joomla
free templates joomla

БУҲРОНИ ОИЛАДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

        1.Чаро буҳрон?

     Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз гирифтори буҳрони (кризиси) шидид аст. Ин буҳрони куллӣ ва умумӣ аст. Мо дар ин мақола танҳо дар мисоли оиладорӣ доманаи густурдаи ин буҳронро арзёбӣ менамоем. Оиладорӣ ҷузъи кӯчак, вале хеле муҳими ин буҳрони ҳамагонӣ аст. Решаи ин буҳрони ҷаҳонӣ дар куҷост? Бо як ҷумла бояд гуфт, ки решаи ин буҳрон дар таассуб ва пешрафти техника аст. Барои таассуб ва техника ақлу хирад ва гуманизм аҳамияте надорад. Дақиқтар: Имрӯз ҷаҳонро фанатизми (таассуби) динӣ, нажодӣ ва идеологӣ фаро гирифтааст. Ин таассуб дар гузашта ҳам вуҷуд дошт. Вале роҳҳои амалӣ шуданашон маҳдуд буд. Маҳдуд дар сатҳи як миллат, як давлат ва ё як идеология. Ҳоло вазъияти ҷаҳон дигар шудааст. Таассуб ҳамон таассуб аст, вале бар он даҳшати техникӣ илова гардидааст. Миллатҳое, ки ба ин техника даст доранд, мехоҳанд аз роҳи зӯроварӣ дину фарҳанг ва идеологияву сиёсати худро ба гардани миллату давлатҳои дигар бор кунанд. Омили инсонӣ ҳоло камранг шудааст. Масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ бо зӯри техника ҳал мешаванд. Хатар ин аст, ки соҳибони аслиҳа ва техникаи пешрафтаи муосир мехоҳанд арзишҳои дақёнусӣ (куҳнаи) динӣ, миллӣ ва фарҳангии худро ба гардани дигар мардуми ҷаҳон бо роҳи зӯроварӣ таҳмил намоянд. Ин протсесс (раванд) дар оянда тундтар мешавад.Ин буҳрон, пеш аз ҳама, ба миллатҳои кӯчак ва миёна таҳдид менамояд. Тоҷикистони имрӯза аз ин раванд истисно нест. Таҳлил ва таҳқиқи шохаҳои дигари буҳрони Тоҷикистон кори доираи васеи дигар мутахассисон аст. Мо дар ин мақола танҳо доир ба буҳрони хонаводагӣ, издивоҷи ҷавонон ва ташкили оила суҳбат мекунем. Муаллифи мақола ҷомеашинос аст ва муддатҳо дар рӯзномаҳои «Мард ва Зан» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» доир ба ҳаёти оилавии ҷавонон мавод ба нашр расондааст. Мақолае, ки дар даст доред, давоми фаъолиятҳои пешина аст.

       Чаро маҳз Тоҷикистон?

    Барои он ки кишвари мо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар ҳамсояҳо осебпазиртар аст. Сабаб: 1-Аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ; 2-Бозгашти таассубӣ ба сӯи арзишҳои асримиёнагӣ; 3-Дахолати идеологӣ аз марказҳои қудратҳои ҷаҳонӣ бар зидди манофеъ ва идеологияи нави давлати миллӣ.

        3.Мушкилоти имрӯзаи оиладорӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он

       Нависандаи ин мақола аз вазъи имрӯзаи оиладорӣ дар Тоҷикистон ранҷ мебарад ва ба ояндаи он хушбин нест. Барои ҳамин хостам, ки ба изҳори назар дар ин мавзӯъ, аз кӯмак ва раҳнамоии фарҳангиёни кишвар баҳравар гардам. Феҳрасти мавзӯъҳое, ки мавриди шак ва тардиди ман қорор гирифтаанд, аз ин қабиланд:

    А-Вуҷуди суннат ва анъанаҳои гузаштаи мо бар ин оташи буҳрон доман мезанад. Дар баробари ин тундбоди буҳрон, ба ҷои он ки ҷасоратмандона муқобилият намоем, аксарияти ҷомеаи мо ба мисли шутурмурғ (страус) мехоҳанд сари худро ба зери реги дину хуруфот пинҳон кунанд. Ин роҳи наҷот нест. Ин шикаст ва таслим аст. Худбохтагӣ аст. Боз аз сари нав ба сӯи фаранҷию чодару сатр рӯй овардан, чӣ маънӣ дорад? Дар кишвари мо нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон масҷиди бисёртар сохтаанд. Ва сохтмони масҷидҳо боз ҳам давом дорад. Мехоҳем, ки аз 7-сола то 70- соларо ба сӯи масҷидҳо равона кунем. Баъд чӣ? Ин таҷрибаи нав нест. Зиёда аз 1000 ҳазор сол боз давом дорад. Аз масҷидсозон бояд пурсид, ки баъд ба куҷо мерасем? Пеш аз мо ба куҷо расида буданд? Ин ҳама «иқдомҳо» баҳонаанд.Эътиқод кори виҷдонии ҳар шахс аст. Агар эътиқоди ростин бошад. Даъватҳои имрӯзаи иддае аз рӯҳониёни кишвар фармоишӣ ва ҳадафи сиёсӣ доранд. Дар паси шиори масҷид ва сатр орзуи ташкили давлати исломӣ нуҳуфтааст. Баъди ташкили чунин давлат масҷидҳо боз холӣ мешаванд ва ҷавонон аз онҳо мегурезанд. Ин хулосаи таҷрибаи давлатҳои динии муосир аст…

       Б-Таъсири ҷанги шаҳрвандӣ дар буҳрони оиладорӣ то чӣ андоза аст?

      Тоҷикистон ҳар чӣ дошт , ҳама натиҷаи низоми Шӯравӣ буд. Дар собиқ чунин таҷрибае дар ин диёр вуҷуд надоштааст. Таҷрибаҳои давлатдорӣ ва шариатмадории охирин амирони исломии минтақа–манғитҳоро дар китобҳои таърихӣ хондаем. Як таърихи хиҷолатовар аст, барои мардуми бофарҳанг ва асил…

       Ҷанги шаҳрвандии мо мавҷе буд аз тӯфони уқёнуси сиёсати абарқудратҳои ҷаҳонӣ. Шикасти яке аз ду қутб. Шикасти сотсиализм ва ғалабаи капитализм. Абарқудратҳои имрӯза дину мазҳабро хуш надоранд. Вале аз дин ба мақсади лаҷом задан ба мардуми худ ва халқи ҷаҳон истифода мекунанд. Он чи аз мардум пинҳон медоранд, ин аст, ки то ҳол ақидае, ки ҷои динро гирифта тавонад, надоранд. Агар чунин ақидае медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба дин муроҷиат намекарданд. Ҷустуҷӯи (алтернативаи) дин ҳоло ҳам давом дорад. Сарварони ҷаҳон ба хотири таҷриба, андешаи сохтмони коммунизмро ба миён овардаанд. Вале ҷойи биҳишти диниро гирифта натавонист. Чаро? Барои он ки коммунизм танҳо барои хизмати наслҳои оянда пешбинӣ шуда буд. Ҳақиқати вуҷуди наслҳои оянда шубҳанок менамуд. Яъне: ин наслҳои оянда чӣ вазифа, чӣ мақом ва ё чӣ рисолате доранд ва ё хоҳанд дошт, ки насли ҳозира ҷони худро барои онҳо фидо кунад? Назариётчиёни ҷомеаи коммунистӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳе аз ғуломони насли ҳозира барои ғуломони насли оянда хизмат хоҳанд кард. Албатта, бо сарварии як гурӯҳе аз хоҷагони коммунист. Дар сурате, ки ҳар ду насл маҳкуми марг ва нестии биологӣ мебошанд. Назариётчиён аз ин оқибати кор хаста ва ноумед шудаанд. Чаро ки барои зиндагии абадӣ ва ҷовидона дар оянда барои ҳар як инсони ин наслҳои пай дар пайи созандагони коммунизм, кафолате дода наметавонистанд. Онҳо маҷбур буданд, ки ба саволҳои дину мазҳаб ҷавоб диҳанд. Вале ҷавоб наёфтанд. Дин барои ҳамаи инсонҳо дар он дунё зиндагии абадии ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ ваъда медиҳад. Орзуи ҳамаи мардум ҳам маҳз аз ҳамин иборат аст. Зиндагии ҷовидона дар он дунё бо ҳамин каллаву саллае, ки ҳоло дар Замин дорем. Ва аз ин гузашта бо умри абадии 14-сола ва зебоии шабеҳ ба Юсуф ва Зулайхо.

        Мардум ин афсонаро бо хушӣ қабул мекунанд. Чаро ки орзуи ҳамешагии инсонҳо ҳамин буд ва ҳаст, ки баъди марги ҷисмонӣ бори дигар ба ин зиндагӣ баргардем. Дар гузашта аксари мардум, авом ва бесавод буданд. Ин ақида мақбули ҳамагон мегардид. Ҳамагон масту мағрури ин маводи мухаддир буданд. Ҳоло сатҳи дониш дар тамоми ҷаҳон боло рафтааст. 60 дар сади мардуми ҷаҳон нисбат ба расму русум ва урфу одатҳои мазҳабӣ бепарво шудаанд. Танҳо рӯҳониён ва сиёсатмадорони тамоми ҷаҳон ҳастанд, ки ба хотири манфиатҳои ҳозира ва ояндаи худ, аҳкоми дину мазҳаби худро тарғибу ташвиқ мекунанд. Дар навбати худ, олимону муҳаққиқони Шарқу Ғарби муосир чандин роҳҳои амалии ба абадияти воқеӣ ва ҷисмонӣ расиданро нишон додаанд. Намунаи аз ҳама машҳураш: соли 1979 дар Англия ва соли 1997 дар Амрико ҷисми инсон ва ҳайвон (гӯсфанд)-ро дар «батн»- и лаборатория парвариш дода, зинда гардониданд. Ин гӯсфандро бо номи олими таҷрибагар, Долӣ номиданд. Долӣ 6 сол умр дид. Ин таҷрибаҳо исбот намуданд, ки илму дониши башарӣ, имрӯзҳо чунин қудратро дорад, ки орзуҳои динӣ ва дунявии инсониятро амалӣ гардонад. Чаро ки ҷавҳари ҳамаи динҳо тарс аст. Тарс аз мурдан. Тарс аз саволу ҷавоби Мункар ва Накир. Тарс аз Пули Сирот, Дӯзах, Аъроф, азобҳои дӯзах… Бо барҳам задани марг ҳамаи ин тарсҳо нопадид мегарданд… Ва Мункару Накир ба «истеъфо» мераванд!

      Дар таърихи башар чунин ҷаҳонбиние, ки ба ҳамаи саволҳои дину фалсафаи ҷаҳонӣ ҷавобҳои илмӣ дода бошад, вуҷуд надоштааст. Мардуми дунё ба хуруфоту афсонаҳои динӣ ба дараҷае одат ва бовар кардаанд, ки аз дидан ва шунидани кашфиётҳои илмӣ ба даҳшат меоянд… Вале бояд ҷои тааҷҷуб ҳам набошад… Чаро ки ин хурофотпарастӣ таърихи даҳҳазорсола (10.000) дорад. Муҳаққиқи рус Рудолф Константинович Баландин дар китоби худ бо номи «100 Худои бузург» (100 великих Богов) мегӯяд, ки барои пурра навиштани тарҷимаи ҳоли ҳамаи худоёне, ки дар замини мо гузаштаанд, ҳадди ақал 18 ҷилд китоб навиштан зарурат дорад. Адади ҳамаи худоёнро дар таърих 18 ҳазор медонад (100 великих Богов. Р.К. Баландин. Москва, Издательство «Вече», 2014. 432с.). Қиссаи парастиш ва ибодати худоён, ба ақидаи муаррихони дин, ба чандин миллион сол пеш аз замони мо рост меояд. Ин даҳ ҳазор соли охир аст, ки динҳои бузург ва худоёни бузург ба вуҷуд омада, барои амалӣ гардонидани орзуҳои фантастикии худ ҳамаи миллатҳо ва давлатҳоро ба низои ҳамагонӣ кашида, то имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ «қайсарӣ» мекунанд.

      Дар гузашта намояндагони ин ё он миллату дин империяи ҷаҳонӣ месохтанд, мисли: Конфутсий, Зардушт, Мусо, Исо, Буддо, Кришна, Искандар, Куруш, Темур…Решаи ин империяҳо дин ва миллат буд…Бо таъбири дақиқтар: дин ва миллат дар якҷоягӣ. Яъне: як империя, як дин ва як миллат дар муқобили дигар динҳо ва миллатҳо… Вале оқибат ин империяҳо шикаст мехӯранд. Чаро? Барои он ки дин ҳуруфот асту миллат биология. Ҳар ду аз дониш ва биниши воқеӣ бегона буданд. Ҷомеаро фарҳанг зинда нигоҳ медорад. Чун ба ақлу хирад ва мантиқу андешаи солим такя мекунад. Империяҳои имрӯзаи ҷаҳон чун дар гузашта метафизикаи (ҷаҳонбинии) солими воқеӣ надоранд… Аз ноилоҷӣ аз пайи дину миллат ва идеологияи пӯсидаи асримиёнагӣ мераванд. Чаро ки ин империяҳо аз роҳи ҳиллаву найранги сиёсӣ ба ин мақом расидаанд. Аз ин ҷиҳат ба дину миллати худ вобастаанд. Ба муқобили аҳкоми динии суннатӣ ва урфу одати миллати худ баромада наметавонанд. Пас, маҷбуранд, ки идеологияи империяи ҳудро дар заминаи дини суннатӣ ва анъанаҳои миллии кишвари худ барпо намоянд. Оқибат чунон мешавад, ки ҳоло мо мушоҳида мекунем: Ҳукуматсозӣ не, балки ҳукуматбозӣ. Ин дигарба меъёри бозиҳои сиёсӣ ва геополитикӣ табдил шудааст.

      В-Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон натиҷаи ҳамин фасоди ақидавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва метафизикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯзҳо бештар аз гузашта фош шудааст… ва дар оянда фоштар хоҳад шуд…

4-Таъсири муҳоҷират дар фурупошии оилаҳои ҷавон

        Дар асри XX системаи истеъморӣ зери ниқоби сотсиализм ва коммунизм арзи ҳастӣ кард. Капитализми бениқоб-Амрико дар охири асри XX ба рақиби худ ғолиб омад ва низоми сиёсии Шӯравӣ аз ҳам пошид. Ин фурӯпошӣ ва оқибатҳои он барои кишвари мо ҳам таъсир гузоштанд. Муҳоҷирони меҳнатии мо дар Россия аз ҷониби гурӯҳҳои радикалу мутаассиб ҳамеша мавриди таъқиб ва фишори руҳонӣ ва ҷисмонӣ қарор мегиранд. Аз ҷониби дигар, хурофоту таассуби мазҳабӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ афзоиш меёбад ва ин боиси поён рафтани сатҳи тарбияти миллӣ гардида истодааст. Абарқудратҳои имрӯзаи ҷаҳон танҳо аз вуҷуди ислом изҳори нигаронӣ менамоянд, на аз динҳои дигар. Муҳоҷирони мо ин назокатҳоро эҳсос намекунанд ва ё ба эътибор намегиранд. Аз ҷониби дигар, нашинохтани воқеиятҳои замон, ба назар нагирифтани арзишҳои миллӣ, надонистан ва сарфи назар кардани суннату анъанаҳои мардуми рус ва маҳрумиятҳои фикрию маърифати муҳоҷирони моро дар Руссия ба мушкилот мувоҷеҳ месозад. Маҳдудӣ ва муҳитҳои ҷанги фикрӣ, ақидатӣ ва маданӣ сабаби хало ва вакууми маънавӣ мегардад. Чунин муҳит аз нигоҳи равонӣ инсонро ба сӯи бероҳа равона мекунад. Онҳо ба таври нохудогоҳ ва ба шеваҳои гуногун аз он ҷомеаи барои худ бегона, «қасос» мегиранд. Ба инҳироф рӯй меоранд. Маъмулан, нороҳатӣ аз чунин аъмоли маъмулӣ оғоз мегардад: Майнушӣ, сигоркашӣ, носкашӣ, истеъмоли маводи мухаддир, қиморбозӣ, робитаҳои гуногун бо русапиҳои пиру ҷавон, издивоҷҳо ва ишқварзиҳои муваққатӣ ва мавсимӣ, бо онҳо ташкили оилаи муваққатӣ ба хотири ёфтани хонаи зист, дуздӣ, авбошӣ, ғорат, қатл, ришвадиҳӣ, ришвагирӣ, фиребгирӣ, рӯ овардан ба ҷиноятҳои муташаккил, узвият дар ташкилотҳои экстремистии дохилӣ ва хориҷӣ, масҷидсозӣ ва тарғиби ислом дар кишварҳои масеҳӣ ва садҳо гирифториҳои дигар аз ин қабил, рӯҳияи миллӣ ва анъанавии муҳоҷиронро мешикананд ва эътиқоди онҳоро аз урфу одатҳои аҷдодӣ ва миллӣ ба ҳошия меронанд. Ин аст, ки баъзе муҳоҷирон робитаи худро бо ватани худ қатъ мекунанд. Оилаи ғайритоҷикӣ ташкил намуда, ҳамсари дар Тоҷикистон интизори худро ба воситаи телефони мобилӣ талоқ медиҳанд. Ва ё ба модару падараш фармоиш медиҳанд, ки барои ӯ «арус»-и нав пайдо намоянд. Падару модари қашшоқ ва камбағал аз тарси он ки писарашон кумаки пулиашро ба онҳо қатъ накунад, талабу ҳоҳишҳои ин фарзанди бероҳа ва мунҳарифи худро «таҳаммул намуда», барои ӯ арӯси нав меёбанд. Кӣ медонад, ки он пулҳоро барои арӯси наваш аз чӣ роҳҳое ба даст меоварад? Ин ҳолатро касе контрол карда наметавонад. Мардуми мо дар даврони Шуравӣ расму русуми дузанӣ ва бисёрзаниро «фаромӯш» карда буданд. Зиндагии муҳоҷират аждаҳои хобидаро аз нав бедор кард. Ҳамин одати «нав»-и муҳоҷирони меҳнатии мо: Як зан дар Россия ва як зан дар Тоҷикистон, сабаби асосии фасод дар рӯҳия ва ахлоқи натанҳо худи онҳо, балки сабаби фасод дар урфу одати миллии тамоми сокинони ҷумҳурӣ гардидааст. Фасоде, ки ҳатто давлат ва ташкилотҳои давлатӣ ва худи ҷамъият қодир нестанд, ки онро назорат ва контрол намоянд. Ин аст таъсири харобиовари муҳоҷират дар ахлоқи ҷавонони имрӯзаи мо.

         5-Аксуламалҳои ҷавонон дар ин буҳрони оилавӣ

      Ин аксуламалҳо якранг нестанд. Баъзе мусбат ва баъзе манфианд. Баъзеҳо зани ғайритоҷики худро вақти бозгашт ба ватан, тарк мекунанд. Баъзеҳо ҳамсарони ғайритоҷики худро ба Тоҷикистон меоранд. Баъзеҳо пайғом мефиристанд, ки зани маро ҷавоб диҳед, то ба хонаи падараш равад, чаро ки ман дигар ба Тоҷикистон барнамегардам. Ман дар ин ҷо оилаи нав ташкил намудаам… Баъзеҳо зани тоҷикашонро ҳамроҳи худ ба Россия мебаранд ва зиндагии анъанавии тоҷикии худро давом медиҳанд…

       Муҳоҷири дигар, ҳам дар Россия зану фарзанд дораду ҳам дар Тоҷикистон. Ба ду муҳит одат кардааст. Ин хел мавҷудотро дар биология обхокиҳо меноманд, ки дар байни муҳоҷирон хеле бисёранд. Маҳз ҳамин «обхокиҳо» паҳнкунандагони ахлоқи заношӯии феодалӣ дар ҷомеаи ҳозираи тоҷик ҳастанд. Ногуфта пайдост, ки сабаби ин робитаҳо дар масъалаҳои заношӯии ҷавонони мо аз сатҳи пасти зиндагии фарҳангӣ ва иҷтимоии онҳо дар кишвари худашон ҳаст. Инҳо имконияти дар ватани худ инсонвор зиндагӣ карданро надоранд. Ҷойи кори муносиб намеёбанд. Баъзеҳо ихтисос ва касбу ҳунари муайян надоранд. Аз соли 1985 сар карда, рӯҳияи ҷавонон нисбат ба таълим ва тарбияи Шӯравӣ халалдор гардид. Онҳо аз бозсозии М.С.Горбачёв умедҳои озодӣ ва истиқлоли ҳақиқӣ доштанд. Вале ин умедҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ гиреҳ хӯрд…

        Ҳама ба якборагӣ маъюс ва ноумед шуданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ марҳилаи муҳоҷират низ оғоз гардид. Ин муҳоҷират ҳоло ҳам давом дорад. Дар ин 28 сол як насли нави муҳоҷир дар берун аз ватан ташаккул ёфт. Дигар акнун ин раванд муваққатӣ нест. Ҳамешагӣ шудааст. Масъалаи савод ва илму дониш барои онҳо ҳассосияте надорад. Онҳо ба таҳқиру тавҳини бегонагон одат кардаанд… Муносибатҳои бозорӣ ва тиҷорӣ, аз як тараф ва нуфузи сармоядориву технология, аз тарафи дигар муҳоҷиронро ботинан ва зоҳиран тағйир дод. Муҳоҷири тоҷик маҷбур аст, ки худро ба арзишҳои замонию маконӣ мутобиқ созад. Зимнан, муҳоҷирон, аксаран донишу саводи казоӣ надоранд, ҳамқадами замон нестанд. Анъана ва суннатҳои аҷдодиро дар муддати солҳои 1985-2014 аз ёд бурдаанд. Онҳо ин ҳикмати Фирдавсиро дигар дар зиндагиашон татбиқ карда наметавонанд: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад». Чунки ба бесаводӣ одат кардаанд. Одат чизи харобиовар аст, ки инсонро ба сӯи худбохтагӣ мекашонад…

      Муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҷавонони ватан гӯё намунаи ибрат шудаанд. Лофу газофи онҳоро бо даҳони кушода гӯш мекунанд. Орзу доранд, рӯзе бирасад, ки аз пайи онҳо ба Россия бираванд… Ҳақиқат ин аст, ки муҳоҷирон аксари вақт рост намегӯянд… Муболиға мекунанд… Лоф мезананд… Охир, мардикорӣ дар куҷои дунё мояи фахр ва ифтихор будааст? 6-Рӯҳониёни кишвар ва муҳоҷирон

      Дар ин масъала ихтилоф ва иттифоқ якҷоя ба назар мерасад: Рӯҳониёни мо боқимондаҳои асри VII мелодӣ буда, муҳоҷирони мо боқимондаи асри XX ҳастанд. Фосила хеле бузург аст. Вале як хусусияти муштарак доранд: ҳарду гурӯҳ бо фарҳанги асили миллӣ ва мазҳабии худ бетаваҷҷуҳанд… Фақат вонамуд мекунанд, ки фидоиёни роҳи дину мазҳаби худ мебошанд. Вале дар воқеъ, чунин нестанд. Чаро ки дину мазҳаби худро василаи зиндагии рӯзмарраи худ қарор додаанд. Воқеан, дар ин давраи буҳронӣ рӯҳониёни кишвар метавонистанд ба муҳоҷирони тоҷик беҳтарин хизмати мазҳабӣ, фарҳангӣ ва ватандории холисона ва берӯю риёро анҷом диҳанд. Вале, мутаассифона, чунин нашуд. Нафароне назди онҳо рафтанд, вале ба ғаразҳои динӣ ва сиёсӣ. Муҳоҷирон аз ин сафари онҳо ба ҷойи фоида, зарар диданд. Аз “ташрифот”-и онҳо ба гушаву канори Руссия сатҳи хурофоту ҷаҳолатписандӣ боло рафта, миёни муҳоҷирон таассуби мазҳабӣ ва риёкориҳои динӣ (ришмонӣ, сатрпӯшӣ ва амсоли инҳо) афзоиш ёфт. Афзун бар ин, мақомоти қудратии ҳарду кишвар (Руссия ва Тоҷикистон) барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи ифротгароӣ ва ҳаросафкании динӣ вақти зиёди худро сарф мекунанд, ки ба “баракат”-и руҳониёни хушкандеши мо иттифоқ афтодааст.

       Бо як ҷумла, муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар чунин як бунбасти иқтисодӣ, ахлоқӣ, динӣ, фарҳангӣ ва миллие қарор гирифтааст, ки дигар намехоҳад аз «биҳишти русӣ» ба «дӯзахи тоҷикӣ» баргардад!

       Агар ҳол чунин аст, пас чӣ бояд кард? Танқид кардани дигарон, осонтарин кор аст. Вале шеваи таҳқиқи асил ва беғаразона чунин аст, ки худи мунаққид бояд барои саволҳои худ ҷавоби мушаххасе дошта бошад. Барои ислоҳи ин мушкилот муаллифи ин мақола пешниҳоди мушаххаси худро дорад:

        7.Пас, чӣ бояд кард?

       Ба андешаи ин ҷониб, ба таври муваққат, то ба охир расидани ин буҳрон, зиндагии оилавии ҷавононро бояд ба танзим дарорем. Қаҳрамонони ин маърака инҳо мебошанд:

А – Раиси маҳалла ё деҳшӯро.

Б – Муаллими муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро.

В – Шахсияти муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро.

Г – Рӯҳонии маҳалла ё деҳшӯро.

Ғ – Намояндаи ҷамоат.

Д – Намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ.

Е – Як равоншинос (психолог)-и касбӣ-ҳирфаӣ.

        Ин ҳафт намоянда бояд дар якҷоягӣ амал намоянд. Вазифаи ҳар яки онҳо аз чӣ иборат аст?

      Раиси маҳалла ё деҳшӯро рӯйхати муфассал ва дақиқи ҷавондухтарон ва ҷавонписарони аз синни 18 болоро бо тамоми ҷузъиёт омода менамояд. (Соли таваллуд, падару модар, ҳолати иҷтимоӣ, касбу кор, сурати ҷавон, характеристикаи мактаб, тарҷумаи ҳол, ки ба дасти худаш навишта ва дигар маълумоте, ки ба масъалаи оиладорӣ робита доранд).

- Муаллими муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро ба сифати мушовир ва маслиҳатчӣ фаъолият мекунад.Чун аксари ҷавонон , шогирдони ӯ будаанд, шахсияти ахлоқӣ ва фарҳангии онҳоро хуб мешиносад.

- Рӯҳонии маҳалла ё деҳшӯро аз аҳволи зиндагии ҳамаи аҳли деҳа ва маҳалла бохабар аст. Агар байни падарон ва модарони ин ҷавонҳо ягон мухолифате вуҷуд дошта бошад, ин мушкилиро аз рӯи дину мазҳаби ин волидайн ҳаллу фасл менамояд. Масалан, кумитаи танзим ба хулосае меоянд, ки ин духтарро ба фалон писар фотеҳа кунем. Чаро ки синну сол, ҳусну ҷамол, ахлоқу одоб ва касбу ҳунарашон ба ҳам мувофиқ аст. Вале маълум мешавад, ки падару модари духтар пеш аз ин бо хонаводаи писар мушкиле доштаанд. Дар ин ҳолат рӯҳонӣ ба майдони амал ворид мешавад ва мегӯяд, ки «аз рӯи дини мо кинагарӣ аз се рӯз зиёд мумкин нест». Шумо ин чанд сол мешавад, ки ҳеҷ оштӣ намешавед. Агар дар мазҳаби мо ҳастед, биёед, дар шоҳидии мо оштӣ кунед…

          Ин аст вазифаи рӯҳонӣ дар танзими оиладории ҷавонон…

-Вазифаи намояндаи ҷамоат ташкили ин чорабинӣ аст…

-Зарурияти ҳузури намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ дар ин танзим аз он иборат аст, ки доир ба ҷавонони издивоҷкунанда маълумотҳои дақиқ пешниҳод кунад. Масалан, домод дар муҳоҷират аст. Аз он 2-3 сол гузашта аст. Ӯ дар муҳоҷират ба чӣ корҳое машғул буд? Мабодо майзада, наркоман, дӯзд, ғоратгар нашуда бошад. Намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ метавонад ин маълумотҳои маҳрамонаро ба кумитаи танзим пешниҳод намояд. Дар шароити ҳозира кори намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ мушкилие надорад… Амалишавандаанд. Ва хеле муҳим ҳам ҳастанд.

-Равоншинос (психолог) ҳамаи ин маълумотҳоро таҳлил намуда, назар медиҳад, ки оё фалон духтар бо фалон писар аз нигоҳи психологӣ бо ҳам мувофиқ ҳастанд ё не.

-Вақте ки ин ҳафт нафар ба як хулоса омаданд, он гоҳ ин хулосаро, пеш аз ҳама, ба ду ҷавон пешниҳод мекунанд. Ҷавонони мо одатан ҳалли ин масъаларо бо волидайнашон ҳавола менамоянд.

        Волидайн бо фарзандони худ ин масъаларо ҳаллу фасл мекунанд. Агар мушкилие пайдо шавад, кумитаи танзими издивоҷ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

         Фикру андешаи ҷавонон ва волидайни онҳоро мепурсанд, таҳлил мекунанд, маслиҳат медиҳанд, ёрӣ мерасонанд ва ҳар ду хонаводаро ба тӯи фарзандонашон водор менамоянд…

-Пешниҳодот ва маслиҳатҳои кумитаи танзим маъмурӣ, ҳатмӣ, маҷбурӣ ва фармоишӣ нест.

          Пешниҳодоти кумитаи танзим машваратӣ, маслиҳатӣ, ихтиёрӣ ва озодона аст… Масъулияти ниҳоӣ ба дӯши ҷавонон ва волидайни онҳо мебошад.

-Чизи асосӣ ва ҳалкунанда дар ин масъала: якум; розигии ҳар ду ҷавон аст; дуюм, розигии падару модари онҳо. Кумитаи танзим ҳақ надорад, ки ба тасмими ниҳоии ҷавонон ва волидайни онҳо дахолат ва мухолифат кунад. Танҳо ин ҳақро дорад, ба эътирозҳои онҳо ҷавоби дуруст ва санҷида бидиҳад. Онҳо ихтиёр доранд, ки машваратҳои кумитаро қабул кунанд ё қабул накунанд. Агар пешниҳод бакуллӣ рад гардад, кумита масъалаи ин ду ҷавонро мавриди санҷиши дигар қарор медиҳад. Кори кумита ба ин маҳалла ва ё ин деҳшӯро маҳдуд намегардад. Онҳо метавонанд ба кумитаи танзими маҳаллаҳо ва деҳшӯроҳои ҳамсоя ва ё дуртар муроҷиат намуда, ҳамкориро давом диҳанд.

-Мо ин иқдоми кумитаҳои танзими оиладориро кори муваққатӣ ва таҷрибавӣ мешуморем. Ва то аз байн рафтани ин буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, мазҳабӣ, оиладорӣ… кори кумитаи танзим зарурат хоҳад дошт. Чаро ки мардуми мо аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ сахт осебпазиранд. Ин буҳрони ҳамагонии асри XXI ба ҳастии миллат ва давлати мо таҳдид мекунад. Ҳар як фарҳангии кишвар масъул аст, ки барои дифоъ аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангии худ фидокорона талош намояд ва дар изҳори ҳар пешниҳоде барои ҳалли ин буҳрон далерона ба майдони баҳс ворид гардад.

КОМИЛ БЕКЗОДА,

файласуф

 

 

 

 

Ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ

          Нахлии Бухороӣ яке аз бузургони адабиёти охири асри ХVl – ва авали асри ХVll ба ҳисоб рафта, дар соҳаи адабиёт бо лақабҳои «Мавлоно Нахлӣ», «Мулло Нахлӣ» ва «Киромӣ» шинохта шудааст.

     Таърихнависону тазкиранигорони адабиёт дар мавриди рӯзгору осори Нахлии Бухороӣ андешаҳои гуногун ва баъзан хилофи ҳамдигарро пеш гузошта, вобаста ба он хулосаҳои мухталиф баровардаанд. Парешонандешии эшон дар ду маврид: аввалан дар нишон додани санаи дақиқи соли таваллуд ва фавти адиб ва  сониян дар бораи  як шахс дониста шудани Нахлии Бухороӣ  ва Ҳофизи Таниш бинни Муҳаммади Бухороӣ машҳур ба Нахлӣ мебошад. Нависандаи бузурги тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асари калони адабиётшиносии худ бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар он дар бораи сесад шоир, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ… маълумот дода шудааст, чунин авардааст: «Соли таваллуди бештарини шоирони классики адабиёти форс-тоҷик номаълум буда, соли вафоти як қисмашон дар тазкира ва таърихҳо қайд шуда бошад ҳам, аксаре бо ду-се ривоят ва дар зери пардаи шакку гумон мондааст», ки Нахлии Бухороӣ аз ҷумлаи онҳост.[1]

       Нахлии Бухороӣ аз худ ду нусхаи “Девон”-и ашъор барои бадинагон ба мерос гузоштааст, ки як нусхаи он дар захираи дастхатҳои шарқии АФ РСС Ӯзбекистон зери рақами 134 ва дигаре дар Ганҷинаи Маркази мероси хаттии АМИТ  зери рақами 1083 маҳфузанд, ки “Девон”-и зери рақами 1083 мунтахаби нусхаи 134, ки ягона нусхаи қадим ва пурратари Нахлии Бухороӣ мебошад, ки 5613 байтро дар бар мегирад. “Девон”-и Нахлии Бухороӣ дар навъҳои маъмули назми давраи ӯ: қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ, мусаммат ва ғайраҳо навишта шудаанд, вале  қасида ва ғазал дар ашъори Нахлии Бухороӣ мақоми аввалиндараҷа дошта, қисми зиёди осори ӯро ташкил медиҳад. Мо дар ин мақола кӯшиш ба харҷ додем, ки танҳо дар бораи ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ маълумот диҳем ва то як андоза зеҳни хонандаи гиромиро ба дунёи пуробуранги ашъори Нахлии Бухороӣ ошно бисозем.

     Нахлии Бухороӣ шоири соҳибдевон буда, газал, касида, рубоӣ, китъа, маснавӣ, таркиббанд ва ғайра сурудааст. Махсусан, дар ғазалсароӣ мумтоз буда, мавзӯъҳои шикоят аз замона, тараннуми ишқи пок, панду ҳикмат ва гайра аз мавзуъҳои ашъори ӯ мебошад.

    Нахлӣ қисми зиёди қасидаҳояшро дар мадҳи соҳибмартабони замони худ, салотину умаро, намояндагони дину шариат, бузургони аҳли адаб бахшида бошад ҳам, вале дар ғазалҳояш тавонистааст, ки аз манзараҳои зебои табиат (пейзаж), ишқу муҳабат байни инсонҳо, дарду ғами ошиқ, ишқи поку ҳақиқӣ, адолати шоҳ ба тобеияти мансаб, ғалабаи осоиштагӣ ба зулм, мафҳуми хирад ва одобу ахлоқ, хирад ва қонунро бо мафҳуми шараф пайванд бахшида, алоқамандии қонун ва ҳукуматдории хирадмандонаро бо талаботҳои одобу ахлоқ ва меъёрҳои ахлоқӣ таъкид менамояд. Шоир пеш аз ҳама тараннумгари ишқ аст, ишқи пок, ишқи беолоиш, ишқи ҳақиқии дур аз ҳама гуна фасод, бидуни ҷудо намудани ишқи инсонӣ ва ишқи ирфонӣ. Мувофиқи эътирофи худи суханвар ишқи ҳақиқӣ дар эҷодиёти ӯ пеш аз ҳама ишқи ирфонӣ буда, асосан дар қолаби мафҳуму истилоҳҳои тасаввуфӣ баён гардидааст. Вай аз ишқи инсонӣ чун аз ишқи маҷозӣ таъбир мекунад ва ишқи заминиро барои расидан ба ишқи ирфонӣ гузаргоҳи дилхоҳ медонад.Ӯ бо офаридани ишқи ҳақиқӣ шамъи тоза ба мазори ишқи куҳан афрӯхтааст. Ба воситаи ғазалҳоҳои ошиқонааш шоир ба мардум дарси муҳаббат, покӣ, суббот, бурдборӣ, башардӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва шоистаи инсонӣ ва дар ишқ устувор будан ва барои ишқи ҳақиқӣ мубориза бурданро меомӯзад.

мисол:

Ишқ омаду маро зи гиря навбаҳор кард,

Домону ҷайби ҳар мижаро лолазор кард.

Он шӯрише, ки дар дили тӯфон нуҳуфта буд,

Даврон зи чоки синаи мо ошкор кард.

      Ё дар ҷои дигар:

Боз о, ки мӯ ба мӯи ман аз интизор сӯхт,

Баргам дар оташ, оинаам дар ғубор сӯхт.

Шуд пой бар сарам ҳама маст аз туву ҳанӯз,

Мағзи дилам зи атша, лабам аз хумор сӯхт. [ 3,75].

         Мафҳуми қонуни адолат ва дифо аз ҳуқуқҳои инсонро Нахлӣ дар андешаҳои ахлоқӣ мебинад, ки донистани онро ба унвони сифати аслии шоҳи одил ва давлатдории одилона зарур мешуморад, ҳамаи инро шоир дар қолаби зебои назм, бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ба қалам додаст, ки ин аз ҳунари баланди суханварии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад:

Саргардонам зи чархи лӯъбатабоз,

Дар фиғонам зи даҳри кинагузор.

К-ин ба хунам фурӯ барад панҷа,

В-он ба мағзам дарафканад озор...

Ҳама аз кини якдигар хаста,

Ҳама аз ҷаври якдигар афгор.

Номи ин қавмро ниҳам пас аз ин,

Мардумозору хештанбезор.

         Манзараҳои табиатро шоирона тасвир кардан аз маҳорати суханпардозии Нахлӣ шаҳодат медиҳад.Ӯ бо як маҳорати баланди шоирӣ тавонистааст, ки тамоми  зебогиҳои табиат, аз ҷумла фасли зебои сол баҳорро, ки фасли шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, дар шеърҳояш шоирона тасвир кунад. Нахлӣ дар байти зерин фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзро бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ чунин тавсиф кардааст:

Наврӯз расиду ба гул андуд ҷаҳонро,

Султони Ирам сохт заминрову замонро.

Боди нафаси барра дами сабза чаридан,

Гулдаста кунад чӯби кафи дасти шубонро.

Бобуна шавад обилаҳои дили ошиқ,

Гар бар дилаш афтад гузаре боди вазонро.

         Нахлии Бухороӣ дар адабиёт баъзан бо тахаллуси «Киромӣ» хам шеър гуфтааст:

Оташафшон не шиҳоб аст он, ки аз бас инфиол,

Мегурезад шаб зи базми ахтарон сайёраам.

Гулхани ишқам, Киромӣ, к-аз сафои сӯхтан,

Ханда бар сомони дӯзах дорад оташпораам.

      Аз овони ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккир-ул- аҳбоб» хабар медиҳад, ки «Мавлоно Нахлӣ сирати хуб ва сурати марғуб дорад. Суханонаш дилкашу маҳбуби арбоби кулуб аст». Мутрибӣ ҳам ба ашъори Нахлии Бухороӣ баҳои баланд дода, ҳамчун шоири номӣ ёд кардааст. Ҳамин шӯҳрати шоирии Нахлии Бухороӣ буд, ки ӯро ба дарбори Имомқулихон мекашид ва муддати зиёд зери фишори сахти нотавонбинон, намакношиносон мегардад ва ба воситаи қаламаш ба муқобили он кӯрдилон мубориза мебарад. Нахлии Бухороӣ  дар дарбор мардумфиребии табақаҳои болоӣ , фиску фучур, бекадрии суханро бо чашмони худ дида, тоқаташ тоқ мешавад ва ин боиси он мегардад, ки Нахлии Бухороӣ дарборро тарк намояд, ки ҳамаи инро шоир  дар қолаби зебои назм чунин баён кардааст:

Вой аз бедоди чарҳу оҳ аз ошӯби даҳр,

К-аз нифоқи ин ду золим реш бошад рештар.

Ошиқи бадкору беуслуб доим номи мост,

Бо вуҷуди он ки кас набвад зи мо дарвештар.

Кори эъҷозӣ Масеҳо мекунад даврон ба халқ,

Мефишонад лек бар захми дили ман нештар.

Бандаи якто каломи он хирадмандам, ки гуфт:

«Ҳар кӣ зеботар, лагадкӯби ҳаводис бештар».

        Дигар аз ақидаҳои судманди Нахлӣ адолати шоҳ ва тобеияти мансаб мебошад. Ӯ маслиҳат медиҳад, ки ҳама дар мақоми адолат бошанд, зеро дар ҳамин ҳолат осоиштагии давлат таъмин карда мешавад. Ба андешаи Нахлӣ набояд ба ҳеҷ кас зулмро раво дид, зеро шуълаи ҳақиқат ҳамеша фурӯзон аст:

Мӯсиам, тарсам,ки аз бас печу тоби рӯзгор,

Бишканад дар остини ман Яди байзои ман…

Ҳеҷ гоҳам нест дасти илтифот аз рӯзгор,

Кӯҳнатақвиам, ки гаҳ месӯхт сар то пои ман.  

Ахтар аз ман дилгарону бахт бо ман дар ситез,

Сабр агар аз ман рамад, эй вои ман,эй вои ман!

Сӯхтам з-ин нохирадмандони белаззаткалом,

К-аз нафасшон доғҳо дорад дили донои ман.

         Корбасти санъатҳои бадеӣ дар коргоҳи эҷодии шоирон одатан бо мақсади ороиш ва муассир гаштани сухан амалӣ мешавад. Нахлӣ дар ашъори худ гоҳо аз санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода бурда, табъозмоӣ кардааст ва ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи фаровон аз ташбеҳу истиора, маҷоз, ташхису такрор, тазоду талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ аз маҳорати суханофарии шоир дарак медиҳад. 
         Ташбеҳ аз серистеъмолтарин навъи санъати бадеист,ки дар ашъори шоирон, аз ҷумла дар ашъори Нахлӣ зиёд ба назар мерасад. Дар китобҳои илмии назарӣ, чунончӣ, дар асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и олими асримиёнагӣ Атоулло Хусайнӣ, дар китоби «Санъати сухан» -и адабиётшиноси муосир Турақул Зеҳнӣ ва дигарон навъҳои гуногуни ташбеҳ нишон дода шудаанд, чунончи, ташбеҳи мутлақ ё мурсал, киноят, машрут, тасвит, акс, измор, таф зил.... 
          Мо дар ашъори Нахлии Бухороӣ анвои гуногуни ташбеҳ ва санъатҳои дигари бадеиро дучор шудем,ки овардани чанд намуди ташбеҳро беҳбудии кори худ донистем.

1.Ташбеҳи мутлақ, ки ташбеҳи сареҳ низ мегӯянд, содатарин навъи ташбеҳ дар адабиёт ба шумор меравад, ки дар ашъори Нахлӣ хело зиёд ба назар мерасад.

Мисол:

Имшаб аз рӯи ту дар вайронаам маҳтоб рехт,

 Моҳ натвонад кунун дар дасти бахтам об рехт.

          Дар ин мисол мушоҳида мекунем, ки чеҳраи маъшуқа ба моҳтоб монанд карда шудааст. Ин намуна ҳамчунин ташбеҳи ҳиссӣ аст, ки асоси монандкунӣ бар чизҳои махсуси дидашаванда аст. 
         2.Ташбеҳи измор (музмар). Дар ин маврид чизе ба чизе ташбеҳ карда мешавад, аммо зоҳиран чунин метобад, ки ташбеҳ мақсади ӯ нест, ҳол он ки дар замири ин тасвир мақсуд ҳамон ташбеҳ аст.Чунончи, дар байти зер калимаи «рӯй » ташбеҳи измор аст:

Рӯят чу дод рухсати дидан нигоҳро,

Шарми рухи ту чашмаи хун сохт моҳро

Ё дар ҷои дигар:

  Фидои ғунчаи минқори андалеб шавам,

Ки чун шукуфа шавад, хун кунад гулистонро.

         Дар адабиёти форсӣ шоирон санати такрорро ба ҳадди нисбатан зиёд истифода мебурданд, ки  Нахлӣ ҳам дар пайгирии онҳо дар истифода аз ин санъат бештар баҳра бурдааст. Такрор агар баъзан дар оҳангнокӣ ва зебоии сухан саҳм дошта бошад, гоҳо нишон медиҳад, ки шоир мехоҳад ягон нуқтаро маҳз таъкид кунад ё тақвият диҳад.

Мисол:
Ба зулфи ту, эй айш, то чанд худро,

Гирифтор дорам, гирифтор дорам?!

         Ё дар ҷои дигар:

Парешонрӯзгорам, турраи маҳбуб медонад,

Бале ҳоли парешонро парешон хуб медонад.

Диле бояд, ки ранҷи ман кашад, то сабри ман донад,

Таҳаммул кардани Аюбро Аюб медонад.

         Дар ашъори Нахлӣ ба ғайр аз санъатхое, ки дар боло гуфта гузаштем, инчунин санъатҳои акс, сифатчинӣ, мусаҷҷаъ, баргардо ниш, тааҷҷуб, тарсеъ, лаффу нашр, санъати лабрас, ирсоли масал, муқобала, тазод, фаровон истифода шудаанд. Яке аз санъатҳои лафзӣ, ки сифатҳо ва ҳолатҳо барои равшан кардани ҳолати предмет зид оварда мешавад, ки ин намуди санъатро дар адабиёти бадеӣ санъати тазод меноманд. Санъати тазод дар ашъори Нахлӣ хеле зиёд ба назар мерасад:

Лаби хушку чашми ҷигарбор дорам,

Ба хушку тари худ сару кор дорам.

         Дар ин байт калимаҳои хушк ва тар,заҳрхандаю шакарханда, қанд ва заҳр зидмаъно буда, шоир моҳирона ба таври хеле фаровон аз ин санъат истифода бурдааст.

Бар нахли мо магӯй, ки пайванди гул беҳ аст,

К-ин заҳрханди мо зи шакарханди гул беҳ аст.

Қанд аст хандаи гулу заҳр аст ашки мо,

Аммо чӣ гуна заҳр, ки аз қанди гул беҳ аст.

         Ё дар ҷои дигар:

Шодӣ каму ғам беҳаду айём сабукпой,

Бо ин се бало тирагии бахт кушандаст.

         Ё дар ҷои дигар:

Он талхмизоҷам, ки шуд олуда зи ҳар боб,

Гар тӯтии афлок ҳавои шакарам кард.

         Дар мисраи зерин Нахлии Бухороӣ маҳорати суханпардозиашро истифода бурда, санъати тасвирро моҳирона ба кор бурда, “Гуфтам, ки лола чинам, хоре ба дастам омад, Рафтам, ки зулф бинам, море ба дастам афтод”, ҷавлони хуршед, ғазоли гул, (ишқи гул), рухсори маъшуқ“- ро яке аз беҳтарин тасвирҳои шоиронаи Нахлианд:

Гуфтам, ки лола чинам, хоре ба дастам омад,

Рафтам, ки зулф бинам, море ба дастам омад.

         Ё дар ҷои дигар:

Чу хуршед аз ҳамал ҷавлон намояд,

Ғазоли гул лаби хандон намояд.

Шавад ҳавзи чаман рухсори маъшуқ,

Ки бар гирдаш хати райҳон намояд.

         Дар ин мисраҳо санъати тасвир хело шоирона истифода бурда шудааст, ки ин аз маҳорати суханофаринии Нахлӣ дарак медиҳад.
         Хулоса, дар корбасти анвои санъатҳо Нахлӣ баробари риояи анъана дар мавридҳои муносиб тозакориҳо намудааст.Ҷиҳати умумии кори ӯ дар ин ҷода билвосита ҷорӣ намудани рухи замон дар шеър, биниши тоза, чустуҷӯҳои хаёлӣ ва омезиши якчанд навъи санъатҳо зимни офариниши тасвири бадеист. Ҳангоми пайгирии санъати муболиға дар ашъори Нахлӣ мебинем, ки одатан дар дохили маҷоз ва баъзе санъатҳои дигар омадааст. Умуман дар эҷодиёти Нахлӣ агарчӣ гоҳ-гоҳ иғроқ вомехӯрад, асосан муболиға дар ҳолати муътадил корбарӣ шудааст, чунки муроди аслии шоир  мазмунофаринист:

Бо даҳони хунчакон чун лола аз гесӯи ӯ,

Он қадар гуфтам, ки сумбул аз даҳонам сабз гашт.

Ё дар ҷои дигар:

Рӯзе, ки тарки ғамза кашад теғ аз миён,

Захме ба ҳазор дуо метавон харид.

Хубон ситамгаранд, в-агарна ба ним ноз,

Ҳуши ҳазорсолаи мо метавон харид.

Як ноларо ду ғӯш кифоят намекунад,

Сад гӯш баҳри ним ҷафо метавон харид.  

Ё дар ҷои дигар:

Ҳафт дӯзах, ки ту сад бор шунидӣ, Нахлӣ,

Дар саропардаи ин тоифа як даҳлез аст.

         Мавзӯи дигаре, ки дар ашъори Нахлӣ мавқеи хос дорад, ин мавзӯи дӯст ва дӯстӣ мебошад.Тимсоли дӯст дар адабиёти тоҷик нав набуда, ҳануз дар адабиёти мумтози форсӣ дар ашъори як идда сухансароёни номӣ чун Саноӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ҷой доштааства ин мавзӯъ дар эҷодиёти Нахлӣ низ ҷайгоҳи махсусро ишғол мекунад, ки шоир ин ҳамаро дар қолаби зебои назм чунин ба қалам додааст:

Абри найсон нестам, лекин ба ёди рӯи дӯст, 

По ниҳодам ҳар куҷо, гул то миёнам сабз гашт.

        Ситоиши дӯст бо бадеияти бештар дар ашъори Нахлӣ ҷой дорад, зеро шоир тавонистааст дар шеърҳояш паҳлӯҳои гуногуни характери дӯстро кушояд, дӯстро дар зиндагӣ ҳамраҳу ҳамдард ва ҳамрози ҳақиқии худ мешуморад, дар ҳама ҳолат дӯст касест, ки дар ҳама ҷо ӯро бо беқарорӣ интизорӣ мекашанд ва ҳар гоҳ сухан аз наҷобату меҳрубонии дӯст равад, ӯро ба некӣ ёд мекунанд ва аз пасаш дуои хайр мефиристанд:

               Чун дӯст рафт, баҳри чӣ, эй ашк, ашк медавӣ,

          Бар гирди умри рафта куҷо кас ба дав расад?!
         Агар образи дӯст дар адабиёт хеле кам ба назар расад, асосан дӯст бо  ҳусни зоҳирии дилбарона ва ахлоқи ҳамида ситуда шудааст. Дар ашъори Нахлӣ дӯст як инсони заминӣ нишон дода шудааст ва  гоҳо ин тимсол ранги идеалӣ гирифта, як дараҷа хусусияти қаҳрамони лирикӣ ба ҳисоб меравад.
      Ҳамин тариқ, симои дӯст чӣ дар ҳолати заъф ва чӣ бар сари қудрат, маҳбуб аст ва дар ашъори эҷодкори мазкур бо тамоми хусусиятҳое, ки асосан ба инсон хос аст, падидор мешавад. Яъне дар мавриди тасвири масъалаҳои иҷтимоӣ- ахлоқӣ образи дӯст бештар таҷассумгари симои як фарди заминӣ аст, аммо вақте ки шоир ормонгароӣ мекунад ва ба мухотаби худ сифатҳои баланди хаёливу ормониашро нисбат медиҳад, дар ин ҳангом он ба худ чиҳатҳои тоза касб намуда, рамзнок мегардад ва кибру ғурур ҷои эҳтиром, дастгирӣ, меҳру шафқат, таҳамул, фидокорӣ, ҷоннисорӣ, гузашт кардан,дӯст доштан, бахшиданро мегирад:

Аждаҳо дар остин меоям аз бозори дӯст,

Ҷои он дорад, ки хандад бахт бар савдои ман.

Ё дар ҷои дигар:

Боз доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст,

Қатраи ашкам зи ҳиҷри дӯст тӯфон гаштааст.
        Дар адабиёти мумтоз образи дӯст асосан дар гузориши мавзуъҳои ошиқонаву панду ахлоқӣ дучор ояд, дар ашъори шоир баробари ин дар аксари ҳолат дар заминаи баррасии мавзуъҳои иҷтимоиву ахлоқӣ бо тасвири ҷузъиву гуногунпаҳлуи симои дӯст ба назар мерасад.
      Умуман, образи дӯст дар адабиёти тоҷик ва дар намунаи эчодиёти Нахлӣ аз ҳар ҷиҳат такомул ёфта, ҳамчун яке аз образҳои марказӣ асосан бори ормонҳои олии шоир мекашад:

Нахлиё, хамӯшзабонам, дӯш дар таърифи дӯст,

Шохи сабзе буд, бар вай булбули гӯё нишаст.

        Хулоса, бо ҳунари шоирӣ ва суханпардозӣ Нахлии Бухороӣ дар адабиёти форс-тоҷик мақому манзалати махсус дорад. Аз тамоми паҳлӯҳои ҳунарии шоирӣ ва суханпардозии ӯ мо наметавонем ҳамаи онро дар як мақолаи кӯчак ҷой диҳем ва дар оянда тасмим гирифтем, хонандаи гиромиро бо паҳлӯҳои дигари ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ бо баргардон кардани матн, навиштани муқаддима ва тартиб додани лӯғоту тавзеҳоти “Деван”-и Нахлии Бухороӣ  ошно бисозем.

,Мавҷуда Хуҷова

ходими калони

илмии ММХ НР АМИТ

 

 

 

 

 

АКАДЕМИК МАМАДШО ИЛОЛОВ ДАР БОРАИ ИЛМ

   Возможно, это изображение (1 человек)Имрӯз илми Тоҷикистон аз чор қонун асос ёфтааст: «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои олӣ ва баъди он», «Дар бораи таҳсилот».
  Дар кишвар се соҳаи илм мавҷуд аст: академӣ, саноатӣ, донишгоҳӣ. Бахши академӣ аз пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Соли 2020 собиқ Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳайси як шуъбаи илмҳои тиб ба ҳайати Академияи Миллии Илм ва Технология дохил шуд. Ҳоло академия дорои чор шуъба мебошад. Ҳар як бахш марказҳои илмӣ ва институтҳои таҳқиқотиро дар бар мегирад. Масалан, шуъбаи тиббӣ 13-то чунин сохтор дорад. Дар шуъбаҳои илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника низ 13 пажӯҳишгоҳи илмӣ мавҷуданд. Кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ аз ҳафт ва шуъбаи илмҳои биологӣ аз шаш пажӯҳишгоҳу марказҳои илмӣ иборатанд.
    Маблағгузории илми муосири тоҷик асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад. Даромадҳои иловагӣ бошад, аз ҳисоби муносибатҳои шартномавӣ ва грантҳо мебошанд. Масалан, соли 2018 барои илм 66,9 миллион сомонӣ (5,8 миллион доллар бо қурби ҳозира) ва соли 2017 — 5,3 миллион доллар ҷудо карда шуда буд. Албатта ин миқдори кам аст, аммо шарҳҳои илмӣ одатан нишондиҳандаҳои асосии илмро таъмин мекунанд. Инҳо хароҷоти дохилӣ барои таҳқиқот ва рушд ҳамчун фоизи ММД мебошанд. Дар мавриди Тоҷикистон, ин рақам 0,086% -ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса: дар Русия — 1,1%, Исроил — 4,25%, Кореяи Ҷанубӣ — 4,24%, Швейтсария — 3,37%.
Олимони Тоҷикистон аз грантҳои дохиливу хориҷӣ истифода мебаранд. Масалан, грантҳои Бунёди Президент оид ба таҳқиқоти асосӣ, ки барои лоиҳаҳои илмӣ ҷудо карда мешаванд. Соли 2020, онҳо 250 ҳазор сомонӣ (тақрибан 22 ҳазор доллари ИМА) -ро ташкил доданд. Грантҳои байналмилалӣ низ барои олимони тоҷик дастрасанд, ки онҳо дар соли 2020 қариб 1,5 миллион сомонӣ (тақрибан 131,5 ҳазор доллари ИМА) гирифтанд. Грантҳои фонди президентиро асосан олимони ҷавон мегиранд. Ҳамзамон онҳо барои грантҳои байналмилалӣ низ муроҷиат мекунанд. Инчунин марказҳои илмие ҳастанд, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда намешаванд, аммо дар ҳар сурат, онҳо аз аккредитатсияи давлатӣ мегузаранд.
 
 
 

ОЧЕРКИ ТАЪРИХИ ҲИСОР Академик Аҳрор Мухторов

 
   Возможно, это изображение (1 человек)Водии Ҳисор дар чорроҳаи бузург қарор дошт. Корвони тоҷирон, дастаи ҳунармандони ломакони аз як кишвар ба дигараш кучкунанда, мардикорони ҷӯёи қути лоямут аз машриқ ба мағриб ва аз ҷануб ба шимол ҳаракат карда, ҳатман аз ин водӣ ё аз кўҳистону даштҳои паҳлуи он мегузаштанд. Ин рафтуо аз қадимулайём, аз айёми мавҷудоти «Роҳи Абрешим» то кунун идома дорад. Ин водии зархез борҳо ба майдони набарди хунин табдил ёфтааст. Ҳар давру замон, ҳар неку бад дар таърихи водии Ҳисор нақши худро гузоштааст. Инак муаррихон, ҳамаи он тадқиқотчиёни соҳаҳои гуногуни илми ҷамиъитшиносӣ, табиатшиносӣ аз ин мулк маълумоти кофӣ пайдо карда метавонанд.
Очерки таърихии таълифдодаи мо кўшиши ночизест дар ин ҷода.
   Ҳисори Шодмон дорои шаҳрҳои хурду калон буда, сарзамини доманфарохро шомил аст. Ин мулк то солҳои 70 асри XIX борҳо ҳамчун двлати мустақил арзи вуҷуд карда, дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, асарҳои муарихон, бостоншиносон ва адабиётшиносон зикр ёфтааст. Аммо мо бори нахуст кўшидем, ки авроқи парокандаи таърихи ин мулкро дар маҷмўъ (аз рўи низоми хронологӣ) аз назари таҳқиқ гузаронем ва ба хонанда ба сифати як китоби том пешкаш намоем. Албатта, муаллифи очерк даъвои онро надорад, ки дар ин роҳи бошараф, вале пурмашаққат, ҳамаи паҳлуи таърихи мулки Ҳисор таҷдиди назар гардидааст. Ин кор кўшиши аввалин буда, ба тадқиқотчиёни оянда имкон медиҳад, ки мавзўҳои дахлкардаи моро мукаммал гардонанд ё худ ба инҳо боз ҳам равшанӣ андозанд.
Таърихи ба вуҷуд омадани ин асар чуни наст:
   Соли 1965 аз ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав ду сарсутуни сангини замони кўшонӣ (асрҳои II - IV) ва тангаҳои зиёди қадима пайдо шуданд. Ин бозёфтҳо моро ба таърихи Ҳисор бештар мутаваҷҷеҳ сохтанд. Илова бар он, ба ин кор Б. Ғафуров «даст» заданд. Устод фармуданд, ки ман тадқиқоти худро давом диҳам ва ҳатто гуфтаанд, ки шумо «таърихи Ўротеппаро чоп кардед. Акнун ба таърихи асримиёнагии Ҳисор ҳам машғул шавед!»
Вале имконияти якбора ба ин кор камар бастан набуд ва мушкилоти зиёде дар пеш буданд. Садҳо ва ҳазорҳо аснод ва сарчашмахои таърихиро омўхтан лозим меомад. Иҷрои ин мақсад меҳнати тўлонӣ, бурдборона ва тадқиқоти дақиқназаронаро тақозо дошт. Таълифи таърихи мукаммали Ҳисор бошад, талаби замон ва амри виҷдон шуда монд.
   Аз ин лиҳоз бо супориши ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ соли 1969 бахшида ба Ҳисори Шодмон бо номи «Страницы истории Гиссара» китобчаи нахустин ба забони русӣ бо теъдоди 7000 нусха рўи чопро дид. Яке аз муаллифон – тадқиқотчии нуктасанҷи сиккашинос (тангашингос), доктори илми таърих Е. А. Давидович ва муаллифи ин сатрҳо дар ин китобчаи ҳаҷман хурд таърихи Ҳисорро аз замонҳои қадим то асри XX ҷой доданд. Бо вуҷуди он ин китоб аз тарафи олимон ва хонандагони сершумор хайрхоҳона пазируфта, тақризҳои мусбӣ дар саҳифаҳои матбуот чоп шуд.
   Ба умеди иҷрои маслиҳати Б. Ғафуров ва барои аз нав ба чоп ҳозир намудани китоби мазкур мо аз сарчашмаҳои таърихии истифода кардамон роҷеъ ба таърихи Ҳисор низ қайдҳо мекардем. Гирд овардани ҳуҷҷату маълумотҳо натанҳо дар китобхона ва бойгониҳои собиқ Иттиҳоди Шўъравӣ, балки дар хориҷа – Афғонистону Ҳиндустон низ идома меёфт. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои мусаннифи ин китоб «Мероси Ҳисориён дар дар хориҷа » ном дошт.
Ҳамин тавр, солҳо сипарӣ шуданд, вале мақсади навиштани таърихи Ҳисор аз маддӣ назар дур нашуд. Барои иҷрои ин мақсад бидуни хоҳиши Б. Ғафуров боз воқеаи хуше боис гардид.
   Китобу мақолаҳои рочеъ ба Ҳисор чоп кардаи мо фарзандони пешқадаму равшанфикри ин диёрро водор намуд, ки ба ман бо таклиф мурочиат намоянд. Инак охири соли 1993 рафиқони ҳисорӣ, аниқтараш фарзандони барўманди Ҳисори зарнисор Ҷамолиддин Мансуров, Абдувоҳид Каримов, Султон Одинаев, дӯсти дерини ман, шахси хоксор, шоир, мутарҷим ва донандаи соҳаи матбуот Собир Зикирзодаро наздам фиристода хоҳиши навиштани таърихи Ҳисорро карданд.
Якбора ҷавоби мусбӣ додан душвор буд. Ман ба ҳамкори худ Е. А Давидович, ки сокини Москва мебошад, мактуб ирсол намудам ва хоҳиши ҳисориёнро ба ў расондам. Он кас барои чопи тозаи китоби соли 1969 розӣ шуданд. Доир ба мўҳлати иҷрои ин кор ба мактуби дигари худ ҷавоб нагирифтам.
Баъди мушоҳидаи зиёд ва аз даст нарафтани вақт, мо ҳамроҳи С. Зикирзода ба хулоса омадем, ки таърихи Ҳисорро аз охири асри XV то ибтидои асри XX ман ба ўҳда гирифта, тайёр намоям, то тамом шудани кор Е. А. Давидович шояд қисми авали онро фиристад. Агар ин қисмро нагирем, барои тезонидани чопи китоб таърихи Ҳисорро аз замонҳои қадим то асри XVI, ки соли 1969 чоп шуда буд, ба он ҳамроҳ мекунем. Албатта чопи очерки мазкур бо ҳамин ба охир намерасад ва дар нашри ояндаи он қисми авали китоб пурра карда мешавад.
    Мувофиқи маслиҳат ва нақшаи кашидаамон С. Зикирзода «Страницы истории Гиссара»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима карданд. Онро ба очерки мазкур, дар ҷойҳои мувофиқ (аз нуктаи назари хронологӣ ва мавзўъ) ҷо-ҷо ҳамроҳ намудем.
Очерки таърихи Ҳисор аз қисмҳои зерин иборат аст: Ҳисор то асри XVI (такрори чопи соли 1969), Ҳисор дар охири асри XV – ибтидои XX (то соли 1921). Дар ин қисм таърихи сиёсии ин мулк аз замони ҳукмронии намояндагони охирин сулолаи Темуриён то охирин сулолаи хонадони манғития тадқиқ шудааст. Ба мо муяссар гардид, ки асосан номи ҳамаи ҳокимон (ё бекони) дар ин муддаи тўлонӣ ҳукмронда ва солҳои ҳукмронии онҳо, тақрибан лашкаркашии ҳар кадомро ба мулкҳои дигар, алоқамандии таърихи Ҳисорро бо давлату вилоятҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ўротеппа ва ғайра муайян намоем. Албатта, бо ин тадқиқи таърихи сиёсии Ҳисор дар асрҳои мазкур ба охир намерасад. Маълумоти зикрёфта ҳарчанд дорои камбудиҳост, вале барои вусъати корҳои тадқиқотии оянда асос шуда метавонад.
   Қисми савуми очерк муносибатҳои иқтисодӣ (обу замин, тартиби андозҷамъкунӣ ва ҳоказо), маданӣ, адабӣ ва ғайраро дар бар кардааст. Аз ҳамин қисми асар оиди санъати меъморӣ, мардумони маъруфи водии Ҳисор, шоиру хаттотон ва ғайра маълумот гирифтан мумкин аст.
   Азбаски дар китобҳои А. Ҳабибов «Мероси адабии шоирони Ҳисор» (Душанбе, 1974) ва «Доираи адабии Бухорои Шарқӣ» (Душанбе, 1984), шоирони ҳисории нимаи дуввуми асри XVIII ва ибтидои асри XX тадқиқ шудаанд, мо номи онҳоро ба ин китоб зикр накардем. Шоироне ба очерки мазкур дохил шудаанд, ки дар бораи онҳо ман аз сарчашмаҳои хориҷӣ маълумотҳо пайдо намудаам ва ин маълумот дар китобҳои номбурда дохил нашудааст ва агар дохил шуда бошад ҳам онро пурра мегардонад.
Мо боварии комил дорем, ки олимон, адабиётшиносон, шоиру нависандагон, муалимон ва ҳамаи мухлисон ва дўстдоронӣ мулки Ҳисор барои боз ҳам ҳартарафа ва васеътар омўхтани таърихи мазкур бо маслиҳат, бо сарчашмаҳои тозаи таърихӣ ва адабии дар даст доштаашон, ёрии амалӣ мерасонад. Мо ҳатман онҳоро ба инобат мегирем. Бинобар он пешакӣ ба хайрхоҳону ҳаводорони китоби мазкур ибрози эҳтиром ва сипос мекунем.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

ҶАШНИ 70 - СОЛАГӢ МУБОРАК

         Имрӯз дар санаи 16.06.2021 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат" бахшида ба 70 - солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ баргузор шуд.

5.43.jpg - 135.75 KB

        Ҳамоиши мазкурро директори Институти мазкур Убайдулло Насрулло Каримзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои ширкат дар ҳамоиш хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки зимни танаффус хӯроки нисфирӯзӣ омода мешавад ва он ҳангом метавонед вақти гаронмояи хешро дар ошхонаи АМИТ гузаронед. Сипас, номбурда риштаи суханро ба ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дод. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтаво қайд кард, ки соли равон баробар бо 70-солагии Институт, боз 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ низ ҷашн гирифта мешавад.

       Дар ин ҳамоиш кормандони илмӣ ва омӯзгорони фанни таърих дар муассисаҳои илмии кишвар маърӯзаҳои илмии хешро барои мубоҳиса ва муколамаи уламо пешниҳод намуданд. . Маърӯзаҳо гуногунмавзӯъ буда, паҳлӯҳои гуногуни илми муосири таърихиро фарогир мебошанд. Чунончи:

"Нақши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар таҳқиқи таърихи муосири Тоҷикистон", "Рушди фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ", "Карон - кашфи замони истиқлолият", "Рушди сиккашиносӣ дар Осиёи Марказӣ" ва амсолашон.

5.44.jpg - 109.46 KB

      Азбаски ҳамоиши мазкур дахолат ба рӯйдоди таърихист, ҳамаи ашхосе, ки ба пажӯҳишҳои таърихӣ иртибот доранд, ба ин рӯйдод даъват мешаванд, чунки ҳақиқати таърих ҳамонест, ки дар натиҷаи мунозироту музокирот хулоса мешавад. Ғайр аз ин, пажӯҳишгоҳи мазкур уламои сатҳи ҷаҳониро ба минбар овардааст, ки дар номгӯи онҳо метавон академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Б. Искандаров, Раҳим Масов, Нӯмон Неъматов, Аҳрор Мухторов, Юсуфшо Яъқубшоев ва дигаронро номнавис кард. Нақши ашхоси зикргардида дар баррасии илми таърих бағоят бузург аст ва таърих аз зумраи илмҳоест, ки донистани он барои ҳамагон ҳатмист. Чунонки нависандаи маъруфи аҳди Шӯравӣ Сотим Улуғзода дар романи "Фирдавсӣ" менависад: "Одамӣ бояд ниёгони худро бишносад то бидонад, ки худи ӯ кист ва ба дунё баҳри чӣ коре омадааст".

5.45.jpg - 107.12 KB