САНГИНОВ БОБО САНГИНОВИЧ
(1935-201
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи бузург хабар медиҳад, ки 10 ноябри соли 2017 қалби академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмхои кишоварзии Россия, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Абўалӣ ибни Сино САНГИНОВ БОБО САНГИНОВИЧ дар синни 82-солагӣ аз тапидан бозмонд.
Сангинов Бобо Сангинович яке аз олимони барҷастаи соҳаи селексия ва тухмипарварии пахта ба шумор меравад. Аз ҷониби ў беш аз 30 навъи пахтаи махиннах, миёнанах ва навъҳои дигари зироатҳои кишоварзӣ кашф карда карда шуда, ба шароити Тоҷикистон минтақабоб карда шудаанд. Таҳияи усулҳои ба даст овардани навъҳои тезпаз, сермаҳсулу сифати нахашон баланд ва ба касалиҳо устувори пахтаи махиннах яке аз хизматҳои барҷастаи академик Сангинов Бобо Сангинович дар амалияи корҳои селексионӣ ба ҳисоб меравад.
Сангинов Бобо Сангинович тўли фаъолияти бисёрсолаи илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузоштааст. Ў муаллифи беш аз 270 асарҳои илмӣ ва 15 патенту ихтироот дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ мебошад. Номбурда шогирдони зиёдро тарбия намудааст, ки мактаби ўро идома медиҳанд.
Сангинов Бобо Сангинович тўли солҳои зиёд дар вазифаи директор ва мудири Шуъбаи селексия ва тухмпарварии пахтаи Пойгоҳи озмоишии Вахши Институти илмӣ-тадқиқотии зироаткории Вазорати кишоварзии Тоҷикистон (1963-1991) адои вазифа намудааст. Ў яке аз ташкилкунандагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва нахустин Президенти ин Академия ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти софдилонаи Сангинов Бобо Сангинович бо як қатор мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дўстии Халқҳо», «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён», Агрономи Шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино (1976), Ҷоизаи байналмилалии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (2004) ва Ҷоизаи ба номи академик Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2015) қадрдонӣ карда шудааст.
Хотираи неки Сангинов Бобо Сангинович дар қалби дўстону рафиқон, ҳамкорону шогирдон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

