НАВРӮЗИ СУЛҲОФАР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОВУ ҚАЛБҲО
Наврӯз зи шуҳрати каёнӣ шояд,
Пирест, ки ҳамвора ҷавон меояд.
Бо Ҷоми Ҷаму ратли гарон меояд,
Аз базми шукуҳи Ориён меояд.
Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашнест қадимиву дӯстдоштанӣ. Дар бораи таърихи пайдоиш ва давраҳои таназзулу густариши ин ҷашни фархунда муҳаққиқони пешиниён ва имрӯзу фардо зиёд навиштаанду боз хоҳанд навишт.
Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Воқеан ҷашни Наврӯз, ки дар фасли зебои сол - Баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш қалбҳоро шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигоштаст:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.
Дар ҷое дигар Фахруддини Гургонӣ чунин тасвироти зебоеро рӯи варақ меорад:
Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,
Чу бошад тирашабро оқибат рӯз.
Чу лашкаргоҳ зад хуррам баҳорон,
Ба дашту кӯҳсору ҷӯйборон.
Ҷаҳон аз хуррамӣ бӯстон шуд,
Замин аз некуӣ чун осмон шуд.
Ҷаҳони пир барно шуд дигар бор,
Бунафша зулф гашту лоларухсор.
Мувофиқи ривояти маъхазҳои таърихӣ дар давраи подшоҳии Каюмарс баробаршавии шабу рӯзро кашф карданд ва ба ибтидои ҷашни Наврӯзи Аҷам ва солшуморӣ дар ин айём замина бунёд намуданд. Аз сарчашмаҳои муҳим барои шинохти Наврӯз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём мебошанд. Таърихи пайдоиши Наврӯзро Фирдавсии бузургвор дар асари бегазанду безаволи худ чунин арз медорад:
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд.
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Шоири бузургу файласуфи мо-Умари Хайём дар «Наврӯзнома»- и худ менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд...». Ҳамзамон рубоиҳои дар васфи Наврӯз сурудаи шоир содаву файласуфона ва беназиранд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
***
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст
Аз дай, ки гузашт, хар чӣ гӯӣ хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ бозгӯи онанд, ки ин ҷашн чи дар дарбор ва чи дар байни оммаи мардум бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Подшоҳон хайру саховатмандӣ, адлу додгустариро пеша мекарданд, базмҳо меоростанд ва барои писандтарин қасида ва мадеҳаҳои наврӯзӣ ҳадяҳо мебахшиданд. Байҳақӣ менависад «Рӯзи панҷшанбе ҳаждаҳуми моҳи ҷимодиюлохар Амир (Султон Масъуд) ба ҷашни Наврӯз нишаст ва ҳадяҳо бисёр оварда буданд ва таклиф бисёр рафт ва шеър шунид аз шоирон, ки шодком буд ва фитрате наяфтод ва хилъат фармуд ва мутрибонро низ фармуд ва Масъуди шоирро шафоат карданд, сесад динор фармуд. Ин бахшоишҳо гоҳ ба андозае буд, ки метавонист шоиреро тавонгар созад».
Олим ва донишманди асрҳои гузашта Абӯрайҳони Берунӣ низ дар асараш «Осор-ул-боқия» чунин нигоштаааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва инчунин дар асари дигари худ «Ат-тафҳим» бошад, навиштааст, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».
Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи замин табдил ёфта, мақоми он дар фарҳанги тоҷику мардуми форсзабон ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ хамнавоӣ бо табиату замин, нерӯи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ягон боду газандҳои рӯзгору зарбаҳои таърих натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси ба он мутааллиқро аз байн бубаранд.
Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандононаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор, урфу одат, расму оини миллии ниёгонамон ва арзишҳои муқаддасоти аҷдодиамон дар симои Наврӯзи Аҷам дубора эҳё гашта ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», мегӯяд:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.
Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Адабиётшинос Нуралӣ Нурзод, ки дар шеъру шоирӣ ҳам дар байни мардум маҳбубияти хоса дорад, оид ба хусусияти умумибашарӣ касб кардани Наврӯзи оламафрӯз моҳирона мегӯяд:
Эй дӯст, муборак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Гул бар сари торак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ҳафт шин шакаромез бар сини саҳар овез,
Хафт чин қаторак шуд, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Дар гулварақи идӣ бо кӯзаи оби ишқ,
Ёсину таборак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Ҷӯши суманак ҷӯшад, гулҷӯш таманное,
Ҷӯшидаи борак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Аз чакрачаки борон рӯяд гули наврӯзӣ,
Ҳар чакра чаковак бод. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Воқеан Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гушаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад. Шоири маҳбубу машҳури замони мо Фарзона Наврӯзро ба «Ҷони Ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:
Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Хуршед сетор асту се маҳ корбаро кард,
Мо, чилланишинон, нахи ӯ соз намудем.
Хуршедтарин, субҳтарин хотираҳоро
Аз дуртарин панҷара овоз намудем.
Андози баҳор аст напардохта ҳоло,
Бо он ки адои ҳама андоз намудем.
Он ҳавсалаҳои фалаҷи коғазии мо
Чун бодбарак буду фалактоз намудем.
Эй сифр, аё «О»-и муаззам ба сириллӣ,
Ояндаи худро зи ту оғоз намудем.
Хулоса, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он то ҳол манзалати худро гум накардааст, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муққаддас шуморему ёдгор бимонем.
Дар фарҷом аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки чунин таманниёти зебоеро барои мо тасвир кардааст, ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фархунда муборакбод гуфтанӣ ҳастам:
Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод!
Гулҳо, ки миён бандад, бар ҷумла чаҳон хандад,
Эй бар гулу сад гул хандида муборак бод!
Хубон чу рухат дида, афтодаву лағзида,
Дил бар дари ин хона лағзида муборак бод!
Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзи чунин борон борида муборак бод!
Бе гуфти забони ту, бе ҳарфи баёни ту
Аз ботини ту гӯшат бишнида муборак бод!
Шоира Холиқова,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Тавзеҳот илова шавад
Академик имрӯз зодрӯз дорад

АНДЕШАҲО БОБАТИ ПЕЧИДАГИИ ИЛМ
БО СИЁСАТ
ё худ мушоҳидаҳои судманд ҷиҳати пажӯҳиши макони бадеӣ ва замони беҳудуд дар пиндорҳое, ки мероси хаттии марбут ба илми адабиётро ташкил медиҳанд...
“Ҳеҷ чиз барои мубориза алайҳи меланхолик чун грамматика хидмат намекунад”.
Эмил Мишел Чоран (Сьоран)
Ҳадаф дар ин навишта академик Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз мебошад, ки тавассути муаррифии осори илмии ӯ ҳамоҳангии илму қудратро метавон баррасӣ намуд. Номбурда баъди хатми Донишгоҳ ба илми филологӣ рӯйоварӣ карда, дар муҳити илмии донишгоҳӣ ба таҳқиқу таҳлилҳои илми адабиётшиносии муосир пардохт. Агарчи таваҷҷуҳ ба улуми филологӣ дар ҷаҳони муосир кам шуда бошад, аммо дар кишвари мо бобати баррасиҳои имии адабиётшиносӣ шавқу шаҳомати он афзудааст. Суоли матраҳ низ аз ҳамин бармеояд, ки чаро дигар милал ниёзҳои худро ба баррасиҳои вижагии илми адабиётшиносӣ кам кардаанду тоҷикон ниёзҳояшонро ба улуми мазкур афзудаанд? Ба ин пурсиш ҳангоми пажӯҳиш дар афкор ва осори донишмандони тоҷиктабор посух метавон ёфт, чунки аз Рӯдакӣ шурӯъ шуда, ба таҳқиқи кунишу вокуниши шоире мисли Шамсуддин Шоҳин анҷом мепазирад, лекин ҳар як намояндаи адаби миллӣ дар назму наср бо ҳикмат ва улуми ҷомеашиносӣ пайванд буда, ғайр аз мушкилиҳои илми филологӣ боз фалсафа ва ҳикматро дар бар кардааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба илми адабиётшиносии ватанӣ имрӯз боқӣ монда, пажӯҳишҳои илмӣ дар ин замир беш аз пеш мушоҳида мешавад.
Академик Раҳмонзода қариб дар ҳамаи тадқиқоти назарраси хеш ба маърифати замон пайвастагӣ дошта, дар пояи баррасии андешаҳои шахсиятҳои таърихӣ ба дилхоҳ мавзӯъ муроҷиат кардааст. Масалан, зимни баррасии адаби асотирӣ ҳудудро як сӯ гузошта, мавзӯи зайлро дар марзҳои беҳудуд таҳқиқ менамояд. Ин ҳадафро номбурда дар як ҷумла инъикос кардааст: “Рӯҳи миллии санъаткори ҳақиқӣ башардӯстона аст” .
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҳамосаи миллии мавсум ба “Шоҳнома”, ки ба қалами Ҳаким Фирдавсии Тусӣ тааллуқ мепазирад, дар нигоҳи Раҳмонзода А.А. арзишмандтарин нигораи ҷаҳонист ва имрӯз ҳамосаи мазкур дар қитъаҳои мухталиф сайри маънавии хешро идома медиҳад. Оид ба пиндорҳои асотирӣ ва иртибот пайдо кардани онҳо бо ҳақиқати таърихӣ муҳаққиқ ҷиҳати баррасии рӯҳи баду неки гузашта иктифо намуда, ба худ иҷоза медиҳад то ин баҳогузориро бар дигарон ироа намояд: “Аз ин пиндошти асотирӣ муносибати шоир ба гузашта ва таърихи он ошкор мегардад. Дар ин биниши асотирии Фирдавсӣ замон беҳудуд мебошад, танҳо перомуни макони бадеии “дарахти барӯманд” ҳамчун шакли рамзии Коинот ва мавҷудоти қадимияти фосилаи замониро дар таркиби матни байт муайян намудан мумкин аст, ки низ арзиши асотирӣ дорад. Пас, Фирдавсӣ танҳо ба хотири эҳтироми бузурге, ки ба халқаш дорад, майл ба сӯи ҳаводиси гузашта менамояд ва беҳтарин лаҳзаҳои онро дар “Шоҳнома”-и худ ҷойгузин мегардонад” .
Воқеъан, омили асосии рӯоварии донишмандони тоҷик ба асотир ва мероси хаттии сӯзонидашуда аз сӯи аҷнабӣ, амиқтараш ғосиб эҳёи фикри миллӣ тавассути аз нав навиштани ёдгориҳои таърихии мансуб ба миллати соҳибхат аст ва ҳаким Фирдавсӣ тафовути андеша ва тафаккурро дар байни мардуми бумӣ ва ғосибони бадавӣ чунин изҳор медорад:
Аз Эрону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На деҳқон на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Чунон фош гардад ғаму ранҷу шӯр,
Ки шодӣ ба ҳангоми Баҳроми Гӯр.
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.
Ҳамаи рухдодҳову қиссанигориҳои Фирдавсӣ ба таври дақиқ дорои сарчашмаҳое мебошанд, ки дар «Авасто» ё худ дигар матнҳои зардуштӣ тасвир шудаанд. Масалан, образи Гаёмарт аз он ҷумла аст ва нест насабе дар “Шоҳнома”, ки дар “Авасто” набошад. Аммо дар замони шоир бо дарназардошти ҳамлаҳои маънавии ғосибони саҳроӣ ба мероси миллии тоҷикон ва дигар эронитаборон ин иқдом қаҳрамонӣ буд, яъне тасовири замони гузашта дар давраи тамоман дигар ва муосир, ки он замони сипаришударо бо ҳар баҳона дар шуури муосирин доғдор мекунанд, ҷуз таҳрифи хотираи миллӣ ё ин ки лағв намудани биниши миллӣ тавассути бадномсозии ниёгон ва мероси маънавии онҳо чизе буда наметавонад. Аммо ҳамаи ин ноҷуриҳои таърихӣ ба тарзи тафаккури донишманд иртибот дорад ва агар олими адабиётшинос бинобар сатҳи пасти ҷаҳонбинии илмии хеш дар замон мадфун бимонад, пажӯҳиши ӯ барои як миллате ҷуз зиён дигар чизе нест. Раҳмонзода А.А. дар ин маврид менависад: “Иддае аз адабиётшиносон ва мунаққидон ҳангоми таҳқиқ ва баррасии осори намояндагони адабиёти гузаштаву муосир муносибати мустақим ва ғайри мустақими худро ба дарки моҳияти устура ва корбандию истеъмоли образу сужетҳои асотирӣ иброз намудаанд. Мутаассифона, то ҳол ба истиснои чанд тадқиқот дар бораи нақши устура ва таъсири он дар осори адабиёти садаи XX пажӯҳиши комил ва дақиқ ба анҷом нарасидааст” .
Фикри академик Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бобати пайванди асотир бо ғазалсароӣ аз манбаъе бармеояд, ки дар нигориши ғазал маъниро бо мурури замон такмил додаанд. Ғазал ба пиндори мавсуф тасовир аст ва ӯ муътақид мебошад, ки дар ғазал ормонҳои ботинии инсон инъикос мешаванд: “Ғазал бо ин ки табиатан шӯрангезӣ ва рӯҳнавозӣ дорад, боз бо мурури замон табиати худро бо тасвирҳои орифона қувват бахшида, таркиби худро боз ҳам мураккабтар ва бою ғанӣ гардонид. Дар ғазал тасвири ҳолати ботинии инсон аз ҳама муҳим мебошад” .
Академик муътақид мебошад, ки анъанаи ғазалсароӣ бар асари сабки нигориш муҳтаво пазируфтааст ва сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ дар мазмуни ғазал нақшгузорӣ кардаанд. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки бархе аз муҳаққиқон ду шоири ғазалсарои Шерозро бо тасаввуф ҳамоҳанг сохта, ҳатто Ҳофизро аз зумраи маломатиён пиндоштаанд, дар ҳоле ки Ҳофиз ва Саъдӣ бо тариқаҳои тасаввуфи исломӣ ҳеҷ рабте надоранд. Бинобар ин, иқтибоси зайл намунае аз ихтилофи ғазалиёт мутобиқ ба сабкнигорист: “Манбаъҳои таърихиву асотирӣ дар таркиби ғазал бештар ҷой гирифт. Агар онҳо бештар дар сабки хуросонӣ ҳолати равонии ошиқ ва маъшуқро баён созанд, дар сабки ироқӣ бо арзишҳои ирфонӣ пайванд шуда, ифодагари ҳолати суфӣ ва пири ӯ гардиданд” .
Дар таҳқиқи ғазал ва дигар жанрҳои назм академик Раҳмонзода Шамсиддин Шоҳинро интихоб намуда, тавассути баррасии осори ӯ назму насри охири асри XIX ва аввали асри XX-ро муҳаққиқ шудааст. Аз ҷумла, ӯ тарзи баёни шоирро чунин шарҳ медиҳад: “Шоҳин дар замоне, ки умр ба сар мебурд, ниҳоят воқеъбинона доир ба замона сухан мегуфт ва муҳимтарин масъалаҳои даври хешро тасвир менамуд. Дар назари бадеии Шоҳин муҳити Бухоро барои тасвири воқеият тангӣ менамуд ва ӯ имкон надошт, барои рӯшан гуфтани тамоми фисқу фуҷур шароит пайдо намояд” .
Шоҳин чун соири шуарои гузашта ва муосир аз шеъри Ҳофиз таъсирпазир будааст. Ба ибораи дигар, Шамсиддин Шоҳин бо таърихи илми адаб хеле хуб ошно буда, лаёқати нотакрори ғасалсароӣ дошт ва ин истеъдод ӯро ба навиштани нигораҳое чун Лайливу Маҷнун, Тӯҳфаи дӯстон ва рисолаи насриаш “Бадоеъ-усс-саноеъ” водор сохтааст. Дар ин маврид Раҳмонзода сабақомӯзии Шоҳинро аз шуарои пешин мушоҳида карда, ба таҳқиқи он мепардозад. Ӯ мутаъқид аст, ки “Дар шеъри Шоҳин на танҳо фалсафаи мураккаби дунёи орифонаи Ҳофиз, балки мароми шоирони дигари классик низ эҳсос мешавад. Маълум мегардад, ки Шоҳин дар шинохти шеър аз осори гузаштагон сабақ омӯхта, аз баъзе таъбироти адибони гавҳарофар ба хубӣ истифода низ намуда будааст” .
“Бадоеъ-ус-саноеъ” аз зумраи осори таҳқиқии Шоҳин буда, дар он ҳамаи асрори давлатдории хонаводаи Манғитияро, ки иттилоъ дошт, дар ин асари насриаш фош кардааст. Ин навишта дар пайравии рисолаи машҳури Аҳмади Дониш бо номи “Наводир-ул-вақоеъ” ба қалам омада, яке аз шоҳкориҳои нимаи дувуми садаи XIX дар адабиётшиносии миллӣ мебошад. Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз зимни баррасии ин рисола чунин мегӯяд: “Дар ин рисола (яъне, Бадоеъ-ус-саноеъ) дар тарзи баёни Шоҳин як навъ навҷӯиҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Баъзе воқеаҳои таърихӣ дар ин рисола ранги бадеӣ гирифта, ҳадафи Шоҳин бештар бо ҳикояҳои хурди тамсилӣ ва ибораҳои кинояомез баён шуда, назари нависандаро бо замон муайян гардонидааст” .
Тахассуси замонии нависанда ва шоир ва соири мунаққидони тоҷик ҷиҳати мансуб будани онҳо ба марзи муайяне, ки номаш “замон” аст, хеле хуб баррасӣ мешавад, аммо баъзан мушоҳида мекунем, ки фарди эҷодкор аз ҳудуди замонии хеш фирор карда, ояндаи ин замонро, ки муосиронаш дар он муҳит фаъолият доранд, пешгӯӣ мекунад ва осоре меофарад, ки то ҷаҳон боқист, аз хонанда маҳрум нест ва аз зумраи инчунин осор баробари “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Носируддин рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ” низ аз зумраи чунин осор маҳсуб мешавад. Инчунин баҳогузориро метавон ба шуарои ҳар як сада аз замони силсилаи Оли Сомон то имрӯз нисбат дод, чунки дар ҳар садае нобиғаи илми адаби тоҷик зуҳур кардааст ва бешубҳа нақши тоҷикон дар инъикос ва тавзеҳи замону макон бо истифода аз назму насри бадеӣ дастоварди бузургест, ки онро ҷаҳониён мутолиа мекунанд. Масалан, ҳамосаи миллӣ мавсум ба “Шоҳнома” дар воқеънигорӣ ва ҳақбаёнӣ то ҳадди ахир ҷуръат намудааст, ки ҳеҷ муҳаққиқе дар баррасии он ин авомилро фаромӯш намекунад. Кутуб аз саҳни ҳастӣ нобуд карда мешаванд, ғасбкунандагони ҷоҳил навиштаҳои нодирро месӯзонанд, аммо миллати соҳибқалам ҳамоно ба нигориши шоҳкориҳо машғул мешавад ва тохтутозҳо дар замон мисли соири бадкомиҳои мутааллиқ ба замона аз байн рафта, таваҷҷуҳ ба он низ ба як хотир идома хоҳад ёфт, ки аз рухдоди ваҳшиёнае бехабар набошанд. Академик Раҳмонзода устурапардозиро аз ашколи худогоҳӣ пиндоштааст: “Устурапардозӣ дар аҳди Сомониён дар як шакл зуҳур наёфта, дар самтҳои мухталиф инкишоф меёфт. Самти аввал агар омӯзиш, ҷамъоварӣва дар эҷоди адабӣ истифода намудани асотир бошад, самти дигар эҷоду падид овардани устураҳои нави адабӣ мебошад, ки аз тарзи тафаккури бадеии аксари адибони ин аҳд падид омадааст. Агар Дақиқӣ асотири қадимаро дар шеъри худ ба шакл даровардан оғоз намуда бошад, устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Майсарӣ ва дигарон дар қолаби ривоёти асотирӣ, таърихӣ ва ахлоқиву ҳакимона мазмунҳои баланди худогоҳона эҷод мекарданд” .
Аввалин манзили илми адаби миллӣ иборат аз ин аст, ки мо ба ҳайси миллати воҳид чӣ касе ҳастем? Бинобар ин, омӯзиши осори адабии ниёгон моро водор хоҳад кард, ки фикри мустақил пайдо карда, аз ғайри хеш таъсирпазир набошем. Шояд ҳамин омили дохилии илми адаб, ки печидигаии онро бо улуми ҷомеашиносӣ тасдиқ мекунад, таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба худ пайдо кардааст.
КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ
академик Мамадшо Илоловро бо фарорасии солрӯзашон табрик гуфта, дар кору фаъолияти онҳо комёбиҳо таманно мекунад. Ҷиҳати ошноӣ бо мавсуф мақолае, ки дар китоби "Чеҳраҳои академикӣ" интишор намудем, меоварем, ки дастовардҳои илмии олимро муаррифӣ мекунад:
АРБОБИ БАРҶАСТАИ ИЛМИ ВАТАНӢ
Илм чизе нест магар баррасии он
ҳақиқате, ки дар он маҳбусем.
Фрэнсис Бэкон
Академик Мамадшо Илоловро дар кишвар ҳамагон мешиносанд. Номбурда ҳам вазири меҳнат ва ҳам президенти АМИТ буданд, аммо нақши ӯ дар рушди илми ватанӣ бештар мушоҳида мешавад. Соли 2020 дар яке аз мусоҳибаҳои хеш илмро ба се шоха ҷудо карда, онҳоро академӣ, саноатӣ ва донишгоҳӣ ном бурдааст. Мавсуф чун математик бештар мутахассиси соҳаи назарияи муодилаҳои эволютсионӣ маҳсуб мешавад. Самтҳои асосии пажӯҳиши илмии мансуб ба Мамадшо Илолов назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ, татбиқи онҳо ва таърихи илм буда, бинобар талабот асосҳои илмии ватаниро дар китоби “Апастак”, ки бори аввал бо забони паҳлавӣ таълиф шудааст, ҷустуҷӯ мекунад ва таъсири бағоят азими Бӯалӣ Синоро дар илми ҷаҳонӣ иқрор кардааст. Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки академик “қарни тиллоӣ”-и таърихи тоҷиконро ба силсилаи Сомониён нисбат дода, пажӯҳиши ҳамаҷонибаи уламоро дар он аҳд садаи рушди илм пиндоштааст: “Илму фарҳанги аҳди Сомон, ки дар таърих бо номи “Эҳёи мусалмонӣ” маълум аст, бузургтарин падидаи он давраро ташкил медиҳад. Нобиғаҳои оламшумул Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ дар тӯли каме зиёдтар аз сад сол осореро боқӣ гузоштаанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надорад” (Илолов М. Илм ва замон. Душанбе, 2008, саҳ. 17).
Академик ба илми изҳоршуда қаноат накарда, иктифоъ ба улуми ҳосилшударо инқирози илм донистааст. Ӯ дар китоби “Илм ва замон” ин фарзияро дунбол мегирад: “набояд фаромӯш кард, ки робитаи мутақобилаи илм ва ҷомеа низ нисбат ба солҳо ва давраҳои пеш шакли сифатан навро касб намудааст. Ҷомеаи тоҷик анъанаҳо ва суннатҳои ба худ хосро дорост ва бешак, олимони тоҷик дар омӯзиш ва рушди чунин суннатҳо ҳиссаи бузург доранд. Аз ҷониби дигар, илм дар сарҳади давлатӣ тамом намешавад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 4).
Дар мақолаи илмии бахшидашуда ба Абуалӣ ибни Сино ҳамон бахши табиӣ-илмии нобиғаро баррасӣ карда, оқибат бо истифода аз санъати қиёс бузургии Синоро аз соири бузургони илму дин исбот мекунад: “Сино бар хилофи Феофраст, ки аз ҷонибдорони назарияи худ ба худ пайдо шудани рустаниҳо буд, назарияи танҳо аз тухм пайдо шудани онҳоро пешниҳод месозад ва вобастагии байни муҳиту рустаниҳоро возеҳ тасвир менамояд. Дар айни ҳол ӯ бар хилофи Арасту ақида дошт, ки ҳайвонот танҳо аз нутфа пайдо мешавад ва рушд менамояд. Дар Аврупо ин гуна назарияҳо танҳо дар асри XIX пайдо шуданд. Ҳамаи ин далели он аст, ки Ибни Сино пайрави одии пешиниён нест, балки олими эҷодкор ихтироъкор мебошад ва назариёти ӯ аҳамияти илмии худро то ба ҳол аз даст надодааст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 25).
Бахши ба тиб бахшидашудаи таолими Сино боз як бори дигар иқтизо дорад, ки ниёгони ориёии мо ба пажӯҳиши илми тиб аз қадиммулайём шуғл варзида, бо вуҷуди сӯхта шудани мероси хаттии ориёниҳо намояндаи онҳо дар садсолаҳои баъдӣ ба эҳёи илми тиб камар баста, онро ба башар дар шакли назариявӣ ва амалӣ пешкаш намуд. Академик Мамадшо Илолов зимни мусоҳибае ба таҳлили макотиби илмӣ пардохтааст: “Мактаби илмии риёзӣ чист? Ду созмондиҳандаи мактаби илмӣ маълуманд, яъне устод ва шогирд. Вале дар баробари равобити “устод-шогирд” бояд мавзӯи илмие бошад, ки хоси ҳамин мактаб аст. Шеваи таҳқиқ низ дар мактаби илмӣ аз они худист. Дар ҳолати мавҷудияти мавзӯъ ва шеваи таҳқиқ мактаби илмӣ арзи ҳастӣ мекунад ва дар кӯтоҳмуддат ба натиҷаи илмӣ даст меёбад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 58).
Масъалаи асосии баррасиҳои илмӣ ҷудо кардани он ба бунёдиву амалӣ такя мекунад. Бинобар ин, мавзӯи мушаххас бо унвони “нурҳои кайҳонӣ” ба аксар улуми табиӣ тадохул дошта, аз ҷоиби улум тибқи асолати худ таҳқиқ мешавад. Академик Мамадшо Илолов дар ин маврид мегӯяд: “Дар баробари илми бунёдӣ, ки асосан ба пайдо кардан ва зам намудани дониши нав равона шудааст, илми амалӣ низ ба физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи заррачаҳои элементарӣ робита дорад. Сухан дар бораи масъалаҳои энергетикаи атомӣ ва ядроӣ меравад. Ду самти омӯзиши заррачаҳо маъруф ҳастанд: яке, таҳқиқи хосияти онҳо дар суръатфизоҳои хаттӣ, сиклотронҳо, синхрофазатронҳо ва коллайдерҳо; дигаре, дар майдончаҳои таҳқиқотиву озмоишӣ дар баландкӯҳҳо, ки дар онҳо селаи нурҳои кайҳонӣ ба Замин мерезанд”. Илолов М. Нигоҳе ба қуллаҳои илми тоҷик. Душанбе, 2013, саҳ. 107).
Дар таълифоти зикргардида академик Мамадшо Илолов рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқро дар давраи асримиёнагӣ баррасӣ карда, бартарии онҳоро аз улуми ҷомеашиносӣ қайд менамояд: “Дар фарҳанги асримиёнагии тоҷику форс барои рушди илмҳои математика ва астрономия низ шароити мусоид фароҳам омада буд. Олими барҷастаи асри IX Муҳаммади Хоразмӣ ва асари машҳури ӯ “Китоб-ул-ҷабр ва –л-муқобила” боиси пайдоиши як бахши илми риёзӣ – алгебра гардид ва аз овонавишти лотинии номаш истилоҳи ҳозираи илмӣ алгоритм ба вуҷуд омадааст. Риёзидонони мовароуннаҳрӣ дар бахши илми мусалласот (тригонометрия) ҳам бештар аз 100 ҷадвали дақиқи тригонометрӣ мураттаб сохта буданд, ки ҷадвали аз ҳама аниқи он маҳсули расадхонаи Самарқанд будааст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 161). Ба ибораи дигар, академик зимни таҳқиқи илм ба таърихи он мутаваҷҷеҳ шуда, масъалаи ба илм рӯоварии аҷдодони моро хеле хуб арзёбӣ мекунад ва гузашта аз ин, мутазаккир мешавад, ки нақши уламои тоҷик дар гузашта мавриди истиқболи ҷаҳониён гардидааст. Ҳамчунин, Мамадшо Илолов ба ҳайси олими шинохта бахшҳои гуногуни илмро дар замони Шӯравӣ таҳқиқ намуда, чеҳраҳои калидии рушди соҳавии улуми ватаниро муаррифӣ мекунад ва зери унвони “мактаби риёзии тоҷик” таърихи пайдоиш ва рушди илми риёзиро дар кишвар баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, менависад: “Яке аз самтҳои муосир ва хеле васеъ татбиқшавандаи риёзиёт таҳлили функсионалӣ ба ҳисоб меравад. Рушди ин шохаи риёзиёт дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 60-уми асри XX шурӯъ мешавад ва он, пеш аз ҳама, аз равобити илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Варонеж сарчашма мегирад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 191).
Дар китоби “Илм дар замони Рӯдакӣ” (Душанбе, 2008) зумраи нерӯманде аз донишмандони бо Рӯдакӣ муосирро мебинем, ки академик ба онҳо таваҷҷуҳ доштааст. Дар миёни онҳо риёзидону ҳайатшиносон, табибу ҷуғрофидонон ва донишмандони энсиклопедист ҳастанд ва инҷо чандин донишманди он замонро меорем:Аббоси Ҷавҳарӣ (риёзидон), Абдулҳамиди Хуталӣ (ҳисоб), Абдураҳмони Суфӣ (ҳайатшинос), Абулвафои Бузҷонӣ (табиатшинос), Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ихтироъкор), Закариёи Розӣ (пизишк) ва ғайра. Ин омил шаҳодат аз ин медиҳад, ки Мамадшо Илолов таърихи илми табиатшиносиро дар садаҳои XIII – X муҳаққиқ шуда, асрори улуми табииро дар даврони Сомониён ҳамаҷониба муаррифӣ намудааст.
Дигар китобе, ки ҷиҳати баррасии ақоиди академик саҳмгузор мебошад, ҳамон муколамаи олим бо академик Акбари Турсон аст, ки “Тоҷикистон дар чорраҳаи Ховару Бохтар” номгузорӣ шудааст. Дар ин муколама академик ҷиҳати мушкилиҳои минтақавӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, зимнан ин ҳарфҳоро изҳор мекунад: “Чунонки мушкилии хушк шудани баҳри Арал проблемаи як худи Узбекистон нест, хатари фурӯрехтани оби кӯли Сарез ҳам проблемаи танҳо Тоҷикистон нест. Албатта, чунонки падару модарро баргузидан амри муҳол аст, кишвари ҳамсояро низ интихоб карда намешавад. Ҳамзамон, ба назар бояд гирифт, ки мо, ҳамагон дар як киштии экологӣ нишастаем”. Ин ҷо метавон дарк намуд, ки бинобар хушкшавии оби баҳри Арал намак бухор гардида, боз ба замин дар шакли жола, ё худ тавассути хокбориш мерезад ва хушксолӣ, камҳосилӣ низ аз ҳамон намаки баҳрист, ки ба минтақа як хел зиён меорад. Аз ҳамин хотир, обшавии пиряхҳо низ дар оянда масоиби дардзо ба бор хоҳанд овард. Бинобар ин, ҷиҳати рафъи мушкилӣ бояд бо ҳам якмаром бошем ва нагузорем, ки кишварҳо рӯз аз рӯз ба об эҳтиёҷ пайдо кунанд. Аҷиб дар ин муколама баррасии ҷаҳонсозии амалист, аммо ҳар ду академик ин равандро саҳеҳ намедонанд, чунки бар манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ матраҳ шудааст.
Нақши академик Мамадшо Илолов дар рушди илм, бавижа улуми дақиқ хеле шадид мушоҳида мешавад ва бо эътимоди бузург метавон гуфт, ки мавсуф дар самти мазкур саҳми камназир дорад.
Ширин Қурбонова,
муаррих
Машраби Абдуллоҳ,
рӯзноманигор
Имрӯз дар санаи 15 - уми март устоди гиромиқадр академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Талбак НАЗАРОВ ҷашни зодрӯз доранд

Хонед ва ошно бошед, ки илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ низ академики ростинро соҳиб мебошад.
Инак он мақола:
ОЛИМИ БОАМАЛ ВА ДИПЛОМАТИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛ
ё худ дар маънии ин ки таҷрибаи олудагии илм бо сиёсат бузургтарин дастоварди замони муосир маҳсуб мешавад ва набояд инчунин авомили густурдаи таҷрибаи ҷаҳониро инкор кард...
Ба ифтихори 84-солагии донишманд бахшида мешавад...
Дар дунё олимони муваффақ дар самти раҳбарӣ ва дар низомҳои мухталиф пешоҳанг ангуштшуморанд. Як нафар дар аксари мавридҳо дар як низоми сиёсӣ комёб гардидааст, чунки донистани низоме онҳоро водор мекунад, ки алайҳи низомҳои дигар вокуниш нишон диҳанд. Аммо академик Талбак Назаров на танҳо чун пажӯҳишгари давраи Шӯроҳо, балки беҳтарин муҳаққиқи низоми иқтисоди бозорӣ ва дипломатияи замони Истиқлолият мебошад. Назар ба осори илмии давраи Шӯравӣ, ки бештар ба идеологияи сотсиолистӣ такя мешавад, академик дар аҳди мушкилиҳои ҷанги дохилӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақолоту монографияҳои ҷолибе нигоштааст, ки ӯро чун соҳибқалам дар ҷаҳони муосир муаррифӣ мекунад. Аз шумори онҳо метавон рисолаҳои зайлро ном бурд, ки инъикосгари низоми иқтисоди бозорӣ ва мушкилиҳои дипломатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ дониста мешаванд:
1. “Буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ”;
2. “Илми иқтисод ва баъзе масъалаҳои татбиқи ислоҳот дар иқтисоди Тоҷикистон”;
3. “Ислоҳоти иқтисодӣ: ҷустуҷӯи анвои муосири рушди он”;
4. “Тоҷикистон ва Чин: 20 соли ҳамкориҳои судманд”;
5. “Авомили дохилӣ ва хориҷии рушди иқтисодиёт”;
6. “Ислоҳоти иқтисодӣ, робитаҳо ва амният”
ва ҳоказо, ки бо забони русӣ таълиф ёфтаанд. Акнун мутаваҷҷеҳ шавед ба рӯйхати китобҳое, ки академик Талбак Назаров солҳои 70 – 80 – уми садаи сипаришуда таълиф намудааст:
1. “Прогресси техникӣ ва самаранокии иқтисодӣ”, 1977;
2. “Ҳавасмандгардонии иқтисодии прогресси илмӣ-техникӣ дар саноат”, 1974;
3. “Финансово-кредитные отношения в условиях полного хозрасчёта”, 1990.
Ҳатто номгӯйи рисолаҳо шоҳиди онанд, ки олимон дар низомҳои мухталиф то чӣ андоза озодандеш мебошанд!
Яке аз бузургтарин шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ахири садаи XX ва аввали асри XXI дар соҳаи илми иқтисод академик Талбак Назаров маҳсуб мешавад. Дар мисоли ӯ мо пайвасти илмро бо амал мушоҳида мекунем ва эҳсос менамоем, ки олим дар сурати муваззаф будан дар мансабҳои калидӣ метавонад беш аз дигарон бар нафъи давлат фаъолият намуда, чун риҷоли илму сиёсат ҳунари раҳбариро ба мактаби муайян табдил диҳад. Талбак Назаров ҳанӯз дар замони Шӯравӣ вазифаҳои гуногуни давлатиро дар дӯш доштааст ва замони Истиқлолият низ барои ӯ майдони фаррохи густурдаро ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафҳои миллӣ ба вуҷуд овард. Бешубҳа, академик Талбак Назаров бунёдгузори мактаби нави дипломатияи тоҷик маҳсуб мешавад. Номбурда тӯли 12 соли вазирӣ ҷиҳати барпо намудани равобит бо кишварҳои гуногун нақши бориз гузошт. Бештари шаҳрвандон бо осори илмии академик Талбак Назаров бохабар нестанд, аммо қариб ҳамаи пиру барнои кишвар бинобар масъулияти басе ватандӯстонааш ӯро мешиносанд ва талабгори баҳсҳои тӯлонӣ бо мавсуф мебошанд. Падидаи мазкур нишонаи қабул доштани шахси мансабдор аст, ки барои роҳандозӣ шудани манофеи миллӣ то кунун талош меварзад. Мавсуф соли 2006 бо ҳаммуаллифии А. Сатторзода китоби “Дипломатияи муосири тоҷик” – ро навишт ва сиёсати хориҷиро баррасӣ намуд. Бегуфтугӯ, низоми сиёсии ҳар кишваре дар иртибот бо ҳаводиси байналмилалӣ ҳадалимкон аз тарзи татбиқшавии сиёсати хориҷӣ побандие дорад ва агар андак нофаҳмие дар ин умур мушоҳида шавад, ҳатман дар дохили дилхоҳ кишваре ноҷурии авзоъ пайдо мегардад ва нахустин гом, ки шаҳрванд дар сурати бенизомӣ вомегузорад, қонуншиканӣ аст. Шояд ин ҷо суол шавад, ки агар авзоъи сиёсӣ хуб бошад, қонуншиканиҳо ба назар намерасанд? Дар ҳама сурат хилофи қонун амал кардан мушоҳида мешавад, аммо дар сурати муташанниҷ мондани вазъи сиёсӣ ҳама гуна рафторҳои судҷӯёна хусусияти оммавӣ пайдо мекунанд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ месозад:
- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар...” . Аммо замони муосир давраи роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсӣ, татбиқи таҳоҷуми хабарӣ тибқи нақшбозии қудратҳои ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама талаботи раванди ҷаҳонишавӣ ва дар ин замина ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар кишварҳои миллӣ мебошад. Бинобар ин, дар чунин ҳолат такмили сиёсати хориҷӣ иборат аз ин нест, ки дахлнопазирии марзҳо, ё худ тамомияти арзии кишварҳо аз ҷониби ҳамаи давлатҳои дунё риоя мегарданд. Пас чӣ бояд кард, ки ҳарфҳои аз минбарҳо гуфташуда дар майдонҳо низ посдорӣ шаванд ва гуфтору кирдору пиндор яке маҳсуб шавад, аммо манофеъ водор месозад, ки гуфтору кирдор алайҳи якдигар бошанд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ бозиҳои сиёсӣ роҳандозӣ гардад. Маҳз дар чунин низоми бархурдҳо ва масоили суду зиёни қудратҳо академик Талбак Назаров масъули бахши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилиҳои байналмилалиро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост намуд. Масалан, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли проблемҳои Афғонистон аз оянданигарии роҳбари давлат ва вазири корҳои хориҷӣ шаҳодат медод. Мавқеи Тоҷикистон дар оғози садаи нав нисбат ба ғасби ин кишвари мутазаккир аз ҷониби наҳзати “Толибон” тантана кард, чунки мушкилӣ бо Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо нақши муҳим дошт ва дорад.
Талбак Назаров дар давоми 12 соли вазирии хеш ба низоми кадрии Вазорати корҳои хориҷӣ диққати махсус медод ва мутахассисони сазоворро истиқбол менамуд. Ӯ ҷиҳати васеъ шудани ҳамкориҳо ва равобити байналмилалӣ зарурати шомилгарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба созмонҳои ҷаҳонӣ муносиб дида, дар дохили кишвар ташкили иқтисоди бозориро бо тарҳи муосир ҳатмӣ донистааст. Солҳои 90-уми садаи сипаришуда уламои иқтисод бозгашт ба нақшаи панҷсола бо риояи ҳатмии буҷаи давлатиро зимни нокомии иқтисоди бозорӣ ном мебурданд ва “бархурди бонкҳо”, “садамаи нархҳо” ва “тасодуми бонкҳо” барин ибораҳо дар таблиғи ин ё он мактабҳои иқтисодшиносон зуд-зуд мутолиа мегардид. Маҳз дар чунин авзоъ академик Талбак Назаров таъкид менамуд, ки бидуни равнақёбии муносиботи бозорӣ аз буҳрони молиявӣ хориҷ шудан номумкин аст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақши муҳимро нархҳо мебозанд, аммо ташкил намудани низоми муайяни нарх, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯст, хеле мушкил мебошад. Бо воридшавӣ ба меъёрҳои иқтисоди бозорӣ, хоҳ-нохоҳ нархи тамоми маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагони он муайян мегардад ва истеҳсолкунанда аввалан, дархосту талаботи харидоронро бинобар суду зиёни аз тиҷорат пайдошударо ба инобат мегирад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушаххасот бояд иқрор кард, ки маънии таҳтуллафзии вожаи “иқтисод” гузашткорист ва новобаста аз қонунҳои нави бозор ҷонибҳо метавонанд сармояро тибқи манфиатҳои дуҷониба дар гардиши доимӣ гузоранд, чунки қонуни сармоядорӣ гардиши пул маҳсуб мешавад.
Дар монографияи хеш, ки “Иқтисоди бозорӣ ва робитаҳои байналхалқӣ” ном дорад, академик Талбак Назаров дар мавриди зарурати ислоҳот андешаи ҷолиб пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, менависад: “Ҷаҳони муосир раванди ҷаҳонишавиро аз сар мегузаронад ва ислоҳоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ё худ сирф иқтисодӣ ба зоти худ маҳсули замони муайяне нест. Ислоҳот раванди таърихӣ аст, ки қувваи пешбарандаи рушди иқтисодиро дар бар мегирад” .
Олими шинохтаи тоҷик мушкилоти кишвари моро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулосае меояд, ки барои рушди иқтисодии кишвар чӣ бояд кард? Бинобар ин, чунин меоварад: “Барои Тоҷикистон мушкилӣ дар он маъно баррасӣ мешавад, ки мамлакат зимни барқарорсозии иқтисодӣ ҳамеша ба нобоварии мушкилиҳои амнияти энергетикӣ, дастнорас будани канданиҳои ҳаётан муҳими табиӣ чун нафт ва гази табиӣ дучор мешавад. Дигар монеаҳо, ки ҳамчунон ба рушди иқтисодӣ бархурд мекунанд, яке вазъи нобаҳангоми ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва аз марказҳои асосии нақлиётӣ дур будан мебошад” .
Талбак Назаров дар шароити муносиботи бозорӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон васеъ шудани сайёҳиро зикр мекунад ва барои исботи фикри хеш таҷрибаи бисёр кишварҳои рушдкунанда мисли Сингапур ва дигар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқиро мисол меорад. Мавсуф қудрати давлатро дар низоми андозсупорӣ дида, ба самти мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст: “Давлат ва андоз бо ҳам баста мебошанд. Давлат бе андоз вуҷуд дошта наметавонад, чунонки андоз низ бе давлат вуҷуд надорад” .
Барои рақобатпазир будани иқтисод олим ду самти асосии фаъолияти бонкиро таъкид мекунад: яке қарз ва дигарӣ маблағгузорӣ, ки бидуни онҳо иқтисоди бозорӣ дар ҳеҷ сурат рушд карда наметавонад.
Академик Талбак Назаров нуфуз пайдо кардани кишвари муайянро дар он мебинад, ки дилхоҳ давлате дар дилхоҳ бозоре кадом маводеро барои фурӯш пешниҳод менамояд, чунки тавассути сифат ва бартарии маҳсулоти бозоргир давлатҳо пазируфта мешаванд. Аз ҳамин хотир, мавсуф қайд менамояд: “Алҳол бисёрии ташкилоти байналхалқӣ ва як гурӯҳ давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Аврупо мавқеи худро нисбат ба Тоҷикистон тағйир намуданд ва беш аз пеш хоҳони ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд. Тоҷикистон ба давлатҳои Аврупо маводи ғайри коркард аз қабили арзиз, пахтаи навъи олӣ, маводи нассоҷӣ ва ғайра содир мекунад, аммо маҳсулоти содиротӣ агар истеҳсоли саноат бошанд, пас ағлаби кишварҳои дунё хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон хоҳанд шуд” .
Ҳанӯз солҳои 80–уми қарни гузашта буд, ки зимни таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо Т. Назаров ғоибона ошноӣ пайдо кардем. Он замон номбурда ректори Донишгоҳ буданд ва ҳамарӯза барои донишҷӯён дарҳоро боз намуда, имкон медоданд, ки ҷавонон ҷиҳати фарогирии илм иқдом намоянд. Ҳадди хеш донистан ва бинобар заковат меъёргузорӣ кардан дар муносибат бо инсонҳо олими риштаи иқтисодро зинат дода, дар байни ҷомеа соҳибнуфӯз гардонид. Рӯзноманигори шинохта Нуралӣ Давлат бо академик мусоҳиб шуда, ин сатрро вомегузорад: “Тӯли солҳои таҳсил дар Ленинград бо сабаби тангдастӣ боре ҳам ба Ватан омада натавонист. Зимни таътил ба кор медаромад. Пас аз хатми курси якум таътилро дар Корхонаи киштисозии шаҳри Ленинград ва солҳои минбаъдаро дар заминҳои навкорами Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронд. Баъди хатм ӯро барои кор ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат доданд. Баъди ду соли фаъолият дар факултаи иқтисодӣ қобилияташро ба назар гирифта, барои шомил шудан ба аспирантура, ба ҳамон институте, ки онро хатм кард, фиристоданд. Баъи се сол Талбак Назаров рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҷудошавии онҳо байни буҷети умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ” дифоъ кард ва дар пайи навиштани рисолаи докторӣ шуд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки соли 1974 дар мавзӯи “Масъалаҳои молия ва прогресси техникӣ дар саноат” рисолаи докторӣ дифоъ намуд” .
Талбак Назаров зодаи мавзеи Кангурти Балҷувон (15.03.1938) буда, дар замони Шӯравӣ пайваста ба дараҷаҳои илмӣ ноил гардидааст ва аз ҷониби дигар дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1953-1956 Омӯзишгоҳи молиявӣ – қарзии шаҳри Душанберо хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Ленинград меравад ва он ҷо Институти молиявӣ-иқтисодиро хатм намуда, солҳои 1962-1965 аспирантура ва солҳои 1973-1975 докторантураи ҳамин таълимгоҳро ба анҷом мерасонад. Солҳои 1965-1980 дар вазифаҳои ноиби декан, мудири кафедра, декани факултет ва ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонкору фаъолият намудааст. Солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи мазкур, солҳои 1986-1988 раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1988-1991 вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1991-1994 ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-2006 вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Номбурда дар минбарҳои гуногун ва ҳатто мухталифи таблиғотӣ муаррифӣ шудааст. Ӯро патриархи дипломатияи тоҷик ва меъмори умури хориҷа дар даврони Истиқлол ном бурдаанд. Аз ҳама асосӣ мусоҳибаҳои мавсуф мебошанд, чунки зиндагиномаи Талбак Назаров низомияеро мемонад, ки дар он унсурҳои манфиатҷӯӣ вуҷуд надоранд. Номбурда дар яке аз мусоҳибаҳояш иқрор мешавад, ки аз ҳама калонтарин маоши гирифтааш ҳамон маблағе аз ҷоизаи Бӯалӣ Сино (2500 доллари амрикоӣ) будааст.
Аксар вақт ҳарфҳои баёншудаи олим натиҷаи таҷрибаҳост ва ҷое тазаккур медиҳад: “Ҳар давлате ҷойгоҳи хешро дорад ва донистану тибқи имконот амал намудан давлатро рушд медиҳад”.
21 МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Дар таърихи башарият 23 феврали соли 2010 рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар ин рӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатъномаеро таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо ризоият қабул намуд.
Тарҳи ин қатъномаро ҳайатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Эрон якҷоя омода карда, ба Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод карданд.
Дар матни қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ омадааст:
«1) 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф карда шавад;
2) Аз талошҳои давлатҳои узв, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ҷиҳати ҳифз ва рушди фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба Наврӯз истиқбол мекунад;
3) Давлатҳои узвро ташвиқ мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба Наврӯз ва дар ҳолати зарурӣ ҳамасола чорабиниҳои барои таҷлили ин ҷашн ташкил карда шаванд;
4) Давлатҳои узвро, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ташвиқ мекунад, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то донишҳоро дар бораи мероси Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн кунанд;
5) Давлатҳои манфиатдори узв ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла муассисаҳои дахлдори махсусгардонидашуда, фондҳо ва барномаҳои дахлдори он, бахусус Созмон оид ба маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), созмонҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматиро дар чорабиниҳое, ки давлатҳое баргузор мекунанд, ки Наврӯз дар онҳо таҷлил мешавад, барои иштирок даъват менамояд».
Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз, ки 21-уми март таҷлил мешавад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Ба шарофати Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз мақоми байналмилалии як замон фаромӯшшудаашро барқарор кард. Наврӯз ба таври дуруст мақоми байналмилалӣ гирифт: ҳар бистумин сокини рӯи замин (беш аз 400 миллион нафар) фарорасии соли навро бо ҷашни баҳор алоқаманд медонад. Наврӯз таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад ва ин гувоҳ аз он аст, ки мардуми мо бо ҳисси эҳтиром ва сарфакорӣ ин ҷашни зебои аҷдодии худро то замони мо ҳифз кардаанд.
Бисёре аз давлатҳо аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯзро эътироф кардаанд. Ҳамин тавр, рӯзи 15 марти соли 2010 Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 384 раъйи ҷонибдорӣ, қатъномаи рақами 267 дар бораи Наврӯзро қабул кард, ки бо ибораи «Эътироф кардани аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯз...» оғоз мешавад.
30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият шомил карда шуд. Қарор дар бораи ворид кардани ин унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 кишвари узви Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ дар ҷаласаи худ, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2009 дар Абу-Даби баргузор гардид, қабул карда шуд.
Вожаи «Наврӯз» аз забони тоҷикӣ-форсӣ ба унвони «рӯзи нав» тарҷума шудааст. Решаи Наврӯз ба замонҳои қадим меравад. Ин қадимтарин ҷашни кишоварзист, ки пайдоиши он бо пайдоиши тақвими кишоварзӣ алоқаманд аст. Наврӯз – рӯзи аввали солшумории эронӣ, оғози баҳор, мувофиқ ба рӯзи Ҳурмузи моҳи Фарвардин (мувофиқ ба 21 март), баробаршавии шабу рӯз, ибтидои мавсими нашъунамо ва шукуфоӣ рост меояд.
Ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ бо санадҳои қонунгузории худ Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ тасдиқ карданд. Дар Тоҷикистон Наврӯз рӯзи ид аст ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 он 4 рӯз, аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.
Аҳамияти байналмилалӣ ва умумифарҳангии Наврӯз дар он аст, ки мисли дигар ҷашнҳои миллӣ, он ибтидои муттаҳидкунанда дорад, зеро онро ҳама – чӣ пиру чӣ ҷавон ҷашн мегиранд. Вижагии таърихӣ ва аҳамияти умумии фарҳангии Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар ду далели ҷолиби таърихӣ ифода ёфтааст.
Нахуст, дар он аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни солинавии мардуми эронитабор дуртар аз сарзамини таърихии худ, яъне ба ҷашни миллии як қатор кишварҳо ва халқҳои дигар табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони имрӯз ҷуғрофиёи ҷашни Наврӯз васеътарин буда, кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби Чин оғоз ёфта, то қаламрави Осиёи Марказӣ, сарзамини Ҳинд, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз ва Русия, марзҳои Аврупо, Осиёи саѓир, Балкан, Ховари Миёна, мамлакатҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ тӯл мекашанд. Яъне, имрӯз ин ҷашн на танҳо бо мардумони эрониву тӯронӣ иртибот дорад, чунон ки дар қадим буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Сониян, дар худи тавзеҳ додани пайдоиш ва моҳияти ин ид аз ҷониби ворисони бузурги фарҳанги классикии тоҷику форс ва пештар аз ҳама дар тафсири устуриявии Умари Хайём нуҳуфта аст, ки рӯҳан дар чаҳорроҳаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб ба воя расидааст. Тибқи рисолаи маъруфи ӯ «Наврӯзнома», Наврӯзро шоҳи Эрон Ҷамшед мувофиқи як падидаи умумиҷаҳонии астрономӣ – фарорасии баробарии шабу рӯз муқаррар кардааст. Аммо гап танхо дар асоси табиӣ доштани ин ид нест. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки суннати маънавии форсу тоҷик шоҳ Ҷамшедро ба унвони ҳокими «ҳафт кишвар», яъне тамоми қисматҳои сарзамин муаррифӣ мекунад.
СММ аз кишварҳои узв, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ташвиқ ба амал меорад, то таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то дониш дар бораи осори Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардад. Дар ин росто бояд гуфт, ки илми Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишмандони тоҷик роҷеъ ба таъриху суннатҳои Наврӯз ва таҷлили он дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар матолиби зиёде мунташир карда, ҷиҳати омӯзиши мақоми байналмилалии Наврӯз корҳои илмӣ бурда истодаанд ва ин натиҷаи судманд бахшида истодааст. Дар сатҳи байналмилалӣ Наврӯз бори нахуст соли 2012 дар Душанбе бо ширкати ҳайатҳои баландпояи беш аз 30 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.
СММ ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узв даъват мекунад, ки дар ҷашнҳо ширкат кунанд. Ин самараи мусбат дошта, ба мустахкам шудани ҳамфикрӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу амонии байни халқҳо ҳиссаи сазовор мегузорад. Наврӯз пули иртибот ва ҳамкориҳои фарҳангӣ, пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳост. Вай мақоми иди умумиҷаҳонӣ гирифта, ба фикри мо, халқҳоро боз ҳам зичтар муттаҳид мекунад, дӯстӣ ва бародариро инкишоф медиҳад, сулҳу вахдатро мустаҳкам мекунад, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан мекунад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони мо ин ҷашнро бо ниятҳои олӣ, ки муҷассамаи меҳру вафодорӣ, покиву садоқат, зебоӣ ва нозукӣ, меҳнатдӯстӣ ва бедорӣ мебошад, офаридаанд. Таҷлили он бо рӯҳияи интегративии Созмони Милали Муттаҳид, ки барои муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери идеалҳои бузурги сулҳ ва ҳамбастагии ҳамаи фарзандони Одам, дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу ваҳдати байни мардум саҳми арзанда мегузорад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳамкоронро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамчун ҷашни умумибашарӣ таҷлил мегардад, табрику муборакбод гуфта, барои ҳар яки онҳо саодати зиндагиро орзу менамоям.
Саидумар Раҷабов
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ