Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз
19-уми марти соли 2016, соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.
Дар Симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза менамоянд.
Пешбинӣ гардидааст, ки кори Симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ, ҳамчунин дар чор бахшҳои зерин ҷараён дорад: 1.Таърих ва фалсафаи Наврӯз; 2.Суннатҳои фарҳангии Наврӯз; 3.Тарануми Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон; 4.Мусиқии “Роҳи Абрешим” аз нигоҳи сулҳ.
Забонҳои кории Симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
АСАРИ НАВ ДАР СОҲАИ БОСТОНШИНОСӢ
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо таҳқиқот дар соҳаи бостоншиносии тоҷик хеле рушд кард. Маҳз дар ҳамин давра ёдгории беназири аҳди неолит ва биринҷии Саразм ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид. Харитаҳои бостоншиносии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, водии Ҳисор ва ноҳияи Ёвон ба нашр расид. Аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои нав дар Фархор, Кангуртут, Дарвоз кашф карда шуданд.
Соли 2008 дар шаҳри Москва китоби “Памятники Кангуртута в Юго- Западном Таджикистане (Эпоха неолита и бронзового века)” аз чоп баромад, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 40-солаи бостоншиносони маъруф В.А.Ранов, Н.М.Виноградова ва Т.Г.Филимонова ҷамъбаст шудааст. Аҳамияти муҳими ин ёдгориҳоро дар таърихи халқи тоҷик ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози омӯзишҳои бостоншиносӣ дар деҳкадаи Кангуртут дастур доданд ва дастгирии бевосита намуданд.
Ҳамин тавр, корҳои бостоншиносӣ аз нав аз ҷониби мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Бояд зикр намуд Кангуртут дар Тоҷикистон ягона ёдгории бостошиносӣ мебошад, ки дар он асарҳои таърихӣ аз даврони неолит то давраи охири асри биринҷӣ ошкор гардиданд. Дар Кангуртут бори аввал деҳкада ва гӯристони марҳилаи миёнаи асри биринҷӣ кашф карда шуд.
Бозёфтҳои аз ин мавзеъ бадастомада аз таърихи зиёда аз 3500-солаи ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.
Ин асари пурарзиши илмӣ аз ҷониби бостоншиноси ҷавон Б.Бобомуллоев тарҷума ва бо ибтикори президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расонида шуд.
Ин аввалин асари илмии бостоншиносӣ ба забони тоҷикӣ буда, туҳфаи арзандаест барои дӯстдорони таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пресс-релиз оид ба сафари расмии намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин (7-10 марти соли 2016)
Аз 7 то 9 марти соли 2016 намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин қарор доштанд.
Дар рафти сафар ҳайати намояндагӣ дар Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин, Академияи илмҳои табиатшиносии Чин, Академияи илмҳои гуманитарии Чин, Ширкати миллии ҳастаии Чин, ҳамчунин институтҳои зертобеъ – Институти физика (Озмоишгоҳи миллии физикаи муҳитҳои конденсии Пекин) ва Институти физикаи энергияҳои баланди Академияи илмҳои табиатшиносии Чин вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Тарафҳо оид ба ҷараёни рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, ки дар Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология (соли 1993) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин (соли 2014) пешбинӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати назорат ба рафти амалишавии созишномаҳои басташуда, иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд.
Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи илм, технология ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи минтақаи иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим муайян карданд.
10 марти соли 2016 ҳайати намояндагӣ барои идомаи гуфтугузорҳо бо воҳидҳои дахлдори Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин ба шаҳри Урумчӣ сафар намуд.
Хадамоти матбуотии
Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ «ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
11-уми марти соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуд.
Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардид, ки дар он 33 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 300 нафар донишҷӯён қувваозмоӣ намуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти Олимпиада 9 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав ҷои якумро ишғол намуда, бо дипломҳои дараҷаи якуми Олимпиада ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Бо дипломҳои ҷои дуюми Олимпиада 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, 2 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии кӯҳию металлургии Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва 1 нафар донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. Ламоносов дар шаҳри Душанбе сазовор гардонданд.
Дар Олимпиада 3 нафар донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. Ламоносов дар шаҳри Душанбе, 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2 нафар донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, ки ҷои сеюмро ишғол намуда, бо дипломҳои дараҷаи сеюми Олимпиада сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, ба 44 нафар донишҷӯён барои фаъолона иштирок намуданашон дар Олимпиада бо Ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири Олимпиада ба 11 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Ифтихорномаҳои Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Институти математикаи АИ ҶТ супорида шуд.
ДАРЁФТИ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
10 – уми марти соли 2016, соати 09:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Дар Олимпиада 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд намуд.
Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида дар он беш аз 300 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории Олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, аз ҷумла ба шуъбаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Қобили тазакур аст, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли сеюм доир карда мешавад.
Қисмати ҷамъбастии Олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 11 – уми марти соли 2016, соати 15:00 баргузор карда мешавад.