joomla
free templates joomla

МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИЛМПЕШАГОН”–И ҲХДТ ДАР АИ ҶТ

      8–уми феврали соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ, президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

     Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсусан дар мавриди тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гуруҳҳои тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судмандро иброз намуданд.

     Дар Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни илму маорифи кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт, ки ба рушди низоми таълиму тарбия, бахусус фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ равона гардидааст.

     Сипас ҳисоботи солонаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Ширин Қурбонова оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2015 шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар давоми соли 2015 4 ҷаласаи ҳизбӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

-         Таҳия ва тасдиқи нақшаи солонаи кори ташкилот.

-         Баррасии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-         Таҷлили чорабиниҳои муҳим бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи аҷам, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700-солагии зодрузи Мир-Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ғайраҳо.

-         Қабули аъзои ҲХДТ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.

-         Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.

-         Иштирок дар маҷлисҳои солонаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.

     Дар ҳисобот қайд гардид, ки аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 370 нафар кормандони Раёсат ва муассисаҳои илмии зертобеи АИ ҶТ ба сафи ҲХДТ шомил шуданд. Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 дар институтҳое, ки дар назди АИ ҶТ мебошанд, ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ таъсис дода шуданд, аз ҷумла;

-         Институти математика “Риёзӣ” (раисаш Раҳмонов Зарулло) 18.11.2015.

-         Институти иқтисодиёт ва демография (раисаш Саидмуродов Лутфулло) 22.11.2015.

-         Институти химия (раисаш Муҳиддинов Зайниддин) 10.12.2015.

-         Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ “Муаррих” (раисаш Акрамов Зикриё) 12.12.2015.

-         Институт зоология ва паразиталогия (раисаш Мирзораҳимов Акобир) 14.12.2015.

-         Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакӣ (раисаш Раҳматуллозодаи Сахидод) 24.12.2015.

-         Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров “Фотон” (раисаш Муминов Ҳикмат) 15.01.2016

-         Китобхонаи илми ба номи Индира Гандии “Китобдор” АИ ҶТ (раисаш Аслиддинова А.А.) 18.01.2016.

-         Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология (раисаш  Лаблабунова Земфира) 18.01.2016.

     Дар Ҷаласа президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба 10 нафар корманди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон билетҳои ҳизбиро супорид.

     Дар Маҷлиси солона Ширин Қурбонова аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ ва Илҳоми Баҳром муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.

     

 

 

 

 

 

МАҲФИЛИ ҶАҲОНИ АНДЕША

 

     12–уми феврали соли 2016 соати 14:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад.

     Дар маҳфил мавзӯи “Арзиши мероси сӯфия аз нигоҳи имрӯз” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил донишманд ва пажӯҳишгари тоҷик Зафари Мирзоиён аст.

     Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

     Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.

 

 

 

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКУМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИҲХДТ ДАР АИ ҶТ

     28 – уми январи соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи якуми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Одинаев Абдулазиз Абдукаримович ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гадоиев Билол Иброгимович баргузор гардид.

     Конференсияи якуми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид.

     Академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи нуқтаҳои ососии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми январи соли равон баргузор гардид, ибрози андеша намуд. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илму фарҳанг, сиёсати дохилию хориҷии кишварро дар соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор дода, бо бозгӯи камбудиву норасоӣ ва дастоварду комёбиҳо вазифаю нақшаҳои минбаъдаро дар соли 2016 мавриди назари аҳли ҷомеа қарор доданд.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар мавриди тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гуруҳҳои даҳшатафкану тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судмандро иброз намуданд.

     Мақсад аз Конференсияи якуми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додан ва номгузорӣ кардани Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби ҳайати аъзои Кумита мебошад.

     Конференсияи якуми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида қарор қабул намуд, ки:

     1.Бо мақсади ба талаботҳои бандҳои 4, 4 Оинномаи ҲХДТ ҷавобгӯ будан, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.

     2.Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар АИ ҶТ минбаъд “Хирадмандон” номгузорӣ карда шавад.

     3.Назорати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди АИ ҶТ минбаъд ба уҳдаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ вогузор карда шавад.

     4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ вогузор карда шавад.

     Сипас тартиби муқарраргардида бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти коргузории ташкилотҳои ҲХДТ дар АИ ҶТ ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ иборат аз 15 нафар интихоб гардид.

     Дар Конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Одинаев Абдулазиз Абдукаримович барои иштироки фаъолона дар кори Конференсия изҳори минатдорӣ карда, аз ҳамаи ҳозирин хоҳиш кард, ки дар амалӣ намудани қарорҳои Конференсия, барномаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сазовор гузоранд. Фаъолони ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд. 

     Дар охири Конференсияи якуми ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва муовини раис Ширин Қурбонова интихоб гардиданд.

   

 

 

 

МО, ҶАВОНОН, ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАСТЕМ ВА ХОҲЕМ МОНД

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

      Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мо, ҷавонони давлати Соҳибистиқлолро хеле хушнуд гардонид, ки боиси ҷонибдории самимонаи мо гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ дар ин мақом ҳақиқат арзанда аст. Зеро дар ин рӯзгор, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда аз туфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошаyд. 

     Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23 – юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ва­тан ва кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ киш­вари азизи Соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор до­рад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшон­тарин арзишҳои тамаддуни бузур­ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

     Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебо­шанд.

     Агар ба саҳифаи 25 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст.

     Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 25 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфта­аст.

Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

     Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд. Чунончи, шоири ширинсухан, зиндаёд, шодравон устод Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Дар миёни куҳсорон сахтҷонам зодаанд,

Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд?

     Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

     Инчунин бо дастгирии бевоси­таи Пешвои миллат Маркази мил­лии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида ис­тодаем”.

     Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намуда­ни меъёрҳои муосири таълиму тар­бия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозо­ри меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро са­фарбар намудааст.

     Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи оғози охири асри 20 – ум барои халқи тоҷик хадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод.

     Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи мил­лату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ ба­рои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дорад.

     Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти милла­тро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таъ­рихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб ме­равад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намеку­над, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ба­рои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маъ­навии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебо­шад, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпара­стии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

     Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи де­мократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор до­рад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки дар роҳи расидани ба ин мақсад моро кумак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кар­дан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки оян­даи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар барома­дашон таъкид мекунанд, ки “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

     Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 – уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосӣ худ шуморид.

     Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси рав­шан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъ­сиргузор мебошанд. Таҷрибаи солҳои ав­вали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифо­даи неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа до­штаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода кардани мешаванд.

     Моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: “Мо ба масъа­лаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давла­танд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.

     Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир на­муда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда ба­рои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд. Вале дар замони муосир амалӣ гардидани якчанд мушкило­ти ҷавонон моро дар ҳолати бояду шояд қаноатманд карда наметавонад. Масалан, дар сатҳи маҳал мушкилоти бекорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мушкилоти манзилӣ ва тар­бияи ахлоқии онҳо ба миён меояд. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ, мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, таъминоти онҳо бо манзили истиқоматӣ, таъ­лиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиро муайян кардаанд.

     Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти­ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ ка­фолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

     9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гуруҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирузӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳварӣ мутааллиқ ба Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд. Истиқлолияти миллию давлатӣ ҳодисаи бошарофат аст. 6 – уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиклолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳила ба марҳила меафзояд. Ҳарчанд эъмо­ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.

     Аммо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашми камбинону бадхоҳонашро тира сохт ва аз бахлу ҳасад шаҳрвандони моро ба ҳам муқобил гузош­та, ҷанги бародаркуширо таҳмил карданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад ва ин вазъият халқи мо, хоса равшанфикронро водор сохт, ки сарвари нави давлатро интихоб намоянд.

     Дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осо­ишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ва­килони мардумӣ, аъзои парламент, намо­яндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва ороми оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.

     Ба ҳамин хотир Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро бадурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии дав­лати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.

     Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.

      Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

     Музаффариятҳои Истилолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давла­тро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 киш­вари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими киш­вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки месозад ва эҷод мекунад то ба ола­миён нишон диҳад, ки дари хонааш барои ҳама дӯстон кушодаю чеҳрааш хандон, меҳмондӯст асту дӯстию сулҳ шиори ягона­аш. Халқи муаззами мо мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин гардондаанд. Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.

     Дар он замони тақдирсози халқи тоҷик интихоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун Сардори давлат аҳамияти бузург дошт. Мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарвари оқил, ҷасур, савобҷӯй, хирадманд ва маҳбуби худ шу­данд. Ҳама фитнаю найранги душманони дохилию хориҷӣ дар бораи он, ки миллати тоҷик бе роҳбари оқил мемонанду давлати Тоҷикистон пош мехӯрад, барбод рафт.

     Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият иф­тихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиа­мон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Ху­довандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизи арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодаем, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар катра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созан­дагиву ободкории миллату давлат дар да­сти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватана­мон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем.

     Дар даврони 25 – солагии Истиқлоли­ят мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 25 сол халқамон ба шарофати меҳнати бу­нёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофа­ти сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва­ри азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо купурукҳои боҳашамат сохта ба ис­тифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра­вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳи медиҳанд.

     Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то­беъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё­на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпакараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам руш­ду нумуъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.

     Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду ну­мӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон бахусус донишҷӯёни зодаи Истиқлолият барои обо­дии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фар­зонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.

     Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” – ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмати арзанда хоҳем кард.

Шервони УМРИДДИН

котиби матбуотии АИ ҶТ

 

ҶАҲОНИ АНДЕША

     29 – уми январи соли 2016 соати 14:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад. Дар маҳфил мавзӯи “Илм ва хусусиятҳои дониши илмӣ” мавриди қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аст.

     Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

     Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.