КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ”
2 – уми сентябри соли 2016 бо ташабусси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳо Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм” бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он пеш аз 250 нафар занони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Конференсияиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба фарорасии 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Якубова Муҳиба баромад намуда, нақши занонро дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеаи Тоҷикистон муассир арёбӣ намуданд.
Кори Конференсия дар ду бахш идома ёфта, дар онҳо гузоришҳои занон ва олимаҳои фаъоли ҷумҳурӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, болоравии мавқеи ҷавондухтарон дар ҷомеа, саҳми занон дар рушди илм, пешгирии ифротгароӣ дар байни бонувон, нақши матбуот дар инъикоси ҳаёти занон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон ва ғайраҳо шунида ва муҳокима карда шуд.
Саҳми занони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди илм, дар давоми 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон академик, Муҳиба Яқубова ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб
Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ шараф, ифтихор ва сарбаландии ҳар як миллат аст.
Аз ҳамин нуқтаи назар, Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик, аз ҷумла дар назди ҳар як фарди ҷомеа вазифаҳои муҳимеро гузошт, ки он ҳама пайки оѓози раванди созандагию бунёдкориҳо, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, амнияти давлату ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешравии илму маориф ва маданият мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар давоми 25 соли Истиқлолиятӣ давлатӣ Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагиро ба анҷом расонд.
Яке аз ин гуна корҳо масъалаи мавқеи зан дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқҳои зан, баробарҳуқуқии занону мардон буд, ки дар атрофи он аз тариқи воситаҳои ахбори омма баҳсҳои зиёде доир мешуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» барои ҳалли ин масъалаҳо нақши ҳалкунанда бозид.
Роҷеъ ба ин масъалаҳо Академияи илмҳои ҶТ низ барои амалӣ намудани нақшаҳои баёншуда корҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ мебарад.
Натиҷаи кори Академияи илмҳо маълум аст. Моҳияти асосии аз мавзуъҳои зерин иборат мебошанд:
1. Равияҳое, ки дар АИ барои боз ҳам пурзӯр намудани баробарии гендерӣ равона шудаанд;
2. Дастовардҳое, ки Академияи илмҳо дар ин ҷода ба даст овардааст.
3. Вазифаҳое, ки минбаъд Академияи илмҳо барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақоми зан дар нақша дорад.
Бояд қайд намуд, ки ба мушкилоти иқтисодӣ нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи илмро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои Академияи илмҳо бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ масъалаи хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зан-олимаҳо дар рушди илми тоҷик ҳамеша нақши бузург мебозиданд ва ҳоло занҳои зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки барои пешрафти илми тоҷик хизмат кардаанд ва имрӯз низ фаъолият мебаранд. Аммо ҳаминро қайд кардан лозим: дастовардҳое, ки имрӯз Академияи илмҳо ба онҳо ноил гардидааст, бе иштироки занон ѓайриимкон мебуд. Академия илмҳо дар ҷумҳурӣ ягона ташкилотест, ки дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҳам дар илмҳои дақиқ ва ҳам илмҳои гуманитарӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва дар рафти ин фаъолият хизмати занон низ хеле назаррас аст.
Вазифа ва мақсадхои асосии тадқиқҳои илмие, ки ба зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа бахшида шудааст, пеш аз хама аз инҳо иборат мебошанд:
- баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии чомеа;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон;
- баланд бардоштани фаъолиятнокии занон ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ ва ѓайра.
Ин гуна амалиёт хеле бамавкеъ аст, зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар давраи ҷанги бародаркушӣ паст рафтани дараҷаи некӯаҳволии халқ, пайдо шудани як қатор мушкилоти иқтисодию ичтимоӣ сабабгори паст шудани сатҳи маърифатнокии занон гардида буд. Ҳанӯз ҳам сатҳи маърифатнокӣ ва майли занону духтарон ба илм чавобгӯи замони муосир нест ва ин хеле таҳдидовар аст. Зеро маҳз занон насли ояндаро тарбия менамоянд ва инкишофи насли солим ва маърифатпарвар ба фаъолияти онҳо вобастагии калон дорад.
Хушбахтона сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин ҳама мушкилот равона шудааст. Ташкил намудани квотахо барои духтарони деҳот дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боиси он гардидааст, ки духтарони лаёқатманд хоҳиши дар аспирантура давом додани таҳсили худро доранд. Имрӯз сафи аспирантон аз ҷумлаи чунин духтарон зиёд шуда истодааст. Агар мо чанд соли охирро таҳлил намоем, назар ба солҳои 90-ум сафи духтарон дар аспирантура зиёд шудааст, масалан агар дар соли 2000 теъдоди онҳо 22 нафар бошад, соли 2015 ин щумора ба 287 нафар расидааст.
Айни замон дар сафи аспирантон ва докторантон 106 нафар духтарон таҳсил менамоянд.
Дар Академияи илмхо занон дар мақоми рохбарикунанда низ фаъолият мебаранд. 1 нафар зан узви Раёсати АИ ҶТ мебошад, ноиби президент – раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, 1-нафар директори Институт ва 2 нафар ҷонишини директор буда, вазифаи котиби илмиро дар тамоми институтҳо занҳо иҷро мекунанд. Дар солҳои Истиқлолият 2 нафар зан –академик интихоб шуданд, ки ин дар таърихи Академия илмҳо бори аввал мебошад.
Дар соли хониши 2015-2016 дар шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ дар 12 институти илмию тадқиқотӣ, 2 Маркази илмӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ дар курсҳои 1-ум ва 2-юм 227 нафар магистрҳо аз рӯи 37 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 78 нафар ё 34, 4 фоизроро духтарон ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои ҶТ 604 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 16 доктори илм, 93 номзади илм ва 145 нафар бе унвони илмӣ мебошанд.
Дар зарфи 25 соли Истиқлолият зиёда аз 20 нафар зан рисолаи докторӣ ва зиёда 100 нафар соҳиби рисолаи номзадӣ гардидаанд.
Оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар муассисаҳои илмии АИ корҳои зиёде анҷом меёбанд. Тарбияи олимаҳои ҷавон аллакай аз аспирантура шуруъ мешавад. Барои рӯҳбаланд намудани духтарони лаёқатманд дар аспирантура стипендияҳои махсус пешбинӣ шудааст. Аспирантдухтарони академия бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмии худ дар кишварҳои дигар низ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Олимаҳои академия дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои илмию амалӣ, ки ба масоили гендерӣ бахшида шудааст, дар тамоми кишвар ва берун аз он фаъолият менамоянд. Олимаҳои мо дар экспертизаи таҳқиқҳои илмӣ ва барномаҳои давлатӣ бевосита саҳмгузор мебошанд. Олимаҳои мо кӯшиши зиёд мебаранд, ки берун аз Академияи илмҳо, дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ фаъолияти педагогӣ баранд. Барои баланд бардоштани маърифати занон хизмати онҳо назаррас аст.
Илова ба ин дар тарбияи кадрҳои баландихтисос низ хизмати занҳои олимаи академия кам нест. Онҳо аз ташкилу фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ сар карда, то роҳнамоии илмӣ ба аспирантон ва докторантон фаъолият мебаранд.
Дар нақшаҳои ояндаи Акакдемияи илмҳо оид ба амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бораи баланд бардоштани фаъолияти занон ва ба илм боз ҳам бештар чалб намудани занону духтарон тадбирҳои зиёде андешида шуда истодааст.
Маркази илмии таҳқиқотии Тоҷикистон–Хитой оид ба экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ
барои ишғоли вазифаи лаборант–таҳлилгар (2 ҷой)
озмун эълон мекунад
Талаботҳо оид ба интихоби номзадҳо:
- маълумоти олӣ дар соҳаи химияи умумӣ ва таҳлилӣ
- таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол аз рўи ихтисос
- ба донистани забонҳои англисӣ ва хитоӣ афзалият дода мешавад
- синну сол то 35 сола
Номзадҳо метавонанд маълумотномаи мухтасари худро то 15–уми сентябри соли 2016 ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 33, Раёсати АИ ҶТ, утоқи 5 ва е-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: 221-50-17
ИФТИТОҲИ “МАРКАЗИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТИИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”
29 – уми августи соли 2016 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи “Маркази илмӣ – таҳқиқотии экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии раиси Парламенти СУАР, олимон ва коршиносони Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сарварии профессор Чен Ши, намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Президенти Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши ҳангоми ифтитоҳ намудани Маркази илмӣ меҳмонон ва иштирокчиёнро бо озмоишгоҳҳои ин Марказ ошно намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Марказ директори Институти экологияи ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши номаи табрикотии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, академик Бай Чунлиро дар иртибот бо ифтитоҳи Маркази илмӣ – таҳқиқотии экологӣ ва муҳити зизти Осиёи Марказӣ қироат намуд.
Пас аз ифтитоҳи Марказ маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Бо дар назардоштӣ хидматҳои беназири директори Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши дар рушди равобити илмии Тоҷикистону Чин дар маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро якдилона ба узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ нахустин муассисаи муштараки илмии Тоҷикистон ва Хитой ба ҳисоб рафта, дар асоси Созишномаи ҳамкории илмии байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст.
Вазифаҳои асосии Марказ:
- гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ;
- коркарди мавзуъҳои илмӣ-амалии актуалӣ дар соҳаҳои экология ва муҳити зист, захираҳои табиӣ, кишоварзӣ;
- омўзиши равандҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ;
- тақвият бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи геология, аз ҷумла таъсиси лабораторияи усулҳои таҳлили физикӣ-химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, минералҳо ва маъданҳо;
- истифодаи васеи усулҳои муосири мушоҳидаҳои фосилавӣ аз кайҳон ва ГИС-технологияҳо дар таҳқиқотҳои илмӣ;
- ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, воситаҳои техникӣ ва таҷҳизотҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ сохтани лоиҳаҳои пешрафтаи инноватсионӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот;
- тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони илмӣ, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳо бо роҳи фаъолгардонии иштироки онҳо дар коркарди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии муштарак.
СОХТОРИ МАРКАЗ
- лабораторияи экология ва муҳити зист
- лабораторияи геология ва усулҳои таҳлили физикӣ-химиявии намунаҳои геологӣ
- лабораторияи зондкунии фосилавӣ
- шабакаи пойгоҳҳои автоматикии метеорологӣ
- маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ
- ҳуҷраҳои таълимӣ ва корӣ барои кормандони илмӣ, магистрҳо ва докторантҳо
- маҷлисгоҳ
Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Ҳолати захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳӣ вобастаба тағйирёбии иқлим»
(ш. Хоруғ, 29-30 июли соли 2016)
29-30 июли соли 2016 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови АИ ҶТ дар доираи иҷрои нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016, № 99 тасдиқ гардидааст, Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Ҳолати захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Конференсия ба се санаи муҳими таърихӣ - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 75-солагии Боғи ботаникии Помир ва 100-солагии экспедитсияи Н.И.Вавилов дар Помир бахшида шуд. Дар кори конференсия беш аз 200 нафар олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии АИ ҶТ (Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Маркази илмии Хатлон), Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ), ҳамчунин мутахассисони Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, намояндагони ташкилоти байналхалқии «Фауна ва Флора Интернэшнл» ва Фонди Оғохон иштирок намуданд.
Конференсияро саркотиби илмии АИ ҶТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ифтитоҳ бахшид. Дар кори конференсия Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед суханронӣ намуда, ахамияти назариявӣ ва амалии муҳокимаи масъалаҳои таҳқиқи гуногунии биологӣ, экосистемаҳои табиӣ, захираҳои генетикӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии минтақаҳои кӯҳиро дар шароити тағйирёбандаи иқлим таъкид намуд. Дар ҷаласаи пленарии конференсия 6 маърӯзаи илмӣ ва дар 5 бахшҳои конференсия беш аз 50 гузоришҳои илмӣ шунида ва муҳокима карда шуд. Мавзӯъҳои гузоришҳои илмӣ масъалаҳои муҳимтарини биологияи назариявӣ ва амалӣ, аз ҷумла омӯзиши захираҳои генетикӣ, интродуксияи растаниҳо, гуногунии биологии растаниҳо ва ҳайвонот, баҳогузории захираҳои биологӣ, истифодаи босамари захираҳои гиёҳҳои шифобахш, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва захираҳои табииро фаро гирифтанд.
Дар арафаи кори конференсия маводи он дар ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ дар шакли маҷмуа нашр карда шуд, ки дар он 129 гузоришҳои илмӣ ворид гардидааст.
Дар анҷоми кори конференсия иштирокчиён қарордоди конференсияро қабул намуданд, ки дар он тақвият бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи омӯзиши гуногунии биологӣ ва захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳӣ, нигоҳдории генофонди маҳаллии растаниҳо ва зироатҳои кишоварзӣ, муҳимияти хоса доштани омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби навъҳои зироатҳои кишоварзии ба шароити тағйирёбандаи иқлим мутобиқ ва ғ. дарҷ карда шуд.
Дар ҳошияи қарордод, иштирокчиёни конференсия барои мусоидат ва дастгирии ҳаматарафа дар баргузории конференсия ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори сипос намуданд.