joomla
free templates joomla

"Тоҷикон" ва ҷаҳонбинии миллӣ

   Ҳамарӯза дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 11:00 то 12:00 мутолиаи дастҷамъонаи китоби "Тоҷикон" - и академик Бобоҷон Ғафуров барпо мешавад. Хоҳишмандон имкон дорад дар ин хонишҳо иштирок намоянд...

ДАРГУЗАШТИ КАЙҲОНШИНОС

    Дишаб, тахминан соати 23:00 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Ибодинов дар синни 76 – солагӣ аз дунё даргузашт.

   Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати даргузашти астрофизики намоён андуҳгин буда, ба хешу ақрабо тасалият изҳор менамояд.

   Хурсандқул Ибодинов санаи 22 марти соли 1944 дар деҳаи Работи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи деҳаи Такфонро ба итмом расонидааст. Соли 1964 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, ҳамон сол барои кор ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. Давоми солҳои 1965—1969 дар риштаи аспирантура таҳсил карда, аз соли 1967 то соли 1969 дар Институти физикаю техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи АИ ИҶШС ба корҳои илмию тадқиқотӣ мағул гардидааст. Хурсанд Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ ва соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
   Профессор Ибодинов Х. И. яке аз ташаббускорони кушодашавии ихтисос ва кафедраи нав дар ДМТ — астрономия мебошад. Ӯ соли 1999 профессори кафедраи навтаъсиси астрономия ва солҳои 2002—2004 ва 2012—2014 сарварии кафедраи номбурдаро бар уҳда дошт. Аз соли 2002 то соли 2014 дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолият кардааст. Айни ҳол мудирии шуъбаи кометаҳои институти мазкур ва профессории кафедраи астрономияро бар дӯш дорад. Ибодинов Х. И. узви Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, Кумитаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти кайҳон, Ҷамъиятҳои астрономии Аврупою Осиё ва роҳбари Ҷамъияти астрономҳои Тоҷикистон мебошад.
  Муҳимтарин дастоварди Хурсанд Ибодиновро дар ҳалли проблемаи таҳаввули кометаҳо ва алоқамандии онҳо бо дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ дидан мумкин аст. Зеро ӯ яке аз асосгузорони самти нави астрофизика — астрофизикаи таҷрибавӣ ва муаллифи методҳои нави тадқиқоти кометаҳо мебошад. Методҳо нави ҳалли масъалаи баръакси назарияи механикии шакли кометаҳо ва аз рӯи мушоҳидаҳо ошкор намудани механизми афзалиятноки ҳосилшавии чангро дар кометаҳо пешниҳод кардааст.
Ӯ нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро таҳқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф кардааст. Вобастагии андозаи чангҳои думи кометаҳоро аз масофаи Офтоб ошкор намудааст. Назарияи таҷзияи ҳастаи думи каметаро ҳамчун системаи дутаркиба ва назарияи устувори динамикии қабати минералии сатҳи ядрои кометаро инкишоф дода нишон додааст, ки ду тарзи таҳаввули минбаъдаи ҳастаи кометаҳо ҷой дорад. Ин хулосаҳои илмии Хурсанд Ибодинов соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Ҳаллей тасдиқи амалии худро ёфтанд.
Профессор Хурсанд Ибодинов муаллифи беш аз 150 асарҳои илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад. Корҳои илмию тадқиқотҳои пурарзиши Хурсанд Ибодиновро дар соҳаи физикаи кометаҳо ба назар гирифта, сайёраки № 3436 ба шарафи исми ӯ Ибодинов (Ibadinov) номгузорӣ кардаанд.

Даргузашти академик

   

  Ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги устоди азизамон Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод аз даргоҳи абад сабри ҷамил мехоҳанд. Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби мо, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ба роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.
   Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени «Дӯстлик», Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илми лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ ва ниҳоят устоди сахтгиру меҳрубон, ки ҳар як нафаси ҳаёти хешро дар ғамхорӣ ба рушди сатҳу сифати илми тоҷик бахшиданд.
   Тадқиқотҳои бунёдии устод Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиашон махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ба таври назррас ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд. Устод Раҳим Марупов ҳамчун роҳбари нуктасанҷу ғамхор низ дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.
РӮҲАТОН ШОД БОД, УСТОДИ АЗИЗ

Сазовори ҷойи дуюм

   

  Санаи 10.01.2020 дар шаҳри Душанбе озмунҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Озмунҳо аз номинатсияҳои зерин:

“Беҳтарин мақолаи сайёҳӣ”

“Беҳтарин армуғони сайёҳӣ”

“Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ”

“Беҳтарин меҳмонхона”

“Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ”

“Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”

“Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ”

“Беҳтарин мағозаи фурӯши армуғон”

“Беҳтарин роҳбалад», «Хатсайри нави сайёҳӣ”

“Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ”

  «Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонт дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд.

   Боиси зикр аст, ки магистри курси дуюми “Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунаввари Ғайрат дар озмуни ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарини сайёҳӣ” ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гардид.

 

    

РАМЗИ САДОҚАТ БА РОҲИ ИЛМ

    Яке аз соҳаҳои асосӣ ва ҷолиби фаъолияти инсон – фаъолияти бунёдии илмӣ мебошад, ки қалби ӯро аз торикӣ ба равшанӣ ва сатҳи ӯро аз ибтидо то коинот бурда, мақоми ӯро ҳамчун падидаи нодири олами беканор муайян намудааст. Вале ин ҳама на бо осонӣ, балки бо меҳнати вазнин, гузаштани сахтию баландиҳои ҳаёт ва иродаи устувору қавӣ ба даст меояд. Шахсони фарзонаи миллат, ки ин имтиҳони доимӣ ва пуршарафи ҳаётро интихоб намуданд ба мисли гавҳари бебаҳо дастовард ва манбаи асосии илму равшании тафаккури ҷомеа мегарданд. Вале бо тақдири инсонӣ аз ҳаёт рафтани чунин абармардони роҳи илм боиси ғаму андӯҳи беканори махсусан пайвандону аҳли ҷомеаи илмӣ мегардад.

    Боиси таассуфи зиёди аҳли илму адаби кишвар аст, ки санаи 12 январи соли 2020 бо амри тақдир риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, академик Раҳим Марупов дар синни 84 солагӣ канда шуд. Ҳайати олимону кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабари аз ҳаёт рафтани устоди азиз Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод пуртоқатӣ ва сабри ҷамил мехоҳанд.
Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени «Дӯстлик», Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаҳои охирини ҳаёти хеш ҳамчун сарходими илмии лабораторияи спектроскопияи молекулавии институти мазкур фаъолият намуданд. Таҳқиқоти бунёдии устод Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиашон махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд. Устод Раҳим Марупов ҳамчун олими нуктасанҷу ғамхор дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника низ саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.
    Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби ҷомеаи илмӣ – олимон, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ва ҷасорату мардонагӣ дар роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.
Рӯҳатон шод бод, устоди азиз.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.