Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳоро ба роҳ монд
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади пешгирии вирусҳо, аз ҷумла навъи COVID-19 дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохта, истеҳсоли оби нуқраро, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд. Ионҳои нуқра хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, занбӯруғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунанд.
Тамоми ҷаҳониён бо вируси навъи COVID-19 даст ба гиребонанд, олимони тоҷик низ дар баробари табибон дар пайи ихтирову истеҳсоли маҳлулҳои зиддивирусиву зиддибактериявӣ заҳмат мекашанд. Гурӯҳи олимони тоҷик таҳти роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ дар муддати кӯтоҳ ин навбат ба истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳо шурӯъ намуданд. Дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академия насб карда шудаанд. Дар ҳолати зарурат пеш омадан Академияи миллии илмҳо пурра имкон дорад, ки дар ҷумҳурӣ миқдори зарурии нанозарраҳои нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ пешниҳод намояд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, ки хосиятҳои зиддимикробӣ, антибактериявӣ ва зиддивирусии нуқра аз замонҳои қадим маълум мебошанд. Нуқра ба гурӯҳи металлҳои вазнини асил мансуб буда, ҳангоми дар об ҳал гардидани нанозарраҳои он, об муддати дуру дароз тозагии худро нигоҳ медорад. Хусусияти шифобахшии оби нуқра ба сохтори хеле мураккаби он вобастагӣ дорад. Нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, на танҳо миқдори зиёди микроорганизмҳоро нобуд месозанд, балки ҷузъи муҳими бофтаҳои организмҳои зиндаро ташкил медиҳанд. Ҳангоми истифодаи маҳлулҳои иондори нуқра бактерия ва вирусҳои патогенӣ нобуд мешаванд
Ба нақли олими тоҷик, тавассути омӯзиши реаксияи химиявии барқарорсозии нитратҳои нуқра исбот гардидааст, ки ҳангоми дар об ҳал гардидани хокаи нуқра нанозарраҳои он ҳосил мешаванд. Ин намуди маҳлули нуқра «нуқраи коллоидӣ» номида мешавад. Аз ин рӯ, ионҳои нуқра ва маҳлули коллоидии он маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо буда, ба организм таъсири манфӣ надоранд. Илова ба ин, ионҳои нуқра ҳамчун иммуномодулятор масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.
Ионҳои нуқра бисёр равандҳои физиологӣ ва биохимиявиро дар организмҳои зинда тақвият бахшида, фаъолияти муътадили ҳормону ғадудҳо, ҳароммағз, мағзи сар, ҷигар ва дигар узвҳоро таъмин месозанд. Оби нуқраро барои пешгирии бемориҳои зуком, стоматит, бруселлез, диққи нафас, артрит ва ғ. истифода мебаранд. Ғайр аз ин, хусусияти зиддимикробии оби нуқраро ба эътибор гирифта, онро барои безараргардонии ҷароҳат ва табобати сӯхтаниҳои гуногуни пӯст низ истифода мебаранд. Дар гузашта ҳам аҷдодони мо аз зарфҳои нуқрагин барои нигаҳдории об дар сафарҳои дур истифода мебурданд.
Ионҳои нуқра хусусияти ҳифзкунанда дошта, таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Ҷолиби диққат он аст, ки зери таъсири ионҳои нуқра бактерияҳои фоидаовар намемиранд, яъне дисбактериоз, ки ҳангоми табобат бо антибиотик ҷараён мегирад, дар ин ҳолат мушоҳида намешавад.
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки агар хосиятҳои зиддивирусӣ, зиддимикробӣ ва бактериотсидии ионҳои нуқра ва нанозарраҳои он дар шакли коллоидӣ дар истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда шаванд, то ҷое хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.
Таҷрибаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки матои функсионалие, ки ба воситаи маҳлули иондор ё дорои нуқраи коллоидӣ ба таври махсус коркард карда мешавад, хосиятҳои зиддивирусӣ пайдо мекунад.
Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ, технологияи коркарди матоъҳои функсионалӣ бо ионҳо ва маҳлули каллоидии нанозарраҳои нуқра аз он иборат аст, ки нанозарраҳои фаъол аз бофтаҳои матоъ ҷудо намешаванд ва хеле хуб ба он мечаспанд. Аз ин сабаб, ин гуна матоъҳоро барои истифодаи васеъ дар тиб барои дӯхтани хилъатҳо, ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва ғайра пешниҳод кардан ба манфиат хоҳад буд. Нанозарраҳои нуқра ҳангоми шустушӯ аз матоъ ҷудо намешаванд ва то 6 моҳ таъсири зиддимикробии худро нигоҳ медоранд.
Тавре дар суҳбат бо олимони тоҷик маълум гардид, алҳол Академияи миллии илмҳо имкон дорад, ки миқдори лозимии нанозарраҳои нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод намояд. Барои ин дар қабати мобайнии ниқоб матои пахтагӣ ҷойгир намуда, онро ба оби нуқра коркард намудан зарур аст. Баъд аз коркард дар матои ниқоб нанозарраҳои нуқра нигоҳ дошта мешаванд ва чунин ниқоб хосияти зиддивирусиро доро мегардад. Аз тарафи дигар, муҳлати истифодаи ниқоб 2-3 маротиба зиёд мегардад, ки аз аҳамияти иқтисодӣ низ холӣ нест.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ба таваҷҷуҳи масъулини коргоҳу корхонаҳое, ки айни замон ба дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ машғул мебошанд, мерасонем, ки барои хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ пайдо намудани ниқобҳои муҳофизатӣ бо Академияи миллии илмҳо ҳамкории тарафайн ба роҳ монанд. Зеро ғалаба бо вируси навъи COVID-19 муборизаи дастаҷамъона ва фаъолияти босифату босамарро тақозо мекунад.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАШКИЛИИ РАЁСАТИ АМИ ҶТ
Имрӯз 06.04.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ барпо гардид.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 40 қарор ва беш аз 130 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 1 ҷаласаи васеи Раёсати АИ ҶТ, 2 маҷлиси тантанавӣ доир карда шуданд.
Нақшаи чорабиниҳои Раёсати АИ ҶТ оид ба иҷрои дастуру вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 баён шудаанд, таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дода шуд.
Аз ҷумла, вобаста ба ташвиқу тарғиби Паём, рӯзи 10 январи соли 2020 дар Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки директорон ва муовинони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, котибони илмӣ ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ, намояндагони академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ доир гардид, президенти АИ ҶТ Ф.Раҳимӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои Академияи илмҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои ин Паём маърӯзаи муфассал намуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла:
Банди 35. Дар ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои хориҷӣ гузаронидани таҳқиқоту омӯзиш дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва муаррифӣ намудани дастовардҳои мамлакат дар ин самт.
Бо мақсади гузаронидани таҳқиқоту омӯзиш дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва муаррифӣ намудани дастовардҳои мамлакат дар ин самт, Академияи илмҳо дар соли 2020 доир кардани чорабиниҳои илмии байналмилалии зеринро дар ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои хориҷӣ ба нақша гирифтааст: 1) Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: «Хавфҳои табиии иқлимӣ ва тектоникӣ дар Осиёи Марказӣ». Ин конференсияро Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 ҳамроҳ бо Маркази илмҳо оиди Замин – GFZ (Потсдам, Олмон) ва Институти геологияи Донишгоҳи техникии Академияи кӯҳии Фрайберг (Олмон) доир менамояд, ки дар он беш аз 30 нафар олимони хориҷӣ иштирок хоҳанд кард. 2) Конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Селобаҳо ва офатҳо: хатар, пешгӯӣ ва муҳофизат». Ин конференсияро Академияи илмҳо дар моҳи сентябри соли 2020 ҳамроҳ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист доир менамояд, ки дар он 150 нафар олимон ва мутахассисони хориҷӣ иштирок хоҳанд кард. 3) Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо (дар мисоли Тоҷикистон). Ин конференсия бо дастгирии ЮНЕСКО бо иштироки олимон ва мутахассисони хориҷӣ моҳи октябри соли 2020 гузаронида мешавад. Айни замон омодагириҳо барои дар сатҳи зарурии илмӣ ташкил намудани ин чорабиниҳо рафта истодааст.
Банди 36. Дар доираи васеъ шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, захираҳои об ва дастовардҳо дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, тавлиди «энергияи сабз», ки ба кам шудани партови газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт олимони соҳаҳои физика, масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, технологияҳои нав, ҳамчунин олимони соҳаи иқтисодиёти Академияи илмҳо саҳми худро мегузоранд.
Аз ҷумла, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо ба нақша гирифтааст, ки бо иштироки беш аз 20 нафар намояндагони байналмилалӣ моҳи октябри соли 2020 Конференсияи илмиро дар мавзӯи «Истифодаи маҷмаавии захираҳои обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим» доир намуда, дар он аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳамчунин захираҳои об ва дастовардҳо дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳо нақша дорад, ки бо ин мақсад Конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Рушди инноватсионии илм»-ро бо иштирокчиёни байналмилалӣ доир карда, дар он дастгоҳҳои сохтаи олимон ва мутахассисони Марказро оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муаррифӣ намояд.
Олимон ва мутахассисони Институти физика ва техникаи Академияи илмҳо оид ба масъалаи тавлиди «энергияи сабз», ки ба кам шудани партови газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд, таҳқиқот гузаронида истодаанд.
Банди 62. Ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн кардани шакли электронии он. Бо ин мақсад корҳо идома доранд. Ҳамчунин шурӯъ аз 3 январи соли 2020, ҳар рузи сешанбе дар толори АИ ҶТ бо иштироки кормандони Раёсати АИ ҶТ ва муасисаҳои илмии АИ ҶТ қироати китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои АИ ҶТ, ҳамчунин баррасӣ кардани баъзе масъалаҳои муҳими илмӣ, аз 3 январи соли 2020 дар Раёсати Академияи илмҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою аспирантҳои АИ ҶТ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо семинарҳои яксоата ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни илмӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.
Рӯзи 11 феврали соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори умум доир гардид, ки дар он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳо дар соли 2019 гузориши муфассал намуд. Дар нишасти матбуотӣ байни олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори умумии ҷумҳурӣ табодули назари самарабахше дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии тобеи он, ояндаи рушди илми ҷумҳурӣ, коркардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва масъалаҳои дигари муҳими илмӣ сурат гирифт. Ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори умум президенти Академияи илмҳо ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ посух доданд. Маълумот дар бораи натиҷаи нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар (18 марти соли 2020), Раёсати АИ ҶТ нақшаи умумии таъмини иҷрои ин супоришҳоро таҳия намуд, ҳамчунин матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли китобча бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонида шуда, дастраси ҳамаи аъзои Раёсати АИ ҶТ ва мудирони шуъбаҳои он, роҳбарони муассисаҳои илмии АИ ҶТ гардонида шуд. Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муайян кардани сохтори минбаъдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Комиссияи оинномавӣ таъсис дода шуд ва он ба кори худ шурӯъ намуд.
12-13 марти соли 2020 дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳо табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ” ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва муайян намудани донишҷӯёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо, бори панҷум Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Олимпиада дар ду давр аз рӯи 7 соҳаи илм доир карда шуд. Даври якум аз 15 феврал то 1 марти соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва даври дуюм аз 12 то 13 марти соли 2020 дар АИ ҶТ гузаронида шуд. Дар даври дуюм аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қариб 140 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар натиҷа бо қарори Кумитаи тадорукоти Олимпиада 13 нафар донишҷӯёни беҳтарин ғолиби ҷойи якум бо гирифтани «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 22 нафар ғолибони ҷойи дуюм ва 23 нафар ғолибони ҷойи сеюм бо дипломҳо сарфароз гардонида шудаанд. Қариб 60 нафар донишҷӯёне, ки ҷойҳои 4 то 5-умро сазовор гардиданд, бо «Ифтихорномаҳои АИ ҶТ» қадрдонӣ карда шуданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба АИ ҶТ ҳамагӣ беш аз 1200 ҳуҷҷат, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Фармонҳои Президенти ҶТ, фармоиш, протокол, нусха аз протоколи Ҳукумати ҶТ, Амр ва Фармоишҳои Президенти ҶТ, супоришҳои Ҳукумати ҶТ, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои ҶТ, аз корхонаҳои гуногуни ҶТ, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз Академияҳои илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ва ташкилотҳои гуногуни ИДМ, мактубҳо аз хориҷи дур ва аз муассисаҳои илмии АИ ҶТ барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор 507 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ ирсол гардидааст. Раёсати АИ ҶТ ҳамроҳи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар қариб 584 ҳуҷҷатро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва мувофиқа бо ҷониби дигар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ирсол шудаанд ва феълан дар баррасии вазорату идораҳо қарор доранд: 1. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (Созишнома 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст);
2. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти аврупоии муколамаи Авруосиё.
Ҳамчунин дар ин давра бо муассиса ва ташкилотҳои зерини хориҷӣ санадҳои меъёрӣ оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (Федератсияи Россия);
Ёддошти тафоҳум байни ИОМДОА Академияи илмҳо ва Донишгоҳи иёлоти Небраскаи ИМА;
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои саноатии Калингаи Ҳиндустон;
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист.
Дар семоҳаи соли ҷорӣ роҳбарияти АИ ҶТ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон вохӯриҳои зеринро доир намуд:
Бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Сингх;
Бо роҳбари намояндагии Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ;
Бо роҳбари Департменти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи технологияҳои саноатии Калингаи Ҳиндустон ҷаноби Раҳул Вирма;
Бо намоядагони сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдул Сами ва хонум Манита;
Бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (Федератсияи Россия);
Бо намояндагони лоиҳаи JICA (Ҷопон).
Дар ин муддат Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои муассисаҳои илмии худро вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Гурҷистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳ ирсол карда шуд ва дар ҷаласаҳои корӣ намояндагони салоҳиятдор дар сатҳи сардори Раёсат ва ноибони президенти Академияи илмҳо намояндагони салоҳиятдор иштирок намуданд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 106 пешниҳод ва хулосаҳои худро оид ба ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ, Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва давлатҳои хориҷи дур ва наздик омода ва пешниҳод намуд.
Дар ин давра барои унвонҷӯён ва олимони хориҷӣ 12 раводид таҳия гардида, 12-нафар олимони хориҷӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд ва 2 нафар кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) гирифтанд.
Тавассути Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ 22 нафар корманди АИ ҶТ ба сафари хизматӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд ва 15 нафар муҳаққиқони хориҷӣ ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Кадрҳои илмӣ ва тайёр кардани онҳо
Дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ то 1 апрели соли 2020 ҳамагӣ 2059 нафар кор мекарданд, ки аз онҳо 1197 нафар корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмии АИ ҶТ 851 нафарро кормандони илмии бастӣ (156 доктори илм, 272 номзади илм ва 463 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ) ва 319 нафарро кормандони илмии ҳамкор (79 доктори илм, 108 номзади илм ва 119 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медоданд.
Аз шумораи умумии кормандони АИ ҶТ 105 нафар дар Раёсати АИ ҶТ кору фаъолият менамоянд, ки 35 нафари онҳо соҳиби дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илм мебошанд.
Дар ҳамин сана шумораи аъзои АИ ҶТ 86 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 34 нафар академик ва 52 нафар узви вобаста мебошанд.
Ба ҳайати АИ ҶТ 27 аъзои хориҷӣ шомил мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 739 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 20 доктори илм, 99 номзади илм мебошанд.
Дар соли хониши 2019-2020 дар курсҳои якум ва дуюми шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ дар 14 институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 3 Маркази илмӣ, 1 Хазинаи мероси хаттӣ ва Кафедраи забонҳои хориҷӣ 447 нафар магистрантҳо аз рӯи 46 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 141 нафар ё 31,5%-ро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бинобар сабаби мунтазам иштирок накардан дар дарсҳо, насупоридани сессияи зимистона, баромадан ба рухсатии академӣ 28 нафар магистрантони курсҳои 1-ум ва 2-юми шуъбаи рӯзонаи институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.
Барои самаранок ба роҳ мондани раванди таълим дар магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали дарсҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо журналҳои гуруҳӣ, нақшаҳои инфиродии магистрантон, рӯзномаҳои таҷрибаомӯзӣ таъмин карда шуда, мавзӯъҳои рисолаҳои илмии магистрантон дар Шӯроҳои илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ тасдиқ ва роҳбарони илмии онҳо таъин гардида, магистрантони эҳтиёҷманд ба ҷойи зист бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд.
Тибқи нақшаҳои таълимӣ дар соли 2020 магистрантони курсҳои 2-юм аз 03 феврал то 02 март ба таҷрибаомӯзии илмӣ-истеҳсолӣ дар институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ магистрантон тибқи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ фаъолият намуда, баъди ба итмом расидани муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба мудирони шӯъбаҳо ва лабораторияҳо ҳисобот оид ба таҷрибаомӯзӣ пешниҳод намудаанд.
Айни замон, вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистона дар шӯъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 447 нафар магистрантҳо таҳсил намуда истодаанд, ки ин вобаста ба шӯъбаҳо чунин мебошад:
-дар шӯъбаи илмҳои физикаву математика, кимиё, геология ва техникӣ – 143 нафар; -дар шӯъбаи илмҳои биология ва тиб – 35 нафар;
-дар шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ – 269 нафар.
Аспирантура ва докторантура PhD ва докторантураи анъанавӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 19 муассисаҳои илмӣ–тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 нафар аспирантони рӯзона ва 85 нафар аспирантони ғоибона таҳсил намуда истодаанд.
Шумораи аспирантон вобаста ба шуъбаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст:
-дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – 29 нафар аспирант, аз ин шумора 19 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 10 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд.
-дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб бошад, 23 нафар аспирантон таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин шумора 11 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 12 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.
-дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ бошад 100 нафар аспирантон таҳсил дошта, аз ин шумора 37 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 63 нафар дар шуъбаи ғоибона шомил мебошанд.
Ҳамчунин, аз шумораи умумии аспирантон 50 нафар ё 34,0%-ро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар докторантураи анъанавии институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 8 нафар докторант таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар зан мебошад. Мутаносибан, 2 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, 2 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб ва 4 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Оид ба унвонҷӯён. Дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, шуъбаи илмҳои биология ва тиб ва шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамагӣ 188 унвонҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос. Айни замон, дар зинаи докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос дар институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 139 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 71 нафар дар курси якум, 48 нафар дар курси дуюм ва 20 нафар дар курси сеюм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд.
Докторантони PhD аз рӯи 23 равияи илм дар 16 муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла, илмҳои математика, информатика, физика, химия, геология, сайёҳӣ, гидрология, метеорология, экология, сохтмони гидротехникӣ ва иншоот, биология, таърих, сиёсатшиносӣ, сотсиология, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, филология, иқтисодиёт, иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (тибқи соҳаҳо), идоракунии лоиҳаҳо, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба фаъолияти илмию таълимӣ машғул мебошанд.
Шумораи умумии занҳо 39 нафар буда, 28,1%-ро ташкил медиҳад.
Мавзӯъҳои илмии ҳамаи докторантони PhD дар Шӯрои олимони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ тасдиқ гардида, онҳо бо ҳамроҳии роҳбарони илмӣ ба фаъолияти илмӣ шуруъ намуданд.
Ҷараёни таълим дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси нақшаҳои таълимии 25 равияи илмӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мувофиқи нақшаҳои таълимӣ аз 27 то 29-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи докторантони PhD-и курси 2-юм гузаронида шуд, ки аз 49 нафари онҳо 32 нафар мусбӣ баҳогузорӣ карда шуда, ба 17 нафар докторантони PhD бо назардошти камбудиҳои ошкоргардида то моҳи апрели соли ҷорӣ муҳлати омодагӣ дода шуд.
Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми ФР тасдиқ шудаанд, 30 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 29 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 4 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 5 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.
Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ
Дар 3 моҳи соли 2020 1 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ баргузор гардид, ки дар он дар бораи рафти гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои КИТ, ки ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои соли 2021 пешниҳод гардидаанд ва ҷамъ овардани ҳисобот доир ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2019, нақшаи кории Шӯро дар соли 2020 баррасӣ гардида, тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои соли 2021 ҳамагӣ 208 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои экспертиза пешниҳод гардид. Аксарияти лоиҳаҳо пас аз баррасии экспертҳои мустақил ва Комиссияҳои экспертӣ чанд маротиба такмил дода шуданд. Ҳамагӣ аз 208 лоиҳаи КИТ 48 лоиҳа дар даври 1 ва 22 лоиҳа дар даври 2-юм такмил дода шуданд. Дар натиҷаи кори 12 комиссияҳои экспертии 3 Бахши Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ аз 208 лоиҳаи нав барои маблағгузорӣ аз соли 2021 197 лоиҳа тавсия гардида, 11 лоиҳа баргардонида шуд. Қайд намудан лозим аст, ки Бахшҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ кори худро давом дода истодаанд ва ҳоло экспертизаи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ давом дорад.
Ҳамзамон, дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ корҳоро оид ба ҷамъбасти экспертиза барои соли 2021, гузаронидани Раёсати Шӯро, омода намудани лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ аз соли 2021 тавсия шуданд барои ирсол намудан ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили ҳисоботҳои солона доир ба КИТ дар соли 2019 гузаронида истодааст. Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ барои нашри Маводи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва гузаронидани Сессияи Шӯро омодагӣ мебинад.
Дар соли 2020 ҳаҷми умумии маблағгузориҳои буҷетӣ ба АИ ҶТ 57404148 сомониро ташкил дод.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИ ҶТ
Дар семоҳаи якуми соли 2020 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 102 мавзӯъ, аз ҷумла 61 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 19 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, то ин замон натиҷаҳои зерин ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 450 кори илмӣ, аз ҷумла 35 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 415 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 382 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 25 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 8 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 4 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 қарори мусбат оид ба нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 10 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 бо ибтикори муассисаҳои илмию таҳқиқотии АИ ҶТ ҳамагӣ 18 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 5 конференсияи илмӣ, 9 семинари илмӣ, 2 мизи мудаввари илмӣ ва 2 мулоқоти расмӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Дар ин давра кормандони институтҳои илмию таҳқиқотии АИ ҶТ дар беш аз 100 чорабинӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ бо мақсади таблиғи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 300 маротиба дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла оид ба масъалаҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои гуногун, саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ, масоили марбут ба драматургия, кино, мусиқӣ ва театри тоҷик, ҷашну маросимҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм ва ғ. баромад карданд.
Рушди илмҳои табиатшиносӣ – омили асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар
Дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 18 марти соли ҷорӣ чун анъанаи ҳарсола дар арафаи фарорасии ҷашни Наврузи байналмилалӣ таъкид гардид, ки «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадам ба пеш гузошта намешавад».
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки баҳри амалӣ намудани ин ҳадаф чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар партави гуфтаҳои боло, минбаъд барои рушди иқтсодиёти кишварамон тақвият бахшидани раванди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаю донишгоҳҳои олӣ ва дар муассисаҳои таҳқиқотии мамлакат аҳамияти хоса дорад.
Масъалаи дигаре, ки зарурияти тақвият бахшидани омӯзиши илмҳои табитшиносиро баҳри таъмини амнияти озуқавории аҳолии кураи Замин пеш овардааст, ин пайёмадҳои номусоиди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Таҳлили маълумотҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим боиси вайроншавии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиш ёфтани касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, коҳиш ёфтани ҳосилнокии онҳо ва иқтисодиёти кишварҳо мегардад. Бояд қайд намуд, ки кам шудани захираҳои табиии об ба нестшавӣ ё танг шудани ҳудуди паҳншавии намудҳои камёфту нодири олами наботот сабабгор мегардад. Ҳифзи захираҳои обӣ, алалхусус пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, зарурияти ба роҳ мондани таҳқиқотҳои нави илмию амалиро тақозо менамояд.
Олимон пешгӯӣ менамоянд, ки то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин аз 30С то 50С баланд мешавад. Мувофиқи маълумотҳои илмӣ, дар Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво баланд шуда, шӯршавии хок ва пастравии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба назар мерасад ва то охири аср XXI давом ёфтани ин раванди номатлуб аз эҳтимол дур нест.
Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.
Бинобар ин дар оянда барои таъмини амнияти озуқаворӣ пеш аз ҳама бояд ба тадқиқотҳои нави илмӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои об ва захираҳои генетикии кишварамон диққати аввалиндараҷа дода шавад. Алалхусус, баҳри ноил гаштан ба амнияти озуқавории кишвар рушди чунин самтҳои илми биологияи муосир - генетика, селексия, биотехнологияи растаниҳо ва бехатарии биологӣ хеле зарур ва тақозои замон аст. Аз ин сабаб, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани тадқиқотҳои инноватсионии илмӣ дар бахшҳои генетика, селексия, биотехнологияи растаниҳо ва бехатарии биологии маҳсулоти озуқаворӣ дар нақшаи корҳои минбаъдаи илмӣ-тадқиқотии солҳои 2021-2025 ҷустуҷӯйҳои навинро дар нақша доранд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар бахшҳои генетика, селексия ва амнияти биологӣ ва бехатарии озуқаворӣ дар сохтори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ду озмоишгоҳи нави таҳқиқотӣ - Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо ва Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ таъсис дода шуд. Кормандони илмии ин озмоишгоҳҳо ният доранд, ки минбаъд ба корҳои таҳқиқотӣ дар самтҳои афзалятноки биологияи муосир, ба монанди таъсис додани бонки захираҳои генетикии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар корҳои селексионӣ, ичунин омӯзиши таркиби биохимияви маҳсулоти озуқаворӣ ва организҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) машғул шаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир истифодаи самараноки гуногуннамудии ирсии зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи тезпазӣ, устуворнокӣ ба таъсири хушкӣ, ба шӯрии хок, ба ҳашароту касалиҳо, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо дар шароити тағйирёбии иқлими кураи Замин аз мавзӯъҳои мубрами рӯз ба шумор мераванд. Дар баробари ин, масъалаи омӯзишу ҳифзи гуногунии биологӣ, экосистемаҳои табиӣ ва тайёр намудани олимону мутахассисони ҷавон дар ин соҳаҳо яке аз самтҳои афзалятноки илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Зикр намудан зарур аст, ки ҳифзи муҳити зист ва омӯзиши гуногунии биологии кишварамон дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти пайёмадҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурияти таъмини амнияти озуқавории кишвар дар оянда омӯзиши ҳаматарафаи гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикии навъу намудҳои нодири зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо мекунад. Яке аз самтҳои назариявӣ ва амалии тадқиқотҳои генетикию селексионӣ дар кишварамон ҷамъоварӣ намудан ва нигоҳдории намунаҳои нодири коллексионии чунин зироатҳои кишоварзӣ (аз қабили гандум, картошка, лӯбиёгиҳо, пахта, сабзавот, дарахтони мевадиҳанда, ноки заминӣ) мебошад, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар заруранд. Ҳамчунин омӯзиши тағйирпазирии ирсии растаниҳо таҳти таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист ва равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлими сайёра масъалаи муҳими рӯз боқӣ мемонад. Минбаъд дар раванди ба даст овардани навъҳои нави ояндадори зироатҳои кишоварзӣ нақши асосиро истифодаи усулҳои интихоби генетикӣ, ба монанди дурагакунонии дохилинамудӣ, байнинамудӣ, мутагенез ва мутобиқкунонии генотипҳои нав ба шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш - яке аз самтҳои калидии корҳои таҳқиқотии озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо ба шумор меравад.
Айни ҳол дар асоси корҳои илмӣ-тадқиқотии солҳои пешин аз ҷониби олимони соҳаи генетика ва селексияи Институт дар коллексияи намунаҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ки он беш аз 150 навъу намунаҳои гандум, 100 навъу намунаи картошка, 50 навъу намунаҳои лӯбиёгиҳо, 40 навъу линияҳои нави пахта, 25 навъу намунаи топинамбур (ноки заминӣ), 15 намунаи батат (картошкаи ширин), 10 навъу намунаи сабзавот ва ғайраро дар бар мегирад, гирд оварда шудаанд ва ҳар яки онҳо дорои хусусиятҳои нодири селексионӣ мебошанд. Ин намунаҳо тезпаз буда, ба об камталаб, ба касалиҳо нисбатан устувор ва серҳосил мебошанд. Аз тарафи дигар зарур аст, ки корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар минбаъд васеъ ба роҳ монда шаванд ва дар ин мавзеъҳо навъҳои нави растаниҳо ба даст оварда шаванд. Тавсеа бахшидани корҳои селексионӣ дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат истеҳсолоти кишварро тақвият бахшида, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди илмию истеҳсолӣ фароҳам меоварад.
Кормандони Институт дар хоҷагиҳои сабзавотпарварии ҷумҳурӣ технологияи парвариши кӯчат ва ниҳолҳои аълосифатро дар гармхонаҳои плёнкавӣ коркард намуда, он дар истеҳсолот татбиқ карданд (соли 1992).
Аз ҷониби олимони Институт намуди нави растании лимӯи паканаи «Баракат» (соли 1993) ба вуҷуд оварда шудааст. Усули ба даст овардани ин гуна лимӯ бо патенти Россия ҳимоя карда шудааст. Технологияи парвариши лимуи «Баракат» ба сохтани хандак ва лимӯхонаҳои калони рӯизаминӣ эҳтиёҷ надорад ва бо ҳосилнокии баланд ва сифати беҳтарини мевааш фарқ мекунад.
Аз ҷониби кормандони Институт дар давоми солҳои Истиқлолият бо истифодаи аломатҳои озмунии физиологӣ ва фотосинтетикӣ як қатор навъҳои нави ояндадори пахтаи миёнанах ба вуҷуд оварда шудааст–Гулистон, Гулистон-2, Равшан, Сомони, Шавкат-80. Инчунин пахтаи миёнанахи клейстогамии (гулаш пӯшидаи) навъи «20-солагии Истиқлолият», ки селексияи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ мебошад, дар ҷумҳурӣ минтақабоб карда шудааст. Афзалияти ин навъ дар он аст, ки ҳодисаи гардолудшавӣ ва бордоршавӣ дар шароити герметикии бо гулбаргҳо маҳкам, новобаста аз хушкӣ ва намнокии ҳаво мегузарад. Ин навъро дар шароити минтақаҳои иқлимашон хушк ё намнок ва сербориш парвариш намудан мумкин аст.
Навъи қатраборони (эспарсет) Зиддӣ, ки маҳсули дастранҷи кормандони Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ ҶТ ва Институти ситология ва генетикаи ШС АИР мебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб карда шудааст.
Олимони Институт 5 навъи нави картошка - Дӯстӣ, Файзобод, Рашт, Тоҷикистон ва Академияи илмҳо (АН-1)-ро ихтироъ намуданд, ки онҳо дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ шудаанд. Аз соли 2019 картошкаи навъи Тоҷикистон ҳамчун навъи стандартӣ интихоб карда шуд.
Ба ғайр аз ин, намунаҳои ояндадори гандум, топинамбур ва бататро ба даст оварданд, ки онҳо нисбат ба дигар навъҳо ба об нисбатан камталаб буда, ба касалиҳо устувор ва серҳосил мебошанд. Дар сурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани чунин навъҳои нави ба дастомада, метавон дар оянда бо харҷи ками об ҳосили баланд ба даст овард.
Яке аз мушкилоте, ки ҳоло дар кишварамон дар раванди тақвияти илмҳои табиатшиносӣ ба чашм мерасад, ин тайёр намудани олимони ҷавон дар бахшҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муосир ба шумор меравад. Бо ин мақсад ба омӯзиши соҳаҳои генетика ва селексия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олии кишвар ва дар муассисаҳои илмии мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан зарур аст.
Муттаасифона таълими фанҳои генетика ва селексия дар назди ягон муассисаи таҳсилоти олии кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар муассисаҳои олии кишвар кафедраҳои ҷудогонаи тахассусӣ аз ин рӯи таълими ин фанҳо вуҷуд надорад ва мутахассисони ин соҳа ниҳоят кам мебошанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ оид ба ин соҳаҳои илм Шӯроҳои дифои рисолаҳо то ҳол вуҷуд надоранд.
Дар партави гуфтаҳои боло, вақти он расидааст, ки ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, хусусан ба бахшҳои генетика ва селексия аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷаҳонии соҳаҳои муосири илми биология чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст. Барои омода намудани мутахассисон бояд кадрҳои ҷавонро аз синфҳои поёнии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ интихоб намуда, онҳоро дар мактабҳои махсуси омӯзиши фанҳои дақиқ тарбия намуд ва онҳоро тибқи дархост аз рӯи квотаҳои барномаҳои байналмилалии «Дурахшандагон» аз рӯи ихтисосҳои номбурда ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷаи дур ё наздик равона кард. Бе омода намудани мутахассисони ин бахшҳои зарурии илмҳои табиатшиносӣ ба даст овардани дастовардҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии генофонди миллии ҷумҳурӣ, омӯзиши бехатарии биологии кишвар ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ номумкин аст.
Бобозода Бақохоҷа – директори Институти ботаника,
физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ,
номзади илмҳои биологӣ
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ - КАЛИДИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ (дар тақвияти Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, шаҳри Душанбе, 1
«Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад»
(Аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои мил-лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, шаҳри Душанбе, 18 марти соли 2020).
Мо намояндагони илму маорифи кишвар ҳар сол пазмони ҷашнвораи анъанавии Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Чӣ хеле, ки худи Ҷаноби Олӣ дар вохӯрии навбатии худ, ки рӯзи 18 марти соли 2020 зикр намуданд, рамзист, ки ин вохӯрӣ дар арафаи фарорасии фасли зебои баҳор, ки Наврӯз падидаи он аст, баргузор мегардад. Дар маҷмӯъ, таҳлилу ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомали Раҳмон оиди ҳолат ва рушду нумуи соҳаи илм ва маорифи мамлакат, беихтиёр тақозокунандаи мисраҳои зерини Со-иби Табрезӣ аст:
Он, ки гоҳе мезадам дар обу оташ хешро,
Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.
Ёдрас мешавем, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо зиёиёни кишвар дар қатори ҳадаф ва вазифаҳои муҳиму ҳалталаби гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан ҷиҳати рушди илму маориф таваҷҷӯҳи махсусе зоҳир намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба таври объективӣ ва да-лел-ҳои мушаххас камбудӣ ва дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидро-энергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Бо ин мақсад бояд зикр намуд, ки танҳо дар даҳсолаи охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика диққати махсус дода мешавад.
Воқеан дар айни замон, бо қаламрави умумии на он қадар бузург, Тоҷикистон дорои тақрибан 5% иқтидори энергетикӣ-обии умумиҷаҳонӣ мебошад. Бузургии умумии захираи эҳтимолии энергетикаи обии Тоҷикистон 527 млрд.кВт.соат-ро дар як сол бо иқтидори миёнаи солонаи зиёда аз 60 млн.кВт.соат-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, ҳадди ақал 250-300 млрд.кВт.соат дар як сол аз назари техникӣ имконпазир ва аз назари иқтисодӣ самаранок мебошад. Вале бо вуҷуди ин, имрӯз танҳо 3-4% ин захираҳо истифода мешаванд. Гидроэнергетика манбаи барқароршаванда ва аз назари экологӣ комилан тозаи энергия буда, хеле арзон аст. Аз рӯи андозаи мутлақи иқтидори содиротии гидроэнергетика Тоҷикистон баъди Россия ва Зоир дар ҷаҳон ҷоӣи сеюмро ишғол мекунад. Рушди содиротӣ ё муштарики гидроэнергетикаи Тоҷикистон бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ метавонад равандҳои солимгардонии экологии муҳити зистро аз ҳисоби кам кардани истиғроҷи газҳои буғӣ дар тамоми минтақа амалӣ созанд.
Гарчанде ки Тоҷикистон аз рӯи масоҳат дар дунё ҷойи 85-умро ишғол кунад ҳам, вале аз рӯи захираҳои эҳтимолии энергетикаи обӣ баъд аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи ҳаштум қарор дорад. Аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ ба воҳиди ҳудуди Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи аввал ва ба ҳар як сокини аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикии дарёҳои хурд аст. Бузургии умумии онҳо ба зиёда аз 184 млрд.кВт.соат дар як сол баробар аст, аз ҷумла иқтидори саноатии онҳо зиёда аз 56 млрд.кВт.соат дар як сол мебошад. Кишвари мо таҷрибаи калони сохтмони НБО-ҳои хурдро низ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти зарурияти таъмини эҳтиёҷоти кишвар ба энергияи электрикӣ, хусусан дар фасли замистон, истифодаи НОБ-ҳои хурд ва ҳатто миёна низ дар шароити ҷумҳурии мо самаранок нестанд. Аз ин лиҳоз, танҳо сохтмони НБО-ҳои азим барои мо ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад аст.
Дар раванди амалисозии ғояҳои асосии “дарҳои кушода”, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чор ташаббусҳои созандаро пешниҳод намудааст:
- соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза;
- солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”;
- соли 2013 – Соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об;
- солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”;
Бояд зикр намуд, ки дар асоси арзёбиҳои мумаизони (экспертҳои) байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардида, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши мубрамро мавриди идома қарор хоҳад дод.
Боиси таъкид аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ва суханронии хеш дар Академияи илмҳо, ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2001 дар хусуси пухта расидани зарурияти ғанӣ гардонидани иқтидори илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо ва созмон додани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология (ИМО,ГЭваЭ) дар назди Академияи илмҳоро махсусан таъкид намуданд. Маҳз дар асоси супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат 3 июли соли 2002 бо қарори 279-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ИМО,ГЭваЭ-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ кормандони илмии Институт фаъолона ба ҳалли масъалаҳои мубраму мушкили обию энергетикӣ ва экологӣ пардохтанд ва инак имрӯз олимон ва ходимони илмии Институт аз ҳидоятҳои Президенти кишвар ба олимон на танҳо рӯҳу илҳоми эҷодии тоза, балки дастури роҳнамое гирифтанд, ки ҳар як сатри он ба омӯзишу таҳқиқот ва навовариҳои тозаи илмию техникӣ, аз ҷумла дар соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи кишвари маҳбубамон ҳидоят месозад.
Солҳои охир ,маҳз бо тавассути ҳидоят ва ташаббусҳои бузурги Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат дар Институти мо низ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вусъати тоза гирифтанд, ки ба онҳо аз ҷумла шомиланд: таҳлили муқоисавии самаранокии дарёҳои азими Тоҷикистон; таҳқиқи таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ; коркади усулҳои мутобиқшавии гидроэнергетика ба тағйирёбии глобалии иқлим; коркарди моделҳо ва усулҳои ташхиси ҷараёни об барои гидроэнергетика; таҳлили равандҳои умумии обтақсимкунӣ ва ба танзими ҷараёни об ҳангоми истифодабарии муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ бо мақсади гидроэнергетика ва ирригатсия; омӯзиши таъсири гидроэнергетика ва рушди он ба экология.
Бояд зикр намуд, ки таҳлили устувории маводҳои призмаҳои мустаҳ-ками сарбандҳои баланди сангию хокӣ (барои НБО-и Роғун); таҳлили таъсири гидроэнергетика ба шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ; таҳлили обанборҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъсири онҳо ба захираҳои обии минтақа; таҳлили ҳолати интегратсияи энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкилоти мавҷуда ва коркарди тавсияҳои ҳалли онҳо ва ғайраҳо феҳристи мухтасари самтҳои дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки зарурати онҳо дар ҳидоятҳои Сарвари давлат дарҷ ёфта-анд.
Институти мо корҳои шартномавии худро оид ба ҳамкориҳои илмӣ бо Институти химияи коллоидӣ ва химияи оби ба номи А.В. Думанскии АМИ Украина, Институти масъалаҳои оби АИ Россия, ВНИИГ ба номи Б.Е. Веденеев (Санкт-Петербург), Институти марказии илмӣ-тадқиқотии истифодабарии маҷмӯъи захираҳои обии Вазорати табиати Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи А.Форобӣ, Институти масълаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди амал қарор гирифта, ҳамкориҳоро бо онҳо ва инчунин Институти масъалаҳои об ва экологияи Филиали Сибирии АИ ФР (Новосибирск, Россия), Институти экология ва географияи АИ Ҷумҳурии халқии Хитой, Донишгоҳи давлатии Тараз ба номи М.Х. Дулатӣ (Қазоқистон), Институти географияи Қазоқистон ва чанде дигар идома дода истодааст.
Дар соли 2019 дар асоси ҳамкориҳои эҷодӣ, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сафарҳои илмӣ ба марказҳои илмии кишварҳои Россия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Германия ва инчунин ташрифи ҷавобии меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон идома ёфтанд, ки натиҷаҳои бадастомада муҳокима шуд ва корҳои таҳқиқотҳои оянда нақшабандӣ гардид.
Ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои гуногуни илмии давлати Чин – Маркази ноҳиябандии фосилавии Замини Ноҳияи автономии Синзия-Уйғур, Маркази асосии (калидӣ) глятсиологии Академияи илмҳои Чин дар ш.Ланҷоу идома дорад. Ҳамзамон тадқиқотҳо дар асоси Протоколи мақсаднок миёни Институти метеорологии биёбони назди Раёсати метеорологии Чин ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ низ дар ҷараён аст.
Дар асоси протоколи ҳамкорӣ бо кормандони Лабораторияи ҷум-ҳуриявии химикӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудо-фиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо идома доранд.
Бо лабораторияи физикаи нейтронии ба номи Франки Институти иттиҳодиявии тадқиқотҳои ядроии ш.Дубна низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин ҳамкорӣ бо зербахшҳои Донишгоҳи ба номи Гумболд, ш.Берлин, Ҷумҳурии Федеролии Олмон оғоз ёфт. Ҳамзамон, ҳамкориҳо бо Маркази байналмилалии биологияи намакҳои кишоварзӣ барои Осиёи Марказӣ ва Қавқоз (ICBA-CAC) назди ICARDA шуъбачаи ш.Тошкент ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи шартномаҳои ҳамкориҳои эҷодӣ оид ба самтҳои мухталифи мавзӯъҳои мушкилоти обӣ, аз қабили: усулҳои риёзӣ оид ба масъалаҳои мӯътадилгардонии корҳои иншоотҳои силсилаи НБО-ҳо; усулҳои гидродинамикии ҳисоби таъсири миёнаи ҷараёни турбулентӣ, модели обтақсимкунии мӯътадил; коркарда баромадани дурнамоҳои дарозмӯҳлат, истифодабарии самараноки захираҳои обӣ-нерӯӣ; коркарди технологияи ҳосилкунии оби нӯшокӣ ва технологияи тоза кардани об ва ғайра корҳои муштарак мегузаронад.
Таҳқиқотҳо дар ин самт аз рӯи як қатор Лоиҳаҳои байналмилалӣ давом доранд. Мувофиқи мақсад аст, ки дар асоси ин лоиҳаҳо олимон ва кормандони бахши аз озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии ИМО,ГЭваЭ дар хориҷи кишвар, дар Озмоишгоҳҳои муосири Европа такмили ихтисос ва маҳорати касбӣ намуда, ҳиссаи худро дар омӯзиши таҳқиқотҳои соҳаи оби нӯшокӣ ба манфиати мардуми кишвар ва минтақа мегузоранд.
Кормандони Институти мо дар тулии 18 соли фаъолияти Институ дар зиёда аз 1000 конференсияҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва семинарҳо ширкат варзида, маърӯзаҳои мубрами илмӣ пешниҳод намуданд. Инчунин зиёда аз 30 ихтироот ба даст омада, танҳо 5-тои он дар истеҳсолот мавриди санҷиш ва истифода қарор гириаанд, ки ин басанда набуда, ҳалли ниҳоии худро интизор аст.
Даъват ва табодули афкор намудани олимони варзидаи мо М.А. Сатторов, Н.Қ. Носиров, П.Н. Петров, З.В. Кобулиев, А.Р. Фазилов, И.Ш. Норматов, А.Ф. Финаев, М. Абдусамадов, Ҷ.А. Абдушукуров, К.Ф. Эмомов, Ф.И. Шаймуродов, А.С. Қодиров, инчунин шодравонҳо Наврузов С.Т., Сулаймонов А.А. ва Саидов И.И. ва чанде дигарон дар семинару конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлатҳои Россия (ш.Санкт-Петербург), Эрон (ш.Теҳрон), Қазоқистон (ш.Алмаато), Австрия (ш.Вена), Хитой (Урумчи), Арманистон (ш.Еревон), Франсия (ш.Лион), Кореяи Ҷанубӣ (ш.Есу), Германия (ш.Кёлн) ва ғайраҳо доир ба мавзуъҳои «Илми интеграсионӣ ва рушди устувори дарёҳо», «Об барои ҳаёт» «Реаксияҳои гидрологӣ ва экологӣ вобаста ба гармшавии глобалӣ дар Осиёи Марказӣ», «Усулҳои изотопии баҳодиҳии захираҳои обӣ ва ҳолатҳои гидрогеологии онҳо», «Ҳамкориҳои техникӣ байни Тоҷикистон ва Хитой дар соҳаи об», «Сохтори лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба мутобиқ-шавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати идораи захираҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ», «Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ», «Оқибатҳои гидрологии тағйирёбии сатҳи густурдашуда ва иқлим дар ҳудуди Осиёи Шимолӣ», «Экологияи Арал: мушкилот ва ҳалли он» ва ғайраҳо шоҳиди бараълои баланд гардидани обрӯ ва нуфузи на танҳо Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ, балки шаҳодати афзудани нерӯи ақлонӣ, маънавиёт ва илму фарҳанги кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Диққати асосӣ ҷиҳати омода ва ба камол расонидани кадрҳои баландихтисоси илмӣ равона карда шуда, дар Институт бахшҳои докторантура, апирантура ва магистратура фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар аспирантураи Институт 9 аспирант, аз ҷумла - 5 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 4 нафар дар шӯбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Соли сеюм аст, ки қабули доктор phD идома дорад. Дар докторантураи институт 9 доктори phD ба тариқи маблағгузории буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта, соли шашум аст, ки кабул ба магистратура идома дощта, ҳоло 18 магистр қабул карда шудаст.
Аз соли 2014 инҷониб бо ташаббуси КОА-и Ҷумҳурии Қирғизистон Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии Д 25.17.544 назди Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи АИМ ҶҚ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷи-кистон оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм таъсис дода шудааст, ки фаъолияташ то ҳол идома дорад. Самтҳои илмии Шӯрои диссертатсионӣ аз 25.00.07 – Гидрогеология (соҳаи илмии геологию-минерологӣ ва техникӣ); 25.00.08 – Геологияи муҳандисӣ, яхшиносӣ ва хокшиносӣ (соҳаи илмҳои геологӣ-минерологӣ ва техникӣ); 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия (соҳаи илмҳои техникӣ ва географӣ) мебошад. Дар ин давра аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар докторон ва 8 нафар номзадҳои илмҳои техникӣ ва геологию-минерологӣ бо тариқи «Он-лайн» ҳимоя намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гаштанд.
Бо шарофати аз ҷониби Сарвари давлат таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои айёнияти Соҳибистиқлолии кишвар мебошад, 13 марти соли 2018 аз ҷониби он дар назди Институти мо аз рӯи 5 ихтисос бо самтҳои ихтисосҳои квалификатсионӣ Шӯрои диссертатсионӣ таҳти рамзи 6D.КОА-041 таъсис дода шуд. Дар давраи фаъолияти дусолаи Шӯро дар Институт 31 ҳимоя барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ ва география ва 3 ҳимоя барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки то имруз 22 нафари он ба гирифтани дараҷаи илмӣ аз ҷониби КОА-и назди Президенти ҶТ сазовор шуда, дигар унвонҷӯён дар ҳолати баррасӣ ва таҳлил қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, олимон ва мутахассисиони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешниҳоди навбатии Сарвари давлатамон оиди баланд бардоштани статуси Академияи илмҳои ҶТ то ба дараҷаи Академияи миллии ҶТ руҳбаланд буда, дар оянда низ саъю талош ва ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар асоси талаби замон, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз вохӯрии ҳарсолаашон ба зиёиёни кишвар бармеояд, барои амалисозии Ҳадафи чоруми стратегии кишвар – Рушди босуръати саноатикунонии кишвар, равона созанд.
Тавре, ки дар вохӯрии кунунӣ дарҷ ёфтааст: «Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад».
Оре, пешравиҳо дар рушди соҳаи илму моариф дар пайвастагӣ бо амалисозии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти воқеӣ инкишофи устувор ва босуръати иқтисодиро таъмин месозанд, иқтидори умумии иқтисодиёти кишварро ҷиддан тақвият мебахшанд ва дар ниҳояти кор ба ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидати фаъол менамоянд. Ин ҳидоятҳо, ки мушаххасан дар 14 банд баён шудаанд, минбаъд сармашқи кори мо хоҳад шуд, ки бевосита бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ ва инчунин макотиби олӣ равона шудаанд.
Барои ин чунин пешниҳод менамоем:
- таҷдиди сохтори илму маориф бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва истифода аз хусусиятҳои миллӣ бояд сурат гирад;
- вазорати илм ва маорифро дар сурати сатҳи балади «миллӣ» гирифтани Академияи илмҳо зарур аст, ки фақат ба масоили маориф машғул бошад, чунки фақат танҳо самти маориф мураккаб буда, аз қисмати макотиби ибтидоӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ иборат аст;
- барои эҳёи сохтори маорифи кишвар кор бояд аз макотиби ибтидоӣ ва миёна сурат гирад, чунки макотиби олӣ ба довталабони дараҷаи баланд зарурият дорад, ки аввалан баланд бардоштани нуфузи муаллимҳои мактоби ибтидоӣ ва миёнаро тақозо менамояд;
- барои амалисозии коркардҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот бояд сохтори махсус ташкил карда шавад, ки аз намояндагони тарафайн иборат бошад; Ҳамзамон ин амал метавонад дар намуди Марказҳои мушовваратӣ дар назди корхонаҳои истеҳсолии иқтидорашон мухталиф, қарор гиранд;
- дар ҷодаи коркард ва амалисозии санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати баробарарзишии дараҷаҳои илмие, ки аз ҷониби КОА-и назди Президенти ҶТ дода шудааст, чораҳои мушаххас андешида шавад;
- дар ҳолати зарурӣ ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва макотибҳои алоҳидаи олии бонуфузи кишвар (До-нишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва амсоли онҳо) бо назардошти меъёрҳои байналмилалии соҳаи илму маориф, иҷозати ҳуқуқи додани дараҷаҳои илмӣ, дода шавад.
Ин пешниҳодот характери тавсиявӣ дошта, фақат бо омӯзиши амиқ аз ҷониби олимону мутахассисин метавонанд амалӣ шаванд.
Раҳимӣ Фарҳод - Президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ,
доктори илмҳои физикаю-математика, профессор
Кобулиев Зайналобудин Валиевич - Директори Институ-ти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ,
доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ


