joomla
free templates joomla

Иштироки президенти АИ ҶТ дар чорабинии бахшида ба 290 солагии Махдумхулии Фироқӣ

Субҳи имрӯз (29.04.2014 с.)  дар толори бинои Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ташабусси Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон конфренсия доир ба 290 солагии шоир ва мутафаккири Туркманистон Махдумхулии Фироқӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки конфронсро Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Консерваторияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Дӯстии Туркманистону Тоҷикистон ташкил намуданд.

Таҷлили Рӯзи илм дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тачлили Рузи илм дар АИ ЧТИлм ба мисли машъали фурӯзонест, ки пеши назари инсон уфуқҳои нави тараққиётро барои чандин асрҳо мекушояд, ба ниҳонхонаи пуръасрори кайҳони бекарон рӯшноӣ меандозад (Эмомали Раҳмон).

 Чун ҳамасола дар Тоҷикистон   сешанбеи, хафтаи сеюми моҳи апрел «Рӯзи илми тоҷик» ҷашн гирифта мешавад.

Субҳи  имрӯз (21.04.2014)  аз ҷониби олимону аҳли кормандони Академияи илмҳо дар боғи устод Айнӣ гузоштани гулчамбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик чун С.Айнӣ, Б. Ғафуров, С.У. Умаров, ва М. Осимӣ сурат гирифт.

    Сипас дар Раёсати Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи илм дар бинои машваратии АИ ҶТ баргузор гардид.

БОЗДИДИ САФИРИ РУСИЯ АЗ АИ ҶТ

Имрӯз (09.04.2014 с.) Президенти  Академияи  илмҳои  ҶТ  Фарҳод  Раҳимов  бо  Сафири  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор  Лякин – Фролов мулоқот  анҷом  дод. 

Сафири Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон  дар  ҷараёни  мулоқот  аҳамияти  хосаи  ҳамкории  байни  Тоҷикистону  Русия   дар  бахши  илму  маорифро  қайд  намуд.  Зикр шуд, ки  тайи  солҳои  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  илму  маорифи  байни  ҳар  ду  кишвар   беш  аз  100  созишнома   имзо  шуда,  дар  давоми  се  моҳи  охир  40  нафар  олимони Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  барои  иштирок  дар  чорабиниҳои  мухталиф  ва  конфронсҳои  илмӣ  ба  Русия  фиристода  шуданд.

ЁДБУДИ ШОДРАВОН АКАДЕМИКИ АИ ҶТ

АБДУСАЛОМОВ ИСЛОМ АБДУРАҲМОНОВИЧ

(1929-2014)

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андӯҳи бузург хабар медиҳад, ки 7 апрели соли 2014 доктори илмҳои биология, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон АБДУСАЛОМОВ ИСЛОМ АБДУРАҲМОНОВИЧ баъд аз бемории кӯтоҳмуддат  дар синни 85-солагӣ аз олам чашм пӯшид. 

Абдусаломов Ислом Абдураҳмонович соли 1950 факултаи биологӣ-хокшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм намудааст. У соли 1972 дар соҳаи орнитология рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1976 узви вобаста ва соли 1997 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

МАРКАЗИ НАВИ ҲАВОСАНҶӢ ДАР ВАРЗОБ

Дирӯз (08.04.2014с.) дар стансияи кӯҳии ботаникии Кондараи Варзоб марказ барои санҷидани вазъи гуногуни обу ҳавои ҷумҳурӣ кушода шуд.
Дар чорабинӣ ҷиҳати ба истифода додани маркази мазкур Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҳикмат Ҳисориев, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИТ, Абдусаттор Саидов, директори Институти зоология ва паразитологияи АИТ ва дигар масъулини соҳа иштирок доштанд.