joomla
free templates joomla

Чанд сухан роҷеъ ба хӯрокҳои ширии мардуми тоҷик

   Фарҳанги ғайримоддии ҳар як қавму халқ аз бахшҳои гуногун такриб ёфтааст. Таомҳои анъанавӣ ва тарзи омода кардани навъҳои он яке аз бахшҳои фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор меравад. Табиист ки ҳар як халқу миллат таомҳои ба худ хос дорад, аммо таомҳо мисли дигар намунаҳои фарҳангӣ метавонанд аз як фарҳанг ба фарҳанги халқи дигар гузаранд. Ё ин ки як таом метавонад дар якчанд мамлакат ҳамчун таоми миллӣ муаррифӣ гардад.

   Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, созмони бонуфузи ЮНЕСКО ба фарҳанги суннатии  халқҳо беш аз пеш зиёд шудааст. Тибқи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ҳар як давлат намунаҳои фарҳангии худро, аз ҷумла таомҳои анъанавии кишвари худро омӯхта истодаанд ва дар руйхатҳои алоҳида ба қайд мегиранд. Дар ин чорчӯба соли 2014 аз ҷониби кормандони шуъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методии ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ таъсис дода шуд, ки як бахши он махсус ба таомҳои миллии тоҷикӣ вобаста буд ва дар он 35 номгӯи таомҳо бо шарҳу тавзеҳи мухтасар оварда шуда буд. Соли 2016 нашри нави феҳристи мазкур бо тағйиру иловаҳо  аз чоп баромад. Бахши шашуми феҳристро хӯрокҳои миллӣ ташкил медиҳанд, ки дар он 110 унсур таомҳои суннатӣ бо шарҳи мухтасар ҷой дода шудаанд. (Ниг Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. Душанбе: - Аржанг, 2016).

   Доир ба навъҳои гуногуни таомҳои тоҷикӣ донишмандону мардумшиносон дар асару мақолаҳои алоҳидаи хеш маълумот додаанд. Мо тавассути мақолаи хеш хостем танҳо дар бораи бархе таомҳое, ки аз шир омода мешаванд назари хешро баён намоем. Мамлакати мо аз рӯйи мавқеи географӣ сарзамини кӯҳӣ буда, аксарияти мардум ба чорводорӣ машғуланд. Дигар ин, ки аз ҷиҳати биологӣ низ шир ва маҳсулоти ширӣ нисбатан серғизо буда, барои саломатии инсон муфид ва фоидаовар аст.

   Аз ҳама муҳим ин, ки шир ягона ғизоест, ки аз замонҳои қадим бидуни ягон корхона коркард шуда, мардум аз он якчанд навъи маҳсулот тайёр мекунанд. Чунончи, ҷурғот, чакка, қурут, равғани зард, маска, қаймоқ, мост ва дӯғ аз маҳсулоти аввалияи ширӣ ба шумор мераванд. Яъне ки шир аз қадиммулайём на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои одамони тамоми дунё аҳамияти калон дошт ва мақсади мо низ дар он аст, ки ин анъанаи мардум ба таври мукаммал давом ёбад ва аз байн наравад.  Дар ин хусус муҳаққиқ Шовалиева М. чунин ибрози андеша намудааст:

   «Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, дар мавзеҳое, ки чорвои хонагӣ зиёд буд, аз маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ таом омода мекарданд. Аксари ин таомҳо дар равғани зард пухта мешуд. Ба ин таомҳо дохил мешаванд: ширравған, нонушир, ширҷушӣ, равғанҷушӣ, қурутоб, нону дуғ, широдуғи гулбарсар, ноншир, ширбат, дуғбат, қалябат, ширкаду ва ғайраҳо, ки маҳсулоти асосии ин таомҳо шир, равғани зард ва нони хамиртуршӣ ё фатир мебошад». (7,107).

   Шир барои мардуми тоҷик чунон муқаддас ба ҳисоб меравад, ки ҳато баъд аз таваллуд кардани гов,  шири аввалияи ӯро, ки фалла ё ин ки фула ном дорад ба хонаи ҳамсояҳо тақсим мекарданд. Дар ин мавзуъ муҳаққиқ Пешерева чунин ибрози ақида кардааст:

   «Вақте гов таваллуд мекунад, зан-бонуи хонадон говро медушад. То се бор душидани гов,  ширро мардум фалла ё ин ки фула меноманд. Чунки ин навъи шир аз шири оддӣ тафовути зиёд дорад. Мазааш низ аз шир фарқият мекунад. Фаларо соҳибхоназан ба хонаҳои ҳамсоя ҳамчун Худоӣ тақсим мекунад. Ин ширри авввалияи гов буда, чунон муқадас ба ҳисоб меравад, ки зани ҳамсоя зарфро холӣ карда, ба зарф ҳамчун сафедӣ каме нон ё намак ва ё барги сабз мегузорад.»  ( 21,97) 

Тибқи мушоҳидаҳои мо ин анъана то ҳол дар манотиқи куҳҳии кишвар ва  деҳот то хол давом ёфта истодааст.              

            Сараввал таомҳое, ки аз шир ё маҳсулоти ширӣ омода мешаванд, ба ду бахш ҷудо намудем. Якум таомҳое, ки махсус аз шир омода мешаванд. Масалан, ширчой, ширбиринҷ, ширрӯған, ширкаду, ширбат ва ғайра.  Дуюм таомҳое, ки аз маҳсулоти ширӣ – чака, ҷурғот, дӯғ ба монанди чолоб, қурутоб, мастоба ва амсоли онҳо омода мегарданд.

   Мо назари хешро аслан дар асоси мушоҳида ва маводе, ки ҳангоми экспедитсияҳо аз навоҳии Ашт, Шаҳритӯс ва Мӯъминбод гирдоварӣ намудаем, иброз менамоем. Таомҳое, ки махсус аз шир омода мегарданд дар аксари манотиқи кишвар ба гурӯҳи таомҳое шомил мегарданд, ки онҳоро субҳгоҳӣ омода ва тановул менамоянд. Аммо усули тайёр кардан ва ё тановули таомҳои як минтақа аз дигараш тафовут дорад.

   Шир. Худи ширро ҳамчун таоми алоҳида дар ҳама ҷойҳои  манотиқи кишвар тановул менамоянд. Ширро мардуми тоҷик ҳам бо усули нопухта ва ҳам баъд аз пухтан истеъмол мекунанд. Бояд бигӯем, ки шири нопухтаро ҳамчун саршир истеъмол мекунанд. Аксаран субҳгоҳон аз шири хоми дар ҷои безарар гузошта шуда, пас аз тагшин шудан саршири онро, ки хело серғизо аст, барои истеъмол намудан мегиранд. Сарширро дар ҳамаи манотиқи кишвар хамчун рӯширӣ субҳгоҳон истифода мебарарнд. Сарширро дар ҳамаи манотиқи кишвар рӯширӣ низ мегуянд. Мавриди зикр аст, ки на ҳама вақт ва на дар ҳама ҷой ба шир намак меандозанд. Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод аз забони гӯяндагон ба қайд гирифта шуд, ки худи шир табиатан бояд бе истифода аз намак тановул карда шавад. Ҳатто дар ин маврид  байтеро низ сабт намудем, ки чунин аст:

Чор чизай бенамак,

Ширу, шириниву, тарҳавлову суманак[1]

   Дар ноҳияи Ашт гусфтанд, ки дар шароити имрӯза мувофиқи ташхиси байторон дар бештари чорвои калони шохдор вируси бемории буғумдард (бруцеллёз) ба қайд гирифта шудааст. Агарчанде пас аз ташхис чунин чорпоён бо роҳи ба заводҳои ҳасиббарорӣ аз мардум харидорӣ шуда бошанд ҳам, ин навъи беморӣ гузаранда буда ба дигар чорво ва ҳатто тавассути шир ба инсонҳо ҳам гузаштанаш мумкин аст. Аз ин нуқтаи назар дар ҳама маврид тановули шир танҳо пас аз дар ҳарорати баланд пухтану ҷӯшонидан тавсия дода шудааст.

   Ширчой.  Таомест, ки аз рӯйи номаш аз шир ва шаммаи чойи сиёҳ ё ба истилоҳ «фомил» омода мегардад, аммо на танҳо чойи сиёҳ балки бо чойи кабуд ва пустлохи дарахт бо чормағз низ омода месозанд. Усули омода намудани он чунин аст. Ширро ба дег андохта дар ҳарорати мӯътадил мепазанд. Баъди ба ҷуш даромаданаш ба он мувофиқи андозаи шири дар дег буда, шаммаи чойи сиёҳ мепартоянд ва он дар оташи нисбатан пасттар то 20-30 дақиқа меҷӯшад ва ранги нисбатан зардчатобро мегирад. Дар ин муддат ба он каме намак низ омода менамоянд то хушмазза гардад. Сипас ба косаҳо бардошта ҳар кас мувофиқи табъаш ба он равғани зарди аз маска таёршуда ва ё худи маскаро меандозад. Ширчойро дар ВМКБ бо усули хоси худ омода месозанд. Мардуми ин сарзамини Тоҷикистон аввал чойи сиёҳро дар              3 литр об ним соат меҷушонанд. Баъдан ширро меомезанд. Шир низ дар навбати худ бояд 20 дақиқаи дигар чушад. Вақте, ки ширчой пухта шуд дар косаҳо мебардоранд ва равғани зардро меомезанд. Бояд бигӯем, ки ин навъи ширчой аслан хӯроки мардуми вилояти Бадахшон  мебошад ва аксаран ҳангоми тановул онро ба табақи чубин бардошта бо қошуқҳои чубин истеъмол мекунанд, вале имрӯзҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ин навъи хӯрок пухта мешавад. Дар ноҳияи Мӯъминобод ва дигар ноҳияҳои мамлакат ширро танҳо мепазанд ва ҳангоми ба косаҳо бардоштан ба он равғану намак омехта менамоянд, ки ин навъ пухтани ширро низ ширчой меноманд.

   Аслан аз тадқиқоту мушоҳидаҳо бармеояд, ки ширчойро дар манотиқи кишвар вобаста ба табъу завқ гуногун мепӯхтаанд. Чунон  ки Шовалиева М. қайд намудааст, барои хушмазаву хуштамъ гардидан ба он дигар маҳсулотҳоро низ баъзан илова менамудаанд:

«Ширчой – аз шир, чой ва намак пухта мешавад. Бо он баъзан чормағз, баргҳои бодом, гулҳои хуч меандозанд. Ширчойро ба ҳар кас дар косаи алоҳида бардошта ба болояш пораи равғани зард ё ин ки равғани растаниро мерезанд. Дар тоҷикистони шимолӣ ва Бухоро баъзан равғани дунба низ истифода бурда мешавад. Тоҷикони Бадахшон ин таомро бисёр ва тез-тез истеъмол менамоянд. Дар як рӯз қариб 2-3 маротиба тановул менамоянд» (6,49).

   Ширруған. Ин навъитаом низ ба ширчой монанд буда, ҳангоми пухтан ба ҷои чой ба он равғани зард меандозанд ва онро муддати ним соат дар оташи паст мепазанд. Ширруғанро одатан дар табақи чубин бардошта ба он фатир ё нони гирдача реза намуда бо даст тановул менамоянд. Ширруған низ бинобар серғизо буданаш ҳамчун хӯроки субҳгоҳи дар феҳрист ба қайд гирифта шудааст. Аммо мардуми вилояти Бадахшон онро ҳамчун хӯроки муқаддас барои меҳмонҳои азизашон дар дигар мавридҳо – нисфирӯзӣ ва ё шом низ омода менамоянд. Ҳатто ҳамчун хӯроки рамзӣ дигар функсияҳоро низ иҷро менамудааст. Чунончӣ дар маросими хостгории ҷашни арӯсии мардуми Бадахшон барои розигии духтардорро фаҳмидан нақши ширруған хело муҳим будааст: «Дар рустои Сафедорон (водии Хингоб) ҳангоми зиёфати хостгорон ҳатман таоми ширруған меоранд. Ширруғанро одатан дар як зарф мекашанд, ки онро бо даст тановул мекунанд. Дар ноҳияи Ашт ширравған маъмул нест. Ин таом дар ноҳияи Мӯъминобод хело маъмул будааст, аммо дар ноҳияи Шаҳритус бошад онро танҳо мардуми аз ноҳияҳои водии Рашт омада, мепӯхтаанд.

   Ширбиринҷ. Тарзи тайёр кардани ширбиринҷ чунин аст. Зарф ё деги хӯрокпазиро шӯста ба он биринҷ ва обро якҷоя андохта меҷӯшонанд. Андозаи биринҷро кадбону бояд ба нафарони хона мутобиқ намояд. Вале ҳангоми пухтан ҳатман об аз биринҷ як маротиба зиёдтар бошад. Чунки биринҷ ҳангоми пухтан обро ҷабида мегирад. Вакте биринҷ мулоим мешавад яъне мепазад, ба он ба андозаи муайян, яъне барои як килограмм биринҷ як литр шир мерезанд. Сипас дар оташи нисбатан пасттар  15-20 дақиқа онро меҷӯшонанд. Ширбиринҷ, ки пухт рангаш каме зард ва шаклаш нисбатан ғафстар мешавад. Онро ба зарфҳои хурокхӯрӣ бардошта дар болояш равғани зард ва ё маска мерезанд. Ин таом на он қадар душворпаз буда, ҳамаи занҳо аз ӯҳдаи пухтанаш мебароянд.

   Мардуми тоҷик ҳамчунон, ки дар мавриди ширчой гуфтем ширбиринҷро низ на ҳама вақт бо намак омода менамоянд. Аксаран бенамак омода шуда, баъди ба зарфҳо бардоштан бо шакар ва ё қанди сафед тановул менамоянд. Аммо дар ноҳияи Мӯъминобод ҳангоми пухтанаш барои хуштамъ гардидани он каме намак низ омехта менамоянд.

Ширбиринҷ низ миёни мардуми тоҷик ҳамчун хуроки миллӣ хеле арзишманд аст. Зане бо номи Султонова Мушарафа  дар бораи ин таом  гуфт, ки ҳатто дар бораи он нақлу ривоятҳои зиёде бофтаанду ва ҳатто онро «хӯроки паёмбар» меноманд ва мувофиқи мушоҳидаҳо баъзеҳо низ ҳангоми ба болои дастархон овардани он аз ҷой хеста наздаш таъзим менамоянд.

   Ширбат. Як навъ хӯроки миллиест, ки аз шир, орд, намак ва равған омода мешавад. Дар баъзе манотиқи кишвар онро атола ё оталаи ба шир ва ё оталаи сафедак низ меноманд. Усули омода намуданаш хело осон ва дар навбати худ хело нозук аст. Ба зарфи хурокпазӣ ширро андохта барои хуштамъ шуданаш каме намак низ ҳамроҳ менамоянд. Дар оташи муътадил меҷӯшонанд. Баъди ба ҷӯш даромадани шир оҳиста-оҳиста ба он орд ҳамроҳ менамоянд ва якранг ва мулоим бо кафлези чубин онро мекобанд. Нозукии кор дар он аст, ки агар як лаҳза аз кофтан боз истанд орди даруни он ба шакли лунда шуда, зуд сахт мешавад, ва сифати онро паст менамоянд. Аз ин рӯ, то тайёр шуданаш, яъне мудати 15-20 дақиқа онро мунтазам кофтан мегиранд. Баъди тайёр шудан онро мисли ширбиринҷ ба табақҳо бардошта ба болояш равған рехта сипас тановул менамоянд. Ширбат ё оталаи сафед низ мисли дигар таомҳои ширӣ нисбат ба ноҳияҳои Ашту Шаҳритуз дар ноҳияи Мӯъминобод бештар маъмул аст.

   Ширкаду. Таомест, ки қариб дар саросари кишвар онро мепазанд ва ҳама кадбонувон аз уҳдаи пухтанаш мебароянд. Аз номаш аён аст, ки маҳсулоти асосии он шир ва каду мебошад. Усули пухтани он чунин аст: аввал кадуро тоза карда, мувофиқи завқ пора менамоянд. Онро дар об то пухтан меҷӯшонанд ва сипас ба он қадри зарурӣ шир илова менамоянд. Сипас онро дубора муддати 20-25 дақиқа меҷӯшонанд. Табиист, ки таъми каду ширин аст, аммо баъзан ба он шакар ё қанди сафед низ илова менамоянд.

Аспиранти курси  1-и  Институти иқтисод

 ва демографияи АИ ҶТ Бердиева Шоира

 

 



[1] Гўянда Давлатова Кибриё с.т. 1927, н. Мўъминбод.

Рӯнамоии китоби Аскар Ҳаким

    Ҳар рӯзи чаҳоршанбе дар толори раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон музокираҳои илмӣ баргузор мешаванд.  Дар ин музокираҳо ҳамагон даъват карда хоҳанд шуд, ки ба мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

     Чаҳоршанбеи оянда, яъне 20.06.2018, соати 15:00 дар толори АИ ҶТ рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон,  доктори илмҳои филология Аскар Ҳаким таҳти унвони “Маҷмӯаи осор”, ки аз 7 ҷилд иборат аст, доир мегардад ва дар баргузории он олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва мухлисону ҳамоҳангони шеъру адаби тоҷик ширкат меварзанд.  Аз ин хотир, раёсати Академияи илмҳо аз ҳамаи афроде, ки ба шеър ва адаб иртибот доранд, даъват карда мешавад, ки дар рӯнамоии асар иштирок намуда, дар музокирот ҳузур намоянд. 

 

 

 

Ададҳои манфӣ ва истифодабарии он дар ҷомеа

   Ададҳои манфӣ дар дунё бо талаботи ҷомеъа ва одамон пайдо шудааст. Ададҳои манфиро одамон нағз намебинанд. Махсусан шаҳрвандони берун аз собиқ давлати Шӯравӣ будаи мамлакатҳои хориҷӣ, ададҳои манфиро зарарнок гуфта, ҳаракат мекарданд, ки дар зиндагӣ во нахӯранд.

   Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муаллимони математика мафҳуми адади манфиро нағз фаҳмонда дода наметавонанд, чунки дар барномаҳои мактабӣ ва нақшаи таълимӣ барои мавзӯи ададҳои мусбату манфӣ кам соат ҷудо карда шудаасту халос, аммо китоби дарсӣ барои синфи 5-ум тарзи баёни ададҳои манфӣ бо тири ададӣ (хати рост ) нишон дода шудаасту халос. Адади манфӣ мазмунан чӣ маъно дорад, ба тариқи васеъ фаҳмонда нашуда ва ғайр аз як ду масъала дигар чизе нашудааст. Мазмунан ба сарфаҳм рафтани ададҳои манфӣ ва эҳтиёт кардан нисбати он ба одам ва давлат фоида меоварад. Агар адади манфиро дуруст дарк карда натавонанд ва ба мазмуни вай сарфаҳм нараванд, ин адад ба шахс ва ҷомеъа зарари калон меоварад.

   Мазмуни адади манфиро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонда додан осон ва хубтар аст. Ададҳои манфӣ бо сабаҳои роҳгум задан, қарз гирифтан ё фиреб додани одамон, гарм ё хунук будани обу ҳаво, аз нархи асосии маҳсулот зиёд додани маблағ. Ҳангоми вайрон будани ин ё он намуди техника, зиёд сарф шудани бензину равған ва ғайра пайдо мешавад.

   Масалан шаҳрванди шаҳрро нағз намедонистагӣ аз маркази шаҳри Душанбе мехоҳад ба тарафи садбарг равад, аммо вай хато мекунаду ба тарафи боғи ирам меравад. Баъди ду –се км. роҳ рафтан аз ягон кас мепурсад, ки вай дуруст рафта истодаст ё не. Ба вай мефаҳмонад, ки Шумо нодуруст рафта истодаед. Ин шаҳрванд боз қафо мегардад ва ба ҷои аввалааш меояд. Ин шахс 3 ё 4 км. роҳро  беҳуда тай намудааст. Агар пиёда рафта бошад,  монда шудааст, вақтро беҳуда сарф кардааст. Агар бо мошин рафта бошад, бензин ва пул сарф кардааст. Ин барои шахс ҳарҷониба зарар овардааст, чунки масофаи тай кардаи вай, пули сарф кардаи вай барои шахс адади манфӣ буда беҳуда қувва ва маблағ сарф кардааст.

   Мисоли дигар: Шахсе аз бонкӣ давлати ё аз рафиқаш як миқдор пули калон, бо фоизаш, дар муддати муайян қарз мегирад. Мехоҳад бо ин пул хариду фурӯш кунад. Ин пул қарз, ки барои вай зарарнок аст, дуруст ҳисобу китоби аниқ истифода бурда наметавонад ва аз ин пул даромади соф ба даст оварда натавонад, маҷбур мешавад, ки барои қарзро баргардонидан молу мулкашро ва ҳатто хонаи истиқоматиашро бароварда диҳад. Ана  ин аст мафҳуми адади манфӣ.  Ҳамин тавр нол аз дилхоҳ адади  манфӣ калон аст. Бе истифода бурдани тири ададӣ, чӣ будани адади манфиро ба хонандагон фаҳмонидан мумкин аст.

   Олими фаронсавӣ Ренне Декарт аввалҳо дар системаи координатаи ихтироъкардааш адади манфиро истифода намебурд, яъне лозим намешуморид. Системаи координатаро дар ҳамворӣ тасвир карда буд. Системаи координата ҳамвориро ба чор қисм ҷудо мекунад. Ҳар ҷор қисм бузургӣ аст, набояд манфӣ бошад.

  Мисоли дигар. Шаҳрванд дар ҷайбаш 70 сомонӣ дорад. Аз мағоза харид мекунад, харидаш 85 сомониро ташкил мекунад. Шаҳрванд аз мағоза 15 сомонӣ қарздор мешавад. Он гоҳ чунин навишатн мумкин аст:

70-85=-15. Ана бо ҳамин усул мафҳуми ададҳои манфӣ пайдо шуданд.

  Масалан  Шахсе аз мағоза бо 50 сомонӣ қарз харидори карда, боз баъд аз як ҳафта 40 сомонии дигар қарз харидорӣ намуд. Пас вай аз соҳиби мағоза 90 сомонӣ қарздор шуд. Бинобар  чунин навиштан мумкин аст:

- 50 - 40= - 90.

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки дар ҳаёт ададҳои манфӣ ҳам роли муҳимро мебозад, мо бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи кориамон ададҳои манфиро ба назар гирем.

 

                                                                             Холов О. А.  аспиранти

                                                                                курси 1-уми Институти

                                                                             математикаи ба номи

                                                                                                А. Ҷӯраеви АИ  ҶТ.                                                                               

ЭЪЛОН

 

 

 

   Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуъбаи география) тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2018 № АП-992 тасдиқ шудааст, 26 июни соли 2018 дар мавзӯи «САЙЁҲӢ: ИМКОНИЯТ, МУШКИЛОТ ВА ЗАМИНАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ» «Мизи мудаввар» мегузаронад.

«Мизи мудаввар» дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд сурат мегирад.

«Мизи мудаввар» дар Толори  Академияи илмҳо (кӯчаи Рӯдакӣ 33) мегузарад.

Эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки хоҳишмандон барои иштирок дар «Мизи мудаввар» бо тел. 221-50-83; 221-01-89 ва ё суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. тамос гиранд.

 

 

 

 

Об неъмати бебаҳост

    Гуфтан ба маврид норасоии об ва истифодаи нооқилонаи захираҳои обӣ, мушкилотест,ки дар сатњи љањонӣ баррасӣ мешавад.  Ташабусҳои башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи мушкилоти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим ва саривақтианд. Аз ин рӯ, мо одамонро мебояд нисбат ба об бетараф набошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчи аз лиҳоси демографи дар Осиёи Миёна дар сарбанди об ҷойгиршуда бошад ҳам, аммо зиёде аз аҳолии дурдасти ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз оби ошомидании тоза танқиси мекашанд. Об яке аз сарчашмаҳои ҳаёт, дар руи замин ба ҳисоб рафта 75 фоизи заминро ташкил медиҳад. Олами набототу ҳайвонот низ аз об вобастагии калон дорад. Моро зарур аст, ки нисбат ба ин сарвати бебаҳои табиат бетараф набошем, ва онро ҳамаҷониба ҳифз намоем.

     Тоза нигоҳ доштан ва оқилона истифода бурдани об қарзи инсонии мост. Ба ҳисоби миёна зиёда аз як милён нафар одамон, дар сайёра ба оби ошомидании тоза мутаасифона дастрасӣ надоранд ва аз масъалаҳои ҷиддие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бо нуфўзи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист  ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад. Аз ҷумла , 9-уми декабри соли 2014 маҷмааи умумии СММ, қатъномаеро таҳти унвони  даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳаёт, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об қабул кард, ки он аз кишварҳои СММ, сохторҳои СММ, аз ҷумла СММ, об ва дигар созмонҳо даъват ба амал овардааст, то арзёбии фарогири дастовардҳоро дар раванди тадбиқи даҳсола ва идомаи талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда қадамҳои устувор гузоранд. Аз ҷумл, таъкид ба ёдоварист, ки дарёҳои Тоҷикистон ба 947  адад мерасад, дарозии умумии онҳо зиёда аз 28,500 км   ро ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи дарёҳову кулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 милён киловат соатро ташкил медиҳад. Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи нишондоди истеҳсоли барқи сабз, ҷои намоёнро, дар миёни дусад давлати ҷаҳон ишғол менамояд.                                   

       

Ҳусенов Далер

Унвонҷӯи соли аввали

Институти масъалаҳои

об, гидроэнергетика ва

экологияи Академияи

илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон