Мизи гирд дар АИ ҶТ: Натиҷагирӣ аз баромадҳои Президенти кишвар дар Ассамблеяи генералии СММ
30 сентябри соли 2015 дар Академияи илмҳои ҶТ бо иштироки олимони Академия ва пажӯҳишгоҳҳои он мизи гирд баргузор гардид. Масъалаи асосие, ки дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷагирӣ аз баромадҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ва суханронӣ дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид буд.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти АИ ҶТ аз ҷумла зикр намуд, ки чанд рӯз аст мардуми ҷаҳон ба анҷумани хеле муҳими муосир- Ассамблеяи генералии СММ таваҷҷуҳ намудаанд, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба амнияти ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
«Дар маркази диққати бисёре аз ВАО-и ҷаҳон ва мардуми мо суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, зеро дар суханрониҳояш Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои умдатарини вобаста ба таъмини амният дар ҷаҳон ва ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ диққати махсус дод»,-таъкид дошт К. Олимов.
Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ аз минбари баланди СММ вобаста ба масъалаи об гуфт: «Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар он омили калидии таъмини рушди устувори минтақа мебошанд, кайҳост, ки зарурати таҳияи барномаи фарогири минтақавӣ оид ба мутобиқкунӣ ба тағйироти иқлим эҳсос мешавад».
К. Олимов вобаста ба боло рафтани нуфузи Тоҷикистон сухан карда, изҳор дошт, ки имрӯз қувваҳо ва шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд амнияти дохилии кишварро халалдор намоянд. Ҳодисаи 4 сентябр таъкиди ин гуфтаҳост.
«Дирӯз Қарори Суди Олии ҶТ низ дар натиҷаи таҳлил фаъолияи ҲНИТ-ро боздошт ва чандин моддаҳоеро номбар кард, ки амалҳои онҳо хилофи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ будаанд. Тоҷикистон агар пас аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум нав қомат рост карда бошад, аз тарафи дигар баъзе қувваҳо мекӯшанд, то ин муваффақиятҳои ба даст омадаро поймол кунанд»,- гуфт К. Олимов.
Дар мизи гирд инчунин дигар олимон баромад намуда, вобаста ба масъалаи болозикр фикру андешаҳояшонро баён доштанд.
Коршинос: Пиряхи Федченко-лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё
Тавре иттилоъ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чандин чорабинии сатҳи баланди СММ иштирок ва баромадҳо намуда, аз ин минбари баланди байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа кард. Аз ҷумла, яке аз ин пешниҳод масъалаи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, андешидани чораҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он буданд. Коршиносони тоҷик ташаббусҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ хеле созанда ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Зайналобиддин Кобулиев-директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонро дар хатар гузоштааст, зеро ин масъала имрӯз як омиле шудааст, ки ҷаҳониён наметавонанд онро нодида гиранд. Номбурда афзуд, барои омӯзиши омилҳои тағйирёбии иқлим аз ҷониби олимон аз солҳои 1932 мушоҳидаҳои иқлимӣ анҷом дода шудаанд ва барои муайян кардани оне, ки ин давра барои сохтани моделҳои математикӣ басанда аст ё не мушкилоти зиёд ҷой дошт. Дар ҳамин самт роҳбарияти кишвар чораҳои махсуси омӯзиширо роҳандозӣ намуданд, ки барои тадқиқоти илмии олимон дар самти омӯзиши иқлим мусоидат намуд, гуфт Зайналобиддин Кобулиев: «Бо дастгирии Президенти кишвар шурӯъ аз соли 2010 имсол иқдоми неке амалӣ гаштааст, ки ин барпо гаштани «Экспедитсияи 3-юми Помир» аст, яъне дар он тамоми ҷаҳониён шомил ҳастанд ва Тоҷикистон дар баробари захираҳои бузурги обӣ доштан, ҳамчунин дорои пиряхҳои бузург мебошад, ки маҳз ба ҳамин хотир пиряхи Федченко-як лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё аст».
Ба гуфтаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташаббуси Президенти кишвар дар самти оғози «Экспедитсияи 3-юми Помир» буд, ки олимони зиёде аз Донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои олам ба омӯзиш ва муайянсозии тағйирёбии иқлим ва пешгирии паёмадҳои он ҷалб гардида, барои тарҳи нақшаи нави илмии масъалаи иқлим мусоидат намудаистодаанд: «Имсол аввалин шуда, бо роҳбарии профессори Донишгоҳи Айдаҳо Айзен Владимир аллакай тадқиқот оғоз гардид, ки он идома хоҳад ёфт ва сабаби он омӯхтани иқлим дар давраи гузашта аст, ки аз инҷо намунаҳо гирифта мешаванд ва баъди омӯхтани ин намунаҳо муаяйн мегардад, ки даврияти тағйирёбии иқлим дар пеш чӣ гуна будааст, то мо тавонем, як модели мукаммали илмиву асосноки математикӣ пешниҳод намоем».
Зайналобиддин Кобулиев ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими глобалӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо оид ба пешгирии тағйирёбии иқлим, балки дар баробари ин роҷеъ ба масъалаи об низ ташаббус нишон дод, ки натиҷаи он баргузории конфронси сатҳи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Душанбе мебошад. Номбурда иброз дошт, ки чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ имкон дод, ки ҷомеаи ҷаҳон барои ҳалли масъалаи об ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти тағйирёбии иқлим иқдомҳо пеш гиранд: «Яке аз нуқтаҳои муҳими ин конфронс он буд, ки барои нигоҳ доштани пиряхҳо мо бояд ҳатман дар баландкӯҳҳо обанборҳо баланд дошта бошем, яъне, ки ин асосноккунии сохтани нерӯгоҳҳои барқиву обие мебошад, ки мо дорем ва он метавонад як макроиқлим дар гирди пиряхҳо сохта, шиддатнокии зиёд шудани ҳароратро пахш кунад»,-афзуд номбурда
Муҳиба Яқубова-ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари шӯъбаи илмҳои биология ва тиб пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷмааи СММ оид ба ҳамкории олимони соҳа аз кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки чунин ташаббус метавонад барои ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои муҳими глобалӣ вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мусоидат намояд: «Мо олимон бояд, ки ҳамин пешниҳоди Президенти кишварро ба назар гирифта, оянда корҳои илмиро дигаргун карда, онро пеш барем ва корҳои илмиро бо ҳамон равиш пешниҳод намоем, ки проблемаи об ва тағйирёбии иқлим ҳаллу фасли худро ёбад».
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карда, дар чорабиниҳои муҳими ин созмон иштирок дорад.
Интишори маҷаллаҳои навбатӣ
Чанде қабл шумораҳои 1(237) ва 2 (238) - маҷаллаҳои « АХБОРИ АИ ҶТ Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», ки дар давоми як сол 4 шумора чоп мешаванд аз тариқи Нашриёти «Дониш»- и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардиданд.
Тавре, ки дабири масъули маҷалла Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба Хадамоти матбуоти АИ ҶТ иттилоъ дод, дар бахшҳои таърих, фалсафа, иқтисодиёт, забоншиносӣ, шевашиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, санъатшиносӣ маводҳои ҷолибу хондании олимону муҳаққиқон ба табъ расидаанд.
Ҷаласаи васеъ
29 сентябри соли 2015 Ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳо бо иштироки аъзои Раёсат, директорони муассисаҳои илмӣ ва кормандони илмии муассисаҳо доир гардид, ки дар он ду масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима ҝарор гирифт: гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ҶТ Саидмуҳаммад Одинаев оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти математикаи ба номи Абдулҳамид Ҷўраеви АИ ҶТ; гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ТҶ Кароматулло Олимов оид ба натиҶаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти забон, адабиёт , шарҝшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъди гузоришҳо директори Институти математикаи ба номи А.Ҷўраеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарулло Раҳмонов, директори Институти забон,адабиёт, шарҝшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ Сахидод Хоркашев ба масъалаҳои гузошташуда ҷавобҳои мушаххас дод. Дар муҳокимаи гузоришҳо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, академикҳо Талбак Назаров ва Мўсо Диноршоев ва донишмандони шинохта Абдунабӣ Сатторзода, Аскаралӣ Раҷабов, Абдураҳмон Маҳмадов, Амирхўҷа Абдураҳимов суханронӣ карданд.
АХТАРИ ТОБОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ
25-уми сентябри соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сессияи илмӣ бахшида ба 95-умин солгарди зодрӯзи академик, собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид, ки аз 26-уми майи соли 1965 то 6-уми майи соли 1988-муддати 23 сол ин вазифаи пурмасъулиятро ба ӯҳда дошт.
Ҷамъомадро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида дар мавзӯи «Хидмати академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми академӣ» баромад карда иброз дошт, ки ду мафҳумро аз ҳам ҷудо кардан имконпазир аст, яъне мафҳуми Академия ва исми устод Муҳаммад Сайфиддинович Осимиро.
Сипас, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академик Кароматулло Олимов дар мавзӯи «Саҳми Муҳаммад Осимӣ дар таҳқиқи таърихи афкори фалсафии халқи тоҷик», директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Аловуддин Баҳоваддинови АИҶТ Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи «Муҳаммад Осимӣ-фарзанди барӯманди миллат», доктори илмҳои фалсафа, профессор Неъматулло Сайфуллоев дар мавзӯи «Осимӣ ва таҳқиқи фалсафаи табиатшиносӣ», доктори илмҳои фалсафа, профессор Мӯҳсин Раҳимов дар мавзӯи «Муҳаммад Осимӣ ва синошиносии тоҷик» бо маърӯзаҳои илмӣ назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Дар қисмати охир, ки аз хотироти дӯстон ва шогирдон иборат буд набераи устод Осимӣ-Рустам Осимов дар мавзӯи «Сомониҳо:ҳалқаи гумшуда дар таърихи илм» ва духтари шодравон Фирӯза Осимӣ аз хотироти худ дар мавзӯи «М.Осимӣ-падари меҳрубон» ва инчунин академикҳо Мӯсо Диноршоев, Рашид Раҳимов ёддошту хотироташонро аз рӯзгори ибратомӯзи шодравон Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ иброз доштанд.
Хуллас, нотиқон иброз доштанд, ки гарчанде имруз устод дар қайди ҳаёт нестанд, аммо ёди ӯ дар дили дидаҳои мо ва наслҳои оянда ҳамчун инсони асил боқӣ хоҳад монд.
Дар рафти чорабинӣ филми кӯтоҳе аз рӯзгору осори зиндаёд Муҳаммад Осимӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.