Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар

10-уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар» баргузор гардид.
Дар музокироти канференсияи мазкур аз муассисаҳои гуногуни давлатӣ намояндагон иштирок намуда, воқеаи таърихиро чун василаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат аз лиҳози илмӣ муаррифӣ карданд.
Аз ҷониби Академияи илмҳо дар ин музокирот президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, аъзои пайвастаи АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Мусо Диноршоев, Кароматулло Олимов, Маҳмадюсуф Имомзода ва аъзои вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон, Хайриддин Идизода, Сахидод Раҳматуллозода, Лутфулло Саидмуродов ва дигарон ширкат намуданд.Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худойбердӣ Холиқназар дар конференсияи мазкур сухан карда, аз сессияи тақдирсоз ёдоварӣ намуд.
Конференсияи илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ кайд намуд, ки дар баробари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сиёсати муайян татбиқ шуд, ки натиҷаҳояшро шаҳрвандони мамлакат имрӯз бо чашмони худ мебинанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханрониаш бо исрор гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалабаи қонун бар табаддулоти давлатӣ маҳсуб мешуд ва маҳз ин Иҷлосия ба барқароршавии сохти конститутсионии мамлакат замина гузошт.
Маърӯзаҳои донишмандони АИ ҶТ дар мавриди барқарории сулҳу субот дар кишвар, дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, чун заминаи воқеии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлолият аз таҳқиқоти гуногунҷабҳаи сиёсатест, ки дар таърихи муосири тоҷикон ба ҳайси «ваҳдати миллӣ» инъикос мешавад.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии мамлакат исбот намуд, ки истилоҳи «хиёнат ба Ватан» ва бо дастури аҷнабӣ роҳандозӣ гардидани табадуллотҳо дар дохили як кишвар носомониро ба вуҷуд оварда, барои рафъ намудани оқибати он солҳо сипарӣ мешаванд то дар дохили мамлакате фазои орому осудаҳолӣ барқарор гардад. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони Иҷлосияи XVI то давраи муосир бо дар назардошти мусолиҳаи миллӣ ва бозгардонидани гурезагон аз хориҷи мамлакат ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омилҳои асосии таъмин намудани рушду тараққии минбаъдаи кишвар маҳсуб мешавад.
Гузашта аз ин, сегонаи мансуб ба нерумандии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ бо иловаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ иборат мебошад, алҳол Ватани тоҷиконро аз як кишвари ҷангзада ба давлати мутараққӣ мубаддал намудааст. Сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олӣ аст, ки барои миллати тоҷик чун Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрорро ба армуғон овардааст.



