КОРОМӮЗИИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дар Донишгоҳи Ҷопон
Таҷрибаи ҷаҳони имрӯза собит намудааст, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди илм – омода намудани кадрҳои ҷавони баландихтисос мебошад, зеро онҳо ҷузъи меҳварӣ ва муҳаррикони асосии ҷомеаи мутамаддини муосирро ташкил медиҳанд. Аслан, имкониятҳо барои ба таври миқёсан васеъ ва ба таври бунёдӣ боз ҳам афзудани суръати рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ зиёд аст, барои ин танҳо корбарии саҳеҳу мукаммал ва ҷавонони боинтизому лаёқатманд лозим мебошанд. Масъалаи ташкил намудани дастгирии чунин равандҳо бошад, ҳалшаванда аст, агар шартҳои номбаршуда амалӣ гарданд, яъне – тавассути ба роҳ мондани ҳамкории саҳеҳу самаранок бо марказҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон ва интихобу омода карда тавонистан ҷавонони ҳам аз ҷиҳати тартибу эҳтиром ва ҳам аз ҷиҳати донишу малака масъулиятдошта.
Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои илмии сатҳи баланди байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад. Омода намудани кадрҳои соҳаи физикаю техника дар институт бо риояи талаботҳои баланд ба роҳ монда шудааст, оғоз аз мустаҳкам кардани дониш ва малакаҳои базавӣ то ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, ҳам аз ҷиҳати назарияӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ. Ба баробари ин, аз ҷумлаи талаботҳои қатъиро интизоми намунавӣ ва иштирок дар корҳои созандаи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад, ки унсурҳои муҳими раванди омода намудани на танҳо олими варзида, балки шахсияти мукаммал низ мебошанд.
Ин буд, ки якчанд соли охир институт бо як қатор марказҳои илмии кишварҳои ҷаҳон ҳамкории дуҷонибаро вобаста ба бурдани таҳқиқоти ҳамҷоя ба роҳ мондааст. Дар ин раванд, шарти асосиро сатҳи ташаккулёбии олимони ҷавон ташкил медиҳад, ки яке аз талаботи калидӣ ва ҳалкунандаи марказҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад. Зеро мақсади асосии мароқ зоҳир намудани фондҳои байналмилалӣ ва ҳамкории илмӣ – ҳосил намудани натиҷаҳои илмии дар бозори ҷаҳонии технологияҳои баланд рақобатпазир мебошад. Яъне ҳар як лоиҳаи ҳамкорӣ аз ҷониби фондҳои илмии кишварҳои хориҷӣ танҳо дар он сурат маблағгузорӣ мешавад, агар натиҷаҳои илмии дар ҳақиқат арзишманд ҳосил карда тавонем. Ба даст овардани чунин сатҳи натиҷаҳо бошад танҳо бо иштироки ҷавононе, ки интизоми баланду, иродаи қавӣ ва дониши чуқури муосири соҳа (физикаю техника, риёзиёт, технологияи муосири барномасозӣ) доранд, амалишаванда мебошад.
Айни ҳол 2 нафар аз олимони ҷавони институт дар самти таҳқиқ, оптимизатсия ва синтези нанокомопозитҳои таркибии унсурҳои лавҳаҳои офтобии насли нав дар лабораторияи департаменти илмҳои фундаменталӣ ва Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио, таҳти дастгирӣ ва роҳбарии илмии профессори донишгоҳи мазкур Т.Ямомото дар коромӯзии 20-рӯза қарор доранд.
Ҷопон дар самти рушди нанотехнология ва истеҳсоли маҳсулоти наносаноатӣ кишвари пешсаф дар миқёси ҷаҳон мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯхтани таҷрибаи олимону мутахассисони кишвари мазкур барои ҷавонони тоҷик потенсиали бебаҳои амалӣ ва назариявӣ дорад. Ҳоло раванди ҳамкории институт бо донишгоҳи кишвари мазкур рушд ёфта истода, моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ, дар назар дошта шудааст, ки боз 2 нафар олимони ҷавони институт ба лабораторияҳои ин донишгоҳ барои коромӯзии думоҳа ирсол мешаванд.
Раванди коромӯзии унвонҷӯи соли якуми институт (Олимов А.) дар лабораторияи илмии Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио
Тавзеҳот илова шавад
НАҚШИ ТАЪРИХ ДАР ТАЪМИНИ БАҚОИ УМРИ МИЛЛАТ ВА ТАҚВИЯТИ АНДЕША ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода, ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихор ва эҳсоси ватанпарастӣ аст, ба вуҷуд оварда шудаанд.
Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои ташаккул, шинохт ва рушди андешаи миллӣ ба вуҷуд овард. Мафҳуми «истиқлолият-соҳибихтиёрӣ» меҳвари консепсияи ғояи миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрӣ яке аз омилҳои муҳими тавлидкунандаи худшиносӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқу густариш додани ғояи миллӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин баён доштаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Баъди ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар раванди устуворгардонии Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати демократӣ Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидааст. Ҷумҳурии нав соҳибистиқлол гардидаи Тоҷикистонро буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ фаро мегирад ва ноумедӣ аз арзишҳои пешинаи маънавӣ ва ғоявӣ, озодии маънавию озодбаёнӣ ва ғайра ҷомеаро ба ҷанги шаҳрвандӣ мекашанд. Дар якҷоягӣ ҳамаи ин омилҳо ваҳдати миллӣ ва муттаҳидиву якдилии байни тоҷиконро аз байн мебаранд ва қувваҳои беруна мехостанд давлат ва миллати тоҷиконро ба нестӣ баранд ва ҳадафҳои нопок ва муғризонаи худро амалӣ гардонанд, ки таърих худ гувоҳ ва пайгири ҳамаи он мебошад.
Қувваҳои беруна дар ин кор мехостанд аз бехабарии як зумра ашхос аз таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои инсонпарваронаи диниву мазҳабии хеш истифода баранд ва Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат кашанд. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият расида буд ва барояш дастоварди бебаҳо маҳсуб меёфт, аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ басо хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷикон ба миён омада буд. Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин, ки пояҳои давлату ҳукумат хароб гардида буд, фарзанди барӯманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бурду боши миллатро ба зимма гирифт. Ин абармард ба оини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон такя намуда, пойдевори сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро дар асоси он бунёд намудааст.
Баъд аз музокироти тӯлонии ҳукумати қонунӣ ва собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ дар шаҳрҳову давлатҳои гуногун баргузор гардиданд ва қариб чаҳор сол идома ёфтааст, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуда ва он ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.
Бо кӯшишу талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардид ва он имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии тоҷикон мустаҳкам карда шуда, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуни бузург ва фарҳанги беназири қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Иқтисод ва сиёсати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба эътидол дароварда шуда, Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо роҳи нави тараққиётро пеш мегирад.
Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва арзиши таърихии он барои миллат ва давлати Тоҷикистон бузург аст ва ваҳдати миллӣ дар ҳамбастагӣ бо мардуми Тоҷикистон татбиқ ёфтааст.
Мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” вобаста ба ақалият ё гурӯҳе нест, мафҳуми фарогири аксарият ва тамоми қишри ҷомеа аст ва дар чаҳорчӯбаи он миллат фаро гирифта мешавад. Ваҳдати миллӣ ғояи сартосарист ва яке аз омилҳои асосии бақои миллат ва рушду нумуи давлат мебошад. Тамоми пешрафтҳои давлат маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба амал оварда мешаванд.
Бо гузашти вақт “Ваҳдати миллӣ” ҳамчун ғояи муттаҳидкунандаи миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ, табдил ёфтааст ва ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки тамоми қишри ҷомеаро ба ҳам оварда ва барои расидан ба зиндагии шоиста дар ҷомеаи қонунсолорӣ мусоидат мекарда бошад, вуҷуд надорад.
Дар баробари устувор гардонидани ғояҳои олии тақдирсоз - истиқлолият ва ваҳдат дар таъмини бақои умри миллат хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро низ дар ҷойи аввал гузошт. Имрӯзҳо пайваста бо густариши “Истиқлолияти давлатӣ” ва пойдории “Ваҳдати миллӣ” худогоҳиву худшиносии миллӣ боло рафта, зарурати тарҳрезӣ ва коркарди рукнҳои асосии андешаи миллӣ рӯи кор омадааст.
Миллати тоҷик таърихи дерина дорад ва тамаддуну фарҳанги он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Омӯхтану аз худ кардани таҷрибаҳои пешқадами тамаддуну фарҳанги ниёгон барои муайян кардани принсипҳои асосии андешаи миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Мову шумо огоҳ ҳастем, ки мардуми тоҷик аз ҷумлаи аввалин тамаддунофарон, нахустин соҳибкитобон ва муаллимин мебошанд.
Дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст, чунки фаъолияти сиёсии ин шахси бузургро бе андешаи миллӣ, аз қабили истиқлолият, ваҳдат ва худогоҳиву худшиносии миллӣ наметавон тасаввур кард, зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори асил аз рӯзҳои аввал ба ҳифз ва бузургдошти оини давлвтдории миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пардохтааст.
Дар шароити душвори ташаккули давлатдории тоҷикон ва фазои нави маънавӣ бо мақсади муайянсозии равандҳои муосири давлатсозии муосири тоҷикон шинос намудани мардум ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик заминаи муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд, ки “мо ба таърих ба хотири эҳёи он дар аслаш муроҷиат намекунем, балки мо бо мақсади эҳё намудани рӯҳи созандагиву бунёдкории ниёгонамон ва зиндагардонии хотираи падарон ва бобоёни худ муроҷиат менамоем ва ба ин васила дар ниҳоди мардумамон ҳисси худшиносиву ватанхоҳиро ташаккул медиҳем”.
Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ худ ин як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ оварда мерасонад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақидаи ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегарданд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дарҷ намудаанд: “Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд”.
Яке аз роҳҳои зуд ба худшиносӣ ва асолати миллӣ расидани мардуми тоҷик низ ин, пеш аз хама, омӯхтани осори гузаштагон ва таърихи миллати худ мебошад. Дар осори гузаштагон қимати ҳар як санги Ватанро дарк кардан мумкин аст. Гузаштаи миллат, нишебу фарозҳои онро дониста, баҳри ояндаи он бояд талош варзид. Чунки гузашта оинаи сабақ аст. Таърихи миллати худ, урфу одат, одобу рафтор, умуман тамоми хусусиятҳои миллии кишвари худро донистан ва баҳри ободии он фидокор будан нишонаи худшинос будан аст. Худшинос будан низ нишонаи ватандорист.
Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ махдуд нашуда, дорои чаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халкҳои дигар низ огаҳ бояд бошад. Беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омӯхта, барои пешрафти миллату давлати худ истифода намояд. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки худро ба дигар халкҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст”.
Маҷрои пурталотуми таърих ҳамеша гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад, ҳалқаи васли наслҳо, халқҳо ва давлатҳоро мустаҳкам менамояд ва роҳро ба сӯи оянда равшан месозад.
Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии миллӣ маҳрум мебошанд ва зуд фирефтаи фарҳанги халқу миллатҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон натанҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд. Зеро маҳз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани таърихи давлату миллат, коста гаштани ахлоқ, набудани ҳисси ифтихори милливу ватандорӣ ба як гурӯҳ ифротгарон имконият дод, ки дар рӯзҳҳои аввали соҳибистиқлолӣ, тоҷиконро, ки он қадар таҷрибаи бои сиёсӣ надоштанд, ба вартаи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ бикашанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ низ хотиррасон менамоянд, ки яке аз камбудиҳои солҳои навадум, ки сабабгори ҷанги шаҳрвадӣ гардида буд, “дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор мондани миллати тоҷик буд”. Пешвои миллат роҳнамоӣ мекунанд, ки дар давраи кунунӣ “сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан ..., инчунин сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пӯхтаву дурандеш месозанд”.
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров, китоби безаволи “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад ва карда ҳам шуд.
Пешвои миллат дар ин асно чунин таъкид намудаанд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ, бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ, мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.
Ҳар як нуктаи “Тоҷикон” ватандӯстиву шарафмандиву хештаншиносиро талқин менамояд ва дар баробари дастраси омма гардонидани ин шоҳасар Пешвои миллат зарур донистаанд, ки “мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем”. Инчунин Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки “мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.
Инчунин, бо ин мақсад Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «7» июли соли 2022, таҳти №АП-227 оид ба дар соли 2023 гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бароварда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби арзишманди академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.
Ин иқдоми Пешвои миллат иқдоми хирадмандона буда, андешаи миллиамонро ба мақсад мувофиқтар месозад. Миллати тоҷик миллати куҳанбунёб буда, омӯхтани таърихи ин миллат вазифаи ворисони он - ҳар яки мо тоҷикон мебошад ва дар ин самт бояд бетараф набошем!
Дар фазои амну субботи Тоҷикистон, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, мо аҳли зиё тарғибгари арзишҳои андешаи миллӣ бояд бошем ва ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламонро, ки нерӯи пешбаранда, ворисони асили миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони маҳбубамон ҳастанд, дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Ин тақозои замон ва вазифаи ҳар як шахси хештаншиносу бозаковат аст.
Чуноне ки ҳазор сол муқаддам таърихшиноси тоҷик Абулфазли Байҳақӣ гуфта аст: “Нахустин сифати инсони хуб он бошад, ки бишносад зоти хеш, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт, ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонад донист”.
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАНРО АЗ МОДАР ОМӮХТЕМ
Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар хеле олӣ мебошад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд. Чунин ибрози андеша намуд доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров вобаста ба Рӯзи Модар.
— Вақте сухан дар бораи муқаддасоте, ба мисли Ватан-Модар меравад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин ду арзиши воло барои ҳар тоҷик бо самимияти хос, эҳсосоти ба дигарон таъсирбахш сухан мекунанд. Ман фикр мекунам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанпарастиро аз Модари бузургашон омӯхтаанду мерос гирифтаанд ва ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Ватанро ҳамчун Модар дӯст доштану Модарро ҳамчун Ватан иззату эҳтиром кардан — ин аст тоҷиквор дӯст доштани мамлакат, ки намунаи онро дар фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.
Агар ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас мебинем, ки модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзамини худ мебаромаданд.
Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик шикаст дод.
Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсонии мутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва аз кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ таҳсил кардан, фаъолият кардан дар корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорӣ кардан барои занони тоҷик манъ аст. Ба сифати далел муттаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба ақидаҳои ифротии динӣ дар ҳама давру замон ба зан ҳамчун шахси дуюмдараҷа муносибат мекунанд, бехабар аз он ки ба занон ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намудан ба онҳо имконияти таҳсил ва фаъолият надодан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро надодан- ин ба нестӣ бурдани миллат аст. Танҳо миллатҳое, ки ба модар ва занони худ ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо, соҳиби саодати комил хоҳанд буд.
Саломати зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва занони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими соҳибистиқлолии давлат сазовор ҳастанд, ки дар радифи муқаддасоти миллӣ ҷой гиранд.
Боре дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат дар бораи Модари худашон нақл карда, гуфтанд: «Модарам ҳар саҳар, дар зимистон барои фарзандаш субҳона тайёр мекард. Аз маҳсулоти одии дастрас, то шиками фаразанди худро сер кунаду ӯро ба мактаб гусел кунад. Дар ҳавои хунуки зимистон Модар мумкин худаш гурусна мегашт, аммо ба фарзанди худ хӯроки гарм муҳайё месохт…».
Ман фикр мекунам, ин аст нишонаи олии қаҳрамонии модари тоҷик, ки меҳрубон аст, пуртоқат аст, иродаи бузург дорад ва тамоми ҳастияшро баҳри таъмини саодати фарзанду оила равона сохтааст… шабонарӯз, бе танаффус, солҳои тӯлонӣ…. Занони тоҷик ҳам масъулияти оиладорӣ бар дӯши худ доранд ва ҳам дар сохторҳои давлатӣ дар баробари мардон фаъолият мекунанд.
Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро ба он равона сохтаанд, ки барои занони тоҷик дилхоҳ шароитро барои таҳсил ва фаъолият фароҳам оваранд. Бо ибтикори Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гашта, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз ин ду соҳаи муҳим, ки барои тавлиди сармояи инсонӣ масъул аст, бо иқтидори занону духтарони тоҷик фаъолият карда истодаанд.
Тибқи маълумот имрӯзҳо дар соҳаи маорифи мамлакат 73% , тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ- 67 % ва фарҳанг- 51% занону духтарони тоҷик фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соҳаҳои гуногуни илмии мамлакат 104 нафар доктори илм ва 1124 нафар номзади илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.
Мояи ифтихор аст, ки аввалин доктори илмҳои фалсафа аз байни бонувони Осиёи Марказӣ маҳз зани тоҷик Мунзифа Ғаффорова мебошад, ки дар давраи пеш аз истиқлолияти давлатӣ рисолаи илмии худро ҳимоя намудааст.
Имрӯз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар соҳаи рушди илмҳои ҷомеашиносӣ, хусусан илмҳои фалсафа мо даҳҳо нафар пайравони Мунзифа Ғаффороваро дар Тоҷикистон дорем. Дар ин радиф докторони илмҳои фалсафа, профессорон Зарина Диноршоева, Насиба Содиқӣ, Махфират Хидирзода, Муҳиба Маҳмадҷонова, Зулайхо Усмонова ва садҳо нафар зан -номзади илми фалсафаро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамагон маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳиби дараҷаву унвонҳои илмӣ гаштаанд ва дастпарварони мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар соҳаҳои дигари илми тоҷик- физикаву химия, таъриху филология, сиёсатшиносӣ ва иқтисод, тиб ва биология айнан ба мисли илмҳои фалсафа даҳҳо нафар зани тоҷик — доктор ва садҳо нафар номзади илм фаъолияти пурмаҳсул дошта, дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Рустам ҲАЙДАРОВ
доктори илмҳои фалсафа,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ШАРҲИ АСРОРИ ТАБИИИ НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ
Ҷонмуҳаммадӣ А.И.
Наврӯз бузургтарин ва зеботарин ҷашни муқаддаси миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан ҳам, сухани тоза аз Наврӯз гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, халқи тоҷик ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён ва дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Бояд тазакур дод, ки дар осори бузургони мо низ ба амсоли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадима будани Наврӯз далолат медиҳанд. Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни ниёгони мо Наврӯз ин бо пешниҳод ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сараввал 30 сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода шуда ва баъдан 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда мешавад, аз он рӯз то ин ҷониб ҳамасола онро 21 март дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд. Доир ба таҷлили Наврӯз Абурайҳони Берунӣ донишманд ва нобиғаи тоҷик дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”.
Фарорасии Наврӯз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ва қисмҳои дигари вақтро дар давоми шаборӯз аз рӯи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори (ҷойивазкунӣ парандагон) ҷонварон муайян мекарданд. Аз ҳисоби он, ки сарзамини мо аз талу теппа ва кӯҳҳо бой аст, асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рӯи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои онҳо, дарахтони куҳансол, сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” ва қуллаи ду кӯҳе аст, ки Офтоб онҷо “Лона” мегузорад. Дар замонҳои қадим одамон асосан барои таъмини ниёзмандии рӯзгор ва хонаводаи хеш сароғоз ба чорводорию ғаллакорӣ ва корҳои саҳрогӣ машғул буданд. Барои ин одамон тавассути омӯхтани мавқегирии ситораҳо, офтобу Моҳ нисбати ҷирмҳои дигари осмонӣ, фаслҳои сол, фасли киштукор ва дигар ашёҳои лозимаро муайян менамуданд. Онҳо зимни сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигар, баҳрнавардӣ, саёҳат ба мамлакати дигар, тиҷорат ва дигар корҳои рӯзгор, ҳамчунин барои муайян намудани вақт, самти ҳаракат (роҳ) ё ки тарафҳои зарурӣ барои сафар, шабонгоҳ аз мавқеъгирии ситораҳои осмон истифода мебурданд. Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Гузариши ҳаёти инсон низ дар вақт ҷараён мегирад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои даврӣ, аввал, бо камбудӣ бошад ҳам ҳисоби вақтро фаҳмида буданд. Ҳазорсолаҳо пеш дар ибтидои маданияти инсонӣ тақвимҳои оддитарин, ба монанди ҳисоби панҷрӯза, дар асоси панҷ ангушти дасти инсон сохта шуда буд ва баъдтар вобаста ба даҳ ангуштони ду даст «ҳафтаи даҳрӯза», ки аз даҳ рӯз иборат буд, пайдо шуд. Мардумони давраи баъдӣ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаракати моҳтоб дар атрофии Замин ва ивазшавии шакли зоҳирии он, ки мо бо чашми оддӣ дида метавонем, вақтро ҳисоб менамуданд.
Акнун камтар доир ба рӯзҳои сол, ҳафта ва шабонарӯз маълумот медиҳем, ки барои чӣ ҳафта маҳз аз ҳафт рӯзу сол 365 рӯзу шабонарӯз 24 соатро дар бар мегирад. Дар боло, чӣ хеле, ки қайд кардем, ҳафтаҳои даҳрӯзаву панҷрӯза буданд, вале аз бас ки дар тасаввуроти қадимиён сайёраҳо ҳамчун худоҳо нақш баста буданд, барои ибодати онҳо як рӯзиро ҷудо намуданд. Азбаски он вақт танҳо ҳафт сайёра маълум буд, Офтоб (он вақт Офтоб ва Моҳро ҳам ба қатори сайёраҳо дохил мекарданд, зеро системаи геосентрикӣ ҳукмрон буд), Моҳ, Аторуд, Зӯҳро, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал, яъне барои ибодати онҳо ҳафт рӯз даркор буд ва баъд аз он такрор мешуд. Дар аввал як сол аз 360 рӯз иборат буд, яъне онҳо ҳаминхел ҳисоб мекарданд, аз ин ҷост, ки қимати кунҷи гардиш аз 0° то 360° аст. 1° - ин кунҷе буд, ки Офтоб дар давоми як шабонарӯз дар гирди Замин тай мекард. Лекин ҳисобҳои дақиқ нишон доданд, ки сол аз 360 рӯз неву аз 365,2422 шабона рӯз иборат аст, аммо қимати кунҷро тағир надода, ҳамон хел қабул карданд.
Наврӯз аз назари илми астрономия рӯзест, ки зоҳиран Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Ана ҳамин экватори кураи осмон ва ҳамвории эклиптика ҳамдигарро мебуранд. Миқдори нуқтаҳои буриши ин ҳамвориҳо дар як хати рост мехобанд ва Замин аз рӯи мадори худ ҳаракат намуда ин хати ростро дар ду нуқта мебурад, ки ин нуқтаҳоро дар илми астрономия нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ меноманд. Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ оғози якхелаи фаслҳои сол дар астрономия ба ҳисоб мераванд.Тири чархиши Замин ба ҳамвории эклиптика перпендикуляр нест, яъне моил аст. Кунҷи байни ҳамвории эклиптика ва тири чархиши замин 23°36' –ро ташкил медиҳад. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб рӯй медиҳад, масалан ивазшавии фаслҳои сол, шабонарӯзи шашмоҳа дар минтақаҳои назди қутбӣ ва ғ.
Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаҳои муҳим мегузарад, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз 20 то 21 март ба вуқӯъ меояд. Сабаби асосӣ мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад. Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд. Масалан, 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония дарозтар аст.
Дар соли 2023 тибқи ҷадвали астрономӣ сайёраи Замин рӯзи 21 март соати 02h:30m дақиқаи бо вақти маҳаллии Тоҷикистон аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Барои мо ин вақт ҳамчун Наврӯз машҳур аст. Боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолї «оғози баҳори астрономӣ шурӯъ мегардад».
Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизи Наврӯз арзонӣ медорад. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Сарвари давлат кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.
МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ РӮЗИ МОДАРОН
Имрӯз дар санаи 07.03.2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба Рӯзи Модарон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Ҷаласаро президенти АМИТ, академик ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувони АМИТ - ро бо Рӯзи Модарон табрик намуд.
Ҷиҳати дилхушии бонувон дар ҷаласа ҳазлу шухӣ, қироати ашъори бахшида ба садоқати бонувон ва ҳунармандии овозхонҳои хушсалиқа роҳандозӣ гардид.
Ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Рӯзи Модарон ба ҳамаи бонувону занон, қабл аз ҳама ба Модарон хуҷаста бод!