Истиқрори сулҳ– аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва худогоҳии даврони истиқлол

Мардуми тоҷик аз қадим дорои тамаддуну расму одатҳое буданд, ки дар пояҳои меҳру дӯстӣ, меҳмондориву мизбондорӣ ва матонату ҷасорат таҳким ёфтааст. Аз гузаштаи қадим мо чун халқи бо маърифату маданият шинохта шуда, то имрӯз дар байни халқҳои олам боқӣ мондаем. Чунин каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати мо тоҷикон дар даврони истиқлолияти кишвар дубора эҳё гардид, ки бори дигар хубиҳову худшиносии мо шаҳодат медиҳад.
Вале бояд дониста бошем, ки ҷаҳони муосир ба монанди маҷрои дарёест,ки дорои мавҷҳои пурталотубест, ки ҳар мавҷи он ба суи манзиле равон-давон аст, ки дар худ шаклу сурати хос дорад ва аз зебоиву карашмаҳои ин дунёи рангоранг шаҳодат медиҳад. Дар чунин муҳити саршору сарзабз як ганҷе нуҳуфта аст, ки бисёре аз мардумони сайёра аз он маҳрум буда, аз арзишу қимати он бенасиб мондаанд, ки мо тоҷикон бо доштани фарҳангу тамаддуни башардӯстӣ ва меҳрубонӣ бо талошу бедорхобиҳо ва эҳтирому эътирофи инсонгароӣ тавонистем он ганҷро дарёбем ва дар сояи он зиндагии озоду ободу ором дошта бошем, ки номаш сулҳ буда, мавҳои он монанди баҳор табиатро зебову хуррам месозад ва аҳли башарро ба суи хонаи озоду, орому обод шарафмандона мебарад.
Бо вусъат ёфтани равандҳои глобалӣ муносибатҳо байни аҳли сайёра шаклҳои дигар гирифта, қадри қимат ва арзиши инсон ва ҳимояту оромии он кам гардида, ё қариб ки аз байн рафта истодааст. Зеро бештари мардум арзишу аҳамияти сулҳ ва Истиқрору оромиро ҳанӯз қадр накарда, ношукриву носипосӣ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки сулҳ ва Истиқрор мафҳумҳое ҳастанд, ки озодӣ, оромиву ободӣ, ваҳдату истиқлолият ва нишонаи созандагии зиндагии давлату миллатро поягузорӣ мекунанд. Фазои сулҳу дӯстӣ муждарасони озодиву оромиву ободӣ ва ганҷи бебаҳо ва таҷассумгари шодкомиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ буда, миллатро ба суи шинохти ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Чи зебо ва басо бамаврид МИРЗО ТУРСУНЗОДА мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ ва меҳрубонӣ кайҳо моро аз мактаби сулҳофаринӣ огоҳ карда, фармӯдааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил.
Инҷо қайд кардан ба маврид аст, ки сулҳ ва сулҳдӯстӣ ва мерубониву меҳмондорӣ аз неъматҳои илоҳӣ ва арзишҳои инсонӣ буда, халқи тоҷик бо онҳо ифтихор менамояд.
Аммо инҷо бояд қайд кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ва ба осонӣ ба дасрасӣ мо нагардидаанд. Барои ба даст овардани ин ганҷҳои пурарзишу бебаҳо, мардуми бо нангу номуси мо дар солхои мушкилтарин аз ақли солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи дарёфти сулҳу Истиқрор ва озодии меҳан ҷонгусори ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳуввияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён исбот карда, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, ободкорӣ, созандагӣ ва худшиносии даврони истиқлолро поягӯзорӣ карданд, ки то имрӯз он чун намунаи ибрат барои дигар мамолики дунё ва хусусан дар барномаҳои сулҳофаринии СММ ҳамчун мисоли мусбат боқӣ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дисӯзу меҳрубон ва чунин мардони баномусу нанги миллат буд, ки имрӯз сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардидем. Ин талошу муборизаҳо сабаб шуданд, ки Тоҷикистон равобити ҳасанаи худро бо хамаи кишварҳои дунё ҳамчун кишвари комил ҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, худмухторӣ ва барномаҳояшро таҳкиму тавсеа бахшад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи истиқболи созишномаи Истиқрори сулҳ ва ташрифи Президенти кишвар ба ноҳияи Мастчоҳ баҳри арҷгӯзории чунин рӯзи тақдирсози миллат қарор дорем, зарӯр аст бештар аз арзишҳову созандагиҳои он ҳарф бизанем. Ҳарчанд, ки маънои сулҳро бештари мо медонем, аммо инҷо ба маврид аст, ки мо калимаи дигареро ки ҳаммаънои он буда, ҳамарӯза тавассути ВАО шунавонида ва зикр мегардад, ташреҳ намоем,то хонанда огоҳӣ пайдо карда, қадру манзалати озодӣ, оромӣ ва ободиро хубтару беҳтар бишносад.
Бештар вақтҳо мо тавассути ВАО ва китобу мақолаҳо калима ё истилоҳи Истиқрорро мешунавему мушоҳида мекунем, ки аслан он калима ё вожаи арабиасос буда, дар асоси решаҳои забон маънои хоссеро ифода мекунад ва дарки дурусти он ба мо тоҷикон муҳимтар ва заруртар гардидааст. Зеро мо зери сояи ҳамин вожа барномаҳои созандагиамонро рушду такомул бахшидем. Бо истифодаи ҳамин калимаи тақдирсози миллати мо бештар донишмандон ва шарқшиносон мақолаҳову китобҳо эҷод мекунанд, зеро он дар худ ифодаи хоссеро дорад, ки бо огаҳии дуруст аз он метавон арзишу муҳиммияти онро дарк кард. Аз ин лиҳоз барои дарки бештар аз он дӯст доштем то дар мақолаи кӯчаки худ калима ва ё истилоҳи Истиқрорро барои хонандагони тоҷик маълумот бидихем.
Бояд зикр кард, ки забони арабӣ яке аз забонҳои муҳими олам ба шумор рафта, таснифоту таълифоти зиёде тавассати он то имрӯз навишта шудааст, ки аз гӯзаштаи таърихии он шаҳодат медиҳад. Ба мисли дигар забонҳо ҳар истилоҳи он маъноеро ифода мекунад, ки бояд дуруст дониста шавад. Инҷо ҳамчун коршиноси соҳа хостем дар аввал калимаи истиқрорро варак мезанем то аз маънӣ ва шархи он огоҳӣ пайдо намоем. Тибқи қонуни забони арабӣ ҳар калима ё вожаеки бо ҳарфҳои и-с-т оғоз мешавад, маънои талаб карданро ифода карда, ба вазни Истифъол меояд, ки арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе кор мефармоянд.
Мувофиқ ба ҳамин дастуруламал калима ё вожаи Истиқрор дар вазни истифъол омада, аслан аз решаи калимаи истақарраястақирру Истиқроран гирифта шудааст, дар китобҳои фарҳанги луғат маънои қарор гирифтан, қарор ва субот варзидан баҷое, по барҷо шудан, ҷо гирифтан, устувор шудан ва ором гирифтан ифода шудааст. Агар ба забони осонтар бигӯем, истиқрор ба маънои дар ҷое ё маконе талаби устувор ва ором монданро ифода мекунад. Бо дарки дуруст ва фаҳми маънои истиқрор мо метавонем аз арзишу қимати сулҳу оромӣ хубтар огаҳӣ пайдо карда, онро чун васила дар шинохти ҳуввияти миллӣ бидонем.Зеро маънои аслии он ифода аз он мекунад, ки қавме ё миллате ё давлате барои боқи мондани худ талаби устувор ва ором монданро мекунад, ки дар натиҷа онро ба даст меоварад ва дар ғайри он Истиқрорро наметавон ба осонӣ дарёфт кард.
Ҳамасола дар моҳи июн санаи 27-ум бештари ВАО ва рузномаву нашрияҳо ва мардуми кишвар бо як меҳри хос оиди вожаи пурасрори истиқрор ва арзишу маконати он маводу мақолаҳо ва барномаву семинарҳоро ба роҳ меандозанд. Мо тоҷикон дар даврони истиқлолият ба воситаи ҳамин вожа ба пешрафтҳои зиёде ноил шуда, онро ҳамчун рузи ваҳдати милли таҷлил намуда чун рузи қарордоди Истиқрори сулҳ мешиносему қадрдонӣ мекунем.Зеро онро мо баъди чандин солҳои бесарусомонӣ, бесоҳибӣ, дарбадарӣ ва оворагӣ, парокандагӣ дар ин сарзамини пурфайзу соҳибтамаддун дарёфтем.Дар натиҷа ба ҷаҳониён сулҳҷуию фарҳангдустии худро исбот карда, мактаби аввалини сулҳофариниро поя гузоштем, ки мардуми азизи кишварамон дар зери сояи он умр ба сар бурда, аз вожаи Истиқрор муждаи тоза гирифта, дар фазои созандагиву ватандӯстӣ зиндагӣ мекунанд.
Бояд қайд кунем, ки санаи 27 июн соли 1997– Имзои созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи гутушунидҳо дар кишвари Русия ба имзо расид ва саҳифаи навинеро дар таърихи миллати мо эҳё намуд, ки чун гавҳари ноёб пазируфта шудааст.Ҳамин буд, ки саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид ва то ҳол идома дорад. Бо роҳнамоиву ташаббусҳои Президенти кишвар ва ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки мардуми мо дар роҳи бунёди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта, дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд, ки он шаҳодат аз барномаву корҳои дуруст медиҳад ва ба қавли шоир:
Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
Инҷо бояд қайд кунем, ки роҳбарияти кишвар қадамҳои нахустини худро аз хазина ё будҷа сифр оғоз карда, тавассути майлу ирода, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бо фарҳангу тамаддунсози кишвар тавонистанд барои дарёфти сулҳу оромии кишвар талош карда, онро ба даст оваранд ва онро чун намунаи таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ ба мардуми сайёра нишон диҳанд, ки он то ҳол эътироф ва қадрдонӣ мешавад.
Ташаббусҳои милливу фаромиллӣ ва барномаҳои созандагии кишвар тавонист исбот кунад, ки мо ба сӯи фардои нек равонем ва бо истифода аз зиракиву худшиносӣ ватанро ободтару зеботар хоҳем гардонд. Мо ҳамагон медонем ва ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар аксари манотиқи олам мардум аз надоштани истисқрор ва ороми азияту ранҷ кашида, дар вартаи ҳалокат ва гирдоби ҳалокатовари зиндагӣ қарор дошта, ҳар сонияву дақиқа дучори кашмакашиҳову нооромиҳо ва оворагиҳо қарор доранд.
Ҳамаи ҳодисаҳои атрофи олам, чолишҳо геополитикии равандҳои ҷаҳонишавӣ , вазъу ҳолатҳои ноором, даҳшату ваҳшати мардуми сайёра ва ахиран хуруҷи бемории Ковид 2019 мо мардуми бо нангу номуси миллатро водор месозад, то ба қадри истиқрор ва оромии ватан ва якпорчагии он бирасем ва талош намоем то ин мактаби созандагиро ҳифз карда, ҳама бо ҳам душ ба души ҳам озодӣ, оромӣ ва ободии Ватанро нигоҳ дорем ва нагузорем то чашми ҳасудону нохалафон ба он зараре бирасонад.
Пахши филми мустанад зери номи "Хиёнат" ва ташвиқоту тарғиботи мухолифони амну субот ва созандагии кишвар якбори дигар моро ҳӯшдор аз он медиҳад, ки бояд огоҳу ҳушёр бошем ва нагӯзорем то миллат ба чунин мӯсибатҳо дубора кашонда шавад. Моро ҳам фарзу ҳам қарз аст то ваҳдату якпочагиро ҳифз карда, аз барномаҳои созандагии кишвар кор гирифта, шукрона аз он кунем, ки чунин Ватани азиз ва сероб дорем ва ба қавли олим ва ориф Мирзоюсуф Фозилзода ҳифз, қадршиносӣ ва сулҳу истиқрори онро чун гавҳари ноёб ҳамеша зери парчами Ваҳдат нигаҳ дорем :
Эй тоҷикон барои Худо муттаҳид шавед,
Бар аҳди худ намуда вафо мутаҳҳид шавед.
Бе иттиҳод меравад аз байн мулки мо,
Хоҳед агар давому бақо мутаҳҳид шавед.
Бар иззату шараф бирасад қавми мутаҳҳид,
Баҳри шукӯҳи миллати мо муттаҳид шавед,
Аз шеъри мавлавию зи осори Буалӣ,
Бар ҷисму ҷон намуда даво муттаҳид шавед.
Шерозабанди сафҳаи таърихи хештан,
Бошед дар ҳама ҷо муттаҳид шавед.
Бегона нест,толиби маҷду бақои мо,
Бинмуда тарки фикри хато муттаҳид шавед.
Душман ҳамеша дар пайи тафриқи миллат аст,
Бар рағми душманони дағо муттаҳид шавед.
Хулоса мо тоҷикон бояд аз доштани чунин мактаби сулҳофаринӣ ва созандагӣ ифтихор карда, истиқрору ваҳдати миллӣ ва ҳамаи дастовардҳо ва сарватҳои маънавию моддии ватанро дуруст ва оқилона истифода намуда, миллатдӯстӣ ва хештаншиносиро таҳким бахшида, ҳаргиз нагӯзорем то мардуми мо дубора ба коми ваҳшату даҳшат наяфтанд ва чунонеки Президенти кишвар таъкид кардааст "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад", дар ободии кишвар саҳмгӯзор бошем.
Бори дигар хотиррасон намоем, ки вожаи Истиқрор ва паёмадҳои он ба мардуми мо чун воситаи паёмакрасони хайр ва муждарасони озодӣ, оромӣ ва ободӣ буда, мактаби сулҳофарини он ҳамеша роҳнамои шукуфоии Тоҷикистон ва аҳолии кишвар маҳсуб шуда, ҳамчун як армуғони пурарзишест, ки дар рушду нумуи ҷомеа ва маҳву нобудии ҷаҳолату разолат кӯмак мерасонад.
Истиқбол аз Истиқрори сулҳро барои ҳама муборакбод гуфта, ба ҳомиёну ташаббускорон ва кабўтарони сулҳовари Ватан иқболу парвози абадӣ орзӯ карда, таманно мекунем, ки нерӯи хирад, ақли солим, ҳамбастагӣ, меҳру муҳаббат дар байни тамоми аҳли сайёра ҳар чи зудтар ғалаба кунад ва онҳо низ мисли мо тоҷикон дар фазои ваҳдату якпорчагӣ ва озодиву оромиву ободӣ умр ба сар баранд.
Мирсаид Раҳмонов
ходими илмии
Институти омӯзиши
масъалаҳоидавлатҳоиОсиёваАврупоиАМИТ
Пешвои ваҳдатофари миллат
Оғоз
Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни 20 кишвари абарқудрати Шӯравӣ аз ҳам пош хӯрд ва ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати он шомил буданд, пайиҳам худро мустақил эълон намуданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон 15 давлати нав пайдо шуд. Оё ин ҳодисаи таърихӣ ногузир буд, ва ё, чи тавре мегӯянд «он чиз ки шуданӣ буд, шуд», баҳсҳои зиёди доманадор мехоҳад ва то ҳол ва шояд садсолаҳои дигар сиёсатмадорону донишмандон сари ин масъала баҳсҳо доир кунанду сабабгорону омилҳои ин парокандашавиро ҷустуҷӯ намоянд ва ҳар яке дар доираи ҷаҳонбинию тафаккуру диди шахсӣ ва шавқу завқу салиқаи худ онро арзёбӣ намояд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо садҳо чунин абарқудратҳову империяҳо будаанду пош хӯрданд ва боз чунин хоҳад буд, яъне, «то буд чунин буд, чунин хоҳад буд».
Ва бар асари ҳамин ҳодиса дар харитаи сиёсии ҷаҳон ТОҶИКИСТОН - ватани азизи мо ҳамчун кишвари мустақил ва озод арзи ҳастӣ намуд ва тақдири минбаъдаи он ба дасти фарзандони миллати тоҷик ҳавола шуд.
Ибтидои Истиқлолият
Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Истиқлолият сабт гардид. Аммо баъд чӣ шуд? Ҳамватани азиз! Набояд таърихро зуд фаромӯш кард, онро бояд донист, дар гӯшаи хотир нигаҳ дошт ва аз он сабақ омӯхт. Баъдан ҳукумат ва ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду (ба монанди рӯзҳои аввали ба кишвар роҳ ёфтани пандемияи коронавируси нав, ки бо тавтеаи баъзе бадхоҳони дар хориҷи кишвар қарордошта, фазои мамлакатро тарсу воҳима фаро гирифта буд) зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва хокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар мотамзада, миллат пароканда, давлат бесоҳиб, марзу бум бемуҳофиз ва дар ба рӯйи аҷнабиёни бедодгару мазҳабпарасту ғоратгар кушода шуд. Гурӯҳе ё гурӯҳаке, ки солҳо боз чунин фурсати муносиб меҷуст, бо номи муқаддаси ИСЛОМ, аммо бо сад фикру андешаи ғайримазҳабию ғайриисломӣ талоши ба сари қудрат омаданро карду билохира тобистони соли 1992 пойтахти кишварро тасарруф ва хайру баракаро аз ин сарзамин бурда, арзишу фарҳанги миллиро зери по намуда, ба пиёда намудани тарҳи хоҷагони хориҷиаш бо мақсади таъсиси як ҷумҳурии исломии мазҳабии ба мазҳаби аҷдодии мову шумо бегона даст зад. Ҳамватани азиз! Падару модар, бародарону хоҳарони ман! Ин таърих аст ва онро набояд фаромӯш намоем. Дарё - дарё хуни тоҷик рехта шуд, ҳеҷ хонае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Яксаду панҷоҳ ҳазор фарзанди ин миллат кушта шуда, ҳазорҳо хонаву деҳоту иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ва аз ҳама бадтар он буд, ки риштаи умед ба оянда канда шуд. Миллате бо фарҳанги волову арзишҳои таърихӣ, гӯё ному нангро фаромӯш кард, ҳатто аз ифтихор бо Шоҳномаи бузург маънии як байтро «Ба пеши бародар бародар ба ҷанг, Наёяд, агар бошадаш ному нанг»-ро сарфаҳм нарафта, бародар тир ба синаи бародари худ зад ва то моҳи ноябри соли 1992 фаро нарасид, дарки онро накард, ки «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт...». Дар ин моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон (на дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти силоҳдорони ғайриқонунӣ буд) иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тамошо ва ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯиё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ АЗИЗ ВА МАРДУМИ ТОҶИК Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки «Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст» ва дигарбора қоматҳо рост ва чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат «Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»-ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданаш сармашқи кору пайкори худ намуд ва кишварро аз ин фоҷеа раҳоӣ бахшид.
Ин ҷавонмарди далеру ҷасур, абармарди дунёи сиёсат бо раҳбарию раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи эшон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори орому осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшиду мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ, дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекарду мекунад.
Чи рӯзҳое аз сар гузаштанд
Аммо баъди Иҷлосияи 16-ум чӣ рӯзҳое ба сари Роҳбару Пешвои ҷавони тоҷикон омад, на ҳамагон медонанду дарк мекунанду мефаҳманд. Имрӯз филмномаҳоро мебинему аз он рӯзҳо ёд меорем. Ҳукумат фалаҷ, дастгоҳи давлатӣ аз кор монда, кишвар дар ҳалқаи оташ, қаҳтию гуруснагӣ ё ба ибораи дигар мардум “нон мегӯяду ҷон медиҳад”, пойтахти кишвар дар дасти ғосибон ва кам касоне ҷуръат мекарданд, ки дар бари Роҳбари давлат рост истанду бори душвори давлатдорӣ ва ғуссаи он шабу рӯзро таҳаммул намоянд ва ҳама мушкилоти зиндагиро бо ҳам бинанду азобу талхии онро бо ҳам чашанд. Роҳбари ҷавон бо чанд сарсупурдаи миллат вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав. Ба Душанбе “Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.” Ҳазорон фарҳангиёну донишмандону шоирону фозилонаш тайи шаш моҳи охир дар Душанбе ғурбатзадаву дар кунҷи кулбаи худ бо як аҳволи ѓарибона оҳанги мотам менавохтанду суруди мотам месуруданд, чашм ба роҳи Роҳбари худ доштанд ва “Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд”-ро мунтазир буданд ва ин мужда расид. Аммо, чи рӯзҳоеро Роҳбари давлат паси сар накарданд. Имрӯз, ки сухан аз Сулҳу суботи Ваҳдати миллӣ дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем.
Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорҳо километр роҳҳову пулҳову нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани накшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад, ки “Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт”. Ва имрӯз шиори тамоми мардуми меҳанпарасти тоҷик ва Тоҷикистон аст, ки “Хоки мову пои душман, пас магар мо мурдаем?” аст ва “Ин давлати пуршавкату ин миллати озод
Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро (хоинонро – иловаи банда)” то лаҳзае фарзандони ин миллат зиндаанд, ин сарзамин қадамгоҳи душманон ва аҷнабиён нахоҳад шуд.
Оғоз ва идомаи бунёдкорию созандагӣ
Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар баръало зоҳир мегардад ва таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Махсусан, зикр намудан мехоҳам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали нахуст ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуши дохилӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат барбастанд ва ба он ноил гардиданд. Пешвои муаззами миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки “ман ба шумо сулҳ меорам” ва “гурезаи охиринро ба ватан бармегардонам” содиқ монданд ва ин савгандро сарбаландона иҷро намуданд.
Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳаммияти умумимиллӣ, балки дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи даргири ҷаҳон, аз ҷумла Афѓонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд.
Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф ва илму фарҳанг ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардид. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Президенти кишвар сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунанд ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Забони миллат ҳастии миллат” ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон шоҳиди ин гуфтаҳост.
Саҳми Пешвои миллат дар амри истиқлоли фарҳангии тоҷикон назаррас аст. Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ “Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд”.
Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт.
Бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туѓрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ѓафуров (1998), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва ѓ. барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона дорад.
Илова бар ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.
Бо ташаббуси Сардори давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд медиҳад.
Сарвари давлат ба пешрафти соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Зеро насли солим гарави миллати солим мебошад.
Дарҷ кардани қисмати дигари фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллатро, ки дар ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ инъикос меёбад, ҷоиз медонам.
Танҳо дар замони Истиқлолият муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд.
Ҳамчунин дар ин муддат 270 неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.
Зикр намудани заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ зарур ва саривақтист.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ѓ. саҳми назаррас доранд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва “Солҳои 2018-2028 об барои рушди устувор”эълон гардиданд.
Ташаббусҳои созандаи эшон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд. Ба андешаи узви парламенти Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия Ҳербет Дофман “ташаббусҳои Президент боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст”.
Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои “Кохи Наврӯз”, “Қасри миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Душанбе-Плаза”, “Боѓи Ирам”, “Осорхонаи миллӣ”, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ѓ. дар олами худ назиру собиқа надоранд.
Дар ин ҷо боз як ташаббуси созандаи Пешвои миллатро дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданиам, ки ин ташаббус аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳамовозӣ пайдо намуд ва то баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар кишвар зиёда аз сӣ ҳазор иншооти нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боѓу токзорҳои нав бунёд карда мешаванд.
Ва дар фарҷом қайд намуданиам, ки дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи ”асолати миллию динӣ”, ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти ”ҷаҳонбинии илмии замони муосир” тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ин замина ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳаммияти умда дорад. Чунин даъват саривақтию муҳим ва аз масъалаҳои мубрами рӯз аст.
Дастури роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ пазируфтан мебояд, ки давлати дунявӣ унвон шудааст.
Махсусан, таъкид менамоям, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус, ҷомеаи илмии кишвар мебошад. Ва ин Паём ва дастуру супориш ва роҳнамоиҳои навбатии Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштааст. Ин ҳама кӯшишу ѓайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон.
Анҷом
Албатта танҳо бо чанд ҷумлаву сафҳаву китобе тамоми мушкилию дастоварду пешрафти мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолӣ баён намудан корест сахту сангин ва муҳол. Махсусан, хизмату заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорию созандагӣ. Хонандаи арҷманд! Бовар дорам ин ҳама хизматҳову заҳматҳо дар садҳо ҷилд рӯи коғаз меоянд, бо хатти заррин дар таърихи ТОҶИКИСТОН сабт мегарданд, имрӯзиён аз он меболанд (ба ҷуз чанд кӯрдилу кӯрчашм) ва наслҳои оянда аз он ифтихор мекунанд. Имрӯз бори дигар дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ даъват ба амал меорам, ки мардуми тоҷик бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем (агар лозим ояд бар ивази ҷони худ). Ва дар охир ба фармудаи Мавлонои Балхӣ “Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту футӯҳ омад, Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо!”.
То бод, чунин бодо!
Фарҳод Раҳимӣ – академик,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛҲОИ МУҲИММИ ТАҲКИМБАХШИ ОН
Вақте ки дар бораи ваҳдат ҳарф мезанем, худ ин мафҳум ба “ваҳдати афроди як ҷомеа, муттаҳидии ташкилотҳои алоҳида ва ҳаракати қувваҳои ҷамъиятӣ барои расидан ба ҳадафи ягона мебошад”. Ваҳдат дар баробари ин, ҷанбаи гуногунрангӣ низ дорад. Масалан моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Маълум аст, ки ҳар як фарҳанг мутлақан бе миллатҳо ва қавмҳо моҳияти худро гум мекунад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон он раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳои (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ, моҳияти раванди ваҳдати миллӣ, интихобест, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудан оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад.
Бингар ки чӣ мегӯяд, мангар ки кӣ мегӯяд?

Раддия ба мақолаи “Фарзияҳои беасос” “-и Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, рузномаи “Адабиёт ва санъат”, 6-уми феврвли соли 2020, № 6 (2029)
Яке чиз гирд орад аз ҳар даре,
Кашад ранҷу осон хурад дигаре.
Асадии Тӯсӣ
Банда монанди ҳар як тоҷики китобдӯсту китобхон ибтикори шоистаи Пешввои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар боби роҳандозии нашри беназири тазкираи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб»-ро самимонаву хушдилона пазируфта, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқаш кардаму мекунам. Мутаасифона, саҳлнигориҳое, ки дар мавриди таҳияву нашри силсила роҳ ёфтаанд, маҷбурам доштанд, ки баъзе фикру андешаҳоямро бидуни ғаразу хурдагирие пешкаши умум гардонам.
Ин аст ки камина мақолае зери унвони «Асардуздӣ дар рӯзи равшан» (“Адабиёт ва санъат”, № 7(1978) аз 14 феврвли соли 2019) мақолае ба табъ расонида, хостам, ки проблемаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дар навиштаам ман ба иззати нафси касе нарасидаам, ному насаби касеро ҳам дар он зикр накардаам. Танҳо, хостам, ки пеши роҳи чунин бесарусомониҳо гирифта шавад ва ин тамоюл хусусияти домиро гирад. Умумӣ гуфта бошам ҳам, бархе худро шинохта сару садо баланд карданд. Аз ҷумла, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, баъди хомӯшии дурудароз, баъд аз як сол ба навиштаҳои ман раддияи беасосе навишта, шахсияти маро мавриди интиқод ва тамасхур қарор додааст. Ӯ мисли девори намкаш навиштаҳои маро ба худ хос дида, парда аз рӯи масъалаи дорои хуфият бардоштааст. Аслан, барои ман аён аст, ки ин “шоиру олим” дар ҳама ҷо худро алломаи беназир муаррифӣ мекунад, худашро дар шеъру олимӣ аз ҳама болотар мешуморад, суханҳои қабеҳеро дар ҳаққи дигарон раво медорад. Агарчи дашному ғайбати бетпмизонаи ӯ ба ман расида бошанд ҳам, дар ибрози ҷавобашон таҳамул пеша кардам. Ба ин қонеъ нашуда, ба мақолаи фавқуззикри инҷониб ҷавоб навишт. Биноан, ман салоҳ донистам, ки ҷавобе ба эродҳои бебунёди мавсуф нависам, то хонандагони арҷманд аз асли ҳол огоҳиибештаре пайдо кунанд.
Адабиёти оламшумули тоҷик уқёнусест, ки ғаввосони маъонӣ садсолаҳои дигар дар умқи он ғута хӯрда марворид ҷӯянд ҳам, он ҳамоно пур аз гавҳарҳои сероолби қиматбаланд боқӣ мемонад. Яъне, ҷараёни омӯзиш, таҳқиқ ва таҳияи мутуни он осори пурғановатбеохир буда, месазад паҳлӯҳои омӯхтанашудаи онро олимону «матншиносони варзидаи имрӯза», ки худро дар ҳама ҷо чуноне муаррифӣ мекунанд, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳанд. Афсӯс, ки мавод барои чопу музди муфте гирифтан хеле дандоншикан асту вақту кӯшишу таҳаммули зиёдеро тақозо мекунад.
Дар даврони шӯравӣ Институти шарқшиносии АИ ҶТ аз муассисаҳои бузургу дараҷаи аввал дар байни тамоми муассисаҳои акдемикии АИ СССР ҳисобида мешуд. Ин маркази номӣ бо талошу заҳмати бевоситаи олимони дурбину дилсӯзе чун Б.Ғ. Ғафуров, С.У. Умаров, Е.Э. Бертельс, А. Мирзоев ва дигарон бунёд гардида, дар он беҳтарин матншиносону хаттотонро гирд оварда буданд. Ин буд, ки батадриҷ як мактаби бузурги матншиносӣ таъсис ёфт ва олимони зиёде дар домани он парварида шуданд. Намунаҳои беҳтарини осори классиконро дар Душанбе ба алифбои кириллӣ ва дар Маскав ба алифбои ниёкон ба табъ расониданд. Дар ин кори бузург олимони варзидаи кишварамон Абдулғанӣ Мирзоев, Аълохон Афсаҳзод, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов,Чобулқо Додалишоев, Асғар Ҷонфидо, Абдуллоҷон Ғаффоров, Камол Айнӣ, Ҳусейн Аҳмади Тарбият, Саҳобиддин Сиддиқов, Абӯбакр Зуҳуриддинов заҳмати зиёде ба харҷ дода буданд. Дар ҳамин замина мехостам андешаҳои худро дар боби таҳия ва нашру дастраси мардум гардонидани осори Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ иброз намоям. Нахуст дар таҳияи осори безаволи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба муносибати 770-солагии зодрӯзи шоир) мунтахаби эҷодиёти шоир бо раҳбарии олим ва муҳаққиқи варзида Аълохон Афсаҳзод таҳия ва ба чоп расонида шуд. Чун тамоми зиндагии устод Аълохон Афсасаҳзод ба таҳқиқу баррасии паҳлӯҳои гуногуни рӯзгору осори Мавлоно Ҷомӣ пайванди ногусастанӣ дошт, дар баробари дигар тадқиқоташ, аз таҳияву нашри осори Мавлоно Ҷомӣ даст накашид. Матни интиқодии се девони Абдурраҳмони Ҷомиро дар асоси даҳҳо нусхаҳои нодиру мукаммал таҳия ва дар Маскав ба табъ расонид. (“Фотиҳат-уш-шубоб”, шуъбаи адабиёти “Ховар”, Маскав 1978, “Воситат-ул-иқд” ва “Хотимат-ул-ҳаёт” шуъбаи адабиёти “Ховар”, Маскав 1980).
Бояд таъкид намуд, ки шодравон Аълохон Афсаҳзод тамоми осори форсии Мавлоно Ҷомиро таҳия кардаву ба табъ расонида буд. Баъд аз нашри корҳои анҷомдодаи устод дар матбааи «Мероси мактуб»-и Эрон, комиссиюни тахасусӣ мукофоти олии матбааро баъд аз марги эшон ба ҳамсару фарзандонашон супурданд.
Солҳо гузаштанду муассисаи беҳтарини АИ Иттиҳоди Шӯравӣ чанд бор ба чунин номҳо - Институти шарқшиносӣ, Интитути шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва Маркази мероси хаттӣ ивази ном кард. Дар давоми ин солҳо Фонди дастнависҳои шарқии ба номи акдемик А. Мирзоев аз як муассиса ба муассисаи дигар мегузашт. Бештари олимони барҷаста ҳаётро падруд гуфта, аз худ осори илмии зиёдеро ба мерос гузоштанд, ки як қисми онҳо ҳанӯз ба табъ нарасида буданд ва ин омил барои ҳаннотону муфтхӯрон луқмаи бедардимиёне гардид.
Модоме ки Аълохон Афсаҳзод мероси Ҷомиро ҳаматарафа мавриди омӯзишу таҳия қарор додаву дастраси умум гардонида буд, зарурате набуд, ки самараи заҳмати ӯро касе таҳти номи худ аз нав ба табъ расонад! Осори ба забони арабӣ таълифнамудаи Мавлоно наомӯхта монд ва касоне, ки даъвои Ҷомишиносӣ мекунанд, чаро барои нашри осори то кунун омуханашуда ва чопнашудаи Ҷомӣ кӯшиш накарданд?! Китобҳои зиёде бо унвони «Мунтахаби осори Ҷомӣ» дар матбааи «Дониш», «Адиб» ва «Маориф» дар таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба табъ расиданд, ки дар мавриди таҳияашон «муаллифи дуюм» заҳмате накашидааст. Ӯ тавассути дастгохҳои компютерӣ онҳоро баргардон намуда, ба хотири ҳаққуззаҳма таҳти номи худ ба табъ расонид. Ман мутмаинам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар пояи Аълохон Афсаҳзод набуду ба он поя нахоҳад расид. Ӯ, ки маҳз бо дастгирӣ ва раҳнамоии устод «матншиносу олими машҳур» гашт, виҷдонаш боре азоб надод, ки осори устодро дидаю дониста тасарруф кард! Оё Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз устод А. Афсаҳзод болотару беҳтар чизе ёфтаву гуфта метавонад?! Хеҷ гоҳ!
Нафси ин олими муфтхор ба иллати беназоратӣ дар соҳа доманадор шуда буд. Ӯ дид, ки касе пишакашро пишт намегӯяд, хоки дари Сафорати Покистонро охурча карда роҳ ёфту ба масъулони даргоҳи дипломатӣ онҳо ваъда дод, ки «Куллиёт»-и Иқболи Лоҳуриро аз матни аслӣ ба алифбои кириллӣ бармегардонад. «Мунтахаб»-и Иқболи Лоҳуриро шарқшиносони тоҷик Шарафбону Пулодова, Абдуллоҷон Ғаффоров ва Сайфиддин Акрамов ба алифбои кириллӣ баргардонида бо шарҳу тавзеҳот ба табъ расонида буданд. Баъдан, матни пурраи «Куллиёт»-и Иқбол аз ҷониби Ҷобулқо Додалишоев, Шарафбону Пулодова ва Хуросонӣ таҳияву нашр гардид. Ҳангоми дубора ба чоп омода кардани «Куллиёт»-и Иқболи Лоҳурӣ Ҷ. Додалишо дар қайди ҳаёт набуд ва ба таври автоматӣ номи ӯ хат зада шуд. Танҳо бо пойфишории зиёд ба муаллима Шарафбону Пулодова муяссар гардид, ки Хуросонӣ номи ин олимаи пухтакорро ба кори “ҳаққулҳалоли худаш” илова кунад. Муаллимаро суханҳои пасту баланди зиёде ҳам гуфта буд, ки ӯ аз “олими пешгом” хело ҳам ранҷида буданд. Нусхаи хаттие аз Иқбол дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки аз назари олимони зикргардида дур афтода бошад, аммо “олим”-и мо, ки аллакай мазаи нони муфтро чашида буд, онро аз рӯйи матнҳои таҳияшуда аз нав рӯйбардор карда, ба Сафорати Покистон пешниҳод кард ва бо кумаки сафорати мазкур ба табъ расонид. Сипас миқдори зиёди китоби нашршударо аз ҳисоби сафоратхона гирифта, ба мағозаҳои гуногуни китобфурӯшӣ супурд, ки то кунун ҳам дар баъзе дуконҳои китобфурӯшӣ дида мешаванд. Як корманди воқиф аз раванди кор дар сафорат гуфт, ки сафири Покистон аз олими мо ҳасосият (аллергия) пайдо карда буду ва вақтҳои ахир хоҳиш мекард, ки Хуросониро назди ман дигар роҳ надиҳанд. Ба ҳар ҳол, онҳо аз рафтуомади зиёд олими мо ба ҷон расида, ӯро ба мукофоти баланди кишварашон пнешниҳод карданд. Ба ин ҳам нигҳ накарда ӯ боз чандин мартиби дигар ба ин сафоратхона рафт. Сафир маҷбур шуд,ки ба Академияи илмҳо шикоят кунад...
Баъд аз нашри «Куллиёт»-и Иқбол адабиётшинос Сайфиддин Акрамов аз тариқи рӯзнома андешаҳои худро бо далелҳои фаровон иброз дошта, дар тақаллубкорӣ Хуросониро муттаҳам низ карда буд.
Акнун “олимми шинохта”-и мо мазаи кумки сафоратхонаҳоро бештар чашида, нақшаи таҳияи китоби таҳияшудаи дигареро пеш гирифт.
Чанд сол баъд аз ин (пинҳонӣ!) Хуросонӣ «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро баъд аз охурча кардани остонаи Сафоратхонаи Озарбойҷон ва тамаллуқкорииҳои зиёд, дар як ҷилди калон чоп кунонду соҳиби маблағи хубе гардид. Аслан, барои таҳия ва ин асари безаволи Низомии Ганҷавиро (ба муносибати 700-солагии зодрӯзаш) як сектори калони матншиносӣ бо раҳбарии А. Афсаҳзод ва иштироки матншиносони варзида Ҷ. Додалишоев, А. Алимардонов, М. Бақоев, А. Девонақулов, А. Ҷонфидо аз рӯйи нусхаҳои хаттии зери рақамҳои 817, 1631, 3310, 1313– маҳфузи ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ таҳия намуда ва ба табъ расонида буданд. Гурӯҳи олимони тоҷик нашри интиқодии достонҳои «Хамса»-ро, ки аз ҷониби шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Ғазанфар Алиев таҳия гардидаву соли 1961 дар Маскав бо алифбои форсӣ чоп шудааст, истифода бурдаанд. Ҳамчунин, аз нусхаи «Куллиёт»-и Амир Хусрави Деҳлавиро, ки зери рақами 1622 дар китобхонаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград, нусхаи дигари он маҳфуз дар Китобхонаи оммавии ба номи Салтиков –Шедрин (зери рақами 2971), нусхаи «Панҷ девон»-и Амир Хусравро, ки таҳти рақами В169 дар китобхонаи Шуъбаи Ленингради Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР нигаҳдорӣ мешавад, пурра мавриди истифода қарор додаанд. Он кори бузург дар давоми панҷ сол омодаву мунташир гардида, хайати бонуфузи олимони тоҷик монанди М. Турсунзода, М. Осимӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, Б. Сирус, М. Бақоев онро таҳрир кардаву барои чоп тавсия дода буданд. А. ХуросоА. Хуросонӣ бошад, ба мақсади ба чашми хонанда хок пошидан “Хамса”-и Низомиро аз тариқи нашриёти “Адиб” бори дувум ба нанр расонида, дар ин нашр номи устод Аълохон Афсаҳзодро, ки дар қайди ҳаёт нестанд, илова намуда, муаллифини дигарро “фаоромуш” кардааст. Пас суоле ба иён меояд, ки оё таҳияи матни илмӣ-оммавии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби Хуросонӣ ва ҳамқаламу ҳамқадамаш муаммо нест?! Ҳирси пайдо намудани музди муфт инсонро ба пастиву разолат мекашидааст ва ин рақам фурӯмоягиву нокасӣ ҳатто ба устодоне, ки ӯро ба воя расондаанд, хиёнат мекунад! Оё ин ҳам фарзияи беасос аст?!
Ҳангоми таҳияи ин осори безавол Хуросонӣ лаборанти ҳамин шуъба буду ман боварии комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ ӯро А. Афсаҳзод барои таҳияи он ҷалб нанамуда «олими машҳури мо» дар муддати кӯтоҳе дар як ҷилди хело бузург онро ба Сафорати Озарбойҷон пешниҳод намуда, дар бадали он музди ҳангуфте ҳам гирифт! Оё ин аз рӯйи инсоф аст?! Чаро ин корҳои ғайри мунсифона ба зуҳур мепайванданд?! мекунанд?! То ба кай ин аҳвол давом мекунад?! Комиссияи ташхиси ин соҳа чанд рисолаи илмиро фош сохта буд, ки ҳамагӣ 30-35 фисад аз дигар корҳои илмӣ рӯйбардор шудаанд! Олимони мо бошанд100 фисад корҳои дар асри 20-ум анҷомдодаи дигаронро рӯйбардор мекунанду пул ҳам мегиранду худро дар ҳама ҷо поку беолоиш муаррифӣ мекунанд! Оё ин дуздии рӯйрост нест?! Мақомоти дахлдор боре таваҷчуҳ накарданд, ки маблағҳо барои кадом заҳматҳояшон ба “муҳаққиқони тозакор” пардохт шудаанд?!
Имрӯз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ барои сафед кардани худаш «далеҳои зиёде» овардааст, ки дурӯғи беасосанду аз инсоф дуранд. Осори дигар матншиносоне, ки дар солҳои нооромии кишвар нақли макон карданду фавтиданду чизе бо худ набурданд, дар даст нестанд. Ҳомӣ ва вориси ягонаи ин шуъбаи мукаммал, ки сандуқҳои оҳанинаш пур аз маводи батабънарасида буданд, танҳо ҳамин нафар боқӣ монд. Бештари осори бо даст навиштаи онҳо ва чопи мошинкашуда беному нишон гаштанд! Мутаасифона, касе онҳоро пайгирӣ накард. Агар дар давоми 5-10 сол як шуъба се то чор асари хаттиро таҳия мекарду ба нашр мерасонд, «олими варзидаи мо» дар як сол панҷ-шаш китобро танҳо худаш ба табъ мерасонад. Агар вақту меҳнати онро бо забони рақамӣ қиёс кунӣ, ӯ бояд дар як шабонарӯз аз 24 соат зиёд беист кор карда бошад. Ӯ бо ноширон забон як карда, китобҳои зиёдеро чоп намуд, ки дар таҳияашон миёнаш дарде накардааст. Ман бисёр мутаассифам, ки чаро ворисони устодон боре ҳам овоз набароварданду пеши роҳи чунин моли мардумхӯронро нагирифтанд?! Ақаллан, барои поси хотири падарони бузургашон эътироз накарданд, хотир диданд!
Имрӯз бетарафӣ дар ҳама ҷой ҳукумрон аст. Чаро мо бетараф бошем, чаро мо гуфта натавонем, ки бас аст дуздиву рӯйбардоркунӣ ва азхудкардани моли ҳаллои дигарон! Касе ҷилави ин амали номатлубро намегирад, аммо пурсиши он ҷо дорад ё не? Мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар ин маврид чӣ корҳое анҷом додаанд ва дар ҷавоби ин нобасомониҳо чиҳо мегуфта бошанд?!
Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар Фонди дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мирзоев дафтарҳои қайди махсус ҳифз карда мешаванд. Дар тӯли солҳои зиёди мудири шуъбаи матншиносӣ буданаш Алии Мухаммадии Хуросонӣ дастнависе нагирифтаасту варақе ҳам назадааст. Тамоми корҳои ӯ аз рӯйи матнҳои қаблан таҳияшудаи ватаниву интишори Эрон таҳия гардидаанд. Ҳеҷ гоҳ ӯ худро заҳмат надодааст. Дар давоми 18 соли мудири шуъбаи матншиносӣ буданаш ин шуъба аз рӯйи ягон датнависи наомӯхта кор накардааст. Танҳо аз нашрҳои эронӣ истифода бурда шудааст Ҳол он ки тамоми фаъолияти ин шуъба дар асоси нусхаҳои хаттии дар захираи Маркази мероси хаттӣ маҳфузбуда сурат бояд мегирифт.
Номбурда дар ҳар як муқаддимаи таҳиянамудааш «дар тадқиқ, таҳия, тадвин ва шарҳи луғоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ» омадааст, ки ҳама сирқату бардурӯғанд! Модоме, ки нашри кириллӣ аз рӯйи асари дар Эрон чопшуда таҳия мешавад, танҳо «баргардон ба алифбои кириллӣ» бояд навишта шавад, на «дар тадқиқ ва таҳияи...». Тадқиқу таҳия дар сурате, ки барои як варақи дастнависро хондан даҳҳо рӯз сарф мешавад ҳукми қонунӣ мегирад. Агар матн бо хатти шикаста навишта шуда бошад, хондану баргардонидани он вақти зиёдеро талаб мекунад. Дар нақшаи инфиродии кормандони илмии шуъбаи зикргардида таҳия ва тадвини матн дар як сол 4 ҷузъи чопӣ муқаррар шудааст, аммо «матншиноси варзидаи мо» дар як сол 4-6 китоби мукаммал ба нашр мерасонад. Хонандаи закитабъ аҳамият дода бошад, оё воқеист, ки як нафар аз рӯйи нусахи хаттӣ чунин кори бузургеро дар як сол анҷом диҳад?! Танҳо аз алифбои кириллӣ ба кириллӣ бе дарди миёну заҳмати гарон рӯйбардор кардаасту бас! Бо он ки дар ягон мисрае вазн ғалат омада бошаду онро шоири ҳамадон ислоҳ карда бошад, ҳуқуқи онро надорад матнеро, ки солҳо олимон бо заҳмати зиёд аз рӯйи нусхаҳои хаттӣ таҳияву нашр кардаанд, ба номи худ аз нав ба дасти нашр супорад!
Дар арафаи ҷашни 700-солагии Саййидои Насафӣ Хуросонӣ куллиёти Саййидоро «таҳия» карда, аз тариқи нашриёти «Дониш» ба табъ расонид ва «нусхаҳои иловагӣ» низ чоп кунондаву ба маблағҳои ҳангуфт фурӯхт. Агар касе онро ба матни илмӣ-оммавии девони Саййидо, ки аз ҷониби Нодир Шанбезода ва матни илмӣ-интиқодии он, ки аз ҷониби Ҷобулқо Додалишоев дар асоси тамоми нусхаҳои хаттии маҳфуз дар Захираи дастнависҳои ММХ ба дасти чоп расиданд, муқоиса кунад, дарк мекунад, ки «муаллифи нав» ягон ихтирое ва ё навоварие накардааст! Агар мехост, ки воқеан куллиёти Саййидоро нисбатан мукаммалтар омодаи чоп кунад, чаро ба «Радоиф-ул-ашъор»-и рақами 2256-и ММХ муроҷиат накард?! Чаро ақаллан як баёзро, ки ба қавли худаш, доимо бо ғурур «ман ин матро бо фалон китобҳо муқоиса ва муқобала кардаам» мегӯяд, қиёсу муқобила накард?!
Воқеан, ба иттилои хонандагони арҷманд мерасонам, ки ин “Радоиф-ул-ашъор” қариб дар замони Саййидо мураттаб гардидаасту дар он 141 ғазали Саййидои Насафӣ ва дар охираш «Баҳориёташ» ба шакли пурра оварда шудаанд. Зиёда аз 10 ғазали дигари Саййидо дар ин маҷмӯа оварда шудааст, ки онҳо дар нусхаҳои хаттии девони Саййидои маҳфузаи Захираи дастнависҳои ММХ ва шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллӣ ва нашри кирилливу интиқодӣ дида намешаванд. Акнун, хонандаи муҳтарам, қазоват кунед, ки оё далели овардаи ман беасос аст?! Модоме ки «матншиноси беназир» дар тамоми ВАО бо карру фар худро ситоиш карда, ба чашми ҳамагон хок пошида, «ман инту кардаму онту» «Саййидоро бо ин қадар заҳмат таҳия кардаам» мегӯяд, ҳама бовараш мекунанд?! Аслан ӯ коре накардаасту танҳо аз матни криллии Нодир Шанбезода боз ба кириллӣ баргардон кардаву бо матни интиқодӣ муқоиса кардааст. Ба ҷалби нусхаҳои хаттӣ ҳоҷат набуд, зеро шодравон Ҷобулқо Додалишоев ҳамаи он нусхаҳоро пурра истифода кардааст.
Ба ин даъвогари ҳамадон кӣ ҳуқуқ додааст, ки «Достонҳои «Шоҳнома»-ро, ки устод С. Улуғзода навишту ба табъ расонид, аз номи худаш бознашр кардаву номи устодро “нигориши Сотим Улуғзода ва таҳияву тадвини Алии Муҳаммадии Хуросонӣ” нависад?! Ин ба хотири он буд, ки дар маъмурияти нашриёти «Адиб»-и ҳамон сол одамони наздикаш кор мекарданду гонорари калоне ба номи ӯ навишта буданд. Ин «олими барҷаста» аз ҳеҷ иқдоми ғажде пой барнамегирад. Пой ба рӯҳи поки устод Улуғзода ҳам гузошт! Вақте ки «Достонҳои «Шоҳнома»-ро устод навишта буданд, ӯ дар курсии мактаби миёна ё донишгоҳ менишаст.
Бори дуюм “Достонҳои “Шоҳнома”-и таҳияи Сотим Улуғзодаро аз тариқи Нашриёти “Маориф ва фарҳанг” зимни силсилаи “Китобхонаи мактаб” чанд маротиб ба чоп расонид ва ҳақуззаҳма гирифт.
Оё ин ҳам далели беасос аст?! Чаро аҳли зиё ва хусусан адабиётшиносони муҳтарами мо ба ҳамаи ин тақаллубкориҳо чашм мепӯшанд? Чаро ақаллан касе садо набароварду ҳама худро бетараф нишон доданд?! Сотим Улуғзода куҷову Алии Муҳаммадии Хуросонӣ куҷо?! Агар мо чунин зуҳуроти номатлубро идома диҳем, фардо чӣ мешавад?! Ҳамаро фаромӯш мекунем, беҳтарин муҳақиқину осори барҷастаи онҳоро медуздем! Даҳ – бист сол баъд асарҳои тадқиқотии онҳоро ҳам азони худ мекунем!
“Олими барҷастаи мо” мунтахаби рубоёти Мавлоно Румиро ҳам «ба табъ расонид», (Ҷалолиддин Балхии Румӣ. Мунтахаби рубоёт.–Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2014), ки онро шодравон Зафар Зарифов солҳои 80-ми асри гузашта таҳия кардаву ба табъ расонида буд. Кори анҷомдодаи Зафар Зарифовро, ки мавзӯи рисолаи номзадиаш ҳам буд, фаромӯш карданд! Афсус, ки З. Зарифов дар қайди ҳаёт нест, вагарна, ин амали номатлубро кайҳо пайгирӣ мекард. Ҳоҷат бар он набуд, ки он ба ному насаби таҳиягари дигар нашр гардад. Дар хориҷа садҳо сол осори илмиву адабии классикону муосиронашонро бо ному насаби муаллифони аввалӣ бознашр мекунанду ҳаққи заҳмат ба ворисонашон пардохта мешавад, чанд насле гузашта бошад ҳам! Касе набошад, дар сурати рӯйбардор намудан (плагиат) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Аммо мо ба куҷо менигарем?! Чаро сирқати рӯйростро фошу маҳкум намекунем?!
Чаро касе, ки ба чунин амали паст даст мезанад, боре панди Авҳадиро ба хотир намеорад, ки гуфта:
Илмро доми молу ҷоҳ масоз,
Бар раҳи худ зи ҳирс чоҳ масоз!
Соли 2014 нашриёти “Адабиёти бачагона” Ҳикмати “Авесто” –ро дар силсилаи “Китобхонаи мактаб” бо зикри таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба табъ расонид. Муаллиф дар мақаддимаи навиштааш чунин гуфтааст: “тазеҳоти мухтасар, ки дар фароварди китоб ҷой дорад, мухтасаре аз заҳамоти Ҷалили Дӯстхоҳ буда, дар фаҳми матнҳо ҷойе барои мо дастёри беминнат мебошад...” Модоме, ки чунин бошад, чаро дар саҳифаи аввал “дар ...шарҳи луғоти Алии Муҳаммади Хуросонӣ” омадааст, ки хилофи муқаддимаи навиштаи “муаллиф” аст? Мутаасифона матни таҳиякардаи “олими ҳамадони мо” аз руйи матни тарҷумаи форсӣ ба хонандаи тоҷик тамоман нофаҳмо аст. Шояд ба маънии пурраи он худи муаллиф ҳам сарфаҳм намеравад. Аз тарафи дигар мутмаинам, ки муаллифи китоб забони авестоиро умуман намедонад ва ҳуқуқи маънавии таҳияи онро надорад. Танҳо чунин кор ба хотири худнамоӣ ва гонорар мебошад.
Шоҳкориҳои охири Хуросонӣ дар силсилаи “Ахтарони адаб” “Чаҳорбоғи ғазал”, (Душанбе “Адиб”, 2018) мебошад, ки ӯ дар як ҷилд ғазалҳои Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ ва Ғании Кашмироро дохил намудааст. Дар таҳияи ин ҷилд ӯ пурра аз рӯйи корҳои анҷомдодашудаи олимони матншишосе, ки доимо ҳамроҳашон нон мехӯрд, сирқат намудааст. Зарур донистам, ки барои шиносоии пураи хонандагони арҷманд табъу нашр шудани осори ин шоиронро биёрам: Шавкати Бухороӣ “Нури аср”, (Душанбе. Нашриёти “Ирфон”, 1986), таҳиякунандагони матну луғот ва муаллифони пешгуфтор Амрияздон Алимардонов, Ҷобулқо Додалишоев, Асғар Ҷонфидо; Ғании Кашмирӣ”Мунтахабот” (Нашриёти “Ирфон” 1978),тартибдиҳанда ва муаллифи муқаддимаву тавзеҳот Абдуллоҷон Ғафоров; Клими Кошонӣ “Гули хурше”,(Нашриёти “Ирфон”, 1985), мураттиб ва муаллифи сарсухан Шамсиддин Нуриддинов; ва Толиби Омулӣ низ ба ҳамин тартиб сирқат карда шудааст. Дар шарҳи луғоти осри зикргардида тавзеҳоту шарҳи луғот ба тавзеҳоту шарҳи луғоти осори қаблан нашргардида мувофиқат намекунад. Гумон меравад, ки “олими мо” ин бахши осорашро стандартӣ барои ҳамаи китобҳояш қаролр додааст.
Мутаасифона, А.М. Хуросонӣ дар ин майдони талаву тороҷи заҳматҳои олимони забардаст ва аз ҳаёт даргзаштаи мо танҳо нест. Соли 2019 “Тӯтинома”-и Зиёддини Нахшабӣ дар таҳияи Содиқи Завқӣ аз тарафи нашриёти “Адабиёти бачагона” ба нашр расид. “Таҳиягар” дар ягон ҷойи китоб манбаи истифодакардаашро нанавиштааст. Ин пурра аз рӯйи “Тӯтинома”-е, ки Шодравон Амрияздон Алимардонов таҳия намуда буд, рӯйбардор шудааст. Пеш аз он, ки ба чунин амал касе даст мезанад, оё аз Худо наметарсад, оё ин ному нони ҳалол аст? Дар кишвари осуда зидагӣ дорад, гумон намекунад, ки қонун рӯзе аз доманаш мекашад? Маъмурияти нашарётҳо ба куҷо менигаранд? Агар маъмурияти нашриётҳо ио осорро бори дигар бознашр намуда муаллифони аслиро зикр кунанд, амри хайру кори савобест.
Барои пеши роҳи чунин амали номатлубро гирифтан мақомоти алоқаманд чораҳои бетаъхиру муассир бояд андешанду ноширони муҳтарам осори аллакай таҳқиқшуда ва қаблан нашргардидаро бо ном ва насаби муалифони аслиашон бознашр намоянд.
Чунин аъмоли номатлуб ба ҷое расид, ки Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар 18 марти соли 2020 ба ҳамин мавзӯи асардуздӣ дахл карда, таъкид намуданд, ки ба мақсади пешгирӣ намудани асардуздӣ (сирқат) дар риёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор ва сабту нигоҳ доштани рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода инчунин, ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ аст.
Тамоми соҳаҳои зидахл бояд, ҳатман, тибқи пешниҳодоти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал кунанд.
Албатта, дар як мақола тамоми амалҳои номатлуберо, ки мутаасифона аз ҷониби як идда «аҳли таҳқиқ» сар задааст, фаро гирифтан хеле душвор аст. Тамоми осоре, ки барои «Китобхонаи мактаб» таҳия ва нашр шудаанд, низ ба ҳамин усул анҷом ёфтаанд. Дар бораи китобҳои дигари таҳиянамудаи чунин “олими матншинос” агар зарурат бошад дар ҷавобномаҳои баъдӣ иттилоъ хоҳем дод.
Алҳақ,
Дар соҳили дарё садафе дида тиҳӣ,
Лоф аз таги дарёву гуҳар, яъне чӣ?!
Сайидхоҷа Ализода, номзади фанҳои филологӣ
бознашр аз "Адабиёт ва санъат" 18.06.2020
№25(2048)
Директори Институти Осиё ва Аврупои АМИ Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ: «Филми «Хиёнат» симои аслии ТТЭ ҲНИ-ро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онро фош сохт»
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи гузариши печидаеро аз сар гузаронид, ки дар саҳифаҳои таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд. Ин давра, торикиеро мемонад, ки аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки бо душманон ҳамроҳ шуданд ва ниятҳои разилонаву амалҳои нопоки онҳоро нисбат ба Ватану миллати тоҷик анҷом доданд. Ин афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро бероҳа намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайни онон ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. Наворҳои овардашуда дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баёнгари гуфтаҳои болост, иброз дошт директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ Ёрмаҳмад НИЁЗӢ дар суҳбат ба АМИТ «Ховар».
Дар идома мавсуф чунин изҳори андеша намуд:
— Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.
Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд.
Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти Осиё ва Аврупо
Филм ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мекунад. Дар қисмати якум оид ба амалҳои терористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, бо далелҳо ва шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунад, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зурӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин росто шоҳидони ҳол, онҳое, ки маблағҳои ҳангуфтро таввассути писари Кабирӣ барои анҷом додани ин амали террористӣ ба Абдуҳалим Назарзода дода буданд, бо далелҳо тасдиқ мекунанд. Рафти ҳодисаҳои рӯи навор омада хиёнати ин гурӯҳи ҷинояткор ва фурухташударо ошкор месозад, ки барои насли имрўзи мо сабақи калони таърихист.
Дар қисмати дуюми филм дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шуданаш роҳандозӣ шудааст, ҳикоят мекунад. Баъди аз пайгирии қонунӣ дар хориҷи кишвар пинҳон шудан, наҳзатиён худро ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, барои “муборизаи сиёсӣ”-и навбатӣ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Тавассути шоҳидони ҳол дар мавриди амалҳои онҳо дар хориҷи кишвар низ факту далелҳои раднашаванда пешниҳод гардидааст, ки чӣ гуна бар зидди давлату миллат фаъолият мебаранд ва мехоҳанд, ки боз Тоҷикистонро ба коми оташ кашанд.
Дар қисмати сеюми филм дар бораи ба дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумот дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чӣ гуна ин сомонаҳо-«Ахбор.ком», «Ислоҳ.нет», «Кимиёи Саодат», “Паём.нет”, “Наҳзат.ру”, ки аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои хусусияти террористидошта эътироф шудаанд, аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразаноки беасос чоп карда, ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.
Дар доираи ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир нест, магар инсони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.
Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Мардуми тоҷик бори дигар мутмаин гаштанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо хиёнати худ ба миллату давлати дар ҷомеа ҷойгаҳ нахоҳад ёфт.
Маводи мазкурро ҳамагон, ба хусус ҷавонони худогоҳу ҳудшиноси кишвар тамошо карданд ва умед дорем, ки онро боз ҳам амиқтару дақиқтар бо идроки қавӣ ва биниши чуқур таҳлил намоянд. Ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, то пеш аз ба ҳар кошона ва остонае по ниҳодан сараввал андеша намояд. Ин таҳлилҳои мо баҳри такмил додани насли наврас, ободии кишвари азиз ва рушду нумӯъ ёфтани сарзамини мо мебошад.
Хиёнат ба гуфтаи Акбар Турсон, ин аст, ки «хиёнатро ба номи худаш хиёнат гуфтан даркор аст, ин вожа синоними берангу беҳарорат аст! Субъекти хиёнат багона ё бегона, ғадрро дониста кард ё надониста, муродаш нек буд ё бад, илаташ ҷаҳолати таърихӣ буд ё разолати шахсӣ, таконаш аз дарун буд ё берун, барои пасиниён фарқе ё тобише надорад».

