ШАБИ ЭҶОДИИ ШЕЪР ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
25-уми марти соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, шоирону нависандагон, кормандони илмӣ, аспирантҳо ва магистрҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шаби эҷодии шеър баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба иди Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ табрику шодбош намуд.
Дар шабнишинӣ шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, нависанда Алӣ Деҳбошӣ (Эрон), доктори илмҳои филология, профессор Замир Саъдуллозода (Хитой), адибону олимон ва шоирону нависандагон аз кишварҳои хориҷӣ, раиси ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур ва дигарон ширкат доштанд.
Шоири шинохта Аскар Ҳаким риштаи суханро ба даст гирифта, Алӣ Деҳбоширо барои ташриф овардан ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта, ҳозиринро бо хотираҳои худ аз фаъолияти Алӣ Деҳбошӣ ошно намуд.
Алӣ Деҳбошӣ аз фаъолияти маҷаллаи “Бухоро”, ки тули солҳо нашр мегардад гузориш дода, иброз намуд, ки ин маҷалла мақола ва осори фарҳангиро чоп мекунад ва хизматҳои намоёне дар равобити фарҳангӣ гузоштааст.
Шарифи Ҳамдампур дар ин маҳфил изҳор намуд, ки маҷаллаи "Бухоро" рамзан ин номро гирифта, мақолаҳои донишмандонро аз тамоми гӯшаву канори олам нашр мекунад. Ӯ гуфт, ки маҷаллаи мазкур аз бахшҳои зиёд иборат буда, як бахши вижаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст, ки мақола ва осори ҳунарии донишмандони тоҷик дар ин бахш нашр мешавад.
Дар шабнишинӣ филм дар бораи фаъолияти нависанда Алӣ Деҳбошӣ нишон дода шуд.
Бояд гуфт, ки Алӣ Деҳбошӣ, раҳбари маҷаллаи "Бухоро" ба ҳайси меҳмони расмӣ барои баргузории шаби эҷодии шоирони ҳавзаи Наврӯз ва маросими ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шудааст.
БАЗМИ ШЕЪР ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
22-уми марти соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида чашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки адибону олимон ва шоирону нависандагони кишварҳои хориҷӣ базми шеър баргузор гардид
Базми шеърро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар ин чорабинии идона ва фарҳангӣ ноиби перзиденти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоир Масъуди Сипанд (ИМА), раиси Иттифоқи синамогарони Афғонистон Ҳайдарӣ, доктори илмҳои филология Замир Саъдуллозода (Хитой) ва дигарон суханронӣ намуданд.
Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз
19-уми марти соли 2016 бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.
Дар Симпозиум олимону пажуҳишгарони тоҷик, донишмандону муҳаққиқони 11 давлати дунё иштирок намуданд.
Симпозиуми байналмилалиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аз таъриху фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз суханронӣ кард.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд ва баргузории Симпозиуми байналмилалиро ба ифтихори Наврӯз дар Тоҷикистон шинохти ҷойгоҳи Наврӯз дар ҷаҳони муосир арзёбӣ кард.
Дар ҷаласа пленарии Симпозиум 11 нафар адибони иштирокчии Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи байналмилалии оламафрӯзро дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ, дӯстиву бародарӣ, Истиқлолият ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ арзёбӣ намуданд.
Дар нимаи дуюми рӯз кори Симпозиум дар чор бахш: таърих ва фалсафаи Наврӯз, суннатҳои фарҳангии Наврӯз, тараннуми Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, мусиқии Роҳи Абрешим аз нигоҳи сулҳофаринии Осиёи Марказӣ доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст дар Симпозиуми байналмилалию илмии муҳаққиқону адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз масоили назарии омӯзиши таъриху фалсафа, суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз, таҷассуму бозтоби ғояҳои Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, мусиқӣ дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз ва Шоҳроҳи Бузурги Роҳи Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш беш аз 77 суханронию гузоришҳои олимону муҳаққиқон роҷеъ ба арзишҳои таърихию фалсафӣ, иртиботи инсону табиат, бадеию зебоишиносӣ, фарҳангию ҷомеасозии гузаштаю имрӯзи Наврӯз, хусусан ғояҳои сулҳсозию ҳамзистии Наврӯз дар шароити феълии ҷаҳони муосир пешниҳод гардиданд.
Дар хотимаи Симпозиум зикр гардид, ки минбаъд ба таҳқиқи масоили фалсафию эстетикӣ, аз ҷумла, мероси фарҳангии мардумӣ ҳамчун омили муҳими густариши нерӯи ҷомеасозиву тавҳидии Наврӯз авлавият дода шавад. Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи таърихӣ ва муассири васлгари фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ дар маърузаю гузоришҳои иштирокдорони ин чорабинии бузург аз лиҳози илмӣ собит гардид.
ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АИ ҶТ
Дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ барасӣ гардид. Ташкилоти назди ибтидоии ҳизбии навтаъсис “Ахтарон” номгузорӣ карда шуд.
Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзиева Ҳ.И., иҷрокунандаи вазифаи котиби илмии Институт Фирӯза Раҳматуллоева., муовини раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Қурбонова Ш.И. ва аъзоёни дигари ҳизб иштирок доштанд.
Дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи котиби илмии Институт Фирӯза Раҳматуллоева раиси ташкилоти “Ахтарон” интихоб гардид.
Дар охири ҷаласа ба 6 нафар кормандони Институти астрофизика билети ҳизбӣ супорида шуд.
ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР ИНСТИТУТИ БОТАНИКА, ФИЗИОЛОГИЯИ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНӢ
Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, “Биотехнология” номгузорӣ карда шуд.
Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзиева Ҳ.И., директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ Ҳисориев Ҳ.Ҳ., муовини раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Қурбонова Ш.И. ва аъзоёни дигари ҳизб иштирок доштанд.
Дар ҷаласа раиси ташкилоти “Биотехнология” директори муассиса Ҳисориев Ҳикмат ва муовини он Атоев Муҳаммадиршод интихоб гардиданд.
Дар охир ба 11 нафар кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.
Мақолаҳои дигар...
- Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз
- АСАРИ НАВ ДАР СОҲАИ БОСТОНШИНОСӢ
- ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ «ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
- Пресс-релиз оид ба сафари расмии намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин (7-10 марти соли 2016)