ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР АИ ҶТ
Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Маҷлисро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ҳамзамон Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ ҳусни оғоз бахшида, хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар роҳи душвори бунёди давлатдории миллӣ, таъмини зиндагии осоишта, эҳё намудани пояи давлатдории миллӣ, аз парокандашави наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ватани маҳбубамон сухан ронд.
Бахшида ба 21 – умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ ба 21 нафар кормандони Раёсати Академия шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.
Ҳамин тариқ, иштирокчиёни ҷамъомад қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат” – ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷом ба аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар байни ҷомеа вусъат бахшанд.
САРБАНДИ КӮЛИ САРЕЗ БА ЗАМИНҶУНБИИ РУХДОДА УСТУВОРИИ ХУДРО НИГОҲ ДОШТ
Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии магнитудааш М=7,4 ҳангоми фурӯ рафтани қитъаи зиёди нишебии соҳили рости дарёи Мурғоб дар ҷои деҳаи пештараи Усой пайдо шудааст. Дар масофаи 4 км аз сарбанди бавуҷудомада 2,2 километри мукааб об ҷамъ гардид ва соли 1914 деҳаи Сарез зери об монд. Номи кӯл аз номи деҳаи Сарез гирифта шудааст. Аз рӯи гуфти шоҳидон заминларза дар ин мавзеъ тӯли як ҳафта идома ёфтааст.
Дар давоми мавҷудияти кӯли Сарез беш аз 100 сол аст, ки масъалаи бехатарии сарбанди кӯли Сарез ва эҳтимолияти рахна шудани он дар маркази диққати муҳаққиқон қарор дорад. Аксари коршиносон дар он ақидаанд, ки сарбанди Усой устувор аст ва канда шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст.
Дар давоми солҳои 2000-2007 бо дастгирии молиявии Швейтсария, хазинаи Оғохон ва Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи байналмилалӣ оид ба насб намудани системаи назоратӣ ва огоҳонии пешакӣ дар сарбанди Усой ва дар водии Бартанг вобаста ба эҳтимолияти ҳамагуна оқибатҳои хатарноки кӯли Сарез амалӣ карда шудааст. Системаи мазкур аз соли 2007 инҷониб зери назорати Раёсати «Усой»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва дар сарбанд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст, ки назорати ҳолати сарбанди кӯли Сарезро ба ӯҳда дорад. Маълумот аз ин система ба воситаи моҳвора ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
Нишондиҳандаи асосии сарбанди Усой ченаки ҷараёни об аз кӯл аз ҳисоби полоиши он ба воситаи қисми болоии сарбанд ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми беруншавии об аз кӯл дар зимистон ва тобистон фарқ мекунад. Дар давраи тобистон аз ҳисоби обшавии пиряхҳо воридшавии об ба кӯл нисбат ба давраи зимистон 2 баробар зиёд аст. Ченкунии маҷрои оби кӯл ба таври шабонарӯзӣ дар пойгоҳи таҷҳизонидашудаи махсуси гидрологӣ, ки дар масофаи 1 км поён аз сарбанд ва дар деҳаи Барчадив (18 км дуртар аз сарбанд) ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Сатҳи оби кӯл ба таври автоматӣ низ чен карда мешавад.
7 декабри соли 2015 соати 12:50 (бо вақти маҳаллӣ) заминларзаи магнитудааш M = 7.2, рух дод, ки ба заминларзаи соли 1911 шабоҳат дошт. Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи афтидани санги дар соҳили кӯли Сарез ба амал омада, сатҳи оби кӯл 40-50 см баланд шуд ва маҷрои беруншавии об аз кӯл зиёд гардид. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи сарбанди кӯли Сарез ҷараёни обро идора мекунад ва дар натиҷаи заминларзаи рухдода сахтшавии иловагии сарбанд ба амал наомадааст, ки боиси паст шудани полоиши об ва баланд шудани сатҳи об гардад.
Тибқи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол тамоили пастшавии сатҳи оби кӯли Сарез ва камшавии ҷараёни об аз кӯл ба мушоҳида мерасад ва ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад.
Ҳамин тариқ, заминларзае, ки 7 декабри соли 2015 рух дод ба сарбанди кӯли Сарез ва реҷаи полоиши об аз кӯл таъсир нарасонидааст. Сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад ва хатари рахна шудани кӯли Сарез вуҷуд надорад.
МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША” ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4 – уми декабри соли 2015, соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” дар мавзӯи “Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик” баргузор гардид.
Имрӯз пешрафти тамоми соҳаҳои мухталифро технологияи навтарин, нанотехнология, электроникаи тиббиву ҳарбӣ, сатҳи истеҳсоли босуръат ва босифати масолеҳи нанотехнологиро таъмин менамояд иброз дошт директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаву математика, профессор Ҳикмат Муминов.
Вобаста ба дастовардҳои муҳими физикии асрҳои гузашта, равандҳои навини илми физикиро пешгӯӣ намуда, саҳми олимони ватаниро дар пешрафти илм ва техника назаррас арзёби намуд Ҳикмат Муминов.
Инчунин самтҳои физикӣ метавонанд дар оянда рушд намоянд ва бо перафти илм ва истеҳсоли ватанӣ такон диҳанд, дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази байналмилалии омӯзиши нурҳои кайҳонии “Помир - Чакалтай”, ки дар онҷо омӯзиши зарраҳои баландэнергия ба роҳ монда шудааст метавонанд ба пешрафти яке аз самтҳои афзалиятнокии физика – назария ягонаи майдон мусоидат намояд. Зеро ин ҷойгоҳе, ки дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст аз ҳисоби баландии маҳал ва тозагии атмосфера дар дунё ҳамто надорад иброз намуд Ҳикмат Муминов дар анҷоми маҳфил.
Сессияи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80 – солагии зодрӯзи академик Хуршед Ҳилолович Каримов
10 – уми декабри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сессияи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80 – солагии зодрӯзи доктори илмҳои биологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академики АИ ҶТ Хуршед Ҳилолович Каримов баргузор гардид.
Ҷамъомадро ба ин муносибат ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Яқубова ифтитоҳ бахшид. Сипас узви вобастаи АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти илмию ташкилии академик Хуршед Ҳилолович Каримов” маъруза намуд.
Хуршед Ҳилолович Каримов чун олими шинохта ва намоёни соҳаи илми биологӣ, роҳбар ва ташкилотчии моҳиру оқил дар тӯли умри пурфайзу бобаракаташон тавонистанд, ки бо хиради воло дар соҳаи илмҳои биологӣ, алалхусус, физиология ва биохимияи растаниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.
Хуршед Ҳилолович Каримов 10 – уми декабри соли 1935 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падари номбурда муаллифи китоби “Алифбо” - Ҳилол Каримов мебошад, ки зиёда аз 50 сол мардуми тоҷик ҳарфу ҳиҷоҳоро аз бар намуда соҳибсавод гаштаанд.
Хуршед Ҳилолович Каримов соли 1953 баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети биология ва хокшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шуда, онро соли 1958 бомувваффақият хатм карда аст. Худи ҳамон сол аз рӯи ихтисоси “Физиологияи растанӣ” ба аспирантура дохил шуда, таҳти роҳбарии олими фитофизиолог ва биохимики варзидаи шӯравӣ, профессор А.А.Прокофев соли 1962 дар мавзӯи “Оромии тобистонаи растаниҳо” рисолаи номзадиро дифоъ намудаанд.
Хуршед Ҳилолович Каримов соли 1974 дар мавзӯи “Рушду нумӯи зимистона ва оромии тобистонаи растаниҳо дар минтақаҳои хушки Тоҷикистон” рисолаи докториро дифоъ карда, соли 1981 узви вобастаи АИ ҶТ, соли 1985 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардида, соли 1989 ба унвони профессор сазовор гардидааст. Академик Хуршед Ҳилолович Каримов солҳои 1987 – 2014 ҳамчун раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси физиология ва биохимияи растаниҳо фаъолият намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи биология саҳми босазо гузоштааст.
Хуршед Ҳилолович Каримов ҳамчун олими шинохта, на танҳо дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ, инчунин, дар чандин симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Олмон (1977), Австрия (1990 – 1991), Эрон (1994 – 2001), Украина (1995), Қазоқистон (1996), Туркия (2002), Исроил (2002), Россия (2002), Мексика (2003) ва ғайраҳо ширкат варзида, дастовардҳои илми биологияи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Заҳматҳои шоёни Хуршед Ҳилолович Каримов аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва ифтихорномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуда аст. Академики шинохта Хуршед Ҳилолович Каримов муаллифи зиёда аз 430 мақолаи илмӣ, 8 монография аст. Таҳти роҳбарии Хуршед Ҳилолович Каримов 12 нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ гардидааст.
Дар анҷоми ҷамъомад ҳамкорон, дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандони шодравон аз рӯзгори ибратомӯзи фидоии роҳи илм, мутахассиси шинохтаи соҳаи физиология ва биохимияи рустаниҳо академик Хуршед Ҳилолович Каримов хотироти худро иброз доштанд.
Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод карданд, ки барои абади нигоҳ доштани хотираи академик Хуршед Ҳилолович Каримов утоқи кории ин олим дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таъсис дода шавад ва ҳамзамон маҷмӯаи дастаҷамъӣ саршор аз хотироти шогирдон, хамкорон ва пайвандону ҳамкасбони устод таҳия ва интишор гардад.
Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик
Ба диққати донишмандон, пажуҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки рӯзи 4 – уми декабри соли 2015, соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” дар мавзӯи “Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик” баргузор мегардад.
Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.
Дар маҳфил директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаву математика, профессор Муминов Ҳикмат Ҳалимович ба ҳайси гузоришгар ва садри маҳфил сухан хоҳад ронд.