Семинари байналмилалии гуногунии табиӣ
Рўзи 2-юми октябр дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ бо ибтикори Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари байналмилалии «Гуногунии табиӣ дар пойгоҳи куҳӣ-ботаникии Кондара» бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Семинари мазкурро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, нақши ҷавононро дар рушди илми муосир иқрор намуд.
Дар семинар ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, директориИнститути ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Акобир Мирзораҳимов, раиси Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ Мену Маҳмадюсуфова барои меҳмонон аз воқеияти табиати Тоҷикистон маърўзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар семинар олимони ҷавон аз кишварҳои пасошўравӣ чун Россия, Арманистон, Белоруссия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова ва ғайра ширкат намуда, оид ба масъалаҳои гуногунии табиат ва дигар мушкилиҳои илми ботаникӣ маърўзаҳои илмӣ карда, ҳозиринро аз вазъи гуногунии табии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон воқиф намуданд.
«Рўзи Мавлоно» дар саҳни Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
Чун анаъна ҳар сол 30-юми сентябр дар кишвари азизи мо- Тоҷикистон «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳам ин рўз дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, махсусан назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд. Ташкилкунандагони ин маҳфили фараҳбахш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буданд.
Сухани ифтитоҳиро ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимои ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёну маърузакунандагон барору комёбӣ орзу намуд. Ҳамчунин дар рафти чорабинии мазкур баромади илмии Ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классики Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ Ҷамолиддин Саидзода ва узви Раёсати Иттифоқи нависандагон Рустами Ваҳҳоб дода шуд, ки ҳар кадом доир ба корномаҳои эҷодии Мавлонои Балхӣ изҳори ақида намуданд.
Баъдан қироати шеър аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад ғоиб, Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалии Аҷамӣ ва суруду мусиқиҳои дилхушкунанда аз эҷодиёти шоирро Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷурабек Назрӣ ва Муродбеки Насриддин ба иҷро расониданд, ки хеле таъсиргузор буданд.
Мавлавии Балхӣ дар садаи 21 ягона нобиғаи Машриқзамин аст, ки башар бидуни шакку шубҳа осори арзишманди ўро дар сартосари ҷаҳон мутолиа мекунад. Бахусус, «Маснавии маънавӣ» аз зумраи асарҳоест, ки ҷаҳониён новобаста аз мансубияти милливу динӣ онро таҳқиқ мекунанд ва барои наздикону ақрабои хеш ин асари арзишмандро барои мутолиа тавсия медиҳанд.
Мавлавӣ дар «Маснавии маънавӣ» хеле ба маврид тазаккур медиҳад:
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар набиштан шер шир.
Мавлоно Ҷалолуддин васиятномае ба мо боқӣ гузоштааст ва аз тариқи ин васиятнома моро ба беҳтарин амал даъват менамояд: «Шуморо сифориш мекунам ба кам хўрдану кам гуфтану кам хуфтан… ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми хеш муфид бошад» .
Рўзи Мавлавӣ ба ҳамаи ҳаммеҳанон муборак бошад!
НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН
Субҳи 23-юми сентябри соли 2017 бо ибтикори Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Академияи хурди илмҳо ва Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Намоишгоҳи дастовардҳои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар Боғи Ирами пойтахт доир гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои илмии худ аз ќабили Патент оид ба ихтироот,Диплом ва китобу дастурҳои худро ба маърази намоиш гузоштанд.Дар ҷамъомад ноибони соҳавии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Мўминов, Абдусаттор Саидов ва Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз ширкат варзиданд. Ҳамзамон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ шахсан аз намоишгоҳи мазкур боздтд ба амал овард.
Дар рафти баргузории намоишгоҳ базми мусиќӣ дар иҷрои ҳунармандони Ансамбли «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,ки хотири ҳозирин ва ҷавононро шод намуд.
Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон»
Дар арафаи ҷашни бузурги « Рӯзи забони давлатӣ» имрӯз дар таърихи 29.09.2017 бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷкистон ба номи С.Айнӣ дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» баргузор шуд.
Дар Конфронси мазкур, ки аз бахшҳои ифтитоҳӣ ва илмӣ иборат буд, зиёда аз 35 маърӯзаҳои илмӣ- амалӣ дар мавзӯъҳои гуногуни забон баррасӣ гардиданд.
Дар кори конфронс нахустсухани ифтитоҳиро директори Институти мазкур, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Раҳматуллозода Сахидод ҳусни оғоз бахшида, ҳозирини аз дуру наздик омадаро ба «Рӯзи забони давлатӣ» табрику муборакбод гуфт. Баъдан сухан ба муовини аввали президенти АИ ҶТ доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон дода шуд. Мавсуф дар идомаи суҳбати хеш аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ изҳори ақида карда, қайд карданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто хеле назаррас мебошад.
Сухани баъдӣ ба доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷӯраев дода шуд, ки бо маърӯзаи илмии хеш дар мавзӯи « Муродифҳои лаҳҷавӣ ва байнилаҳҷавӣ» баҳси гармеро ба миён овард.
Инчунин дар қисмати охири бахши аввал устодону шогирдон ва ҳамкасбони доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷӯраевро ба муносибати ҷашни мубораки 80-солагиаш табрику муборакбод гуфта, ба ӯ тани сиҳат ва умри дарози пурмаҳсулро орзу намуданд.
Рӯзи «Дарҳои кушод» дар Академияи илмҳои ҶТ
Субҳи Якшанбе 24-уми сентябри соли равон дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи « Дарҳои кушод» барои хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо гузаронида шуд. Дар ин рӯз хонандагон ба Раёсати АИ ҶТ омада, дар чорабинии бахшида ба рӯзи «Дарҳои кушод» ва ба бахшҳои Академияи хурди илмҳо шомил шудан, фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин дар Раёсати АИ ҶТ намоишгоҳи дастовардҳои Институтҳои илмӣ – таҳқиқотии АИ ҶТ баргузор гардид.
Баъди намоишгоҳ ҷаласаи рӯзи «Дарҳои кушод» гузаронида шуд. Ҷаласаро президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда ҳозиронро доир ба фаъолияти Академияи илмҳо ва институтҳои илмӣ – таҳқиқотии он шинос намуд. Қайд карда шуд, ки Академияи илмҳо дар ҷумҳурӣ ягона маркази калонтарини таҳқиқотҳои илмӣ мебошад, ки беш аз 2000 нафар кормандон дар ин самт кору фаъолият менамоянд
Сипас сухан ба муовини вазири маориф ва илми ҶТ Латофат Назирӣ супорида шуд. Дар рафти суханронӣ ҷараёни таҳсил дар Академия хурди илмҳо ва иштирок дар сессияи баҳорӣ гуфта шуд. Қайд карда шуд, ки робитаи Академияи хурди илмҳо бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, махсусан бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ мустаҳкам буда, дар ҳама чорабиниҳои Академияи хурди илмҳо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ саҳми худро мегузорад.
Сухани навбатӣ ба ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои гуманитарӣ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон дода шуд. Номбурда оид ба рафти таълим ва фаъолияти хонандагони бахшҳои Академияи хурди илмҳо суханронӣ намуда, доир ба дохил шудани хонандагон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар маълумоти заруриро пешниҳод намуданд. Сухани навбатӣ ба ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, академик Муминов Ҳикмат дода шуд. Ҳикмат Муминов доир ба фаъолияти Шуъбаи табиатшиносӣ суханронӣ намуда, дар бораи Пажӯҳишгоҳ ва самтҳои асосии Шуъба маълумоти мухтасар доданд. Сипас сухан ба ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, узви вобастаи АИ ҶТ Саидов А.С. дода шуд. Дар рафти суханронӣ Саидов А.С. мақсади хонандагон ва ҳадафҳои асосии Академияи хурди илмҳоро фаҳмонида дод. Дар рафти чорабинӣ ба як гурӯҳ хонандагоне, ки дар сессияи баҳорӣ соҳиби дипломҳо ва шаҳодатномаҳои Аъзои пайваста ва вобастаи АХИ шуда буданд, супорида шуд.
Баъди суханрониҳо хонандагон номҳои худро ба бахшҳо номнавис карда, бо устодони бахшҳои Академияи хурди илмҳо оид ба ҷараёни дарсҳо суҳбатҳои алоҳида гузарониданд.
Аз ҷумла, хонандагон номҳои худро дар бахшҳои зерин номнавис карданд: математика (30 нафар), информатика (25 нафар), астрофизика (15 нафар), физика (45 нафар), химия (50 нафар), гидрохимия (15 нафар), биология (45 нафар), иқтисодиёт (15 нафар), тиб (60 нафар), таърих ва бостоншиносӣ (60 нафар), генетика (15 нафар) ва география ва экология (15 нафар), ҳуқуқ (15 нафар), педагогика ва психология (12 нафар).
Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор ва Варзоб бо теъдоди зиёда аз 350 нафар иштирок доштанд. Аз ин миқдор хонандагон беш аз 300 нафар дар 14 бахшҳои АХИ номнавис шуданд.