joomla
free templates joomla

Изҳороти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳодисаи нангини ватанфурӯшии Гулмурод Ҳалимов – ном як нафар собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии кишвар бохабар гашта, изҳори таассуф мекунад, ки дар Ватани азизамон чунин нафари ношукр ва кӯрнамак пайдо гардидааст, ки  қасами ба Ватан ва давлат додаашро шикаста, ба гурӯҳҳои силоҳбадасти террористӣ ҳамроҳ мешавад.

      Ба ҳар як шаҳрванди оқил ва ватандӯсти Ватанамон маълум мебошад, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азобу машақкатҳои зиёде аз парокандагию  нобудшавӣ наҷот ёфта, ба сулҳу салоҳ ноил гардид ва роҳи тараққиёту созандагиро пеш гирифт. Коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ сабабҳои ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакати мо таҳлил карда, ба хулосае расиданд, ки сабабҳои асосии сар задании ҳодисаҳои фоҷиабори гузашта, нишонгари дур будан  аз худогоҳии миллӣ ва ба доми фиреби душманони давлату миллат гирифтор шудани гурӯҳе аз шаҳрвандони ҳангомаҷӯю мансабхоҳ будаст. Чунин одамони содаю зудбоварро баъзе қувваҳои вайронкори хориҷӣ бо ҳилаву найранг ба осонӣ ба доми худ мегиранд ва дар зери ниқоби  «наҷоти ислом», мазҳабҳои мухталифи исломиро душмани якдигар месозанд. Ин нирӯҳои низоъандоз дар кишвари мо  боиси марги беш аз сад ҳазор  аҳолии осоишта шуда буданд, ки аксари онҳо ҷавонон ва занону кӯдаконанд. Гулмурод ӯ барин ҷавонони тоҷикистонии ба доми фиреб афтода мехоҳанд бори дигар он рӯзҳои талхро ба сари мардум биёранд. Вале имрӯз халқи мо қадри сулҳу осоиштагиро хуб медонад ва фиреб нахоҳад хӯрд.  

       Душманони миллати тоҷик ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои харобкоронаи худ даст накашидаанд ва зиндагии миллати моро дар фазои сулҳу созандагӣ дидан намехоҳанд ва дубора хостори ба гирдоби низоъ ва хунрезӣ гирифтор сохтани мо мебошанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ё дақиқтараш ҷаҳонисозӣ, нирӯҳои манфиатҷӯ мехоҳанд давлатҳои оромро ноором, мардуми хушбахтро бадбахт гардонида, аз боигарии миллиашон маҳрум созанд ва бо баҳонаҳои ҷорӣ кардани «исломи ноб» бо зӯри силоҳҳои маргбор халқҳои мусалмонро нобуд созанд.

             Оё зиндагии мардуми Ливия, Сурия, Ироқ дар солҳои пешин бад буд? Оё онҳо пештар мусалмон набуданд?  Оё акнун хушбахт шудаанд? Фарзандонашон  орому осуда хоб мекунанд? Оё имрӯз гуреза шуда ба муҳоҷират рафта, ба умеди як пора нон ва гӯшаи ором дар баҳри Миёназамин ғарқ шуда  намемиранд? Оё даҳсолҳо инҷониб мардуми бародари мо дар  Афғонистон дар зери шиорҳои ҷиҳодии ҳизбҳои исломӣ қурбон намешаванд? 

       Оё он қувваҳое, ки зери ниқоби ислом ва ҷиҳод ба қатлу ғорат ва таҷовуз ба номуси мусалмонон даст задаанд ва   одамони бегуноҳро сар аз тан ҷудо мекунанд, мусалмон ҳастанд? Ҳеҷ гоҳ! Онҳо шахсони содадил, норозӣ аз зиндагӣ ва ба пули осон умедбастаро бо ваъдаҳои дурӯғин ба сафҳои террористон ҷалб менамоянд, аз онҳо қотилони байналмилалӣ тайёр мекунанд, то ба ин васила мардуми мусалмонро аз байн бибаранд ва сафҳояшонро ҳар чи камтар намоянд. Ҳадафи асосии онҳо мусулмононро ба дасти худи мусумонон несту нобуд кардан аст!

       Ба чунин гурӯҳҳои террористии бо ном Давлати исломӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимов чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳам як шахси фиребхӯрдаест, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсиаш ва ҳуввияти миллӣ надоштанаш, эҳсоси  миллатдӯстию ватанпарастии амиқ намекунад ва мисли як гурӯҳ ҷавонони ҳамсони худ ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат кардааст.

             Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва «муҷоҳидони» ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину бадбахттарин амал  хиёнат ба Ватан аст ва номи ин гуна шахсон ҳамчун  хоини Ватан дар таърих  хоҳад монд. Оё осон аст ба фарзандону наздикони одаме, ки чун «хоини Ватан» ном бурда мешавад? Оё Ватан ба Гулмурод Ҳалимов бо тиру силоҳ таҳдид кардааст, ки аз мулки дигар бо силоҳ ба сӯи Ватан таҳдид мекунад ва мехоҳад ба воситаи куштору хунрезӣ ба Тоҷикистон баргардад? Оё ин кори инсони солим ва боақл аст?

     Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ҷорӣ шудани сулҳу субот дар кишвари азизамон бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаллу фасл шудаанд. Роҳҳову туннелҳо, нирӯгоҳҳои обии барқии хурду миёна, биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, мактабҳои нави замонавӣ бино гардидаанд,ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада истодаанд, маошу нафақа ҳар сол бештар мешавад. Ба кӯдакони бепарастор ва эҳтиёҷмандон аз тарафи давлат ҳамасола ёрӣ расонида мешавад. Дар кишварҳои хориҷ намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои кишварамон фаъолият доранд, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунанд, обрӯи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон торафт боло меравад. Оё ин муваффақиятҳоро нодида гирифтан мумкин аст? Албатта, камбудиҳо ҳастанд, вале онҳоро танҳо дар шароити оромию субот бартараф кардан мумкин асту бас. Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёд сохта шуданд, мардуми мусалмони мо ба зиёрати хонаи Худо меравад, теъдоди ҳоҷиён сол то сол меафзояд, маросимҳои динӣ озодона анҷом дода мешаванд. Оё ин мусалмонӣ нест? Барои баҳои холисона додан инсон бояд  воқеъбин ва боинсоф бошад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур  Мавлоно  Ҷалолуддини Балх мегӯяд:

             Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ,

             Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.  

             Наворҳои бераҳмонаеро, ки аз Давлати исломии Ироқу Шом  аз тариқи интернет ва телевизион намоиш медиҳанд, бо  ислом иртиботе надорад ва он даҳшатест, ки ба инсон хос нест. Хоҷагони хориҷии бо ном Давлати исломӣ  ба дасти кӯдакони мусалмон силоҳ дода, аз онҳо мехоҳанд қотилҳои исломӣ омода намоянд ва бо силоҳҳои маргбор мехоҳанд исломи наверо ҷорӣ кунанд, ки дар асл мақсадаш хонаи Каъбаро вайрон кардан, эҳтироми падару модар ва ҳурмати қабри наздиконро аз байн бардоштан, давлатҳои миллиро барҳам додан мебошад ва инро талаботи исломи ҳақиқӣ медонанд. Дар сурате, ки ҳадафи ниҳоӣ ва аслии муғризонаи хоҷагони ҳориҷии ДИИШ ҳуввияти мусулмононро барҳам задан, аз дастёбӣ ба илму фани муосир дур нигоҳ доштан, мусулмононро душмани ҳамдигар сохтан ва аслан пурра несту нобуд сохтану дороиҳо ва Ватани мусулмоноро соҳиб шудан мебошад. Онҳо тавассути Гулмурод Ҳалимов барин ашхоси нохудоогоҳу бидуни ҳуввияти миллӣ, кишвари моро мисли Ироқ,Сурия, Яман, Миср ва Афғонистон ба гирдоби ҷангу низоъҳои даҳшатбор афкандан мехоҳанд.

             Бовари комил дорем, ки ҳеҷ  фарди солимақл ва халқи заҳматкаши тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафии сулҳхоҳу сулҳпарвар аст, аз паи чунин иғвоҳои даҳшатафканон нахоҳад рафт!  

          Мо, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити глобализатсияи муосир, ки дар баробари неъматҳои хуби илму технология, инчунин мушкилиҳои зиёди сиёсӣ ва мафкуравии бузургро, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, маводи мухаддир, одамрабоӣ ва одамфурӯширо ба бор овардааст, изҳори ташвиш намуда, ба ҳамаи мардуми  ранҷкашидаи кишвари маҳбубамон, хосатан ҷавонон, ҷавондухтарон, донишҷӯён, муаллимон, соҳибкорон, рӯҳониёни бедордил, аҳли илму адаб муроҷиат менамоем, ки  аз равандҳои хатарноки замони  муосир ва ҳодисаҳои нохуши он хуб огоҳ бошанд, барои аз ҷиҳати  ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба камол расидани фарзандони миллат кӯшиш намоянд. Дар ҳамаи ҷамъомадҳо, маъракаҳо, маҳфилҳо ба ҳамагон фаҳмонем, ки мақсадҳои ҷиҳодталабони ба ном «исломӣ» ба ҷуз бадбахтӣ, куштор ва хонумонсӯзӣ дигар натиҷа нахоҳад дод. Ҷавононро аз хатарҳои ин қувваҳои хунхор бояд ҳифз намоем, то онҳо бехонаву беватан, гурезаю дар ба дари ватани дигарон нашаванд! Падару модарон ва мактабҳо бояд кӯдаконро аз хурдӣ дар рӯҳияи донишандӯзӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, сулҳҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамаи миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои гуногун тарбия намоянд. Зеро мо дар як сайёра зиндагӣ мекунем ва  фазои сулҳу  эҳтиром ба инсон дар маркази ҷаҳонбинии ҳамаи сокинони он бояд қарор дошта бошад.

        Гарави асосии оромии зиндагии имрӯзи ҳамаи мо ва хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондану нобуд нашудани Ватани ягонаамон – Тоҷикистон – садоқат ба ваҳдати миллӣ ва дар атрофи Президенти кишварамон барои таҳкими  субот ва  пойдории  давлат  муттаҳид шудан аст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ  дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм  баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон  ҳаммаром ва ҳамнаво бошем.  Ин аст вазифаи олии имонӣ ва инсонии ҳар як сокини Ватан ва ҳар як фарди хирадпешаву мусалмони ватанпараст.

 

Раёсати Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

                         

Конференсияи байналмилалӣ

 

    Рӯзҳои 27 ва 28-уми майи соли 2015 бахшида ба Рӯзи кимиёгарон  бо ибтикори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Институти мазкур  Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 1150-солагии олим, қомусшинос, табиб, файласуф ва кимиёшиноси бузурги форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ доир гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ифтитоҳ бахшида, мухтасар аз ҳаёту фаъолияти Закариёи Розӣ ҳарф зад.Дар кори конфронс ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Саидмуҳаммад Одинаев ва Муҳиба Яқубова ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳои олимони тоҷик Умаралӣ Раҷабов, Ҳоҷиён Мирзошокири Қосимпур ва Сабоҳат Ҳайдарова дар мавзӯъҳои «Корҳои илмии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, тиб ва дорушиносӣ», «Нақши Закариёи Розӣ дар инкишофи илми кимиё ва илмҳои вобаста ба он», «Одоби роҳбарӣ ва идоракунӣ аз нигоҳи Абӯбакри Розӣ» баромад карданд.

Дар рафти конференсия иштирокчиён ба бахшҳои мухталиф тақсим шуда аз осори гаронбаҳои Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ ошно гардиданд.

Кори конференсия дар 3 бахш идома ёфта дар он масъалаҳои мавқеи осори Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи илмҳои кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

    Рӯзи 24-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилаии президентии шаҳри Душанбе Сессияи хурд (баҳорӣ)-и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мақсад аз доир намудани чунин чорабинӣ натиҷагирӣ кардани фаъолияти бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва филиалҳои онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон мебошад. Дар кори сессия Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ, президенти Академияи хурди илмҳо, академик Д.Н.Почоҷонов, раиси Маркази фарҳангии Россия дар Тоҷикистон В.О.Курнушко, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Холназаров, омӯзгорони Академияи хурди илмҳо, бештар аз 100  нафар хонандагон Академияи хурди илмҳо, директорони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Дар сессия хонандагони бахшҳои математика, химия, физика, астрофизика, биология, иқтисод, геоэкология, тиб, геохимия, забон ва адабиёт, равоншиносӣ ва педагогика дар мавзӯъҳои муҳим, мисли истифодаи самараноки об ва ҳифзи об, аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ, ифлосшавии муҳити зист, хусусиятҳои табобатии растаниҳо, бемории норасогии қанд, муҳоҷирати меҳнатӣ, осори адабию хаттии мутафаккирони тоҷик, масъалаҳои таърих ва бостоншиносии тоҷик  ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

    Дар сессия фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар соли таҳсили 2014-2015 ҷамъбаст карда шуда, ба бештар аз 50 нафар хонандагони фаъоли академия унвони узви пайваста (академик), унвони узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, ҳамчунин ифтихорномаҳои Академияи хурди илмҳо дода шуданд.

 

 

 

Мизи мудаввар бахшида ба фаъолияти илмии номзади илмҳои таърих Ғолиб Ғоибов

 

    27-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ бахшида ба фаъолияти илмии олими шинохта, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии институти номбурда Ғолиб Ғоибов мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудавварро ба ин муносибат директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Хоркашев ифтитоҳ намуд.

Сипас, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов аз номи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолиб Ғоибовро барои саҳми назаррасаш дар рушди илми бунёдии ватанӣ бо «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфарз гардонида, барояш умри дароз ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиаш комёбиҳо таманно намуд.

Амирхӯҷа Абдураҳимов – муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бисёрсолаи Ғолиб Ғоибов назди ҳозирин маърӯза кард.

Лозим ба тазаккур аст, ки Ғолиб Ғоибов, аз зумраи олимони шинохта маҳсуб ёфта, зиёда аз 140 мақолаи илмӣ-оммавӣ интишор ва муаллифи беш аз 18 китобҳо оид ба таърихи пайдоиши шаҳру вилоятҳои мухталифи кишварамон мебошад. Бо қалами мавсуф асарҳои зиёде аз қабили «Таърихи Хатлон», «Таърихи Бадахшон», «Таърихи Бухоро», «Чағониён ва пайдоиши онҳо», «Таърихи динҳо» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), «Панҷшер-сарзамини мардхез», «К вопросу о локализации Панджшера», «Таърихи Ҳисор», «Имом Ҷаъфари Содиқ», «Мазори Мавлоно Тоҷиддин», «Завоевание Хоросана», «Мӯъминобод», «Походы арабов в Средней Азии», «Шаҳри Кӯлоб дар асри ХVI», «Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ», «Исмоили Сомонӣ-марди хираду сиёсат» ва ғайра мебошад.

Дар рафти маҷлис ҳамсабақон, ҳамкорон ва шогирдони устод Ғолиб Ғоибов файласуф Комил Бекзода, Сайнуриддин Шаҳобиддинов, Нурмаҳмади Амиршоҳӣ, Абдураҳмон Маҳмадов, Ғиёсиддин Қодиров, Маҳмудҷон Холов, Абдуқодир Одинаев ба сухан баромада, доир ба ҳаёту фаъолияти пурсамари соҳибҷашн хотирот ва ёддоштҳои худро иброз доштанд.

Дар фарҷом Ғолиб Ғоибов арзи сипоси худро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни мизи мудаввар  баён намуда, хотирнишон кард, ки ӯ ҳоло машғули таълифи се китоби дигар аст.

Талбак Назаров – барандаи Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»

 

    Академик Талбак Назаров, узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, ходими барҷастаи илм ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар бахши илму маориф гардид. Ин ҷоиза, ки муассиси он Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардўстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳар сол ба арбобони барҷастаи Иттиҳод дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим мешавад.