Султон Умаров ва Симпозиуми физикони Тоҷикистон
С. У. Умаров 24 августи соли 1908 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш дар синни хурдсолиаш вафот мекунад, бинобар ин дар ҷамъияти кӯдакон тарбия мегирад. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ дар соли 1923, ӯ ба Самарқанд кӯчид ва дар он ҷо таҳсилро дар Донишкадаи таълимии Ӯзбекистон ва сипас дар факултаи табиӣ-математикаи Академияи Ӯзбекистон идома дода, пас аз соли 1930 яке аз муаллимони он шуд.
ЁДЕ АЗ НЕКМАРДИ БУЗУРГ –ЗИКРИ ХАЙРИ УСТОД

Ӯ некбин буд ва ба пешомади илму тавҳиди миллаташ назари нек дошт. Марди рострав, росткору ростманиш буд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
Мулоқоти ман бо Э. У. Нӯъмонов соли 1970 дар Маскав ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз сурат гирифт. Суханронии ӯ дар он ҷо ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Ӯ дар бораи аҳамияти илму фарҳанг сухан гуфт. Баъдан ман бо ӯ дар шаҳри Исфара, ки он ҷо озмоишҳои таҷрибавию саноатии филизот мегузашт, вохӯрдам. Вай дар масъалаи кимиёи ҳидратҳо сӯҳбат орост, дар бобати зарурати рушди ин соҳа дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ Тоҷикистон изҳори ақида кард ва маро баъди хатми давраи таҳсилоти аспирантура ба Душанбе даъват намуд. Соли 1973 ман дар Пажӯҳишгоҳи кимиё, дар озмоишгоҳи кимиёи маводи холиси фторидӣ ба кор оғоз кардам. Устод Нӯъмонов натиҷаи кори маро маъқул донист ва соли 1974 дар назди мудирияти Пажӯҳишгоҳ гурӯҳи кимиёи ҳидритҳоро созмон дод. Дар он солҳо пайдо кардани ҷои озмоишгоҳ, ҳаллу фасли масоили марбути ҷадвали вазифа ниҳоят душвор буд. Вале ӯ ва муовини мудири Пажӯҳишгоҳ Д. Н. Почоҷонов (ҳоло академик – дабири Шӯъбаи илмҳои физика, риёзиёт, кимиё ва геологияи АИ Тоҷикистон) ба душвориҳои мављуда нигоҳ накарда, гурӯҳи моро бо ҳама гуна маводи зарурӣ таъмин карданд. Дар роҳи мунтазами гузаронидани ҷустуҷӯҳои илмӣ, ба ҳар мартабае, ки расидам, он бо дастгирӣ ва пуштибонии ду нафар докторони кимиё – Т. Н. Димова ва академик Э. У. Нӯъмонов сомон гирифт. Э. У. Нӯъмонов бо дониши амиқу фаррох дар илми кимиё шӯҳрат ёфт. Гумон мекунам, ки яке аз сабабҳои заковати фавқулоддаи ӯ ба ҷуз қобилияти фитрӣ, мунтазам гузаронидани таҷрибаҳои гуногуни кимиёвӣ буданд.
Э. У. Нӯъмонов соли 1946, пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Сталинобод баргашт ва филҳол аз паи итмоми таҳсил гардид, ки ба сабаби оғози ҷанги ҷаҳонӣ – соли 1941 мавқуф гузошта, ихтиёрӣ ба ҷабҳаи ҷанг рафта буд.
Ӯ соли 1947 бо дастгирии дӯсти худ М. Осимӣ Донишкадаи омӯзгории ш. Хуҷандро ғоибона хатм намуд ва дар баробари ин дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кард. Соли 1948 Э. У. Нӯъмонов ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи кимиёи органикии Академияи илмҳои ИҶШС дохил шуд. Дар аспирантура зери роҳбарии академик Баландин ба кор шурӯъ кард, вале соли 1949 Баландин А.А. ҳабс шуд ва озмоишгоҳи ӯро барҳам доданд. Э. У. Нӯъмоновро ба озмоишгоҳи академик Верешагин Л.Ф. даъват намуданд, ки ӯ он ҷо дар хусуси масоили дарёфти мавод зери фишори баланд машғулият дошт. Э. У. Нӯъмонов ҳанӯз дар оғози фаъолияти илмиаш дар соҳаи мухталифи кимиёи органикӣ кор мекард. Ӯ, ки ангеза ва кимиёи таҳлилиро хуб медонист, ба яке аз сохтори мушкили кимиё – дарёфти мавод зери фишори баланд соли 1952 бо мувофиқият рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Бо Эшонқул Усмонович кор кардан осон буд, чунки ӯ ба ҳар кор омода буд, ҳамеша ба принсипи худ устувор мемонд ва худро хушбахт меҳисобид. Устод Нӯъмонов росткор буд. Онҳоеро, ки ба пешрафти илми кимиё халал мерасонданд, дӯст намедошту танқид мекард. Ӯ назария ва амалияи илми кимиёро нағз медонист ва кимиёшиноси ватандӯст буд: ба омӯзиши амиқи таркиби кимиёи ҷойҳои нафтхези Тоҷикистон пардохт ва роҳҳои ғайрисӯзишвории истифодаи нафтро нишон дода, адади зиёди ҳаммонандҳои нафтиро таҳлилу таҷзия намуд. Ӯ дар ҳаёт ва дар ҷодаи илму маърифат некбин буд. Ӯ ба насли ҷавони кимиёдоҳҳо эътимоди куллӣ дошт. Бисёр ва то метавонист, ба ҳар кадоми онон дасти ёрӣ дароз мекард. Ӯ мегуфт, ки таърихи илми кимиё дар Тоҷикистон – ин таърихи Пажӯҳишгоҳи кимиёст. Кимиё ҳеҷ гоҳ эътибори худро аз даст нахоҳад дод. Ӯ дар маљлиси муштараки Академияи илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷуръат суханронӣ мекард ва дар суханрониҳои ӯ далел бештар аз фикрронии умумӣ истифода мешуд. Бале, кор бо Э. У. Нӯъмонов бароям на танҳо мактаби одамият, балки беҳтарин мактаби илмӣ низ буд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки дар ҷавонӣ ба ҳар чиз муваффақ шудан мумкин аст, ба қадри вақт бояд бирасем. Эшонқул Усмонович таъкид мекард, ки барои олим падидаи аз ҳама муҳими пурарзиш – шогирдони ӯянд. Тарбияи шогирдони донишманд ва пайравони собитқадам, ки дар ҷодаи илму маърифат аз устоди худ камтар набошанд, ҳадафи асосии ҳар олим бояд бошад. Олим танҳо дар шароити озодии комил, бе ягон маҷбурият, метавонад нумӯъ кунад ва барои олим илова бар ин дорои маданияти мубоҳисаҳои илмию муҳовараҳо будан хеле муҳим мебошад. Ин хислат унсури муҳими пиндору гуфтору рафтор ба ҳисоб меравад. Ин падидаҳо барои ӯ муҳим буданд ва ӯ аз онҳо пайравӣ мекард. Академик Э. У. Нӯъмонов ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки барои ба дараҷаи баланди касбӣ расидани ҳайати кормандон ёрӣ расонад. Ӯ мегуфт: «Дар натиҷаи ба сари кор овардани олимони дурӯғи мо зери пояҳои илм моддаи таркишовари дерамалеро хоҳем гузошт».
Сад афсӯс, ки пас аз чанд рӯзи иҷлосия, 29 ноябри соли 1992 ӯ бо ҷони азизаш падруд гуфт. Э.У.Нӯъмонов имрӯз дар байни мо нест, вале корҳои ӯ солҳо ба мардум манфиат оварду меоварад. Рӯҳаш шод бод!
академик У. Мирсаидов
Ҷумҳурият, 29. 11. 1999
ҶАЛАСАИ УМУМИИ АМИТ
Имрӯз (15.06.2021) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҷлиси умумӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа Раёсат ва узви вобаставу пайвастаи АМИТ иштирок намуданд.
Рӯзномаи ҷаласа аз инҳо иборат буд:

I. Гузориши президенти АМИТ, раиси комиссияи оинномаи Академияи миллии илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба лоиҳаи "Оинномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон";
II. Оид ба қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 17.05.2021, №62 "Дар бораи аз вазифаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникаи АМИТ озод намудани Муъминов Ҳ.Ҳ.;
III. Оид ба қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 17.05.2021, №63 "Дар бораи ба зиммаи директори Институти астрофизикаи АМИТ Қоҳирова Г. И. вогузор намудани иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ноиби президенти АМИТ - раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникаи АМИТ";
IV. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар масъалаи аввал гузориши президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ истиқболи самимӣ ёфта, атрофи он олимони гуногунсоҳа муҳокимаронӣ намуданд.
Дар масъалаҳои дуюму сеюм низ қарорҳои мазкур бо назардошти аксари овозҳо қабул гардид.

Низомномаи клуби "Хонуми ядроӣ"
НИЗОМНОМАИ КЛУБИ «ХОНУМИ ЯДРОӢ» ДАР НАЗДИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОИ ВА РАДИАТСИОНИИ
Тағйирёбии иқлим: назарҳо оид ба сабабҳо (Бахшида ба 5-солагии Созишномаи иқлимии Париж)
Ҳарчанд мушкилоти тағйирёбии иқлим ё гармшавии иқлим масъалаи нисбатан бошад ҳам, вале басо хатарноку ташвишовар аст. Масъалаи мазкур аз охирҳои асри пор мавриди таваҷҷуҳи олимону сиёсатмадорон қарор гирифта, дар тамоми гўшаю канори кураи арз сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ба андешаи қисми аъзами олимон давоми чанд даҳсолаи охир аз ҳисоби рушди саноату зиёдшавии нақлиёт ва дигар воситаҳои замонавии зиндагӣ дар миқёси ҷаҳон партови газҳои гулхонавӣ зиёд гашта, гармии офтобро дар Замин бештар нигоҳ медорад. Аз ин ҷост, ки раванди мазкур боиси нисбатан гармшавии иқлим дар сайёраи Замин гардида, то рафт хатарҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст. Ҳамчунин, боиси зиёдшавӣ ва шиддатнокии офатҳои табиӣ гардида, боришоти шадиди борону жола, обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва камшавии сатҳи дарёҳову кўлҳо метезонад. Гузашта аз ин, раванди гармшавии иқлим дар миқёси ҷаҳонӣ таъсири манфии худро дар шакли пастшавии сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ифлосшавии муҳити зист, саломатии аҳолӣ, хароб гардидани қабати азонии атмосфера (стратосфера), камшавии намудҳои флора ва фауна, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо, вайроншавии роҳу комуникатсияҳо ва ҳоқазо низ мерасонад.
Олимону коршиносони соҳа бар он назаранд, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим масъалаи комплексӣ буда, сабабу омилҳои хеле зиёд дорад. Аз ҷумла, муносибати нодурусти инсон ба табиат, зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва автомобилҳо, ҷангу низоъҳои 200-300 соли охир (махсусан, ҷангҳои асрҳои ХIХ-ХХ ва низоъҳои бистсолаи асри ХХI, ки дар онҳо аслиҳа ва техникаҳои оташфишони зиёде истифода гардид), оташфишонии вулқонҳо, сўхтори ҷангалзорҳо, раванди биёбоншавӣ ва ҳоказо сабабу омилҳое мебошанд, тағйирёбии иқлимро метезонанд. Нигоҳи олимон ба раванди гармшавии иқлим гуногуну доманадор буда, гурўҳе бар он назаранд, ки тағйирёбии иқлим сабаби афзудани ҳарорат аст ё ин ҷараёни таҳаввулот (эволютсия)-и сайёраи Замин ба охир нарасидаасту давом давом дорад. Гурўҳи дигари олимон ақида доранд, ки гармшавии иқлими сайёра ба вайроншавии таркиби атмосфера вобаста мебошад. Ақидаи дуюмро аксар коршиносон дуруст ва ба ҳақиқат наздик арзёбӣ мекунанд. Зеро мушоҳидаҳо ва далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми гази метан танҳо аз оғози давраи инқилоби илмӣ-техникӣ то ба имрўз аз 31% то 149% афзудааст.
Маҳз неругоҳҳои барқии ангиштӣ, нақлиёту корхонаҳои саноатӣ ифлоскунандагони асосии атмосфера буда, соле 22 млрд тонна гази турш ва дигар газҳоро хориҷ менамоянд. Танҳо дар давоми беш аз 250 соли охир миқдори гази карбон 367 млн тонна афзудааст. Аз ҳисоби заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ, сўзиши ангишт бошад, соле 250 млн тонна метан ҳосил мешавад. Истифодаи газ, нефт, ангишт ва ҷангал низ таъсири зиёди манфӣ ба таркиби атмосфера ва гармшавии ҳарорати ҳаво дорад. Мувофиқи пешгўйии олимон баландшавии ҳарорат дар 100 соли охир ба 10°С афзуда, дар миёнаҳои асри ХХI аз 1,1°С то 6,4°С зиёд хоҳад шуд. Болоравии ҳарорат ҳатто ба миқдори 1°С метавонад боиси обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва зери об мондани як қатор кишварҳои соҳилӣ гардад. Бар замми ин, мувофиқи мушоҳидаҳои уқёнусшиносон ҳар соле оби уқёнуси ҷаҳонӣ то 3 мм баланд шуда истодааст.
Аз ин ҷост, ки мушкилоти мазкур тамоми давлатҳои соҳилиро ба ташвиш овардааст ва дар айни замон ҳукуматҳои қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи гармшавии глобалии ҳарорати ҳаво таваҷҷуҳ доранд. Онҳо ҳамасола барои ҳали ин мушкилот маблағҳои муайян хароҷот кунанд ҳам, вале на ҳамаи олимон ҷонибдори назарияи гармшавии глобалии ҳаво мебошанд. Бархе аз олимон бар онанд, ки нисбатан гармшавии ҳаво дар чанд даҳсолаи охир аз фаъолияти инсон вобаста набуда, раванди тағйирбии иқлим хусусияти даврӣ ё такроршавӣ дорад ва ин ҳолат як давраи навбатии гармшавии он аст ва дар ояндаи наздик боз ҳарорати ҳаво метавонад паст шавад. Онҳо ба ин ақидаанд, ки дар тўли таърихи мавҷудияти сайёраи Замин чунин гармшавӣ ва сардшавии ҳарорати ҳаво борҳо такрор шудааст ва гармшавии имрўза ҳам дар доираи ин қонунмандии табиат мебошад. Дар мавриди ин ки гармшавии кунунии ҳарорати ҳаво натиҷаи фаъолияти инсон аст ва агар тадбирҳои зарурии кам кардани партови газҳои гулхонаӣ андешида нашавад, моро фоҷеа интизор аст, наметавон хулосаи амиқ баровард.
Ҳарчанд бовар кардану эътимод бастан ба ин назарҳои муқобил ҳар инсонро ба бунбаст мебарад, вале дақиқ аст, ки фаъолияти инсон ба тозагии муҳити зист зарари ҷиддӣ мерасонад ва аксари намудҳои набототу ҳайвонот бебозгашт нобуд кардааст. Бинобар ин, дарсгирии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки дар доираи мубориза бо гармшавии ҳарорати глобалии ҳаво татбиқ карда мешаванд, кори саривақтӣ ва амали зарурӣ мебошад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби командони Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳия гардидааст, идомаи мантиқии мубориза бо гармшавии глобалии ҳаво ва мутобиқшавӣ ба тақйирёбии иқлим мебошад. Мақсади асосии ин Стратегия ҷамъоварии маълумот ва омода сохтани барномаҳои мушаххас барои дарёфти маблағ аз фондҳои байналмиллалӣ ва инчунин, сарфи онҳо барои мутобиқшавии минтақаҳои осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин барномаҳоро якчанд фондҳо, аз ҷумла, Фонди иқлими сабз, Фонди тағйирёбии иқлим, Фонди экологии глобалӣ ва Фонди махсус оид ба мубориза ба тағйирёбии иқлим маблағгузорӣ мекунанд. Вале рақобат дар миқёси ҷаҳон барои дастрасӣ ба маблағҳо аз ин сарчашмаҳо хеле шадид аст ва ҳар дархост бояд асоснок бошад, вагарна наметавонад ба маблағҳо дастрасӣ дошта бошад. Дар ҳар як лоиҳа бояд саҳми давлат ҳам бошад ва бе саҳмгузории давлат ягон лоиҳа аз ҷониби ин фондҳо маблағгузорӣ намешавад.
Маълум аст, ки кишвари мо дар ин барномаҳо наметавонад маблағгузор бошад, аммо метавонад дар татбиқи ин барномаҳо фаъолона иштирок намояд. Зеро дарёҳои Тоҷикистон сарчашмаҳои асосии таъминкунандаи оби минтақа буда, тозаву беолоиш нигаҳ доштани оби онҳо маблағу вақти зиёдеро талаб мекунад. Бо тайёр кардани лоиҳаҳои асоснок ва пешниҳод кардани онҳо ба фондҳои фавқуззикр метавон маблағ ба даст овард ва онро барои ҳафзи тозагии оби дарёҳо ва ҳифзи амнияти аҳолии дар минтақаҳои осебпазир зиндагидошта сафарбар кард. Новобаста аз он, ки назарияи болоравии ҳарорати ҳаво ва ба фоҷеа оварда расонидани он дуруст аст ё не, аз фондҳои мавҷудаи мубориза бо он, метавон барои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон истифода кард ва мушкилоти мавҷударо бартараф кард.
Қатъномаи ахиран қабулшуда дар СММ дар бораи эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, имконияти ҷадидеро барои пурзўр кардани фаъолият барои ҳифзи муҳити зист на танҳо дар Тоҷикистон, балки кураи арз ба миён овард. Зеро яке аз мақсадҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нигаҳдории сифату тозагии манобеи обӣ дар саросари ҷаҳон бо баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ, дастрас намудани иттилоърасонӣ дар мавриди амалҳо барои ҳифзи манобеи обӣ ва дигар амалҳо барои истифодаи дурусти манбаъҳои обии ҷаҳон мебошад. Ҳамин аст, ки ба қатъномаи мазкур 177 кишвари дунё шомил шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон мушкилоти обрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар кишвари мо низ бартараф карда шавад. Ҳамзамон, ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар ин ҷода метавонад боиси нигаҳдории саломатии аҳолӣ гардад ва аҳолии солим метавонад фаъолияти боз ҳам самараноктар дошта бошад ва дар натиҷа, метавон дар ҳама соҳаҳо болоравии назаррас ба даст овард.
Бо назардошти масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзўи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки 12 июни соли 2017 баргузор гардида буд, иброз доштанд: «Оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рў ба тараққии маҳсур ба хушкӣ, дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Кишвари мо бинобар хусусияти ҷуғрофии худ зери таъсири пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим қарор дорад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион сомонӣ хисорот ворид гардида, сабабгори талафоти ҷонӣ ва молӣ низ мегардад». Аз ин рў, вақти он расидааст, ки ташаббусҳои Пешвои маҳбуби миллатро сармақши фаъолияти хеш қарор диҳем ва дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкоронаи ин абармард муттаҳид шавем ва аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, муҳити зистро ҳифз намоем ва дар заминаи он иқтисоди худро тавсеа бахшида, ба зинаҳои болотари зиндагӣ ва фаъолият бирасем.
Номвар ҚУРБОН,
Саломат ДАВЛАТШОЕВ,
номзадҳои илмҳои техникӣ
Бознашр аз рўзномаи «Баҳори Аҷам»-№31 (543), 23.11.2020. - саҳ.5
Мақолаҳои дигар...
- Амрияздон Алимардонов-муҳаққиқи Рӯдакӣ
- ПРЕСС-РЕЛИЗ барои намояндагони Васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҳамоиши таърихӣ дар иртибот бо 70 – солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш
- Дастурнависӣ ва забони тоҷикӣ
- КУШОДАШАВИИ СЕССИЯИ БАҲОРИИ АКАДЕМИЯИ ХУРД

