишвар ҳузур доштанд.

    Сессияро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ кушода эълон карда, зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Академияи хурди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ошкор кардани лаёқатҳои ҷавон бобати ихтирокорӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмии онҳо вазифадор мебошад ва ҳадаф аз он ҷалби мактаббачагон ба илм маҳсуб мешавад. Номбурда аз мактаббачагоне, ки аз вилоятҳо ба пойтахт омадаанд, даъват намуд, ки дар шаҳри Душанбе хуб истироҳат карда, мисли Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Осорхонаи бостоншиносии АМИТ ва дигар ҷойҳои дилнишинро дидан намоянд.

5.36.jpg - 186.16 KB

      Сипас, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра Самӣ ба минбар баромада мактаббачагонро ҷиҳати фаъолияташон дар Академияи хурд яке аз муваффақияти онҳо донист.

       Директори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо сухан намуда, изҳор дошт, ки бо зиёдшавии сафи мактаббачагон минбаъд Сессияҳои Академияи хурдро дар варзишгоҳҳо мегузаронем. Аллбата, ин ҳарфи ҳазлона аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рӯз аз рӯз сафи аъзои Академияи хурди АМИТ меафзояд ва ин нишонаи он аст, ки мактаббачагон ба фаъолияти илмӣ ҷалб мешаванд.

5.37.jpg - 200.42 KB

         То шоми ин рӯз аъзои ҳакамон, ки дар муассисаҳои зертобеи АМИТ фаъолият мекунанд, ғолибони Сессияи баҳориро муайян хоҳанд кард.

        Ба ҳамаи мактаббачагон, ки аъзои фаъоли АХИТ мебошанд, муваффақият хоҳонем...

 

 

 

 

Дастурнависӣ ва забони тоҷикӣ

Возможно, это изображение (1 человек)

Забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз забонҳои қадимтарини бохати дунё

дорои қоидаҳои дастурии устуворе буда, ба ақидаи устод Айнӣ

«грамматикаи сахтҷон»-и он аз давраи оғозин то ба имрӯз меъёру

қоидаҳои худро дар ҳолати устувор нигоҳ дошта омадааст. Дастур дар

забони тоҷикӣ маънои «қоида, қонун, равиш»-ро дошта, аз садаи XIX ба

маънои «грамматика» ба кор рафта аст. Аз рӯи бархе маълумотҳо

аввалин шахсе, ки ин вожаро ба маънои маҷмӯи қоидаҳои забон корбаст

намудааст, Мирзо Ҳабиби Исфаҳонӣ мебошад, ки рисолаи худро дар

бораи сохтор ва сохтмони забони форсӣ «Дастури сухан» (1868)

номгузорӣ намуд.

Ӯ дар Истамбул ин асари худро бо таклид ба дастурнависии аврупоӣ

таҳия намуда, асосан ба пажӯҳиши сарф (морфология) такя намуда,

ҳиссаҳои нутқро ба даҳ гурӯҳ тақсимбандӣ кардааст. Сохтори забон аз се

дастгоҳ вожагонӣ, дастурӣ ва савтӣ иборат аст. Дастгоҳи дастурӣ

баробари дастгоҳи вожагонӣ ва савтӣ аҳамият дорад. Бинобар ин дар

канори вожаҳое, ки фард фаро мегирад, қоидаҳои наҳвии онҳоро ҳам

бояд биёмӯзад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар аксарияти забонҳо ба

дастурнависӣ барои аҳли ҳамон забон камтар аҳамият дода, дертар

таҳия мешуданд. Вале дар кишварҳои ҳамҷавору ҳамсоя бо сабаби

гузориши забони мо ба ин минтақаҳо барои ёдгирии он эҳтимом

доштанд ва ниёз ба дастурнависӣ низ бештар эҳсос мешуд. Бинобар ин

бо вуҷуди китобҳои чун «Ал-муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва дигар

китобҳо, аз ҷумла асарҳо оид ба мантиқ, калом, арӯз ва қофия,

луғатномаҳо ва ғайра, ки дар онҳо нукоте дар бораи дастур зикр

шудааст, аммо таҳияи дастури комили забон замоне оғоз шуд, ки дар

2

Ҳиндустон, Туркияи Усмонӣ, Покистон, Арабистон, Инглистон ва ғ.

чанд қарн пеш китобҳои дастури забони тоҷикӣ навишта шуда буд.

Дастурнависӣ дар ҳар давраи забонӣ сабаби забти дақиқи сурати

наҳвии ҷумла дар ҳамон як давраи муайян мегардад ва дар давраҳои

баъдӣ мавриди истифодаи пажӯҳишгарон қарор мегирад. Забоншиноси

соҳиби забон ҳамон забонеро дар борааш менависад, ки мардумаш сухан

мегӯяд, аммо ӯ бо огоҳӣ аз илми забоншиносӣ онҳоро забт карда

мавриди таҷзияву таҳлил қарор медиҳад.

Дастурнависӣ ҳадафҳои худро дорад. Дастури меъёрӣ дастурест, ки

дар он муаллифон зимни пажӯҳиш ва ҷамъоварии маводи забонӣ кӯшиш

мекунанд, ки ҳангоми тафсири қоидаҳои дастурии забон оид ба қоидаҳои

меъёрӣ ё ғайримеъёрӣ дар асосӣ намунаҳо аз осори насриву назмӣ

масъалагузорӣ намояд.

Асоси забонии қоидаҳои дастурии забон осори насрӣ ба ҳисоб

меравад, зеро дар намунаҳои назмӣ гоҳ-гоҳ берун баромадан аз қоидаҳои

маъмулии забон дида мешавад, ки бар асоси қоидаҳои шеър ё хости худи

шоир сурат гирифта, ба меъёри дастурӣ носозгор мебошанд. Ин

носозгузорӣ боиси тахаллуф дар меъёрҳои забонӣ шуда барои муайян

кардани меъёрҳои мушаххас ва қоидаҳои муайяни дастурӣ мушкилӣ эҷод

мекунад. Бинобар ин дастурҳои меъёрӣ ҳангоми муайян кардани

меъёрҳои забонӣ муаллифон метавонанд қоидаҳои сара ва носара ё

меъёриву ғайримеъёриро бо намунаҳо нишон дода, дар зимни корбурди

меъёрҳои грамматикии бархе аз онҳоро бо исботи дуруст будани онҳо

тарғиб кунад ва баъзе қоидаҳои ғайримеъёриро манъ кунад.

Муаллифони дастурҳои тавсифӣ дар таҳияи дастур пеш аз ҳама ба

сабту нишон додани тамоми қоидахои забонӣ даст зада, онҳоро ба таври

мукаммал дар дастури забон ҷамъоварӣ менамоянд. Онҳо қоидаҳои

меъёрии забонро пеш аз ҳама ба таври воқеӣ (он чӣ дар забон ҳаст)

баррасӣ намуда, қоидаҳоро ба меъёриву ғайримеъёрӣ ва ё пазируфтаниву

3

нопазируфтанӣ ҷудо намекунанд, яъне аз байни ин қоидаҳо ҳаққи

интихоб карданро надоранд.

Дастури омӯзишӣ ё таълимӣ шакли дастуриест, ки барои омӯзиши

забони модарӣ ба хотири афзоиши дониши забонии соҳибзабонон аз

забони модарии худ ё аз худ кардани як забони хориҷӣ таҳия мегардад.

Ин гуна дастурҳо метавонанд гуногунҳадаф буда, бахшҳои алоҳидаи

дастури як забонро дарбар гирифта, ба таври давраӣ (синф ба синф, сол

ба сол) таҳия шаванд. Онҳо ҳадаф ва мақсадҳои таълимӣ дошта, дар онҳо

танҳо қоидаҳои меъёрии пазируфтании забон таълим дода мешаванд.

Аз таърихи дастурнависӣ маълум аст, ки нахустин кӯшиши таҳияи

дастури забон дар Ҳинд (дастури Панинӣ, садаи панҷуми то мелод) сурат

гирифтааст. Дар Аврупо юнониён дар асри сеи то мелод ба ин амал даст

задаанд. Дар Арабистон дар асри VIII мелодӣ ба таҳияи дастури забони

арабӣ даст заданд. Таълифи «Ал-китоб»-и Сибавайҳ ё Себӯя, ки

эронитабор буд, сароғози дастурнависӣ ба забони арабӣ шуд, ки ин

суннат то ба ҳол идома дорад.

Дар забоншиносии тоҷик ба таҳияи дастурҳо нисбатан дертар

пардохтаанд. Яке аз сабабҳои камэътиборӣ ба таҳияи дастурномаҳоро

пажӯҳишгарон дар он мебинанд, ки қоидаҳо ва меъёрҳои дастурии ҳар

забон барои аҳли забон ё соҳибзабонон бештар тағйирнопазир буда,

собит мемонанд. Бинобар ин соҳибзабонон эҳтиёҷе барои тахия ва

тадвини қоидаҳои сарфу наҳви худ намедиданд.Вале замоне, ки як забон

ба кишвару сарзаминҳои дигар интиқол меёфт ва дар ин минтақаҳо

густариш меёфт, зарурати омӯхтани қоидахои дастурии ин забон барои

касоне, ки аҳли ин забон набуданд, пайдо мегардид. Ин ҳолат ба

вазъияти забони тоҷикӣ дар давраи оғозинӣ рушди он сидқ мекунад. Дар

забони мо додани маълумот дар бораи хусусиятҳои сарфиву наҳвии

забон аз овардани баъзе қоидаву меъёрҳои дастурӣ дар китобҳои ба

фалсафаву арузу қофия ва фарҳангнигорӣ бахшидашуда оғоз гардид.

Ҳарчанд мавзӯъҳои асосии ин гуна асарҳо масъалаҳои калому арӯз ва

4

тарзи навишт (иншо) буданд, вале дар лобалои онҳо бобҳо ё бахшҳои

алоҳидае дар бораи сохтори забон, иштиқоқи вожаҳо, решашиносии

онҳо, сабку услуби навишт дида мешуданд. Дар асарҳои Абуалӣ ибни

Сино, Қайси Розӣ, Насируддин Тусӣ ва бисёре аз бузургони илму адаб

дар давраи классикии рушди забони мо афкори забоншиносӣ дарҷ

гардидааст, ки бархе аз онҳоро метавон ба бахши дастур ё қоидаҳои

сарфу наҳви забони тоҷикӣ ихтисос дод.

Асарҳои «Ал-муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва «Меъёр-ул-ашъор»-у

«Асос-ул-иқтибос»-и Насираддини Тусӣ ва чанде аз осори бузургони

илму адаби мо, ки оид ба хусусиятҳои дастурӣ маълумоти муфиде

пешниҳод кардаанд, барои навиштани асарҳои алоҳидае оид ба сохтори

забони тоҷикӣ маводи фаровоне додаанд. Як бахши дигар ва асосие, ки

минбаъд ҳамчун асос барои дастурнависӣ хидмати босазое кардаанд,

фарҳангҳои забони тоҷикӣ ба шакли классикии онҳо мебошанд. Дар

пешгуфторҳои фарҳангҳои тафсирие чун «Муаййид-ул-фузало»-и

Мавлоно Муҳаммад ибни Шайхи Лоди Деҳлавӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-

и Ҷамолиддин Ҳусайни Инҷӯи Шерозӣ, «Бурҳони Қотеъ»-и Муҳаммад

Ҳусейни Халафи Табрези оид ба дастури забон, сарф ва иштиқоқпазирии

калимаҳо маълумоти фаровон оварда шудаанд. Дар ибтидо китобҳои

дастурие барои забони тоҷикӣ ба забони арабӣ пайдо шуданд, ки

намунаи ин гуна асарҳо «Ҳилятил инсон фи ҳулбатул-лисон»-и ибни

Муҳанно (давраи муғулон) мебошад. «Чаҳор гулзор»-и Ҳоҷи Ҳасани

Нисорӣ низ яке аз аввалин дастурҳои забони тоҷикист, ки барои

мубтадиён иншо шудааст.

«Чаҳор гулзор» рисолаи хурди (дастхати он дар ҳаҷми 60 саҳифа аст)

дастури таълимӣ буда, барои навомӯзон (ба таъбири муаллиф

«мубтадиён») навишта шудааст. Аз нигоҳи корбасти қолабҳои наҳвӣ,

ибораороию ҷумлабандиҳо намунаи гӯйиши Мовароуннаҳр аст.

Таълифи ин дастури таълимӣ тақрибан солҳои 1560-1565 сурат

гирифтааст. «Чаҳор гулзор» тавре ки аз номи худи рисола маълум аст,

5

иборат аз чаҳор гулзор буда, ҳар гулзоре фарогири чанд гул мебошад.

Масоили марбути дастури забони тоҷикӣ, асосан дар гулзори аввал

овардап шудааст.

Хоҷа Ҳасани Нисорӣ мувофиқи анъанаи забоншиносии Юнону

Араб тамоми калимаҳоро ба се ҳисса: исму феълу ҳарф ҷудо карда, ҳар

кадомеро таъриф дода, хусусиятҳои хоси онҳоро бо мисолҳо шарҳ

медиҳад (3.315-319) .

Ин асари ҳаҷман хурд роҷеъ ба масоили савтиёти алифбои

арабиасоси тоҷикӣ, ҳаводиси савтӣ, ҳуруфи хоси тоҷикӣ, замонҳои феъл,

калимаҳои ёвар, вазифаҳо ва хелҳои пешоянду пайвандакҳо, санъатҳои

маънавию лафзӣ, дар бораи хусусиятҳои назму наср, қисмҳои назм, арӯз,

маънии каломи шеъру шоирӣ, навъҳои шеър, таркиби шеър, қофия ва

дигарҳо маълумот медиҳад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки асар хусусияти

илмиву таълимӣ дошта, ба услуби илмии таълифот мутааллиқ бошад

ҳам, «…бо забони содаю фасеҳи форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст» ( 5.10).

Асари «Тоҷ-ул-руус ва ғуррат-ун-нуфус»-и Аҳмад ибни Ислоҳи

Қайсарӣ аз Рум шояд яке аз нахустин дастурҳои забон бошад, ки ба

забони тоҷикӣ дар соли 1568 мелодӣ таҳия шудаанд. Китобҳои дастурии

«Минҳоҷ-ут-талаб»-и Муҳаммад ибни Ҳакими Зайнимӣ (дар соли 1599

мелодӣ) дар Чин ва «Усули форсӣ» аз Абдусамади Тоҳири Мултонӣ

(1690) дар Ҳиндро низ метавон ном бурд, ки ҳар ду асар ба забони

тоҷикӣ таҳия шудаанд.

Навиштани асарҳои дастурӣ дар Ҳинд аз ибтидои пайдо шудани

зарурати таҳсил ва омӯзиши забони тоҷикӣ дар ин минтақа пайдо шуда,

аз давраи Искандари Лӯдӣ(асри XIV), ки омӯзиши забони тоҷикиро

барои ҳиндувон расмӣ кард, суръат гирифта, дар давраи Темуриён Ҳинд

вусъати бештар ёфт. Искандари Лудӣ барои ҷалби ҳиндувон ба ибораи

давлатӣ аз онҳо талаб намуд, ки забони тоҷикӣ омӯзанд. Баъди ба забони

давлатӣ эълон гардидани забони тоҷикӣ дар аҳди Акбар (1556-1606) ва

ҳатмӣ гардидани донистани он ниёз ба омӯзиши он пайдо шуда, зимнан

6

эҳтиёҷ ба таълифи дастурҳо барои ин забон низ ба вуҷуд омад. Ин

эҳтиёҷро нахустин бор фарҳангнигорон пай бурданд ва қоидаҳои

дастури забони моро дар муқаддимаи фарҳангҳо зикр намуданд. Бори

нахуст дар муқаддима ва охирсухани фарҳанги «Муаййид-ул-фузало»

(1519) Мавлоно Муҳаммад ибни Шайх Лоди Деҳлавӣ доир ба қоидаҳои

сарфу наҳви забони тоҷикӣ ба пайравӣ аз сарфу наҳви забони арабӣ

маълумот додааст. Чунончи тартибро муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»

(1608-1623) Ҷамолуддин Ҳусайн Инҷуи Шерозӣ дар дувоздаҳ ойин ва

муаллифи «Бурҳони қотеъ» (1652) Муҳаммадҳусайн Халафи Табрезӣ ба

матолибе дастурӣ дар муқаддима идома додаанд. Муаллифи «Фарҳанги

Рашидӣ» (1654) Абдурашид ибни Абдулғафур Ҳусайн Мадании Таттавӣ

дар суханрони асараш, пеш аз баҳси вожаҳо, фасле чанд дар баёни

ҳуруфи муфрад, замир, пасвандҳо, пешвандҳо ва имола навиштааст.

Дастурҳои нисбатан маъруф, ки дар сарзамини Ҳинд таълиф ва ба нашр

расидаанд, аз «Мизони форсӣ ё баъзе қонуноти форсии Ҷамолиддин

Ҳусайни Муштарӣ, «Маҷмаъ-ул-қавонин»-и Амир Асадуллоҳ «Ҷомеъ-улқавид»-и Муҳаммадқулихон, «Қоидаҳои форсӣ» машҳур ба «Ҳафт гул»-и

Камита Прашид, «Кавиди форсӣ»-и Равшаналии Ансорӣ, «Ҷавоҳирот-уттаркиб»-и Сиварам, Бадоеъ-ус-сарф»-и Ковус Хон, «Усули барҷастаи

завобити форсӣ»-и Абдуллоҳи Деҳлавӣ, «Оғози форсӣ»-и Муҳаммади

Абдулҳаким, «Дастури порсиомӯз»-и Убайдуллоҳ ибни Аҳмади

Суҳравардӣ, «Дастури забони форсӣ»-и Ҷамолиддин Аҳмади Раисӣ,

«Наҳҷ-ул-адаб»-и Наҷмуғании Ромчурӣ ва ғайра иборатанд (4.35-37) .

Дастурҳои забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон танҳо ба

забони тоҷикӣ навишта нашудаанд. Дар ин кишвар дастурҳои забони

тоҷикӣ ба забонҳои маъруфи маҳаллӣ чун ҳиндӣ, урду, пашту ва ҳатто

англисӣ низ навишта шудаанд. Биноан баъзе дастурҳо бо шеваи

дастурнигории муосир ва ба пайравӣ аз муҳаққиқони Ғарб нигошта

шудаанд. Аз ин ҷост, ки дар баъзе аз ин китобҳои дастурӣ тақсимоти

калимаҳо беш аз ҳадди маъмулии сетоии забони арабӣ буда, калимаҳои

7

забон ба панҷ ҳиссаи нутқ (исм, замир, сифат, феъл ва анвои феъл), шаш

(исм, сифат, замир, масдар, феъл ва ҳарф), ҳафт (исм, сифат, замир,

масдар, муштақ, феъл, анвои феъл), ҳашт (исм, сифат, замир, феъл, зарф,

ҳарф, атф ва нидо) гурӯҳбандӣ шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷараёни омӯзиши забон ниёз ба нигориши дастури

забон ба миён омад ва барои ғайритоҷикон қоидаҳои дастурии забон ба

хотири омӯзиши осону саҳеҳ таҳия шуданд, ки дар шакли мухтасар дар

китобҳои алоҳида бо номи «Омаднома»-ҳо ё «Омаданнома»-ҳо гирд

омаданд. Сабаби чунин ном гирифтани ин дастурҳо дар он буд, ки

дастурнависони ҳиндӣ барои осон омӯхтани сарфу феълҳои забон

асарҳои худро аз омӯзиши феъл шурӯъ мекарданд ва нахустин феъл ҳам

феълҳои «омадан» буд. Бинобар ин дастурҳои омӯзишии забони тоҷикӣ

дар ин сарзамин «Омаднома» ном гирифтанд.

Қадимтарин дастури забон бо номи «Омаднома» ба қалами Беҷон

Пури Лакҳнавӣ (1716 м.) таалуқ дорад. Аксарияти китобҳои дастурии

забони тоҷикӣ дар Ҳинд ҷанбаи омӯзишиву таълимӣ дошта барои

навомӯзон, донишомӯзон, дабиристонҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо

навишта шудаанд.

Яке аз марказҳои дигари таҳияи дастурҳои забони тоҷикӣ кишвари

Туркия мебошад. Маъмулан дастурҳои забони тоҷикӣ-форсӣ дар ҳамаи

кишварҳои ғайрифорсӣ аз рӯйи эҳтиёҷи аҳолии бумӣ ба забони тоҷикӣ

нигошта мешуданд ва ҷолиб он аст, ки нахустин дастури забони тоҷикӣфорсӣ низ бо номи «Дастури дабирӣ» аз ҷониби Муҳаммади Меҳанӣ дар

кишварҳои Усмонӣ таълиф шудааст. Дар ин кишвар аз ибтидои давлати

усмонӣ забони тоҷикӣ забони расмиву идорӣ буд, то баъдан забони

туркӣ ҷойгузини он гардид. Дар ин кишвар бо тақлид ба дастурҳои

забони арабӣ дар ибтидо ва баъдан бо тақлид ба дастурҳои аврупоӣ

дастурҳои забони тоҷикӣ, ба монанди «Тоҷ-ул-руус ва ғуррат-ул нуфус»

(муаллиф Аҳмад ибни Исҳоқи Қайсарӣ) ба вуҷуд омад. Инчунин

«Рисолаи зиёия» аз Камол Пошозода (1519 м.) дар шарҳи гунаҳои ё-и

8

зоида аст, ки дар охири вожаҳо ва феъҳои тоҷикӣ меояд. Муаллиф дар

пажӯҳиши худ бист гунаи «ё-и зоида»-ро аз осори гуногун дарёфта

таҳлил намуда ва аз осори пешин байтҳое овардааст. Ин асар бештар

хусусияти наҳвӣ дошта, ба дастури забон комилан мутобиқат намекунад,

яъне ҳадафи муаллиф навиштани дастур набуда, нишон додани

хусусиятҳои наҳвии забон дар намунаи таҳлил «ё-и зоида» будааст.

Асари дастури дигар «Ат-туҳфат-ул-ҳодия»-и Муҳаммад ибни Ҳоҷӣ Илёс

(садаи даҳуми ҳиҷрӣ) мебошад, ки барои навомӯзон пешбинӣ шуда

будааст.

Дар кишварҳои араб навиштани китоб дар бораи дастури забони

форсӣ бештар пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал оғоз гардид. Вале ба истиснои

китоби «Ат-туҳфат-ул қудусия фи завобит-ул қавоиди форсия» таълифи

Забидӣ (1724-1784), ки дар 1751 таълиф ёфтааст. Бештари ин китобҳо дар

бораи қавоиди забони форсӣ дар Миср ба дасти устодони забони форсии

донишгоҳҳои ин кишвар навишта шудааст.

Нахустин китоби форсии дастурӣ дар Эрон «Қавоиди сарф ва наҳви

форсӣ» (Табрез 1841) таълифи Мулло Абдукарим ибни Абдулқосим

Ийрвонӣ ва пас аз он «Сарф ва наҳви форсӣ» навиштаи Ҳоҷи Муҳаммад

Каримхони Кирмонӣ (таълиф дар 1854) аст.

Усули китобҳои дастури, ки то пеш аз соли 1864, чи дар Эрон ва чи

дар берун аз он навишта шуда, ҳама баргирифта ва тарҷумаҳо аз

китобҳои сарф ва наҳви арабӣ буданд, ки дар онҳо калимаҳои тоҷикӣ

монанди арабӣ ба се қисм, исм, феъл ва ҳарф тақсим мешуд. Нахустин

касе, ки усул ва қоидаҳои ҷудо аз усули арабӣ барои забони форсӣ ихтиёр

кард ва по аз доираи тарҷума ва тақлид берун ниҳод Мирзо Ҳабиби

Исфаҳонӣ буд. Вай дар китоби худ «Дастури сухан» (Истамбул, 1868 ва

талхиси он бо номи «Дабистони форсӣ» (Истамбул, 1885) барои нахустин

бор пораҳо аз шеваҳои дастурнависии Аврупоро ворид кард ва вожаҳои

форсиро ба даҳ гуна исм, сифат, замир, киноёт, феъл, фаръи феъл, ҳуруф,

мутааллиқоти феъл (ба ҷои қайд), адоват ва асвот тақсим кард.

9

Вай ҳамчунин нахустин касе аст, ки вожаи «дастур»-ро барои

китобҳои қоидаҳои дастурии забони форсӣ баргузид. Абдулазимхон

Қарибӣ Гургонӣ 1966, кори Мирзо Ҳабибро бо навиштани се давраи

дастури забони форсӣ, ки дар донишкадаҳо тадрис мешуд, идома дод.

Вай вожаҳо ба гунаи исм, сифат, киноя, адад, феъл, қайд, ҳарфи изофа,

ҳарфи рабт ва савт бахш кард. Пас аз он бояд аз дастури панҷ устод

Баҳор, Фурӯзонфар ва дигарон ном бурд (Теҳрон, 1950), ки солҳо дар

муассисаҳои таълимӣ тадрис мешуд. Сипас асари муҳим ва бунёдӣ

дастури забони форсии Парвизи Нотили Хонларӣ аст, ки Хонларӣ дар

навиштани он равиши наве баргузид. Вай хурдтарин воҳиди гуфторро

ҷумла хонд ва асоси таҳқиқ қарор дод, сипас онро ба ду қисмат ниҳод ва

гузора, ки ҳар як шомили ҷузъҳои кучактаре аст, тақсим кард ва пас аз

он ба шинохти ҳар як аз ҷузъҳои ҳар қисмат пардохт. Ҳадафи ӯ аз ин

шева тартиби илмӣ ва мантиқии нуқтаҳои дастурӣ буд.

Дар Тоҷикистон навиштани дастурҳои таълимӣ ҳанӯз аз ибтидои

садаи бист бо таъсиси муассисаҳои таълимии сифатан нави даврони

шуравӣ оғоз гардид. Ҳарчанд дар охири давраи ҳукмронии амирони

Бухоро дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои ҷадид таҳия шуданд, ки

хусусиятҳои хоси худро дошта, аз рӯйи барномаҳои муайяни таълимӣ

тартиб дода мешуданд. Барномаи таълимие, ки бахши ибтидоии ин

мактабҳоро фаро мегирифт, шомили чунин фанҳои таълимӣ буданд.

Дар шуъбаи аввал – алифбо, хониш, Ҳафтяк, хат ва имло, азёдкунӣ;

дар шуъбаи дуюм – «Ҳафтяк», дарси хониш, асоси эътиқодоти

мусулмонӣ, суҳбат; дар шуъбаи сеюм – Каломи шариф, ақоиди Ислом,

таърих, ҳисоб, хати имло, азёдкунӣ, суҳбат; дар шуъбаи чорум – Қуръон,

таълими русумоти динӣ, таърихи Ислом, забони арабӣ, ҷуғрофиё, ҳисоб,

иншо, азёдкунӣ ва суҳбат; дар шуъбаи панҷум – Қуръон, фиқҳ, русумоти

динӣ, ҳисоб, ҷуғрофиё, мухтасари табиат, ҳадис суҳбат (6.).

Дар ҳамин давра бо сабки нав дастурҳои таълимии «Роҳбари халқ»

(А. Мунзим), «Тартил-ул-Қуръон », «Таҳзиб-ус-сибиён» (С.Айнӣ) пайдо

10

шуданд, ки барои таълим дар мактабҳои усули нав пешбинӣ шуда

буданд.

Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати Шуравӣ дар сарзамини имрӯзаи

Тоҷикистону Узбекистон нахуст аз ҳама дастурҳои таълимии забони

тоҷикӣ барои муассисаҳои таълимӣ пайдо шуданд, ки зарурати замони

нав буд. Аз ҷумла, «Қоидаҳои забони тоҷикӣ (Сарф ва наҳв)»-и

Абдурауфи Фитрати Бухороӣ (1930), Дастури сарфу наҳвии Саидризо

Ализода, дастурҳои таълимии дигар, ки солҳои 1927-1939 ҳам ба забони

тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ чоп шудаанд. Оҳиста-оҳиста бо сайъу

кушиши пажӯҳишгарони забони тоҷикӣ Расторгуева В.С., Сухарева

О.А., Соколова В.С., Л.Бузургзода, Ниёзмуҳаммедов Б. дар бахшҳои

овошиносӣ ва сарф, наҳви забони тоҷикӣ пажӯҳишҳои илмии замонавӣ

пайдо мешаванд. Ҳамин тариқ, пайдо шудани дастурҳои илмии забони

тоҷикӣ дар солҳои 1941-1942 («Грамматикаи забони тоҷикӣ» муаллифон

Л. Бузургзода ва Б. Ниёзмуҳаммадов, «Фонетикаи забони адабии тоҷик»

Л. Бузургзода (1940), «Фонетика таджикского языка» муаллиф Соколова

В.С. (1949) ва як силсила рисолаҳои дигар роҳро барои таҳияи дастури

мукаммалтари илмии забони тоҷикӣ ҳамвор сохт.

Бояд гуфт, ки дар ибтидои солҳои 50-уми садаи гузашта бо аз чоп

баромадани мақолаи устод С. Айнӣ «Оид ба вазъияти забоншиносии

тоҷик» (1952) дар партави асари И.В. Сталин «Марксизм ва масъалаҳои

забоншиносӣ» (1951) ба ислоҳоту гузаронидани таҷрибаҳо дар

дастурнависии забони тоҷикӣ хотима дода шуда таври устод Айнӣ

менависад: «Ин кор дар амал грамматикаи сахтҷонро бо зӯрӣ (бо

режими аракчеевӣ) кушта партофта, ба ҷои он грамматикаи аз ҷумлаи

вайрони бегона гирифта шударо ба тарзи сунъӣ даровардан буд». (1, 70)

Устод Айнӣ барои исботи фикру ақидаи хеш аз ин асари И. В.

Сталин чунин намуна меорад: «Аммо асосҳои сохти грамматикӣ дар

муддати хеле дурудароз дар як ҳол боқӣ мемонанд, чунки онҳо чунон ки

таърих нишон медиҳад, метавонанд, ки дар зарфи чандин давра бо

11

муваффақият хизмати ҷамъиятро ба ҷо оваранд». (1, 67) Дар ҷои

дигар ба Шавкат Ниёзӣ муроҷиат намуда боз ҳам устувор мондани

сохтори дастурии забонро таъкид менамояд: «Агар Шавкат Ниёзӣ

асари доҳиёнаи рафиқ Сталин – «Марксизм ва масъалаҳои

забоншиносӣ»-ро пухта меомӯхт ва аз он ҷо, аз фонди асосии луғат

ҳам дарозумртар будани грамматикаро ёд мегирифт, ба ин гуна

хатоҳо намеафтод, балки забони халқи тоҷик ва адабиёти классикии

тоҷикро тадқиқ карда, ҳазор сол боз тағйир наёфтани асосҳои

грамматикии забони тоҷикро ба гуфтахои рафиқ Сталин мисол

меовард…». (67-68) Ӯ дар бораи масъалаҳои забоншиносӣ ва

махсусан имлои забони адабӣ чунин ибрози назар кардааст:

«…гурӯҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи

меросҳои адабиаш тамоман инкор карда мехостанд дар асоси

забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав»

грамматикаи аҷибу ғарибе ҳам тартиб диҳанд. Яке аз ин ҳуҷумҳои

«чап» ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли

1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд. Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери

пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо

грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд. (1, 69-70)

Ҳамин тариқ соли 1956 аввалин бор ҷилди якуми китоби дарсии

забони тоҷикӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо номи «Грамматикаи

забони тоҷикӣ» аз чоп баромад. Ин асар аз бахшҳои овошиносиву сарфу

наҳв иборат буда, дар он нахустин бор ба ҷои низоми ҳаштсадонокии

забон низоми шашсадонокӣ ҷорӣ карда шуд. Аслан низоми

ҳаштсадонокӣ низоми вазни шеъри тоҷикиро ба тартиб меовард ва он аз

оғози ташаккули забони тоҷикӣ риоя мегардид. Соли 1973 китоби дарсии

«Забони адабии тоҷик» чоп мегардад. Он соли 1982 бо таҳриру такмил

дар ду ҷилд аз нав нашр шуд. Дар он бори аввал масъалаҳои

овошиносӣ,вожагон, сарф ва наҳви забони тоҷикӣ дар як низоми

муайяни илмиву методӣ баррасӣ карда шудааст.

12

Дастоварди асосии охири солҳои 80-уми садаи ХХ ба нашр

расидани асари ҷамъбастии забоншиносони тоҷик Грамматикаи академӣ

ё дурустараш «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (1985-1989)

мебошад, ки аз ду ҷилд ва се китоб иборат буд.

Ин грамматика давраи рушди дастурнависии забони тоҷикиро дар

замони шӯравӣ ҷамъбаст намуда, мувофиқ бо рӯҳияи замони шӯравӣ ва

бо тақлид ба дастурнависии забони русӣ таҳия шудааст. Дар таҳияи он

мураттибон заҳмати зиёде ба харҷ дода, натиҷаҳои илмии бунёдӣ ба даст

овардаанд. Худи муаллифон оид ба истифода кардани таҷрибаи

забоншиносии рус чунин менависанд: «Грамматикаи тасвирии

нормативии забони русӣ соли 1952-1954 ва грамматикаи нави академии

забони русӣ, ки сазовори мукофоти давлатии СССР гардид, соли 1982

чоп шуд. Муаллифон ва муҳаррирон бозёфтҳои илмии забоншиносони

тоҷик таҷриба ва комёбиҳои илми забоншиносии советиро ба қадри

имкон истифода карданд» (2, 3).

Аз таҳияи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» қариб 35

мегузарад. Дар ин муддат забони тоҷикӣ ва сохтори дастурии он бо

шарофати Истиқлол ба асли худ баргашт. Қоидаву меъёрҳои сунъии

забон, ки мувофиқи талаботи замони шӯравӣ ба дастури забон ворид

шуда буданд, аҳамияти худро гум карда моли таърих гардиданд. Аз

тарафи дигар ин грамматика «Дар асоси материали фаровони забони

адабии ҳозираи тоҷик таълиф ёфтааст» ва вазифаи «Грамматикаи

академӣ» ҳаматарафа шарҳу эзоҳ додани ҳодисаҳои грамматикии забони

адабии ҳозираи тоҷик мебошад.

Бинобар ин зарурати таҳияи дастури нави забони тоҷикӣ талаби

замон аст. Он бояд на танҳо вазъи имрӯзаи дастури забонро тасвир

кунад, балки вобаста ба талаботи замони Истиқлол қоидаҳо ва меъёрҳои

дастуриро аз лиҳози таърихӣ бо нишон додани хусусиятҳои хоси онҳо аз

давраи пайдоиш, такомул, ташаккул ва тағйироти шаклии онҳо то имрӯз

инъикос намояд. Инчунин дар ин муддат дар таркиби истилоҳоти

13

забоншиносӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омада, ҷои истилоҳоти русиву

байналмилалиро, ки ба таври фаровон ба тариқи ҳамгунсозӣ ба забони

мо бор шуда буданд, истилоҳоти аслан тоҷикӣ гирифта истодааст. Танҳо,

ба таври мисол истилоҳҳои фонетика – овошиносӣ, морфология – сарф,

синтаксис – наҳв, суффикс – пасванд, префикс – пешванд, аффиксатсия –

вандпазирӣ, грамматика – дастур, материал – мавод намунаи равшани ба

таври бунёдӣ тағйир ёфтани истилоҳҳои забоншиносӣ мебошад.

Дастури забони тоҷикӣ танҳо фарогири қисмати суннатии дастур –

сарфу наҳв намебошад. Он бояд бахшҳои вожагон, вожашиносӣ,

ибораҳои рехтаи фразеологӣ, матншиносӣ ва шояд таърихи

дастурнависиро фаро гирад. Яъне навиштани дастури ҷомеи забони

тоҷикӣ дар назар дошта шавад, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои

дастурнависӣ бошад.

Хулоса, масъалаҳои баҳсталабу баҳсбарангез дар дастури забони

адабӣ моро водор месозад, ки барои таҷдиди назар ба ин масъалаи бисёр

муҳими забонишиносии тоҷик бикушем. Ин кор танҳо бо таҳияи дастур

аз тарафи як - ё ду муҳаққиқ муайяну ҷамъбаст намешавад. Ҳадди ақал

дар қаламрави забоншиносии тоҷик ин масъала пеш аз ҳама дар байни

худи забоншиносон ҳамчун ихтисосмандони ин ришта баррасӣ шавад.

Масъалаҳое, ки мавриди ғавру баррасӣ қарор мегиранд ба таври умумӣ

ва пешакӣ чунинанд:

1. Ҳамгунсозии истилоҳоти забоншиносӣ. Ин масъала бо бархурди

забоншиносии суннатӣ бо сохторгароӣ ва вуҷуд доштани истилоҳоти

гуногун барои ифодаи як мафҳум ба як масъалаи бисёр муҳиму мубрам

табдил ёфтааст. грамматика – дастур...

2. Масъалаи номгузорӣ ва ҷобаҷогузории ҳиссаҳои нутқ. Дар

масъалаи номгузорӣ ба ақидаи мо дастурнависии тоҷик, ки таҳти

таъсири забоншиносии рус ё сохторгароёнаи рус қарор доштанд,

нисбатан мушаххастар рафтор кардаанд. Масалан, шумора – теъдод,

зарф – қайд ва ғайра. Дар масъалаи ҷобаҷогузории ҳиссаҳои нутқ дар

14

забоншиносии суннатӣ 9 ҳиссаи нутқ (исм, сифат, замир, сифати нисбӣ,

адад (шумора), феъл, қайд (зарф), пешояндҳо, нидо). Дар забоншиносии

тоҷик аз даҳ ҳиссаи нутқ (исм, сифат, шумора, феъл, ҷонишин, зарф,

сифати феълӣ, ҳиссачаҳо, пайвандакҳо, нидо) иборат аст, ки аз

нобасомонӣ дар он хабар медиҳад.

3. Дар дохили худи сарфу наҳви суннатӣ ва сарфу наҳви имрӯзӣ аз

ба кадом бахш дахл доштани баъзе категорияҳои дастурӣ то фарқ дар

шумораи баъзеи онҳо тафовут дида мешавад. Ин тафовутро дар

омӯхтани ибораҳо дар дохили сарф (бо исмҳо якҷоя омӯхтани ибораҳо)

ва ба бахши наҳв дохил намудани онҳо дар дастури сохторгароӣ

мушоҳида менамоем. (7, 35-40)

Ҳамин тариқ, бо сабабҳои гуногун байни мардуми тоҷикзабон

(марзбандиҳои давлативу сиёсӣ, тағйири алифбо, гусастагӣ ва пайдо

шудани ноошноӣ ба дастурҳои суннатӣ, пешравиву тақлид ба назарияҳои

забоншиносии рус ва тақсимбандии дастур (овошиносӣ, маъношиносӣ,

сарф, наҳв) дар асоси ин назарияҳо, таҳияи грамматикаи забони адабии

ҳозираи тоҷик дар асоси забони тоҷикии асри ХХ ва ғ.) дар

дастурнависӣ (на танҳо) тафовуту фарқиятҳо пайдо шудааст. Бинобар ин

зарурати таҳияи «Дастури забони тоҷикӣ» масъалаи мубрами илми

забоншиносии тоҷик гардида, ки дар таҳияи он бояд аз осори фаровони

давраи пешин имрӯз намунагирӣ шуда, табақабандии дастур дар асоси

меъёрҳои илмии санҷидашуда сурат гирифта, таҷрибаи фаровони

дастурнависии суннатӣ бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонии

дастурнависӣ асоси фаъолияти илмӣ гардад.

Назарзода Сайфиддин

 

 

 

 

 

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОБШАВИИ ПИРЯХҲО

  5.35.jpg - 7.95 KB

       Ҳамагон медонанд, ки дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз он дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул шудааст, ки тибқи ин барнома Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт. Барои амалан роҳандозӣ шудани як чунин Барнома 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо мавҷуд аст ва Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқ намудани он дар ҳаҷми 10 миллион дуллор маблағ ҷудо кардааст.

       Ба иттилои баъзе манбаъҳои соҳибнуфӯз аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд ва агар Маркази омӯзиши пиряхҳо фақат аз хотири рафъ намудании обшавии онҳо таъсис ёфта бошад, пас дар тӯли фаъолияти худ чӣ чораҳои заруриро андешидааст? Тибқи баъзе манобеи хабарӣ "Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8 дарсади масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд". Википедия бошад, мавҷудияти 8492 адад пиряхро дар марзи Тоҷикистон эътироф кардааст, ки масоҳати умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

      Яъне обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҳамин маъноро дорост, ки хушксолиҳо ва норасоии оби ошомиданӣ дар ояндаи наздик мушкилии рақами яки башар мегардад. Марказ, ки дар Академияи миллии илмҳо таъсис ёфтааст, даъво дорад, ки 12 ҷилд феҳристи пиряхҳои Тоҷикистонро нашр карда, барои аҳолӣ маълумоти дақиқ пешниҳод мекунад.

      Ба андешаи директори Муассисаи илмии давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов "таҳқиқоти як пирях аз 4 то 5 солро дар бар мегирад". Мавсуф иловатан гуфт, ки пайдоиши пиряхҳои нав аз эҳтимол дур нест.

      Президенти мамлакат вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим дар паёмҳои худ бештар таваққуф мекунанд ва дар яке аз суханронии хеш теъдоди пиряхҳои мамлакатро 13 ҳазор ном бурда буданд ва чанд пешниҳоди дигари муҳим, ба монанди дастгирии ҳамаҷонибаи истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди «сабз» мегузорад, мусоидати ҳамаҷониба намудани кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пурзӯр кардани мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва бо ин мақсад мавриди амал қарор гирифтани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, шомил намудани мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз, расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷонибаи кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ аз зумраи пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон маҳсуб мешавад.