ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
7-уми марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмӣ, бонувон ва олимаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози маҷлиси тантанавӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми бонувони Академияи илмҳоро ба Рӯзи модарон табрику таҳният намуданд.
Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Маҳмадов, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илмҳои филология Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова тамоми бонувони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Рӯзи модарон табрику шодбош намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар рушди илми ватанӣ ва дастовардҳои муҳими илмӣ зикр карданд.
Дар маҷлис 31 нафар бонунвони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
ВОХУРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН
4-уми марти соли 2016 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, ноибони АИ ҶТ Кароматулло Олимов, Муҳиба Яқубова, директори Институти математикаи АИ ҶТ Зарулло Раҳмонов, академики АИ ҶТ Мирган Шаҳбозов бо ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, академик Алтай Борубоев доир гардид.
Дар вохури масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи илм баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар бораи Шӯроҳои дисертатсионии муштарак суханронӣ шуд. Айни ҳол байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои дисертатсионии байнидавлатӣ дар соҳаи экология фаъолият дошта, барои фаъолияти Шӯроҳои нави дисертатсионӣ пешниҳодҳо манзур гардид.
Дар охир ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаи ҳамкориҳо ба имзо расида шавад.
МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ БОСТОНШИНОС
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии ИДМ аз 4 то 10 июли соли 2016 дар Саразм (шаҳри Панҷакент, Ҷумҳурии Тоҷикистон) мактаби тобистонаи олимони ҷавони бостоншиносон баргузор менамояд.
Мақсади баргузор намудани мактаби тобистонаи олимони ҷавони бостоншинос шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои куҳсор, усули ҳифз намудани маҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳагии болооби Зарафшон дар ҳафриёти Саразм ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир карда мешавад.
Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба иди Наврӯз
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (20-24 марти соли 2016) тасмим гирифтааст, ки рӯзи 19 марти соли 2016, соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Наврӯз доир намояд.
Дар Симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза менамоянд. Пешбинӣ гардидааст, ки кори Симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ (пленарӣ), ҳамчунин аз чаҳор бахш иборат хоҳад буд:
1. Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз;
2. Суннатҳои фарҳангии Наврӯз ва аҳамияти онҳо дар ҷаҳони муосир;
3. Бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёти ҷаҳонӣ;
4. Нақши “Роҳи абрешим” дар густариши Наврӯз.
Забонҳои кории Симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар Симпозиум маърӯза намоянд, матни электронии мақолаи худро аз рӯйи бахшҳои зикршуда тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.
Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми то 8 саҳифа (формати А-4) бо ҳуруфи Times New Roman TJ (андозаи ҳарф–14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пешниҳод карда шаванд.
Муҳлати ниҳоии қабули мақолаҳо то 10-уми марти соли 2016.
Рақами телефонҳо барои тамос: 92.704:09:08, 223:06:48.
МАҲФИЛИ ҶАҲОНИ АНДЕША БО ИШТИРОКИ ҲУҚУҚШИНОС АКМАЛҶОН НЕЪМАТОВ
4 – уми марти соли 2016 соати 14:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад.
Дар маҳфил мавзӯи “Шарҳи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ Акмалҷон Неъматов аст.
Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.
Мақолаҳои дигар...
- ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2016
- МАҲФИЛИ ҶАҲОНИ АНДЕША БО ИШТИОРОКИ РЎЗНОМАНИГОР ҲУРИНИСО АЛИЗОДА
- Ҷаласаи илмӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ШАРҲИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН