МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2016
16 – уми декабри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солона бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон ва муовинони директорҳо, котибони илмӣ, кормандони илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳои Академияи илмҳои соҳавӣ, вазорату муассисаҳои давлатии дахлдор ва ВАО баргузор гардид.
Дар Маҷлиси умумии солона ҳисоботи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 шунида ва муҳокима карда шуд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки фаъолияти Академияи илмҳо дар соли 2016 тибки супоришу дастурҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 5 маҷлиси тантанавии АИ ҶТ, 5 ҷаласаи васеъ ва 30 ҷаласаи Раёсати АИ ҶТ баргузор карда шуд.
Соли 2016 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2584 ҳуҷҷат, аз ҷумла 161 Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, 626 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 805 мактубҳо аз вазорату идораҳои гуногун ва 849 мактуб аз муассисаҳои илмии зертобеи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, ворид гардиданд. Аз ин шумора 261 ҳуҷҷат барои маълумот пешниҳод гардидааст, ки ин аз ҳамин давраи соли 2015 800 адад зиёд аст.

Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 64 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 4 симпозиуми байналмилалӣ, 1 форуми байналмилали, 8 конференсияи илмии байналмилалӣ, 30 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 5 мизи мудаввар доир намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст.
Олимон ва мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 300 конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва машваратҳои илмӣ иштирок ва бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 китобу монография, 1733 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар 318 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва 300 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд, ки ба Шуъбаҳои АИ ҶТ ба таври зайл рост меоянд:

- - Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ: 242 мақола дар дохили кишвар, 156 мақола дар хориҷи кишвар;
- - Шуъбаи илмҳои биология ва тиб: 51 мақола дар дохили кишвар, 21 мақола дар хориҷи кишвар;
- - Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ: 860 мақола дар дохили кишвар, 72 мақола дар хориҷи кишвар;
Дар соли 2016 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 96 мавзӯъ, аз ҷумла 64 мавзӯи илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ ва 32 мавзӯи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Дар муҳокима оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ дар соли 2016 ва вазифаи дар соли 2017 академикҳои АИ ҶТ Ҳ. Ҳисориев, М. Диноршоев, Н. Қаюмов ва узви вобастаи АИ ҶТ З. Раҳмонов баромад намуда, фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ дар соли 2016 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар Маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Дафлатзода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, андешаҳояшонро оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ иброз доштанд.
Дар охир Маҷлис ба 10 олими ҷавон диплом ва ба 25 кормандони Академияи илмҳо Ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуд.


