joomla
free templates joomla

Дар Академияи илмҳо Рўзи Президент бо тантана ҷашн гирифта мешавад

     Тибқи  моддаи 2-и қонуни Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  16 –уми  ноябр  ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳамасола таҷлил карда мешавад.  Аз ин хотир, 15-уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҷи  Институти  геология, сохтмони  ба заминҷунбӣ  тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҷурии Тоҷикистон  ҷаласаи тантанавӣ  бахшида ба «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад, ки дар он олимони гуногунсоҳа иштирок карда, дар музокирот ҷиҳати паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Президенти кишвар чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ширкат менамоянд.

     Ҷоиз ба тазаккур аст, ки нақши Президенти Тоҷикистон чун татбиқкунандаи  сиёсати  дохиливу хориҷии  мамлакат дар  рушду тарақии  ҳамаҷонибаи  Ватани  тоҷикон  беандоза бузург аст ва бесабаб  нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хориҷа бо исми Президент  ғолибан  муаррифӣ  мешавад,  чунки сиёсати «дарҳои кушод»-и  Ҳукумати  Тоҷикистон  аз ормонҳои  сатҳи байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дарак медиҷад.

     Сиёсатшиносону  ҳуқуқшиносон ва файласуфони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рўзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  атрофи  саҳмгузории сарвари давлат дар таҳаввулоти  дохилии кишвари соҳибистиқлоламон   музокира  ва муҷодила  менамоянд. 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан