ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- АСОСИ РУШДИ БОСУБОТ
Санаи 23.06 2020 дар толори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-оммавии "Ваҳдати миллӣ-асоси рушди устувор ва босуботи ҷомеаи Тоҷикистон" кори худро идома дод.

Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ҳозирини гиромиро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик кард ва бар баррасии масъалаи сулҳ пардохт. Номбурда ёдоварӣ кард, ки соли 2009 ба Афғонистон сафари хидматӣ дошт ва ҳини сафар ба зиёрати оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд рафта, асли ҷоннисории Пешвои миллатро аз забони волии Панҷшер мешунавад.
Номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар масъалаи "Ваҳдат-шоҳсутуни истиқлоли миллӣ" маърӯза карда, ба фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ аз нигоҳи таърихшиносии ватанӣ баҳогузорӣ кард. Номбурда ваҳдатро омили асоси рушди ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Узви Комиссияи оштии миллӣ академик Кароматулло Олимов хотираҳои хешро аз фаъолияти ҳамонвақтаи ин комиссиюн барои ҳозирин пешкаш кард.
Намояндагии Ҳизби Ҳалқии Демократии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамоиш ширкат намуда, аъзои нави ҳизбро бо тантана истиқбол намуданд.

НИГОҲЕ БА БЕМОРИҲОИ ГУЗАШТАИ ВИРУСИ ҲАМГИР ВА ИМРӮЗА COVID – 19
Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор... Саъдӣ
Вируси ҳамгири COVID – 19 имрӯз тамоми давлатҳо ва мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овард, ҳар фардро ба андешаҳои зиёде водошт: чӣ мешуда бошад, оё ман мубталои ин вирус мегардам, мабодо дар натиҷаи гирифторӣ, ман ҳам бимирам ва орзуҳои зиёдам ҷомаи амал напӯшад... ё ин ки фарзандонам, наздиконам гирифтори он нагардад ва садҳо дигар саволҳо имрӯз ҳамаи моро лаҳзае ором намегузорад. Айни замон, хабарҳои ҷаҳонию дохили давлат, пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкорон ва умуман, атрофи мо бимнок аст, зеро аз шунидани марги нафаре, ки лаҳзае пеш ё ин ки дирӯз ва наздик ба он рӯзе суҳбат доштӣ, имрӯз дигар дар байни мо нест. Умри одамӣ, аҷаб кутоҳ аст...
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамон миқдор аст.
Замоне фаро расид, ки давлатҳои абарқудрат ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Чин, Фаронса, Инглистон, Русия ва дигар давлатҳо дар назди он оҷизанд, сари ҳалли як масъалаи муҳим – ҳифзи ҳаёти одамӣ талош менамоянд.
Инак, COVID – 19 имрӯз дар ҷаҳон тибқи номаш дар тамоми дунё «подшоҳӣ дорад»: дар миёни мардум ваҳму ҳаросро паҳн карда, даҳони ҳамаро баст, аз рафтуои меҳмонӣ, сайругашту сафарҳои дуру наздик боздошт, ба хонанишинӣ, балки кунҷи узлат ихтиёр кардан маҷбур кард. Акнун ҳар банда андешида қадам мегузорад, дар зарурат сухан мегӯяд ва аз хона танҳо барои хариди хӯрока ва ё доруворӣ мебарояд, айни замон на танҳо сарҳади байни давлатҳо, балки сарҳади байни одамӣ бояд масофаи муайяне дошта бошад. Дар майдони далерон ин замон духтурон ва ҳамшираҳо бо ин вирус дар набард буда, барои ҳаёти ҳар фард дар мубориза, ҳаёти хешро низ зери хатар мегузоранд. Имрӯз вобаста ба вируси амалкунанда муносибати мардум ба зиндагӣ тағйир ёфт, арзишҳои одии одаму одамгарӣ, муносибати дуруст ва шинохти қадри ҳамдигар, нисбати якдигар нигоҳ доштани эҳтиром, расидан ба қадри зиндагӣ, беҳдошти саломатӣ ва риояи тозагӣ, на танҳо хеш, балки манзилу муҳити зист, ба ҳукми қонун даромад. Одамӣ ин замон ба дидори якдигар пазмон шуд, ки чеҳра зери ниқоб дорад. Шоири бузурги мо, Лоиқ Шералӣ ба ин маънӣ нисбати шарофати дидори рӯйи одамӣ чӣ хуб фармудааст:
Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон
Хандонрӯ бар рӯи олам медамад.
«Рӯи олам дидан одам дидан аст»,
Субҳи ман аз рӯи одам медамад.
Бале, рӯйи оламро бо дидори одам метавон дид, вале вируси ҳамгири COVID – 19 имрӯз одамиро аз дидору озодӣ маҳрум кард. Дар мамлакатҳо паҳнашавии ин вирус аз Чин маълум шуд, ки мамлакатҳои Аврупо, шаҳри Ню-Йорк ва мавзеъҳои шарқию ғарбии Амрико ва баъдан ба Русия паҳн гардид. Тоҷикистон низ истисно нест, вале ҷараёни паҳншавии вирус дар мо хеле дертар ба амал омад. Оё мардум интизор буд, ки чунин як вируси сироятӣ дар замони мо, асри XXI ба вуҷуд меояд? Агар ба таърихи гузашта назар кунем, хоҳем дид, ки вируси ҳамигир ҳанӯз дар гузаштаи дур, замони асримиёнагӣ дар миёни мардум паҳн шуда, боиси талафоти зиёди ҳаёти одамӣ гардида буд.
Дар охири асри Х ва нимаи аввали асри XI дар замони зисти яке аз донишмандони бузург ва маъруф Абӯалӣ Ибни Сино, ки ҳамчун ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, деринашинос (палеонтолог), риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф ва адиби бузурги форсу машҳур аст, вируси паҳншаванда – вабо паҳн шуда буд.
Абуалӣ ибни Сино бузургтарин донишманди форсу тоҷик, ки дар ҷаҳон бо номи Авитсена машҳур аст, то ба имрӯз асарҳои ӯ, ба монанди «Китобу-ш-шифо» ва «Китобу-л-қонун фит-тибб» шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Сино, хусусан, дар рушди илми тиб, ки беш аз 40 асар дар ин соҳа навиштааст, дар асоси омӯзиши таҷрибаҳои хеш, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон, саҳми бузург гузоштааст. Ҳанӯз дар ҳамон замон вируси сироятие (вабо), ки танҳо аз одам ба одам мегузарад, Абӯалӣ ибни Сино роҳҳои пешгирӣ ва дафъ кардани он, чунин тавсияҳоро пешниҳод кардааст:
- Дар ибтидо одамонро аз воҳимаи он (вируси сироятӣ) халос кардан лозим аст, муҳиммаш он ки мардум натарсад;
- Хусусияти вируси сироятӣ он аст, ки аз як кас ба каси дигар мегузарад, тавассути салом кардан, ҳатто тавассути мӯйи сар. Ҳамчунин вирус ба воситаи ҳаво паҳн мешавад, бино бар он, мардум набояд, ки дар як ҷо ҷамъ шаванд (манзур, ҳатто намозҳои ҷамоатро манъ кардан лозим, ҳар кас намозашро дар хонаи худаш хонад, бастани бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки мардум дар он ҷо гирд меоянд);
- Дар мавриди тангаҳо, бояд дар зарфи махсуси сиркодор тоза карда шаванд;
- Ҳар он кас, ки бемореро парасторӣ мекунад, ҳатман дар даҳон алафи талхи тхач (дар китоби “Канзи шифо” бо номи талхшувоқ ном бурда шудааст) нигоҳ дорад ва бо пахтаи дар сирко таршуда, даҳонашро маҳкам кунад;
- Доимо шустани дастҳо ва дар вақти аз ҷое омадан, баъд аз оббозӣ, иваз намудани сарулибос;
- Шустани зарфҳое, ки бемор истифода кардааст, бо маҳлули сирко;
- Муддати муайян, то замони коҳиш ёфтани вируси сироятӣ дар хона мондан (яъне эълони карантин).
Донишманди бузург Абӯалӣ ибни Сино, ҳанӯз ҳазор сол қабл тавсияҳое, ки марбут ба паҳншавии вируси сироятӣ аст, амиқ омӯхта, роҳҳои пешгирии онро хеле дақиқ гуфтааст, ки дар замони имрӯз вируси ҳамгири COVID -19 бояд ҳатман риоя карда шавад, зеро аввалин воситаи пешгирии гирифтории вирус буда, мардумро аз талафшавии зиёд нигоҳ медорад.
Доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова дар бораи он ки Ибни Сино дар замони худ, ҳангоми сирояти бемории вабо (тоун) ниқобҳои махсусро дар шакли минқори паранда тавсия дода буд, дар мақолааш маълумоти муфассал дода, аз ҷумла, дар хусуси ниқоб, ки имрӯзҳо пӯшидани он ба ҳукми қонун даромадааст, чунин маълумот меорад: «ниқоб, ки барои муҳофизат аз бӯи бад пешбинӣ шудааст, чун респиратор барои ҳифзи роҳҳои нафас аз газҳои зарарнок, вирусҳо ва сироятҳое, ки тавассути қатраҳои ҳаво паҳн мешаванд, истифода мегардад. Ба ҷои сӯрохиҳои чашм дар он шиша мегузоштанд. Ин роҳи охирин ва ҳамзамон самарабахштарин маҳсуб мешуд. Хушбахтона, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси гаронбаҳои Ибни Сино хеле васеъ истифода мебарад. То ҳанӯз аз ҷониби донишмандони соҳаи тибби ҷаҳонӣ муроҷиатҳои зиёдеро нисбат ба дастрасии мероси гаронбаҳои Ибни Сино эҳсос менамоем. Хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ба монанди коронавирус бо ин ё он шакл ба ҷомеаи инсонӣ доимо таҳдид мекарданду мекунанд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо, беш аз ду ё шаш ҳазор табибони номвари форсу тоҷик дар давраҳои то Сомониён, давраи Сомониён ва баъди онҳо фаъолият менамуданд, ки машҳуртаринашон Закариёи Розӣ ва Ибни Сино мебошанд.Таҷрибаи мубориза бо амрози сорӣ-сироятӣ дар осори Сино махсус дарҷ гардидааст. Он аз таҷрибаи имрӯзаи маъмул қариб, ки фарқи зиёде надорад".
Бале, донишмандони бузург ва мероси гаронбаҳои онҳо дар сурати омӯзиши амиқу дақиқ, метавонанд мардумро аз бисёр ҳодисаҳо ва гирифториҳои фалокатбор наҷот диҳад ва боиси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гардад. Пас, насли имрӯзаро бояд ба омӯзиши илмҳои гуногуни гузаштаву имрӯза пайваста талқин намоем ва худ низ аз он баҳра бардорем, зеро дар як оламу дар як ҷаҳон қарор дорем ва миёни инсоният дар сурати сар задани чунин паҳншавии ҷаҳонии вирусӣ гурез нест.
Имсол, ҳатто вобаста ба вируси ҳамгири COVID -19 дар Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ бекор карда шуд, ки дар ягон давр ин ҳолат ба мушоҳида гирифта нашуда буд. Барои онҳое, ки бо ниқоб ҳам бошад, хондани намозро дар масҷидҳо суол карданд, Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ бо назардошти босуръат паҳншавии вирус ва теъдоди умумии гирифтории дардмандони вируси ҳамгири COVID -19 масҷидҳоро баст ва маросими ҳаҷро барои соли 2020 бекор кард.
Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ одамӣ дар тамоми тӯли таърих дар замонҳои муайян аз авҷгирии вабои харобкор ранҷ мебурд. Ҳамгирии вабо дар қисми зиёди ҷаҳон аз водии Ганг паҳн шуда буд, ки ин бемории антикӣ хеле хуб маълум аст. Гармии тағйирнопазир, ифлос кардани оби дарёҳо ва ҷамъшавии оммавӣ, ҳангоми маросими ба монанди Кумбха Мела, боиси паҳншавии беморӣ дар сартосари субконтиненти Ҳиндустон гардид. Ҳарчанд дар Аврупо дар бораи вабо Гиппократ ва Гален навишта буданд, то асри XIX , ин беморӣ дар қисмати ҷануби Осиё маҳдуд шуда буд. Аз соли 1817 сар карда мавҷи мунтазами паҳншавии ҳамгирӣ оғоз меёбад, ки дар асри XIX нисбат ба бемориҳои дигар, ҳаёти бештари одамонро аз байн мебарад. Чунин тахмин вуҷуд дорад, ки сабаби ҳамгирӣ асоси тағйироти хусусияти ирсии организм барангезандаи вабо шудааст, ки дар Бангола дар «соли бетобистонӣ» рӯй дода, дар натиҷаи шароити обу ҳавои ғайримуқаррарии соли 1816 ба амал омада буд.
Дар соли 1817 аввалин ҳамгирии вабо тамоми мамлакатҳои Осиёро фаро гирифта, то ба Астрахан расид. Танҳо дар Бангкок, ки беш аз 30 ҳазор аҳолӣ ҳалок гардида буд, шумораи умумии ҳалокшудагон аз пандемия бо рақамҳои шашкарата ҳисоб карда мешавад. Танҳо дар зимистони хунуки ғайримуқаррарии солҳои 1823-1824, ки ҳатто дар қисмати мамлакатҳои ҷануб дарёҳо як баста буд, имкон надод, ки беморӣ ба Аврупо дохил шавад. Ҳамгирии дувум дар қисми даштҳои Ганга дар соли 1829 авҷ гирифта, 20 сол давом кардааст. Мукаммалии роҳҳои хабаррасонӣ, ҳаракати мунтазами армия ва савдои мустамликавӣ паҳншавии бемориро байни мамлакатҳо осон карда буд. Дар вақти ин ҳамгирӣ аввалин бор беморӣ Аврупо, ИМА ва Японияро фаро мегирад.
Авҷи ҳамгирӣ дар Русия ба нимаи дуюми соли 1830 ва нимаи аввали соли 1831 рост меояд. Ҳамгирии сеюм, соли 1850 баробари сар задани ҷанги Қрим авҷ мегирад. Он замон танҳо дар Русия миқдори ба ҳалокатрасидагон беш аз миллионҳо одамонро ташкил дод. Ин ҳамгирӣ дар асри XIX аз ҳама марговар ба шумор мерафт. Дар моҳи сентябри соли 1854 пансад одам дар маркази Лондон мубталои он шуданд. Олимон ҳамагӣ ҳафт ҳамгирии ваборо муайян кардаанд.
- Ҳамгирии аввал, солҳои 1816-1824
- Ҳамгирии дувум, солҳои 1829-1851
- Ҳамгирии савум, солҳои 1852-1860
- Ҳамгирии чорум, солҳои 1863-1875
- Ҳамгирии панҷум, солҳои 1881-1896
- Ҳамгирии шашум, солҳои 1899-1923
- Ҳамгирии ҳафтум, солҳои 1961-1975
Вале тибқи сарчашмаҳои дигари таърихӣ ва адабӣ ҳамгирӣ дар асрҳои пешин, чунонки дар фавқ мушоҳида кардем, дар замони Абӯалӣ ибни Сино ба назар мерасад.
Дар соли 1905 дар стансияи карантинии Эл-Топ шакли нави барангезанда муайян карда шуд, ки ба он номи стансияро гузоштанд. Ҳамгирии ҳафтум, назар ба дигар ҳамгириҳо, тавассути вибриони Эл-Топ ба вуҷуд омад. Дар асоси ба вуҷуд омадани ҳамгирӣ илм дар бораи бемории вабо ташаккул меёбад. Вақте ки дар қисмати армияи британиё, воқеъ дар Ҳиндустон, аввалин таҳқиқотҳо ба вуҷуд омаданд, ки роҳҳои пайдоиш ва муолиҷаи онро меомӯхтанд. Аммо дар миёнаҳои асри ХХ вабо ҳанӯз ҳам яке аз бемориҳои хавфноки ҳамгирӣ ба шумор меравад, ки садҳо ва ҳатто миллионҳо ҳаёти инсониро аз байн бурдааст.
С. Айнӣ дар бораи он ки дар Бухоро паҳншавии бемории ваборо дар ҳаёти хонаводагии худ чунин ба тасвир овардааст, ки ба тақсимоти дар фавқ буда, яъне фарогирии ҳамгирии шашум рост меояд: «Дар он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рӯй дод, ки зиндагонӣ ва осоиши ҳамаро зеру забар кард: ин вабои умумӣ буд...
Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ[i] (дар моҳҳои июни соли 1889) дар Бухоро вабо пайдо шуда, муромурӣ сар шуд. Акаам бемор шуда ба қишлоқ баргашт, тағои муллом, ки хатми дарс карда буд ва дар шаҳр дарсгӯӣ мекард, мурд ва мурдаи ӯро ба қишлоқаш оварданд.
Дар андак вақт дар қишлоқҳо ҳам вабо паҳн шуд. Модарам дар сари мурдаи бародараш бемор шуд. Ман ӯро ба хона овардам, ки ду бародари хурдам ҳам дар қатори акаам бемор шуда хобидаанд ва аз миён чанд рӯз нагузашта падарам ҳам ғалтид.
Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Мардум мегуфтанд, ки ин вабо аз вабои соли 1889 сахттар аст (С. Айнӣ, Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам).
Дар замони ҳозира вабо дар мавриди ҳодисаҳои ҷудогона дар давлатҳои камбағал, хусусан ҳангоми офати табиӣ, масалан, зилзила, ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамин тариқ, эпидемияи дар Гаити баамаломада дар моҳи октябри соли 2010 7% аҳолии ин давлатро фаро гирифта ва дар моҳи май 9700 ҳаёти одамиро аз байн бурдааст.
Бояд гуфт, ки дар муддати вируси ҳамгири COVID – 19 яке аз воситаҳои таъсирнок ва пуриқтидор хабарҳои дар интернет буда ва созандагони «фейк» мебошанд, ки аз имкон ва эътиқоди мардум ба дин истифода бурда, ҳар гуна маълумот ва навору суратҳои бардурӯғро ворид мекунанд, ки мардум бояд зинҳор ба чунин хабарҳо бовар накунад. Ба ин гуна афрод Аттори бузург фармудааст:
Кардаӣ аз васваса пуршӯр дил,
Ҳам бибин як айби худ, ай курдил!
Чанд ҷӯйи дигаронро айб боз?
Айби худ боре биҷӯ аз ҷайб боз.
То чу бар ту айби ту ояд гарон,
Навбадат парвои айби дигарон.
Ҳамин тавр, аз маълумотҳои мавҷуда оид ба паҳншавии бемориҳои вирусӣ бармеояд, ки асоси барангезиши он асосан ифлосӣ, тоза нигоҳ надоштани муҳити зист, табиат, об, риоя накардани одитарин гигиенаи шахсӣ мебошад, ки инсоният барои бартарафии он масъул мебошад, зеро ояндаи ҳастӣ ва мавҷудияти ҷаҳониён дар рӯйи замин имрӯз боиси нигаронӣ аст.
Шаҳрвандони муҳтарам, барои рафъи вируси ҳамгири COVID – 19 дар Тоҷикистон ва солим нигоҳ доштани саломатии пайвандону наздикон ва тамоми аҳли ҷомеа мебоист одитарин қоидаҳои гигиена ё ин ки беҳдошти шахсиро иҷро кард, ки аз он имрӯзҳо тавассути телевизион, радио, интернет, рӯзномаву маҷаллаҳо пайваста маълумот дода мешавад. Тоза ва озода нигоҳ доштани на танҳо ҷойи истиқомат, манзил, балки атрофи зист, ҷойи кор ва умуман шаҳри азизамон, балки оқилона муносибат кардан нисбат ба вазъи ба амаломада ва хатари таҳдидшудаи ба одамият, ба ману шумо, азизон, иртиботи қавӣ дорад.
[i]Ҳиҷрӣ – солшумории мусулмонон аст, ки аз соли 622 мелодӣ шурӯъ мешавад.
Ҳошимова Хуршеда, номзади илмҳои филологӣ,
муовини директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдулло Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ҶАЛАСАИ ЧАҲОРУМИ ШӮРОИ БИЙНИИДОРАВӢ
Имрӯз дар таърихи 22.06.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки 21 нафар аъзои Шӯрои байниидоравии мубориза бо пандемияи COVID-19 ҷаласаи чаҳоруми ин Шӯро барпо гардид.
Ҷаласаро ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ А.С.Саидов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки имрӯз зарурати омӯзиши манбаҳои табии бемориҳои сироятӣ пайдо шудааст.
Дар ҷаласа баррасии илмии профессор Давлат Халифаев ҷиҳати "гиёҳҳои шифобахш чун маводи асосии саноати дорусозӣ" шунида шуд.
Бояд иқрор кард, ки дар аҳди Шӯравӣ ҳеҷ кадом муассисаи фармасевтӣ дар Тоҷикистон набуд ва замони истиқлолият низ ниёзи шадиде ба корхонаҳои саноати дорусозӣ дорад.
Ҳанӯз ҳам мо Институти тадқиқоти фармасевтӣ надорем.
Вақте ки соли 1980 зарурати ташкил додани факултети фармасевтӣ дар Донишкадаи тиббии кишвар пайдо шуд, маълум гардид, ки дар кишвари мо кадрҳои илмии самти фармасевтӣ набудааст. Ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дорушиноси тахассусӣ бо унвони номзад ва доктори илмҳо ва қариб 5000 мутахассиси фармасевт фаъолият мекунанд.
Аъзои Шӯрои байниидоравии мубориза бо паҳншавии коронавирус муроҷиатнома қабул карданд, ки аз 29 банд иборат буда, ба Сарвазир ва Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мубориза зиддии коронавирус COVID-19 Қоҳир Расулзода ирсол хоҳад гашт.
СУБОТИ ФИКРӢ – ОМИЛИ СУБОТИ СИЁСӢ
(гуфтумоне дар боби ҷойгоҳ ва рисолати сухану қалам)
Сухан неъмати бузурге барои башарият аст. Агар чунин намебуд, Худованд онро муҳимтарин ҳадяи худ барои инсон пас аз офариниш намехонд. Аҳамияти неъмати сухан гуфтан болотар ва муҳимтар аз неъмати дидану шунидану роҳ рафтану хӯрдан аст. То ҷое, ки баъзе донишмандон суханро фориқ (фарқгузоранда) байни инсону ҳайвон ва баъзеи дигар фориқ байни зиндаву мурда донистаанд.
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чарохомӯш аст?
Аммо дар ин миён касоне, ки ҳам сухан мегӯянду ҳам барои дигарон сухан меофаранд, яъне аҳли қалам, соҳиби неъмати бузургтар ва дар айни ҳол, масъулияти бештаранд. Чунки онҳо шаклдиҳанда ва пешбарандаи афкори умумии ҷомеа ҳастанд ва ба кадом самт рафтани ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба қаламу фикру сухани онҳо бастагӣ дорад.
Сухан воситаи муошират, иртибот, таълим ва ҳама гуна ихтироу навоварӣ аст. Аммо дар айни ҳол, сухан метавонад омили низоъ, бадбинӣ душманӣ ва ҳатто ҷангу хунрезӣ шавад. Ба ибораи дигар, сухан ҳам созанда асту ҳам сӯзанда.
Имрӯзҳо, хушбахтона Тоҷикистони азизи мо аз зумраи кишварҳои босубот ба ҳисоб меравад ва сол то сол обрӯ ва эътибораш дар саҳнаи ҷаҳонӣ меафзояд. Пӯшида нест, ки суботи доимӣ ва устувор дар кишвар танҳо бо неруи низомӣ, марзҳои ҳифозатшуда ва назорати назму тартиботи дохилӣ таъмин намешавад (гарчӣ ин шохисҳо хеле муҳиманд), балки омили аслии таъминкунандаи суботу амнияти пойдор дар ҷомеа СУБОТИ ФИКРӢ (ё худ зеҳнӣ)мебошад.
Албатта, суботи фикрӣ ба маънои набудани ҷумбуҷӯши фикрӣ, назарҳои гуногун ва гоҳо мухолифи якдигар нест (ин табиати ҳар ҷомеаи пӯё ва зинда аст), балки ба маънои вуҷуд доштани як хатти машйи равшан, маълум ва муайян дар ҷомеа роҷеъ ба давлат, миллат, кишвар ва манфиатҳои умумимиллист, ки боиси осудагии фикрӣ, зеҳнӣ ва равонии ҷомеа шавад. Ин гуна суботи фикрии иҷтимоӣ боиси умед ба оянда, боварӣ ба неруи миллат ва садоқати масъулони кишвар ва дар натиҷа, роҳ надодан ба андешаҳои иғвогарона ва тафриқаангез мегардад ва хатари тазодди ақидаҳо ва ё бархӯрди хушунатомези онҳоро аз байн мебард.
Яқинан, ҳама гуна бесуботии иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз бесуботии фикрӣ сар мезанад. Агар ҷомеа суботи фикрӣ надошта бошад, бо андак таҳрик аз дохил ё хориҷ оромиши он барҳам мехӯрад ва аввал назму тартибот ва сипас амнияту осоиши сартосарии кишвар барҳам мехӯрад.
Дар соли 1992 ҳам ҷомеа дучори бесуботии фикрӣ буд. Мардум таърифи равшан аз идеяи миллӣ, манофеи умумӣ, давлат, Ватан ва кишвар надошт. Ва бадтар аз он, лидер надошт ва аз миёни он ҳама ”лидер”-ҳои худхонда ва бешумор намедонист ба кӣ бовар кунаду думболи кӣ равад. Ин бесарусомонии ақидавӣ ва фикрӣ замоне ба охир расид, ки миллат дар охири сол дар симои Эмомалӣ Раҳмон лидери худро ёфт ва акнун медонист, ба куҷо равон аст. Имрӯз аксари ҷомеашиносон мегӯянд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ақаллан шаш моҳ пештар, дар моҳҳои апрел ё май (1992) сари қудрат меомаданд, яқинан ҷанги дохилӣ сар намезад. Зеро метавонистанд, ки пеши роҳи мухолифатҳои ҳанӯз ғайримусаллаҳонаро гиранд ва миллатро мутаҳид созанд, чунки дар ҳақиқат лидер буданд ва мардум ба он кас бовар мекард.
Ҳамагон дар ёд дорем, ки як даҳа қабл равандҳое бо номҳои авомфиребонаи “иниқлобҳои ранга” ё “баҳори арабӣ” чӣ гуна барномарезӣ, иҷро ва ҳидоят мешуданд. Дар оғоз расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоии махсусомодашуда паиҳам аз ноуҳдабароии масълуони давлатӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба вазъи мардум, мушкилоти иқтисодӣ (ки ҳеҷ кишваре аз он орӣ нест) ва муҳимтар аз ҳама, аз “ояндаи торик” барои кишвар ва ҷомеа ва дар ниҳоят аз зарурати инқилоб ва сарнагунии ҳукуматҳо сухан мегуфтанд.Муҳаққиқони “баҳори арабӣ” мегӯянд, дар ҷараёни маъракаҳои таблиғотӣ ва дар раванди ба зоҳир наву ҷолиб танҳо як гурӯҳ дониста, санҷида ва аз рӯи барномаи хос амал мекарданд. Бақия (аз зумраи афроди алоҳида, баъзе расонаҳо, рӯзноманигорон, коршиносон ва амсоли онҳо) фиребехӯрдагоне буданд, ки дар зеритаъсири ҳаёҳӯи таблиғотӣ қарор гирифта, бо гуфтаҳову навиштаҳои худ ба осиёби ҳамон гурӯҳи хос об мерехтанд (бехабар аз он, ки худ ва афкорашон бозичаи дасти он гурӯҳҳо шудаанд).
Вақте бо мурури замон як қишри даркорӣ омода шуд, доираҳои идоракундаи ин раванд ба онҳо дастур доданд, ки ба майдон бароянд. Давомаш чӣ шуд, дидему шунидем. Имрӯз аксари назарияпардозони ҷаҳони араб бо таассуф аз он рӯзҳо ёд мекунанду “баҳори араб”-ро дар ҳақиқат “хазони араб” мехонанд.
Албатта, ин таҷриба (омодасозии заминаи сарнагунии ҳукуматҳо бо истифода аз таблиғот ва кор бо афкори умумӣ) нав нест ва собиқаи ҳазорсола дорад. Туркҳои Қарахонӣ ҳам қабл аз ҳуҷум ба Бухоро барои сарнагунии давлати Сомониён, тавассути муллоҳо дар миёни мардум овоза паҳн карданд, ки гӯё ҳокимони Сомонӣ аз мазҳаби суннӣ дур шуда, ҳаводори ҷараёни Қарматия гардидаанд. Замоне ки Қарахониён ҳуҷумро сар карданд, муллоҳо фатвои ҷиҳод ва қиёми сартосарӣ барои дифоъ аз Ватан надоданд. “Далел”-ашон ин буд, ки Қарматиён суннӣ ҳастанду ҳокимони Сомонӣ – Қарматӣ. Нуктаи диққатҷалбкунада ин аст, ки Қарахониён пас аз шикасти Сомниён ва тасарруфи Бухоро, аввал ҳамон муллоҳоро аз дами теғ гузаронданд (чун медонистанд, ки хоини миллати худ ба дигар миллат низ ҳатман хиёнат мекунад).
Бо баррасии муфассали фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои дар хориҷбудаи тоҷикӣ, ба ин натиҷа мерасем, ки дар ҳоли ҳозир чандин фард ва гурӯҳҳои махсус асосан дар хориҷ аз кишвар (ва ба эҳтимоли зиёд, бо доштани афрод ва манбаъҳои хабарӣ дар дохил) аз рӯи як сенария ва хатти машйи муайян ба бадномкунии давлати Тоҷикистон ва коштани тухми нобоварӣ ва кинаву адоват дар ҷомеаи мо аз тариқи воситаҳои электронии иртибот машғуланд. Ҳадафи онҳо дар ибтидо эҷоди бесуботии фикрию зеҳнӣ, сипас норизоятии умумӣ ва дар ниҳоят нооромии иҷтимоӣ дар кишвари мост.
Ин нукта мусаллам аст, ки дар асри мо барои ба вуҷуд овардани бесуботии фикрию иҷтимоӣ ва дар ниҳоят барангехтани ихтилофу низоъ дар ҷомеаҳо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаву расонаҳои электронӣ истифод амешаванд. Зеро, агар аз як тараф дастрасӣ ба онҳо сареътар ва паҳн кардани ҳар гуна мавод дар онҳо осонтар бошад, аз тарафи дигар, гурехтан аз масъулият ва паёмадҳои нашри матлаб дар онҳо роҳаттар аст. Зеро ҳар гуна сафҳаву блогу личкаву чатхона ҳамчун расона шинохта намешавад ва барои нашри мақола дар онҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст.
Албатта, барои доираҳои манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез ин айни муддаост. Муҳим барояшон расондани паём ба мухотаб аст, ки мерасад ва дигар ба он тарафаш кор надоранд. Дар ин миён, баъзе расонаҳои гӯё қонунӣ матлабҳои фитнаангезро аз саҳифаҳо ва торнамоҳои хусусӣ, ки сирфан шахсӣ буда, дар баробари қонун ҷавобгар нестанд, гирифта, нашр мекунанд. Ин ҷо ҳам аз ҳамон “тараҳҳуми қонунӣ” истифода мешавад. Яъне, барои он матлаб худро ҷавобгар намеҳисобанд, чунки онро аз дигар манбаъ гирифтаанд ва соҳиби аслии манбаъ ҳам “ҷавобгар” нест, чунки онро дар саҳифаи хусусии худаш нашр кардаасту гӯё он фикри шахсӣ ва мавқеи инфироди ӯст.
Бо ҳамин роҳ ҳама аз ҷавобгарӣ мегурезанд, аммо муҳим барояшон ин аст, ки паём ба хонанда мерсад ва фикри ӯро харобу зеҳнашро мушавваш месозад (ва ин ҳадафи аслии доираҳои дар боло зикршуда мебошад).
Манбаъҳои хабарпарокании “Ахбор”, “Паём”, “Г-24”, “Кимиёи саодат” ва чанде дигар аз ҳамин қабиланд (мутаасифона, сомонаи бахши тоҷикииРадиои Озодӣ ҳам ватқҳои охир бо фаромӯш кардани рисолати аслии худ ба ҷамъи онҳо пайвастааст).
Ин расонаҳо танҳо як мавзӯъ доранд: “Ҳукумати Тоҷикистон бад аст ва барои мардум коре намекунад”. Тамоми навиштаҳову гуфтаҳо (ки гӯё барои инъикоси “беғаразонаи” воқеаҳо ба роҳ монда мешаванд) ҳамин як хатти сюжетро думбол мекунанд ва бояд бо ҳамин як хулоса ба охир расанд, чунки дастури умумии ҳомиёни молии сомонаҳо ҳамин аст.
Набояд фаромӯш кард, ки таъсири онҳо бамаротиб бештар аз таъсири амалҳои террористӣ мебошад. Зеро, агар дар амали террористӣ чанд нафар ҷисман нобуд карда шавад, дар фаъолияти харобкоронаи расонаӣ зеҳн, мағз, шуур, андеша ва тафаккури садҳо ҳазор ҷавонони ноогоҳ мавриди сӯиқасд ва шустушӯ қарор гирифта, онҳоро нисбат ба имрӯзу ояндаи кишвар ноумед ва нисбат ба манфиатҳои миллии тоҷикӣ дилсард мегардонад. Чунин ҷавонони дилсарду ноумед ҳар лаҳза метавонанд ба як мухолифи ашаддӣ ва ҳатто як харобкор табдил шаванд.
Барои мисол, сомонаи иттилоотии ташкилоти террористии ҲНИ “Payom” ва студияи телевизионии он бо номи “Payom-News” ошкоро ба ноором сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.
Шеваи асосии кори ин расонаҳо чунин аст, ки ҳар рӯйдоду таҳаввул ва ҳар мушкили одии иқтисодӣ ё фарҳангиро бевосита ба роҳбарияти олии мамлакат часпонида, давлатро нисбат ба мушкилоти мардум бепарво вонамуд мекунанд ва мардумро ба тағйири низоми сиёсии кишвар тарғиб менамоянд.
Ғайр аз ин ду расонае, ки зикр кардем, боз чандин саҳифаву блогу сомонаву студияи интернетӣ вуҷуд дорад, ки корашон асосан манфинигарӣ ва танқиду бадномсозии Тоҷикистон буда, ҳамарӯза борони иттилоотӣ ва таблиғотиро беист бар сари ҷавонони мо меборанд.
Дар оғози пайдоиши коронавирус дар кишварҳои ҳамсояи мо, мавзӯи дӯстдоштаи сомонаи “Паём” ва дигар сомонаҳои ҳампаймонаш ин буд, ки дар Тоҷикистон короновирус аллакай ҳаст, аммо “чаро роҳбарияти кишвар чораҳои пешгирона ва низоми карантин ва маҳдудкуниро ҷорӣ намеосзад?”. Инак, чанд рӯз пеш боз ҳамин сомонаҳо навиштанд, ки (мазмунан) Қирғизистон аллакай замони бозгашт ба ҳолати оддӣ ва боз кардани осмони худро барои парвози ҳавопаймоҳо таъйин кардааст, аммо Тоҷикистон чаро ин корро намекунад ва маҳдудиятҳоро намебардорад?”.
Албатта, ин як мисоли оддӣ ва оммафаҳм аз чандин намунаи таноқузгӯиҳо ва парадокс дар фаъолияти ин ва баин монанд сомонаҳост. Барои онҳо танҳо як чиз муҳим аст: бояд дар ҳар ҳолат нуктаи манфие ёфта, ба ҳукумат часпонанд.
Баробари паҳншавии коронаиврус дар кишварамон,ин расонаҳо ҳар рӯз бесаброна мунтазирбуданд, то хабарҳои нав дар бораи мубталошавӣ ва ҷон бохтани теъдоди бештари ҳамватанонро шунаванду сипас иддаоҳои бепояи худро боз такрор намоянд. Аммо вақте буҳрон зери назорат даромад ва раванди маргу мир коҳиш ёфту теъдоди шифоёфтагон рӯз торӯз бештар шуд, боз гуфтанд, ки “Ҳукумат омори воқеиро пинҳон мекунад”. Ҷолиб он аст, ки вақте ин вирус пурра аз байн меравад, дигар чӣ мегуфта бошанд? Ҳатман мегӯянд, ки Ҳукумат коронаивирусро гирифта, дар куҷое пинҳон кардааст, ки наменамояд (аз инҳо ҳатто ҳамин гуна иддаоҳои хандаоварро ҳам интизор шудан мумкин аст).
Ва ё дар масъалаи сел дар ноҳияи Хуросон. Ҳар инсони оқил мефаҳмад, ки билофосила баъд азчунин офат шурӯъ намудани корҳои барқарорсозӣ ва ободонӣ мумкин нест. Зеро замин барои ин омода нест. Бояд чанд рӯз гузарад, то ки обу лой тагшин шавад ва агар биное дар ҳолати садамавӣ ва ёнимавайрон қарордорад, ё вайрон шавад ва ё аз вайрон нашуданаш итминон ҳосил шавад. Ҳукумати Тоҷикистон рӯи ҳамин ҳисоб чанд рӯз мардуми офтадидаро дар хаймаҳо ва биноҳои муваққатӣ ҷо намуда, бо маводи зарурӣ таъмин кард, то замон ва шароит барои бозсозии хонаҳояшон фаро расад.
Дар ин имён сомонаҳои иғвогари дар боло зикршуда ҳамарӯза чандин хабару гузориш омода мекарданд, ки ҳукумат ин мардумро фаромӯш кардааст ва барои бозсозии хонаҳои онҳокоре намекунад. Чун дар ин миён қазияи Абдулло Ғурбатӣ баромад (шояд ӯро махсус барои сюжет шудан фиристода буданд, на сюжет кардан), офатдзадагон фаромӯш шуданду расонаҳои мазкур ба ин қазия часпиданд ва бе ҳеҷ мадраку далел латукӯби ӯро “кори дасти мақомоти давлатӣ ба хотири тарсондани журналист” ба қалам доданд (як Ҳукумати муқтадир ва тарс аз як донишҷӯ-журналист? Аҷаб!).
Акнун, ки корҳои ободонӣ аз рӯи як барномаи мушаххас ва санҷидашудадар ноҳияи Хуросн оғоз шуданд, ин манбаъҳои хабарпароканӣ ақаллан то он андоза виҷдон надоранд, ки ҳамин хабарро пахш кунанд. Акнун ба ҷояш аз “тақсими нодурусти кумакҳо” ва ё “риоят нашудани адолату баробарӣ дар бозсозии хонаҳои мардум дар ин ноҳия” ҷор мезананд.
Ё ҳангоми фиристодани кумак аз Душанбе ба Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, на хабари ирсоли кумакҳо, балки хабари гӯё ба касе нарасидан ё кам расидани кумакҳо барояшон ҷолиб аст ва такрор ба такрор онро пахш мекунанд. Магар ин кашфиёт аст? Табиист, ки дар ҳама ҷо кумак ба ҳама намерасад. Он барои ниёзмандони шадид дар назар гирифта мешавад. Ин нукта, ки расона (агар онҳоро расона гуфтан мумкин бошад) дар ҳар ҳолат ва бо ҳар навъи моликият рисолате дорад ва бояд ақаллан барои пӯшондани ғаразҳои асосиаш чанд хабари оддӣ ҳам пахш кунад, ба гӯшаи хаёли гардонандагони ин сомонаҳо намерасад ва шояд ҳатто фаросати дарки ин тарафи қазияро ҳам надоранд.
Дар барномаи гӯё баҳс байни М.Кабирӣ бо С.Валиев дар Радиои Озодӣ низ ҳама диданд, ки гардонандаи ин барнома Шаҳлои Гулхоҷа, бо вуҷуди таъкид бар бетарфии худ ва расонаи мазкур, симпатияи худро ба Кабирӣ пинҳон дошта наметавонист (дар айни ҳол, минбар додан ба як фарди маҳкум ба терроризм ва пахш кардани суханҳои ӯ барои мардуми кишваре, ки ӯ дар ҳамон кишвар террористи рақами як ҳисобида мешавад, мавзӯи дигарест, ки ҷояш ин ҷо нест).
Ваё сомонаи “Ахборком”-ро гирем. Мутаасифона, дар ин сомона, ки номаш “Ахбор” аст, ҳама чизро (туҳмату дурӯғу иғвову ихтилофангезӣ ва...) ёфтан мумкин аст, ғайр аз ахбор (манзур: ахбори воқеӣ). Барои соҳиби ин сомона дигар мафҳумҳои миллату Ватан кайҳост, ки беарзиш шудаанд. Тозатарин намунааш хабари боздошти як шаҳрванди Россия аз толори барномаи “Пусть говорят” баиттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарони ӯгайи худ буд. На худи он ҷинояткор, на ҷабрдидаҳо ва на ҳатто баранда ва коршиносони рус ёде аз мансубияти миллии ӯ накарданд ва дар умум дар борааш ҳамчун як ҷиняткор суҳбат намуданд. Аммо Сомонаи “Ахборком” чанд рӯз бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) дар саҳифаи аввалаш ин мавзӯъро зери сарлавҳаи “Боздошти як тоҷик аз барномаи “Пусть говорят” ба хотири таҷовуз” тоб доду тоб дод, то номи миллати тоҷикро хатчадор кунад (агарчӣ тоҷик будани он ҷинояткор ва дигар аъзои оилааш ҳанӯз зери суол қарор дорад). Дар чунин ҳолат мувофиқ ё мухолифи ҳукумати кишварихуд будан муҳим нест. Андак ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣдоштан кофист, ки ақаллан ба мисли намояндагони миллати бегона (баранда ва иштирокчиёни барнома) миллати худро ингуна бадном накунӣ.
Инчунин, дар мавриди дашноми як духтар ҳамчун “духтари помирӣ” тавассути як бадмаст(!) дар як кӯчаи Душанбе боз ҳам дидем, ки сомонаи “Ахборком” ин наворро бидуни эҳтиром ба мардуми шарифи Бадахшон дар сомонааш ҷой дод ва ин дашному ҳақоратҳо борҳову борҳо аз ин сомона садо доданд. Магар сатҳи як расона ҳамин аст? Ҳоло он бадмасти беадаб пайдо шуда, аллакай ба ҷавобгарӣ кашида шуд, аммо бадмасти беадабе, ки ин ҳақоратҳоро дар сомонаи ба иддаои худаш “қонунӣ” ҷой дод, ақаллан шаҳомате дорад, ки барои ин кораш (такрори дашном дашном аст) аз мардуми Бадахшон ва ҳамаи корбарон узр пурсад? Ҳатман не!
Боз муаллифи ин сомона нагӯяд, ки “ман пахш кардаму милиса пайдош кард”. Не. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе он нобакорро аз рӯи ариза ва навори ҷабардида пайдо кард. Ҳадафи “Ахбор” аз пахшу бозпахши навор чизи дигар буд: аз номи як сокини Душанбе дашном додани аҳолии Бадахшон ва бо ин роҳ коштани тухми кинаву адовати маҳаллӣ. Аммо, хушбахтона бо дастгир шудани он бадмаст тираш хок хӯрд.
Албата, фаъолияти сомонаҳои “Ахбор”, “Паём”, “Г-24”, “Кимиёи саодат” ғайр аз ин чизи дигаренест ва аслан фалсафаи вуҷудиашон ҳамин аст: дурӯғ, туҳмат, бадномкунӣ, тафриқа ва ихтилофангезӣ. Зеробарои ҳаминкорсохта шудаанд ва пул мегиранд. Онҳо вазифадоранд, ки ба гуфтаи худашон заминаро барои норизоятии умумуии ҷомеа ва ноором кардани вазъият омода созанд ва барои гранту пулҳои мегирифтаашон ҳисобот таёр намоянд.
Аммо дар ин миён чанд блогеру соҳибқаламро ҳам мебинем, ки дониста ё надониста, бо онҳо ҳамсадо мешаванд ва навиштаҳояшонро бознашр (поделиться)мекунанд ва худ ҳам дар ин хусус матлабҳо менависанд. Онҳо шояд фикр мекунанд, ки батанқид ва ошкор кардани камбудиҳо дар ҷомеа саҳм мегузоранд (ва бояд инро ҳам ба назар гирем, ки гоҳе гуфтани чизе, ки дигарон намегӯянд, мӯд мешавад ва ба кас ҳаловат мебахашд), вале дар асл онҳо ба оташи бадхоҳони ҷомеа ва иғвогарони расонаӣ равған мерезанд. Агар онҳо аз ҳамин рӯз роҳи худро аз он сомонаҳои иғвогар ҷудо насозанд, шояд фардо дер шавад ва худашон аз ин корашон пушаймон гарданд.
Дар шароити кунунӣ Тоҷикистони азизи мо, ки бо вуҷуди орому босубот буданаш, дар минтақаи ноором ва дар ҳамсоягии Афғонистон қарор гирифтааст, беш аз ҳар замони дигар ба амнияту оромиши равонӣ ва суботи фикрӣ ниёз дорад. Инак, соли чандум аст, ки кишвари ҳамсояи мо Афғонистон аз тарафи ниҳодҳои байнламилалӣ яке аз ноамнтарин кишварҳои дунё шуморида мешавад. Шубҳае нест, ки давлат ва мардуми наҷиби Афғонистон ҳамсояи неки мо ва хайрхоҳи Тоҷикистонанд. Вале ин воқеиятро ҳам наметавон нодида гирифт, ки бар асари ҷангу нооромиҳои 40-сола ва набуди ҳукумати марказии муқтадир, бахшҳое аз ин сарзамин ба ҷавлонгаҳи гурӯҳҳои мухталифи террористии байнламилалӣ, ҷойгоҳи гирдоварӣ ва парвариши террористон, майдони рақобати кишварҳои абарқудрати манфиатҷӯ ва лонаи ҷосусии чандин хадамоти иктишофӣ ва разведка аз саросари олам табдил шудаанд.
Солҳои охир шимоли Афғонистон (минтақаҳои ҳаммарз бо мо) якбора ноором шуд. Ба ин минтақа гурӯҳҳои зиёди тероористӣ роҳ ёфтанд (аниқтараш, оварда шуданд). Ин гурӯҳҳо: Толибон, ДОИШ, ал-Қойида, Ҳаракати Исломии Туркистон, Ансоруллоҳ (гурӯҳи террористии ҲНИ) дар шимоли Афғонистон ҷобаҷо шуда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳар роҳу усул ба сафи худ ҷалб месозанд ва худро барои вуруд ба ин кишварҳо омода мекунанд. Шубҳае нест, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористии дар боло зикршуда проектҳо (лоиҳаҳо)-е ҳастанд, ки аз тарафи кишварҳои махсус барои нақшаҳои чандинсола ташкил шудаанд. Хеле соддалавҳист агар фикр кунем, ки масалан ал-Қойида аз байн рафтааст ё ДОИШ маҳв шудааст ва ё Ансоруллоҳу ҲИӮ, ки маҳз барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шудаанд, дигар хатаре надоранд.
Мутаассифона, таҳлилҳо далолат бар он мекунанд, ки нақшаи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ин кашидани норомиҳо ба дохили кишварҳои Осиёи Мрказӣ дар солҳои оянда аст. Аммо кадом кишвар? Инро хусусиятҳо ва осбепазирии ҳар кишвар маълум мекунад. Монанди солҳои 90-и асри гузашта, ки ҷанге дар минтақадаркор буд ва муаллифони сенария нақшаи ҷангро дар чанд кишвар амалӣ карда натавонистанду дар Тоҷикистон тавонистанд (чунки дар симои ҳамин неруҳои сияҳкорӣ имрӯза, яъне ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймононаш) омили низоъро пайдо карданд.
Имрӯз ҳам ҳамон ҳолат аст. Ҷанг бояд ба Осиёи Маркзӣ кашида шавад ва барои ин дар ҳар кишвари ин минтақа заминасанҷӣ ва осебшиносӣ анҷом медиҳанду омодатарин ва осебпазиртарин кишварро барои низоъ интихоб менамоянд. Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки доираҳои мазкур нисбат ба солҳои 90 хеле ботаҷрибатару ҳушёртар шудаанд. Вале мо чӣ? Оё мо ҳам ба он сатҳи таҷриба ва ҳушёрӣ расидаем, ки дасти душманон ва бадхоҳонро аз кишвари зебои худ қатъ кунем ва ба ҳеҷ гурӯҳе иҷозати ноором кардани кишварамонро надиҳем?
Муҳимтарин васила барои заминасозии низоъ ва ноором кардани вазъият ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ варасонаҳои электронӣ ҳастанд. Ҳама медонем, ки гурӯҳҳои террористӣ 10 сол боз бо истифода аз ин воситаҳои интернетии иртибот садҳо ҷавонро аз кишвари мо ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо роҳи фиреб ва таблиғоти дурӯғин ба доми худ кашидаанд.
Аммо ин танҳо як бахши кори қудратҳои беруна аст. Бахши асосӣ ин таблиғоти нарм аст. Яъне, мудом бадгӯӣ, танқид, таҳқир ва бадномкунии ҳукумат ва бо ин роҳ ноумед кардани мардум, хусусан ҷавонон аз имрӯзу ояндаи кишвар ва рӯҳан омода кардани онҳо барои ягон ҳодисаи ногаҳоние, ки вазъиятро якбора тағйир диҳад: маслан, иниқлоб, табаддулот ё ҳатто ҷанг.
Ба ин хотир, ба назари мо дастгоҳҳои иттилоотӣ, таблиғотӣ ва амниятии кишварамонро зарур аст, ки ба ин масъала ҷиддитар машғул шаванд ва кори расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои ғайридавлатӣ аммо ҳамсӯ бо давлатро ҷоннок намоянд (ба ёд биёрем, ки Россия ҳам дар ҷанги соли 2008 дар Асетияи Шимолӣ, агарчӣ аз назари низомӣ пирӯз шуд, ҷанги иттилоотиро бохт ва пас аз он таваҷҷуҳ ба расонаҳоро дар сархати кори худ қарор дод ва натиҷа ин шуд, ки имрӯз журналистони рус муҳимтарин сангардорони идеологияи давлатӣ дар ин кишваранд).
Дар ин чаҳорчӯб бояд расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои ҳамсӯ бо давлат аз назари молӣ, техникӣ, неруи инсонӣ ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ (донандаи забонҳои русию англисӣ) тақвият шаванд ва ба онҳо то ҳадди мумкин озодии баён ва амал дода шавад, то битавонанд халои иттилоотиро дар ҳамаи бахшҳо бипӯшонанд, эътимоди мухотабонро пурра ба даст оранд ва таблиғоти манфии шабакҳо ва расонаҳои иғвогарро хунсо созанд.
Дар айни ҳол, набояд гузошт, то ҳар касе, ки дастрасие ба шабакҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои электронии ахбор дорад, ҳар чизе, ки дилаш хост, нашр кунаду афкори умумиро мушавваш созад. Имрӯз дар бисёр кишварҳо агар касе мардумро нисбат ба амалкарди ҳукуматҳо дар мубориза бо коронавирус бадбин ва ноумед созад (масалан гӯяд, ки ниқобпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ лозим нест), барои ин кораш ҷавоб медиҳад. Дар Амрикои маҳди озодии баён ҳам агар касе дар толори пур аз одам дар театр “сӯхтор” ё “заминларза” гӯён фарёд занад, барои воҳимаангезӣ ва ташвиши афкори умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Имрӯз вазъияти минтақаи мо ҳам мисли оташ ва ё қарор гирифтан дар наздики оташ аст, ки ҳама гуна талош барои маъюсу ноумед кардани мардум ва эҷоди ихтилоф байни давлат ва миллат ин маънои кашида овардани оташ ба хонаи худро дорад. Бояд нисбати ин гуна одамон (нашр ва бознашркунандагони мақолаҳо ва дигар маводи иғвоангез) дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар сурати такрор чораҳои қонунӣ дида шавад. Бе ин намешавад. Чуноне гуфтаанд:
Агар Султон нафармояд сиёсат,
Занад ҳар нокасе лофи сиёсат.
Бало дарҳамзанадрӯйи Заминро,
На давлатро бақомонад, на динро.
Зиёев Субҳиддин – номзади илмҳои филологӣ, ходими
илмии Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ТАФОВУТ ДАР ТАЛАФФУЗ
Имрӯз дар санаи 18.06.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои баррасии ду лоиҳаи пешниҳодшудаи имлои забони тоҷикӣ барпо шуд. Лоиҳаи аввалро АМИТ мутасаддӣ аст ва лоиҳаи дувум ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат дорад. Аммо ин ду лоиҳа аз бисёр ҷиҳат бо ҳам мухолифат доранд Дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ забоншиносон иштирок намуда, бо якдигар атрофи масоили марбут ба қоидаи имло баҳсҳои тадриҷиро барпо карданд. Мо зарур донистем ин ҷо қисмати қобили таваҷҷуҳ будани он баҳсро вогузор кунем.

Раҳмонзода Абдуҷҷаббор Азизӣ (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа):
"Ҳангоми баррасии тафовути у-и фароху у-и дарозу у-и кӯтоҳ навиштани эзоҳ ба имло ҷоиз аст".
Бобоназари Бобохон (забоншинос):
"Илмро аз илм набояд сарфи назар кард. Китоби синфи 8 пурра дарҳамбарҳам аст".
Фарҳод Раҳимӣ (Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон):
"Агар таносубу тафовути ҳарфҳоро ба инобат нагирем, қоидаи имло зарар мебинад".
Саломиён Муҳаммаддовуд (муовини аввали вазири маориф ва илм):
"Ду аломат менависем, аммо як талаффуз мекунем сактаро аломат бояд қабул кунем, на ҳарф".
Назарзода Сайфиддин (забоншинос):
"У-и дарозу и-и дароз чун ҳарф боқӣ мемонад, аммо номашро лағв мекунем".
Саломиён Муҳаммаддовуд:
"Агар қоидаро зиёд кунем, имло бегуфтугӯ мушкил мешавад".
Назарзода Сайфиддин:
"Ҳарфҳои ёдбарсар дар алифбои тоҷикӣ зиёдатист. Агар у ва и-и кӯтоҳро ислоҳ накунем, иштибоҳи таърихӣ бартараф намешавад".
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ:
"Пас аз алифбо тавзеҳ меояд".

Мақолаҳои дигар...
- МИЛЛАТКУШУ ТАМАДДУНСӮЗОН. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист
- МОДЕЛҲОИ ФИЗИКИИ ЗУҲУРУ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС
- ҲИСОБОТ оид ба семинари машваратии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КОРКАРДҲОИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСИ COVID-19
