joomla
free templates joomla

ЧАШМАИ ОФТОБРО ЧӢ ГУНОҲ? ё шарҳи аъмоли зархаридоне, ки на аз Худо метарасанду на шарме аз мардум доранд

   Дар сомонаи АМИТ мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров тааллуқ дорад, хонда ба сомонаҳое, ки муаллифон зикр кардаанд, (аз қабили Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет ва амсоли инҳо) муроҷиат карда, то хеле ба худ наомадам.

   Ман бори аввал вориди ин сомонаҳо шудам ва то бадин андоза беномусиву бераҳмӣ, беҳаёиву беимонӣ, манқуртию худобехабарии онҳое, ки худро мухолифин (оппозиция) мехонанд,намедонистам. Ман ин тоифаро дар радифи мухолифин қарор намедиҳам, зеро мухолифони сиёсӣ дар тамоми давлатҳои демократии олам мавҷуданд ва онҳо дар муқобили ҳукумати мавҷуда бо далелу бурҳонҳои дақиқи мантиқӣ қудратнамоӣ мекунанд, қӯшиш мекунанд норасоию камбудиҳои воқеии давлату ҳукуматро ошкор созанд. Ин тоифаро ман як гурӯҳи чалласаводони аз сиёсат дур, ки ҳадафашон танҳо дар миёни ҷомеа барангехтани иғвою дасиса ва дигар нобасомониҳо аст медонам. Дар рӯзгоре, ки мардум бар асари вабои аср мубталои мусибату ғаму андӯҳ шудаасту муҳтоҷи як сухани хубу маслиҳати беғаразона аст, тӯдае аз ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар истода, ба қавли Мирзо Бедил чун «саги ақрабгазида аф-афталошу тапишталош» аз ин мусибат ҳангома барпо кардаанд ва гӯё дер боз ин рӯзро мунтазир буданду ба ин васила мехоҳанд аз худ сиёсатмадору ҳомии миллат тарошанд. Посух додан ба чунин даъвоҳои муғризона аслан маъное надорад, зеро ба қавли Шайх Саъдӣ:

 

Ба сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз,

Наравад мехи оҳанин дар санг.

   Шояд ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муаллифон мақолаи мазкур бештар шеваи накӯҳишу дашномро ба кор гирифтаанд.

  Шеваи даъво ва баёни зархаридони тоҷики дар хориҷа буда дар саҳнаи хотироти ман манзараҳои солҳои навадумро ҷилвагар кард.

   Ҳизби касиф ва ҳизбиёни беномус

  Агар некӯ назар андозем, ҳамаи нобасомонӣ ва фоҷиаҳоро барои мардуми тоҷик дар солҳои навадуми садаи гузашта Ҳизби наҳзати исломӣ оварда буд. Агар ин ҳизб намебуд ҳеч иттифоқи баде намеафтод. Ҳизбе, ки на танҳо аксарияти мардуми кишвар, балки дар дунё ягон давлати абарқудрат барои ба сари қудрат омаданаш имконият намедод, мехост зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ҷумҳуриро исломӣ эълон намояд.. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ ин ҳизб тавонист як зумра зиёиёнеро, ки худро демократ мегуфтанду аслан аз сиёсат бӯе ҳам намебурданд, бо худ ҳамроҳ созад. Ин демократҳо намедонистанд, ки агар худое накарда ҳизби наҳзат ба сари қудрат ояд, пеш аз ҳама худи онҳоро аз миён мебардорад, чунонки дар баъзе кишварҳои исломӣ ин таҷриба амалӣ шуда буд. Ҳозир ба ёд меорам дар он гирдиҳамоиҳо ин шиорро замзама мекарданд: «Амрико, Амрико, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!» дар сурате, ки ҳоло хунрезӣ сар нашуда буд. Яъне як пода ҷоҳили боришу сала, бо чашмони хунгирифта давлати абарқудрати дунёро ба ҷанг даъват мекард. Ин ҳикмати Шайх Саъдӣ, ки «Панҷа бо шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест»-ро фаромӯш карда буданд. Ва аз оқибати амали худ андеша намекарданд, ки чи фоҷиаҳое ба сари мардум меоранд, зеро пулҳои ҳангуфти  хоҷагони хориҷиашон чашму ақли онҳоро кӯр карда буд.

   Хулоса, аз наҳсиву касофатии ин ҳизб Тоҷикистон ба хоку хун кашида шуд. Садҳо ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд, миллионҳои дигар ба ғурбат рӯ оварданд. Агар мо ин ҳодисаро тафсил бидиҳем садҳо саҳифа пур мешавад. Аммо хиради азалии мардуми шариф ва кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ боиси хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва сулҳу салоҳ барқарор гардид.

   Ин ки сабабгори асосии хунрезию нобасомониҳои солҳои навадум Ҳизби наҳзати исломӣ буд, гуфтем. Акнун хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки ин ҳизб оё ҳуқуқи дуюмбора сар боло кардан дошт? Албатта, не! Онҳо агар як зарра номусу виҷдон медоштанд, бояд майдони сиёсатро тарк мекарданд, аз мардуми шарифи Тоҷикистон бахшиш мепурсиданд, ки муртакиби чунин як ҷинояти нобахшиданӣ гаштаанд. Агар ба ман мемонданд, саркардагони ин ҳизбро сангсор мекардам. Даъвои курсию ҷоҳу мансаб карданд ва онро ҳам соҳиб гаштанд. Бо ин ҳам қаноат накарда, он ҳадафҳои ғаразноки худро бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷиашон идома доданд. Чун мардуми хушбовар ҳамеша шунидани ояту ҳадис, мавъизаву амри маъруфро дӯст медорад, инҳо тавонистанд шеваи кори худро ба ин усул устувор намоянд ва агар ёд дошта бошем, дар ҳама ҷо фиттаҳои амри маъруфу мавъизаҳо садо медоданд. Кор то ҷое расида буд, ки баъзе муллоҳо мардумро гап задан намемонданд, тӯдаеро кофир эълон мекарданд, мисли ин ки аз назди Худо омада бошанд. Ва бадбахтии аксари мардум ҳам дар ин аст, ки мехоҳанд Худоро ба воситаи мулло шиносанд. Онҳо намедонанд, ки аксарияти ин муллоҳо онҳоро ба Худо не, балки ба худашон наздик мекунанд. Дертар ҳам шуда бошад, ин масъала то ҷое ислоҳ шуд. Аммо дар шигифтам, ки бо кадом рӯ имрӯз М.Кабирӣ боз сар боло карда, овоз равшан мекунад? Бок адом рӯ? Фаромӯш кардааст, ки ӯ роҳбари ҳизбест, ки ба сари мардум балоҳои зиёде оварда буд ва шармандавор шикаст хурда маҳкум гардидааст? Ҳизбе, ки мағлуб гаштааст оё ҳуқуқи маслиҳат доданро дорад? Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки дар Олмон агар аз Гитлеру ҳизби фашистии ӯ сухан ба миён орӣ, шунидан намехоҳанд, мамнӯъ аст. Зеро Олмонро барои ҳамаи ҷаҳониён шарманда кард. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар ҳамин радиф қарор дорад. Бояд номашро дигар ба забон нагирем, зеро моро дар олам шарманда кард.

   Акнун мегузарем ба масъалае, ки онҳо асоси даъвои худ қарор дода, дастак мезананд.

 

   Коронавирус ва ҳангомаи душманони миллат

  Сару садоҳои зархаридони дар хориҷа будаи бештар дар атрофи вабои ба сари миллати мо омада баланд гардидааст. Ба қавли онҳо гунаҳгори асосии ба вабо мубтало шудани мардум дар Тоҷикистон танҳо як нафар аст.

  Биёед, ҳоло ба ин масъала – муносибати онҳое, ки худро “мухолифин”  мехонанд ва ҳукумат,  назари фарохтаре меандозем ва мебинем, ки он дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст, зеро ҳар ҳукумате дар замони муосир мухолифин дорад, ки  як амри табиист. Масалан, дар кишвари ба мо наздиктар – Россия, ҳукумат мухолифини шадиде дорад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин марҳалаи бемории кишвар мардумро ба муборизаи зидди ҳукумат даъват накарда, балки баръакс ба ҳамкориву мадад хондааст, то бо ҳамдастӣ аз ин фоҷиа зудтар раҳо шаванд.. Дар ин ҳолат на танҳо мухолифини ҳукуматҳо дар ҳар кишвар, балки ҳатто давлатҳои ба ҳамдигар мухолиф ва дар лагерҳои гуногуни ҳарбӣ қарордошта, ҳамчун Россия ва Итолиё, ба ҳамдигар дасти мадад дароз карда, ҳамкорӣ мекунанд. Оё зархаридони ҳукумати тоҷик чашму ақлу гӯшу ҳуш надоранд, ин ҳамаро намебинанду намедонанд?! На, мебинанду медонанд, вале нафси оромнагирандаи ҳукуматталабиашон намегузорад, ки аз рӯйи адлу инсоф, адолату инсонигарӣ амал кунанд. Рафтори ба ин монанди ин гуна махлуқонро, ки ёрии башардӯстонаи Россияро ба Итолиё ҳамчун амали ғаразнок маънидод карданӣ шуданд, ҳатто Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ки мухолифи Россия мебошад, маҳкум карда чунин гуфт: “Кишварҳо дар шароити ин буҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба ҳамдигар бояд кӯмак кунанд”. Вақте ки кишварҳо ва инсонҳои дар лагерҳои мухолиф қарордошта чунин рафтор мекунанду чунин мегӯянд, оё як лаҳза дар бораи ҳифзи ҷони мардум ва манфиати кишвари худ, агар шумо худро зодаи ин марзу бум медонед, андешидан зарур нест?! Оё қарзи виҷдонии ҳар касе ки худро тоҷик ва аҳли Тоҷикистон медонад, дар айни ҳол бо нишон додани вазъи кишвар дар ин буҳрони сироятӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостани мадад нест, ки мардум бар ин бало ҳарчи зудтар ғолиб оянд? Ё монанди шумо ҳукуматро корношоям вонамуд карда, дар зинаи аввал байни мардум тарсу воҳима афканем ва баъдан ҷомеаи ҷаҳониро ҳам аз мадад кардан монеъ шавем? Оё ин амали инсонӣ ва пуштибонии мардум аст? Оё шумо ва пайравони зархаридатон, ки аз номи дини мубини ислом ва демократияву инсондӯстӣ сухан гуфта, ҳам динро бадном  мекунеду ҳам халқро фирефтан мехоҳед, тарс аз Худову шарм аз мардум надоред?!

   Ин ҳама ботин ва ғаразҳои нопоки шуморо беҳтар аз ҳама ошкор менамояд, ки танаффурбарангез аст.

   Касе намегӯяд, ки  кори ҳукумат дар ин соҳа камбудӣ надорад, аммо ҳоло вақти байрақ кардани он нест, балки ҳангоми он аст, ки бо сарҷамъӣ роҳҳои ҳарчи зудтар аз ин беморӣ халосӣ ёфтанро пайдо кардан аст, вақти бовару эътимодро дар дилҳову рӯҳияҳо қавитар карда, ин марҳалаи хатарнокро камталафоттар тай кардан аст.  Ин ҳоло равиши ҷаҳонии аз ин буҳрон раҳидан аст. Беҳуда нест, ки ҳатто созмони Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала аз ИМА ва Президенти он Доналд Трамп, ки ба Чин даъвои гунаҳкорӣ дар буҳрони КОВИД – 19 мекард,  худро канор гирифта, зиддият изҳор кард. Роҳи пешгирифтаи ҳукумати мо, ки ба воситаи карантини нарм раҳо ёфтан буд, дурустии худро нишон дода истодааст, зеро бо вазъияти иқтисодие, ки кишвари мо дорад, ин ягона роҳест, ки иқтисодиёт бо осеби камтар аз он берун барояд, зеро зиндагӣ давом дорад ва он иқтисодиёти солим мехоҳад. Бинобар ин дар ҳар кор ба оқибати он бояд андешид, ки маҳсули нек бидиҳад.

      Дар кишвари мо паҳншавии КОВИД-19 дертар оғоз шуд, ки натиҷаи чораҳои саривақтии ҳукумати мамлакат аз пешгирии он буд: сарҳади мамлакат ба зудӣ баста шуд, мусофироне, ки аз кишварҳои дигар бармегаштанд, ҳама ҳатман аз карантини чаҳордаҳрӯза гузаронида шуданд, аз аввалин рӯзҳо таблиғу ташвиқи чораҳои беҳдоштӣ ба мардум оғоз гашт, вале бо вуҷуди ин, вируси фарогир дар кишвар доман паҳн кард ва ҷонҳои азизони моро рабуд, ки аз ин ҷойи гурез ҳам набуд. Тоҷикистон кишвари дарбастае нест, кишвари озоду демократӣ ва дарҳояш ҳамеша боз аст, ки ба он рӯзе даҳҳову садҳо рафту омад доранд ва аз ин рӯ, аз ин вирус барканор намондани он як амри табиӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон аз мо хеле пештар ба он мубтало шуданд. Ин барои кишвари мо фурсат дод, ки хасоиси вирусро хубтар шиносем, таҷрибаи муборизаи дигаронро зери даст дошта бошем, бе тарсу ҳарос ва бо имони комили пирӯзӣ бар вирус ба арсаи шифо бахшидани мубталоён ворид шавем. Дар ин ҷабҳа мо ҳоло хуб медонем, ки аз ҳама василаи муассир ва осон барои ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – аз ҷумла, дар пайи ҳар амал бо собун ва оби гарм шустани даст, дар ҳолатҳои зарурӣ пӯшидани ниқоб, эҳтироз аз саломи дастиву оғӯшгирӣ, нигоҳ доштани фосила ҳангоми гуфтугӯ ва барои солхӯрдагон бе зарурат аз хона берун нарафтан мебошад. Кишварҳое, ки ин қоидаҳоро иҷро карданд, ба монанди Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон бо талафоти нисбатан кам ва зудтар аз буҳрони беморӣ халосӣ ёфтанд. Ин таҷрибаро ҳамаҷониба истифода кардани мо зарур аст. Вақте ки мо бо ин силоҳи муассир ва дар айни ҳол, ба ҳама дастрас мусаллаҳ мешавем, эҳсоси тарс камтар мешавад.

  Тарспароканӣ ва дасисаҳои дигари мухолифин

  Тавре зикр шуд, зархаридонва пайравони онҳо такрор ба такрор дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо он айбдор карда истодаанд, ки мавҷудияти коронавирусро пинҳон доштанд ва ин боиси авҷ гирифтани вабо гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки то охирҳои моҳи апрел мардум аз ягон чиз бим надоштанд, дар мактабҳои оливу миёна дарсҳо доир мешуданд, тӯю маъракаҳо, ҷаласаву ҳамоишҳо озод барпо мегардиданд ва касе бемор намешуд. Дар авохири моҳи апрел вақте эълон шуд, ки дар кишвари мо ҳам мавҷудияти вирус ба қайд гирифта шудааст, якбора ҳамаро ваҳм зер кард. Кӯчаву растаҳо бидуни ин ки карантин эълон шавад, холӣ шуданд, бештари мардум узлатро интихоб карданд. Рӯхияи мардум ба якборагӣ тағир ёфт.

  Воҳима ҳолати равониест, ки дар асари шидати баланди эҳсосоти тарс аз чизе, ҳодисае ё рӯйдоде ба вуҷуд меояд ва қобилияти дарки воқеият ва мантиқан фикр карданро аз инсон мегирад ва боиси ошуфтагии равонӣ мегардад. Воҳима хусусияти инфиродӣ ва иҷтимоӣ дорад ва зуҳури он дар ҳар сурат барои фард ва ҷомеа хатарнок мебошад.    

   Маълум аст, ки эҳсоси тарс аз ҳаёти худ ва наздикони худ барои инсон як амри табиист, аммо вақте ки силоҳи амният дар даст аст, он кам мешавад ва инсон қудрати рӯҳонии худро барои зафар омода месозад. Чунин бемориҳои фарогир дар таърихи мо кам набуданд, ҳанӯз Абӯалӣ ибни Сино аз он хабар дода, таъкид карда буд, ки дар ин ҳол аввалин ва муассиртарин васила бартараф кардани эҳсоси тарс ва баъдан маҳдуд кардани муносибат бо ашхоси гирифтор ва маҳалли пайдоиши беморист. Тафсилоти ба ҳамин монанд беморӣ – ваборо, дар асарҳои устод Айнӣ дидан мумкин аст, чӣ гуна бачаи ҷавон онҳоро аз сар гузаронида, зинда монд. Бинобар, ин навъи беморӣ тамоман нав нест, ки мо илоҷи онро надонем, илоҷи он маълум аст, аммо мутаассифона, душманони миллати мо онро ба воситаи тарспароканӣ ноилоҷ кардан мехоҳанд. Ин худобехебарон ба ҳамин амал даст зада истодаанд, ки худро ҳомии мардум нишон диҳанд, ҳол он ки ин амал – тарспароканӣ, дар байни мардум сад дар сад барои аз байн бурдани ҷони онҳо мерасонад, ки дар ин ҳолат онҳо на мухолифини ҳукумат, балки душмани ҷони мардуми кишвар мешаванд. Дар асл бигиред, барои ин тоифа, ки роҳнамои онҳо Ҳизби наҳзати ислому роҳбарони он мебошанд ва имрӯзҳо фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро барои ба манзури ҳукуматталабии худ расидан бо маводи фитнабарангез пур мекунанд, ҷони мардум пашизе қадр надорад. Мардум инро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дида буд, акнун ба ин дасисаҳои онҳо бовар нахоҳад кард. Онҳо бо роҳи фиреб, ки ҳукумат гӯё барои пешгирӣ ва раҳо ёфтан аз ин беморӣ коре намекарда, ё аз уҳдааш намебаромада бошад, дар байни мардум тарс меафкананд ва агар мардум ба он бовар кунанду тарс хӯранд, дар натиҷа дар вуҷудашон нирӯи муқовимат ва мубориза бо вирус кам шуда, ба ҳалокат дучор мешаванд, аммо ин ҳукуматталабонро заррае ба ташвиш намеорад. Бинобар ин, ҳадафи мо аз ин суханон ҷавоб ба онҳо нест, онҳо бо ин амали ғайриинсонии худ арзиши ҷавобро надоранд, рӯйи сухани мо ба баъзе аз мардум, махсусан ҷавонони ғофил аз мақсади нопоки ин наҳзатиҳову ҳамроҳони онҳо мебошад,  ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ  истифода мекунанду ин дасисаҳоро хонда, фирефта шуданашон мумкин аст. Насли калонсол кӣ будани онҳоро нағз медонад, онҳо ботин ва мақсадҳои ғаразноки худро дар солҳои навадуми асри гузашта нишон дода буданд.

   Вақте ки инсон ба тарс дода мешавад, ончунон ки мухолифини ҳукуматталаб мехоҳанд, табобати ӯ ба маротиб душвортар мегардад, зеро тарс аз дардҳои доираи рӯҳист, ки илоҷи он бештар ба дасти худи бемор аст, то табиб ва то он замоне ки беморро аз он халос карда нашавад, табобати ҷисмонии ӯ бенатиҷа хоҳад буд. Давои дарди ҷисмонӣ нисбат ба бемории рӯҳӣ, дар айни ҳол тарсхӯрдагӣ, ба табибон осонтар аст, аммо мухолифин бар зидди амали шифокории табибони фидокор, ки дар ин шабу рӯз ҷон ба каф гирифта, барои наҷоти беморон ҷонфидоӣ доранд, фаъолияту мубориза мебаранд. Шумо- зархаридони беимон, дар айни ҳол бо онҳое мубориза доред, ки барои наҷоти инсон ҷоннисорӣ карда истодаанд. Куҷост инсонигариву адлу инсоф?! Шумо хуб медонед, ки тарси шахсӣ ба устувории рӯҳияи солими иҷтимоӣ латма мезанад, ки пойдории давлат бар он асос мегирад, аз ин рӯ, ин роҳро пеш гирифтаед ва аз қурбоние, мардум дар ин роҳ доданаш мумкин аст, заррае парво надоред. Аммо хушбахтона, дар натиҷаи ташвиқу тарғиб ва фаҳмонидани роҳи наҷот аз ин беморӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ҳукумат ва сохторҳои он ба роҳ андохтаанд, мардум дарёфтанд, ки аз он бо риояи қоидаҳои содаи беҳдошт ва фосилагирии шахсиву иҷтимоӣ раҳо ёфтан мумкин аст. Албатта, ҳоло ҳам ин навъи фаъолиятро густариш додан зарур аст, ки мардум ҳар чи бештару хубтар аҳаммияти наҷотбахши онро фаҳмида иҷро кунанд, бинобар ин ба тамоми аҳли зиёи кишвар, махсусан ба олимону адибон, донишмандони улуми ҷомеа ва инсоншиносӣ зарур аст, ки барои пурқувват кардани рӯҳияи тавоноии мардум ба ҳар гуна мушкилот, аз ҷумла ба ин беморӣ ва ҳамчунин муқовимат бар ҳар гуна ихтилофангези байни ҷомеа ва ҳукумат фаъолияти хешро муассир намоянд. Дар ин ҳол танҳо бо ҳамкорӣ ва якдилӣ бо тамоми сохторҳои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва боварии комил ба қудрати ҳамкории худ аз ин офат бо талафоти кам раҳо шудан мумкин аст ва ҳар касе ки бар муқобили ин, ҳамчун мухолифину наҳзатиҳо амал мекунад, душмани миллат аст. Хушбахтона, мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи кишвар ин навъи фаъолият рӯз ба рӯз густариш меёбад, дар баробари сохторҳои ҳукумат, ки дар тамоми маҳалҳо барои пешгирии беморӣ фаъолият доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар паҳлуи онҳо амал мекунанд. Онҳо на танҳо барои устувории муҳити бовариву ҳамкорӣ, подории рӯҳияи солими иҷтимоӣ, балки бевосита барои таъмини бемористонҳо, табибон, беморон бо маводи зарурӣ саҳм мегузоранд ва бо ин амали худ сарҷамъии ҷомеа ва ҳамкории онро бо ҳукумати кишвар тақвият мебахшанд. Ин навъи фаъолият дар тамоми қишрҳои ҷамъият – шаҳрвандони одӣ, соҳибкорон, ҷавонон рӯз ба рӯз бештар доман паҳн мекунад, ки далели қотеъи ҳамкорӣ ва ҳамрайъии ҷомеаву ҳукумати кишвар мебошад.

   Ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст...

  Одамиро дидаи ибратбин мебояд то аз гузашта сабақ гирад. Ин нуктаро ҳамаи бузургони олам таъкид кардаанд. Ба қавли Шайх Саъдӣ “Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Дар тӯли таърих миллати тоҷик фоҷиаву мусибатҳои зиёдеро паси сар кардааст ва ҳар ки аз роҳи худшиносӣ ба гузашта муроҷиат карда бошад, дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба ҳодисаю воқеаҳои хунин мувоҷеҳ гардидани миллати моро мебинад. Яке аз саҳифаҳои хунини зиндагии мардуми мо ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум буд, ки бо айби Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт ва шоҳидони воқеа манзараҳои хунини онро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд. Он падида барои мардуми мо дарси ибрат буд. Зеро боварӣ ба ояндаи нек намонда буд. Ҳеч кас бовар надошт, ки зиндагӣ аз нав эҳё мешавад. Шоири маъруф Ашӯр Сафар бо як лаҳни навмедона ва хеле пурдарду муассир изҳори нигаронӣ карда буд:

  Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

  Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

   Шукри Худо ва талошу кӯшишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат, ки кишвари азизи мо дар радифи беҳтарин давлатҳои аз нигоҳи амният таъмини сайёра қарор гирифт. Миллионҳо бор базму тараб, ҷашну тантанаҳо доир шуд, мардум ғаму дардро фаромӯш кард ва зиндагӣ аз нав ҷӯш зад.

   Вабоеро, ки инак сайёра ва кишвари моро ҳам фаро гирифтааст, метавон мусибати дигар номид. Ин мусибат дар қиёс бо фоҷеаҳои солҳои навадум ночиз аст, зеро қаҳтиву гуруснагиро дар канор надорад. Зиндагӣ ҷараён дорад, одамон машғули коранд (албатта, бо баъзе маҳудидятҳои эҳтиётӣ), барои табобати ройгони беморон тамоми шароит фароҳам омадааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин хотири мардум ҷамъ нест, аз ҳамаи чиз истиҳола мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳатто дар ҷанозаи ҳамсояи худ намераванд, зеро ҷон ширин аст. Пас хулоса мешавад, ки ба қадру манзалати Инсон (хоҳ мурда, хоҳ зинда) пеш аз ҳама дар амнияту тинҷӣ мерасанд.

   Он ҷоҳилони қалтабони ёвагӯ, ки шабакаҳои иҷтимоиро пур аз туҳмату гапҳои подарҳаво кардаанд, як зарра андеша намекунанд, ки лоақал даъвоҳояшон мантиқ дошта бошад. Таҷлили ҷашни Наврӯзро дар Хуҷанд сабаби асосии авҷгирии беморӣ донистаанд. Шумо- хонандагони муҳтарам, худ аз рӯи мантиқ қазоват кунед, ки Пешвои муаззами миллати мо он ҷашну тантанаҳоро тариқи онлайн тамошо накардааст, балки худ иштирокчии бевосита будааст. Яъне чун ҳамеша бо мардуму дар байни мардум. Агар дар он замону макон вирус мавҷуд мебуд, пеш аз ҳама ба ҷони Президенти муҳтарами мо хатар эҷод мекард, зеро ниқобу дигар воситаҳои эҳтиётӣ надошт.

   Ё як оқипадари дигараш (маъзарат, ки номи онҳоро намедонам) тӯли барномаи яксоатаи худ дар бораи ҳавопаймое нақл мекунад, ки гӯё аз Олмон ба Душанбе парвоз карда омадаасту намояндагони давлату ҳукумат онро пинҳон медоранд. Бигузор як ҳавопаймо не, балки сад ҳавопаймо омада рафта бошад, барои шумо чӣ аҳамият дорад? Шумо кӣ ҳастед, ки бароятон маълумот пешниҳод намоянд, ки кӣ омаду кӣ рафт?

   “Инсоф об мехӯрад аз чашмасори фаҳм”- мегӯяд Мирзо Бедил. Яъне инсофу имони фарди бомаърифат комилтар аз инсофу имони шахси ҷоҳилу бесавод аст. Дар чанд барномаҳои ибтидои моҳи май пахшкардаи ин харкурраҳо дар ҳаққи Президенти муҳтарами Тоҷикистон туҳматҳои зиёде шудааст. Агар онҳо як зарра тааммулу андеша мекарданд, чунин туҳмати бемантиқро намекарданд, зеро тамоми мармдуми шарифи Тоҷикистон ва ҷаҳон медонанд ва шоҳиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон президентест, ки синаи худро дар байни оташу тир сипар карда, солҳои ҷанг гоҳ ба Афғонистон, гоҳ ба Бадахшону Рашт рафта оташи ҷангро хомӯш кард. Ӯ аз тиру тӯпи шумо натарсид, акнун аз вирус метарсад? Пас аз он ки Пешвои миллат аз муассисаҳои барои бемориҳои сироятӣ омодашуда дидан кард, рӯзи дигар навиштанд, ки Президент пайдо шуд, аммо нохост воқеиятро дар бораи шумораи гирифторони вирус ошкор кард. Аҷиб он аст, ки муддаиёни ватанфурӯши мо, аз ҷумла М.Кабирӣ даъво доранд, ки шумораи гирифторони вирус дар кишвари мо аз сад ҳазор ҳам гузаштааст, аммо масъулин онро пинҳон медоранд, шумораи фавтидагонро ҳам. Биёед андеша кунем, Худо кунад, ки шумораи гирифторону фавтидагон зиёд набошанд, агар бошанд ҳам ошкор кардани онҳо ба фоидаи кор аст? Оё ин таъсири равонӣ надорад?

   Хонандаи азиз, биёед одилона қазоват кунем. Онҳое, ки худро “мухолифин” мехонанду як эроди мантиқӣ аз фаъолияти ҳукумат гирифта наметавонанд, оё ҳуқуқи роҳнамоию маслиҳатчигӣ ва даъвои ҳукумат кардан доранд?Эроду айбҷӯиҳои онҳо ба он мақол мемонад, ки касе мегӯяд, думи саги ту каҷ аст. Солҳои навадум он муллову диндороне, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ кунанд, саводи сиёсӣ як тараф истад, саводи кофии динӣ ҳам надоштанд. Аммо Кабириву дигар пайравонаш хатмкардагони макотиби олӣ бошанд ҳам аз сиёсату давлатдорӣ фарсахҳо дуранд.

   Кирдору рафтор ва даъвову дасисаҳои мухолифинро ин ҷо мехоҳам ба таъбири Шайх Саъдӣ тавзеҳ диҳам. Дар “Гулистон”-и Саъдӣ ҳикояе омадааст, ки он ҷо аз тинати ҳасудону тирадилон ҳикоят мекунад ва порае шеър овардааст, ки чунин байт дорад:

   Гар набинад ба рӯз шабпара чашм

   Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?

   Шабпара, шабпарак, шаббоза, шабёза, шабкӯр, хаффош ҷонварест сиёҳранги шабеҳи муш: дасту пояш бо пардаи нозуке бо ҳам муттасилу ба шакли бол мебошад, ки бо он метавонад мисли парандагон парвоз кунад. Пӯзаи борик ва ду гӯши барҷаставу дандонҳои бисёр тез дорад; чашмҳояш заиф аст ва бо ин иллат дар офтоб наметавонад берун ояд. Рӯзҳоро дар торикӣ ба сар мебарад ва ҳангоми ғуруб берун меояду дар ҳаво парвоз мекунад ва ҳини парвоз ҳашаротро шикор мекунад. Ҳангоми хобидан чанголҳои худро ба ҷое банд мекунаду овезон мешавад. Дар фасли зимистон дар ҷойи торике ба хоб мераваду аввали баҳор бедор мешавад.

   Онҳое ки худро мухолифони ҳукумат меноманду аз хориҷи кишвар истода дасисаву иғво ва туҳмату дашномоҳоро ҷониби мо мефиристанд, шабеҳи ҳамин кӯршабпараконанд. Инон нуру рӯшноиро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд. Зеро тинати зулмонӣ доранд.

    Аслан мафҳуми танқид аз вожаи “нақд” аст, яъне сараро аз носара ҷудо кардан. Мушаххас кардани ҳусн (зебоӣ) ва қубҳ (зиштӣ). Агар аҳамият дода бошед, онҳое ки худро “мухолифин” муаррифӣ мекунанд, аслан дар бораи комёбию музаффариятҳои мо дар замони истиқлолият ишорае ҳам намекунанд. Гӯё тӯли ин сӣ сол мо ҳеч коре накардаем, ягон гӯшае обод нашудааст.

    Ҳоло бар вазъияти имрӯза дақиқан биандешем, ба он хулоса мерасем, ки ҷомеаи тоҷик ва махсусан ҷавонон бояд ба хубӣ дарк кунанд, ки ҳеҷ ҳукумате бар зидди мардуми худ амал намекунад, зеро бар зидди мардум амал кардан теша ба решаи худ задан аст, ки ҳеҷ солимақле ба он машғул намешавад, бинобар ин ҳамаи иғвову дасисаҳое, ки ба ном мухолифини сиёсӣ барпо мекунанд, танҳо барои ба даст овардани ғаразҳои нопокашон буда, заррае бар манфиати мардуми тоҷик нест. Аз ин рӯ, мо бояд ҳоло аз пештара ҳам зичтар гирди ҳукумати худ ҷамъ оем ва барои ҳар чи зудтар аз чанги ин офати фарогир раҳо шудан чораҳо биандешем, ки аз ҳама заруртаринашон инҳо мебошанд.

   Фардро рабти ҷамоъат раҳмат аст,

   Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.

   То тавонӣ, бо ҷамоъат ёр бош,

   Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.

    Пешвои миллат- рукне аз муқаддасоти миллӣ

   Ҳар як инсон муқаддассоте дорад ва онро гиромӣ дошта аз он ҳимоят мекунад. Аз қабили Ватан, модар, забон ва амсоли ин. Масалан, вақте як нафар модари моро ва ё зану фарзанди моро дашном медиҳад, мо омодаем, ки ӯро ҷазо диҳем, зеро ӯ пардаи номуси моро медарад.

    Як туда қалтабони аз имону номусу виҷдон  дур имрӯз даҳону ҳалқи худро дарида фақат густохӣ мекунанд.. Суханҳои носазо мегӯянд, таҳқир мекунанд. Аммо таҳқирҳои онҳо на танҳо барои сарвари кишвар, балки барои кулли мардуми мо равона шудаанд, зеро мо Пешвои миллатро арҷ мегузорем, ба ӯ бовар дорем ва ӯро роҳнамою ҳомии худ меҳисобем.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукне аз муқаддассоти миллати мо ба шумор мераванд. Дар бораи фазилатҳои ӯ ин ҷо маҷоли сухан рондан нест. Танҳо бояд зикр кард, ки ӯ маҳбуби дили ҳамагон гаштааст. Ба дили мардум роҳ ёфтан ва сазовори боварӣ гаштан кори осон нест. Ҳар як сиёсатмадор орзу мекунад, ки боварии мардумро сазовор шавад, вале наметавонад. Тӯли сад соли охир ягона сиёсатмадоре, ки ба дили мардум роҳ ёфта, мақбули онҳо гаштааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва ҳастии мо-тоҷикон, мебошад. Ҳар як тоҷики баномус омодааст, ки барои ҳифзи номусу ваҳдати миллӣ худро дар радифи сарсупурдагони Ватан қарор диҳад. Мо наметавонем муқобили армонҳои миллат қарор гирем.

   Биёед аз рӯи воқеият баҳо диҳем. Тӯли сад соли охир дар Тоҷикистон роҳбарони зиёде фаъолият кардаанд, ки ҳар кадом дар рушду нумӯи кишвари мо саҳме доштаанд Аммо ҳеч як роҳбари дигар чун Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо нагаштааст. Маҳбубияти Президенти моро бояд аз андешаву мулоҳизаҳои касоне мушаххас намоем, ки хоҳони амнияту ободии кишвари мо мебошанд. Биёед сайри кишвар кунем, бо пирону таҷрибадорон суҳбат намоем. Онҳо аз Пешвои миллати мо бо таъзиму такрим ёдоварӣ мекунанд. Масалан, модари солхурдаи ман дар ҳар як намозаш дар ҳаққи Пешвои миллат дуо мекунад, ӯро офтоби мамлакат мегӯяд. Дар чанд маъракаи дигар пирони рӯзгордида мегуфтанд, ки аз шунидани овози ҷаноби олӣ мо хурсанд мешавем, садои ӯ ба дилҳои мо фараҳ мебахшад.

    Табиист, ки як нафар роҳбар дар кадом самте, ки набошад, барои ҳамагон хуб буда наметавонад. Он роҳбаре, ки барои ҳамагон мусбию мақбул аст, аслан роҳбари хуб нест. Ин ҷо ривояте дар бораи Мавлоно Ҷомӣ ба ёдам меояд. Назди Мавлоно нафаре омада гуфт, ки фалон одам дар ҳаққи шумо суханҳои хуб гуфт, ситоишҳои зиёде кард. Аз шунидани ин хабар Мавлонои Ҷомӣ андӯҳгин шуда зор-зор гирист. Вақте сабаб пурсиданд Мавлоно гуфт, ки он одам, ки шумо мегӯед, дар бадию палидӣ шуҳрат дорад. Ӯ дар вуҷуди ман чӣ чизи баде дидааст, ки ситоиши маро мекунад?

    Аз паҳлуи дигар назар кунем дар олам ҳеч падидае бе хости Худованд зуҳур намекунад ва онҳое ки худро наҳзатию ҳомии ислом мехонанд, бояд эътироф кунанд, ки бе хости Худованд ҳатто як барг аз дарахт намеафтад. Худованди таборак ва таъоло ба ҳар кас аз рӯи дилу нияташ чизе медиҳад. Пешвои миллат ҳам бо ризоияти Худованд ба сари қудрат омадааст. Аз ин рӯ ба қавли шоир:

    Чароғеро, ки Эзад барфурӯзад,

    Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.

   Пешвои миллат ифтихори мо-тоҷикон, мебошад. Ӯ на танҳо бо сурату симои зебои худ, балки бо донишу таҷрибаи сиёсии солҳои зиёд андӯхтааш тоҷикону тоҷикистониёнро барои оламиён муаррифӣ менамояд. Аз минбарҳои баланди олам бо забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, ҳомии забону фарҳанг ва ҳастии миллати мо мебошад. Ва ҷои ҳеч муболиға нест, ки мисли ӯ сиёсатмадори бузурги дигаре дар тамоми Тоҷикистон нест ва дар ин даҳсолаву бистсолаҳои наздик ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷики бонангу номус ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро пеши худ созад.

  Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад- гуфтаанд бузургон. Ин рӯзҳои бад ҳам мегузаранд. Базму тарабу хурсандиҳо дар пешанд. Имрӯз моро лозим аст, ки  ҳамаи қоидаҳои беҳдошт ва фосилагирии иҷтимоиро, ки мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, бечуну чаро иҷро кунем. Махсусан қишри осебпазири ҷомеа – калонсолон, одамони касалиҳои роҳи нафас, дил, қанд  ин талаботро қотеъона риоя кунанд, зеро маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ танҳо ба хотири саломати онҳо ҷорӣ карда шудааст. Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва таъмини моддии мардум вобастааст, аз ҷумла кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ бо эҳтиёткории ҷиддӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошту фосилагирӣ фаъолияти худро давом медиҳанд, то ин ки ҷомеа аз роҳи рушди худ боз намонад. Аз ҷониби мо, аҳли зиё зарур аст, ки дар сангари пеш қарор дошта бошем ва ҳама дар якҷоягӣ – олимону адибон, ҷомеашиносону инсоншиносон, файласуфону ҳуқуқшиносон моҳияти тадбирҳои ҳукуматро, ки барои ғолиб баромадан ба ин офат ба кор андохта мешаванд, ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, барои афзудани қувваи муқовимати рӯҳии мардум ба ин беморӣ хидмат кунем. Мо дар ин чанд моҳе, ки инсоният бо ин вируси фарогир мубориза дорад, дидем, ки маҳз ҳамон кишварҳое, ки муттафиқона бо давлату ҳукуматашон якҷоя амал карданд, бо талафоти камтар аз он раҳо шуданд. Халқи шарифи тоҷик бо амри тақдир рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар карда, аз имтиҳонҳои сангини таърих ҳамроҳи давлату ҳукуматаш солиму сарбаланд бурун омада буд. Бинобар он, мо  бовари комил дорем, ки дар ин мубориза ҳам ақлу хирад, ҳамбастагиву ҳамрайъии мардуми шарифи тоҷик бо сиёсати давлату ҳукумат пирӯз хоҳад шуд ва мо бо талафоти камтар аз ин офат бурун хоҳем омад, зеро ҳамаи амалу нияти мо барои ҳифзи ҳаёт – ҳаёти инсон– гаронбаҳотарин арзиши ҳастӣ мебошад.

 

Боймурод ШАРИФЗОДА - директори Институти

забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

 

 

 

 

Посдори мероси хаттӣ

24 майи соли 2020  қалби ходими намоёни илму адаб ва ҳунар, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назриев                                                                                                                                   аз таппиш бозмонд.

3.28.jpg - 47.12 KB

      Ҷӯрабек Назриев солҳои тӯлонӣ муассисаҳои илмии вобаста ба Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ, Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва ахиран Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ-ро роҳбарӣ намуда, дар рушди илм, оммавигардонии осори хаттии ниёгон ва тарбияи насли нави олимон саҳми босазо гузошта аст. Ӯ 23-июни соли 1946 дар рустои Навруҳои ноҳияи Ховалинги собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1950 ҳамроҳ бо волидайнаш ба шаҳри Душанбе кӯчида, мактаби миёнаро дар пойтахт хатм мекунад.

   Ҷӯрабек Назриев соли 1968, баъди хатми факултаи таърих ва филология, бо роҳхати раёсати донишгоҳ ва пешниҳоди устодаш Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи  назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шомил гардид ва аз он замон то лаҳзаи охирини ҳаёташ дар ин ниҳоди вобаста ба Академияи илмҳо кору фаъолият намуд.

    Ӯ соли 1974  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мактабӣ Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» ва соли 1996 рисолаи докторияшро таҳти унвони «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» дифоъ намудааст.

     Доираи фаъолияти илмии Ҷӯрабек Назриев басо васеъ буда, соҳаҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқии тоҷик, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро дар бар мегирад. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар хориҷ аз он ба нашр расида, мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони дохиливу берунӣ қарор гирифтаанд. Махсусан, рисолаи «Мактабии Шерозӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт», китобҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ ва рисолаи фундаменталии «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Қиссаи Сулаймону маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик»-ро метавон ном бурд, ки аз тарафи таҳқиқотчиёну адабиётшиносони варзида мавриди қабул қарор гирифта, роҷеъ ба ҳар кадоми онҳо дар матбуоти даврӣ чандин тақриз ба чоп расидааст.

   Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар мураттаб сохтану чоп намудани 9 ҷилди «Феҳрасти  нусхаҳои  хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле калон аст.

Зери назар ва бо иштироки бевоситаи Ҷӯрабек Назриев дар Институти шарқшиносӣ ва  мероси хаттӣ 15 асари калонҳаҷм ба чоп расиданд, ки мавсуф ба онҳо муқаддимаҳои густардаи илмӣ навиштааст.

    Ҷӯрабек Назриев ҳамчун адабиётшинос, ҳунаршинос ва шарқшинос дар ҷомеаи мо мақому мартабаи хосеро соҳиб гашта буд. Дар чандин конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, роҷеъ ба мақому инкишофи илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде мунташир кардааст.

    Ҷӯрабек Назриев дар корҳои илмию ҷамъиятӣ ҳам фаъолона иштирок менамуд. Ӯ узви Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои илмӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҷӯрабек Назриев дар тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос низ саҳми арзанда дорад.

     Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар тарѓиби комёбиҳои илму фарҳанги тоҷик, ташвиқи сиёсати илмӣ ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион низ калон буд.

     Ҷӯрабек Назриев дар баробари донишманди нуктадон будан, ҳунарманди маънисаро низ буд. Ӯ ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи суруд хонданро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев мегӯянд. Аз муҳити маҳдуди маҳаллу водиҳо берун қадам ниҳод. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аҳли завқу ҳунар буд. Ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилбар барои ҳама.

    Ҷӯрабек Назриев аз рӯзи хатми донишгоҳ то охири ҳаёташ дар Академияи илмҳо кор мекард. Аз аспирантию ходими хурди илмӣ то мақоми Раиси Иттиҳодияҳои музейҳои адабӣ, директори Институти мероси хаттӣ ва директори Институти овозадори шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст ва аз соли 1991 то июни соли 2007 ин даргаҳи муқаддасро раҳбарӣ мекард.

   Аз марти соли 2017 вазифаи Директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

    Хизматҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари ташкилотчигии ӯ сазовори чандин унвону мукофот ва ифтихорномаҳои гуногун, аз ҷумла, «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони «Арбоби хизматнишондодаи санъат» (1990), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) ва нишони фахрии АИҶТ (2016) қадршиносӣ шудааст.

Ному хотираи Ҷӯрабек Назриев дар ёду дили ҳамкорон, шогирдон ва мухлисонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд. 

 

Раёсати Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон

     Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 март баргузор гардид, Сарвари давлат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Мутаассифона, то ҳанӯз захираҳои гиёҳҳои шифобахш бештар дар тибби мардумӣ ва дар шакли банду басти аввалин мавриди истифода қарор доранду халос.

3.27.jpg - 133.05 KB

     Яке аз вазифаҳои муҳими олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши таркиби биохимиявӣ ва хусусиятҳои фармакологии гиёҳҳои шифобахши мамлакат ба ҳисоб меравад. Алҳол аз ҷониби олимони соҳаи ботаника оид ба хусусиятҳои фармакологии 200 намуди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маълумоти пурраи илмӣ гирд оварда шудааст, ки барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи фармакология заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муттаҳид гардонидани неруи илмии Академияи илмҳои тиб ба Академияи миллии илмҳо ба рушди соҳаи дорусозӣ мусоидат хоҳад намуд.

    Истифодаи оқилонаи захираҳои гиёҳҳои шифобахш тақозо менамояд, ки олимон дар оянда роҳҳои интродуксия ва парвариши мадании онҳоро таҳия намоянд.

    Муҳтавои суханронии Президенти ҷумҳурӣ, бешубҳа, аз рушди босуръати илм ва техника дар асри XXI бармеояд ва барои пешрафти ояндаи ҷомеаи имрӯзаи мо зарур аст, ки таваҷҷуҳи аҳли илм ба ин масъалаи ҳаётан муҳим бештар гардад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллатро метавон барномаи дурнамои рушди илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда арзёбӣ намуд.

    Пешвои миллат таваҷҷуҳи олимонро ба татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ равона намуданд. Ин таъкид олимони табиатшиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро водор месозад, ки минбаъд таҳқиқоти илмиро ба соҳаи инноватсия, ки илмро ба истеҳсолот мепайвандад, равона намоянд.

     Дар робита ба амалисозии яке аз  ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ як силсила таҳқиқоти илмии олимони табиатшиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳалли ин масъалаи барои ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим равона гардидааст.

     Ҳоло дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ва Институти биологии «Помир» ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ  коллексияи бойи навъ ва шаклҳои зироати ғалладонагӣ, лубиёгӣ, картошка, хӯроки чорво ва дарахтони мевадиҳанда гирд оварда шудааст. Ин навъу шаклҳо маводи пурқимати селексионӣ ба шумор рафта, бо истифода аз усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир аз онҳо навъҳои нави ба шароити минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мутобиқ ва дорои аломатҳои аз ҷиҳати  хоҷагидорӣ бартарӣ доштаи зироат ва дарахтони мевадиҳандаро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Солҳои охир аз ҷониби олимон-селексионерҳои Академия якчанд навъҳои нави картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Файзобод», «Нилуфар», «Академияи илмҳо-1», «Рашт» ва «Дӯстӣ» ба вуҷуд оварда шудаанд, ки ба шароити хоку иқлими диёр мутобиқ мебошанд. Масалан, навъи «Тоҷикистон» аз 1 га 300-400 сентнер ҳосил медиҳад. Ин навъ алҳол дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 5000 га кишт карда мешавад.

     Солҳои охир дар таҳқиқоти илмии олимони соҳаи биологияи АМИТ омӯзиши захираҳои генетикӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи генетикӣ ба шумор рафта, тӯли ҳазорсолаҳо зимни селексияи мардумӣ дар қаламрави мамлакатамон навъҳои беҳтарини зироати ғалладонагӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд оварда шудааст. Нигоҳдории ин навъҳои маҳаллии нодир ва истифодаи онҳо ба сифати маводи селексионӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои нав аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар замоне, ки тухмии навъҳои гуногуни зироат аз хориҷи мамлакат ворид мешавад ва дар шароити хоку иқлими Тоҷикистон ҳосили дилхоҳ намедиҳад, таҳқиқот дар соҳаи генетика ва селексия аҳамияти бештар пайдо мекунад.

   Зимни суханронии худ дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО вобаста ба тағйирёбии иқлим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи глобалӣ ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он  яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд.

    Дар маърӯзаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шарикони рушд оид ба зарурати мониторинги мунтазами захираҳои обӣ, бахусус пиряхҳо, истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки барои рушди иқтисоди  «сабз» заминаи мусоид мегузорад ва бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо масъалагузорӣ карда шуд.

    Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошанд ва арзёбии ҳолати онҳо вобаста ба раванди афзояндаи тағйирёбии глобалии иқлим яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Табиист, ки тағйирёбии иқлим сабаби дигаргуншавии нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории олами набототу ҳайвонот ва захираҳои табиӣ мегардад.

    Вобаста ба ин, олимони Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки дар оянда корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самти омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ тақвият бахшанд.

    Нуқтаи муҳими таъкиди Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё ва олимон ташаккули тафаккури техникии ҷомеа, алалхусус ҷалби бештари истеъдодҳои ҷавон ба илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ба шумор меравад. Ҳалли ин масъала имконият медиҳад, ки тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа рушд намояд ва барои татбиқи технологияҳои муосир дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

       Дар суханронии Пешвои миллат бо масъалаҳои тақвият бахшидани неруи илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд. Феълан дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 24 институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва марказҳои илмӣ фаъолият мекунанд, аммо неруи илмии Академияи миллии илмҳо барои дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кифоя нест. Илова ба ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мутахассисони баландихтисоси соҳибунвон омода намояд. Дар шароити зиёд гардидани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мамлакат ин масъала муҳимияти бештар пайдо мекунад.

    Вобаста ба ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда неру ва иқтидори худро  барои ҷалби бештари мутахассисон ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тавассути фаро гирифтани таҳсил дар магистратура, докторантура PhD ва докторантура равона хоҳад намуд.

    Аз ин лиҳоз мо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон итминони комил дорем, ки дастуру супоришҳое, ки аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, барои олимон фазои мусоидро ҷиҳати рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фароҳам меоваранд ва неруи илмӣ ба рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат равона карда мешавад.

Абдусаттор САИДОВ,
ноиби президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ

Ҳикмат ҲИСОРИЕВ,
 академики АМИТ

Оғоназар Ақназаров,
академики АМИТ

 

 

 

 

Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус

  Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.

 Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.

  Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳои моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

  Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».

 Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус  меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.

 Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.

  Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.

  Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

 Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

  Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.

  Агар мо гумон кунем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон дар хонаҳои точикбадбиноне канизакӣ карда истифода шудаанд, эҳтимол иштибоҳ бошад. Агар гуем, ки инҳо дар баччагӣ пеши муллое таълим гирифтаанд, ки дар хилват чун амрад мавриди истифодаи муллои беинсофи зинокор қарор гирифта, мардиву нангу номуси худро дар кудакӣ аз даст додаанд, «омӯхта» шудаанд ва ҳисси одамбадбинӣ дар хуну пуст, мағз андар мағзашон мондааст,  мутаассифона, далел надорем. Ин сифатҳо гарчи тахмин аст, вале тоҷик ва аз Тоҷикистон буданашон бар онҳо яқин.

  Аммо чунин тоҷик будан мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол, аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар  ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ  ёфтан,   зери ҳар  ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд.

Ба ёд биёред, ёддоштҳои Ҷонон Икромиро дар бораи падараш Ҷалол Икромӣ. Солҳои аввали инқилоб вақте Устод Айнӣ аз Самарқанд ба Бухоро меравад, як гурӯҳ нависандагони ҷавон барои зиёрат пеши эшон меоянд. Устод аслу насаб ва миллати ҳар кадомро мепурсад. Ҷ. Икромӣ аз тарс, ки мабодо ягон гап нашавад, аз тоҷик будани худ мункир мешавад.

  Домулло Айнӣ рост ба чашмони шогирди ояндааш нигоҳ карда авлоди Бойзои ховалингии тоҷик буданашро исбот ва дар гардани  ӯ тоҷик буданашро дайн мекунад. Минбаъд Ҷалол Икромӣ ин саргузаштро зери хиҷолат ба писараш нақл кардааст. Аммо дар миёни ин гурӯҳи ватангумкардаи нохалаф куҷо аст Ҷалол Икромӣ, куҷо аст устод Айнӣ??? Куҷо аст шахсияте, ки тоҷики тарсончаки чоплуси раҳгумкардаро гуяд: «Э, палид! Фаромуш накун, падару модарат тоҷиканд, ту аз Тоҷикистон ҳастӣ. Агар барои ин бенангиву беномусӣ туро имрӯз напурсанд, фардо пурсиш дорад. Пурсандаро таърих ном аст. Аз тарафи дигар дар дунё ду чиз ҳаст, ки инсон дар ғоибу ҳозир пеши он бояд посух бидиҳад. Яке осмон болои сар, дигар виҷдон!  Инсоният дар дили одам аст». Аммо дар байни ин гурӯҳак нафаре нест, ки маъниву мантиқи сухани он ду бузургвор – устоду шогирдро дарк карда бошанд. Чунин кушиш ҳам дар гуши хар хондани «Қуръон» аст.

  Баъдан ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд. Бубинед, ин гурӯҳаки наҳзатӣ дар ҳар ибора, бешармона ба мансубияти миллӣ – тоҷик будан ишора мекунанд.  Солҳои бистум айнан ана ҳамин хел тоҷикон буданд, ки қариб сабабгори  бедавлатии абадии тоҷикон шуданд. Ва солҳои навадуми асри гузашта боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардиданд.

 Аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.

  Афсус, бойгоние нест.  Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».

  Аммо ба бойгонии Бухорои шариф ҳам чандон ниёзе нест. Шахсияти одии ҳамагӣ чанде аз ҳамин гурӯҳро бубинем. Кабирӣ – ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи  эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои  ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.   

 На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи  поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).

  Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои  намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш  худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: «андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор».

  Коронавирус, як мавҷуди одамхор аст. Вирус аст. Ҷонзоди бешуур аст. Аниқ, ки коронавирус тоҷик нест. Бегона аст. Аз  ҷондор ҷойи гила мадор гуфтаанд. Душман дар либоси навъи бактерия омадааст. Тахмин меравад, ки коронавирус маҳсули тахаюли кишвари бад, одами бад аст. Ба ҷойи гиламандӣ мо бо он мубориза мебарем.  

 Аммо наҳзат чӣ? Наҳзат!!!? Охир аъзои ҳизби наҳзати террористӣ тоҷиконанд. Мусулмонанд. Аз номи ислом гап мезананд. Наҳзатиҳо зери шиорҳои исломӣ ба муқобили миллати худ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда 160 000 ҳамватани худро куштанд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон боз садҳо нафар тоҷиконе, ки ифтихори миллии мо буданд, террор карданд. Агар коронавирус мардумро, одамизотро нашинохта бешуурона кушад, наҳзатиҳо ҳар як тоҷикро шинохта, омӯхта, дидаву дониста бошуурона кушта буданд. Пас, худатон аз рӯйи инсоф қазоват кунед, кадоми инҳо бадтаранд? ХНИчиҳо ё коронавирусҳо!!!?

  Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад. Мамлакати куҳистон, ки ҷамъияташ наздик ба даҳ миллион аст, тамоми кушишҳоро мебинад. Худиҳо, бегонаҳо кумак мекунанд.

  Дар ҷумҳурӣ, дар роҳи таъмини ҳифзи сиҳати мардум камбудӣ ҳаст? Албатта, ҳаст. Камбудиҳои ҷиддӣ ҳастанд. Камбудӣ дар тамоми соҳаҳо ҳаст. Кӣ инро инкор кардааст? Магар дар Амрико, дар пурқудраттарин давлати дунё камбудӣ нест, ки беш аз якуним миллион бемори COVID-19 дорад ва беш аз 90 ҳазор шаҳрванди он кишвар ҷони худро дар паи хуруҷи ин беморӣ бохтааст? Магар дар Инглистон камбудӣ нест, ки 236 ҳазор гирифтор ва 34 ҳазор қурбонӣ додааст? Ва ин раванд дар тамоми кишварҳои қудратмандтарини дунё босуръат идома дорад.

  Дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар ҳамсоякишварҳои мо − Чин бо якуним миллиард аҳолӣ ва кишварҳои ҳамсояи туркзабонамон ин вабои аср вуҷуд дорад ва фоҷеаофаринӣ мекунад. Одамон бо он муборизаи беамон мебаранд.

  Аз рӯйи инсоф, вақтро дареғ надоред, дари интернетро кушоед. Муносибати тамоми мардумонеро, ки берун аз кишварҳои худ зиндагӣ мекунанд (чиниҳо, русҳо, узбекҳо, қазоқхо, кирғизҳо, яҳудиҳо, зангиҳо ва ғ.), омӯзед. Ба саҳмгузории онҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар ватанашон эътибор диҳед, таҳлил кунед ва баъд ба навиштаҳову гуфтаҳо ва умуман, муносибати тоҷикони наҳзатии террористе, ки дар кунҷи Аврупо пинҳон гаштаанд, ба давлати худ, ба миллати худ таваҷҷуҳ кунед. Онро дар муқоиса гузоред… Ростӣ,  ҳар тоҷики бо нангу номусе аз чунин ҳамватанони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, ки онҳо ҳам худро тоҷик мегуянд. Хиҷолат мекашад, ки онҳоро ҳамчун тоҷик мешиносанд.

  Ягон чинӣ, амрикоӣ, турк, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул, касе, ки набошад, дар муносибат ба миллати худ, дар лаҳзаи фоҷеавӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ба ин дараҷаи бенангиву беномусӣ паст нафаромадааст.

  Ин ҳамон шуури таърихии бедавлатист. Ин идомаи ҳамон ақидаҳои хоинонаи ватанфурушиву ғуломии бешармонаи бошурона аст. Ин маънавиёт ва вазъи ахлоқии намояндагӣ аз миллат аст, ки бо баҳонаҳои «банд будан ба корҳои ҳизбӣ» (гузашта аз он террористӣ) ва «масруф будан» дар ҷанозаи модари зор ва падари бузургвори хеш, ки боиси ба дунё омадани онҳо шудаву бо заҳмат ин нохалафонро калон кардааст,  ширкат накардан аст.

  Фарз мекардем, ки тамоми мардуми олам тоҷикиро медонистанд. Интернетро мехонданд. Мефаҳмиданд, ки тоҷикон ба мурдаҳои падару модар, хешу табор, ҳамватанони худ чи гуна муносибат мекунанд. Аз фоҷеаи миллати худ барои хеш сиёсат сохтанӣ мешаванд, руирост дуруғ мегуянд, дидаву дониста фиреб мекунанд, томот мебофанд, туҳмат мекунанд, аз камбудиҳои ба ҳама маълуме, ки ҳаргиз зиндагӣ бе он намешавад, ба ҷойи кумак, ғамхорӣ, таслият сиёсат сохтанӣ мешаванд, яқинан аз мо тоҷикон рӯ мегар-донданд. Бо мо салом намекарданд.  Хайрият, хайрият, ки на ҳама мардуми олам тоҷикиро медонанд.

  Аз ҷониби дигар, мо тоҷикон, асосан мардуми бумӣ, соҳибмаърифат, дилсоф ва аз ҳамин лиҳоз андаке сода ҳам ҳастем. Душманон якумр аз ҳамин хислати мо суиистифода кардаанд ва мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки созмонҳои террористӣ онҳоро хуб истифода мебаранд, аз беморхонаҳо, шаҳру деҳот аз мавзеи мусибат хабарҳо ба табъ мерасанд. Инҳоро баъзан шаҳрвандон аз рӯйи ҳамдардӣ, дилсӯзӣва гоҳо содалавҳӣ менависанд, мегӯянд. Онҳо намедонанд, ки мақсади ин шабакаҳои террористӣ(Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) игвоангезӣ аст. Сиёсӣ аст. Супоришӣ аст. Пулкоркунӣ аст. Дарди мардумро кам кардан нест. Ба мардум кумак кардан, ёрӣ расонидан нест. Хулқу атвори ин модарбахаторафтагон ва падарбезоронро ҳам гуфтем. Албатта, ҳар кас ихтиёр дорад. Аммо инсони ҳақиқӣ розро ба қадрдон мегӯяд, на ба раҳгузари ватанфуруши қалтабон (разил, чоплус, даюс). Ин маслиҳатро ҳам набояд фаромуш кард.   

  Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои  моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ».  Омода бошед!

      

Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ 

Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

"РӮЗИ ИЛМ" БО ТАНТАНА БАРГУЗОР ШУД

      Имрӯз (14.04.2020) дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи илм" маҷлиси тантанавӣ ва дар иртибот ба "Рӯзи бийналмилалии занону духтарон дар илм" Конференсияи илмии "Саҳми бонувон дар рушди илм" баргузор шуд, ки дар он директорон, муовинони директорҳо ва котибони илмии муассисаҳои илмӣ, кормандони вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

3.22.jpg - 246.42 KB

    Чун ҳамасола дар Тоҷикистон сешанбеи хафтаи сеюми моҳи апрел «Рӯзи илми тоҷик» ҷашн гирифта мешавад.
Ҷаласаи тантанавиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни баррасии рӯзи илми ватанӣ чунин гуфт: "Соли равон барои олимони тоҷик аз ин лиҳоз фаромушнашаванда мебошад, ки маҳз дар ҳамин сол Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва татбиқи ҳадафҳои истеҳсолию ихтирокории Академияи илмҳо бинобар "миллӣ" номгузорӣ шудани он барпо шуд ва бояд донист, ки масъулияти олимон низ дар назди миллату Меҳан дучанд афзуд. Моро зарурат пеш омадааст, ки беш аз пеш дар рушди илми тоҷик саҳми хешро бигзорем, чунки таъмини рушди илм айни замон тараққии кишвар маҳсуб мешавад".

3.23.jpg - 101.89 KB

     Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи илм табрик намуда, қайд намуд, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” эълон карда шудааст ва бинобар ҳамкории судманд бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯзро ин соат бо дарназардошти Конференсияи илмии "Саҳми бонувон дар рушди илм" барпо мекунем.

3.24.jpg - 131.90 KB
     Субҳи имрӯз, соати 08:00 аз ҷониби олимону аҳли кормандони Академияи миллии илмҳо гузоштани гулчамбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик чун С.Айнӣ, Б. Ғафуров, С.У. Умаров, ва М. Осимӣ сурат гирифт.
Баъдан, масъулини зерин бо сухани табрикотӣ маърӯза мекунанд:
- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазири маориф ва илми ҶТ, академик М. Имомзода;
- раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода...
      Вобаста бар баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯи илми муосир директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, раиси Шӯрои занони АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова, котиби илмии Институти кимиёи ба номи Никитини АМИТ, номзади илмҳои кимиё Муътабар Зоидова, раиси Шӯрои занони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Гулнора Ҳоҷиева, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих Мубина Маҳмудова бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар гузориши олимон саҳми занон дар рушди илм, баҳамоӣ ва омӯзиши ҳосилаҳои имидазо - тиабиазол, коронавирус ва роҳҳои пешгирию интиқоли он, таърихи либоси анъанавии тоҷикон дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои XIV - XVIII мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъзе масоили ҳамоҳангии онҳо бо дар назардошти ҷаҳонбинии илмии муосир баён гардиданд.

3.25.jpg - 135.68 KB
Сипас, тақдими дипломҳо ва ифтихорномаҳо барои дастовардҳои назарраси илмӣ сурат гирифт...

3.26.jpg - 109.02 KB

    Ҳамчунин, ифтихорномаҳо ба ректороне низ тақдим гардиданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳҳои онҳо дар олимпиада барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд.
      Унвони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" аз ҷониби Вазири маориф ва илми ҶТ ба кормандони АМИТ супорида шуд, ки ин омил аз таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм ба олимони кишвар дарак медиҳад.
Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ сухани ҷамъбастӣ намуд.

Начало формы