Ҳимояи 353 рисолаи Академия илмҳо дар соли 2015
Тавре ки президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, аз тарафи муассисаҳои АИ ҶТ дар соли 2015 58 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 симпозиуми байналмилалӣ, 13 конфронси байналмилалӣ, 27 конфронси ҷумҳуриявӣ, 15 семинар, тренинг ва чорабиниҳои дигари байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон дар 23 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуда, дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 69 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Аз шумораи дифоъкардагон 15 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд. Аз тарафи кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола ҳимоя карда шудааст, ки аз онҳо 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ мебошад.
МАҶЛИСИ ШУЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСИИ АИ ҶТ
7–уми январи соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор гардид.
Дар Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ “Ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии муассисаҳои илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016”, “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди геополитикии ҷаҳони муосир” муҳокима карда шуд.
Дар Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов зикр намуд, ки имсол соли аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим аст. 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад. Давлати соҳибистиқлоламон бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёту осудагии халқи азизамон саъю талоши пайваста дорад. Дар ҷаҳони ноором ва таҳдиди хатарҳои глобалӣ ҳифзи амнияту оромӣ ва ваҳдати ҷомеа, зиракии сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ, вусъати ҷаҳонбинии дунявӣ ниҳоят муҳим аст. Боварии комил дорем, ки олимони ҷомеашиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қисми фаъоли зиёиёни тоҷик дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои маънавии давлатамон, инчунин дар кори идеологии давлат фаъолона иштирок карда, мисли ҳамеша барои тарбияи сиёсӣ ва маънавии аҳолии кишвар саҳми наҷибонаи худро мегузоранд.
Вазифаҳои Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии зертобеи он дар соли 2016 аз масъалаҳои зерин иборат дониста шаванд:
- дар муассисаҳои Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ барои амалӣ намудани Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад;
- бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сифати омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ба воситаи магистратура, аспирантура ва докторантура тадбирҳои муассир андешида шаванд;
- аз ҷониби муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ба хусус факултаҳои соҳавии илмҳои ҷамъиятшиносӣ тавсеаи бештар бахшида, барои ҷалби олимони ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар таҳқиқотҳои муштарак чораҳои мушаххас андешида шаванд;
- ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, мубориза бар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва бегона дар Тоҷикистон, пешрафти идеология ва амалияи давлат дар даврони сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ корҳои таблиғотӣ аз тариқи васоити ахбори умум бояд дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шаванд;
- барои омодагӣ ва дар сатҳи баланди илмиву ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷашнвораҳои Ҳаким Тирмизӣ, Закариёи Розӣ ва Ғаффор Валаматзода, ки ЮНЕСКО тасдиқ намудааст, аз тарафи муассисаҳои Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Чопи китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва баргузории симпозиумҳо, конференсияҳо дар назар гирифта шаванд.
Дар Маҷлиси умумии солона ҳамчунин директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов таъкид намуд, ки пеш аз оне дар бораи равандҳои геополитикӣ сухан гуем бояд дастовардҳои замони истиқлолиятро пеши назар орем. Маълум аст, ки дар нимаи дуюми солҳои 1990 дар ҷумҳурӣ раванди созандагию бунёдкорӣ шуруъ шуд. Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қайроқум, нақби Анзоб, НОБ-и Сангтӯдаи 1, Сангтудаи 2, сохтмони НОБ-и Роғун, азхудкунии кони гази Хоҷасартез ва Хоҷабоқирғон, сохтмони фурудгоҳи Кӯлоб ва таъмиру азнавсозии фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд, барқарорсозии роҳи оҳани Вахш-Ёвон кушода шудани нақби Озодии Шаршар, нақби Истиқлол, сохтмони 5 пул дар дарёи Панҷ, ва боз бисёр пешравиҳои дигаре, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардаем ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлолият мебошанд. Дар баробари ин, баргузории ҷашну эҳё намудани дигар саҳифаҳои аз ёд рафтаи таърих низ дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки боиси ифтихори натанҳо шаҳрвандони мо, балки барои ифтихори тамоми тоҷикони дунё мебошанд.
Бояд гуфт, ки мавқеи геополитикӣ мафҳуми мутаносиб мебошад, зеро вай танҳо дар марҳилаҳои муайяни рушду инкишоф барои давлат хизмат менамояд ва қудрати доимӣ надорад. Муайян намудани мавқеи геополитики Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муҳимияти махсус дошта барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ хеле зарур аст. Албатта Тоҷикистон аз назари ҷуғрофи дар чоррҳаи тамаддунҳои гуногун мавқеъ гирифта ба онҳо ҳамсарҳаду дорои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Агар аз як тараф кишварҳои зиёде бо хусусиятҳои дунявии давлатдорӣ бошанд аз тарафидигар кишварҳое арзи вуҷуд доранд, ки дар ҳаёти сиёсии онҳо дин нақши муҳим мебозад. Инчунин, дар паҳлӯи дигари кишвари мо ҳамсояи абарқудрате бо тамаддуну маданияту дину оини дигар ҷойгир аст, ки имрӯз таъсири геополитики он дар ҷаҳон мақоми махсус дорад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар муайян намудани мавқеи геополитики Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи дарҳои бози Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти махсус дорад.
МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ШУЪБАИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТШИНОСӢ
7–уми январи соли 2016 соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор мегардад.
Дар Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ “Ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии муассисаҳои илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” муҳокима карда мешавад. Аз рӯи масъалаи мазкур ҳисоботи ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов барассӣ ва муҳокима карда мешавад.
Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солона ҳамчунин маърӯзаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди геополитикии ҷаҳони муосир” дохил карда шудааст.
МАҶЛИСИ УМУМИИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛОНАИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
8–уми январи соли 2016 соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи Раёсати АИ ҶТ баргузор мегардад.
Дар рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин ворид карда шудааст:
1. “Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016”-ҳисоботи солонаи президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ.
2. “Муҳокимаи ҳисобот ва қабули қарор”.
3. “Супоридани дипломҳо ва ҷоизаҳои АИ ҶТ ба олимони ҷавон”.
4. “Маросими баимзорасонии Шартнома оид ба ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ”.
МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ДУ ШУЪБАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
6 – уми январи соли 2016 соатҳои 10:00 ва 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ ва Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ баргузор мегардад.
Дар Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаҳо ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии муассисаҳои илмии Шуъбаҳо дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016 баррасӣ карда мешавад.
Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаҳо маърӯзаҳои илмии олимони шинохта дар мавзуъҳои мубрами илми муосир ворид карда шудааст.
Мақолаҳои дигар...
- Нақши Парезидентдар рушду ташаккули маънавиёти ҷавонон
- ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН
- КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 80 – УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ ПРОФЕССОР АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
- Сессияи илмӣ бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ